Соли 2025 дар тақвими ҷаҳонӣ ҳамчун "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми он (14 декабри 2022) эълон гардид. Иқдоми мазкур ҷаҳонии Тоҷикистон, ки бо пуштибонии 153 давлати узви СММ қабул шуд, нишонаи возеҳи мавқеи пешоҳангии кишвар дар ҳалли масъалаҳои глобалии марбут ба об, иқлим ва ҳифзи муҳити зист аст. Дар ин раванд, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) дар Тоҷикистон нақши муҳимро иҷро мекунад.
Эълони соли 2025 ҳамчун "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва 21 март ҳамчун "Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо" аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, як қадами муҳим дар роҳи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо мебошад. Пиряхҳо, ки яке аз манбаъҳои асосии оби ошомиданӣ ва захираҳои об барои кишоварзӣ, энергетика ва экосистемаҳо мебошанд, дар шароити тағйирёбии иқлим бо хатари обшавии босуръат рӯ ба рӯ ҳастанд. Тоҷикистон, ки беш аз 11 ҳазор пирях дорад ва масоҳати онҳо 8%-и қаламрави кишварро ташкил медиҳад, дар самти мазкур таҷрибаи бойро доро мебошад.
Ташаббуси мазкур идомаи мантиқии сиёсати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст, ки аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018-2028)-ро дар бар мегирад. Дар доираи омодагӣ ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор мешавад, ки масъалаҳои муҳими ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти ҳамкориҳои ҷаҳониро дар бар хоҳад гирифт.
Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ҳамчун ниҳоди калидии ҳамкор бо АБНА дар Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо саҳми арзанда мегузорад. Агенти ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ масъулияти татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо АБНА-ро бар уҳда дорад, ки ба омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим фаъолона иштирок менамояд.
Яке аз намунаҳои муваффақи ҳамкории мазкур ин лоиҳаи миллии TAD7004, ки бо номи расмии "Таҳкими иқтидори миллӣ барои мониторинг ва арзёбии пиряхҳо ва захираҳои барфӣ дар Тоҷикистон" маълум аст, яке аз барномаҳои муҳими техникии АБНА дар солҳои охир тадбиқ гардида истодааст. Лоиҳаи мазкур аз соли 2022 оғоз шуда, ҳадафи асосиаш баланд бардоштани сатҳи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон тавассути истифодаи технологияҳои муосир ва таҷрибаи байналмилалӣ мебошад. Дар доираи лоиҳаи махкур, коршиносони АБНА аз Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид анҷом доданд ва бо олимони тоҷик дар самти татбиқи усулҳои пешрафтаи мониторинг, аз ҷумла технологияҳои ҳисоббарории рақамӣ ва таҳлили маълумоти зиёд пешниҳод намуданд.
Дигар ҷанбаи муҳими лоиҳаи мазкур, ин таъмини Маркази омӯзиши пиряхҳо бо таҷҳизоти замонавӣ, аз қабили дастгоҳҳои ченкунӣ, асбобҳои метеорологӣ ва системаҳои ҷамъоварии маълумот аз пиряхҳо буд. Таҷҳизотҳои мазкур имкон дод, ки олимони тоҷик маълумоти дақиқтар дар бораи вазъи пиряхҳо, суръати обшавӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим ба онҳо дастрас гардад. Ҳамчунин, дар доираи лоиҳа барои мутахассисони тоҷик курсҳои омӯзишӣ ташкил карда шуданд, ки дар онҳо усулҳои муосири таҳлили криосфера ва пешгӯии тағйироти экологӣ фаҳмонда шуд.
Ба ин тартиб, лоиҳаи мазкур намунаи муваффақи ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва истифодаи технологияҳои пешрафта барои омӯзиши пиряхҳо мебошад, ҳамзамон заминаи мустаҳкам барои идомаи корҳо дар доираи "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025" фароҳам оварда, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар ин соҳа муаррифӣ мекунад. Илова бар ин, дар доираи омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе, Агентӣ баргузории чорабинии канорӣ бо иштироки намояндагони 30 давлати узви АБНА-ро талошҳо ба харҷ дода истодааст. Чорабинӣ имкон медиҳад, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мубодила шавад ва роҳҳои нави ҳамкорӣ муайян карда шавад.
Дар хотима, "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025" як имконияти нодир барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки он то на танҳо мавқеи худро ҳамчун пешоҳанг дар масъалаҳои экологӣ тақвият мебахшад, балки таваҷҷуҳи ҷаҳониро ба аҳамияти пиряхҳо ҷалб менамояд. Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо ҳамкории АБНА дар ин раванд нақши муҳим дорад ва бо татбиқи лоиҳаҳои муштарак, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар роҳи ҳифзи ин манбаи ҳаётан муҳим барои наслҳои оянда пеш мебарад.
Илҳом Мирсаидзода, профессор, директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Азизов Олимҷон, мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентӣ