18 - уми август зодрӯзи аллома Абуалӣ ибни СИНО
Ҳакими бузурги Машриқзамин Абуалӣ ибни Сино пас аз сари худ осори бузурги илмӣ дар самтҳои мухталиф ба мерос мондааст, ки то ба имрӯз кулли олимони ҷаҳонро бо пешгӯйиҳо ва инчунин роҳҳои нодири табобаташ ба ҳайрат гузоштааст. Зеро осори мондагори ин шахсияти нодир ва пизишки барҷаста дар сатҳи ҷаҳонист, ки фарҳанги дунявиро бо мавҷудияти худ бою ғанӣ гардонидаанд. Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки осори бузурги илмиаш фарогири нодиртарин паҳлӯи таҳқиқҳои илмӣ аст.
Зимнан бояд қайд кард, ки Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино дар рустои Афшана, ки дар шаҳри маркази илму маърифати дар Бухорои шариф ҷойгир буд, таваллуд шудааст. Мавсуф забони арабиро, ки дар он замон чун забони расмию коргузорӣ ва инчунин василаи робитаи илмиву динӣ маҳсуб мешуд, ба таври пурра аз худ карда, ҳамзамон ин алломаи замон дар синни 10-солагӣ Қуръони шарифро ба пуррагӣ аз худ намуд.
Лозим ба зикр аст, ки дар синни 16 - 17 солагиаш Абуалӣ ибни Синои бузург ва ҷавони ояндадор аллакай чун табиби ҳозиқ шинохта шуда буд ва бисёре аз табибони машҳур аз ӯ маслиҳату машварат мепурсиданд. Баъдан ӯ ба дарбори шоҳ даъват гардида, пас аз муолиҷа намудани шоҳ, бо хоҳиши худ иҷозаи такмили донишу инчунин дастрасӣ ба бузургтарин китобхонаи дарборро пайдо намуд.
Чунки дар ин хусус баъдан худи Абуалӣ ибни Сино дар ҳолномааш аз он ҷумла чунин навишта буд: «Ман дар ин китобхона китобҳое пайдо намудам, ки дигар дар тамоми умр ҳаргиз надидаму нахондам.
Бо мутолиаи онҳо ҷою мартабаи ҳар як олим дар риштаи худ бароям басо равшан шуд. Дар пешорӯйи ман ба фикрам дари донишҳое боз шуд, ки ҳаргиз интизорашро надоштам...».
Дар он замон бисёре аз шоҳигариҳои давр азму талош мекарданд, ки ин табиб ва олими муъҷизакорро ба дарбори хеш даъват намуда, бо ҳар васила пеши худ нигоҳ доранд ва аз илми дониши ӯ истифода баранд. Бино ба нигоштаи Абуубайди Ҷузҷонӣ яке аз шогирдони вафодор ва зиндагиноманависи ин нобиғаи давр, аксари осор ва мероси хаттии ӯ бинобар сабабҳои иқоматаш дар ҷаҳон пароканда шудаанд. Аз ҷумла, осори ӯ аз ҷумлаи “Китобулинсоф», ки пурра аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Алҳосил вал маҳсул» дар 20 ҷилд, «Китобушшифо» дар 18 ҷилд, «Лисонулараб» дар 10 ҷилд, «Алқонун» дар 5 китоб, «Наҷот» дар 3 ҷилд эҷод шудаанд. Дар «Ал-Шифо» бошад зимнан маводи зиёду нодире оид ба илмҳои ботаника, геология, табиатшиносӣ, нуҷум ва риёзӣ (математика) фароҳам оварда шудаанд.
Тибқи гуфтаи ноқилон осори илмии ӯ ончунон шуҳрати зиёд худро ёфта буданд, ки аллакай дар асри XII тарҷумаи онҳо ба забони лотинӣ шуруъ гардида буданд. Тарҷумаи лотинии асари энcиклопедии Абуалӣ ибни Сино бо номи «Қонуни тиб», ки дар замони худ беҳтарин осори илмӣ дар риштаи тиб шинохта шуда буд, давоми 8 аср ҳамчун китоби роҳнамо барои табибон ва муҳимтарин маълумот барои пизишкони тамоми Аврупо хидмати мондагори худро ба иҷро мерасонад.
