Сарвари хирадпешаи кишварамон дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз кардаанд. Маҳз бо ҳамин корнамоиҳо, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу Ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.Боиси сарбаландӣ ва хушнудист, ки миллати тоҷик ва Тоҷикистон имрӯз намунаи ибрат дар саросари кишварҳои мутамаддин гардидааст. Танҳо бо роҳи ваҳдату ягонагӣ метавон истиқлолияту ободии меҳан ва амну осоиштагии мардумро аз ҳама хавфу хатар эмин нигоҳ дошт. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо паси сар мешаванд.
Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.Дар ҳақиқат ҳам, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардуми тоҷик таъмин аст. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон аст.
Бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо дар роҳи эъмори он бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем, далели равшану возеҳи тантанаи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон ба шумор меравад. Ин дастоварди нодир ҳоло ба сифати чузъи таркибии ҳаёти мардуми мо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ в фарҳангии кишварамон нақши бузург дошта, моро вазифадор месозад, ки барои ҳифзу гиромидошти он бештар кӯшиш намоем.
Бояд зикр намуд, ки худшиносии миллӣ дар фазои ваҳдат аз ду мафҳум бармеояд – худшиносӣ ва шуури миллӣ. Яке аз файласуфони Юнони қадим Суқрот, ки ба масъалаи инсон пардохта буд, вазифаи аввалини ӯро чунин баён намудааст: “Худро бишнос”. Дар ҳақиқат фарде, ки худашро нашинохтааст, инсони комил шуда наметавонад ва ӯро дигарон ҳам намешиносанд, қадру қиммат ҳам надорад. Миллат ҳам бояд худашро шиносад. Лозим ба ёдоварист, ки Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сухани барномавии Сарвари тозаинтихобшудаи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “...ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард” оғози корнамоиҳо ва қаҳрамониҳои Сарвари давлатамон дар роҳи пурпечутоби расидан ба сулҳу Ваҳдат ва берун овардани Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат буд. Дар он вақт масъулияти бузурге, ки бар души давлати соҳибистиқлол ва Сарвари боғайрати он Эмомалӣ Раҳмон афтод, гурезаҳоро ба Ватан баргардонидан, риштаҳои гусастаи иқтисодиро бо ҳам пайвастан, сарҳад ва амнияти давлатро устувор намудан, бо созмонҳои байналмилалӣ робита бастан, эътибори давлати тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ пойдор гардонидан ва ғайра, ки ҳар яке аз дигаре заруртар менамуд. Бе сабаб нест, ки ҳанӯз Афлотун дар чордаҳсолаи пеш аз милод густариши равнақбахши давлатро дар мавҷудияти сарварии аҳли хирад мутаалиқ дониста буд. Аз ин
нигоҳ дар мавриди кунунии бисёр ҳасоси замон, ки ҳамагони мо, пеш аз ҳама роҳбари ҷомеаамон дар рӯ ба рӯи давлатсозӣ қарор дорем, чунин мулоқот шакке нест, ки манфиати фаровонеро дар густариши ҷомеаи кишвар ба бор меорад.
Камолова Дилбар -ходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ
Имрӯз, 28 январи соли 2026, соати 04:32 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази заминларза дар масофаи 488 км шарқу шимоли шаҳри Душанбе ва 39 км шимолу ғарби ноҳияи Мурғоб қарор дошт. Қувваи заминларза дар марказ 3–4 баллро ташкил дода, дар Мурғоб 3 балл ва дар Душанбе заминларза эҳсос нашуд.
Имрӯз, 27 январ, дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мари Фаверо, доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса барои олимону муҳаққиқони самти илмҳои гуманитарӣ, аз ҷумла забон ва таърих маърузаи илмӣ намуд.
Дар ин чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, олимон ва муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Саломиён Муҳаммаддовуд ифтитоҳ намуда, ҳозиронро хайрамақдам гуфт ва ба аҳамияти тақвияти робитаҳои илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти илмҳои гуманитарӣ таъкид кард.
Дар идома Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон, хонум Элза Пинёл дар суханронии хеш бори дигар аз аҳамияти тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса таъкид намуда, ба дастовардҳои олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар рушди илмҳои гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар маъруза Мари Фаверо ба масоили таърихии Хорди тиллоӣ, таъсири он ба забон ва фарҳангҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин нақши забон ҳамчун воситаи муошират байни халқҳо диққати махсус дод. Ҳозирон имкони иштирок дар муҳокимаи фаъол ва додани саволҳоро пайдо намуданд. Мари Фаверо ҳамзамон доираи васеи корҳои илмии худ, аз ҷумла нашри мақолаҳо ва китобҳо дар мавзӯъҳои таърих ва забонро ба иштирокдорон муаррифӣ кард ва ба аҳамияти омӯзиши таърих ва фарҳангҳои минтақавӣ таъкид намуд.
Чорабинӣ бо суханрониҳои таҳлиливу мубодилаи афкор ва тавсифи аҳамияти ҳамкориҳои илмӣ байни олимони Тоҷикистон ва Франсия анҷом ёфт. Ин маъруза як қадами муҳим дар густариши робитаҳои илмӣ ва рушди дониши академӣ дар самти гуманитарӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз, 27 январ, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл баргузор гардид. Дар мулоқот инчунин хонум Мари Фаверо — доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса иштирок намуд.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар мулоқот ҷонибҳо роҳҳои густариши робитаҳо байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Фаронса, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷрибаи илмӣ ва рушди ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятноки илмро баррасӣ намуданд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти забон ва таърих, гузаронидани омӯзишҳо ва таҳқиқоти илмӣ миёни донишҷӯён ва муҳаққиқон дар мавзеъҳои таърихӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии худ ба аҳамияти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм таъкид намуда, иброз дошт, ки Академия омода аст дар доираи лоиҳаҳои муштарак, баргузории ҳамоишҳои илмӣ, конфронс, симпозиюмҳо, табодули олимону муҳаққиқон ва анҷоми таҳқиқоти муштарак бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Фаронса ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.
Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл ба сатҳи ҳамкориҳои илмии дуҷониба баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Фаронса ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус дар самти забон, таърих ва таҳқиқоти марбут ба Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Дар идомаи мулоқот хонум Мари Фаверо — доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса, ба омӯзиш ва мавзеъҳои таърихии чандинҳазорсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, омодагии худро ҷиҳати гузаронидани таҳқиқотҳои муштарак миёни олимон ва муҳаққиқони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар ин мавзеъҳои таърихӣ изҳор намуд.
Дар анҷом ҷонибҳо чунин мулоқотҳоро заминаи муҳим барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва густариши равобити дуҷониба арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд.
Имрӯз, 26 январ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ноиби президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) Ёшикава Ёшифуми баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳсилот ва омӯзиш, ҳамчунин таҷрибаҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ табодули афкор намуданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва дигар мушкилотҳои глобалиро муҳокима намуда, оид ба гузаронидани таҳқиқотҳои муштараки илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ дар ин самт табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти энергияи сабз, технологияҳои геотермалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар ин бахш мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар мулоқот ҷонибҳо ба омода намудани мутахассисон дар самтҳои энергияи барқароршаванда ва технологияҳои инноватсионӣ аҳамияти махсус доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон, ба аҳамияти тақвияти робитаҳои илмӣ ва ҳамкориҳои стратегӣ таъкид намуд. Ҳамзамон, ӯ истифодаи энергияи сабз ва нақши ҳамкориҳои байналмилалиро дар ҳалли мушкилотҳои глобалӣ махсусан муҳим арзёбӣ кард.
Инчунин, ноиби президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) Ёшикава Ёшифуми ба дастовардҳои академия дар рушди илм ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими экологии Тоҷикистон баҳои баланд дод ва омодагии JICA-ро барои дастгирии лоиҳаҳои нав, таҳқиқотҳои муштарак ва омода намудани мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои энергияи сабз ва технологияҳои геотермалӣ эълон кард.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва рушди соҳаҳои илмӣ ва энергетикии Тоҷикистон дар оянда таъкид намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МОЛИЯ ВА БАҲИСОБГИРӢ ДАР МАВЗӮИ «МОЛИЯ ВА ДИГАРГУНСОЗИИ РАҚАМӢ»
Имрӯз, 22 январ дар толори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ҳошияи баргузории семинар китоби тознашри доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова "Ёде аз Ҳинди бузург" рӯнамоӣ гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки Ҷумҳурии Ҳиндӯстон дар қатори нахустин кишварҳо соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар оғози солҳои ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ба расмият шинохт ва соли 1994 дар Душанбе Сафоратхонаи худро боз кард ва Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 Сафоратхонаи худро дар Деҳлӣ фаъол кардааст.
