Проблемаҳои мавҷудаи баҳамоии мардуми Тоҷикистон, сулҳу ваҳдат ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, ки то имрӯз таҳти роҳбарии Cарвари хирадманди кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои муайян ноил гаштааст, ҳоло низ ба пуррагӣ аз ҷониби аҳли ҳушманду зиёӣ ва мардуми одии кишвар то ба нуктаи зарурӣ ҳазми пурраи худро наёфтаанд. Зеро сару садоҳои гуногун дар фазои маҷозии интернетӣ, ҳангомаҳои ҷудогонаи иттилооти рақамӣ, рафтору кирдорҳои мухталифи тазодманди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳатто урфию одатӣ бо либоси эътиқоди ҳоло низ масъалаҳоеро матраҳ менамоянд, ки истифода ва татбиқи онҳо ногузир моро ба кӯчаҳои сарсонии дигар бурданаш эҳтимоли зиёд дорад.
Ин ҳолат дар фазои мафкураи миллии мо танҳо таҳдиди ҷиддӣ ба рушди дурусти табиати давлати миллӣ ва дунявии мо нест. Вай инчунин, дар шароити ҷаҳонишавии муноқишаи мафкураҳо ва манфиатҳо воситаи муассире дар дасти бадхоҳони миллат шуда, метавонад. Дар чунин сурат ин иллат тавассути дастовардҳои илмию технологӣ ва иттилоотии рақамӣ зарбаи муайян ба рушди мафкураи мардум ва тараққии илму техника хоҳад зад. Ин зарба аслан аз дарвозаи тамоюли тафаккур ба самти хурофот ва таассуб неру хоҳад гирифт.
Бо гузашти вақт ва ташаккули соҳибистиқлолии кишвар эҳсос мешавад, ки рӯйи харитаи сиёсии мафкураи миллат андешаҳои пароканда аз рӯйи мазмуну мундариҷаҳои мухталиф оросташуда бо ҳадафҳои гуногун то рафт мушкилиҳои фазои илмии андешаро пурра менамоянд. Дарк, ҳазм ва рафъи ин мушкилиҳо ақли собиту сайёри ҳар ватандорро то умқи сарчашмаҳои илмии назарӣ, амалӣ ва таърихӣ ҳидоят намуда, бо истифода аз ҳама донишҳои махсусотӣ, маъқулотӣ ва машҳуротӣ ҷиҳати дарёфти роҳи нисбатани озоду ороми рушди маънавӣ ва иҷтимоӣ ба андешаю фикррониҳо ҳидоят мекунад.
Мушоҳида мешавад, ки барои ҳалли ин муаммо ҳар нафаре ба ҳар мадраке ва ҳар далоили мақбуле аз самти омӯхтаю шунидааш такя мекунад. Ин лаҳзаҳо ба мо рӯҳияи илмӣ, тарбияи некӯкирдории ахлоқию эътиқодӣ ва ворастагӣ аз маҳдудиятҳою озодандешии андешаи гузаштагони номдори миллат кӯмак ва илҳом мебахшад, то ки чизе гӯем ва нисбати тақдири ояндаи фарзандонамон бетараф набошем.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аҷдодони равшанфикри мо дар шароитҳои вазнини иҷтимоию иқтисодӣ ва давраҳои маҳрумӣ аз истиқлоли сиёсӣ, истиқлоли фикрӣ ва маънавӣ дошта, то дараҷае озодфикр будаанд, ки дар кашфи ҳақиқат, адолат ва озодию хушбахтӣ онҳоро ҳеҷ монеае на таассуб, на хурофот ва на ҷаҳолати ҷоҳилон сад шуда наметавонист. Онҳо девори фӯлодини хурофот, ки динро воситаи маҳдуди хирад ва тафаккур медонистанд ва дар даст қудратҳои зиёди маҷбуркунӣ, тимсоли девони мӯҳтасиб, соҳиббарид, қозӣ ва ғайраро доштанд, ба онҳо монеа шуда натавонистанд. Аммо мо дар шароити давлати демократӣ, ки бо саъю кӯшиши Пешвои миллатамон либоси маънавии миллиро ҳадафи худ қарор дода, дар шароити озодиҳои эътиқодӣ эҳтироми ҳама дину адёнро дар доираи талаботи қонуни давлати дунявӣ ба мароми зиндагиамон табдил додаанд, ҳанӯз ба шаклпарастию хурофот бештар майл намуда, ҷойи илму дониш, некию накӯкорӣ ва эҳтирому қадрдонӣ аз ҳамдигар афзалият ба урфу одатҳои холӣ аз маърифату ҳикмати зиндагӣ додаем.