Лозим ба тазаккур аст, ки баробари ихтирои чопи китоб дар асри XV панҷ ҷилди асари мазкур таъҷилан нашр гардида, баъдан беш аз 30 маротибаи дигар бознашр гардидааст. Аз 450 асари таълифнамудаи Абуалӣ ибни Сино наздики 240 тоаш то имрӯз маҳфуз мондаанд.
Барои далел, китоби фалсафии «Таҳқиқи қувваи равонӣ»-ро Ибни Сино дар синни 17-солагаш таълиф намуда, китоби «Ал-маҷмуъ»-ро, ки маҷмуи андешаҳои балоғату фасоҳат, шеър ва дигар илмҳоро дар бар мегирад, дар синни 21- солагиаш эҷод кардааст.
Соли 1005 Абуалӣ ибни Сино ба Хоразм кӯчид, ки сипас дар он ҷо бо риёзидон ва нуҷумшиноси маъруф Ал-Берунӣ ва дигар аз олимони давр аз наздик ошно мешавад. Дар ҳамин ҷо ӯ узви маҳфили фарҳангии машҳур ба исми Маъмуна мегардад, ки баъдан барои шиносоӣ пайдо намуданаш бо дигар олимони давр ҳамаҷониба мусоидат намуд. Пас аз 7 сол ӯ ба Ҷурҷон, сипас ба Хуросону Эрон сафар намуд. Таълифи китоби бисёрҷилдаи «Қонун», ки пурра ба илми тиб бахшида шудааст, дар шаҳри Ҷурҷон сарчашма мегирад. Дар шаҳри Ҳамадон Ибни Сино ба ҳайси вазир интихоб шуд, аммо бо туҳмате чанд сол зиндонӣ гардид. Ҳамзамон дар ин ҷо низ ӯ чанд китоби худро таълиф мекунад.
Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдулло ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино дар Ғарб бо исми Авитсенна маъруф аст. Ин мафҳум маънои донишманди бузург ва фарҳангнигор, табиб ва файласуф, олим ва мутафаккир, шоир ва адабиётшиносро, ки дар ҳама риштаҳо муваффақ будааст, дар бар мегирад. Бо исми Авитсенна пешравиҳо дар соҳаи фармакология ё худ дорушиносӣ, ташхису ҷарроҳӣ ва равоншиносӣ иртибот мегирад. Ақидаҳои зиёди ӯ то имрӯз барои рушди бахшҳои илми химия, табиатшиносӣ, ботаникаву геология, математикаву астрономия ва дигар илмҳои ҳамаҷониба мусоидат намуда истодаанд, ки боиси ифтихор аст.
Ҳамзамон бархе аз навиштаву назароти ӯ оид ба илми мантиқ, мусиқӣ, сохтори Замин, табиатшиносӣ ва иктишофи маъданӣ бо забони лотинӣ нашр гардидаанд. Осори пажӯҳишии Авиценна то кунун арзиши илмии худро гум накардаанд.
Сипас, соли 1024 Абуалӣ Ибни Сино ба шаҳри Исфаҳон омада, он ҷо муқимӣ мешавад. Бино ба гуфтаю гузоришҳои таърихӣ, ҳокими давр Алоуддин тамоми васоили заруриро барои эҷоди корҳои илмӣ муҳайё менамояд. Аммо Абуалӣ ибни Сино солҳои охири умрашро дар шаҳри бостонии Ҳамадон мегузаронад ва рӯзи 24 –уми июни соли 1037 дар ҳамин макон аз олам даргузашт. Ҳоло мақбараи Абуалӣ ибни Сино дар шаҳри Ҳамадон воқеъ буда, дорои бурҷ бо дувоздаҳ кунгура, ки нишони бархурдории ӯ аз дувоздаҳ илм аст, гузошта шудааст.
РАҲИМЗОДА А.О. - директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
КАРИМОВ О.Х. –муовини директор оид ба илм ва таълими Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон