Skip to main content
Зан–модар сарчашмаи ҳаёт, рамзи меҳру муҳаббат ва пояи устувори ҷомеа мебошад. Бузургии зан–модар дар он зоҳир мегардад, ки инсонро ба дунё меорад, ба воя мерасонад ва бо меҳри беканораш ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамояд. Модар нахустин омӯзгор, нахустин мураббӣ ва аввалин мактаби ахлоқу маърифат барои фарзанд аст.

Меҳри модар муқаддастарин эҳсосест, ки ҷаҳонро таҷалло мебахшад. Дуои неки модар роҳкушои зиндагии фарзандон аст. Аз ҳамин ҷост, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба зан–модар қарзи инсониву виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад. Рӯзи Модарон рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба мақоми баланди зан — модар, рамзи садоқату муҳаббат, сабру таҳаммул ва фидокорӣ мебошад. Модар сарчашмаи меҳру шафқат, чароғи хонадон ва асоси пойдории оилаву ҷомеа мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд: «Модар нахустин мураббӣ ва роҳнамои фарзанд буда, дар тарбияи насли солиму ватандӯст нақши бузург дорад. Зеро маҳз аз домони поки модар фарзандони боору номус, донишманду далер ва содиқ ба Ватан ба камол мерасанд. Арҷ гузоштан ба модар — арҷ гузоштан ба миллат, давлат ва арзишҳои муқаддаси инсонӣ мебошад».

Имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат мақому манзалати зан–модар рӯз ба рӯз боло рафта, барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Занону модарони тоҷик бо ақлу заковат, масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар пешрафту ободии Ватан саҳми арзанда мегузоранд. Модарон бо муҳаббати беканор ва дуои некашон чароғи зиндагии моро равшан месозанд. Онҳо бо заҳмати шабонарӯзӣ ва меҳри бепоён фарзандонро дар рӯҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои муқаддаси давлатӣ тарбия менамоянд.

Бинобар ин, гиромидошти модар қарзи виҷдонӣ ва масъулияти муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Дар ин рӯзи муборак ба тамоми модарону бонувони арҷманд сиҳатмандии комил, рӯзгори ободу осуда, файзу баракат ва хушбахтии бепоён орзу менамоем. Бигзор хонадони ҳар яки Шумо пур аз меҳру муҳаббат, сулҳу оромӣ ва саодати зиндагӣ бошад. Нури чеҳраатон ҳамеша тобон, қалбатон шод ва умратон дароз бод!

Ғиёсзода Асомуддин - номзади илмҳои биологӣ,
мудири «Озмоишгоҳи технологияи инноватсионии моддаҳои фаъоли биологӣ» Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои АМИТ