Skip to main content
21

Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони гиромӣ!

Ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо ҳамватанони азизамонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо рӯзгори ободу иқболи нек орзу менамоям.

Соли 2025 воқеан ҳам зери сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат соли воқеан хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад. Зеро кишвари азизи мо дар ин сол ба дастоварду пешравиҳои басо муҳимму назаррас ноил гардид. Дар соли сипаригашта таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои фаъолияти иҷтимоию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, варзишиву техникӣ дастовардҳои беназир ба даст омадаанд.

Воқеан ҳам соли сипаригашта барои олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли хотирмон буд. Дар тамоми самтҳои фаъолияти илмю таҳқиқотӣ дастовардҳои назаррас рӯйи кор омаданд. Дар давоми соли сипаригардида дар заминаи Институтҳои химия, физикаю техника, биологии Помир, Маркази илмии Хуҷанд, Институти масъалаҳои об, Маркази омӯзиши пиряхҳо, Маркази рушди инноватсия дар маҷмуъ 19 озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо технологияҳои мосир муҷаҳаз гардонида шуданд. Инчунин, яке аз дастовардҳои арзишманди соли сипаригардида дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин пешниҳоди табдили Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» мебошад. Ҳамзамон пешниҳоди бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе идомаи ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими эътимоду эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар мебошад.

Боварии комил дорам, ки олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин, мардуми шарифи кишвари азизам-Тоҷикистон дар соли нави мелодии 2026 дар пешбурд ва амалисозии сиёсати илмпарварона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, пойдории сулҳу субот дар ҷомеаи соҳибистиқлол аз пештара бештар пешраву пешсаф мегарданд.

Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.

Бигзор, соли нави 2026 дар роҳи фардои зиндагиямон саодати абадӣ, корнамоиҳои шуҳратманд, дастовардҳои эҷодӣ ва ибтикороти шоёнро паём оварад!

Соли нави мелодӣ муборак!