Skip to main content
Ниёгони мо, тоҷикон – ориёиёни бостонӣ – миллати қадима буда, таърихи тулонии давлатдориро доранд, ки он беш аз панҷ ҳазорсоларо дар бар мегирад.Таърихи бою гуногунранги тоҷикон далели рушди суннат, ғоя ва падидаҳои давлатдорӣ низ мебошад, чунки пайдоиши давлат бо як қатор тағйиротҳои сифатии рушди аҳолию миллат вобаста аст, ки дар заминаи онҳо як миллат метавонад то дараҷаи шинохти манфиатҳои умумӣ, дарки ҳуқуқ, масъулият, ҳифзи ҳудуд ва ташкили тартиботи оммавӣ бирасад.

Дар суханронӣ ба ифтихори 50-солагии Академияи илмҳои Тоҷикистон, 18 апрели соли 2001 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: «... дар давраҳои мухталиф аз ҷониби баъзе олимон дар кишварҳои гуногун кӯшишҳои ғаразноки зери тафтиш гирифтану таҳриф сохтани таърихи миллати куҳанбунёди мо ба назар мерасид. Имрӯз ин ҷараёни номатлуб аз нав қувва гирифта истодааст. Бар хилофи ҳақиқати таърих баъзе олимон дар кишвархои хориҷӣ ба мероси илмию фарҳангии мо дастдарозӣ мекунанд ва ба меросбари қонунии тамаддуни бостонӣ будани тоҷикон шак оварданӣ мешаванд.

Аз ин рӯ, ба олимони мо лозим аст, ки ба чунин кӯшишҳои таҳрифкорӣ ҷавоби сазовор диҳанд ва манфиатҳои миллати моро ба таври арзанда ҳифз намоянд. Инро адолати таърихӣ ва муносибати воқеъбинона ба таърих тақозо мекунанд. Аз касе пӯшида нест, ки тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарин мебошанд, фарҳанги ғанӣ доранд ва дар тӯли тамоми таърихи худ дар минтақа нақши тамаддунсозро бозидаанд».

27 июни соли 1997 бо пешниҳоди Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рузҳои ид», тағиру иловаҳо ворид гардид, ки рӯзи таҷлили «Ваҳдати миллӣ» ба қатори ҷашнҳои миллӣ дохил шуд, ки ҳамасола мо тоҷикон бо як таваҷҷуҳи тоза дастовардҳои беҳтарини ваҳдати миллӣ солгарди онро таҷлил менамоем.

Магар ин созишномаи тақдирсози миллат ба Эъломияи Куруши Кабир баробар нест? Ба андешаи мо аҳамияти таърихию сиёсии он аз Эъломия волотар аст, чунки миллати куҳанбунёди тоҷикро аз вартаи нобудӣ раҳо дод. Солҳо мегузаранд ва фарзандону наберагони мову шумо ба ин Созишнома баҳои баланди инсонию ҳуқуқиро хоҳанд дод.

Таърихан чунин дастовардҳо дар садсолаҳо ва ҳатто ҳазорсолаҳо як бор тавлид ва амалӣ мешаванд ва асосгузору амаликунандаи онҳо ба монанди Эмомалӣ Раҳмон фардҳои қавиирода, шуҷоатманд ва дорои тафаккури маънавӣ ва зеҳнии пурқувват мебошанд.

Воқеан, Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои чунин хислати наку,қавиирода ва фарҳанги олии мардонагӣ ҳастанд, ки ба чунин дастовардҳои тақдирсози давлатдорӣ миллати тоҷик ноил гардидааст.

Ҳамин ғояи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ватан ҳамчун мавҷҳои тӯфон амалҳои фардҳо ва гурӯҳҳоеро, ки ба рушду нумӯи Тоҷикистон монеъ мешаванд ва мехоҳанд онро ба нестӣ баранд, заиф ва нотавон месозанд.

Сарвари давлати навини тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бедории фитриву эҳсоси ҳувияту худогоҳии миллӣ ҷомеаро ба дарси ватандориву ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ҳидоят менамояд, ки онро метавон намунаи амалишавии даъватҳову ҳидоятҳои Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома» арзёбӣ кард.

Таъкидҳои ҳамешагии Сарвари давлатамон ҷиҳати ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон ягон фарди ватанпарасти бофитрату баору номусро бетарафу ором гузошта наметавонад, чунки ҳамагон аз таърихи пурфоҷиаи ин миллати тамаддунофар огаҳ ҳастем, ки аз ҷумлаи подшоҳону султону амирони аҷнабӣ, ки тӯли ҳазорсолаҳо дар сарзамини аҷдодии мо ҳукмрон буданд, боре ҳам дар бораи миллату Ватани тоҷикон ёд намекарданд ва навдаву шохаҳои наврустаи дарахти ҳастии ин миллатро, ки решаҳои қавию абадӣ дорад, мунтазам ва бераҳмона мебуриданд.

Ин ҳақиқати талхи таърихӣ дарси ибратест барои ворисони имрӯзаи ин давлату миллати тоҷик, то ба қадри озодиву соҳибистиқлолӣ бирасем, худшиносиву худогоҳии миллиро пешаи худ қарор бидиҳем, дарси мафҳуми хештаншиносиро омӯзем.

Чуноне ки дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» омадааст, худшиносӣ, яъне ин огоҳӣ аз фарҳанги миллат ва намояндагони бузурги он мебошад, ки ҳар як фард бояд онро аз худ намояд ва нишоне аз одаму одамгарӣ, ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ ба ёдгор гузорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Аз Ориён то Сомониён» нисбати ватандорию хештаншиносӣ чунин мегӯяд: «Мо ба гузашта ба хотири парастиши содалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти рӯҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдоми нав камар баста ба дастовардҳои бузургу ғайриодӣ ноил гаштанд, рӯй меоварем».

Воқеан, дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон дарсҳои аввалинни худшиносии миллӣ аз ҷониби Сарвари мамлакатамон дар шакли ниятҳо ва амалҳои некашон, инчунин дар асарҳояш «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» пешкаши халқи тоҷик ва тоҷикистониён гардонида шудаанд, ки дастовардҳои муҳими мардуми тоҷик ба шумор мераванд.

Вале, таҳкурсии устувори ин амалҳоро воқеаи таърихии ба имзо расидани фармони Президенти Тоҷикистон оид ба таҷлили ҷашни 1100 - солагии Давлати Сомониён гузошта буд. Ин фармон ҳамон солҳо дар дили тоҷикон шуълаи умедро ба фардои нек барафрӯхт ва душманони дохиливу берунии моро ба ваҳму ҳарос овард, зеро ҳадафи аслӣ аз таҷлили ин иди фархунда баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ифтихори давлатдорӣ, якпорчагии халқу Ватани ҷоноҷонамон мебошад.

Маънии ин фармонро, ба андешаи мо, худи Президент дар вохӯриаш бо ҷавонони лаёқатманди ҷумҳурӣ ҳанӯз моҳи майи соли 1998 хеле возеҳу равшан баён карда буданд:

«Мо ҳаргиз даъвои шовинизм ва бузургманишӣ надорем. Танҳо мехоҳем, ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ аз чанголи карахтӣ ва бегонапарастӣ раҳида, дар зери парчами тамаддуни гузаштагон ба ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем». Ин фармон, ин амри неки Пешвои тоҷикони дунё Эмомалӣ Раҳмон идомаи таъбири ватанпарастона ва пурифтихори амир Исмоили Сомонист, ки фармуда буданд: «То ман зиндаам, девори Бухоро бошам».

Воқеан, агар он ҳуқуқҳои фитрие, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо тоҷикон додааст, он воқеияту адолати таърихиро, ки барои миллати мо насиб гаштааст, дарк намоем, бояд ҳамеша аз соҳибдавлат будан, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем.

