Skip to main content
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд, ки ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини ҳастии миллат, ватандорӣ ва давлатдории соҳибистиқлоламон мебошад. Ба ҳамин маънии такдирсоз ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии падидаи ҳамкорӣ, созгорӣ ва ҳамоҳангии манфиатҳою субот дар ҷомеа, амнияту тараққии кишвар ва муҳимтарин заминаи пешрафтҳои халқамон ба шумор меравад.

eqweqРушди муназзами ҷомеа аз он шаҳодат медиҳад, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ вобаста ба сохти давлатдорӣ, муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташаккул ва камол меёбад.

Андешаи Ваҳдат дар таърихи фалсафа ва ирфонамон мақоми бориз дошта, аз тарафи мутафаккирон ва адибонамон ҳамчун омили осоиши ҷомеа дониста шудааст. Ба таъбири Мавлоно

Аз қудрати иттифоқ ғофил машавед,

Дандонҳо сангро ба ҳам мешикананд.

Дар адабиёт ва фалсафаи муосир мафҳуми ваҳдати миллӣ бештар маънои умумияти иҷтимоӣ ва муттаҳидии аъзоёни ҷомеаро дошта, қариб дар ҳама тамаддунҳо чун омили субот ва таъмини пешравии кишвар ба ҳисоб меравад.

Ваҳдати миллӣ аз як тараф ба ҳалли проблемаҳои дохили кишвар мусоидат намояд, аз тарафи дигар ба ҳалли низоъҳо ва таҳкими ваҳдати миллӣ сабаб мегардад.

Ҳамагон хуб медонанд, ки ваҳдати миллӣ ба сатҳи худшиносии миллӣ ва дарки амиқи моҳияти ватандорӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Агар ба гузаштаи наздик назар афканем, ин масъала ба хубӣ возеҳ мешавад. Чунончи, дар асри гузашта, ба туфайли ташкил шудани Ҷумҳурии Шӯравии Точикистон адабиёт, санъат ва илм ба воситаи осори шинохтатарин бунёдгузорони он, аз ҷумла С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М.Турсунзода ва Б. Ғафуров дар худшиносӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ таъсири бузург доштанд. Хусусан «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С. Айнӣ ва «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров барои тавсеаи заминаҳои илмии худшиносӣ ва ваҳдати миллиамон нақши муҳимро иҷро карданд.

Зарурат ва аҳамияти бузурги ваҳдати миллӣ махсусан дар давраи соҳибистиқлолии давлатӣ эҳсос мешавад. Зеро, ки соҳиб шудан ба Истиқлолият барои ҳар як халқу кишвар кори осон нест, вале муҳофизат ва ҳимояти он мушкилтар аз он аст. Роҳи расидан ба истиқлолият ва ваҳдати миллӣ шояд дар тасаввур осон намояд, вале ҳаёт нишон медиҳад, ки ҳифзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ аз ҳар як сокини кишвар ҷахду талошҳои зиёд, маърифатнокӣ ва фарҳанги сиёсии волоро тақозо менамояд.

Зарурати таърихии инкишофи ояндаи ҷомеа талаб менамояд, ки фаъолияти амалии мақомоти гуногунзинаи давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ баҳри рушду такомули давлат, соҳибмаърифат намудани шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа мақсаднок ва пурсамар равона гардад. Воқеъияти зиндагӣ ва таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки агар шаҳрвандон маърифати баланди сиёсӣ надошта бошанд дар байни онҳо ваҳдату якдилии устувор ба вуҷуд намеояд. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки аз тамоми нерӯю имкониятҳои хеш ҳамарӯза баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифату шуури миллии мардуми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату якдилии халқи сарзамини хеш, беҳ намудани шароити иқтисодию иҷтимоии аҳли ҷомеа ва рушду тараққиёти мамлакатамон беш аз пеш истифода намоем.

Шароити таърихие, ки дар охири асри 20 ва аввали асри 21 дар ҷаҳон ба миён омад, ҷомеаи моро ба падидаҳои нави ҳамгироӣ рӯ ба рӯ гардонид.

Минтақаҳои кишвар, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ва коммуникатсия ба ҳамдигар вобастагии суст доштанд дар мадди аввал масъалаи таъмини алоқаҳои доимии онҳоро ба миён гузошт. Мутаассифона, фарқиятҳое, ки дар манотиқи гуногуни кишвар ҷой дошт, сабаби аз ҷиҳати иқтисодӣ нобаробар инкишоф ёфтани минтақаҳо шуда буданд. Бартараф намудани ин тафовут осон набуд. Вале имрӯз ин масъалаҳо ба тадриҷ ҳалли худро ёфта истодаанд, ки дар натиҷаи он вилоятҳо ва ноҳияҳои кишвар дар тамоми фаслҳои сол ба алоқаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионии боэътимод таъмин гардиданд. Алҳол алоқаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ на танҳо барои рафту омаду муошират хизмат мекунанд, балки боиси ташаккули муносибатҳои иқтисодии устувори минтақаҳо гаштанд, ки дар натиҷа манфиатҳои иқтисодии умумиро ба вуҷуд оварда, омили муҳимтарини ваҳдати миллӣ гардидаанд. Маҳз барпо намудани алоқаҳои ягонаи хоҷагидорӣ байни минтақаҳо, бо назардошти имкониятҳои иқтисодию истеҳсолӣ ва захираҳои табиии мавҷуда, хусусияти аграрӣ, иқлим, дараҷаи тахассусмандию касбии аҳолӣ, инкишофи низоми одилонаи тақсимоти меҳнат, тавсеаи алоқаҳои иқтисодӣ дар дохили мамлакат ва як қатор дигар самтҳои фаъолияти бобарор ба ташаккули ваҳдати миллӣ ва субот дар ҷомеа заминаҳои боэътимод гузоштанд.

Дар радифи ин равандҳо бояд зикр кард, ки кафолати қонунии баробарии гурӯҳҳои этникӣ яке аз омилҳои муҳими амалишавии ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мебошад. Ақалиятҳои миллӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ барои афзоиши ҳиссаи худ дар инкишофи иқтисодию фарҳангии кишвар имконоти нав пайдо намуданд. Онҳо усулҳои нави хоҷагидорӣ ва инкишофи фарҳангро дар заминаи муносиботи байниқавмӣ муқаррар карда, барои сулҳу субот ва тараққии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.

Ин сиёсат аз солҳои душвори оғози Истиқлоли давлатӣ барои ба иқтисоди бозорӣ гузаштан пеш гирифта шуд ва дар ҷиҳати паст кардани шиддати зиддиятҳои иҷтимоӣ, ки ба ваҳдати миллӣ халал мерасониданд, хидмат мекард. Аз ин лиҳоз, ҳалли зиддиятҳои дар ҷомеа ба вуҷуд омада ба роҳбарияти мамлакат имконият дод, ки дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва тадриҷан ба эътидол овардани ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст оварад.

Баъди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба манзури расидан ба сатҳи болотари рушди иқтисодиёт чандин санадҳои ҳуқуқӣ ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд. Аз ҷумла стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд, барои ба эътидол овардани вазъи иқтисодию молиявӣ, хамчунин барои амали муассири иқтисоди бозорӣ мусоидати зиёд кард ва ба болоравии сатҳи иқтисодиёти миллӣ заминаи устувор гузошт Дар солҳои охир барои иҷрои мақсадҳои рушди ҳазорсолаи нав чораҳои таъхирнопазири муассир андешида шуда истодаанд.

Ин муваффақиятҳо ба таҳкими асосҳои ҳуқуқии низоми нави иҷтимоию иқтисодӣ низ вобаста буданд. Чунки дар ҳалли проблемаҳои ҷомеаи мо, аз ҷумла дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши меъёрҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ хеле муҳим буд. Дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон бисёр санадҳое қабул шуданд, ки ба таъмини заминаҳои ҳуқуқии ташаккул ва таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат карданд.

Зуҳури падидаи ваҳдати миллӣ аслан марбут ба ташаккули давлатҳои миллӣ аст, зеро маҳз дар доираи давлати миллӣ зарурати ба даст овардани эҳсоси умумияти ягонаи сиёсии мардум, ки дар як воҳиди маъмурӣ зиндагӣ доранд, боло меравад. Бинобар ҳамин ҳам ваҳдат хусусияти миллияшро танҳо дар доираи ташаккули давлати миллӣ пайдо мекунад ва мавриди татбиқ қарор мегирад ва нақши давлат дар таҳкими ваҳдати миллӣ меафзояд, зеро он баҳри таъмини рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва равнақи фарҳанги миллӣ бо омилҳои зерин манфиатдор аст.

1. Ваҳдати миллӣ воқеан ҳам марбут ба омилҳои гуногунҷанбаест, ки дар он нақши муассирро ҳамохангсозии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ мебозад. Ҳаёти ҷамъиятии баъзе аз кишвархои пасошӯравӣ, ки бар асари ихтилофи байниҳамдигарии ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ мубталои муноқишоти дохилй гаштанд, собит карданд, ки дар доираи қонунҳо ҳамоҳанг сохтани ниҳодҳои давлатӣ, ки дар кишварамон ба вуқӯъ пайваст, барои амалияи ҷомеасозиамон комилан дуруст буд. Зеро яке аз вазифаҳои муҳими ниҳодҳои давлатӣ ин худ танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани сатҳи эътимоди аъзои ҷомеа ба дурустии арзишҳои дар заминаи ин муносибатҳо қарордошта мебошад. Қобили зикр аст, ки ҳамоҳангии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ дар ин самт заминаи мусоидро дар ҷомеаамон барои ташаккули ваҳдати миллӣ муҳайё сохт.

2. Дар қатори созмонҳое, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва оромии вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар ҷумҳуриамон саҳми намоён доранд, Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат таъсис ёфта буд, созмони бонуфуз ва минбари муколамаи ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ мебошад. Шӯрои мазкур яке аз бозёфтҳои сиёсии давраи истиқлолияти давлатӣ ва институти нодири демократӣ дар миқёси минтақа ва собиқ давлатҳои шӯравӣ буда, кори муттаҳидсозанда ва таҳкимбахшандаи ваҳдатро иҷро намуд ва онро идома дода истодааст.

3. Принсипи асосии фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ ризоияти ҷомеа дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, маънавию фарҳангии мамлакат мебошад, ки дар айни ҳол ҳамкории ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрваидиро низ таъмин менамояд. Мақоми ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматие, ки дар пойтахти кишварамон кору фаъолият мекунанд, дар густариши ғояҳои ваҳдатофарини Президенти мамлакат ва Шӯрои ҷамъиятӣ, ки ҷомеаро ба муттаҳидӣ расонидааст бисёр муҳим буда, дар оянда ҳам бо самар давом хоҳад кард.

Дар даврони соҳибихтиёрӣ истифодаи васеи арзишҳои мафкуравӣ зарурати аввалиндараҷа доранд. Онҳо омили муҳими таъминкунандаи талаботи амниятии одамон, мустаҳкамсозии асосҳои суботи ҷамъиятӣ мебошанд. Бо мурури таъмини халалнопазирии ин ниёзҳои аввалия дар давраи ҳозираи тараққиёти ҷомеаамон, талабот ба зиндагии шоиста ташаккул ёфта истодааст ва рисолати ваҳдати миллӣ низ аз мусоидати созанда ба ин равандҳо иборат мегардад. Давлат на танхо таҳкимбахши ваҳдати миллӣ, балки мақоми ҳалли манфиатноки масъалаҳои мубрами ҳаёти гуногунҷабҳаи ҷамъиятӣ низ мебошад.

Иқдоми давлат дар татбиқи сиёсати фароҳам овардани фазои ягонаи фарҳангӣ ва дар он баробар ҷой додани мақому манзалати арзишу анъанаҳои фарҳангии ватанамон баёнгари ин қазоватҳоянд.

4. Ваҳдати миллӣ ҳамзамон ҳамчун падидаи нодири иҷтимоӣ бояд ҳамеша баҳри таҳкими пояҳои давлати миллӣ иқтидори посухгӯии муносиб ба талаботу муқовиматҳои ҷаҳони муосирро дошта бошад. Яке аз он равандҳои фарогири олами муосир, ки пайваста устувории пояҳои давлатҳои муосири миллӣ, аз ҷумла ваҳдати миллии онҳоро таҳти имтиҳон қарор медиҳад, раванди ҷаҳонишавӣ аст. Тавассути ворид шудан ба ин раванд мо аз дастовардҳои илму технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ барои таъмини инкишофи мамлакатамон васеъ истифода мебарем. Вале ворид шудан ба ҷараёни ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои беҳтарини милли халқи худро истисно намекунад, зеро аксаран маҳз дар заминаи ин арзишҳо эътимоду садоқати ватанпарастии мо тоҷикистониён ташаккул ёфтааст. Эҳтиром ба ин арзишҳо боиси минбаъд ҳам таҳким ёфтани эътимоди аъзои ҷомеа ба ҳамдигар ва сохтори мавҷудаи сиёсӣ мегардад. Бинобар ин моро лозим аст, ки дар ин раванди мураккаби ҷаҳонӣ дар баробари таъмини рушди мамлакатамон ягонагии принсипҳои асоситарини маънавии ҷомеаро, аз қабили ватанпарварӣ, садоқат ба ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба ақидаи дигарон, таҳаммулпазирӣ, ҳурмати падару модар ва ғайра тақвият бахшем.

5. Ваҳдат ва таҳкими он чун раванди асосии пешрафту тараққиёт ҳамеша саъю кӯшиши хастагинопазири аъзои ҷомеа ва кулли ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайриҳукуматӣ ва сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятиро тақозо менамояд. Махсусан, нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар вусъат додани эътимоди иҷтимоии аъзои ҷомеа ба сифати яке аз омилҳои таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ хеле барҷаста аст ва аз ин хотир дар ин самт фазои ҳамкориҳои судмандро пайваста бо онҳо густариш додан боиси манфиат мебошад. Имрӯз дар ҷомеаи мо маҳз тавассути тавсеаи ҳамкориҳои созандаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фазои мусоиди сиёсӣ барои баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷамъиятӣ фароҳам омадааст ва минбаъд низ танҳо дар ҳамин замина мо метавонем ватани худро ба қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир бипайвандем.

6. Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла аҳзоби сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори омма, иттиходияҳои гуногун низ вазифадоранд, ки дар ҷодаи таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ, суботи сиёсии мамлакат ибтикори ҳамешагӣ нишон диҳанд, зеро бидуни ин омилҳо имконияти таъмини фаъолияти густурдаи онҳоро тасаввур кардан мушкил аст. Ҳар қадар эътимоди ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба якдигар густурдатар бошад, ҳамон қадар боиси устувории вазъи ҷомеа ва ҳамкории кулли аъзои он мегардад. Минбаъд низ танҳо ба ҳамин васила мо метавонем баҳри гулгулшукуфоии кишвари азизамон кӯшишу ғайрати самимона намоем ва дар амалисозии тарҳҳои наву бунёдкоронаи он иштироки фаъол дошта бошем.

Бояд гуфт, ки яке аз муҳимтарин омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, манфиатҳои олии давлатӣ ва миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоштан, таъмини ягонагии миллиро вазифаи шахсии ҷонии худ ва тамоми ҷомеа дониста дар роҳи ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ саъйу кӯшиши пайваста нишон додан аст. Мутассифона, ҳоло ҳам ин сифатҳо дар шуури баъзе аъзои ҷомеаамон ба қадри зарурӣ мавҷуд набуда, қатъи назар аз он ки ақидаҳои носолими чунин шахсонро ҷомеа қабул надорад, вале онҳо бо сӯистифода аз фазои озоди демократии дар мамлакатамон ба вуҷуд омада, ба амалҳои зидди қонунӣ даст мезананд.

7. Мо бояд ҳамеша фаромӯш насозем, ки имрӯз ҳам душманони миллати тоҷик дар либоси экстримизму терроризм ва дар шакли ниҳоду ташкилотҳо ва ҷараёнҳои гуногуни сиёсӣ, мазҳабӣ, динӣ дар байни мардум тухми иғво кошта, сулҳу суботи кишварро халалдор карданӣ ҳастанд. Аз ин хотир, дар чунин шароити такдирсоз мо ҳамагон бояд ба ақлу хирад такя намуда, ҳушёрию зиракии сиёсӣ нишон дода, ба ҳеҷ ваҷҳ ба доми бадхоҳону душманони халқу кишвар афтодани шаҳрвандони алоҳидаро роҳ надиҳем.

Аз ин хотир баҳри ҳифзи ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, таҳким ва рушди ҳокимияти сиёсӣ чунин падидаҳои номатлубро, ки душмани ваҳдати миллӣ аст, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти чомеа бояд рафъ намоем. Зарур аст, ки мо ҳамагон бештар аз ҳарвақта тақвият бахшидану густариши фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангии ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯйро, ки қабл аз ҳама бояд баҳри аз байн бурдани зуҳуроти номатлуб равона гардидаанд, дар маркази фаъолияти ҳамарӯзаамон қарор диҳем.

Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки стратегияи ваҳдати миллӣ ба равандҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ дар ҷомеа самти созанда ва устувор бахшида, дар такмил ва рушди арзишҳои демократӣ, татбиқ ва пешбурди принсипи ҳамкорӣ бо тамоми ҳаракатҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, бахусус бо иттиҳодияхои динӣ омили муҳим гардидааст.

Дар иртибот ба масъалаи дин сиёсати давлати мо равшан буда, дар суханрониҳои Сарвари давлатамон борҳо баён шудааст. Чунонки маълум аст, ҷавҳари ҳар як фарҳанг ва ҳар як динро арзишҳои онҳо ташкил медиҳанд. Дар тамоми динҳо, бахусус дар дини мубинамон-Ислом, имон ва асли ихтиёри шахс маҳаки асосӣ ва арзиши олӣ ҳисобида мешавад.

Аз ин рӯ бояд донист, ки асли дунявият ва хусусияти дунявии давлати миллии мо низ маънои дахолат ба масъалаҳои имон ва эътиқоди инсонҳо ва шаҳрвандонро надорад. Бинобар ин сиёсат ва стратегияи ваҳдати миллӣ бар ин асл асос ёфта, ҳуқуқ ва озодиҳои динии шаҳрвандонро шарти муҳими суботу амнияти миллӣ меҳисобад.

Дар баробари ин, мо хуб дарк мекунем, ки бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза ва мушаххасоти геополитикии он, инчунин манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллӣ рӯ ба рӯи мушкилот ва вазифаҳои бузургтаре қарор дорем, ки ҳалли онҳо аз ҳар яки мо диди амиқи стратегӣ, иродаи матин, зиракии сиёсӣ ва амали ниҳоят санҷидаву масъулонаро талаб менамояд.

Зеро таърихи начандон тӯлонии давлатдориамон собит менамояд, ки ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, ҳимояи амният ва манфиатҳои милливу давлатӣ, устувор гардонидани ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа, инчунин таъмин намудани рушди иқтисоди кишвар ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар мебошад.

8. Мо азм дорем, ки масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, самаранокии бозори меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили низоми идораи давлатӣ ва тақвияти нерӯи инсониро ҳал намоем.

Пешрафти босуботи иқтисоди кишвар дар асоси санадҳои барномавӣ, пеш аз ҳама, Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон ва дигар барномаҳои соҳавию миитақавӣ таъмин гардида, иҷрои саривақтӣ ва самараноки онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Чи тавре, ки Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат изҳор намуданд, соли 2024 маҷмӯи маҳсулоти дохили кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4% расонида шуд. Дар 5 соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ, ба ҳисоби миёна 7,7% ташкил дод.

Тадриҷан беҳтар гардонидани сифати зиндагии мардум ва дар ин давра то 20 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодии мо мебошад.

9. Дигар омили муҳимтарине, ки ба рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар такони ҷиддӣ мебахшад, татбиқи лоиҳаҳои бунёди инфрасохтори коммуникатсионии дороӣ аҳамияти дохиливу минтақавӣ мебошад.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, бо истифодаи ҳамаи сарчашмаҳо барои рушди “энергияи сабз” чораҷӯӣ мекунад. Ҳоло корҳои таҷдиду азнавсозии нерӯгоҳҳои “Норак” ва Қайроқум бо маблағи 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ, “Себзор” бо маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд.

То имрӯз созишномаҳои маблағгузории иншооти неругоҳи Роғун бо 6 созмон дар ҳаҷми 10 млрд. сомонӣ, аз ҷумла 3,8 млрд. грант ба имзо расида, имсол маблағгузорӣ мешаванд.

10. Mo чунин мешуморем, ки низоми нави ҷаҳонӣ бояд аз ҷангу низоъҳо, фишору зӯроварӣ, терроризм, ифротгароии сиёсиву динӣ, ҷудоихоҳӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, паҳншавии силоҳи қатли ом бояд комилан орӣ бошад ва бар ҳамкориҳои густурда, баробар ва мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ асос ёбад.

Танҳо дар чунин шароит ва тавассути саъю кӯшишҳои якҷоя метавон дар баробари мушкилоти глобалии замони муосир, аз ҷумла пайомадҳои тағйирёбии иқлими сайёра, фалокатҳои техногенӣ ва экологӣ, ба таври шоиста истодагарй кард.

11. Вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти кишвар доир ба ҳалли масъалаҳои калидӣ, расидан ба ҳадафҳои стратеги ва афзалиятҳои миллӣ гузаштан ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои оянда гузошта шуданд, танҳо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатамон, таҳкими имкониятҳои иқтисодии он ва албатта, ба хотири боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии халқамон равона гардидаанд.

Дар ин марҳалаи мураккаби таърихӣ ва дар шароити ҳассоси минтақа ва ҷаҳон таҳкими ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазоӣ сиёсиву фарҳангии ҷомеа хело муҳим аст.

Таҷрибаи дар солҳои 90-уми асри ХХ ҳосил шуда, нишон медиҳад, ки дар ҳама давру замон бартарӣ гузоштан ба манфиатҳои умумимиллӣ, нерӯи муттаҳидсозандаи ваҳдати миллӣ мебошад.

Нисбат ба вазифаи аз ҳама муҳимтару муайянкунандаи такдири миллат - ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ҳамаи дигар низоъҳои дохили миллат аҳмияти дуюмдараҷа доштанд.

Ҳамин манфиати умумиҷамъиятӣ дар қатори ҳиссиёти ватанпарварӣ дар шуури миллӣ роли ба танзим ва ба тартиб даровардани унсурҳои сохтори шуури миллиро иҷро менамояд.

Агар волоияти манфиати умумимиллӣ нисбати манфиати субъектҳои алоҳидаи миллат, яъне манфиатҳои гурӯҳӣ, зарурияти истиқлолияти давлати тоҷикон дарк карда намешуд, ваҳдати миллӣ воқеият намегардид.

Ваҳдате, ки дар Тоҷикистон ба даст омад, ғалабаи ақли солим номида мешавад. Ин ҳақиқати баҳснопазир аст ва моҳияти ӯ, бешубҳа, аз шуури миллӣ бармеояд дар зинаи шуури ҷамъиятии миллат дарк намудан зарур буд, ки ихтилофи байни тоҷиконро бояд худи тоҷикон бо ҳисси ҷавобгарӣ дар назди миллат ҳал намоянд.

Решаи объективии ваҳдати миллӣ дар шинохтани умумияти миллӣ, шинохтани ягонагии субъектҳои миллат ва зарурияти нигоҳ доштани якпорчагию истиқлоли миллӣ аз ҷониби субъектҳои миллат буд.

Таърих шоҳиди он аст, ки дар ҳамин гуна давраҳои мушкилу мураккаб ва лаҳзаҳои такдирсози миллат талаботи ҷамъият шахсияти бузургеро ташаккул медиҳад, ки ӯ бештар аз ҳамаи дигар шахсиятҳо зарурияти таърихиро дарк менамояд ва ҷавобгӯи ҳамаи чигилиҳои ҷомеа мегардад. Шахсе, ки дар ҳамин давра дар арсаи таърихи миллати тоҷик қадами бахосияти худро гузошт - ин Эмомалӣ Раҳмон буд.

Мутафаккирони бузурги классикии тоҷик Ибни Сино, Форобӣ, Низомулмулк ва дигарон мардонагӣ, ҷасурӣ, адолатпарастиро сифатҳои якумдараҷаи сардори давлат ҳисоб мекардаид. Ҳамин хислатҳо дар қатори шинохтани муттаҳидӣ, ягонагии миллат, ватанпарварӣ дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон таҷҷассум ёфтаанд.

Таҳти сарварии ин фарзанди ҷоннисори миллат натанҳо ба оштии миллӣ ноил гардидаем, балки ҷараёни бо роҳи демократию ҳуқукбунёду дунявӣ инкишоф ёфтани ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намудем ва чун инъикоси ҳамин ҷараён шуури миллӣ ба дараҷаи олии худ - худшиносии миллӣ инкишоф ёфт.

Асрорӣ Мирзошоҳрух – номзади илмҳои фалсафа, сарходими илмии Шуъбаи таърихи фалсафаи ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