Таъкид гардид, ки тайи 34 сол муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон рӯз аз рӯз рушд меёбад. Такони мусбат ва самаранокро дар истифодаи васеи имкониятҳо ва густариши ҳамкориҳои бунёди иқтисодӣ ва бомуваффақияти Тоҷикистону Ҳиндустон, ки имрӯз сатҳи баланд касб кардаанд, инчунин баланд бардоштани нақши минтақавии ду кишвар, сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ва сафарҳои расмии Сарвазир ва Президенти Ҷумҳури Ҳиндустон ба Тоҷикистон мебошанд, эҷод намуданд. Ин сафарҳо тавсеаи уфуқҳои дурнамои беҳтару хубтари муносиботи ду кишвари ба ҳам бародарро ошкор карданд. Дар ҷараёни сафарҳо, мулоқоту музокироти чандкаратаи судманд байни ду давлат санадҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф, нерӯи об, нақлиёт, роҳсозӣ, нақбканӣ, тиҷорат, фарҳанг ва ғайра ба имзо расиданд.
Гуфта шуд, ки имрӯз мо бо ифтихор метавонем бигӯем, ки ҳамкориҳои илмии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар солҳои охир ба сатҳи нав баромадаанд. Лоиҳаҳои муштараки илмӣ, табодули донишмандон ва баргузории конфронсҳои илмиву таҳқиқотӣ нишондиҳандаи талошҳои муштараки мо барои рушди илм ва ҳалли мушкилоти муҳими замони муосир мебошанд. Қайд гардид, ки миёни ду кишвар ҳамкориҳо дар самти Машварати стратегии Котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон, Гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бар зидди терроризм, Гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамкории мудофиавӣ, Гурӯҳи кории муштарак оид ба истифодабарии осоиштаи технологияи кайҳонӣ барои рушд, Гурӯҳи кории муштарак оид ба энергетика, Машваратҳои консулӣ амал мекунанд. Аз соли 2019 инҷониб сиғаи ҳамкориҳои минтақавии бисёрҷониба, Муколамаи “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон” дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ амал мекунад.
Зикр гардид, ки барои рушди равобиту ҳамкории илми байни Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиву фарҳангии Ҷумҳурии Ҳиндустон заминаҳо ва имконоти фаровон мавҷуданд. Аз ҷумла, ривоҷи ҳамкории олимони тоҷику Ҳиндӯстон дар риштаҳои забономӯзӣ тавассути барномаи Ай-тек дар самти илмҳои физикаву риёзиёт, зилзиласанҷӣ, кайҳоншиносӣ, заминшиносӣ, тиб, улуми иҷтимоӣ, забону адабиёт, таърих, фарҳанг ва амсоли онҳо зарур аст. Баррасӣ, таҳия ва нашру тарғиби осори ғании фарҳангии ниёгонамон ва муаррифии онҳо ба оламиён вазифаи муштараки донишмандони тоҷику ҳинд мебошад. Бо мақсади омӯзиши осори таърихию фарҳангӣ ва адабии аз солҳои пешин дар муассисаҳо ва китобхонаҳои илмии Ҳиндустон мавқуфбуда, чандин маротиба олимон ва донишмандони мо ба Ҷумҳурии Ҳиндӯстон сафарҳои илмӣ намудаанд.
Иброз гардид, ки маҷмӯаи мазкур масъалаҳои марбут ба таърих ва фарҳанги Тоҷикистон бо Ҳиндустон инчунин нигоштаҳои илмии муаллиф дар конфронсҳои байналмилалӣ, натиҷаи сафараш ба кишвари зебоманзари Ҳиндустон, ки дорои табиати мафтункунанда ва биҳиштосо буда, яке аз “Ҳафт аҷоиботи олам” ба ҳисоб меравад, рӯи чоп овардааст. Маҷмӯа ба забони тоҷикӣ ва англисӣ буда, ба доираи васеи хонандагон пешкаш мешавад. Дар китоби худ профессор Санавбарбону Воҳидова саҳми фарзандони бузурги Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ, Ҷавоҳирлал Неҳру, Сарвапалли Родокришнон, Мавлоно Абдулкалом Озодро қайд намуд, ки онҳо нафақат сиёсатмадорони дурандеш, файласуф, таърихшинос буданд, балки онҳо роҳи душворгузари илмро ба хотири ҳалли дурусти масоили истиқлолият ва демократияи кишвари худ тай кардаанд. Шоистаи зикр аст, ки нумӯъ ва равнақи муносибот дар тамоми заминаву соҳаҳо ҳадафи муштарак ва ягона аст. Ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мо ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ ва дарозмуддати ду кишвар мебошанд.
Дар идома, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Раҷеш Уике, дар баромади худ доир ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар самти илму маориф ва таҳкими робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва таълимии ду кишвар ибрози назар намуд. Қайд гардид, ки китоби тозанашри доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова таҳти унвони «Ёде аз Ҳинди бузург» ба бозтоби равобити таърихӣ, фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистону Ҳиндустон бахшида шуда, метавонад ҳамчун манбаи муҳим барои таҳқиқоти минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ байни ду кишвар хизмат намояд.
Сессияи зимистона. ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ
Имрӯз, 20 январ бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020 -2040 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳо баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки рушди илм, махсусан илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ дар замони муосир бо суръати бениҳоят зиёд рӯ ба тарақист. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ба омӯзиш фаро гирифтани наврасону ҷавонон имкониятҳои мавҷударо фароҳам оварданд.
Таъкид гардид, ки бо дастгирӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ба яке аз соҳаҳои калидӣ, афзалиятдошта ва авлавиятдошта мубаддал гардидааст. Тӯли даврони соҳибистиқлолӣ дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат мавқеи махсус ба наврасону ҷавонон дода мешавад.
Гуфта шуд, ки ҳадафи баргузории чорабинии илмии имрӯза низ дар амал татбиқ намудани сиёсати илмии Ҳукумати мамлакат аз овони мактабхонӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари ин, таъкид гардид, ки Президенти маҳбуби кишварамон таъкид менамоянд, ки “Дар шароити пешрафти босуръати илму технологияҳои муосир мо бояд тамоми имкониятҳоро барои таълиму тарбияи фарзандон ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи онҳо сафарбар созем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунем ва ба ҳаёти мустақилона омода намоем, зеро кӯдакон ва наврасону ҷавонони имрӯза ояндаи мо, давомдиҳандагони кори мо ва умеду орзуи мову шумо мебошанд.
Дар идома сухан ба ноибони президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ибодзода Саидмуқим Тиллохуҷа ва Мирзораҳимзода Акобир дода шуд. Қайд намуданд, ки ҳадафи асосии гузаронидани сессияи имрӯзаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ин бедор намудан ва бохабар шудан аз корҳои илмӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ, натанҳо дар маҷалаҳои оммавӣ, инчунин дар маҷалаҳои тақризшаванда, дарёфти ҳуқуқи муаллифӣ, шаҳодатнома ва патент аз ҳисоби ихтироъкорӣ, навоварӣ ва дар сатҳи баланд маърӯза намудани корҳои илмии хонандагони Академияи хурди илмҳо мебошад.
Сипас, тибқи барномаи сессияи зимистона сухани навбати ба мудири Шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АМИТ Манучеҳр Садриддинзода дода шуд ва вобаста ба муҳлати муқарраргардида, баромади маърӯзачиён, ки шумораи умумии онҳо бештар аз 60 нафар буд, шунида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки алҳол 15 бахшҳои ихтисосии Академияи хурди илмҳо таҳти сарпарастии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият менамояд. Аз ҷумла, математика, технологияи иттилоотӣ, астрофизика, физика, химия, биология, иқтисодиёт, гидрохимия, тиб, ҳуқуқ, генетика, таърих ва бостоншиносӣ, география, экология ва забонҳои хориҷӣ.
Дар фароварди сессияи зимистона устодони ҳамаи бахшҳои Академияи хурди илмҳо ва маърӯзачиёни 15 бахшҳо бо “Сипоснома” ва “Ифтихорнома”-и Раёсат ва Шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АМИТ қадргардонӣ гардиданд.
Имрӯз, 19 январи соли 2026, соати 11:21 бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза эҳсос гардид.
Тибқи маълумоти Хадамоти геофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Покистон, дар масофаи 526 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 259 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Хоруғ ҷойгир шудааст.
Шиддати заминларза дар маркази он 6–7 баллро ташкил дод. Дар шаҳри Хоруғ қувваи таконҳо ба 3 балл баробар буд. Магнитудаи заминларза М=5,9 ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон ягон харобӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Хадамоти дахлдор назорати вазъи сейсмикиро идома медиҳанд.
