Ба истиқболи сафари расмии президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23-26 июли 2025
Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ дар 34 соли Истиқлоли давлатӣ мудаввом сиёсати хориҷии дӯстонаро бо кишварҳои гуногуни дунё,бо назардошти манфиатҳои миллии кишварамон ба роҳ мондааст.Дар ин радиф Муғулистон ҳамчун ҳамсоякишвар дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон эътибори вижаи худро доро аст.
Муғулистон дар охири солҳои 90-ум асри гузашта Консепсияи сиёсати хориҷиро таҳия кард, ки он ба принсипи бисёрҷонибагӣ асос ёфтааст. Самти асосии сиёсати хориҷии Муғулистон аз ривоҷ додани муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва ҳамкориҳо бо дигар кишварҳои Осиё, иштирок дар фаъолиятҳои бисёрҷониба дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, дастгирӣ намудани сиёсат ва иштирок дар фаъолиятҳое мебошад, ки ба таҳкими суботи стратегӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои амниятӣ дар Осиёи Шарқӣ, Осиёи Шимолу Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд. Муғулистон ҳамчун кишвари Осиё кӯшиш менамояд, ки муносибатҳои дуҷонибаро бо дигар кишварҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором фаъолона инкишоф диҳад ва дар ҳамкориҳои бисёрҷониба, ҳамгироии сиёсӣ ва иқтисодӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок намояд. Ҷоиз ба ёдоварист,ки Муғулистон кишвари нозир дар СҲШ (2004) мебошад.
Самти дигари муҳими сиёсати хориҷии Муғулистон ҳамкории фаъолона бо СММ, ташкилотҳои махсуси он, инчунин ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ, тиҷоратию иқтисодӣ мебошад. Муғулистон ҷонибдори баланд бардоштани нақш ва масъулияти СММ дар ҷаҳони муосир мебошад. Муғулистон дар давоми солҳои охир аъзои комилҳуқуқ ва фаъоли ҷомеаи ҷаҳон гардида, ба таҳкими сулҳу амонӣ, тақвият бахшидан ба ҳамкории ҳаматарафаи мамлакатҳои ҳамаи қитъаҳои сайёра ҳиссаи сазовор мегузорад. Муғулистон ташаббусгари беш аз 70 қатънома оид ба 20 масъалаи байналмиллалӣ мебошад, ки дар ҷаласаҳои Ҷаласаҳои генералии СММ баррасӣ ва қабул гардиданд. Муғулистон мустақилона ва ё бо иштироки дигар кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи халқҳо ба зиндагии осоишта, таъмини кафолатҳои байналмилалӣ ба мақоми ғайриядроии Муғулистон, рушди таҳсилоти ҳамагонӣ, беҳбуди зиндагии занони деҳот, баланд бардоштани нақши ҳамкорӣ дар рушди иҷтимоӣ, рафъи мушкилиҳои кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд ва ғайра, ташаббуси байналмилалӣ нишон дод.
Дар марҳалаи ҳозира доираи шарикони муҳими хориҷии Муғулистон хеле васеъ шуда, моҳияти стратегияи бисёрҷонибагии сиёсати хориҷии ин кишвар аз ташаккули муносибатҳои шарикии дӯстона бо тамоми марказҳои пешбари қудрати сиёсати ҷаҳонӣ бармеояд. Дар натиҷа, дар атрофи Муғулистон як навъ «секунҷаи» геополитикӣ ба вуҷуд омадааст, ки гӯшаҳои он ҳамсояҳои ҷуғрофӣ – Русияву Чин ва ҳамчунин ба истилоҳ ҳамсояи сеюм – бозигарони ғайриминтақавӣ мебошанд, ки дар ин давлат манфиатҳои хос доранд. Инҳо, пеш аз ҳама, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Иттиҳоди Аврупо, Ҳиндустон ва Туркия мебошанд.
Алъон Муғулистон бо панҷ кишвари ҷаҳон шарикии стратегӣ дорад: Русия (соли 2006), Ҷопон (соли 2010), Чин (соли 2014), Ҳиндустон (соли 2015) ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка (соли 2019). Дар баробари ин, ҳатто дар байни панҷ мамлакати дар боло зикршуда ҳам иерархияи муайянро мушоҳида намудан мумкин аст. Тасодуфӣ нест, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ пеш аз ҳама бо Москва, Токио ва Пекин баста шудаанд. Ин имтиёзҳо ба як қатор ҳолатҳои объективии дорои хусусияти ҷуғрофӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра вобастаанд
Ҳамин тариқ, сиёсати хориҷии Муғулистони муосир ва принсипи бисёрҷонибагии ин кишвар барои фаъолияти ин давлат дар фазои ҷаҳони бисёрқутба пурра мувофиқат мекунанд ва ба ин мамлакат барои ҳифзи манфиатҳои миллиаш шароит фароҳам меоварад
Муғулистон дар айни замон бо 140 мамлакати ҷаҳон иртиботи дипломатӣ барқарор кардааст. Ин кишвар ба шарофати иқтисодиёти кушоди худ дар шакли сармояи хориҷӣ, қарзҳои имтиёзнок ва ёрии бемузд маблағҳои калон гирифт, ки ин ба афзоиши ММД-и мамлакат таъсири мусбат. “Дар Муғулистон аз соли 2005 инҷониб афзоиши ММД дар ҳоли афзоиш аст. Суръати миёнаи афзоиши ММД аз соли 2005 то соли 2013 10,5 фоизро ташкил дод. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми ММД-и Муғулистон дар соли 2013 нисбат ба ҳамин рақами соли 2000 тақрибан 10 маротиба ва соли 2005 2,2 маротиба бештар будааст”[1].
Қобили зикр аст,ки Тоҷикистон ва Муғулистон робитаҳои назарраси тиҷоратӣ надоранд, зеро ҳарду кишвар таъминкунандагони ашёи хом мебошанд. Бино ба маълумоти идораи омори Тоҷикистон, ҳаҷми умумии табодули коло миёни Тоҷикистону Муғулистон дар панҷ моҳи аввали соли 2025 ҳамагӣ ҳудуди 172 ҳазор долларро ташкил додааст, ки кулли ин маблағ аз ҳисоби воридоти маҳсулот аз Муғулистон ташаккул ёфтааст. Дар соли 2024 гардиши мол миёни ду кишвар 50,8 ҳазор долларро ташкил дод, ки аз ин миқдор 43,5 ҳазор доллар воридот аз Муғулистон ва 7,3 ҳазор доллар содирот аз Тоҷикистон будааст. Саноати коркард, бахусус саноати сабуку хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо аз самтҳои ояндадори ҳамкориҳои ду кишвар ном бурда шуд.
Рӯзи 23 июли 2025 президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд. Дар доираи сафар форуми иқтисодӣ миёни ду кишвар ва як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил карда мешаванд.
24 июли 2025 дар байни ду давлат 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
— Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва алоқаи Муғулистон дар соҳаи рақамикунонӣ;
— Ёддошти тафоҳум дар самти пешгирӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ ва технологияҳо миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ” ва Корхонаи давлатии “Академияи Э-Муғулистон”;
— Ёддошти тафоҳум миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон ва
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Муғулистон[2].
Ҳамин тариқ, дар раванди мулоқоти сатҳи баланд ҳамкориҳои созандаи муштарак ва дастгирии ҳамдигарии Тоҷикистону Муғулистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд. Натиҷаҳои гуфтушунидҳои имрӯза гувоҳ аз он медиҳанд, ки рушди муносибатҳо миёни ду кишвар умедбахш мебошад.
Ҳайдарзода Рустам, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Қурбонзода Фарида, ходими илмии Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Адабиёти истифодашуда:
1.Базаров В.Б. Внешнеполитический курс Монголии в XXI веке. Электронный источник: https://cyberleninka.ru/article/n/vneshnepoliticheskiy-kurs-mongolii-v-xxi-v [Дата посещения:24.07.2025]
2. Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон.Манбаи электронӣ: https://khovar.tj/2025/07/marosimi-imzoi-sanad-oi-navi-amkor-bajni-to-ikiston-va-mu-uliston/ [Санаи дастрасӣ:24.07.2025]