Skip to main content

АСОСӢ

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Агар дар давраҳои аввали ташаккули ҷамъиятҳо рӯ овардан ба илму ҳикмат натиҷаи ҳисси куҷковӣ ва кӯшиши дарки олами атроф бошад, имрӯз, дар асри XXI аз маорифу иқтисодиёту тандурустӣ то амнияти миллӣ, яъне тамоми паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоӣ бо илму техника ва пешрафти он сахт вобастагӣ дорад. Дар ҳамин замина, дар муҳити иттилоотӣ ҳар сари вақт бо мафҳуми “STEM” дучор меоем, ки он ихтисораи калимаҳои Science (Илмҳои табиӣ), Technology (Технология), Engineering (Муҳандисӣ) ва Mathematics (Математика) мебошад. Сиёсати STEM-омӯзиш дар давлатҳои мутараққӣ яке аз усулҳои асосии таҳсилоти муосир эътироф гардида, кафолати рушди устувори иқтисодӣ, навоварӣ ва рақобатпазирии ҷаҳониро таъмин менамояд. Дар системаи маорифи мо низ усули таълими STEM ворид гаридааст, ки ҳадафи асосӣ омӯзиши имлҳои табиатшиносӣ, технология, муҳандисӣ ва математика буда, татбиқи донишҳои гирифтаи назариявӣ дар амалия ҷиҳати рушди соҳаҳои саноат, технологияҳои иттилоотӣ, тиб ва энергетика мебошад.

Бо дарназардошти аҳамияти рӯзафзуни фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, соли 2020 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 ба тавсиб расид. Инак, аз оғози татбиқи ин ташаббуси муҳим панҷ сол сипарӣ шуда, дар ин давра як қатор чорабиниҳо ва иқдомоти муҳими илмӣ, таълимӣ ва ташкилӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, бо мақсади татбиқи босамари он “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021–2030”, “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021–2025”, “Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм барои солҳои 2021–2023”, “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030”, инчунин як қатор барномаҳои соҳавии дигар таҳия гардида, амалӣ шуда истодаанд. Дар ин радиф ҳамасола Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” гузаронида мешавад, ки ҷавононро ба таҳқиқоти илмӣ ҷалб намуда, нерӯи зеҳнии ҷомеаро таҳким мебахшад.

Барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ дар самти рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ анҷом додани як силсила чорабиниҳои муҳиму фарогир зарур мебошад. Агарчӣ дар раванди таълим ва омӯзиши хонандагон мавҷудияти китобҳои дарсӣ ва маводҳои таълимӣ дар маҷмӯъ қаноатбахш арзёбӣ гардад, вале барои таҳрику ташаккули тафаккури техникии хонандагон ва ҷалби онҳо ба фаъолияти созандаву эҷодкорона, муҳайё сохтани лабораторияҳои муҷаҳҳази фаннӣ ва таъсиси марказҳои технологӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Дар ин самт, мутаассифона, то ҳол баъзе мушкилиҳо ва камбудиҳои инфрасохторӣ ба назар мерасанд.

Ҳамагон шоҳидем, баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, махсусан номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” дар ҷалби хонандагону мутахассисони ҷавон ба соҳаҳои техникӣ ва муҳандисӣ нақши муассир дорад. Бо вуҷуди ин, барои ноил шудан ба натиҷаҳои бештару фарогир, таъсиси системавии паркҳои технологӣ дар ҳамаи ноҳияҳо, таҷҳизонидани онҳо бо лавозимоти муосир ва ба роҳ мондани фаъолияти устувори гурӯҳҳои ихтироъкорону муҳандисони ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ аз иқдомҳои зарурии стратегӣ ба ҳисоб мераванд. Амалӣ гаштани чунин чорабиниҳо самаранокии бамаротибро ба бор оварда метавонад.

Масъалаи дигари ҳалталаб дар рушди иқтисодиёти миллӣ, мутаассифаона робитаи сусти илм ва истеҳсолот аст. Дар робита ба ин масъала, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо дар суханрониҳои худ изҳори нигаронӣ намуда, ба зарурати таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот ва баланд бардоштани самаранокии илми ватанӣ таъкид намудаанд. Робитаи нокифояи марказҳои илмӣ бо истеҳсолот ва сарфи назар гаштани ниёзҳои иқтисоди миллӣ аз мушкилоти решадоре мебошад, ки ҳам самаранокии илмро коҳиш медиҳад ва ҳам ба рушди инноватсионӣ ва худтаъминии техникӣ-иҷтимоии кишвар халал мерасонад.

Дар даврони Шӯравӣ пайванди илм ва истеҳсолот дар Тоҷикистон дорои хусусиятҳои хос буд. Аксари донишҷӯён ва хатмкардагони муассисаҳои олии Тоҷикистон барои идомаи таҳсил дар аспирантура ва гузаронидани таҳқиқот ба марказҳои илмии Русия ва Украина равона мешуданд. Пас аз ҳимояи рисолаҳои илмии худ онҳо ба кишвар бармегаштанд, вале самтҳои таҳқиқотиашон на ба эҳтиёҷоти дохилии Тоҷикистон, балки ба истеҳсолоти хориҷи ҷумҳурӣ вобаста буданд.

Дар ин давра, азбаски аз дохили ҷумҳурӣ фармоишҳо намешуданд, ё аҳён-аҳён буданд, аксари марказҳои илмии Тоҷикистон бо муассисаҳои истеҳсолии Русия ва ҷумҳуриҳои дигари шӯравӣ шартномаҳои хоҷагӣ баста, тавассути таҳқиқотҳои илмӣ-амалӣ маблағҳои калон даромад мекарданд. Аммо ин таҳқиқотҳо, бо вуҷуди арзиши баланди илмӣ доштанашон, на ба эҳтиёҷоти воқеии саноат ва иқтисодиёти дохилӣ, балки ба талаботи берунии хориҷ аз ҷумҳурӣ нигаронида шуда буданд. Ин ҳолат пайомади ногувор ба бор оварда, пас аз барҳам хӯрдани низоми марказонидашудаи Шӯравӣ илми ватанӣ бо истеҳсолоти дохилӣ пайваста нагашту ба рушди иқтисоди миллӣ саҳмгузор нашуд.

Таҳлилҳои омории Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия нишон медиҳанд, ки дар самти илмҳои табиатшиносӣ синни миёнаи унвонҷӯён ҳангоми ҳимояи рисолаҳои номзадӣ 33 ва докторӣ 51 мебошад. Аз рӯи ҳамаи самтҳои илмӣ бошад, синни миёнаи унвонҷӯён мавриди ҳимояи рисолаҳои номзадӣ 36 ва докторӣ 49 будааст. Ин маънои онро дорад, ки барои расидан ба дараҷаи номзади илм ҳудуди 10 сол ва дараҷаи доктори илм 15 сол заҳмату омӯзиш лозим мешавад.

Муҳимтар аз ҳама, шахсе, ки дар тӯли ин давра заминаҳои илмию таҷрибавӣ ҳосил намуда, дар самти мушаххас мутахассис мегардад, қобилияти ба осонӣ тағйир додани самти таҳқиқоти худро надорад. Ин ҳолати табиии рушди илм буда, дар ҳамин замина дар муассисаҳои илмӣ ҷиҳати васеътар фарогири масъалаҳои илмӣ шудан озмоишгоҳҳои соҳавӣ дар самтҳои гуногун таъсис дода мешаванд. Ҳамин омилҳо сабаб шуданд, ки гарчанде дар ҷумҳурӣ мутахассисони касбии зиёд мавҷуд буданд, дар даврони истиқлол илми ҷумҳурӣ бо истеҳсолоти дохилӣ қариб ки пайваст нагардид.

Айни замон масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ниҳоят муҳим буда, Президенти кишвар борҳо ҳангоми мулоқоташон бо аҳли зиё даъват ба амал меоранд, ки ҳарчӣ бештар кадрҳои тахассусманд тайёр карда шаванд.

Яке аз омилҳои асосии суст шудани мактабҳои илмӣ набудани механизми самараноки интихоби шогирдони воқеан соҳибистеъдод мебошад. Таҳлилҳои сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки шахсони дорои қобилияти фавқулодаи илмӣ рӯҳияи озод ва мустақил дошта, ҷамъиятӣ нестанд. Агар ҳолномаи шахсони барҷаста ва фавқултабиатро нигарем, онҳо асосан мавқеи иҷтимоии фаъол надошта, ҳамеша хушмуомила набудаанд. Ин омил низ таъсири назарраси худро мерасонад, зеро роҳбарони илмӣ пас аз хатми донишҷӯён асосан интихобро ба шогирдоне медиҳанд, ки қобилияти илмии калон надошта бошанд ҳам, дидадарою мутеъ бошанд. Шояд ҳамин сабаб буд, ки дар давраи пандемияи Ковид-19, вақте ки баъзе устодони барҷастаи соҳаи физика аз байн рафтанд, гарчанде мактаби илмии пешрафта дошта, шогирдони зиёд бароварда буданд, шогирдонашон кори онҳоро идома дода натавониста, таҳқиқотҳо дар ин самт қатъ гардиданд. Ин як нишонаи возеҳи заъфи низоми тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва интихоби нодурусти шогирдон аст.

Ҳамин тариқ, бо дарназардошти аҳамияти стратегӣ ва дурнамои инкишофи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар, зарур аст, ки дар пояи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” тамоми камбудиҳои ҷойдошта мавриди таҳлил ва бартарафсозӣ қарор гирифта, сатҳу сифати таҳқиқоти илмии ватанӣ ба сатҳи талаботи муосир боло бурда шавад. Ҳамзамон, илм бояд бо эҳтиёҷоти воқеии иқтисоди миллӣ ва истеҳсолоти дохилӣ пайваст гардида, натиҷаҳои он рушди устувори ҷомеаро таъмин намояд.

Барои рушди устувори ҳар як давлат, дар баробари қувваи корӣ ва сармояи молиявӣ, омили муҳими стратегии дигар дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию ашёи хоми маҳаллӣ мебошад. Аз ин рӯ, сафарбар намудани нерӯи илмӣ ба самтҳои марбут ба ҷустуҷӯ, коркард ва истифодаи самарабахши канданиҳои фоиданок, сарватҳои табиӣ ва технологияҳои вобаста ба онҳо, на танҳо аҳамияти илмӣ, балки аҳамияти иқтисодиву амниятии давлатӣ дошта, ин раванд худ ба худ робитаи илм ва истеҳсолотро танзим менамояд.

Яке аз омилҳои муҳими рушди илм ва афзоиши иқтидори он мавҷудияти механизми самараноки ҳавасмандгардонию дастгирии молиявии таҳқиқотҳо мебошад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки чунин дастгирӣ асосан тавассути таъсиси фондҳои миллии грантӣ ва барномаҳои рақобатпазир сурат мегирад. Грантҳои илмӣ имконият медиҳанд, ки муҳаққиқон берун аз маҳдудиятҳои буҷавии муассисаҳои худ, лоиҳаҳои инноватсионии таҳқиқотиро роҳандозӣ намуда, натиҷаҳои амалии қаноатмандкунанда ба даст оваранд.

Албатта, олимони тоҷик дар доираи барномаҳои байналмилалӣ грантҳои илмӣ дарёфт карда, таҳқиқотҳои муҳимро амалӣ месозанд. Аммо, зиёд будани вобастагии илм аз сарчашмаҳои хориҷӣ натиҷаи таҳқиқотҳоро бештар ба манфиатҳои донорҳо равона сохта, таъсири мусбати онҳоро ба иқтисоди миллии кишвар маҳдуд месозад. Зеро аксари ин грантҳо ба масъалаҳои бунёдии табиатшиносӣ, экологӣ ё технологияҳои глобалӣ равона буда, на ҳамеша бо ниёзҳои соҳаҳои мушаххаси истеҳсолии Тоҷикистон мутобиқат доранд.

Дар ин замина, Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ, ки дар доираи дастгирии давлатии соҳаи илм таъсис ёфтааст, ҳамчун яке аз василаҳои муҳим ва самараноки миллии дастгирии таҳқиқоти илмӣ дар кишвар хидмат мекунад. Ин фонд бо мақсади рушди илм ва техникаи миллӣ, ҳалли масъалаҳои илмӣ, техникии соҳавӣ, инчунин масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таъсис дода шуда, ҳамасола даҳҳо лоиҳаҳоро дар самтҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ маблағгузорӣ менамояд.

Фаъолияти фонди мазкур барои ташаккули мактабҳои илмии ватанӣ, рушди таҳқиқоти самтноки соҳавӣ ва ҷалби олимони ҷавон ба илм мусоидат менамояд. Агар дар доираи фонд ворид намудани барномаҳои дастгирии таҳқиқотчиёни ҷавон, ташкили мактабҳои илмӣ, конференсияҳо, таъмини таҷҳизоти муосир ва ҷорӣ намудани лоиҳаҳои муштараки илмӣ бо ширкатҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳои саноатӣ амалӣ гардад, онҳо пешбурди фаъолияти фондро боз ҳам мукаммал мегардонанд.

Ҳамин тариқ, ҷиҳати амалӣ гаштани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва таъкидҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама кӯшишҳоро ба беҳдошти сифати таълим ва таҳияи механизмҳои алоқаманд намудани таҳқиқотҳои илмӣ бо истеҳсолот равона сохта, ба он ноил шудан мумкин аст, ки илми ҷумҳурӣ нерӯи асосии таҳрикдиҳандаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар гардад.

Директори Институти физикаю техникаи ба номи

С.У. Умарови АМИТ, д.и.ф.м. Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон

Муносибатҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Муғулистон дар солҳои охир таҳким ёфта, ҷанбаҳои гуногун – аз сиёсати хориҷӣ то иқтисоду фарҳангро фаро мегиранд. Гарчанде ки ин ду кишвар бо ҳам ҳамсарҳад нестанд ва дар минтақаҳои ҷуғрофии гуногун ҷойгиранд, онҳо дар асоси манфиатҳои муштарак ва эҳтироми тарафайн ҳамкории мутақобиларо рушд медиҳанд.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Муғулистон 24 апрели соли 1992 барқарор шудаанд. Ҳар ду кишвар аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва СҲШ (Муғулистон дар СҲШ ба сифати давлати нозир) ва ҳарду ҷониб дар доираи ин созмонҳо ҳамкории мутақобиларо пеш мебаранд. Муғулистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафорати муқими худро надорад, аммо сафорати он дар шаҳри Астана (Қазоқистон) масъули равобит бо Тоҷикистон низ мебошад. Тоҷикистон бошад, ҳамчунин дар Муғулистон сафорати мустақим надорад, вале тавассути намояндагиҳои дипломатӣ дар кишварҳои ҳамсоя (Қазоқистон) робитаҳоро ҳамоҳанг месозад.

Дар сатҳи сиёсӣ, Тоҷикистон ва Муғулистон сиёсати дӯстӣ ва ҳамкориро нисбат ба ҳам пеш гирифтаанд.

Сафари расмии Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга ба Душанбе моҳи сентябри соли 2019 (дар доираи Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – МҲТБО) нуқтаи муҳим дар таърихи равобит ба шумор меравад. Дар доираи ин сафар мулоқоти роҳбарони ду кишвар сурат гирифт ва имкониятҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, нақлиёт ва фарҳанг баррасӣ шуданд. Ин сафар ба муносибатҳо дуҷониба такони нав бахшид.

Мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистону Муғулистон айни замон ҳанӯз маҳдуд боқӣ мемонад. Бино ба маълумоти Кумитаи омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2023 ҳудуди 850 ҳазор доллари ИМА ташкил додааст. Аз ин миқдор, қисми асосӣ воридоти маҳсулот аз Муғулистон мебошад – махсусан маҳсулоти пӯст, чарм ва баъзе таҷҳизоти сабук.

Ҳарчанд ҳаҷми муомилоти мол маҳдуд аст, ҳар ду кишвар омодагии худро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои зерин иброз доштанд:

истихроҷи маъдан ва таҷрибаи мутақобила дар саноати кӯҳӣ;

чорводорӣ ва кишоварзӣ, ки барои ҳарду кишвар бахши муҳими иқтисодиётро ташкил медиҳад;

энергетикаи барқароршаванда, махсусан баррасии истифодаи офтоб ва шамол;

нақлиёт ва логистика, бо мақсади пайвастшавӣ тавассути кишварҳои сеюм (Қазоқистон, Чин).

Тоҷикистону Муғулистон дорои муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии қадимӣ мебошанд, ки асоси хуб барои ҳамкории илмӣ ва фарҳангӣ аст. Аз ҷумла, пажӯҳишҳои шарқшиносӣ, ва таъсири мутақобили фарҳангҳо мавзӯи таваҷҷуҳи муҳаққиқони ҳарду кишвар аст.

Бо вуҷуди он ки ҳаҷми ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Муғулистон ҳоло назаррас нест, нерӯи рушди ин муносибатҳо вуҷуд дорад. Ҳар ду кишвар метавонанд дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноат ва фарҳанг ҳамкориро густариш диҳанд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати иқтисодӣ, робитаҳои Тоҷикистону Муғулистон бояд ба сатҳи шарикии стратегӣ расонда шаванд, ки манфиатҳои ҳарду миллатро дар дарозмуддат таъмин кунад.

Муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон, ду кишвари осиёии бидуни марзи муштарак, бо вуҷуди масофаи ҷуғрофӣ, намунаи равобити дипломатии орому устувор мебошанд. Гарчанде ки тамоси иқтисодии онҳо ҳанӯз дар сатҳи ибтидоист, иқтидори ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, саноати кӯҳӣ ва таълим хеле баланд арзёбӣ мешавад.

Ҳарчанд ҳаҷми муомилоти тиҷоратии байни ду кишвар ҳоло кам аст, омори расмии Кумитаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки соли 2023 гардиши мол миёни ду кишвар 850 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки тақрибан 0.01% гардиши умумии савдои хориҷии Тоҷикистон мебошад.

Содирот аз Тоҷикистон ба Муғулистон асосан аз маҳсулоти саноати сабук ва канданиҳои фоиданок иборат аст;

Воридот аз Муғулистон бошад, бештар маҳсулоти чармӣ, таҷҳизоти майда ва баъзе маҳсулоти истеъмолии рӯзмарраро дар бар мегирад.

Бо вуҷуди ин, ҳар ду кишвар дорои захираҳои бузурги маъданӣ, имкониятҳои истихроҷи тилло, мис ва ангишт, ҳамчунин энергетикаи барқароршаванда мебошанд, ки метавонанд асоси ҳамкориҳои ояндаро ташкил диҳанд.

Дар доираи сиёсатҳои хориҷии “дарҳои кушода” ва сиёсати мутавозини ҳарду давлат, Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамеша ҷонибдори сулҳ, субот ва риояи ҳуқуқи байналмилалӣ буда, дар ин самт мавқеҳои муштарак доранд.

Дар тӯли даҳсолаи охир донишҷӯён аз Муғулистон барои таҳсил ба донишгоҳҳои Тоҷикистон, махсусан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон омадаанд. Баръакс, донишҷӯёни тоҷик низ дар Муғулистон таҳсил доранд, бахусус дар бахшҳои геология, муҳандисӣ ва агротехнология.

Мавзӯъҳои илмии муштарак, аз ҷумла:

-Пажӯҳишҳо дар бораи роҳи абрешим;

-Таъсири фарҳангии байни ду миллат.

Ҳамчунин, имкон вуҷуд дорад, ки дар оянда рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Муғулистон ва баръакс баргузор шаванд, ки ба рушди муносибот дар сатҳи мардумӣ мусоидат хоҳад кард.

Бо назардошти шароити кунунии захираҳо ҷонибҳо дар самтҳои зерин метавонанд ҳамкориҳои судмандро таҳким бахшанд:

кушодани консулгарии фахрӣ ё намояндагии тиҷоратии якдигар;

-ташкили форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Муғулистон бо ҷалби ширкатҳои хусусӣ;

-имзои созишномаҳо дар соҳаи нақлиёт, гумрук ва муҳоҷират;

-таъсиси барномаҳои мубодилаи ҷавонон ва олимон;

-соддасозии раводид барои соҳибкорон ва донишҷӯён;

-ҳамкорӣ дар чорводорӣ, махсусан бо истифодаи таҷрибаи муваффақи Муғулистон дар соҳаи нигоҳдории чорвои хурд ва истеҳсоли пашм.

Муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон ҳоло дар марҳилаи рушд қарор доранд. Бо вуҷуди монеаҳои ҷуғрофӣ ва иқтисодӣ, замина барои тавсеаи онҳо мавҷуд аст. Бо таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ ва сиёсӣ, ду кишвар метавонанд ба як шарики устувори стратегӣ дар Осиё табдил ёбанд.

Муғулистон аъзои комилҳуқуқи СҲШ нест, аммо мақоми "давлати нозир" дар назди ин созмонро дорад. Муғулистон аввалин кишварест, ки соли 2004 расман ҳамчун нозир ба СҲШ пазируфта шуд.

Аз ин рӯ, ҳамкориҳои Муғулистон бо Тоҷикистон дар доираи СҲШ ғайримустақим, вале қобили мулоҳизаанд, зеро:

-Тоҷикистон аъзои муассис ва комилҳуқуқи СҲШ аст;

-Муғулистон ба ҳайси нозир дар саммитҳо ва чорабиниҳои сатҳи олӣ ширкат мекунад;

-ҷонибҳо метавонанд дар ҳошияи ҷаласаҳои СҲШ мулоқотҳои дуҷониба анҷом диҳанд;

Дар Саммити Душанбе (2021) Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо иштироки онлайн дар ҷаласаи СҲШ ширкат кард ва хоҳиши мустаҳкам кардани равобит бо кишварҳои узвро иброз намуд.

Муғулистон борҳо пешниҳод кардааст, ки ҳамкориҳои инфрасохторӣ, энергетикӣ ва нақлиётӣ тавассути СҲШ рушд ёбанд.

Тоҷикистон дар навбати худ таъкид мекунад, ки Муғулистон барои мувозинати геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ муҳим аст.

Муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи СҲШ расмӣ нестанд, зеро Муғулистон аъзо нест, вале тавассути муколамаҳои бисёрҷониба ва ҷаласаҳои баландпоя равобити сиёсӣ ва ҳамкорӣ байни онҳо сурат мегирад. Агар Муғулистон дар оянда узви комилҳуқуқи СҲШ гардад (чӣ хеле ки баъзе таҳлилгарон тахмин мекунанд), имкониятҳои нав барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон боз хоҳанд шуд.

Сафари давлатӣ ва стратегие, ки Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсүх (Khurelsukh Ukhnaa) аз 23 то 26 июли 2025 ба Тоҷикистон анҷом медиҳад, метавонад нуқтаи ниҳоят муҳим дар рушди муносибатҳои дуҷониба бошад.

Сафари президенти Муғулистон ба Тоҷикистон, ба эҷоди муколамаи сиёсӣ дар сатҳҳои болои ҳукумати ду кишвар мусоидат мекунад.

Зубайдулло Давлатов, - ходими калони илмии шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун оғози марҳалаи нави ташаккули миллати тоҷик муҳаққиқону мутахассисони соҳаи илму фарҳангро водор менамояд, ки арзишҳову суннатҳои миллиро ҳифз намуда, дар роҳи эъмори ҷомеаи пешрафтаи дунявӣ тамоми талошу кӯшиши худро садоқатмандона сарф намоянд. Барои устувор кардани пояҳои давлати миллӣ бояд аз мероси гузашта ва имрӯзаи фарҳанги пурбору куҳани тоҷикон ончунон кор гирифт, ки андешаи ваҳдати миллӣ, муҳаббат ба Ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, ваҳдату худшиносии миллӣ дар саросари ҷомеа таъмин гардад. Ба таъбири Пешвои муаззами миллат, «ин рисолати бузурги ҳамаи афроди бедори Ватан ва қабл аз ҳама, зиёиёни кишвари азизамон мебошад. Аз ин рӯ, зиёиёни моро зарур аст, ки пайваста дар сафи пеши созандагӣ, эҳёи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши илму маърифат қарор дошта бошанд. Зиёиёни мо бояд ифтихор намоянд, ки замона ба дӯши онҳо вазифаи боифтихори ташаккул ва рушд додани афкори ҷомеаро гузоштааст» [4].

Мафҳуми «адабиёт» ба ҳама осори навишташуда гуфта мешавад – аз матнҳои адабӣ то асарҳои илмии техникию табиатшиносӣ ва улуми ҷамъиятшиносӣ. Аммо ин истилоҳ маъмулан дар робита ба асарҳои бадеии манзум ва мансур, драма, очерк ва анвои дигари мутун, ки натиҷаи тахайюли бадеӣ ва оганда аз забони ҳунариянд, ба кор бурда мешавад. Ҳар асаре, ки дар он баёноти эҳсосӣ дар бофтаҳои бадеӣ бартарӣ дорад, моли адабиёт аст. Сарчашмаи адабиёт зиндагист, аз воқеият ва ҳастӣ илҳому ғизо мегирад ва достони зиндагиро тасвир мекунад. Майдони таҷаллии адабиёт ҳаёти ҷомеа, урфу одатҳо, фарҳанг, муносибатҳои иҷтимоӣ ва ҳамаи он чиро, ки ба ҳастии инсон пайванд мехӯрад, фаро мегирад. Адабиёт ҳамчун оинаи тамомнамои воқеият ва бозтобдиҳандаи ҳодисаҳоест, ки дар дохили ҷомеа рух медиҳанд. Зуҳури ҳар асари адабӣ тасодуфӣ нест, ба замони худ пайванди мустақим дорад.

Пайваста ошӯбзадаву бурҳонӣ шудани муҳити сиёсию иҷтимоии сайёра ва бархӯрди харобиовари арзишҳои фарҳангӣ тақозо мекунанд, ки битавонем бо роҳи омӯзиши амиқи мероси адабию фарҳангии гузаштаву имрӯза ҳама гуна эҳтимолоти зиёну зарар ва хавфу хатару таҳдидҳоеро, ки боиси изтиробу нооромии ҷомеа мешаванд, ба осонӣ бартараф бикунем.

Адабиёт бо ҷомеа ҳамеша дар робитаи наздику устувор будааст. Адиб як мавҷуди иҷтимоист, ки дар ҷомеа тарбияву таълим гирифта, бузург шудааст ва дар осори ӯ воқеаҳои рӯзгор рангу бӯйи хос дорад. Пайванди адабиёт бо ҷомеа чунин маъно дорад, ки аз як сӯ, ҳаёти воқеии ҷомеа адабиётро ба вуҷуд меоварад ва аз сӯйи дигар, адабиёт ба зиндагию ҷаҳонбинии афроди ҷомеа таъсир мерасонад, зеро ҷаҳонбинии адиб ва афкори ӯ мутобиқ ба муҳит ва ҳолоти ҷомеа шакл мегирад ва дар сурати ҳунарӣ дар осори ӯ бозтоб меёбад.

Адабиёти беш аз панҷҳазорсолаи мо ҳамвора ҳамчун виҷдони бедори худшиносии миллию фарҳангии мо будааст. Дар ҷаҳонбинии тоҷикон адабиёт, бавежа шеър, ҳамеша аз густараи зебоишиносии хеш берун рафта, ҳамаи соҳаҳои зиндагиро фаро гирифтааст. Шеъри порсии тоҷикӣ дорои донишҳои фалсафӣ, асотирӣ, таърихӣ, сиёсӣ, ҳунарӣ ва ирфонист. Ҳамин пурбории адабиёти порсии тоҷикист, ки таърихи пурифтихори гузаштаи моро ба ояндагон интиқол додааст. Аз ин рӯ, адабиёт авроқе хомӯшу беҷони иборат аз каломи бадеъ нест. Ҳар саҳифаи он саршор аз шинохти хосу зебоишиносона ва донишҳоест, ки аз қалби ҳассосу чашми нозукбину андешаи латифу зарифи суханвар берун омадааст. Адабиёт инъикос-кунандаи фарозу нишебҳои иҷтимоию фарҳангии ҷомеа, бозтобкунандаи бовар ва расму оини мардумони он дар давраҳои гуногун будааст. Авзои иҷтимоии ҳар марҳалаи таърихиро дар адабиёти он давра метавон омӯхт.

Инсон ҳамвора пеши худ суол мегузошт: Зиндагӣ чӣ маъно дорад? Ман барои чӣ зода шудаам? Ишқ чист? Мақсад аз офариниши чист? Ва суолҳои бешумори дигар. Агар ба замони пайдо шудани ин гуна пурсишҳо дар таърихи башарият нигоҳе иҷмолӣ афканем, хоҳем дид, ки ниёзҳои отифию маърифатӣ, печидагию душвориҳо ва хастагиҳову хостаҳои равонии инсон онҳоро ба вуҷуд овардааст. Адибони барҷастае чун Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хисрав, Умари Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Уилям Шекспир, Виктор Ҳюго, Лев Толстой, Фёдор Достоевский, Габриэл Маркес ва даҳҳо адиби дигар заҳамоти зиёде кашиданд, то аз умқи андешаву эҳсосот ва нохудогоҳи инсон арзишҳои бунёдиеро кашф намуда, тавассути он ба бисёре аз суолоти мушкилоти муҳимми аҳли башар посух гӯянд. Адиб ва суханвар дар натиҷаи ба тасвири бадеӣ кашидани саргузашту рӯзгори инсонҳо ба гӯшаҳое аз ҷаҳони ботинии онон даст меёфт, ки ҳатто улуми инсоншиносӣ ба дарёфти он муваффақ нашудааст. Кашфиёте, ки Мавлоно дар «Маснавии маънавӣ», Саъдии Шерозӣ дар «Гулистон», У. Шекспир дар «Ҳамлет» ва «Шоҳ Лир», Ф. Достоевский дар романҳои «Бародорон Карамазовҳо», «Аблаҳ», Лев Толстой дар ««Анна Каренина», «Ҷангу сулҳ», Содиқи Ҳидоят дар «Буфи кӯр», устод Айнӣ дар «Марги судхӯр», «Одина», «Ёддоштҳо», Эрнест Ҳемингвей дар «Мӯйсафед ва баҳр» ва даҳҳо суханвари дигар заҳамоти зиёде кашиданд ганҷинаи бебаҳои маънавии аҳли башар аст. Аз ин рӯ, бо қотеият метавон гуфт, ки осори адабӣ васила ва сомонаи гаронмояву нафисест, ки дар тамоми тули таърих ба ҷамъияти башарӣ хидматҳои беназире кардааст. Бавежа дар замони муосир таҷрибаҳои андӯхтаи суханварон аз анъанаҳои адабии пешин, такомули равандҳои адабӣ, густариши зарфиятҳои забонӣ ва жарфоиши андешаи инсони муосир адабиётро ба дигаргуниҳои моҳиятӣ дучор кардааст. Хонандаи муосир, бо вуҷуди саргармиҳову сардаргумиҳои рӯзгор ҳанӯз ишқу алоқа ба адабиёт дорад, ҳамвора дасти ниёзу иштиёқ ҷониби он дароз мекунад ва ба умеди хондани осоре ҳаст, ки машъалу роҳнамои фурӯзон ва ёру ёвари некуи ӯ дар роҳи пурпечутобу камошнои замони пасомодерн бошад.

Адабиёти бадеӣ беҳтарин ва таъсирбахштарин маҷмуаест, ки метавонад таърихи пурмоҷарои миллатро бо тамоми пирӯзиҳову нокомиҳо ва ситаму озорҳое, ки дар тӯли таърихи хеш кашидааст, таҷассум карда, арзиши воқеии истиқлол ва ҳувияти миллии имрӯзаи кишварро ба тасвири бадеӣ бикашад ва ба ин васила дар қалбу андешаи ҳар фарди ин зодбуми куҳан оташи ишқу алоқаро ба бунёдитарин арзишҳои муқаддаси ватандорӣ барафрӯзад.

Дар замони муосир, махсусан, дар шароите, ки бархӯрди арзишҳои гуногуни фарҳангӣ торафт шиддат мегирад, шоиста нест, ки мо мазмуни асосии адабиётро, ки инсон аст, нодида бигирем, зеро танҳо ҷаҳони густардаву пуртазоди инсони муосир аст, ки сатҳи ҷаҳонбинии адиб ва тавоноиҳои халлоқияти ҳунарии ӯро месанҷад. Адиб чӣ гуна воқеияти имрӯзро ҳунармандона тасвир кунад, ки ба завқу дарки хонанда мувофиқ бошад? Зиндагӣ комилан дигар шудааст, сабки шеваи зистан тағйир пазируфтааст. Мантиқан ин дигаргунӣ сабку шеваи ҷадиди шоирӣ ва ҳикоят карданро бояд дигар бикунад. Оё адиби имрӯзаи тоҷик дигар шудааст ё ҳамон «Аҳмади порина» аст? То чӣ андоза нубуғи табиии суханвар, ки дар мактаби адабии пешиниёни хеш ҳунари сухангустарияш сайқал хӯрдааст, ӯро ба сӯйи навпардозию тозаҷӯӣ савқ медиҳад ва ҷасорат мебахшад, то чаҳордевори баланду мустаҳками суннатҳои адабиро бишканад ва бо диде ва сабке тоза ба ҷаҳони нави инсон ва ҷомеаи ӯ ворид гардад ва онро воқеъбинона, ҳамон гуна ки ҳаст, бозофаринӣ кунад. Дар чунин вазъият аҳли адаб наметавонад тағйиротеро, ки дар арзишҳои инсонӣ, муҳити иҷтимоӣ, робитаи рӯйдодҳо бо замону макон, таҳаввулоту дигаргуниҳо дар адабиёти ҷаҳон, ки амалан пайомад ва инъикоси муносибату вобастагии инсон ва ҷаҳон аст, нодида бигирад.

Агар ба таърихи адабиёти порсии тоҷикӣ аз ибтидо то имрӯз назари гузаро афканем, хоҳем мушоҳида кард, ки дар замони тасаллути саросарии забони арабӣ дар сарзамини мо ба эҷоди ҳамосаи беҳамто – «Шоҳнома» иқдом намудани Абулқосим Фирдавсӣ беҳикмат набудааст. Ин донишномаи тамомнамои корзори боифтихори миллат, аз як тараф, саргузашти пурифтихори тоисломии миллат, расму оину асотир, тасвири фазои иҷтимоию таърихии замон ва аз ҷониби дигар, муҳити отифию ҳассоси ҷомеа, муҳаббат ба меҳан ва забони модарӣ, худшиносии миллӣ, руҳия ва диди зебоишиносонаи онро дар замоне ба намоиш гузошт, ки ҷунбишҳои миллии мардумони Хуросони Бузург бар зидди истилогарон сартосари он марзу бумро фаро гирифта буд. Ҳар саҳифаи он саршор аз шинохти хосу зебоишиносона ва донишҳоест, ки аз қалби ҳассосу чашми нозукбину андешаи латифу зарифи суханвар берун омадааст. Ин гуна маълумотро аз осори илмӣ, рисолаҳои таърихӣ ё фалсафӣ наметавон пайдо кард. Бозтоби равшани авзои иҷтимоии ҳар давраро дар адабиёти бадеии он давра метавон дарёфт.

Адиб як мавҷуди иҷтимоист, ки таҳти таъсири ҷомеа қарор мегирад ва ин таъсир дар осори ӯ ранг бӯйи хосе дорад. Пайванди адабиёт бо ҷомеа чунин маъно дорад, ки аз як тараф, ҳаёти воқеии ҷомеа адабиётро ба вуҷуд меоварад ва аз ҷониби дигар, адабиёт ба зиндагию ҷаҳонбинии афроди ҷомеа таъсир мерасонад, зеро ҷаҳонбинии адиб ва афкори ӯ мутобиқ ба муҳит ва ҳолоти ҷомеа шакл мегирад ва дар осори ӯ инъикос мешавад.

Аз ин рӯ, адабиёти бадеиро метавон бо риояи усулҳои шинохтгароии адабӣ (Literary Cognitivism) ҳамчун санади илмӣ ва таърихӣ ҳисоб кард. Тапиши қалби ҷомеа дар матни бадеӣ таҷассуми бештар меёбад. Cарфи назар аз он ки матни адабӣ дар чӣ навъу шаклу ҷинси адабие офарида шудааст, дониш, биниш ва бардошти муаллифи онро аз воқеияти рӯзгор инъикос мекунад. Дар ин навъ матн вожагон ончунон аз назари ҳунарӣ ороставу пероста ҳастанд ва дебои зебои ҳунарӣ ба бар кардаанд, ки то ҳамеша дили хонандаро мерабоянду руҳу завқашро шодию оромиш мебахшанд ва ба донишу таҷрибаҳои андӯхтааш чанд баробар меафзоянд.

Адабиёт дар тарбияи инсон, такомули шахсияти вай, шинохти ӯ аз неку бад, сайқал додани завқи зебоишиносии ӯ аҳаммияти вежа дорад. Адабиёт ба шахс имкон медиҳад, ки аз нигоҳи дигар ба ҳақиқати зиндагӣ бинигарад, аз ҷаҳони мутанаввеъи одамон огоҳ гардад, ахлоқро биомӯзад, аз таҷрибаи дигарон баҳра бигирад. Адабиёт дарвозаеро бар рӯйи инсон боз мекунад, ки бо гузаштан аз остонаи он ба ҷаҳоне комилан дигари саршор аз таҷормуби зиндагии дигаргуна ва саргузашти пурмоҷарои инсонҳо ворид шуда, шинохти ӯро аз ҳаёт бештар мекунад.

Адабиёт мактаби бузурги таълиму тарбия аст, инсонро аз падидаҳои зиште мисли хушунат, ифротгароӣ, душманӣ бо тамаддуни муосир, бегонаситезӣ, ифротгароии динӣ, инсонбадбинӣ ва дигар олудагиҳои фикрӣ бо змедорад. Тухми зиёновари нафрат ва бадбинӣ, азхудбегонагӣ ва тангназариҳои диниро, ки аз тарафи ҳар гуна ҳаракатҳои ба ном «динӣ» ва «мазҳабӣ» ба воситаи шабакаҳои ҷаҳонии таблиғотии гурӯҳҳои исломии ифротгаро дар тафаккури инсонҳо кошта мешавад, метавон аз тариқи бакоргирии дурусти мероси адабӣ дар фаъолиятҳои фарҳангӣ барчид.

Адабиёт ба монанди рӯзгори мо падидаи зиндаву доим дар таҳаввулу ташаккул аст. Аз ин рӯ, он ҳамвора сухани тоза аз рӯзгори рангини мардум мегӯяд. Чун рӯзгорони гузашта бидуни тағйироте бунёдӣ оҳиста-оҳиста ҷараён дошт, адабиёт низ дар қолабҳои суннатии хеш такомул ва ташаккул меёфт. Аммо ҷаҳони имрӯз дигар аст. Технологияҳои муосири пешрафтаи иттилоотӣ, ки қаблан касе тасаввурашро надошт, чунон рангу рӯзгорони моро дигар кардаанд, ки дар як они воҳид садҳо хабару иттилоъ, навоварию навпардозӣ вориди зиндагии ҷомеа мешаванд ва диду дарёфт, шинохту маърифати инсонро вусъате бештар мебахшанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш пайваста таъкид мекунанд, ки «дар баробари ифтихор доштан бо ин мероси пурғановат ба ҳар яки мо зарур аст, ки онро амиқ омӯзем, ҳамаҷониба таҳқиқ кунем ва барои тарбияи ахлоқию фарҳангии наврасону ҷавонон васеъ истифода намоем. Зеро омӯзишу таҳқиқ ва тарғиби эҷодиёти ниёгони некноми мо беҳтарин восита ва пули пайвандкунандаи гузашта бо имрӯз мебошад. Ба имрӯзиён фаҳмонидани моҳияти аслӣ ва арзиши офаридаҳои ҷовидонии гузашта роҳи бисёр муассири ба камол расонидани насли ояндаи бедору ҳушманд ва худшиносу худогоҳ ба ҳисоб меравад» [6].

Ҳақиқатан, варақ андар варақи осори адабии гузашта ва имрӯзаи мо афкори муфиду судбахше роҷеъ ба ҷанбаҳои фалсафӣ, фарҳангӣ, равонӣ ва иҷтимоии худшиносии миллӣ ва муҳаббат ба Ватан пайваста таъкид шудааст. Метавон гуфт, ки адабиёти порсии тоҷикӣ аз оғози пайдоиш то имрӯз ҳамвора дар тавлид, парвариш ва тақвият бахшидан ба худшиносии миллӣ хидмат кардааст. Аз ин рӯ, адабиётро метавон ҳамчун воситаи асосии таблиғи арзишҳои асили инсонӣ ва абзори муассире барои эҳёи ҳувияти миллӣ истифода бурд, зеро дар он расму ойинҳо, боварҳо, ақидаҳои фалсафию динӣ, андеша ва ғояҳои миллат инъикос ёфтаанд. Омилҳои ташкилкунандаи ҳувияти миллӣ беш аз манобеи дигар дар осори адабӣ инъикос ёфтаанд. Истифодаи чунин мазомин метавонад нақши бузургу таъсирбахшандае дар бедор кардан ва тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ иҷро намояд. Ин бахши муҳимму пурбори фарҳанг макони тавлиди андешаҳои бузургу сутурги суханваронест, ки бо мантиқи қавии баён ва сеҳрофаринию дилнишинии каломи хеш падидаҳои иҷтимоию сиёсии миллатро дар анвоъу қолабҳои гуногуни адабӣ арза доштаанд. Ин шоҳкорҳои ҷаҳонии арзишманд, ки дар жанрҳои ғиноӣ, таълимӣ ва ҳамосӣ офарида шудаанд, дорои матолиб ва мадорики муҳимми ҳувиятсозе мебошанд. Агар дар жанрҳои ғиноӣ ҳувияти «ман»-и фардӣ бозтоб ёбад, дар осори таълимӣ шинохт ва бозсозии ҳувияти иҷтимоии шахс сурат мегирад ва дар осори ҳамосӣ, ки таърихи пурмоҷарои муборизаҳову қаҳрамониҳои миллиро фаро мегирад, муҳаббат ба хоку буми ватан, эҷоди ҳувияти миллию фарҳангӣ инъикос ёфтааст. Ба ин маънӣ «Шоҳнома»-и Фирдавсиро метавон дастур ва роҳнамои асосӣ барои таҳкими андешаи миллӣ ва густариши афкори фарҳангию иҷтимоӣ ва фалсафию таърихи миллат шумурд.

Бо вуҷуди он ки дар тӯли таърих минтақаҳои мухталифи сарзамини паҳновари мо бо номи Варазрӯдон пайваста таҳти ҳукуматҳои бегона буда, мардумони он равобити хубе бо ҳам надоштанд, ҳамбастагӣ ва ягонагии миллии хешро ба воситаи забони ягонаи тоҷикӣ ва адабиёту фарҳанги ягона ҳифз намуданд. «Ба ин маънӣ, забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст» [3]. Танҳо мероси адабӣ ба забони ягона буд, ки сарфи назар аз мансубияти он ба ҳукуматҳои алоҳида, ҳамчун арзишмандтарин мероси адабию миллӣ аз ҷониби тамоми халқияту миллатҳои қаламрави забони порсии тоҷикӣ пазируфта мешуд. Ҳар падида ва навоварие, ки дар заминаи шеъру адаб рух медод, фавран дастраси тамоми қалаврави фарҳанги порсии тоҷикӣ мешуд, ки далели боэътимоду раднопазири ягонагӣ ва ҳувияти миллии халқи тоҷик буд. Бар ин мабнӣ адабиёти форсии тоҷикӣ комилтарин ва дақиқтарин манбаест, ки ҳувияти миллии моро дар худ хеле равшану возеҳ инъикос кардааст. Дар маҷмӯъ, метавон изҳор дошт, ки афкори баландпояву инсондӯстонаи суханварону андешамандони гузашта, ки дар жанрҳои манзуму мансур сабт гардидааст, дар бозшинохти ҳувияти милии мо нақши боризе дорад. Ҳамон тавр, ки С. Ятимов дар мақолаи пурбори хеш таъкид меварзад: «Моҳияти ҳақиқии адабиёт ва фарҳанги асил тараннум ва ҳимояи манфиатҳои миллат аст. Адабиёти тоҷик – дар тӯли асрҳо комилан адабиёти майдони мубориза буд. Ҳатто дар асарҳои лирикии он оҳанги иҷтимоии озодандешӣ, хирадпазирӣ, ақлсолорӣ, хурофотситезӣ, мазаммати шадиди тавбафармоёни дурӯяи хилватамал бо қотеият садо медод. Хусусияти озодманишии ин адабиёт тавонист принсипи миллии тоҷикиятро дар ниҳоди мардум ҷой кунад, ба воя расонад, ҳифз намояд. Муносибати аслии мардумиро ба тарзи ҷаҳонбиние, ки нафаси андешаро дар қафас ҳам гулӯгир мекунад, муайян кард. Дар гаҳвора нигоҳ доштани девонҳои Ҳофиз, Бедил, »Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Румӣ ҳамчун китобҳои муқаддас – умеди нигаҳдорӣ ва тарбияи ҷигарбанди одамӣ, бо тарзи тафаккури озодагӣ, маърифатпарварӣ ва адолатхоҳӣ аз анъанаҳои воқеии иҷтимоии ин адабиёт буд» [7, 23].

Дар байни ин аҷноси адабӣ ҳамоса ҷойгоҳи хосе дорад. Ҳамоса сурудаест, ки дар худ рӯҳ ва андеша, орзу ву ормонҳои миллии халқро инъикос мекунад. Дар ин гуна осор таърихи куҳани қаҳрамониҳову фидокориҳои миллат барои марзу буми хеш ҷомаи бадеӣ ба бар карда, падидаҳои ахлоқии низоми иҷтимоӣ, ҳаёти сиёсӣ ва дидгоҳҳои фалсафию эътиқодии гузаштагонро инъикос кардааст. Аз ин рӯ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ – ҳамосаи миллии моро чун беҳтарин дастур барои тарбияи ҳувияти миллии ҷомеа метавон истифода кард. Ба гуфтаи Исломии Надӯшан: «Агар «Шоҳнома» намебуд, як диди ҷаҳоншумул нисбат ба зиндагӣ, ки фориғ бошад аз ифтироқҳои қавмию забонию оинӣ, дар тафаккури эронӣ роҳ намеёфт, ки инсоният инсонро ба доду диҳиш бишиносад ва бигӯяд: «Ту доду диҳиш кун, Фаридун туӣ» ва он гоҳ ба Мавлавӣ бирасад, ки бигӯяд: «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст» ва сипас ба Саъдӣ, ки ёдоварӣ кунад: «Банӣ одам аъзои якдигаранд»… вақте Ҳофиз гӯяд: «Мабош дар паи озору ҳар чӣ хоҳӣ, кун // Ки дар тариқати мо ғайр аз ин гуноҳе нест» ва бад-ин гуна қалами бутлон мекашад бар ҳамаи амру наҳйҳо...» [2, 27-32]. Воқеан, «Шоҳнома» донишномаи таъриху фарҳанг ва адаби пурифтихори тамоми ақвоми ориёӣ буда, ҳамаи марҳалаҳои зиндагонии ориёиёнро, ки саршор аз шодию нишот, орзуву ормон, шигифтию андӯҳ, муҳаббат ба меҳану нафрат ба душман, поси некию нописандии зиштӣ ва ғайра будааст, дар достонҳову қиссаҳои худ инъикос кардааст. Ин ҳамосаи беназир бар иловаи тасвири шуҷоату далерии қаҳрамонони миллӣ, ки ҳамвора дар ҳимояи марзу буми ватани хеш будаанд, маҷмуи расму оини мардумони Хуросони бузургро бо ҳарорати баланди ватандӯстона ва маҳорати бемисли шоирона ба риштаи назм даровардааст. Аз ин рӯ, «Шоҳнома» шоҳасарест, ки ягонагӣ ва иттиҳоди рӯҳии мардумонро дар мубориза бар зидди ақвоми истилогар барои ба даст овардани озодӣ ва истиқлол бо тамоми шукӯҳмандию ҷалолати сухан ба тасвир кашида, дар паҳлӯи ин мазомин расму оинҳои мардумию динӣ ва иҷтимоию ахлоқии гузаштагони моро бо тамоми ҷузъиёти он ба тасвир кашидааст. Ҳамзамон дар ин ҳамосаи пурмоя беҳтарин лаҳзаҳои шодию сурур, айшу нишот ва мубоҳисаҳои пурдоманаи фалсафию динии гузаштагон таҷассум гардидааст. Ин китоби мумтозу беқиёсро метавон чун беҳтарин сарчашма ва дастури раҳнамо барои ташаккули ҳувияти миллӣ мавриди омӯзиши васеъ қарор дод. Бефоида нахоҳад буд, агар аз ёд донистани як ё якчанд достони «Шоҳнома» дар рӯйхати адабиёти тавсияшаванда дар ҳамаи номинатсияҳои озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шарти асосӣ бошад.

Адабиёти давраи истиқлол то андозае зодаи вазъи таърихии замони хеш аст. Тағйироти сиёсию иҷтимоие, ки дар ҷомеа ба вуҷуд омад, сабаб шуд адибоне, ки қаблан дар бораи масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ наменавиштанд, ба чунин мавзуъҳо рӯй биоваранд. Як идда адибон ба навиштани осори адабӣ дар жанрҳои таърихӣ пардохта, дар бораи гузаштаи таърихии миллӣ асарҳо офариданд. Ба ин васила адабиёт вазифаи иҷтимоии худро, ки ба ҳеч ваҷҳ наметавонад фурӯ гузорад, аз нав ба уҳда гирифт. Чунон ки Жан Пол Сартр мегӯяд «навиштан шакли сонавии амал аст», адибон тибқи мантиқи раванди адабиёт мебоист камари ҳиммат баста, ба инъикоси воқеияти давр мепардохтанд.

Чунонки пештар ишора шуд, ҳар асари бадеӣ қабл аз он ки баёнгари ҳолоти ботинии муаллифи он бошад, дар бештари мавридҳо вазъияти иҷтимоию фарҳангии ҷомеаеро инъикос мекунад, ки адиб дар он парвариш ёфтааст. Баррасии тамоми равандҳои адабӣ дар робита бо вазъияти замон кори хеле тӯлонист, ки равшан кардани он дар доираи мақолаи мазкур ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, танҳо ба чанд мисоли мухтасар роҷеъ ба давраҳои шукӯҳманди таърихи худшиносии тоҷикон, ки дар устувор кардани пояҳои забону адабиёти миллии мо саҳми беназир гузоштаанд, ишораи гузаро мекунем.

Ин ҳаракат бо талошҳои пайгиронаи Имом Абуҳанифа дар роҳи ворид кардани забони форсии тоҷикӣ ба русумот ва маносики дини ислом оғоз ёфт, ки минбаъд яке аз асосҳои сиёсати давлати Сомониён гардид. Бо амри амирони миллатдӯсту меҳанпарвари сомонӣ тарҷима шудани рисолаи «Ас-саводу-л-аъзам»-и Абулқосим Исҳоқ ибни Муҳаммад Ҳакими Самарқандӣ, машҳур ба Ҳакими Самарқандӣ ва Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ (874-956), ки дар усули ақоид ва каломи мазҳаби ҳанафӣ нигошта шуда, яке аз қадимтарин намунаҳои насри порсии тоҷикӣ маҳсуб мешавад. Ҳамчунин тарҷимаи рисолаи машҳури Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ бо номи «Таъриху-р-русул-ва-л-мулук» («Таърихи паямбарон ва подшоҳон») ба забони порсии тоҷикӣ ба амри Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ аз ҷониби Абуалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Балъамӣ (ваф. байни солҳои 992-997) – муваррих, адиб ва ҳамчунон вазири хонадони Сомониён, бино бар ахбори «Муҷмалу-т-таворих» соли 963 оғоз гардида, ҳудудан даҳ сол идома ёфт [1], ки ба унвони «Тарҷимаи Таърихи Табарӣ» ё «Таърихи Табарӣ» шинохта шуд. Чун Балъамӣ матолиби бисёреро аз манобеи гуногун ба тарҷимаи хеш илова кард, таҳрири наве аз он рисола падид омад, ки баъдан бо номи «Таърихи Балъамӣ» шуҳрати густардае ёфт. Ин таърихнома аз қадимтарин замон оғоз гардида, то даврони муаллифи он идома меёбад. Китоби дигари арзишманди Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ «Ҷомеъу-л-баён ан таъвили-л-Қуръон» яке аз куҳантарин ва ҷомеътарин тафосири Қуръон ба забони араби аст. Тарҷимаи порсии тоҷикии он ҳамчунон ба амри амир Мансур ибни Нӯҳ ва дар асоси фатвои як гурӯҳ олимону фақеҳони мовароуннаҳрӣ ва ҳамкории бевоситаи Абулфазли Балъамӣ сурат гирифт, ки бо номи «Тафсири Табарӣ» ё «Тафсири Кабир» дар қаламрави забони порсии тоҷикӣ маъруф аст. Ба ин тартиб нубуғи фикрию фарҳангии Сомониён барои бедории миллӣ ва эҳёи фарҳанги куҳани аҷдодӣ мисли нӯшдоруи ҳаётбахше буд, ки тани аз дасти тохтутозҳои аъроб хаставу бемор ва пур аз ҷароҳати миллатро марҳаме гашта, онро бар ҳолати пешини фараҳбори хеш бозгардонд ва ба ин васила наҳзати азими илмию фарҳангии бемисле дар қаламрави он сарзамин падид омад. Ин амали некӯ Абурайҳони Беруниро (973-1048) ба амалҳои сутурге дар ин соҳа барангезонд. Ӯ бо шӯру шавқ ва талошу кӯшиши зиёд дар осори илмии хеш ба ҷои истилоҳоти роиҷи илмии арабӣ муродифоти форсии онҳоро мавриди истифода қарор дод. Масалан, дар рисолаи «Ат-тафҳим», ки дар илми нуҷум ва риёзиёт аст, ба ҷойи «зовияи мунфарриҷа» «зовияи гушода», дар баробари «зовияи ҳода» «зовияи тез», дар муқобили «мутасовию-л-азлоъ» «ростпаҳлӯ», ба ивази «устурлоб» «ситораёб» ва даҳҳои истилоҳи дигари порсии тоҷикиро вориди забони илмӣ кард. Ин навпардозиҳо аҳли илму адабро чунон ба шавқ оварданд, ки ҳар олиме мекӯшид тавоноиҳои забони модарияшро ба намоиш гузорад[1]. Дар идомаи ин қиём ва ҷунбиши фарҳангие, ки яке аз пояҳои мустаҳками худшиносии миллӣ гардид, Абуалӣ Ибни Сино (980-1037) «Донишномаи алоӣ»-и хешро ба забони модарияш – порсии тоҷикӣ нигошт ва ҳамчунин рисолаҳое дар сарфу наҳви забони порсии тоҷикӣ ба таҳрир даровард, то қудрату нерӯи онро дар баробари андешаҳои носолиме, ки гӯё забони порсии тоҷикӣ тавони баёни масъалаҳои илмиро надорад ва танҳо ба ин забон мешавад осори адабӣ офарид, ба исбот расонид. Илова бар анбуҳи истилоҳоту ибораҳои илми мантиқу фалсафа ба забони порсии тоҷикӣ «Донишномаи алоӣ» як давраи комили фалсафаи машшоъ ва такмилаи фалсафаи Арастуро дар бар гирифтааст. Тавассути ин асари мондагор Абуалии Сино андешаи диниро ба хирад ва фалсафа омезиш дода, шинохти вежаеро аз ҳастӣ матраҳ намуд, ки бо дидгоҳҳои суннатии динии он даврон созгор науфтод ва ба ин сабаб ҳамвора аз ҷониби диндорони мутаассиб мавриди такфиру таҳқир қарор гирифт. Душманони сарсахту ҳасуду нотавонбинаш бар сари ӯ пайваста туҳматҳо бор карданд, ки сурудаҳои зер дар посух ба иттиҳомоти онҳост:

Куфри чу мане газофу осон набувад,

Муҳкамтар аз имони ман имон набувад.

Дар даҳр чу ман якю он ҳам кофар!?

Пас, дар ҳама даҳр як мусулмон набувад!

Дар рубоии дигар Абуалии пури Сино ногузир бо шигифту дареғи зиёд аз намодҳои манфӣ ҳунармандона кор мегирад, то ба падидае номатлуби замонааш, ки ба аҳли донишу хирад эҳтиром қоил набудаанд, бо шӯру ситез фарёд бизанад:

Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд

Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд

Хар бош, ки ин ҷамоат аз фарти харӣ

Ҳар к-ӯ на хар аст кофараш мехонанд.

Матлаби сазовори гуфтан ин аст, ки рӯ овардан ба омӯзиши осори адабию илмии Ибни Сино дарвозаҳои хирадгароиро ба рӯи инсон боз мекунад. Гарчанде аз назари замонӣ байни мо ва ин нобиғаи беназир беш аз ҳазор сол фосила аст, вале осори пурбору арзишманди ӯ ҳанӯз таваҷҷуҳи аҳли илму адабро ба худ мекашад.

Адабиёти шукӯҳманди даврони шукуфоии давлатдории Сомониён саршор аз осори гаронмояи адабию илмиест, ки зиндагии он рӯзгоронро бо тамоми шаҳомату шукӯҳаш тасвир кардааст. Оғози нигоштани «Шоҳнома»-и Абулқосимми Фирдавсӣ ба даврони наҳзатҳои худшиносӣ ва истиқлоли миллӣ ва ҳамчунин эҳёи забони модарӣ рост меояд. Ин шоҳкори беназир ба ғайр аз достонҳои асотирию таърихии пурмазмун манзумаҳои бузурге монанди «Достони Эраҷ», «Достони Рустам ва Суҳроб», «Достони Исфандёри Рӯинтан», «Достони Сиёвуш» ва ғайраро дорад, ки дар онҳо рӯҳи миллӣ, муҳаббат ба меҳан, ифтихор аз кешу оини ниёкон ва орзуву ормонҳои инсон барои зиндагии осудаву шукӯҳманд бо забони ниҳоят ҷаззобу шево тавассути хомаи тавонову сеҳрофарини шоир тасвир ёфтаанд. Арзишҳое, ки дар ин ҳамосаи бемисл бозгӯ шудаанд, дар рӯзгорони мо аз аҳаммияти бештаре бархӯрдоранд. Барои Фирдавсӣ мафҳуми «ватан» бештар аз хоку буми обоист, ҳастии шоир аст, бе ватан худашро ҳеч мешуморад:

Чу Эрон набошад тани ман мабод!

Дар ин буму бар зинда як тан мабод!

Воқеан яке аз мавзуъҳои меҳварии «Шоҳнома» ишқ ба сарзамини обоию аҷдодии ҳаст. ин мазомин пайваста дар тӯли асар бо авотифу эҳсосоти нишотангез ва сӯзу гудози пуршӯр садо медиҳанд. Шоир ҳимоят аз ватанро, ки бо ифтихор онро «Озодбум», «Шаҳри озодагон» мехонад, вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд мешуморад ва мардумро ба хотири пуштибонию ҳифозат аз бару буму хонаву фарзанди хеш ба пойдорию ҷасорат ва устуворию муқовимат дар баробари душманон даъват мекунад:

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!

Барои ҳакими фарзона аз ҳама азизтар ватан аст. Дар саросари «Шоҳнома» бар гиромӣ доштани ватан таъкид мекунад ва ҳаммеҳанони хешро даъват мекунад, ки бар ободу осуда нигоҳ доштани меҳан бикӯшанд ва пойдории истиқлол ва посбонии озодию оромиши сарзаминро муқаддастарин вазифаи хеш донанд:

Намонем, к-ин бум вайрон кунанд,

Ҳаме ғорат аз шаҳри Эрон кунанд!

Нахонанд бар мо касе офарин,

Чу вайрон бувад буми Эронзамин!

Дар саросари ин ҳамосаи пуразамат рӯҳу андешаи миллӣ ва ҷаҳонбинии воҳиди меҳанпарастӣ партав афкандааст. Аз ин паёми ваҳдатофарини Фирдавсии бузург барои барангехтани муҳаббат ба арзишҳои миллӣ бояд пайваста истифода кард. Бо ин роҳ дар замири мухотабон меҳру дилбастагӣ ба хоку буми сарзамин парваронидан лозим аст. Номҳои қаҳрамонони «Шоҳнома» дар ҳамаи хонаводаҳои тоҷикон дида мешавад, ки нишонае аз ишқу алоқаи тоҷикон ба гузаштаи пурифтихори хеш аст. Аз ин рӯ ин ҳамосаи бузург метавонад дар таҳкими ҳувияти миллӣ хеле муфид бошад.

Беш аз ҳазор сол аст, ки сухани пур аз ҳикмати Абулқосимми Фирдавсӣ бар инкишоф ва пешравии илму адаби башарият афзудааст. Дар тӯли таърих дурустӣ ва азамати ин каломи мондагори Ҳакими Тӯсиро аҳли башар дарёфт ва дар заминаи он назарияҳои вобаста ба танзим ва мудирияти донишро тавлид намуд.

Метавон хулоса кард, ки адабиёти порсии тоҷикӣ, бавежа дар қаламрави шеър, аз қадимтарин ва тавонотарин адабиётҳои ҷаҳон аст. Ба сабаби густардагию ғанои зеҳнию маърифатӣ ва адабию фарҳангии худ, адабиёти порсии тоҷикӣ метавонад ба ҳаёти шахсию ҷамъиятии инсон, ба қасду ният ва азму иродаи ӯ таъсири бениҳоят калон расонад. Адабиёти ҳамосӣ рӯҳияи миллӣ ва муҳабббат ба ватанро тавассути тасвири шукӯҳу азамати ва корномаҳои сазандаву ситоишбарангези ниёкон дар кори ҳимоят аз марзу буми меҳан дар инсон тақвият мебахшад.

Шодимуҳаммад Суфизода - Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

КИТОБНОМА

1. Khaleghi-Motlagh, Dj. Amīrak Balʿamī [Electronic Resource] / Dj. Khaleghi-Motlagh // Encyclopædia Iranica. I/9. – Р. 971-972. – available online at http://www.iranicaonline.org/ articles/amirak-balami (accessed on 16 March 2021).

2. Надӯшан, И. Агар «Шоҳнома» намебуд... / Исломии Надӯшан // Фаслномаи Бож. Соли аввал. Шумораи ҷаҳорум, зимистони соли 1387. – С. 27-32.

3. Паёми табрикии Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2016. – 5 октябр.

4. Раҳмон, Э. Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва мулоқот бо зиёиёни кишвар [Манбаи электронӣ] / Э. Раҳмон // Осорхонаи миллии Тоҷикистон. – 2013. – 20 март. – Низоми дастрасӣ: www. URL:http://newnmt.tj/tj/home-4/167-dar-marosimi-iftito-i-osorkhonai-millii-tojikiston-va-mulo-ot-bo-zijoijoni-kishvar

5. Султонов, Мирзоҳасан. Становление и развитие персидско-таджикской научной терминологии. На материале научного наследия IX-XI вв. / Мирзоҳасан Султонов. – Palmarium Academic Publishing, 2015. – 444 с.

6. Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ [Манобеи электронӣ]. – Низоми дастрасӣ: www.URL:http://gst.tj/tj/navidho /item/sukhanronii-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-darsimpoziumi-bajnalmilal-ba-iftikhori-700-solagii-kamoli-khu-and.html

7. Ятимов, С. Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт / С. Ятимов // Илм ва Ҷомеа. – 2018. – №4 (12). – С. 5-39.

[1]. Дар бораи ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии порсии тоҷикӣ ниг.: [5].

Бознашр аз маҷаллаи Суханшиносӣ

№ 2(46), 2024, саҳ. 69-80

Пиряхи Туейтс дар қитъаи Антарктида пиряхи калонтарин баҳисоб рафта, масоҳаташ 192 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад ва аз масоҳати Британияи Кабир (тақрибан 209 ҳазор километри мураббаъ) каме хурдтар ва дар қисмати ғарбии Антарктида ҷойгир мебошад. Пиряхи мазкур ба шарафи олими пиряхшинос Фредерик Т. Туейтс ( 1883-1961) номгузорӣ шуда, инчунин бо номи “Пиряхи рӯзи қиёмат” низ машҳур мебошад. Қисми дар қад-қади соҳили океан тулкашидаи пирях 120 км дарозӣ дошта, байни ҳамаи пиряхҳои дигар, нишондиҳандаи рекордӣ дорад.

Агар пиряхи мазкур комилан фурӯ рехта об шавад, сатҳи уқюнуси ҷаҳонӣ 0,6 м ва сатҳи оби баҳри Амундсен, ки пирях дар ҳудуди он ҷойгир аст, то 3 метр баланд мешавад. Обшавии ҳозираи ин пирях аллакай сатҳи оби баҳрро 4% боло бурда, ҳар сол аз он ба уқёнус, 50 миллиард тонна ях мерезад. Пажӯҳишҳои соли 2014 аз ҷониби Донишгоҳи Вашингтон, бо истифода аз аксҳои кайҳонӣ ва моделҳои компютерӣ гузаронидашуда нишон доданд, ки пирях айни замон тадриҷан об шуда истода, мумкин аст давоми 200 - 1000 соли оянда бебозгашт аз байн равад. Тибқи маълумотҳои соли 2021 дақиқшуда бошад, қисми шинокунандаи пирях, метавонад дар давоми 5 - 10 соли оянда нобуд шавад.

Қабати яхбандии Антарктидаи Ғарбӣ ба афзоиши ҳарорати миёнаи солона махсусан осебпазир буда, тибқи гузоришҳои иқлимшиносон, сарфи назар аз амалҳои андешидаи одамон, бояд дар садаҳои наздик фурӯ равад. Савол ба миён меояд, ки пиряхи Туейтс ба ин падида чӣ гуна рабт дорад? Гап сари он аст, ки пиряхи мазкур як навъ василаи аз фурӯ рафтан нигоҳ доштани тамоми яхбастагии Антарктидаи Ғарбӣ амал мекунад ва дар натиҷаи нобудшавии он қисми зиёди яхбандӣ метавонад фурӯ рафта, боиси боло рафтани сатҳи уқюнуси ҷаҳонӣ гардад. Мумкин аст, маҳз бо ҳамин сабаб, пиряхи Туейтс номи “Пиряхи рӯзи қиёмат” - ро гирифтааст, чунки гумон меравад ба далели обшавии он ба саёраи мо фалокати ҷаҳонӣ таҳдид мекунад.

Тибқи таҳқиқотҳои давоми соли 2022 дар Европа гузаронидашуда, дар қатори дигар омилҳои муҳими тағирёбии иқлим, аққалан ба 1,5°C афзудани ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво, метавонад боиси пурра аз байн рафтани пиряхи Туейтс гардад. Илова бар ин, дар давоми ин тадқиқотҳо олимон далелҳоеро кашф намуданд, ки мувофиқи онҳо пиряхи Туейтс аллакай наздик ба нобудшавӣ аст. Инро мушоҳидаҳои зериобӣ низ исбот менамоянд, ки мувофиқи натиҷаҳои онҳо пирях тадриҷан аз қаъри баҳр боло шуда, таги онро ҷараёнхои гарми уқюнусӣ шуста бурда истода, обшавии онро тезонида истодаанд.

Тадқиқотҳои соли 2024 гузаронидашуда нишон доданд, ки нобудшавии пиряхи мазкур на дар тули 500 сол, балки шояд барвақттар, дар давоми камтар аз 200 сол, рух диҳад. Бо вуҷуди ин, сарфи назар аз пешгӯиҳои навмедкунанда, ҳоло дақиқ гуфтан барвақт аст, ки пиряхи мазкур аз байн меравад. Масалан, иқлимшиносон, ба он назаранд, ки барои қисман пур кардани талафоти ях метавонад боришоти мунтазам ва шадиди барф дар Антарктида, кӯмак кунад. Гузашта аз ин, ҳар қадаре ҳарорати солонаи ҳаво баландтар шавад, мумкин аст, дар ин минтақа ҳамон қадар барфи зиёд борида, обшавии пиряхро ҷуброн кунад.

Бархе аз олимон бар ин назаранд, ки хатарҳои мавҷударо бо истифода аз усулҳои геоинженерӣ кам кардан мумкин. Онҳо ният доранд, ки барои суст кардани обшавии пирях ин технологияро ҳатто дар сурати тадриҷан боло рафтани ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво низ, истифода баранд.

Усулҳои геоинженерӣ - маҷмӯи тадбирҳои антропогение мебошанд, ки ба тағйир додани ҳолати муҳити зист нигаронида шуда, ҳадафи асосии онҳо мубориза бо оқибатҳои манфии тағирёбии иқлими ҷаҳонӣ мебошад. Яке аз ин тадбирҳо, ҷиҳати зиёд кардани фоизи инъикоси нури офтоб, ба қабати стратосфера илова кардани аэрозол мебошад, ки аз ҷиҳати назариявӣ бояд ба паст шудани ҳарорати миёнаи солонаи сайёра мусоидат кунад.

Гарчанде, лоиҳаҳои геоинженерӣ то ҳол дар амал истифода нашуда бошанд ҳам, аллакай роҳҳое вуҷуд доранд, ки бо истифодаи онҳо одамон метавонанд қабати яхбастаи Антарктидаи Ғарбиро муҳофизат кунанд. Яке аз ин тадбирҳо эҷоди "пардаҳо"-и зериобие мебошад, ки ҳамчун монеа байни асоси ба таги баҳр расидаи пиряхҳо ва ҷараёнҳои гарми уқюнусӣ амал мекунанд.

Бо вуҷуди аз ҷиҳати назариявӣ фоиданок арзёбӣ шудани ин тадбирҳо, айни замон таъсири истифодаи онҳоро пешгӯӣ кардан душвор аст, чунки ҳоло ҳам хатарҳои зиёди оқибаташон манфӣ вуҷуд доранд, ки боиси мушкилоти боз ҳам бештари глобалӣ мегарданд. Илова бар ин, бисёре аз коршиносон бар ин ақидаанд, ки ин гуна тадбирҳо яку якбора ҳама мушкилотро ҳал карда наметавонанд. Бинобар ин стратегияи асосӣ ва воқеан муассир, барои кӯмак ҷиҳати боздошти нобудшавии пиряхҳои Антарктидаи Ғарбӣ ва дигар минтақаҳои яхбандидошта, аз он ҷумла пиряхи Туейтс, ин кам кардани партовҳои гулхонавӣ ба атмосфера ва бад ин васила, ба эътидол овардани тағйирёбии ҳарорати миёнаи солона мебошад.

Алишо Шомаҳмадов – ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои физикаю математика

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон дар пешорӯи хатарҳои номатлуб қарор гирифтааст, ки яке аз чунин масъалаҳои муҳим ва мубрам мушкилоти норасоии оби тоза ва ошомиданӣ дар миқёси сайёра ба шумор меравад. Пас, раҳоӣ аз вартаи чунин ҳолати бисёр печидаву ногувор ва душвору хатарзо чи гуна буда метавонад? Чи тавр мебояд дар рӯ ба рӯи ин хатари ҳалокатовар истодагарӣ кард? Роҳҳои пешгириву ҳалли масъала кадом аст?

Мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, ҷангу низоъҳои қавмиву мазҳабӣ ва амалҳои террористиву экстремистӣ дар минтақаҳои мухталифи сайёра торафт бештар доман густурда, ба амнияту оромӣ ва суботи сиёсиву иқтисодии кишварҳо хатар эҷод мекунанд.[1] Аз ин рӯ, идома пайдо кардани чунин вазъият метавонад ба аҳли башар, бахусус, барои кишварҳои рӯ ба инкишоф пайомадҳои нохуши ҷиддӣ ба бор оварад.

Мусаллам аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф гардидаанд. Дар ибтидои асри 21 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин роҳбароне ҳастанд, ки ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти кишвари худ ва ҳамчунин, иктишофи роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. Ин аст, ки дар арсаи ҷаҳон роҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмонро хеле хуб истиқбол ва пуштибонӣ менамоянд.

Боиси зикр аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо андешаҳои худро доир ба мушкилоти минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ва чорабиниҳои сатҳи гуногун баён намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба кӯшишҳои дастҷамъона барои истодагарӣ дар рӯ ба рӯи ин хатарҳои инсонӣ ва инчунин роҳҳои ҳаллу пешгирии он даъват намудаанд.

Воқеан, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ ниҳоят бузург ва саривақтианд. Масалан, дар ин қарина муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва ғайраҳо ҷалб намудаанд.

Агар масъалаи мушкилоти оби ошомиданиро баррасӣ намоем, аён аст, ки ҳамарӯза анқариб ҳазорон кӯдак аз бемориҳое, ки ба об вобастаанд, мефавтанд. Миллионҳо нафар оби ифлосро истеъмол менамоянд. Пас метавон ишора кард, ки норасоии оби тоза аз баохир расидани захираҳои нафт ҳам муҳимтар буда, мушкилоти рақами яки инсоният дар асри XXI ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, бартараф накардани мушкилоти вобаста ба об омили асосии бархӯрди қудратҳову тамаддунҳо шуда метавонад. Дар ин маврид як нукта мавриди зикри хос мебошад. Ин ҳам қобилияти дарки саривақтии ин мушкил ва пешниҳоди тадбирҳо ва талошҳои пайгирона дар роҳи ҳалли он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Яъне Пешвои миллати тоҷикон ин мушкили глобалиро пештар ва бештар аз ҳама дарк кардаву ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳалли он даъват намуданд.

