Skip to main content

123

Ҳамдиёрони азиз, сокинони босаодати кишвар!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори ободу осуда ва дар фаъолияти созандагиву бунёдкорӣ муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям.

Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тӯли даҳсолаҳои охир на танҳо маркази сиёсиву маъмурии кишвар, балки ба як меҳвари муҳими илму маърифат, фарҳанг ва баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди миллӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Рушди босуръати инфрасохтор, таъсиси муассисаҳои илмиву таълимӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ташкили форуму ҳамоишҳои бонуфуз мақоми шаҳри Душанберо дар арсаи байналмилалӣ ба таври назаррас таҳким бахшидааст.

Дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдомҳои наҷиби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахт ҳамчун маркази мутамаркази неруи зеҳнӣ ва илмии кишвар рушд намуда, шароити мусоид барои таҳқиқоти илмӣ, инноватсия ва татбиқи дастовардҳои навтарини технологияро фароҳам овардааст. Имрӯз шаҳри Душанбе макони фаъолияти муассисаҳои бонуфузи илмӣ, донишгоҳҳои пешрафта ва марказҳои таҳқиқотии гуногунсоҳа мебошад, ки дар онҳо садҳо олимону муҳаққиқон ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мебошанд.

Яке аз омилҳои асосии табдил ёфтани шаҳри Душанбе ба маркази илму маърифат, рушди низоми таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ мебошад. Дар ин замина донишгоҳҳо ва пажуҳишгоҳҳои пойтахт бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва технологияҳои муосир, мутахассисони баландихтисосро дар соҳаҳои гуногун омода менамоянд. Ин раванд боиси афзоиши неруи инсонӣ ва тақвияти иқтидори илмии кишвар гардидааст. Ҳамзамон, иштироки фаъолонаи донишҷӯён ва олимони ҷавон дар барномаҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои илмӣ, сатҳи донишу малакаи онҳоро боло бурда, имкониятҳои навро барои рушди минбаъда фароҳам месозад.

Имрӯзҳо шаҳри Душанбе ҳамчунин ба майдони баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ табдил ёфтааст. Аз ҷумла, форумҳои сатҳи ҷаҳонӣ, конфронсҳои илмӣ ва иқтисодӣ, вохӯриҳои сатҳи олӣ ва дигар ҳамоишҳо, ки дар пойтахт баргузор мегарданд, нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият мебахшанд. Ин раванд нишон медиҳад, ки пойтахт дорои имкониятҳои зарурӣ барои қабули меҳмонони сатҳи баланд ва ташкили чорабиниҳои бузург мебошад. Маҳз инфрасохтори муосири шаҳр, аз ҷумла маҷлисгоҳҳо, марказҳои фарҳангӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ ва шабакаҳои нақлиётӣ, шароити мусоидро барои баргузории чунин чорабиниҳо фароҳам овардааст. Ҳамзамон, зебоӣ ва ободонии шаҳр, боғҳо, хиёбонҳо ва иншооти фарҳангӣ, симои мусбати Душанберо ҳамчун як маркази пешрафта ва муосир муаррифӣ мекунанд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки минбаъд шаҳри Душанбе ҳамчун маркази пешрафтаи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангии кишвар боз ҳам рушд намуда, бо татбиқи ташаббусҳои созанда ва истифодаи имкониятҳои муосир мавқеи худро дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ таҳким хоҳад бахшид.

Рӯзи пойтахт муборак бод!