Skip to main content

Муҳтарам кормандони соҳаи иқтисод!

Ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо 8- апрел ҳамчун Рӯзи иқтисодчиён таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ба ҳамаи ҳамкорон ва кормандони соҳаи иқтисоди кишвар иди касбияшонро табрику таҳният хонда, дар фаъолияти корияшон барору комёбӣ таманно менамоям.

Боиси хушнудист, ки имрӯз бо ташаббус ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи иқтисодиёти кишвар рушду пешрафт намуда, маҳз саҳми кормандони соҳаи иқтисоди кишвар дар таъмини рушд ва нумӯи ин соҳа беназир мебошад.

Бояд гуфт, ки соҳаи иқтисод яке аз бахшҳои калидӣ ва муҳими рушди устувори ҳар як давлат ба шумор рафта, саҳми иқтисодчиён дар таҳкими пояҳои иқтисодӣ, банақшагирии самаранок ва татбиқи сиёсати иқтисодии кишвар басо назаррас мебошад. Маҳз бо кӯшишу заҳмати содиқонаи шумо рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардида, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар мегардад.

Маҳз дар шароити ҷаҳони муосир, ки рақобати иқтисодӣ рӯз то рӯз шиддат мегирад, аз мутахассисони соҳа дониши амиқ, тафаккури навоварона ва масъулияти баланд талаб карда мешавад. Итминони комил дорам, ки шумо бо истифода аз таҷрибаи ғанӣ ва донишҳои муосир дар пешбурди иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда хоҳед гузошт.

Воқеан, пешравию таҳаввулоти ҳар як давлатро буҷети ғаниву устувор таъмин намуда, як омили амиқи танзимкунандаи тавозуни иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳо ба шумор меравад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо шарофати роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон динамизми инкишофи низоми иқтисодӣ сол то сол ҷараёни мусбату натиҷабахшро соҳиб гардида, қатъи назар аз монеаҳои душвори дар даҳсолаи аввали солҳои соҳибистиқлолӣ вуҷуддошта, Тоҷикистон бо истеҳсолоти дохилӣ дар масъалаи ғанӣ гардониданибуҷети давлатӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Ҷои инкор нест, ки Тоҷикистони азизи мо марҳилаҳои душвору хатарноки буҳронҳои иқтисодиро паси сар намудааст ва алҳол дар фазои осоишта дар пайи таҳаввулотҳои азими иқтисодӣ қарор гирифтааст.

Қобили таҳсин аст, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама мулоқоту суҳбатҳояшон бо истеъдоди фавқуллодаашон аз ҳолату авзои иқтисодии ҷомеа дар доираи факту асноду рақамҳо огаҳ мебошанд. Хеле хушоянд аст, ки дар заминаи муқоисаҳову таҳлилҳо дар зиндагии ҳар як сокини кишварамон пешравию дигаргуниро шоҳид мебошем.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи амалӣ гардонидани нақшаҳову барномаҳои бузурге дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ қарор дорад. Агар гӯем, ки ҳадафи чоруми стратегии давлату ҳукумат ба таври комил таҳаввулоти иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад, хато нест. Тоҷикистон дар минтақа ба кишвари бузурги саноатӣ табдил хоҳад ёфт. Дар ин самт масъулияту садоқату самимияти ҳар як сокини кишварамон ба ватану сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумати кишварамон нақши бузург дорад. Чун Тоҷикистони моро таҳаввулотҳои бузурге дар пеш истодааст, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарбияи фарзанд ва ҳамчун кадрҳои соҳибихтисос ба камол расонидани онҳо ишора карданд, ки фарогири чандин паҳлуҳост. Дар ҳақиқат наслиояндасоз - меъмор, муҳандис ва мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон бояд бошанд, ки меҳнату заҳмати онҳо омили пешрафти иқтисоди миллӣ мегардад.

Иди касбӣ муборак!