Skip to main content
Ҳамасола санаи 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон ба таври хосса ҷашн мегардад. Ваҳади миллӣ дар таърихи навини халқи тоҷик нақши калидиро дар пойдор намудани рукнҳои давлатдории миллӣ нақши бориз дорад.

Боиси ифтихори мо тоҷикон аст, ки ин санаи тақдирсози миллати тоҷик бевосита бар асари заҳмату талошҳо ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи куллан тозаро дар таърихи миллати тамаддунсози тоҷик оғоз намуда, барои ташкил ва гузаронидани ислоҳоти сифатан навини тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мардуми тоҷикро бар қиёси давлатҳои пешрафтаи замони мо ҳамчун раҳнамо хизмат менамояд.

Дар яке аз суханрониҳои худ Сарвари давлатамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан қайд кардаанд: «Санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазанди ваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз кард. Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки хотима бахшидан ба мухолифати мусаллаҳона, расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба мо бар ивази хисороти зиёди ҷониву молӣ ва дигар маҳрумияту мушкилоти сангин муяссар гардида, дар ин раванд ҳадафи шуми дар ниҳояти кор аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли тоҷикон барбод рафт».

Бояд махсусан қайд кард, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар иҷлосияи ХV Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб ба хотири таъмин сулҳ ба ҷонибиҳои мухолиф роҳи осоиштаи ҳалли низои сиёсиро пешниҳод карда буданд.

Пешниҳоди сарвари давлати тоза интихобшудаи Тоҷикистон намунаи нодири таҷрибаи сулҳофарӣ ба шумор меравад, ки дар таърихи тамаддуни замони мо бо роҳи созиш ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, ниҳоят ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ расидани ҷонибҳои мухолифро талқин мекард.

Ин ташаббуси нахустини сулҳофарӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд чун қутбнамои оянда хизмат карда, роҳи минбаъдаи тоҷиконро ба сӯи ваҳдати миллат кушод.

Вақт собит сохт, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ шаҳодати пирӯзии хиради мардуми сулҳпарвар ва фарҳангсолори тоҷик мебошад, ки сиёсати пешгирифтаи давлатро дар он рӯзҳои душвор самимонаву дилгармона дастгирӣ намуданд.

Маҳз хислатҳои наҷиби азалии миллати тоҷик ҳамчун миллати ба сулҳу салоҳ ва муросову мадоро эътиқоди устувор дошта имкон дод, ки мо аз кӯшишҳои бо роҳи зӯрӣ ҳал намудани мушкилоти сиёсиву иҷтимоӣ даст кашида, музокироту созишро чун роҳи ягонаи расидан ба сулҳ ва наҷоти миллӣ пазируфтем.

Ба қавли собиқ Муншии Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва яке аз сиёсатмадорони бонуфузи байналмилалӣ Кофи Аннан, тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар армуғон оварданд.

Аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодири ҳалли низоъҳои сиёсӣ ва бӯҳрони миллӣ эътироф гардидани таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон далели возеҳи ин матлаб мебошад, ки эътибори моро дар арсаи байналмилалӣ чун миллати мутамаддину фарҳангӣ афзуд.

Маҳз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар сарзимини биҳиштосои мо заминаи устувори барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва рӯ овардан ба нақшаву ҳадафҳои неки созандагиву бунёдкорӣ барпо намуд.

Имрӯз мо шукрона ва ифтихор мекунем, ки тавонистем тамоми душвориҳоро дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ бартараф созем, арзишҳои бузурги умумимиллӣ - соҳибистиқлолӣ, давлату давлатдории миллӣ ва ягонагии марзу буми давлати соҳибистиқлоламон-Тоҷикистони азизро таъмин намоем.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон, азму талошҳои худро ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва ягонагии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро дар фазои пойдори сулҳу субот таъмин намоем. Нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ ва ҷудоиандозӣ ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон роҳ ёбанд.

Мо тоҷикистониён бояд дар раванди давлатсозиву давлатдории навини худ рӯ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ оварда, ҷавҳари андешаи миллиро бо дарки амиқи мафҳумҳои тақдирсози истиқлолияту озодӣ, тамомияти арзӣ ва Ватани ягона, посдории рамзҳои давлатдорӣ ва ифтихор аз миллати фарҳангсолору тамаддунсоз ғанитар гардонем ва онро тақвият бахшем.

Дар дунё миллату халқиятҳое ҳастанд, ки аз рӯи шумораи аҳолӣ ва қаламрави ҷуғрофиашон дар муқоиса бо миллати мо хеле афзалият доранд, вале садсолаҳо дар орзуи давлатдории мустақилона мебошанд. Аз ин хотир мову шумо бояд ба қадри соҳибистиқлолӣ ва давлату давлатдории миллӣ расем ва онро азизу муқаддас донем.

Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳам тавъам мебошанд ва чун қутбнамо моро ба сӯи оянда ҳидоят менамоянд. Агар ваҳдати миллӣ ба таҳкими пояҳои истиқлолият мусоидат кунад, пас истиқлолияти давлатиро бе ваҳдати миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Холмурод Назаров – муовини директори Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Суғд, доктори илмҳои техникӣ, профессор, Акпар Адҳамов–корманди Филиал