Skip to main content
Паёми Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бозгӯи натиҷаҳо ва муваффақиятҳои беназири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи дурахшони ояндаи мамлакат аст. Имсол низ ин Паёми пурмӯҳтаво ба мардуми Тоҷикистон ироа гардид ва дарки он масъулияти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Чуноне дар Паём ироа гардид: "Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид".
Воқеан соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ нек пазируфта шуд.

Инҷо таваҷҷӯҳи хонандаи азизро ба яке аз рӯйдодҳои тақдирсози соли 2025, ки Пешвои муаззами миллат ироа намуданд ҷалб менамоем. Дар ин масалаи бисёр ҳаётан муҳим барои ҳар як мамлакат ҷиҳати оммафаҳм гардидани матлаб бе ҷумлабандиҳои мураккаб месазад ибрози андеша намуд. Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём қайд намуданд, ки: "Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.

Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд".
Воқеан, дар соли 2025 ин руйдоде буд, ки орзуву ормони ду давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон амалӣ гардид. Солҳои тӯлонӣ ин масъалае буд, ки ҳалли он барои ҳарду мамлакат муҳим ба ҳисоб мерафт. Пеш аз ҳама таҷрибаи сулҳофарии Пешвои муаззами миллат, эҳтироми ҳамсоядории ду кишвари соҳибтамаддун боис гардид ин руйдоди таърихӣ ба амал ояд. Сулҳу дӯстӣ, ба роҳ мондани муносибати сулҳпарварона боиси пешрафти ҳар мамлакат аст. Чуноне, ки аз иттилои расонаҳо ба мо маълум аст нофаҳмиҳои муваққатие, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омаданд метавонистанд оқибатҳои нохуш дошта бошанд. Вақте оромӣ ва осоиш набошад сухан аз пешрафтҳои минбаъда гуфтан ғайриимкон мегардад. Чуноне шоир мефармояд:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душмани орад ба мардум рӯзи сахт.
Оиди нофаҳмиҳое ки дар сарҳад ба амал омаданд истода намегузарем, танҳо мехоҳем ба он таваҷҷӯҳ намоем, ки сулҳу Ваҳдат ва дӯстиву ягонагӣ чиқадар гавҳари ноёб барои рушду пешрафт ва осоиши мардум аст. Зеро агар Ваҳдат, сулҳ ва осоиш набошад амалинамоии ҳадафҳои стратегии мамлакат ғайриимкон мегардад. Хушбахтона хиради азалӣ, таҷрибаи ду кишвари ба ҳам дӯст боис гардид, ки масъалаи сарҳад ҳаллу фасл гардида муносибатҳои тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва дигар робитаҳо бозам густариш ёбанд.

Ёдоварӣ аз ин дастоварди таърихӣ ба он роҳнамоӣ менамояд, ки пеш аз ҳама сокинони мамлакат ба қадри тинҷиву оромии мамлакат бирасанд ва Ваҳдату истиқлоли давлатиро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Барои онки наслҳои мо худогоҳу ватандӯст бошанд Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбати як қатор таъкидҳо намуданд.

Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд ки: "Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд".
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад".

Месазад, ки ин таъкидҳоро дарк намуда баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо пайваста талош намеом. Зеро дур аз таасубу хурофот будан кафолати ояндаи дурахшон аст.

Бояд таъкид намуд, ки ҷиҳати рушди худшиносии мардуми тоҷик Пешвои муаззами миллат як қатор иқдомҳоро ба монанди тақдими китоби "Шоҳнома" - и Абулқосими Фирдавсӣ ва "Тоҷикон" - и Бобоҷон Ғафуров ва садҳо иқдомҳои ояндасозро амалӣ намуданд. Танҳо аз мо шаҳрвандон масъулияти баланди ҷонибдорӣ, дарки ин иқдомҳо ва амали намудани онҳо тақозо мегардад, ки қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Чуноне, ки дар рафти ироаи Паём Пешвои муаззами миллат иброз намуданд ин иқдомҳоро на танҳо бо кафкӯбӣ истиқбол кунем балки барои иҷроиши онҳо содиқона меҳнат намоем. Таъкиди Пешвои муаззами миллат, ки "Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад" масъулияти пеш аз ҳама Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, волидайн ва дигар ниҳодҳои марбута мебошад.

Паёми Пешвои муаззами миллат пеш аз ҳама роҳнамоест, ки масъулият, азму ирода, садоқат ба Ватан, худшиносӣ, ободкорию созандагӣ ва пешрафтро тақозо менамояд.

АБДУМУМИНЗОДА Ситора, Номзади илмҳои педагогӣ, Мудири шӯъбаи магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос PhD ва унвонҷӯёни ИФСҲ АМИТ.