Skip to main content

Имрӯз, 8 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохурии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Донишгоҳи Оксфорд баргузор гардид.

Дар мулоқот роҳбарият, ноиби президент ва сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ ва аз ҳайати Донишгоҳи Оксфорд мутахассисони соҳаи забон ва адабиёти форсӣ, аз ҷумла профессор Эдмунд Ҳерзинг, доктор Фарнияз Закер ва хонум Ани Бет-Мовсес иштирок намуданд.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани созишнома миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Оксфорд, густариши ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷриба миёни олимон, роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва иҷрои лоиҳаҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки ҳамкориҳо дар самти омӯзиши забон ва адабиёти форсӣ, таҳқиқи мероси фарҳангӣ ва рушди равобити академӣ метавонанд ба манфиати ҳар ду ҷониб хизмат намоянд.

Дар мулоқот ба масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби магистрантон ва докторантон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос таъкид намуданд.

Зикр гардид, ки ҷалби ҷавонони болаёқат ба барномаҳои магистратура ва докторантура, ташкили табодули донишҷӯён ва муҳаққиқон, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани таҳқиқоти муштарак метавонад ба рушди минбаъдаи илму маориф ва тақвияти иқтидори зеҳнии ҷомеа мусоидат намояд.

Инчунин, ҷонибҳо барои дар оянда баргузор намудани конфронсҳо ва семинарҳои муштараки илмӣ ба мувофиқа расида, таъкид намуданд, ки чунин чорабиниҳо метавонанд барои табодули дониш, муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот ва густариши ҳамкориҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.

Қайд гардид, ки баргузории мунтазами чунин ҳамоишҳо ба таҳкими робитаҳои академӣ ва рушди муҳити илмии ҳар ду ҷониб мусоидат хоҳад кард.