Бо дарки амиқу эҳсоси баланди воқеияти таъриху тамаддуни миллати тоҷик бояд гуфт: Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ворисони ин тамаддун – мардуми шарифи Тоҷикистонро ва хусусан ҷавононро пайваста ба саҳмгузорӣ дар бунёду пойдории Давлати ҷавони Тоҷикистон, ки ҳамагӣ 25 сол дорад, ҳидоят менамояд.Дар пайёми навбати ба Маҷлиси Олӣ беҳуда соли 2017-умро соли ҷавонон эълон накардаанд.Ин ҳама бо мақсади боз ҳам дар рӯҳияи ватандӯстию ватандорӣ бедор намудани ҷавонон мебошад.

Сарвари давлат дар яке аз муроҷиатҳои ватандӯстонаи худ гуфта буд:

«Биёед, аввал аз худ бипурсем, ки ҳар яки мо барои Ватан чӣ кардем ва ё чӣ карданием ва нагӯем, ки Ватан барои мо чӣ кардааст».

Дар ҳоле, ки ин озодиву истиқлолияти навине, ки халқи азияткашидаи тоҷик бо ҷонбозиву хунрезиҳо ба даст овардааст, ин обу ҳаво ва замини зархезу табиати биҳиштосои Тоҷикистон боиси шукронаи беҳад аст, моро водор месозад, ки онро ҳифз кунем ва барои рушду камолаш кӯшишҳо ба харҷ диҳем. Дар омӯзиш ва ба даст овардани илму маърифат босабру тоқат ва устувор бошем.

Вақти он расидааст, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ барои Ватан содиқ будани худро, ватандӯсту ватанпараст будани худро бо саҳми арзандаи худаш собит созад. Ҷавонон бошанд, бо донишу фитрат ва неруи бозуи ҷавони худ, бо забондониву ихтироъкориву навоварии худ ба халқи азизи худ ва давлати ҷоноҷони худ хизмати содиқона намоянд.

Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба воқеияти рӯзгор назари боадолатона намуда, бояд боҷуръатона аввал аз худ ва наздикони худ саҳми гузоштаашонро пурсад ва баҳогузорӣ кунад. Охир Ватани моро танҳо худи мо метавонем ободу зебо гардонем, на дигарон!

Дар ин самт омӯзгорон, олимон, муҳандису ихтироъкорон, намояндагони дину мазҳаб ва албатта, падару модарон масъулияти хеле баландро ба уҳда доранд. Дар роҳи ободиву озодии Ватан саҳми ҳамагонӣ зарур аст, дар ин ҷода ба бетарафӣ, бегонапарастиву бегонафитратӣ ҷой нест.

Дар баробари кӯшиш барои ободии Ватан ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу расму русуми неки миллӣ, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳои миллии даврони соҳибистиқлол «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», қонуни коститутсионӣ «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат» вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад, ҳамчунин мо бояд худ қонунҳои дигари хештаншиносӣ эҷод намоем ва онҳоро ҳифз намуда барои иҷрои бечунучарои онҳо талош кунем.

Ҳар ҷомеа бар худ ҳадаф ва стратегияи худ ниёз дорад, ки роҳи рушди худро мутобиқи он муайян созад. Чунин ҳадаф бояд дар заминаи таърих, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, ба воқеият, ниёзҳо ва дархостҳои имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ бошад, аксари афрод ва табақаҳои ҷомеаро дар атрофи худ муттаҳид сохта, мардумро ба сӯйи рушду созандагӣ роҳнамоӣ кунад. Чунин андеша ва ҳадафи муттаҳидкунанда барои мо маҳз ғоя ва рушди ваҳдати миллӣ мебошад.

Андешаҳои худро дар пешгуфтор бо суханронии Пешвои миллат, Президенти мамлакат– ин абармарди поксиришти миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст менамоям, ки гуфта буд: «Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, бояд ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст дар қалбу шуури худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш диҳад ва барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои замони истиқлолият талош намояд. Халқи тоҷик даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, рӯзҳои сахту сангин ва хисороти гарони онро фаромӯш накардааст. Аз ин хотир, ҳамаи мо бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, шукронаи давлати соҳибистиқлол гуфта, эҳтироми Ватани озоду соҳибихтиёрро ҳамеша ба ҷо орем, соҳиби Ватан буданро аз ҳар чизи дигар авлотар донем».

Зоир Ҷурахон Маҷидзода, мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти

давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.ҳ, профессор