Skip to main content

Ҷумҳурии Фаронса барои Тоҷикистон яке аз шарикони калидӣ ва боэътимод дар Аврупо ба маҳсуб мешавад. Ба таваҷҷуҳ ба Фаронса дар Тоҷикистон фазои дӯстӣ ва эътимоднок мушоҳида мешавад. Ин омил ба робитаҳои таърихии ду кишвар дар даврони шӯравӣ ва пеш аз он, вобастагӣ дорад. Аз ҳамон давраҳо сар карда таваҷҷуҳи ҷомеаи тоҷик ба Фаронса, таъриху фарҳанги он эҳтироми мутақобилаи манфиатҳои миллӣ ба назар мерасид. Нақши Фаронса низ роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ назаррас мебошад.

Ба истинод аз манбаи расмии АМИТ «Ховар» “8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 ба Ҷумҳурии Фаронса сафар намуданд”.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин конфронси байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО ширкат варзиданд.

Бояд гуфт, ки конфронси мазкур қаблан дар доираи пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса, ки Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 аз ҷониби СММ қабул гардида буд, ба роҳ монда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мубрами сайёра яке аз ташаббускорони асосӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати ҳалли мушкилоти умумибашарӣ саҳми беназир доранд ва дар чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО хуш пазируфта шудаанд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки чанде қабл дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо конфронси сатҳи баланд баргузор гардид, ки ин бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда буд ва мутахассисони зиёда аз 44 давлати ҷаҳон дар кори ин конфронс ширкат варзиданд ва конфронсе, ки дар Ҷумҳурии Фаронса баргузор шуд, идомаи мантиқии ташаббусҳои наҷиби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ба роҳ мондани конфронси “Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосферӣ” саҳми арзишманд дорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин конфронси сатҳи баланд суханронӣ намуда, ироа намуданд, ки вазъи ташвишовари тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити зист, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, норасоии оби ошомиданӣ мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли ин мушкилот бо як қатор пешниҳодҳо аз ҷониби Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон садо дода шуд, ки аз ҷониби иштирокчиёни конфронс хуш пазируфта шуд.

Пешвои миллат зикр намуданд, ки “то 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар кӯҳсори Тоҷикистон воқеъ буда, дар рушди ҳамаи соҳаҳо ва ояндаи устувори минтақа нақши асосӣ мебозанд”.

Президенти кишвари мо аз раванди ташвишовари обшавии босуръати пиряхҳо ва паёмадҳои харобиовари он ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки оқибатҳои ин раванд ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳо зарари калон расонида, ба ҳаёти одамон таҳдид менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва нигоҳ доштани устувории муҳити зист корҳои зиёде ба анҷом расонида, тайи 20 соли охир дар арсаи ҷаҳонӣ масъалаи обу иқлимро бо муваффақият пеш мебарад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ташаббусҳои кишвари моро дар самти обу иқлим аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфта, мавриди татбиқ қарор гирифтаанд. Бояд гуфт, ки пешниҳоди Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст.

Ба андешаи Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ин хусус аҳаммияти ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти илму таҳқиқотҳоро дар соҳаи криосфера ба таври возеҳ тасдиқ кард.

Пайваста ба ин мавзуъ бояд қайд намуд, ки дар назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз Маркази омӯзиши пиряхҳо фаъолият мебарад, ки зиёда аз 17 номзадони илм оид ба вазъи обу иқлим, география ва креосфера дар шакли мақолаҳои таҳлилӣ ва мақолаҳои илмӣ барои пешгирии обшавии пиряхҳо ва инчунин ҳифзи пиряхҳо чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Роҳбари давлати мо бо қаноатмандӣ таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба ташаббуси нави Тоҷикистон оид ба эълон кардани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҷалб намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: “Раванди коҳишёбии криосфера ба зиндагии босуботи мардуми сайёра таҳдиди ҷиддӣ эҷод карда, метавонад то соли 2050 ба як миллиард нафар аҳолии минтақаҳои назди соҳилӣ ва ҷазира кишварҳо таъсири назаррас расонад”. Гуфтан ба маврид аст, ки дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус, ки чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 дар доираи он баргузор гардид, роҳбарони давлатҳо
ва ҳукуматҳо аз 65 кишвари ҷаҳон, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ва роҳбарони як қатор созмонҳои дигари байналмилалию минтақавӣ иштирок намуданд, ки иштирок ва суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яке аз баромадҳои вижаи конфронси мазкур маҳсуб мешавад.

Бояд гуфт, ки конфронси сатҳи олӣ барои муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари пешво дар умури обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ифтитоҳ бахшиданд. Маросими ифтитоҳ сипас бо суханронии Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле идома ёфта, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон ҳусни анҷом ёфт.

Боиси хурсандӣ ва нишоти халқи тоҷик аст, ки боз як ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.

Зиёев Субҳиддин Насриевич - номзади илмҳои филология

ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