Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Кори Рустам Рустамона ҳаст!

123Боз фарзанди миллати тоҷик аз минбари баланд баромад намуд, барои ҷаҳониён эҳдо кард. Эҳдо аз сулҳу осоиштагӣ, аз варзишу танумандӣ, аз ҳамкориву ҳамдиливу ҳаммаромӣ. Ифтихорот ва сарбаландӣ ҳаст. Барҳақ аст шеъри устод Абдуллоҳи Раҳнамо, ки

Дар он минбар на танҳо Рустами фарзанди Раҳмон буд

Дар он соат, дар он минбар, тамоми Тоҷикистон буд.

Бале, дар он минбари баланд бо ҳузури ҷавонсолори миллат тамоми Тоҷикистон ҳузур дошт, зеро аз мароми миллати тоҷик сухан карда шуд. Рустами Эмомалӣ пешниҳоди худро оид ба “Рузи ҷаҳонии футбол”,ки танҳо тараннуми ҳаёти солим ва танумандӣ ҳаст,тақвият бахшид. Ин фарзонаҷавони тоҷик арзишҳои меҳварии футбол, - ҳаммаромӣ, пешбурди фаъолияти дастаҷамъӣ, раванди одилонаи бозӣ ва эҳтироми ҳамдигариро бо усулҳои фаъолияти Созмони Миллати Муттаҳид ҳамсон гуфт ва он чизе ки гуфта шуд, инъикос аз фарҳанги ниёгони милати тоҷик буд, ки вассофи ҳамдигарфаҳмиву дустиву адолат ва танумандиву қаҳрамонӣ буданд.

Ҷавони тоҷик андар тахти шоҳони ҷаҳон биншаст,

Ки андар олами имкон хаёле ғайриимкон буд.

Ба фарҳанге, ки дар васфаш ба ҷузъ аҳсант натвон гуфт,

Ба тадбире, ки армони ниёкони пурармон буд. (А.Раҳнамо)

Бояд гуфт ки пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ, фарзанди миллати тоҷикро СММ пазироӣ намуда,вобаста ба он қатънома қабул кард. Кунун ин пешниҳоди муҳими Рустами Эмомалӣ - Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро оламиён таҷлил менамоянд. Ҳамасола 25 май дустдорони футбол бо ҳам омада, рузи ҷаҳонии футболро танин менамоянд.

Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ вобаста ба таҷлили 25 май ҳамчун рузи ҷаҳонии футбол,бори нахуст, моҳи феврали соли 2024 баён гардида буд, ки аз ҷониби сокинони мамлакат ҷонибдории амиқро пайдо намуд. Сокинони синну соли гуногун бо баргузории роҳпаймоии оммавӣ, ки моҳи марти соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ҳаммаромии худро бо муҳтарам Рустами Эмомалӣ нишон доданд. Дар ин раҳпаймоӣ зиёда аз 10 ҳазор нафар ҷавонону варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногуни пойтахт иштирок намуданд. Ин амал дар баробари ҳамовозӣ ва ҷонибдории пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳамзамон бозгу аз он буд, ки хурду бузурги Тоҷикистон нақши варзишу танумандӣ ва ҳаёти солимро дар пешбурди ҷомеа ва ҳаёти ҳаррузаи худ бараъло эҳсос доранд ва варзишро як рукни фарҳанги миллӣ ва омили солимии ҷомеаву миллат медонанд. Дар ин ҳамоиш ва роҳпаймоӣ иштирокчиён –сокинони Тоҷикистон, бо болидахотирии том ва ҳаммаромӣ нишон доданд,ки бозии футбол қодир аст, ҷавонони давлатҳои дунёро,новобаста аз синну сол, нажод ва миллат, ойину эътиқод, бо ниятҳои нек, ҷиҳати дастгирии ҳаёти солим ва танумандӣ бо ҳам орад.

Бозии футбол, ки дар ҷаҳон мухлисону дустдорони бешумор дорад,метавонад бо ҷолибияти худ тамоми монеаҳову нофаҳмиҳоро аз байн бибарад, одамонро наздиктар бисозад. Бозии футбол дорои неруи сарҷамъкунанда ва муттаҳидкунанда мебошад,тақозои тарбияи ҷисму руҳи солимро дорад. Ривоҷи бозии футбол дар марҳилаи кунунии ҳассоси ҷаҳон,ки дар он ҳаргуна гурруҳҳои зидди арзишҳои неки инсонӣ тақвият ёфтаистодаанд,басо муҳим мебошад. Тавассути равнақи ин бозии шавқовар метавон руҳияи ҷавононро ба ахлоқи ҳамида,эҳтироми ҳамдигарӣ ва интихоби дурусти ҳаёт ҷалб намуд. Футбол таърихи куҳан дорад ва чандин насли башарро бо тарғиби тарзи ҳаёти солим тарбия намудааст.

Пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ -Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон,Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,раиси шаҳри Душанбе низ маҳз аз чунин афкор сарманша мегирад.Ҳадафи ин фарзонаҷавони миллати тоҷик – муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо манзури чунин пешниҳод низ он аст,ки тавассути таҷлили рузи ҷаҳонии футбол ҷавонони давлатҳои гуногун боз бо ҳам оянд. Рузи ҷаҳонии футбол боз як баҳонаву воситаи навбатиест баҳри ваҳдатороиву ваҳдатсароиву ваҳдатсозии мардумони дунё,ки дар марҳилаи кунунии таърих ба он ниёзи зиёд аст. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мадди аввал худ варзишгар аст, вассофи ҳаёти солим ва танумандӣ, дустдори ин намуди бозии варзишӣ ва аз ин рӯ шавқу рағбатро нисбати муҳимият ва мавқеи футбол дар ҳаёти ҷавонон аз ҳама бештар дарк менамояд. Ин пешниҳод – эълони рузи ҷаҳонии футбол, аз нахуструзи қабули Қатънома натоиҷи неку самарабахш дорад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ фарзанди ғаюри миллати тоҷик, варзишгари комгору сиёсатмадори ҷавони ҷаҳони муосир хуб дарк дорад,ки дар ин айёми нооромиҳои Шарқу Ғарб месазад,ки теъдоди чорабиниҳои муттаҳидкунандаву баҳамоварандаи аҳли башар бештар бошанд. Ин пешниҳод аз умқи дили инсондустонаи ин ҷавонписари миллати тоҷик- муҳтарам Рустами Эмомалӣ руҷуъ кардааст, ки танҳо нияти неку самимият ва маҳбубияти хосаро нисбат ба мардумони дунё таҷассумгар мебошад.

Бо дарки чунин ниятҳои неки фарзанди модари тоҷик, 7 майи соли ҷорӣ Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Рустами Эмомалӣ -Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол пазируфта,вобаста ба он қатъномаро ба тасвиб расонид.Дар қатънома аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузарондани чорабиниҳои бузурги варзишӣ, ки онҳо хусусияти муттаҳидкунанда ва мусолиматомез доранд, таъкид шудааст.

Манзури чунин пешниҳоди ба нафъи мардумони дунё дар ин айёми пуртаззод басо саривақтӣ мебошад ва бори дигар шаҳодат аз он аст,ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо дарки масоили муҳими ҷаҳонӣ ҳамқадами замони худ,фарзанди даврони худ аст. Дастгирии ин гуна пешниҳод дар сатҳи ҷаҳонӣ барои ҷавонони Тоҷикистонӣ ва кулли мухлисони ин намуди бозии варзишӣ мояи ифтихор аст.Таҷлили Рузи ҷаҳонии футбол ҳамзамон боиси он аст,ки теъдоди мухлисони футбол зиёд ва дар маҷмуъ дустдорони ҳаёти солим афзоиш ёбад.

Дар Тоҷикистон Рузи ҷаҳонии футбол бо Рузи ҷавонони Тоҷикистон ҳамқадам аст. Тавҳамии Рузи ҷавонони Тоҷикистон ва Рузи ҷаҳонии футбол ҳамбастагии ҷавонию варзишро баёнгар мебошад. Бешак футболи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии ватан на танҳо ба ҳайси бозии варзишии шавқовар, балки ҳамчун воситаи муаррифии миллат,вассофи солимият дар мамлакат, рағбат ва шавқ дар ҷодаи ташфиқу тарғиби фарҳанги варзиш, ҳамзамон ҳамчун ҳамқадами замони худ будани ҷавонони Тоҷикитонӣ шинохта мешавад. Бозии футболбозони тоҷик низ ба марҳилаи нави рушди хеш расидааст. Ҳар як голи футболбозони тоҷик ва бозии пирузонаи онҳо боиси фараҳмандии хурду бузурги Тоҷикистон мебошад.

«Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021», «Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024», ки бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» амалӣ гардиданд, албатта ба рушди футбол дар мамлакат таъсири худро расониданд. Ҳадафҳои асосӣ аз роҳандозии ин барномаҳо рушд бахшидан ба пешрафти бозии футбол дар деҳот, баргузор намудани мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи деҳот, бозсозӣ ва беҳтар гардонидани сифати майдонҳои футболбозӣ дар деҳот, ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба бозии футбол ва тавассути бозии футбол дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбият намудани наврасону ҷавонон дар деҳоти кишвар мебошад. Ҳамзамон дар таҳрири нав Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва дар заминаи он «Барномаи маҷмуии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» мавриди амал қарор доранд, ки аз ҷумлаи тадбирҳои дар ин самт муҳими Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбанд.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи 28 декабри соли 2024 омадааст, ки “Таъмин намудани рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳадафи он оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад. Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи кишварамон мусоидат менамояд. Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаҳои иштирокчии мусобиқаро марҳила ба марҳила бо тӯбҳои футболбозӣ ва дигар лавозимоти варзишии футбол таъмин менамоянд”

Ба ҳамин зайл варзиш дар мамлакат ба як рукни фарҳанг табдил ёфта, ба рушди футбол таваҷҷуҳи махсус равона карда мешавад.Ҷоиз ба гуфтан аст, ки рушди футболи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии Ватан низ бо номи муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавҳамии комил дорад. Маҳз ин варзишгару сиёсатмадор футболи тоҷикро дубора ҷон ва қабои нав бахшид.

Имрузҳо ин ҷавонписари худогоҳи миллат, муҳтарам Рустами Эмомалӣ самараи заҳматҳои худро андар рушди футболи Тоҷикистон ва рушду таваҷҷуҳ ба он дар сатҳи ҷаҳонро ба даст овард. Аз минбари баланд судманд будани пешниҳоди худро, ба нафъи аҳли башар будани онро, инъикоси арзишҳои неки инсонӣ дар онро исботи амиқ намуд.

Дар рузи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавони худогоҳи миллат боз таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба маромҳои инсондустонаи мадуми тоҷик ҷалб намуд. Ин беҳтарин туҳфа дар ин иди ояндасозони Ватан ва дар ҳақиқат Рустами як Тоҷикистони бузург.

Аҳсан ба фарзанди сазовори падар!

Хосият Худоёрбекзода - унвонҷуйи шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳодур Искандарови АМИТ

 Май 23, 2025 10:24

ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Тоҷикистон мамлакати ҷавонон аст ва бо назардошти саҳм ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва давлат дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ин қишр ҷойгоҳи афзалиятнок дорад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки самти асосии пешбурди ҷомеаи солим дар тамоми давру замонҳо такя ба қувваи асосии пешбарандаи он- ҷавонон менамояд. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободию пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд».

Бо такя ба ин суханони Пешвои миллат бояд гуфт, ки ҷавонони давраи соҳибистиқлолӣ қувваи пешбарандаи ҷомеа ва неруи созандаи имрӯзу фардои миллати тоҷик ба шумор мераванд. Ҳамзамон ҷавобан ба ғамхориҳои ҳукумату давлат имрӯзҳо ҷавонони Тоҷикистон бо неруи зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва фаъолияти пурсамар дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ саҳм гузошта, сазовори боварӣ ва эътимоди Сарвари давлат гардидаанд.

Дар Тоҷикистон барои амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ қабул шудаанд. Аз ҷумла, дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин якчанд ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсис ва баргузории ҷаласаи нахустини Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъйин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзею гулгаштҳои фароғатӣ, бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз ва Соли ҷавонон эълон намудани соли 2017 дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар ҷавони саодатманди мамлакат мебошанд.

Мақсади асосии қабули ин барномаҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон, маърифатнокии комили ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таъмин намудани ҳуқуқҳо ва ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Дар тамоми соҳаҳо ва қишрҳои ҷомеа имрӯз саҳми ҷавононро мушоҳида кардан мумкин аст. Пеш аз ҳама, дар самти омӯзиши илму дониш, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии техника ва технологияи муосир ҷавонон пешсаф мебошанд. Илмандӯзӣ метавонад наврасону ҷавононро аз ҳар гуна омилҳои номатлуб эмин нигоҳ дошта, ба ташаккули хештаншиносию ватандӯстии онҳо таъсири мусбат расонад.

Пеш аз ҳама, дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон нақши Пешвои миллат беандоза калон буда, ҷавонон пайваста дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон қарор доранд. Сарвари давлат ҳамчун шахсияти сиёсӣ дорои таҷрибаи мактаби бузурги давлатдорӣ буда, дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти илм ва оммавигардонии илму дониш талошҳои пайваста менамоянд. Илммеҳварии Пешвои миллат боиси рушду ишкишофи илми тоҷик ва мактаби миллии тоҷикӣ гардидааст, зеро дар ин самт ба неруи ҷавонон такя менамоянд. Ин буд, ки олимони ҷавони тоҷик дар даҳсолаи охир ба натиҷаҳои баланди илмӣ ноил гашта, дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва мутобиқгардонии илм ба истеҳсолот саҳми арзанда мегузоранд.

Солҳои охир Ҳукумати мамлакат якчанд барнома ва стратегияҳои давлатиро бо мақсади рушди илми муосир дар соҳаи илму маориф ба роҳ мондааст. Аз қабили озмунҳои фаннӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ, озмуни «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва дигар озмунҳое, ки ба рушди соҳаи илмҳои риёзию дақиқ ва ихтирооту навоварӣ таъсири муфид мерасонанд. Маҳз натиҷаи ҳамин аст, ки солҳои охир дастовардҳои илмии ҷавонони мо дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ зиёд гашта, таҳқиқоти муҳаққиқони мо дар истеҳсолот амалӣ мегарданд.

Ҷавонони саодатманди тоҷик бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва хештаншиносӣ давлати ҷавонашонро, ки истиқлолияти комилро соҳиб гардидааст, танҳо бо роҳи илм ва инкишофи саноат метавонанд пешрафтаю мутараққӣ гардонанд.

Дилафрӯз ДОСТИЕВА, ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

1212Қабул гардидани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март- Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (2025-2034) дар баланд гардидани нуфузи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун кишвари дорои сарчашмаҳои бузурги оби тоза, пиряхҳои бузург имкониятҳои сайёҳӣ дар самти дастрасӣ ва таъмин бо оби тозаи ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо нақши муассир мегузорад.

Конференсияи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки санаи 29 - 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, аввалин конфронси байналмилалии сатҳи баланди Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо дар миқёси ҷаҳон мебошад. Мақсади асосии конфронс ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ва гармшаии глобалӣ ба онҳо мебошад. Ин чорабинии бонуфуз бо иштироки зиёда аз 1000 нафар намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, олимон, сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад.

Пешниҳоди силсилаташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи захираҳои обӣ ва ҳифзи пиряхҳо ба Созмони Миллали Муттаҳид ва баргузории конференсияи сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари сабз ва дорои захираҳои бузурги обу пиряхҳо дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳон нақши муҳим мебозад.

Дар ҳошияи баргузории конфронси мазкур Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузории як қатор чорабиниҳоро оид ба масоили ҳифзи захираҳои обӣ, пиряхҳо ва дурнамои илми криосфера бо ҷалби мутахассисон ва коршиносони дохиливу хориҷӣ ба нақша гирифтааст:

-санаи 22.05.2025 баргузории озмуни “Беҳтарин тасвир” дар мавзӯи “Пиряхҳои Тоқикистон: зебоӣ ва ҳифзи онҳо”;

-санаи 26.05.2025 кушодашавии Озмоишгоҳи низоми иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистон;

-санаи 26.05.2025 кушодашавии Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо, ва санитария;

-санаи 27.05.2025 баргузории конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Омӯзиши вазъи муосири криосфераи Тоҷикистон ва саҳми он дар гидрологияи Осиёи Марказӣ»

-санаи 29.05.2025 бо назардошти вақти муайян чунин чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст:

-чорабинии канорӣ дар мавзӯи “Пешрафти омӯзиши криосфераи Тоҷикистон: дастовардҳо ва самтҳои оянда” дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ;

-чорабинии канорӣ дар мавзӯи “Изотопҳо ва технологияҳои муосир дар омӯзиши пиряхҳо” дар ҳамкорӣ бо Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ;

-чорабинии канорӣ дар мавзӯи “Илм ва пиряхҳо” дар ҳамкорӣ бо Институти экология ва географияи Синзяни Чин;

- “Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ” дар ҳамкорӣ бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд қайд кард, ки соли 2018 бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази омӯзиши пиряхҳо дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ин Марказ дар самти омӯзиши пиряхҳои кишвар, муайян кардани тавозуни онҳо ва омода сохтаи Феҳристи пиряхҳои Тоҷикистон бо усулҳои замонавӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд фаъолияти назаррас менамояд.

Дар баргузории чорабиниҳои мазкур натиҷаи корҳои тадқиқотии олимони дохилӣ ва хориҷӣ табодул ёфта, ҷиҳати сайқали илми криосфера ва глятсиология шароит фароҳам меоварад.

Убайдулло Убайдуллоев ходими калони илмии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”

“Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.”

Эмомалӣ РАҲМОН

Мусаллам аст, ки дар замони бархурди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии босуръат масъалаи худшиносии миллии ҷавонон ва такя ба ин қишри созандаву бунёдкори ҷомеа ҳамеша ва инчунин ба таври пайваста ба яке аз самтҳои асосии сиёсати феълии давлату ҳукумат ба шумор мераванд.

Зеро саҳми ҷавонон дар марҳалаи имрӯзаи рушди босуботи ҷомеа басо ҳам чашмрас аст. Чунки ҷавонон унсури таркибии ҳастии миллат ва рукни бунёдии мафкураи миллианд. Аз нигоҳи дигар фаъолияти рӯзмарраи ҷавонон ҳамеша бояд ба манофеи миллӣ ҷавобгӯ ва созгор бошад.Насли ҷавон низ бояд соҳибилм, эҷодкор, бофарҳанг, бомаърифат, меҳанпараст, меҳандӯст ва солимфикр ба камол расад.

Мо насли бузургсолро низ зарур аст, ки ҳамзамон ташаккули зеҳнӣ, илмӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллии ҷавононро ривоҷу равнақ дода, дар ин замина месазад, ки дар вуҷудашон меҳру муҳаббат ба Ватану Модар, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзамон дурӣ аз бегонапарастиро маскан диҳем.

Мо ҳамагон аз як гиребон сар бароварда, бояд аз Ватани соҳибистиқлолу соҳибтамаддуни хеш ҳамеша ифтихор намоем ва ҳамзамон дар самти ҳифзи манфиатҳои он, дифои соҳибихтиёрӣ ва муҳофизати марзу буми Ватани азиз ва ҳамзистии осоишта ҳамеша ҳушёру бедор бошем. Чароғи меҳру муҳаббат ба Ватан дар замири ҳар яки мо – соҳибватанони асил бояд ҳамеша фурӯзон бошад.Муҳимтар аз ҳама, мо бояд ба наслҳи имрӯзу оянда дуруст фаҳмонему роҳ нишон диҳем, ки соҳибватан будан ифтихори бузург асту ба қадру манзалати ин неъмати бебаҳою муқаддас – Ватан – Модар ва соҳибистиқлолӣ расидан масъулияти ҷиддист.

Тавре, ки шоири Ватандӯсту ваҳдатсаро устод Абулқосим Лоҳутӣ гуфта:

Дар роҳи Ватан мурдан зиндагист,

Мурдан зиндагонӣ дар бандагист.

Лозим ба тазаккур аст, ки айни замон ҷавонони далери кишвар қишри созандаву бунёдкори ҷомеа маҳсуб ёфта, ба таври пайваста ва ҳамеша дар мадди назари Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Чунки ба андешаи мо дар ҳақиқат саҳеҳ будани таваҷҷуҳи пайвастаи давлату ҳукумат ба ҷавонони кишвар боиси он гардидааст, ки ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа мо дар таҳавуллоти доимӣ қарор дошта бошад.Чунки ин неру ҳамеша ва дар ҳар давру замон созандаву бунёдкор мебошад ва садоқату муҳаббати ҷавонон ба Ватан дар шароити муосир беш аз ҳарвақта зарур мебошад.

Бояд гуфт, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар симои ҷавонон ҳамеша парчамбардорон ва ояндасозони миллатро мебинанд. Аз ин рӯ, мавсуф ба таври пайваста таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ин қишр ҷалб сохта, таълиму тарбия ва инчунин дастгирии онҳоро рисолати асосии миллат мешуморанд. Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат зимни яке аз баромадҳои худ аз ҷумла чунин гуфтаанд: ”Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Дар фарҷом метавон гуфт, ки саҳми ҷавонон дар марҳалаи муосири рушди ҷомеа басо ҳам чашмрас аст. Зеро ҷавонон унсури таркибии ҳастии миллат ва рукни бунёдии мафкураи миллианд. Фаъолияти рӯзмарраи ҷавонон бояд ба манфиатҳои миллӣ мувофиқ ва ҷавобгӯй бошанд. Насли ҷавон бояд соҳибилм, эҷодкор, бомаърифат, серғайрату меҳандӯст ва меҳнатдӯсту солимфикр ба камол расанд. Инчунин ҷиҳати ташаккули зеҳнӣ, илмӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллии ҷавононро ривоҷу равнақ дода, ҳамзамон дар ин замина месазад, ки дар ниҳодашон муҳаббат ба Ватану арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва дурӣ ҷустан аз бегонапарастиро ҷой диҳем.

РАҲИМЗОДА Алишер Орзу, номзади илмҳои математика, директори Институти математикаи АМИТ

«Барои ҷавонон ҳамаи шароитҳо муҳайё гардида, онҳоро зарур аст, ки ҳар лаҳзаи умрро самаранок истифода бурда, забонҳои хориҷиро аз худ намоянд”

Эмомалӣ Раҳмон

Пешвои миллат ҳамеша такя ба ҷавонон мекунанд. Зеро ҷавонон нерӯи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошанд. Имрӯзҳо ҷавонон дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки барои бомуваффақият амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, аз ҷумла «Стратегияи рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» омода ва қабул гардиданд.

Ҳамзамон, Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодааст, ки мисоли он таъсиси мақомоти ваколатдор дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, маблағгузории фаъолияти соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон тавассути барномаҳои соҳавӣ, дар тақвими санаҳои таърихӣ ворид гардидани санаи 23 май - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таъсис дода шудани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, таъсиси квотаҳои президентӣ, ҷудо намудани грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъи­ятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, таъсиси Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин сохтмони мактабу донишгоҳҳо ва китобхонаҳои сатҳи байналмилалӣ, толорҳои варзишӣ, мавзеъву гулгаштҳои фароғатӣ, бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир аз тадбирҳои муҳим ва дастовардҳои назаррас дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбанд.

Барои ин ҷавононро зарур аст, ки доимо пайи омӯзиш, равнақи илму дониш ва баланд бардоштани тафаккуру васеъ намудани ҷаҳонбинии худ бошанд. Ҳар як фарди ақли солиму расо дошта, бояд воқеоти ҷаҳонро таҳлил ва хулосабарорӣ карда тавонад. Дар ин сурат, ҳеҷ гоҳ ягон нафар ҷавон шомили гурӯҳҳои ифротӣ намегардад, дигаронро низ барои баргаштан аз ин роҳи бад эмин нигоҳ медорад. Барои тарбияи насли наврас ва бунёди ҷомеаи солим тамоми аъзои ҷомеа бояд масъулиятнок бошанд ва ҷавобгариро эҳсос намоянд.

Ҷаҳонишавии замони муосир аз ҳар фарди ҷомеа, бахусус ҷавонон дар роҳи аз бар намудани донишҳои назариявӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва содиқу вафодори миллату давлат буданро тақозо дорад. Чунки то ба ҳол на ҳама имконияту нерӯи хешро ҷавонони мо ба пуррагӣ истифода намуда истодаанд.

Беҳуда нест, ки ҳанӯз 2500 сол пеш файласуфи маъруф Арасту гуфта буд, ки, асоси давлатдорӣ ин илм, фан ва маориф аст.

Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрузаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

Камоловам Дилбар - ходими илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Инсон ҳамеша дар сари дуроҳаи интихоб қарор дорад: чӣ гуна амал кардан, кадом арзишро пазируфтан ва чӣ роҳеро пеш гирифтан. Ахлоқ интихоби инсон буда, яке аз масъалаҳои муҳими фалсафа, дин ва ҷомеашиносӣ мебошад. Носири Хусрав, шоир, мутафаккир ва ҳакими асри XI, дар осораш ба аҳамияти хирад, виҷдон ва интихоби ахлоқи наку таъкид карда, инсонро ба роҳи рост ва амали нек ҳидоят мекунад, ки ахлоқ интихоби худи инсон аст ва ин интихоб на танҳо ба зиндагии шахсӣ, балки ба ҷомеа ва ояндаи ӯ низ таъсир мерасонад.

Дар зер як порчаи пурмазмун аз «Девони Носири Хусрав» оварда мешавад, ки ба мавзӯи ахлоқ ва интихоби инсон иртибот дорад:

Ту худ интихоб кун роҳи хайру шар,

Ки дар охират набинӣ зи бад зарар.

Агар некӣ кунӣ, некӣ бубинӣ,

Вагар бад кунӣ, ба бад хоҳӣ нишинӣ.

Тафсир: Ин абёт бо содагӣ, вале бо умқи фалсафӣ нишон медиҳанд, ки инсон дар интихоби роҳи зиндагиаш озод аст. Носири Хусрав таъкид менамояд, ки ахлоқи нек ё бад натиҷаи қарорҳои худи инсон аст. Агар инсон роҳи некӣ ва адолатро интихоб кунад, дар дунё ва охират натиҷаи мусбат хоҳад дид, аммо агар ба бадӣ рӯ орад, оқибатҳои манфии он гӯшагираш хоҳанд шуд.

Ин порча як даъвати огоҳона ба худшиносӣ ва масъулият дар баробари интихобҳои хеш аст. Носири Хусрав, шоир, мутафаккир ва ҳакими асри XI, дар осораш ба аҳамияти хирад, виҷдон ва интихоби ахлоқи наку таъкид карда, инсонро ба роҳи рост ва амали нек ҳидоят мекунад.

Ин мақола ба баррасии мафҳуми интихоби ахлоқ, ахлоқи ҳамидаи ҷавонон бахшида шудааст.

Ахлоқ маҷмӯи қоидаҳо ва арзишҳост, ки рафтори инсонро дар ҷомеа танзим мекунад. Инсон бо истифода аз хираду виҷдонаш қарор қабул мекунад, аммо ин қарорҳо зери таъсири арзишҳои фарҳангӣ, динӣ ва иҷтимоӣ қарор доранд. Носири Хусрав бовар дошт, ки инсон бояд бо такя ба хирад ва имон роҳашро интихоб кунад. Дар ашъораш, ӯ аксар аз инсон даъват мекунад, ки аз нафс саркашӣ ва аз дунёи фонии пурфитна дурӣ ҷӯяд ва ба хирад такя кунад.

Гар ту хирадро раҳнамоӣ дорӣ,

Нафси саркашро ба хато набарӣ.

Роҳи ҳақиқатро зи ҷаҳолат биҷӯй,

К-аз ту бимонад номи нек дар ҷаҳон.

Дар ин шеър, Носири Хусрав хирадро чун чароғи роҳнамои инсон дар интихобҳои ахлоқ муаррифӣ мекунад. Ӯ таъкид мекунад, ки агар инсон хирадро пешвои худ қарор диҳад, аз фиреби нафси саркаш, ки ӯро ба роҳи нодуруст мебарад, эмин мемонад. Калимаи "нафси саркаш" ба хоҳишҳои нораво ва дунявии инсон ишора дорад, ки метавонад ӯро аз роҳи ахлоқ берун кунад. Дар байти дуюм, Носири Хусрав инсонро ба ҷустуҷӯи ҳақиқат ва мубориза бо ҷаҳолат даъват мекунад. Ин ҷустуҷӯи ҳақиқат як интихоби ахлоқист, ки инсонро ба амалҳои нек ва ҷовидонии номи нек дар ҷомеа мерасонад.

Шеър нишон медиҳад, ки интихоби роҳи хирад ва ҳақиқат на танҳо ба нафъи худи инсон аст, балки мероси ахлоқии ӯро барои наслҳои оянда низ ҳифз мекунад.

Порчаи дигар аз «Куллиёт»:

«Хирадро кун роҳбари зиндагӣ,

Ки бе хирад зиндагонӣ бад аст.»

Тафсири байтМаънии байт: «Хирадро кун роҳбари зиндагӣ»: Носири Хусрав таъкид мекунад, ки хирад (ақл) бояд асоси рафтор ва қарорҳои инсон дар зиндагӣ бошад. Хирад дар ин ҷо ҳамчун як роҳнамои боэътимод барои расидан ба зиндагии арзишманд муаррифӣ мешавад.

«Ки бе хирад зиндагонӣ бад аст»: Зиндагӣ бидуни хирад пур аз иштибоҳ, гумроҳӣ ва ноумедӣ аст. Носири Хусрав зиндагии бидуни ақлро ночиз ва пур аз ранҷ мешуморад.Заминаи фалсафӣ: Ин байт ба ақидаҳои фалсафӣ ва исмоилии Носири Хусрав пайванд дорад. Носири Хусрав бар ин бовар аст, ки инсон танҳо тавасути хирад метавонад аз нафси зоҳирӣ ва хоҳишҳои моддӣ раҳо ёбад ва ба сӯи маърифати илоҳӣ ҳаракат кунад. Ин байт ҳамчунин як навъ даъват ба худшиносӣ ва андешаи амиқ аст.

Носири Хусрав дар ашъори худ, махсусан дар «Девони ашъор» ва «Саодатнома», ба мавзӯъҳои ахлоқи бад, худпарастӣ ва дурӣ аз рафторҳои ношоям таваҷҷуҳи зиёд кардааст. Дар зер як порчаи дигар аз ашъори ӯ оварда мешавад, ки ба танқиди ахлоқи бад ва таъкид бар худшиносӣ ишора дорад:

Чу бад кардӣ, ба бад номат нахоҳанд,

Валекин бад бубинӣ дар ҷаҳонат.

Туро бад карданат бошад ба зиён,

Ки бадро бад бошад ҷазои ҷон.

(Манбаъ: «Девони Носири Хусрав»). Дар ин абёт, Носири Хусрав таъкид мекунад, ки аъмоли бад на танҳо обрӯи инсонро хароб мекунад, балки дар ниҳоят ба худаш зиён мерасонад. Ӯ инсонро ба андеша дар бораи оқибатҳои рафтораш даъват мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои муаззами миллат, дар суханрониҳо ва паёмҳои худ борҳо ба аҳамияти ахлоқи ҳамида, махсусан дар байни ҷавонон, таъкид намудаанд. Ахлоқро асоси пешрафти ҷомеа ва кафили ваҳдату суботи миллӣ медонанд. Дар зер як иқтибоси пурмазмун аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон оварда мешавад, ки ба мавзӯи ахлоқи ҳамида дар байни ҷавонон дахл дорад:«Ҷавонон бояд бо ахлоқи ҳамида, хештандорӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия ёбанд, то ояндаи дурахшони Ватанро бунёд кунанд. Илму дониш, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ асоси зиндагии шоистаи онҳост.»

(Иқтибос аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонон, 2020)

Инчунин Носири Хусрав низ дар ашъори худ ба ахлоқи ҳамида, махсусан дар миёни ҷавонон, таваҷҷуҳи зиёд кардааст, зеро ӯ ҷавононро ояндаи ҷомеа медонист. Ӯ дар осораш, аз ҷумла «Саодатнома» ва «Девони ашъор», ба арзишҳои ахлоқие, чун ростӣ, адолат, хоксорӣ, илмҷӯӣ ва дурӣ аз нафсоният таъкид мекунад, ки барои ҷавонон роҳнамои зиндагӣ бошад. Дар зер порчаи пурмазмун аз ашъори Носири Хусрав оварда мешавад, ки ба ахлоқи ҳамида дар миёни ҷавонон ишора дорад:

Эй ҷавон, то тавонӣ, некӣ кун,

З-ин ҷаҳон бо ахлоқи хубӣ кун.

Нафсро банд кун аз хастагӣ,

К-илму дониш орад ба растагӣ.

(Манбаъ: «Девони Носири Хусрав»)

Тафсир: Ин абёт паёми мустақим ба ҷавонон аст, ки дар айёми ҷавонӣ, вақте нерӯ ва имкониятҳо фаровонанд, бояд ахлоқи некро пеша кунанд. Носири Хусрав таъкид мекунад, ки нафсро аз хоҳишҳои беҳуда боздошта, ба илму дониш рӯ оранд, зеро ин роҳ ба сӯи саодат ва комёбӣ мебарад. Ахлоқи ҳамида, ба ақидаи ӯ, на танҳо инсонро аз бадӣ наҷот медиҳад, балки ҷомеаро низ обод мекунад.

Ҷавонӣ чун баҳори зиндагист, пур аз умеду орзуҳо. Дар ин давраи пуршӯр, ахлоқи ҳамида мисли чароғест, ки роҳи дурустро равшан мекунад. Ахлоқи нек на танҳо ростгӯӣ, меҳрубонӣ ва эҳтиром ба дигарон аст, балки қудрати интихоб кардани роҳи хайр дар баробари васвасаҳост.Ҷавонони имрӯз, ки бо дунёи пур аз тағйирот ва имкониятҳо рӯ ба рӯянд, бояд бидонанд, ки ахлоқи шоиста онҳоро аз гумроҳӣ наҷот медиҳад. Як сухани нарм метавонад дилҳоро ба ҳам орад, як қадами хайр метавонад ҷомеаро обод созад, ва як амали рост метавонад эътимоди дигаронро ба даст орад.Ахлоқи ҳамида ин интихоби ҳар рӯз аст: интихоби он, ки бо виҷдон кор кунем, ба оила ва дӯстон содиқ бошем, ва барои Ватан бо ифтихор хизмат кунем.

Ҷавоне, ки бо донишу ахлоқ мусаллаҳ аст, на танҳо ояндаи худ, балки ояндаи миллатро месозад. Пас, биёед, дар ҳар лаҳзаи ҷавонӣ бо ахлоқи нек зиндагӣ кунем, чун ин ганҷи беназир моро ба сӯи зиндагии пур аз маъно ва хушбахтӣ мебарад.

Ҷамолиддинзода Хушдила Ҷамолиддин магистранти курси 1-уми шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

(Бахшида ба 23 - май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон)

Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат буда, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа мебошад, зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон

123123123Самараи неки истиқлолият ва баракоти сулҳу суботи сиёсии кишвар аст, ки дар мамлакати мо ба масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Воқеан, ҳам истиқлолият ҳамчун дастоварди олӣ ва нодири мардуми шарафманди кишвар ҷиҳати тавсеаи имконот ва шароити мусоиду арзанда барои насли ояндасоз - ҷавонон заминаи мусоид фароҳам овард.

Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани сарвари давлат боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд.

Бо дастгирии Пешвои миллат, саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23-юми май Рӯзи ҷавонон мебошад. Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон натанҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан кӯмаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон аст. Ба ин маънӣ кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи мо, ҷавонон, умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд.

Бояд қайд намуд, ки қадамҳои аввалин дар роҳи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакатамон бо ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ҳанӯз 13 марти соли 1992 гузошта шуда буд. Дар ин давра кишвари мо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба дастовардҳои хеле бузург ноил гардид.

Ҷавонони кишвар низ худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии хешро сарбаландона адо менамоянд ва барои рушду нумӯи кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю такондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозанд.

Ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намуда истодаанд.

Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем. Зеро ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Бевосита талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

Боиси ифтихор аст, ки давлату ҳукумати кишвар рушди маориф ва илмро аз самтҳои афзалиятноки кишвар дониста, баҳри пешрафти соҳаҳо дар зарфи 33-соли истиқлолияти давлатӣ ҳамаи шароитҳоро фароҳам оварданд.

Бахусус дар раванди илму донишомӯзӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, рамзҳои давлатӣ, фаъолгардонӣ ва маърифатнокии ҷавонон баҳри бунёди давлати ҳуқуқбунёду соҳибистиқлол корҳои ҷолибу назаррас ба анҷом расиданд.

Шароити беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омузишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам шудааст, ки мо ҷавонон илм омӯзему баҳри ин ватани азизамон хизмати шоиста ба ҷо орем.

Илова бар ин, бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат соли 2017 – Соли ҷавонон эълон гардида буд, ки ин ҳама аз таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои миллат ба ҷавонон гувоҳӣ медиҳад. Мо ҷавонон хушнуд аз он ҳастем, ки ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат нисбат ба мо ҷавонон рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст.

Бо сарфарозӣ ва ифтихормандӣ изҳор менамоем, ки дар идомаи пуштибониҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат дар роҳи саодати халқу Ватани азиз бо тамоми ҳастӣ, бо дасту дили пок, умеду ҳадафҳои созанда саҳм мегузорем.

Мо, ҷавонон аҳди ҷавонмардӣ медиҳем, ки ба қадри суботи комили кишвар мерасем ва чун пайравони асили Пешвои муаззами миллатамон ба халқ ва Тоҷикистони азиз содиқона, софдилона ва поквиҷдонона хизмат менамоем!

Бо истифода аз фурсати муносиб кулли ҷавонони Тоҷикистонро бо Рӯзи ҷавонон табрику муборакбод намуда, таманнои онро дорам, ки ҳар як фарди ҷавони тоҷик ба қуллаҳои муроди хеш бирасад ва давомдиҳандаи кору пайкори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд.

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул - Ходими илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир, раиси Иттифоқи касабаи кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои асосии ҷомеаи муосири Тоҷикистон аст, ки дар таҳкими субот, пешрафти иқтисодӣ ва рушди фарҳангии кишвар нақши калидӣ дорад. Ин мафҳум на танҳо як идеяи сиёсӣ, балки як қувваи муттаҳидкунандаест, ки мардумро сарфи назар аз фарқиятҳои қавмӣ, динӣ ва иҷтимоӣ ба ҳам меорад.

Барои ҷавонон, ки қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи мустаҳкам барои рушди шахсӣ, касбӣ ва иҷтимоӣ хизмат мекунад. Ин мақола ба аҳамияти ваҳдати миллӣ барои ҷавонон, таърихи он, мушкилот ва роҳҳои таҳкими он бахшида шудааст.

Ваҳдати миллӣ ба маънои ҳамбастагӣ ва якдилии мардуми як кишвар аст, ки бо ҳадафҳои муштарак барои пешрафти ҷомеа муттаҳид мешаванд. Дар Тоҷикистон, ки таърихи пурғановати фарҳангӣ ва гуногунии қавмӣ дорад, ваҳдати миллӣ ба як омили муҳими суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Ин арзиш ба мардум имкон медиҳад, ки фарқиятҳои худро ҳамчун манбаи қувват истифода баранд ва барои бунёди ояндаи беҳтар якҷоя кор кунанд.

Ваҳдати миллӣ на танҳо ба сулҳу субот мусоидат мекунад, балки барои ҷавонон имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Дар ҷомеаи муттаҳид, онҳо метавонанд озодона орзуҳои худро амалӣ созанд, дар соҳаҳои мухталиф фаъолият кунанд ва дар рушди кишвар саҳмгузор бошанд. Масалан, ваҳдат ба ҷавонон имкон медиҳад, ки новобаста аз минтақаи зист ё вазъи иҷтимоӣ, ба маориф, кор ва имкониятҳои дигар дастрасӣ пайдо кунанд.

Барои дарки аҳамияти ваҳдати миллӣ, муҳим аст, ки ба таърихи он дар Тоҷикистон назар андозем. Солҳои 90-уми асри гузашта, Тоҷикистон давраи душвори ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд, ки боиси талафоти зиёд ва парокандагии ҷомеа гардид. Дар он давра, фарқиятҳои минтақавӣ ва иҷтимоӣ боиси ихтилофоти ҷиддӣ шуданд. Аммо бо имзои Созишномаи сулҳ дар соли 1997, Тоҷикистон роҳи ваҳдати миллиро пеш гирифт, ки ба барқарории субот ва рушди кишвар мусоидат кард.

Ин таърих ба ҷавонони имрӯз нишон медиҳад, ки ваҳдат на танҳо як арзиши абстрактӣ, балки натиҷаи мубориза ва талошҳои муштараки мардум аст. Имрӯз, ҷавонон бояд аз ин таҷриба сабақ гиранд ва дар таҳкими ваҳдати миллӣ фаъолона иштирок кунанд.

Ҷавонони Тоҷикистон, ки беш аз 60% аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Онҳо бо донишу малакаҳои худ метавонанд дар бунёди ҷомеаи муосир саҳмгузор бошанд. Масалан, ҷавонон дар соҳаҳои технология, маориф, фарҳанг ва варзиш метавонанд ташаббусҳои нав пешниҳод кунанд, ки ба тақвияти ҳамбастагӣ мусоидат мекунанд.

Маориф яке аз воситаҳои муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ аст. Тавассути барномаҳои таълимӣ, ҷавонон метавонанд дар бораи таъриху фарҳанги кишвар, арзишҳои муштарак ва аҳамияти субот маълумот гиранд. Масалан, дар мактабҳо ва донишгоҳҳо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ки намояндагони минтақаҳои мухталифи Тоҷикистонро ба ҳам меорад, метавонад ба тақвияти ҳамбастагӣ мусоидат кунад.

Дар асри рақамӣ, ҷавонон метавонанд аз технология барои таблиғи ваҳдати миллӣ истифода баранд. Масалан, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ онҳо метавонанд идеяҳои муттаҳидкунандаро паҳн кунанд, лоиҳаҳои иҷтимоӣ ташкил намоянд ва дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон нақл кунанд. Лоиҳаҳои стартапӣ, ки ба мушкилоти маҳаллӣ равона шудаанд, низ метавонанд ба рушди иқтисодӣ ва тақвияти ваҳдат мусоидат кунанд.

Фарҳанг ва варзиш низ дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши муҳим доранд. Чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили ҷашнвораҳои мусиқӣ, намоишҳои театрӣ ва намоишгоҳҳои ҳунарӣ, ба мардум имкон медиҳанд, ки бо гуногунии фарҳангии Тоҷикистон шинос шаванд. Ҳамчунин, мусобиқаҳои варзишӣ, ки намояндагони минтақаҳои мухталифро муттаҳид мекунанд, ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ мусоидат мекунанд.

Бо вуҷуди дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ, мушкилоте низ вуҷуд доранд, ки метавонанд ба ин раванд халал расонанд. Аз ҷумла:

-Ақидаҳои ифротӣ: Паҳншавии ақидаҳои радикалӣ, махсусан дар байни ҷавонон, метавонад ба парокандагии ҷомеа оварда расонад. Барои пешгирии ин, муҳим аст, ки ҷавонон ба маълумоти дуруст ва таълимоти созанда дастрасӣ дошта бошанд.

-Таъсири глобализатсия: Глобализатсия, аз як тараф, ба ҷавонон имкониятҳои нав медиҳад, аммо аз тарафи дигар, метавонад боиси камранг шудани арзишҳои миллӣ гардад. Барои ҳифзи ваҳдати миллӣ, муҳим аст, ки ҷавонон ба таъриху фарҳанги худ арҷ гузоранд.

Барои он ки ҷавонон дар таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми бештар гузоранд, як қатор чораҳо ва тавсияҳо мавҷуданд:

-Баланд бардоштани сатҳи маориф: Барномаҳои таълимие, ки ба арзишҳои ваҳдати миллӣ ва субот равона шудаанд, бояд дар мактабҳо ва донишгоҳҳо татбиқ гарданд.

-Ташкили чорабиниҳои муштарак: Чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва иҷтимоие, ки ҷавонони минтақаҳои мухталифро ба ҳам меорад, метавонанд ба тақвияти дӯстӣ мусоидат кунанд.

-Дастрасӣ ба имкониятҳо: Ҳукумат ва созмонҳои ҷамъиятӣ бояд барои ҷавонон имкониятҳои баробар барои таҳсил, кор ва рушд фароҳам оранд.

-Таблиғи арзишҳои миллӣ: Тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ муҳим аст, ки арзишҳои ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон таблиғ карда шаванд.

Барои нишон додани нақши ҷавонон дар таҳкими ваҳдати миллӣ, метавон ба якчанд намунаи муваффақ ишора кард. Масалан, созмонҳои ҷавонони Тоҷикистон, аз қабили "Пешсаф" ва "Созандагони Ватан", дар ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ фаъолона иштирок мекунанд. Ин созмонҳо лоиҳаҳои мухталифе, аз қабили омӯзиши забонҳо, баргузории семинарҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, амалӣ мекунанд, ки ба тақвияти ваҳдат мусоидат мекунанд.

Ҳамчунин, ҷавонони Тоҷикистон дар соҳаи технология низ дастовардҳои назаррас доранд. Масалан, стартапҳои ҷавонон, ки ба ҳалли мушкилоти маҳаллӣ, аз қабили дастрасии об ё беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ, равона шудаанд, на танҳо ба рушди иқтисодӣ, балки ба таҳкими ҳамбастагии ҷомеа мусоидат мекунанд.

Ваҳдати миллӣ барои рушду нумуи ҷавонони Тоҷикистон аҳамияти ҳаётӣ дорад. Ин арзиш на танҳо ба суботи кишвар мусоидат мекунад, балки барои ҷавонон имконият медиҳад, ки дар як муҳити созанда ва амн рушд кунанд. Таърихи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ваҳдат натиҷаи талошҳои муштарак аст, ва имрӯз ҷавонон вазифадоранд, ки ин арзишро ҳифз кунанд ва тақвият бахшанд.

Бо истифода аз маориф, технология, фарҳанг ва варзиш, ҷавонон метавонанд дар бунёди ҷомеаи муттаҳид ва пешрафта саҳми арзанда гузоранд. Барои ин, муҳим аст, ки онҳо ба имкониятҳои баробар дастрасӣ дошта бошанд ва аз таъриху фарҳанги кишвари худ ифтихор кунанд. Дар ниҳоят, ваҳдати миллӣ на танҳо як арзиш, балки як роҳи зиндагист, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистонро таъмин мекунад.

Ҳоҷизода Ганҷина ходими илмии МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм