Skip to main content

Имрӯз, 30 январ бо мақсади таҷлили бошукуҳи ҷашни бостонии Сада дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши дастовардҳои олимону муҳаққиқони самти илмҳои кишоварзӣ баргузор гардид.

Дар намоиш намунаҳои дастовардҳои илмӣ, навовариҳо, зироатҳои кишоварзӣ, ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабз, тухмиҳои селексионӣ ва маҳсулоти илмӣ-таҳқиқотӣ муаррифӣ гардида, саҳми олимон дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар баръало нишон дода шуд.

Зимни боздид президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону муҳаққиқон аз гӯшаҳои намоишгоҳ дидан намуда, бо натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, дастовардҳои нав ва самтҳои афзалиятноки рушди илмҳои кишоварзӣ шинос гардиданд. Таъкид гардид, ки таҷлили ҷашни Сада ҳамчун ҷашни меҳнату кишоварзӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои ниёгон нақши муҳим дорад.

Дар намоиш зикр гардид, ки олимону муҳаққиқони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон навъи картошкаи батат — «Сомон» ва дигар навъҳои селексионии ба шароити иқлимии кишвар мутобиқшударо парвариш ва пешниҳод намуданд. Инчунин аз ҷониби онҳо як навъи қаҳваи маҳалӣ муаррифӣ гардид, ки аз ҷониби олимону муҳаққиқон омода гардидааст.

Дар идома дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабзе, ки дар боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб парвариш ёфтаанд, низ ба намоиш гузошта шуданд ва меҳмонон имконият пайдо карданд, ки бо хусусиятҳо ва сифати ин ниҳолҳо шинос шаванд.