Пиндору гуфтор ва рафтори ҳам бо ном зиёиёну донишмандони соҳибсуханро ва ҳам донандагони улуми диниро, ки рисолати тарғиби ахлоқи ҳамидаи созанда ва ҳам таҳиякунандаи барномаи фаннии мафкураи миллиро бар дӯш доранд дар зиндагию саҳифаҳои иттилоти рақамӣ мебинӣ, ба ҳолате меафтӣ, ки қабл аз мо Умари Хайём афтида буд, вале дар муқоиса бо мо ӯ гуфта тавониста буд:
Ман ғам ба шароби якманӣ хоҳам кард,
Худро ба ду ҷоми май ғанӣ хоҳам кард.
Аввал се талоқи ақлу дин хоҳам дод,
Пас духтари разро ба зани хоҳам кард.
Ин ҷо роҳи озодфикрӣ дар кашфи ҳақиқат ва шикасти маҳдудаи фикрии тангназарону мутаассибон, аз ҷониби Умари Хайём инъикос ёфтааст. Вай дар шароити афзоиши неруҳои таассубовару хурофотпараст мӯътақид шуд, ки воситаҳои маъмули донишандӯзӣ чун хирад ва эътиқод ба ӯ дар ҳолатҳои зарурӣ кӯмак нанамуданд. Аз ин рӯ, ӯ аз лаззати мадҳушкунандаи шароб рамзӣ илҳом гирифта, ба ирода ва боварӣ такя менамояд. Ӯ дар баробари ақл ва эътиқод ирода ва бовариро чун воситаи шикасти хурофот ва дастрасӣ ба ҳақиқат ва фаҳми зиндагӣ собит менамояд[1]. Ӯ ин фикр ва ин маъниро дар шароите матраҳ менамояд, ки мо тоҷикон на танҳо давлати миллии соҳибистиқлол надоштем, инчунин озодиҳо ва ҳимоятҳои қонуни давлати дунявиро соҳиб набудем. Бардошт ин аст, ки зиёии имрӯз дар масъалаҳои муқовимат бо таассубу хурофот заифтар аз ниёгони равшанфикри худ аст.
Ҳолати воқеии сатҳи мафкураи миллӣ ва тарзи ташаккули ноҳамвори онро назар намуда, месазад илова намуд, то он даме, ки меросбарони Хайём ба ислом танҳо ба хотири он рӯ оварда тоат мекунанд, ки ба дӯзах наафтанд, рӯза мегиранд, ки гуноҳони худро шӯянд ва зиндагӣ мекунанд, ки ба биҳишти тайёр ворид шаванд, ба гумон аст, ки маънӣ ва гуфтаи чунин бузургонро амиқ дарк намоянд. Албатта, орзӯ ва умеди биҳишт мақсад ва ҳадафи ҳар мусулмон аст, мо онро эътироф мекунем ва нақши тарбиявии онро қадр месозем. Вале ин мақсад набояд инсони созандаро аз дигар воситаю ангезаҳои бунёдӣ ва ҳуввиятсозе, ки расидан ба ин роҳро сабук ва дастраси доимӣ мегардонад дур намуда, ҳама арзишҳои дигарро аз мадди назар дур монад. Чунки ин рафтор, ҳамон усули маҳкумшудаи илмие аст, ки «ба хотири мақсад воситаҳои бунёдиро қурбон менамояд». Ин ба назари мо, танҳо як тарафи иллатмандии воқеияти мафкуравии замони муосир аст.
Ин ҳолат танҳо чаправии усулӣ ва илмӣ набуда, имкон дорад ба омили зоиши таассубу хурофот ҷиддӣ хизмат намояд. Он тавре, ки дар пешманзари зиёд аз рафторҳои тундравона ва хурофотпарастонаи тарғибгарони динӣ дар сомонаҳои интернетӣ эҳсос мегардад.
Иттиҳоди сиёсӣ ва миллӣ дар сурате метавонад созандаю ободкори зиндагии хеш бошад, ки агар дар кори ташкили зиндагӣ ва боварҳои бунёдиаш аз тақлиди кӯркурона ва тоати хушку холии хориҷ аз маънавиёту ҳикмати зиндагӣ худро дифоъ намояд. Аъзои ҷомеаи рушдкунанда ва холӣ аз хурофот тоату ибодати инсониро василаи ягона ва худ ба худи расидан ба биҳишти ҷовидонӣ, берун аз ҳикматҳои созандагии инсони солеҳ наҳисобида, арзишҳо ва воситаҳои саодатмандии бо ҳам тавъами ҳарду дунёро лағв нанамуда, рӯзаро на аз барои шустани гуноҳ, балки барои худдорӣ аз гуноҳ ва намозро на барои хаму рост шудан, балки бо қалби поку виҷдони тозаю амалҳои шоиста дар мулоқоти Офаридгори бузург қарор доштан, поянда медорад. Ҳамроҳ бо иҷрои аркони диниаш ҳамчун воситаи тарбияи маънавӣ ӯ худ ва ҷомеаашро аз лиҳози маънавӣ тарбия мекунад. Ба қавли Мавлонои Балхӣ:
Эй, ки масҷид меравӣ баҳри суҷуд,
Сар биҷунбад дил наҷунбад ин чи суд!?
Бузургони мо чун Абулҳасани Харақонию Аҳмади Ҷомӣ, Аттори Нишопурию Мавлонои Румӣ, Носири Қубодиёнию Низомии Ганҷавӣ, Аблдураҳмони Ҷомию Мирзо Абдулқодири Бедил ва дигарон бо хирад, бо дониш, бо амалҳои неку созанда, бо эътиқод ва ҳатто иродаю боварӣ мусаллаҳ шуда, дар уқёнуси андеша ба ҷустуҷӯи ҳақиқат баромада, таассубу хурофотро илман шикаста, саодати дорайнро дар сатҳи олами ботинӣ ва хориҷиашон пайдо кардаанд. Роҳи онҳо созандагӣ, эҷодкорӣ ва роҳи инқилобҳои илмӣ буд. Пири Ҳирот (Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ) вақте дар танқиди зоҳидон ибодатро ба хотири биҳишт шартномаи хариду фурӯш хонд, ки вазну эътибори хилофат ҷаҳонгир буд:
Моро ту биҳишт агар ба тоат бахшӣ,
Ин байъ бувад лутфу атои Ту куҷост.
Бузургони мо Худованди муттаолро бо сифатҳои офаринандагию халлоқият, ҳалимию каримӣ, созандагию бунёдкорӣ, раҳмату мағфират, илму қудрат ва адлу меҳрварзӣ шинохта ва тарғиб кардаанд. Худ ва дигаронро ҷиҳати садоқат доштан ба ин хислату сифатҳо тарғиб карда, садди роҳи ҷаҳолат ва таассубро гирифтаанд.
Шукри истиқлол, ки дар кишвари демократию дунявии мо озодиҳои динӣ ҳукмфармост. Боиси хурсандист, ки дар рӯзҳои ҷумъа масҷидҳои ҷомеи кишвари мо пур аз намозгузор аст. Ҳама ба намоз мераванд… савдогар, хизматчии давлатӣ, устоду донишҷӯ, ҳама… Ин, албатта, намои озодиҳои эътиқодии кишвари мост.
Аммо боиси таассуф аст, на ҳам онҳое, ки барои адои намоз ба масҷид мераванд рисолати асли намози дастаҷамъӣ ва ҳикмати рафтан ба масҷидро, ки дар мулоқот бо Офаридгор қарор мегиранд дуруст ҳазму дарк кардаанд. Зеро дар байни онҳое ки такрор ба такрор ба масҷид мераванд кам нестанд онҳое, ки амалҳои ношоистаро пайваста содир мекунанд…
Маъзарат мехоҳем, албатта, рафтанашон ба масҷид боиси таассуф нест, балки пас аз масҷид омадан боз ба ҳамон амалҳои зишт даст заданашон боиси афсӯс мегардад. Қисме аз онҳо рӯзе даҳҳо нафар мардуми бечораро фиреб мекунанду, дурӯғ мегӯянду чандин нафарро беинсофона саргардон, иддаашон ҳаққи мардум мехӯранд, бо ҳамсояашон дар кинаю адоват қарор доранд, бо бародару хоҳарашон тайи солҳо қаҳрӣ ҳастанд, ба масҷид мераванд. Баъди намоз боз ҳамон кори хешро идома медиҳанд. Мушкил аст, фаҳм намуд, ки масҷид - макони муқаддас Хонаи Худо барои тарбия, тоат ва ташаккули инсони парҳезгор, итоат ба амр, оромии рӯҳ аст ё макони ибодати мардуми мухалиф ва ё мавзеи бахшиши гуноҳи ҷинояткору ҳаннотон, аниқтараш ретседивистони ахлоқӣ - онҳое, ки гуноҳ мекунанду пас аз муддате боз такрори гуноҳ менамоянд.
Чаро касе, ки масҷид меравад, тарки амали номатлуб намекунад? Чаро аз сухани бад, дурӯғ забонашро боз намедорад? Чаро бонги азон дар гӯшаю канори шаҳр мардумро ба намоз ва масҷид мебараду бонги Худованд онҳоро аз амали зишт, номатлуб, қаллобӣ, дурӯғгӯӣ бознамедоштааст? Магар рисолати масҷид рафтан худнамоӣ, худмуаррифӣ ва ё парастидани он аст, ки иддае мераванду ислоҳ намешаванд. Мавлоно Балхӣ чи хуб гуфта буд, ки мо ҳоло гуфта наметавонем:
Ҷоҳилон таъзими Масҷид мекунанд,
Дар ҷафои аҳли дил ҷид мекунанд.
Он маҷоз аст ин ҳақиқат эй харон,
Нест масҷид, ҷуз даруни сарварон!
Масҷиде, к-он дар даруни авлиёст,
Саҷдагоҳи ҷумла аст, он ҷо Худост.
Каъбаи мардон на з-обу гил аст,
Толиби дил шав, ки Байтуллаҳ дил аст.
Магар оне, ки ба масҷид мераваду боз ба амалҳои нопок даст мезанад, оне ки ҳаҷ мекунаду боз мардумфиребӣ менамояд ва оне ки қурбонӣ мекунаду боз моли мардум мехӯрад, онҳо ҳама дар роҳи дурустанд? Алабатта, набояд, ки чунин бошад. Зеро мақсади ислом ва ҳикмтаи дини мо ин нест. Намозу закоту ҳаҷ худ барои худ ба худ не ва аз барои Худо низ нест, ин ҳама барои тарбияи инсони солеҳ аст.
Аз Абуҳурайра разия-л-Лоҳу анҳу, ривоят аст, ки Пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, гуфт: «Ман танҳо (таваҷчуҳ шавад, ба истилоҳи “танҳо”) барои такмил ва ба камол расонидани ахлоқи некӯ фиристода шудам».[2] Бале, барои комил гардониани ахлоқӣ башар, барои ёд додани намозу ҳаҷҷу рӯзаю закот не, чунки онҳо қаблан ҳам дар шаклҳои гуногун буданд ва гузашта аз ин онҳо воситаҳои тарбияи муъмин ва рукнҳои бинои исломӣ буданд. Рисолати паёмбари ислом, тавре ҳадис ишора мекунад, ин комил гардонидани ахлоқи башар, ахлоқе, ки ҳазорсолаҳо иллат дошт, муқаррар шудааст. Ахлоқе, ки онро китобҳои муқаддаси паёмбарони қаблӣ, шоҳасарҳое чун “Ахлоқи” Арасту, ки ба фарзандаш Никомах навишта буд, қонунномаҳое чун Хамураббии бобулию ва Мануи ҳиндӣ, дастурамалҳои “Хвешкори редагон”-у “Шояст нашояст”, ки барои тарбияи фарзандони башар таҳия карда буданд, натавонистанд, ки ба нуктаи баланду зарурӣ ба таври шоиста дар сатҳи тафаккури мардум қолабрезӣ намоянд.
Маҳз ба ҳамин хотир, паёмбари ислом гуфтанд, ки бо рисолати “тамом намудани кори ахлоқи солеҳ, яъне такмили комил додани тарбия ва таълими инсони солеҳ омадаам.” Пас мақсад аз рисолат ин тарбияи инсони солеҳ аст. Намозу рӯзаву ҳаҷу закот мақсад не, балки воситаҳое ҳастанд, ки тавассути онҳо инсони солеҳ тарбият меёбад ва ба мақсади арзандаю шоистаи илоҳӣ мерасад. Ин ҷо мутаасибону хурофтпарастон аз дигар нуктаи чаправии илмӣ “ба хотири усул (восита) шуда, мақсадро инкор менамоянд”. Ин ҳам роҳи хато буда, тарафи дигари воқеияти лағзиши мафкураи миллию динии моро ба сатҳи тассубу хурофот неру мебахшад.
Ҳар ду усул дар кори дарёфти саодати зиндагӣ ҳам “қурбонкунанандагони воситаҳо ба хотири ҳимояи мақсад”ва ҳам “қурбонкунандагони мақсад ба хотири воситаҳо” аз чаправони илмиеанд, дар сатҳи ақида ва шариат ба Осиёби хурофот, тундравӣ, ифрот ва таассуб об мерезанд.
Роҳи асосӣ ин муносибати илмӣ, таҳлилӣ ва тавозундори таносуби мавзуни илмии байни мақсаду воситаҳо мутобиқ ба мақсаду ҳадафҳои давлати миллӣ, арзишу ҳикматҳои бовару эътиқод ва мувофиқ ба талаботи қонунҳои давлати демократӣ ва дунявии Тоҷикистон аст. Чунин усули таҳлил ва шинохти ҳақиқати мафкуравӣ умумияти мақсадҳои неки давлату миллату эътиқоди халқро дар паҳнои саодати миллат равшан ва сазовори ҳимоя аз хурофоту тассуб рӯнамоӣ мекунад. Аз ҳама муҳимаш зиёии ватанро ба хотири ҳимояи арзишҳои бунёдии инсонсозию ватандориаш бо эътиқоди поку тинати неку ниятҳои шоиста илҳом мебахшад.
Холиқзода А.Ғ. – директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими пешбари илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Бобоҷонзода И.Ҳ. – мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.