Ваҳдати миллии мо 27 июни соли 1997 — пас аз 8 давраи гуфушунид (дар солҳои 1994 то 1997) миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин, дар шаҳри Маскав, «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид намудаанд: “Созишномаи сулҳбарои сарзамини аҷдодии мо субботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер бз интизор буданд.” Маҳз бо шарофати ҳамин ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сартосарӣ ва хиради азалии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро тавонистем пешгирӣ намоем.
Заминаи асосии Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ин хиради азалии мардуми худи мардуми худогоҳи ватанпарвар ва саъю талошҳои Пешвои миллат буд, ки моро ба ин рӯзҳои фараҳу хушу хуррам расонд. Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас аст. Ҳар як тоҷики ватанпарвар, бояд ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад. Таърих ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷикро дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд, бонангу номус, бохираду адолатхоҳ, бунёдкору заҳматкаш дорои хиради азалӣ доштан эҳтирому эътироф менамоянд.
Дар воқеъ Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, ки имрӯзҳо мардуми озоди кишвар меҳнати софдилонаи худро давом дода, ҳаёти хушбахтона гузаронида истодаанд. Аз ҷумла ҷавонони имрӯза насли хушбахтарини ҷаҳонанд, ки дар замони сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ менамоянд ва аз ин иқболи баланди худ меболанд. Бигзор ба бахти мардуми тоҷику тоҷикистонӣ сулҳ пойдор бошаду осмон ҳамеша софу беғубор бимонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромаҳояшон чунин гуфтаанд: “Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд”.
Узви вобастаи АМИТ, д.и.б., профессор Саидалӣ Гулов