Ҳамасола 10-уми август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи варзишгарон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз, на танҳо арҷгузорӣ ба варзишгарони шуҷоъ ва мураббиёни содиқ аст, балки як паёми рӯшан барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди маънавӣ ва ҷисмонии ҷомеа ба шумор меравад.
Дар шароити муосир, ки ҷаҳони муосир бо чолишҳои зиёди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ аст, нақши варзиш дар тарбия ва рушди инсони комил беш аз пеш аҳамият пайдо кардааст. Варзиш танҳо мубориза дар майдон нест, балки он мадрасаи ирода, масъулият ва ватандӯстист.
Дастгириҳои Пешвои миллат -пояи рушди варзиши миллӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Бо роҳнамоӣ ва сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат, варзиш дар Тоҷикистон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ табдил ёфтааст.
Аз ибтидои соҳибистиқлолӣ то имрӯз, тавассути барномаҳои давлатӣ, дастгирии инфрасохторӣ ва ташкили мусобиқаҳои варзишии сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, шароити зарурӣ барои рушди ҳамаҷонибаи варзиш фароҳам гардидааст. Бунёди варзишгоҳҳои муосир, толорҳои бисёрсамта, майдончаҳои варзишии маҳаллӣ, пойгоҳи олимпӣ, ва клубҳои варзишии кӯдакона аз ин дастгирии пайваста шаҳодат медиҳад.
Ҷавонони тоҷик имрӯз бо дастгирии Пешвои муаззами миллат имконият доранд дар арсаи байналмилалӣ ширкат варзида, парчами Тоҷикистони азизро баланд бардоранд. Имрӯз варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои Осиёӣ, ҷаҳонӣ ва олимпиадаҳо натиҷаҳои назаррас ба даст меоранд, ки натиҷаи сиёсати варзишпарваронаи давлат аст.
Нақши муҳими Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушди соҳаи варзиш
Шаҳри Душанбе — маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишии кишвар, дар тӯли солҳои охир ба як қутби калони рушди варзиш табдил ёфтааст. Дар ин раванд, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, худ шахсияти варзишӣ ва ғолиби чандин мусобиқаҳои муҳими кишварӣ, дар рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш саҳми бевосита ва муассир гузоштаанд.
Бо ташаббус ва сарпарастии бевоситаи Раиси шаҳр, дар пойтахт садҳо майдончаи варзишӣ барои наврасону ҷавонон, иншооти муосири варзишӣ, марказҳои омодагии варзишӣ, мактабҳои махсуси варзишӣ, ва инфрасохторҳои фарогири варзишӣ сохта ва мавриди истифода қарор дода шуданд.
Баргузории мусобиқаҳои мунтазам, аз ҷумла “Дави миллӣ”, “Пойгаи велосипедронӣ”, “Бозиҳои мактаббачагон”, “Спартакиадаи шаҳрӣ” ва дигар чорабиниҳои оммавӣ, ҷиҳати ҷалби насли наврас ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, дар сиёсати шаҳр мавқеи марказӣ доранд. Ин тадбирҳо боиси болоравии сатҳи иштироки ҷавонон дар варзиш ва дур шудани онҳо аз омилҳои манфии иҷтимоӣ шудаанд.
Варзиш — василаи тарбияи ватандӯстиву худшиносӣ
Имрӯз беш аз ҳар вақти дигар, варзиш бояд ҳамчун василаи муҳими тарбияи ватандӯстӣ, солимфикрӣ ва худшиносии миллӣ истифода бурда шавад. Ба варзишгарони мо зарур аст на танҳо дар майдонҳои мусобиқа, балки дар ҳаёти ҳаррӯза низ намунаи ахлоқ, низом ва садоқат бошанд.
Зеро ҳар як ғалабаи варзишгар, ҳар як медали тилло, нуқра ё биринҷӣ ин танҳо як мукофот нест. Ин ифтихори миллӣ, шарафи давлат ва намунаи ифтихор барои миллионҳо шаҳрвандон аст.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии доимии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба як мактаби муҳим барои тарбияи кадрҳои ҷавон ва мутахассисони соҳа табдил ёфтааст.
Ба ифтихори Рӯзи варзишгарон ба ҳамаи қаҳрамонон ва мураббиёни соҳаи варзиш, кулли дӯстдорони ҳаёти солим ва фаъолони тарбияи ҷисмонӣ муборакбод мегӯем. Бигзор ҳамеша дар дилу ҷисми Шумо қувват, нерӯ, ирода ва муҳаббат ба Ватан ҳукмфармо бошад!
Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1 - уми ихтисоси идоракунии давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон