Skip to main content
Санаи 16 декабри соли 2025 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки ҳамчун як рӯйдоди муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҳаёти давлату ҷомеа арзёбӣ мешавад. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанавӣ ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ хизмат карда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро барои марҳилаи минбаъда барои рушди мамлакат муайян менамояд.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо як суханронӣ набуда, балки барномаи мукаммали амал барои тамоми сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад. Дар он вазъи кунунии давлат бо таҳлили илмӣ баррасӣ гардида, мушкилоту дастовардҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо нишон дода шудааст. Дар Паёми худ Президенти кишвар нишон ба таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти иҷтимоӣ ва рушди устувори иқтисодӣ, ҳамзамон равона намудани ҷавонон ба ҳувияти худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ намуданд, ки ин масъалаҳои калидии замони муосирро дар бар мегирад. Қайд кардан ба маврид, аст, ки масъалаҳои марбут ба занон дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра барои рушди ҷомеа тадбирҳои судманд андешиданд. Хотирнишон намуданд, ки нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватан дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар Паём ба рушди иқтисодӣ миллӣ, ки ҳамчун омили асосии пешрафти давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Самтҳои муҳимми саноаткунонии босуръат, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, рушди энергетика, кишоварзӣ ва соҳибкории хурду миёна ҳамчун заминаи таъмини суботи иқтисодӣ таъкид карда шуд. Ин равиш аз нигоҳи илмӣ ба назарияи рушди устувор мувофиқат намуда, ҳадаф аз он аст, ки иқтисодиётро аз вобастагии яксамта раҳо созад ва имкониятҳои нави истеҳсолотро фароҳам оварад.

Яке аз меҳварҳои муҳими Паём ин масъалаи илм ва маориф буда, диққати ҳамагонро ҷалб намуд, ки Президенти кишвар таъкид намуданд, дар шароити ҷаҳонишавӣ танҳо ҷомеае метавонад рақобатпазир бошад, ки ба рушди зеҳнӣ ва касбии шаҳрвандон такя намояд. Баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди таҳқиқоти илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва омода намудани мутахассисони баландихтисос ҳамчун асоси пешрафти дарозмуддат арзёби гарданд.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои болоӣ, рушди устувори иқтисоди кишвар ва барои дар амал татбиқ намудани нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳлили ҳаматарафаи соҳаҳои гуногуни кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Таҷрибаи давлатдории роҳбари давлат нишон медиҳад, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи ӯ рушди давлату миллат ба таҳкими сулҳ, ваҳдати миллӣ, пойдории истиқлолият ва рушди устувори иқтисодӣ ба ин поя асос ёфта, дар оянда кишвари мо зимни рушди босубот дар арсаи байналмилалии ҷаҳон шинохта мешавад.

Дар Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи истифодаи самаранок ва идоракунии устувори захираҳои об ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ пайваста таъкид мегардад. Дар ин замина, идоракунӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои об ҳамчун равиши муосир ва илмӣ дар сиёсати оби кишвар мавқеи муҳимро касб мекунад.

Захираҳои об яке аз сарватҳои стратегӣ ва омили калидии рушди устувори иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, на танҳо барои рушди иқтисоди миллӣ, балки таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва экологӣ аҳамияти хоса дорад. Идоракунӣ ва самаранок истифодабарии ҳамгироии захираҳои об равандест, ки истифода, ҳифз ва тақсимоти захираҳои обро бо назардошти манфиатҳои ҳамаи бахшҳо – иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар сатҳи ҳавзаҳои дарёӣ таъмин менамояд. Ин равиш бар ҳамоҳангии сиёсати давлатӣ, иштироки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ва истифодаи механизмҳои идоракунии илмӣ асос меёбад.

Таҳлили Паёмҳои Президент нишон медиҳад, ки роҳбари давлат доир ба масъалаҳои об, бо мақсади баланд бардоштани нукӯаҳволии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, бидуни расонидани зарар ба муҳити зист таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Масалан, нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои захираҳои об ва рушди устувор, зарурати истифодаи самараноки захираҳои об дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва саноат ҳамчун унсури муҳимми амнияти миллӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар, ҳамзамон ҳифзи муҳити зист мавқеи хоса дошта, муаррифӣ мегардад. Таҳлили ҳамаҷонибаи ин равиш метавонад на танҳо рушди дохилии кишвар, балки суботу ҳамкории минтақавиро низ таъмин намояд. Аз ин рӯ, масъалаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Дар Паёми имсолаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки “... соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд. Дар баробари ин, моро зарур аст, ки суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 на кам аз 8% ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намоем. Дар ин раванд, ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағийрёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад”.

Бо назардошти он, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги обӣ дар минтақа мебошад, истифодаи оқилонаи он барои рушди иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи муҳити зист аҳамияти ҳаётан муҳимро бояд иҷро намояд.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ, ҳамчун санади муҳим ва раҳнамои стратегӣ дар марҳилаи нави рушди иқтисодии кишвар нақши калидӣ мебозад. Он бо такя ба таҳлили илмӣ, таҷрибаи таърихӣ ва талаботи замони муосир таҳия шуда, барои пешрафти устувори давлат, миллат ва ҷомеа заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Давлатова С.Ҷ. - сармутахассиси шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АМИТ.

Салимов Аҳмадҷон - мутахассиси шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АМИТ.