Skip to main content

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Ваҳдат барои ҳар як халқу миллат арзандатарин неъмат ва бузургтарин сармоя ба ҳисоб меравад. Ин падидаи писандида танҳо ба халқу миллате сазовор мешавад, ки дорои ҳуввияти баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва хештандӯстӣ буда, якдиливу ягонагӣ ва сарҷамъиро дар замири худ мепарваранд. Ваҳдати миллӣ волотарин сайри такомули иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангию маънавии ҳар як халқу миллат ба ҳисоб рафта, дар заминаи арзишҳо ва унсурҳои муштараки фарҳангӣ ва ормонҳои ягонаи миллӣ-давлатӣ ба вуҷуд меояд. Ваҳдат ва ҳувияти миллӣ арзишҳое мебошанд, ки дар заминаи ормонҳои миллӣ ба вуҷуд омада, аз ҳар фард матиниродагиву дурандешӣ, ватандӯстию посдорӣ, қадршиносӣ ва арҷгузории арзишҳои миллиро талаб менамояд. Ин ду неъмати бебаҳо арзишҳое мебошанд, ки ҳама халқу миллат ва давлатҳо дар ҳама давру замон ба онҳо ниёз доранд.

Имсол аз имзои Созишномаи умумии пойдории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту ҳашт сол сипарӣ мешавад. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи такдирсоз мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нави таърихи Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти иқтисодии кишвар ва рушди он оғоз намоем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: “Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд”.

Дар фарҷоми сухан, гуфтаниям мо ҷавонон бояд дар ҳама ҳолатҳо масири илму донишро думболагирӣ намоем. Маърифат ва ҳисси гиромидошти Ваҳдати миллиро дар руҳи мардум парвариш диҳем. Бо ибрози ниятҳои нек 28-мин солагии Рӯзи ваҳдати миллиро бори дигар ба тамоми мардуми шарифи кишвар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатӣ, саодати рӯзгор, комёбӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

Комрон Бобоев – мудири шуъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявии Агентии аминияти ХБРЯ-и АМИТ