Боиси зикр аст, ки «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 - 2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Президенти ин кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд. Маҳз аз ҳамин хотир, ҷомеаи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.

Илова бар ин, боиси хушнудӣ ва истиқболу сарфарозист, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд ва тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Яъне, қабули чунин қатънома шаҳодати идомаи татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавзӯи обу иқлим мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси қатъномаи мазкур, пешниҳодҳои ироашудаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

- Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

- Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

- Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.

Аз ин рӯ, Қатъномаи номбурда аҳаммияти умумибашарӣ дошта, пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор қайд намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси қоҳиши густурдаи криосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкуҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.

Албатта, тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин масоили муҳим ва мубрам, ки хислати ҷаҳонӣ дорад, аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ борҳо суханронӣ намуда, ҷиҳати пешгириву ҳалли он таъкид варзидаанд. Чуноне аз баёни худи Пешвои миллат равшан аст “Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд”. Аз ин лиҳоз, имрӯз муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об, тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд. Боварии комил дорем, ки ташаббуси оянда саҳифаи нав барои ноил гардидан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда дар соҳаи захираҳои об хоҳад буд. Аз ин рӯ, мебояд тадбирҳои муассирро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафҳои ин иқдоми нави байналмилалӣ таҳия ва амалӣ кард. Зикри нуктае ҳам бамаврид аст, ки дар рафти татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон шаҳри Душанбе пойтахти ҷаҳон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба об гардид. Дар натиҷаи чорабиниҳои баргузоргардида роҳҳо ва механизмҳои ҳалли масъалаҳои муҳими марбут ба захираҳои об муайян гардида, муколамаҳо миёни тасмимгирандагон ва истифодабарандагони об дар ҳама сатҳҳо мустаҳкам шуданд. Баргузор шудани чандин нишаст, конференсияҳои байналмилалӣ ва симпозиумҳо, бо қарорҳои Маҷмаи умумии СММ тасдиқшуда на танҳо барои муаррифии Тоҷикистон, захираҳои бойи табиии он, мардуми куҳанбунёд ва фарҳанги кишвар буд, балки тоҷиконро ҳамчун мардуми меҳнатдӯсту созанда, ки дар шароити амнияти куллӣ ва субот зиндагӣ доранд, ба оламиён ошно кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории худ дар соҳаи об ва бозидани нақши фаъол дар ҳалли муаммоҳои вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳониро пайравӣ мекунад. Маҳз бо ҳамин мақсад ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. [2] Пас, ҳадафи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд таъкиди зарурати ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ҳамчун ҳастии ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст.

Ҳамин тавр, дар асоси андешаҳои болозикр, гуфта метавон, ки барои расидан ба ҳадафҳои меҳварии сиёсати давлативу умумибашарӣ оид ба ҳифзи захираҳои обӣ зарур аст, ки тамоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ новобаста аз эҳтиёҷмандиашон нисбат ба ин захираи табиӣ ташаббускорӣ ва ҳамбастагии муштаракро тақвият бахшанд. Чунки истифодаи беҳтари захираи обҳои фаромарзӣ ба ҳамкории зичи миёни кишварҳои ҳамсоя бештар вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳамкорӣ ва ҳамгироии байни кишварҳои ҳамсояи наздисоҳилӣ дар таъмини истифодаи босуботи об барои наслҳои оянда нақши муҳим мебозад. Дар баробари ин, яке аз ҳадафҳои бунёдии расидан ба мақсадҳои пешгузоштаи давлат оид ба беҳдошти вазъи экологӣ, ҳамчунин ҳифзи захираҳои обӣ мақоми ҳар як узви ҷомеа низ калидӣ маънидод мегардад.

Ардамеҳр Ашуров - номзади илмҳои таърих, ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупо ва Америкаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

[1]Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи нахустини Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум. 20.04.2020.

[2]​Иқдомҳои байналмилалии Пешвои миллат дар соҳаи об. https://www.hgu.tj/news/post/ikdomoi-bajnalmilalii-pesvoi-millat-dar-soai-ob.html.

21 июли соли 2025 дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва Муовини вазири Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷаноби CHEN JIACHANG ифтиҳтоҳи расмии озмоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ дар доираи ташаббуси “Камарбанд – Роҳ” баргузор гардид. Дар ифтитоҳи озмоишгоҳи муштарак ҳамчунин ҳайати намояндагони Вазорати илм ва технологияи ҶХХ ноибони президент, саркотиби илмӣ ва директорони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва Муовини вазири илм ва технологияи Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷаноби CHEN JIACHANG расман озмоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ дар доираи ташаббуси “Камарбанд - Роҳ” ифтитоҳ намуданд.

Сипас ҳозирин ва меҳмон аз озмоишгоҳи муштарак, ки дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷойгир мебошад, дидан намуданд.

Профессори Институти Синзянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой YANG WEIKANG ва узви вобастаи АМИТ АБДУСАТТОР САИДОВ, ки ҳамдиректори озмоишгоҳи навтаъсис аз ҷониби Тоҷикистон мебошанд оид ба мақсад ва вазифаҳои озмоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ дар доираи ташаббуси “Камарбанд - Роҳ” ахборот пешниҳод намуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолият оид ба ҳифзи захираҳои биологӣ дар минтақаҳои хушки Осиёи Марказӣ, ба роҳ мондани таҳқиқот ва таҳияи технологияҳои пешрафтаи калидӣ, мусоидат намудан ба рушди сабз ва устувори минтақа, таъмин намудани дастгирии илмию технологӣ дар доираи ташаббуси «Бунёди ҷомеаи сарнавишти муштараки Тоҷикистону Хитой дар марҳилаи нав» ва ташаббуси «Камарбанд ва Роҳ” таъсис дода шудааст.

Ба озмоишгоҳи муштарак ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқоти оид ба ҳифз ва истифодаи устувори захираҳои биологӣ олимону коршиносони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳамчун шарикони калидӣ ҷалб карда мешаванд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти озмоишгоҳ дар оянда ба ҳифз ва истифодаи устувори захираҳои биологӣ дар минтақаҳои хушк равона карда мешавад ва платформаи сатҳи баланди ҳамкории байналмилалии инноватсионӣ дар соҳаи илм ва технология ба шумор рафта, технологияҳои калидиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои биологӣ таҳия ва ба рушди бемайлони минтақа мусоидат хоҳад намуд.

Ҷаҳон имрӯз бо мушкилоти ҷиддие рӯбарӯст, ки яке аз асоситаринашон тағйирёбии иқлим ва тамомшавии тадриҷии захираҳои маъмули энергия мебошад. Тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти глобалист, ки оқибатҳои ҷиддии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дорад. Ин мушкил ба афзоиши ҳарорати глобалӣ, обшавии пиряхҳо, баландшавии сатҳи баҳрҳо ва тағйироти ногаҳонӣ дар низоми обу ҳаво сабаб гардидааст.

Дар асри гузашта иқтисоди ҷаҳонӣ асосан ба нафту газ ва ангишт такя дошт, ки ин манбаъҳо ҳамчун сӯзишвории фоиданок ва арзон шинохта шудаанд. Аммо истихроҷи густурдаи ин захираҳо боиси коҳиши захираҳои табиӣ ва инчунин ба ифлосшавии муҳити зист гардид. Сӯзондани захираҳои маъмулии энергетикӣ (мисли ангишт, газ ва нафт) боиси ихроҷи моддаҳои зараровар, аз ҷумла гази карбонат (CO2), оксиди сулфур (SO2), оксиди нитроген (NOx) ва моддаҳои сахти зараровар мегардад. Аз ин моддаҳо CO2 нақши калидӣ дар гармшавии глобалӣ дорад, ки ҳамчун яке аз сабабҳои асосии тағйирёбии иқлим эътироф шудааст. Ғайр аз ин, истихроҷи нафту газ боиси тағйироти геологии муҳит ва вайроншавии экосистемаҳо мегардад, ки ба коҳиши гуногунии биологӣ ва вайроншавии муҳити зист оварда мерасонад.

Бо назардошти ин омилҳо, зарурати гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия беш аз пеш равшан ва муҳим мешавад. Гузариш ба истифодаи энергияи барқароршаванда метавонад таъсири манфии фаъолияти инсон ба муҳити зистро ба таври назаррас коҳиш диҳад ва инчунин ба устувории энержетикии кишварҳо мусоидат намояд.

Манбаъҳои барқароршаванда ва энергияи сабз

Манбаъҳои барқароршавандаи энергия он манбаъҳое мебошанд, ки ҳангоми истифода тамом намешаванд ва ба таври табиӣ ва пайваста дубора барқарор мешаванд. Ба ин гурӯҳ энергияи офтобӣ, бодӣ, гидроэнергетика, биомасса ва геотермалӣ дохил мешаванд. Ҳамаи ин манбаъҳо аз лиҳози экологӣ ба муҳити атроф зарари ҷиддӣ намерасонанд.

Энергияи сабз мафҳумест, ки бештар ба манбаъҳои энергияе ишора мекунад, ки муҳити зистро ифлос намекунанд ё ифлосшавии онҳо хеле маҳдуд мебошад. Ин истилоҳ асосан ба энергияи офтоб ва бод марбут аст, зеро истифодаи онҳо таъсири экологӣ ва партоби газҳои зарароварро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.

Энергияи офтоб бо истифода аз панелҳои офтобӣ ё фотоэлектрикӣ истеҳсол мешавад, ки нури офтобро ба ҷараёни электрӣ табдил медиҳанд. Ин намуди энергия қобилияти баланди истеҳсолшавӣ ва нигоҳдорӣ дорад ва барои минтақаҳое, ки рӯзҳои офтобӣ зиёд доранд самаранок мебошад.

Энергияи бодӣ тавассути турбинаҳои бодӣ истеҳсол мешавад, ки аз ҷараёни шамол қувваи механикӣ гирифта, онро ба нерӯи барқ табдил медиҳанд. Турбинаҳои бодӣ дар минтақаҳое, ки шамолҳои доимӣ доранд, хеле муассир мебошанд. Афзалияти калони энергияи бодӣ дар он аст, ки вай ҳеҷ гуна ифлосшавии муҳити атрофро ба вуҷуд намеорад ва захираҳои табииро истифода намебарад.

Илова бар ин, энергияҳои барқароршаванда имкон медиҳанд, ки кишварҳо вобастагии худро аз воридоти сӯзишвории анъанавӣ коҳиш дода, ба амнияти энергетикии худ мусоидат намоянд. Ин омил дар ҷаҳони муосир, ки буҳронҳои энергетикӣ ва ноустувории бозори сӯзишворӣ зиёданд, аҳамияти махсус пайдо мекунад. Зарурати гузариш ба манбаъҳои барқароршаванда дар Тоҷикистон

Заминаҳои ҳуқуқии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ба масъалаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар сатҳи ҳукумат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Барои таъмини заминаҳои ҳуқуқии истифодаи манбаъҳои барқароршаванда, як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва стандартҳои миллӣ қабул шудаанд, ки танзими тарҳрезӣ, сохтмон ва истифодабарии неругоҳҳои офтобии фотоэлектрикӣ, ҳамгироӣ ба низоми умумии энергетикӣ, шартҳои истеҳсол ва фурӯши нерӯи барқ ва дигар масъалаҳоро дар бар мегиранд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» аз соли 2000 (дар таҳрири соли 2022 №1909) асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии танзими фаъолияти иқтисодиро дар соҳаи энергетика муайян менамояд. Ин қонун барои танзими муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи энергетика, таъмини рушди устувори он ва таъмини амнияти энергетикии кишвар заминаи муҳим мебошад.

Соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» қабул гардид (дар таҳрири соли 2022, №1910), ки асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии сарфаҷӯии энергия, коҳиши таъсири инсон ба муҳити зист ва иқлим, истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ваколатҳои мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар ин соҳа муайян менамояд.

Соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» қабул шуд (№1018), ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи сарфаи энергия ва самаранокии он ба танзим медарорад ва тартиби истифодаи захираҳои энергетикиву сӯзишвориро муайян мекунад.

Илова бар ин, «Барномаи комплексии мақсадноки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, амсоли энергияи дарёҳои хурд, офтоб, шамол, биомасса, энергияи минбаъдаи зеризаминӣ барои солҳои 2007-2015» қабул ва амалӣ гардид (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали 2007 №41).

Соли 2016 «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (СМР-2030) қабул шуд, ки дар он бахши энергетика яке аз қисматҳои асосии татбиқи он мебошад. Тибқи ин стратегия, рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон дар асоси консепсияи 10/10/10/10 сурат мегирад:

а) иқтидори лоиҳавии низоми электроэнергетикаи кишвар ба 10 гВт расонда мешавад;

б) содироти солонаи неруи барқ ба кишварҳои минтақа ба 10 млрд. кВт. соат расонида мешавад;

в) диверсификатсияи иқтидорҳои низоми электроэнергетикаи ҷумҳурӣ тавассути зиёд кардани иқтидори дигар манбаъҳои энергия, аз ҷумла ангишт, нафту газ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, дар ҳаҷми на камтар аз 10 фоиз таъмин карда мешавад;

г) талафоти неруи барқ дар ҷумҳурӣ то 10% паст карда мешавад.

Интизор меравад, ки пас аз татбиқи ин стратегия сатҳи баланди эътимоднокии таъмини аҳолӣ ва бахши истеҳсолӣ бо нерӯи барқ таъмин гардида, мушкилоти мавсимии норасоии барқ ҳал мешавад.

Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 «Қоидаҳои пешбурди кадастри давлатии манбаъҳои барқароршавандаи энергия» тасдиқ шуданд, ки аз кадастри энергияи манбаъҳои обӣ, энергияи офтобӣ, бодӣ, геотермалӣ ва энергияи биомасса иборат мебошад.

Соли 2022 «Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» қабул шуд, ки ҳаҷми маблағгузории он 21,586 млрд сомониро ташкил медиҳад. Ҳоло марҳилаҳои якум ва дуюми ин стратегия (2023-2025 ва 2026-2028) амалӣ мегарданд, ки дар онҳо паҳн кардани маълумот дар бораи иқтисоди сабз, ташаккули тафаккури иқтисодиву экологӣ, татбиқи принсипҳои иқтисоди сабз дар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, риояи онҳо дар қабули қарорҳо ва ҷорӣ кардани стандартҳои иқтисоди сабз дар бахши иҷтимоию иқтисодии кишвар пешбинӣ шудааст.

Татбиқи ин стратегия барои рушди устувор дар соҳаҳои энергетика, иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Захираҳои манбаъҳои барқароршавандаи Тоҷикистон

Низоми энергетикии Тоҷикистон ба таври анъанавӣ асосан аз неругоҳҳои барқи обӣ иборат аст, ки беш аз 92% нерӯи барқи кишварро таъмин мекунанд. Ин омил боиси он мегардад, ки дар фасли зимистон, ҳангоми коҳиши сатҳи об дар дарёҳо, истеҳсоли нерӯи барқ кам шуда, дар натиҷа норасоии нерӯи барқ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ва ҷорисозии маҳдудият ба вуҷуд меояд.

Бо тағйирёбии иқлим, ки ҳоло дар тамоми ҷаҳон ва алалхусус дар Тоҷикистон ба таври назаррас мушоҳида мешавад, пиряхҳои кишвар бо суръати баланд об шуда истодаанд. Ин раванд дар ояндаи наздик метавонад ба камшавии ҷиддии захираҳои обӣ оварда расонад ва ба истеҳсоли энергияи гидроэнергетикӣ таъсири манфӣ расонад. Бинобар ин, гузариш ба истифодаи васеи манбаъҳои дигари барқароршавандаи энергия, аз қабили энергияи офтобӣ ва бодӣ, дар Тоҷикистон аҳамияти хоса пайдо кардааст.

Тибқи таҳқиқоти охирин, потенсиали техникии энергияи бодӣ дар Тоҷикистон 15557 МВт ва потенсиали иқтисодии он тақрибан 4485 МВт мебошад. Захираҳои энергияи офтобӣ дар кишвар назар ба бод боз ҳам бештар аст ва потенсиали техникии он ба 646850 МВт, иқтисодӣ бошад ба 369600 МВт мерасад. Бахусус дар минтақаҳои ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистон, ки рӯзҳои офтобӣ зиёдтар мебошанд, шароит барои сохтмони нерӯгоҳҳои офтобӣ хеле мусоид арзёбӣ шудааст.

Лоиҳаҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай чандин нерӯгоҳҳои офтобӣ сохта шудаанд, ки онҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва ноҳияи Мурғоб мебошанд. , ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ҷойгир аст, аз рӯйи иқлими махсусан хушки баландкӯҳӣ ва зиёда аз 300 рӯзи офтобӣ дар сол, яке аз беҳтарин маконҳои кишвар барои рушди энергияи офтобӣ маҳсуб меёбад. Дар ин минтақа бо дастгирии молиявӣ ва фаннии USAID ва ширкати «Pamir Energy» соли 2020 аввалин нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 200 кВт ба истифода дода шуд. Дар ҳоли ҳозир, лоиҳае амал мекунад, ки иқтидори ин нерӯгоҳро то 800 кВт афзоиш дода, инчунин бо батареяҳои замонавӣ бо иқтидори нигаҳдории барқ то 1,2 МВт·соат таъмин мекунад. Ғайр аз ин, сохтмони се нерӯгоҳи дигар дар деҳаҳои Аличур (иқтидори 2,8 МВт), Гулзор (450 кВт) ва Булункул (565 кВт) идома дорад. Ҳар яки ин лоиҳаҳо дорои аккумуляторҳои махсус барои захираи нерӯи барқ мебошанд, ки ин боиси таъмини барқ ба аҳолии дурдасти ин минтақаҳо дар давоми тамоми шабонарӯз мегардад.

Дар вилояти Суғд бошад, дар доираи лоиҳаи бузургтар – сохтмони нерӯгоҳи офтобии 200 МВт пешбинӣ шудааст. Ин нерӯгоҳ дар майдони қариб 400 гектар ҷойгир хоҳад шуд ва солона тақрибан 350 млн кВт·соат барқ истеҳсол менамояд, ки метавонад ҳиссаи назарраси талаботи энергетикии вилояти Суғдро таъмин созад.

Дар шаҳри Душанбе се неругоҳи офтобии шабакавӣ фаъолият мекунад: неругоҳи офтобии иқтидораш 120 кВт дар Беморхонаи клиникии марказӣ, неругоҳи офтобии иқтидораш 40 кВт дар Институти илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекология ва перинатологияи Тоҷикистон ва неругоҳи офтобии иқтидораш 34 кВт дар Таваллудхонаи № 1.

Ба ҷуз ин лоиҳаҳое амалӣ шуда истодаанд, ки ба насби лавҳаҳои офтобӣ дар болои боми биноҳои нави баландошёна равона шудаанд.

Хулоса

Гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон на танҳо зарурат, балки як имконияти хубест, ки метавонад кишвари моро аз мушкилоти энергетикӣ раҳо кунад ва устувории энергетикии онро таъмин намояд. Татбиқи пурраи стратегияи рушди энергетикаи барқароршаванда ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар оянда на танҳо ба таъмини талаботи дохилии худ бо нерӯи барқ даст ёбад, балки ба содиркунандаи асосии энергияи сабз дар минтақа табдил гардад.

Ризои Баҳромзод - корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Донишмандони Донишгоҳи Колорадо тағирёбии иқлимро ба афзоиши зудии заминҷунбиҳо рабт медиҳанд. Таҳлили тарқишҳо (разломы) дар қаторкӯҳҳои Сангре де Кристо дар ҷануби Колорадо нишон дод, ки обшавии пиряхҳо пас аз давраи яхбандии охирин метавонад фаъолияти сейсмикиро афзоиш диҳад.

Дар давраи яхбандии охир бошад пиряхҳо бо сабаби вазни зиёд доштанашон ба тарқишҳои қад-қади қаторкӯҳ фишори ҷиддӣ ворид намуда, ҳаракати онҳоро маҳдуд мекарданд. Аммо бо коҳиш ёфтани пиряхҳо, сарборӣ ба тарқишҳо кам шуда, боиси афзоиши лағжиши қад-қади онҳо гардид. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бо гарм шудани иқлим ва инчунин ақиб нишастани пиряхҳо, фаъолияти сейсмикӣ дар ин минтақаҳо метавонад афзоиш ёбад.

Натиҷаи тадқиқотҳо нишон доданд, ки пас аз обшавии пиряхҳо суръати лағжиш дар қад-қади тарқишҳо нисбат ба давраи зери яхбандӣ будани минтақа панҷ баробар меафзояд.

Заминҷунбии соли 1958 дар Аляска бо шиддати 7,8 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер, низ далели он буд, ки дар натиҷаи обшавии шадиди пиряхҳо замини аз яхбандӣ озодшуда шакли аслии худро ба таври чандирӣ (бо ҷаҳиш) барқарор кард. Сабабаш он буд, ки дар Аляска пиряхҳои калонтарини ҷаҳон ҷойгир буда, вазнашон миллионҳо тоннаро ташкил медиҳад ва зери вазни онҳо замин хам мезанад. Вақте ки пиряхҳо ба обшавӣ шурӯъ мекунанд, замини як дафъа хам шуда ҷои пешинаашро гирифта, ин таъсирро ба плитаҳои тектоникӣ медиҳад ва ин боиси заминҷунбӣ мегардад. Ин гуна ҳодисаҳо аллакай дар дигар минтақаҳои аз ҷиҳати тектоникӣ на он қадар фаъол, аз қабили қисматҳои дохилии Канада ва Скандинавия низ, ба амал омадаанд.

То вақтҳои охир сейсмологхо чунин мешумориданд, ки заминҷунбиҳои шиддатнокиашон аз рӯи ҷадвали Рихтер 7-балла ва аз он зиёдтар, дар рӯи замин дар як моҳ як-ду маротиба ба амал меоянд. Аммо, чунон ки маълум гардид, дар рӯи замин ҷойҳое низ мавҷуданд, ки дар онҳо ин гуна заминҷунбиҳо рӯзе ду маротиба ба амал меоянд ва ин макон Антарктидаи Ғарбӣ мебошад.

Вақте ки дар ибтидои асри ХХ сейсмологи америкоӣ Дуглас Уинс аз университети Сент-Луиси шаҳри Вашингтон ва ҳамкасбони ӯ дар ин минтақа датчикхои сейсмикиро гузоштанд, онҳо аз сигналҳои (навиштаҳои) қайдкардаашон дар ҳайрат монданд. Гап сари он буд, ки дар ҳар 12 соат мавҷҳои сейсмикӣ бо энергияи умумии ба заминҷунбии 7 балла аз рӯи ҷадвали Рихтер баробар, дар саросари Антарктидаи Ғарбӣ паҳн мешуданд. Акси ин сигналҳо ҳазорҳо километр дуртар аз Антарктида - тавассути сейсмографҳои дар Австралия насбшуда низ сабт шуда буданд.

Ин, дар мавриди аввал, метавонад тааҷҷубовар ба назар расад, аммо муҳаққиқони сершумори дар Антаритидаи Ғарбӣ фаъолиятдошта - махсусан пиряхшиносон ва муҳаққиқони зиёди тағирёбии иқлим, дар робита ба ин заминҷунбиҳои ҳаррӯзаи дар пиряхҳо баамаломада ҳеҷ гуна нороҳатиро эҳсос накарданд. Гузашта аз ин, онҳо ин заминҷунбиҳоро пай низ набурданд.

Гап сари он аст, ки заминҷунбии маъмулии аз рӯи ҷадвали Рихтер 7-балла, ҳамагӣ чанд сония давом карда, боиси ларзиши шадиди қишри замин мегардад. Заминчунбиҳое, ки Уинс мушоҳида карда буд, аз 10 то 23 дақиқа давом мекард, яъне аз заминҷунбиҳои муқаррарӣ садҳо баробар сусттар буда, шиддаташон аз 2-3 балл зиёд набуд. Чун қоида, барои пай бурдани чунин сигналҳо сейсмографҳо ва биноҳои бисёрошёна лозиманд, ки аз ҳолати ашёҳои дар онҳо буда фаҳмида шавад, ки замин ҷунбида истодааст, аммо дар Антарктидаи Ғарбӣ ягон бинои баланде нест, ки дар он ҳангоми ин гуна заминҷунбиҳо қандилҳо ба лапидан даромада, шиддати заминҷунбиро муайян кунанд.

Алишо Шомаҳмадов – ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои физикаю математика

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм