Skip to main content

Дар таърихи ҳар миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки бо ҷасорату фидокории худ барои наслҳои оянда намунаи ибрат мегарданд. Яке аз чунин афрод Давлатов Машраб Давлатович мебошад, ки солҳои ҷавонии худро барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан бахшида, имрӯз дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад.

Бобои Машраб Давлатов 20 июни соли 1926 дар деҳаи Хуфи ноҳияи Оби Гарми вилояти Ғарм таваллуд шуда, солҳои 1943 дар синни 17 солагӣ ба сафи Артиши Сурх сафарбар гардид. Дар солҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъди он вазифаи муқаддаси худро бо сарбаландӣ иҷро намудааст. Ин давра барои ӯ на танҳо мактаби ҷасорат, балки имтиҳони сахти зиндагӣ буд. Бо вуҷуди душвориҳо, ӯ бо иродаи қавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба Ватан содиқ монд.

Ҷанг ба оилаи ӯ низ талафоти гарон овард. Аз чор бародар се нафарашон ба ҷанг рафтанд. Мутаассифона, бародари калониашон Давлатов Катахон дар майдони набард ҳалок гардид, бародари хурдиашон Давлатов Алӣ бошад, бар асари захм бардоштан зери танк монда, барои ҳамеша маъюб шуд. Ин саҳифаҳои талхи зиндагӣ, бо вуҷуди дарднок буданаш, иродаи қавии ӯро боз ҳам устувортар сохт.

Айни замон Давлатов Машраб Давлатович дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳалқаи гарми оила -фарзандон, наберагон ва аберагонашон зиндагии осоишта дорад. Имсол ӯ ба синни мубораки 100-солагӣ мерасад. Бо вуҷуди солмандӣ, шавқи мутолиа дар қалби ӯ хомӯш нашудааст. Гарчанде ки биноиашон суст шудааст, ҳамоно ба китоб рӯ меоранд ва гоҳ-гоҳ ғазалҳои классикони адабиёти форсу тоҷик, аз ҷумла Ҳофизу Бедилро бо завқ замзама менамоянд.

Саховатмандӣ, хирадмандӣ ва ботадбирӣ аз хислатҳои наҷиби ӯ ба ҳисоб мераванд. Ӯ ҳамчун шахси рӯзгордида ҳамеша ба атрофиён маслиҳатҳои судманд медиҳад ва дар тарбияи насли ҷавон саҳми арзанда мегузорад.

Маврид ба зикр аст, ки бобои Машраб Давлатов ҳамеша аз сиёсати сулҳпарварона ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтиром ёд мекунад. Қадрдонии иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумла дастгириҳои ҳамасолаи моддӣ, нишонаи арҷгузорӣ ба хизматҳои онҳо арзёбӣ мегардад.

Зиндагиномаи Давлатов Машраб Давлатович намунаи равшани садоқат ба Ватан, устуворӣ дар баробари душвориҳо ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ мебошад. Чунин шахсиятҳо сарвати бебаҳои миллатанд ва хизматҳои онҳо ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд шуд.

Дар анҷом, бояд зикр намуд, ки ман ҳамчун набераи ӯ айни замон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кору фаъолият менамоям ва аз он ифтихори бузург дорам, ки набераи чунин шахси шарафманду ватандӯст ҳастам. Ин ифтихор маро водор месозад, то роҳи пуршарафи бобоямро идома дода, ба ҷомеа ва Ватан содиқона хизмат намоям.

Муаллиф: корманди МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияии миллии илмҳои Тоҷикистон” Давлатова Адолат