Skip to main content
Мавриди қайд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо қайд кардаанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои мо ду дастоварди бузурги миллӣ – Истиқлолият ва Ваҳдат боиси ифтихору эҳтироми ҳамешагист, ки дигар ҳама дастовардҳоямон ба онҳо вобастаю пайваста мебошанд.

йцуцйуСоҳибистиқлолӣ ин волоияти қонун дар дохили кишвар ва озод будан аз таъсири кишварҳои бегон мебошад. Ваҳдати миллӣ бошад ин сохтани миллати воҳид аст. Ин ду падидаи иҷтимоию сиёсӣ асоси пешрафти ҷомеаи тоҷикистонӣ ва иҷрои минбаъдаи ҳадафҳои стратегии кишварамон ба шумор мераванд.

Тазаккур бояд дод,ки 27-уми июни соли равон бо имзои расидани “Созишномаи умумии истиқрои сулҳ ва ризоияти миллиро дар Тоҷикистон” 28 сол пур мешавад. Ин 28 соли пур аз меҳру муҳаббат , сулҳу салоҳ, якдигарфаҳмӣ, оромӣ ва пешрафти миллати мо мебошад, ки бо ибтикори Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ ва пӯштибонӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки таърихи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар Тоҷикистон таҳқиқотчиён ба ду давра ҷудо менамоянд.

Давраи аввал аз санаи 5-уми майи соли 1992 то декабри ҳамон сол, яъне то ба анҷом расидани иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Давраи мазкур марҳилаи аз ҳама моҷароаангези ҷанги шарвандӣ буда, дар ин муддат қариб 50 ҳазор нафар тоҷикистониён қурбон гардиданд.

Давраи дуюм аз моҳи январи соли 1993 то 27 июни соли 1997 ва ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрои сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” давом кардааст. Аҷибаш ин ки вобаста ба давраи дуюм байни коршиносону муҳаққиқон то ҳанӯз баҳсҳо хотима наёфтаанд.

Дар баробари ин, ҳамон замон дар фазои сиёсии кишварҳои муштаракулманофеъ идеяи ташкили гуфтушуниди байнитоҷикон аз ҷониби Россия ва дигар ҷумҳури Осиёи Марказӣ ба миён омад ва ин идея дар амал тадбиқи худро ёфт. Давраи авали гуфтушунидҳои байни тоҷикон дар Москва зери роҳнамоии Созмони Милали Муттаҳид ва иштироки Россия, Қазоқистон, Узбекистон, Эрон, Покистон ва Афғонистон моҳи апрели соли 1994 оғоз гардид.

Гуфтушунид дар гирду атрофии се масъалаи асосӣ баргузор гардид: баргардонидани гурезаҳо, халъи силоҳ ва хотима додани амалиётҳои мусаллаҳона ва масъалаи тақсими ҳокимият.

Бояд тазаккур дод, ки ҳалли масъалаҳои пешниҳодшуда, асос ва заминаи бузурге барои ба танзим даровардани ҷанги шаҳрванд дар Тоҷикистон гардиданд. Бояд гуфт, ки новобаста ба оне ки кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилалӣ дар раванди сулҳофарӣ дар Тоҷикистон нақши калидӣ доштанд, вале нақши худи тоҷикон дар хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ ва ташкил намудани сулҳ миёни тарафҳои даргир хеле бузург аст.

Агар миллати тоҷик ва давлатмардони он идеяи муттаҳидии миллиро амалӣ намекарданд, касе дар ин сарзамин сулҳ оварда наметавонистИн нишонаи фарҳангсолорию шуҷоатмандии миллати тоҷик буд, ки ба хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ таъсири худро гузошта тавонист.

Инчунин, дар баробари усулҳои анъанавию расмии ба танзим даровардани муноқишаи байни тоҷикон боз раванди ҷамъиятии сулҳофари ғайридавлатие мавҷуд буд , ки дар доираи конференсияи Дортмунт муколаммаи байни тоҷиконро баррасӣ менамуд. Иштирокдорони ин чорабинӣ пеш аз сар шудани гуфтушинидҳои расмӣ, вохӯрда, фикру пешниҳодҳои хешро ба онҳо ирсол менамуданд.

Ин аст, ки таҳлили самтҳои мухталифи масъалаи ташаккули ваҳдатгароӣ дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷикистониён нишон медиҳанд, ки ваҳдати миллӣ асоси пешрафти миллату давлати мо буда, барои таъмини минбаъдаи манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ зарурияти воқеӣ дорад.

Ваҳдати миллии тоҷикон ва Мактаби сулҳофарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асл намунаи ваҳдати дигар миллату халқиятҳои ҳамсояи дуру наздик низ ҳаст. Онҳо ғояи ваҳдатгароии моро ҳамчун сармашқи ҳалли низоъ ва моҷароҳҳои гуногун мавриди истифода қарор медиҳанд.

Бо ифтихор бояд гуфт, ки миллати мо бо сарварии Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар муддати начандон тулонӣ кишварамонро аз вартаи ҷангу ҷидол ва театри ҷангии рақибони дохилию берунӣ раҳо сохта, ваҳдати воқеиро таъмин намояд.

Ҳаминтавр, бояд хулосабардори намоем, ки мо қудрату тавоноии дигаре низ дорем, ки арзишҳои Истиқлоли сиёсӣ ва Ваҳдати миллии худро ҳамеша ҳифз намуда, ба ин арзишҳои бунёдӣ ифтихору эҳтиром менамоем. Ваҳдати миллӣ - зиндагӣ беолоиш, бедории мардум ва тавоноии

Тоҷикистони азизи мост ва мо ба он ҳамеша бояд арҷгузорӣ дошта бошем.

Ваҳдати миллӣ ва 28-солагии ин ҷашни пуршукӯҳро ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ муборак мекӯем. Мо тоҷикон миллати соҳибистиқлолӣ воҳид, Ваҳдати миллӣ - мақсаду марому паёми мост.

Муҳаммад Абдураҳмон- доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи АМИТ, профессор