Забон дар даҳон, эй хирадманд чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад, чӣ донад касе,
Ки ҷавҳарфурӯш аст ё пилавар.
Забон, ҳамчун бузургтарин падидаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз замони пайдоиши ҷомеаи башарӣ то имрӯз муҳимтарин василаи алоқа, муошират ва ифодаи андешаи инсонӣ ба шумор меравад. Он на танҳо воситаи гуфтор, балки рамзи ҳастӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Тавре ки донишмандони забоншиносӣ таъкид кардаанд, зуҳури ҷомеа ва забон ҳамзамон ва ҳамқадам сурат гирифтааст, зеро бе меҳнат ва муоширати дастаҷамъона рушди ҷомеаи инсонӣ ғайримумкин буд. Забон дар айни замон на танҳо воситаи иртибот, балки оинаи фарҳанг ва таҷассуми рӯҳи миллат аст.
Ҳар як забон, ки аз сӯи миллате парвариш меёбад, аз ҳастӣ, таърих ва фарҳанги он миллат дарак медиҳад. Забон воситаи аслии нигоҳдории арзишҳои маънавӣ, адабӣ ва илмӣ буда, бидуни он на ҳифзи мероси гузашта имконпазир асту на таҳкими худшиносии миллӣ. Ҳастии ҳар як миллат аз қудрат ва пойдории забони модарии он вобаста аст. Аз ин ҷост, ки бузургон ва шоирони порсизабон ҳамеша забонро чун муқаддастарин ганҷи маънавӣ васф намудаанд.
Забони тоҷикӣ, ки қисми ҷудонопазири оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва бахусус шохаи эрониаш ба шумор меравад, таърихи хеле тӯлонӣ ва пурбор дорад. Ин забон се марҳалаи асосии ташаккулро аз сар гузаронидааст:
Форсии қадим – забони катибаҳо ва матнҳои ахеменӣ;
Форсии миёна – забони давлати Сосониён;
Форсии нав (тоҷикӣ–дарӣ–форсӣ) – забоне, ки аз асрҳои VIII–IX оғоз ёфта, то имрӯз дар шакли зинда ва рушдёбанда боқӣ мондааст.
Зиёда аз ҳазор сол аст, ки тоҷикон бо ҳамин забони шево ва пурғановат гуфтугӯ мекунанд ва фарҳангу тамаддуни худро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд. Асарҳои устодони сухан – Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бедил ва садҳо дигар бузургони илму адаб маҳз ба ҳамин забон эҷод гардида, ҷаҳониёнро мафтун сохтаанд. Забони тоҷикӣ, тавре донишмандон таъкид мекунанд, яке аз пурғановатарин забонҳои олам буда, дорои захираи бузурги луғавӣ, сабку услубҳои гуногун ва имкониятҳои фарохи ифода мебошад.
Бо вуҷуди фишору маҳдудиятҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар давраҳои гуногуни таърих, забони тоҷикӣ ҳеҷ гоҳ завол наёфт. Баръакс, маҳз тавассути ҳамин забон тоҷикон тавонистанд ҳастии худро нигоҳ доранд ва мероси фарҳангии худро ҳифз намоянд. Чунончи, шоири тавоно Бозор Собир таъкид мекунад:
Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,
То наафтад бар замин қадри сухан…
Ин байтҳо шаҳодат медиҳанд, ки забон на танҳо василаи гуфтор, балки мояи нангу номус ва рамзи истиқлолияти маънавии миллат аст.
Дар замони Тоҳириёну Саффориён ва махсусан давраи Сомониён забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ касб намуда, ба забони илм, адаб ва идора табдил ёфт. Аз ҳамон давра асарҳои бузурги илмӣ ва адабӣ ба ҳамин забон навишта шуданд. Баъдан дар замони муосир ва махсусан пас аз эълони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (1991), давраи нави инкишофи забони тоҷикӣ оғоз гардид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» (1989) ва санадҳои минбаъда мақоми давлатӣ доштани забони тоҷикӣ ва зарурати татбиқи васеи онро дар ҷомеа тасдиқ намуданд.
Нақши устод Садриддин Айнӣ дар эҳё ва рушди забони тоҷикӣ махсус зикр бояд гардад. Асарҳои ӯ, аз ҷумла «Одина», «Марги судхӯр», «Ҷаллодони Бухоро», «Дохунда», на танҳо ба забони адабӣ мазмуну муҳтаво ва фасоҳати тоза бахшиданд, балки онро ба забони гуфтугӯии мардум наздиктар карданд. Минбаъд шоирону нависандагони бузурги муосир – Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат ва дигарон ин парчами муқаддасро баланд нигоҳ доштанд.
Муъмин Қаноат бо ифтихор гуфтааст:
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст.
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст.
Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки забони модариро гиромӣ дорад ва ба наслҳои оянда омӯзонад. Татбиқи пурраи Қонуни забон масъулияти шаҳрвандӣ ва нишонаи садоқат ба миллат аст. Беғалат навиштан, риояи қоидаҳои имло ва меъёрҳои услубӣ на танҳо талаботи қонун, балки мояи ҳифзи ҳувият ва шарафи миллӣ мебошад.
Ҳафзи забон дар айни замон имконият медиҳад, ки инсон дигар забонҳоро низ бо осонӣ биомӯзад. Ҳамчунон ки ҳикмати халқӣ мегӯяд:
Ҳар кас бо забони худ сухандон гардад,
Омӯхтани сад забон осон гардад.
Забон падидаест, ки миллатро бо таърих ва фарҳанги худ мепайвандад. Маҳз забон миллатро аз нобудшавӣ наҷот медиҳад ва заминаи рушду пешрафтро фароҳам месозад. Барои тоҷикон, ки соҳиби яке аз қадимтарин ва шевотарин забонҳои дунё ҳастанд, ҳифзу рушди он вазифаи муқаддас аст. Забон ганҷинаест, ки бояд онро бо меҳру садоқат ҳифз ва ба наслҳои оянда мерос гузошт.
Эҳёи забон – пурарзиштарин мероси мост, ки масъулияти таърихии ҳар як тоҷик мебошад.
Саидов Давлатёр Маҳмадсалимович – и.в. мудири Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон