Skip to main content
Забони модарӣ нахустин воситаи муошират ва зуҳуроти тафаккури инсон аст. Он дар ташаккули шахсият, ҷаҳонбинии фард ва худшиносии миллӣ нақши муассир дорад. Забон на танҳо василаи иртибот аст, балки инъикосгари таърих, фарҳанг ва руҳу маънавиёти миллат низ мебошад. Забони тоҷикӣ, ки аз шохаҳои забонҳои эронии шарқӣ маҳсуб меёбад, зиёда аз ҳазор сол таърихи хаттӣ ва адабӣ дорад ва ҳамчун забони модарии мардуми тоҷик имрӯз низ мавқеи хоси худро нигоҳ доштааст.

Забони модарӣ нахустин забонест, ки кӯдак тавассути он муҳити худро мешиносад, эҳсосот ва фикру андешаи худро иброз медорад. Маҳз бо забони модарӣ инсон тавонистааст, ҷаҳонро дарк намояд ва фарҳангу суннатҳои миллиро аз насл ба насл интиқол диҳад.

Забон ва ҳувияти миллӣ пайвандии ҷудонашаванда доранд. Агар забон аз байн равад, дер ё зуд худшиносии миллӣ низ заиф мегардад. Ин маънӣ дар таълимоти бисёре аз мутафаккирони ҷаҳон ва ходимони давлатию фарҳангӣ таъкид шудааст. Ба қавли устод Айнӣ,
“забон пояи фарҳанг аст ва фарҳанг — рукни ҳастии миллат”.

Аз ин рӯ, ҳифзи забони модарӣ на танҳо вазифаи давлатист, балки, қабл аз ҳама масъулияти шахсии ҳар як шаҳрванди бонангу номус мебошад.

Забони тоҷикӣ дар асл шохае аз забони форсии дарӣ буда, дар асрҳои VIII–IX мелодӣ шакл гирифтааст. Забони тоҷикӣ бо осори безаволи устод Рӯдакӣ сарчашмаи нодири хаттӣ пайдо кард ва дар асрҳои минбаъда бо шоҳкориҳои Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Хайём, Мавлавӣ ва дигарон ғанӣ гардид.

Забони тоҷикӣ дар давоми асрҳо дар қаламрави паҳновари Осиёи Миёна ва Хуросон ҳамчун забони илму адаб, идоракунӣ ва муоширати байниқавмӣ истифода шудааст. Ҳатто дар замони Аморати Бухоро, ки тобеи хонадони Манғития буд, тамоми умури расмӣ бо забони тоҷикӣ анҷом дода мешуданд.

Сарфи назар аз вижагиҳо ва баъзе маҳдудияти даврони шуравӣ, забони тоҷикӣ тавонист, ки худшиносӣ ва якпорчагии миллиро нигоҳ дорад ва имрӯз, баъд аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, дубора мавқеи давлатиро касб кардааст.

Барои он ки забони тоҷикӣ на танҳо ҳифз, балки, аз ҷумла ба ҳайси забони илм дар шароити рақамикунонии соҳаҳои мухталифи иқтисоду ҳаёти ҷомеа рушд ёбад, бояд аққалан тадбирҳои зерин амалӣ гарданд:

Баланд бардоштани сатҳу сифати таълими забон дар муассисаҳои таълимӣ: аз синфҳои ибтидоӣ то донишгоҳ, омӯзиши забони гуфтугӯӣ ва навиштории модарӣ бояд ҷузъи муҳими барномаи таълимӣ бошад.

Омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи забоншиносӣ, тарҷума ва таҳияи адабиёт: танҳо тавассути забоншиносони варзида метавон камбудиҳои мавҷударо бартараф сохт.

Инкишофи фанновариҳои рақамӣ бо забони тоҷикӣ: тарҷумаи барномаву истиллоҳҳои компютерӣ, таҳияи луғатҳои электронӣ, муҳаррикҳои ҷустуҷӯ ва системаҳои матншиносӣ бо забони тоҷикӣ.

Тарғибу ташвиқи забони модарӣ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ: истифодаи забони тоҷикӣ бояд ба як меъёри иҷтимоӣ табдил ёбад.

Ҳавасмандгардонии муассиса ва ашхосе, ки барои рушду тарғиби забони тоҷикӣ саҳм мегузоранд, бо ҷоизаҳо ва ифтихорномаҳои давлатӣ.

Забони тоҷикӣ ҳамчун забони модарии миллати тоҷик на танҳо воситаи иртибот, балки пояи ҳастии фарҳанги миллӣ ва асолати тоҷикон мебошад. Ҳифзи забон ҳифзи миллат аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати фарҳангҳо ҳар миллате, ки ба забони модарии худ арҷ мегузорад, метавонад истиқлоли фарҳангӣ, маънавӣ ва фикрии худро нигоҳ дорад.

Ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки истифодаи дурусти забони модарӣ на танҳо масъулияти шахсӣ, балки қарзи шаҳрвандӣ ва миллӣ мебошад. Танҳо дар сурати гиромидошт ва рушди забони тоҷикӣ мо метавонем худшинос, худогоҳ ва соҳибфарҳанг боқӣ монем.

САЛИМОВ Акбар - ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон