Skip to main content

Ҷавоб ба мақолаи «Дарвоз. Оё Карон дубора хокбарсар мешавад?»,  «Ҷумҳурият» 22.08.2025

Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар ҷавоб ба матлаби «Дарвоз. Оё Карон дубора хокбарсар мешавад?», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 22.08.2025 ба нашр расидааст,  маълум менамояд, ки вазъи ногувори шаҳраки бостонии Карон ҳамчун ёдгории нодири таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ, воқеан яке аз мушкилоти муҳими соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ  ба ҳисоб меравад. Карон дорои арзиши баланди илмӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ буда, қаблан бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои барқарорсозӣ ва муаррифии он анҷом дода шуда буданд.

Бо вуҷуди ин, қатъ гардидани ковишҳои бостоншиносӣ, набудани низоми назорат ва суст гардидани чораҳои нигоҳдорӣ боиси ба миён омадани хатари харобшавии ин ёдгории нодир гардидааст. Ин раванд метавонад на танҳо ба аз даст рафтани як объекти муҳими таърихӣ, балки ба коҳиши имкониятҳои рушди илмӣ ва сайёҳии минтақа низ оварда расонад.

Дар ин замина   идома додани корҳои бостоншиносӣ дар шаҳраки Карон аз ҷониби шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, зери роҳбарии академик Юсуфшоҳ Яъқубов, ки кашшофи ёдгории мазкур мебошанд, ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» масъулияти мустақими ҳифз, нигоҳдорӣ ва таъмини амнияти чунин объектҳо ба уҳдаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст. Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ дар самти ҳифз ва нигаҳдории он масъул намбуда, вазифа он танҳо  Институт таҳқиқ ва омӯзиши ёдгориҳои таърихӣ мебошад.

Дар робита ба ин, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз барои таъмини ҳифзи доимии ёдгории Карон тадбирҳои таъхирнопазир андешида,  назорати мунтазамро роҳандозӣ намоянд.

Яқубов Ю.

Асомуддинзода С.С.