Тоҷикистон мамлакати кӯҳӣ мебошад. Дар кӯҳҳои баланд шумораи зиёди пиряхҳо ба қайд гирифта шудааст, ки дарёҳои кӯҳӣ аз онҳо ибтидо мегиранд. Массаи оби аз кӯҳ бо суръат ба поён ҷоришаванда дорои энергияи кинетикӣ мешавад. Дар неругоҳҳои обӣ энергияи механикии об тавассути генераторҳои индуксионии электромеханикӣ ба энергияи электрӣ табдил дода мешавад. Тибқи ҳисобу китоб захираи солонаи гидроэнергетикии Тоҷикистон зиёда аз 500 млрд кВт соатро ташкил медиҳад. Бо назардошти захираҳои калон ба гидроэнергетикаи Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад [1]. Неругоҳҳои барқи обӣ (ГЭС-ҳо) нисбат ба неругоҳҳои аловӣ (ТЭС-ҳо) афзалият доранд. Зеро НБО-ҳо ба атмосфера гази СО2 хориҷ намекунанд. Муҳити зистро ифлос намекунанд. Манбаи барқароршавандаи энергия мебошанд. Дар ҳамон як дарёи кӯҳӣ паси ҳам якчанд неругоҳи электрӣ сохтан мумкин. Энергияи электрӣ нисбати дигар навъҳои энергия афзалияти калон доранд ва бинобар он дар ҳамаи соҳаҳо (истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ) фаровон истифода мешавад [2].
Силсиланеругоҳҳо дар дарёи Варзоб. Аввалин неругоҳи электрии обӣ дар Тоҷикистон дар дарёи Варзоб сохта шудааст. Агрегати (чархаи) якуми ГЭС-и Варзоб-1 соли 1936 ва агрегати дуюмаш соли 1937 ба кор дароварда шудааст. Иқтидори умумии онҳо солҳои қаблӣ ба 7440 кВт буд. Соли 2012 агрегат ва дастгоҳҳои ёрирасони Варзоб-1 пурра иваз карда шудааст. Дар натиҷа, тавоногии неругоҳ ба 9500 кВт расидааст. Аз ибтидои кор то соли 2013 неругоҳи Варзоб-1 ба миқдори 281 миллион кВт·соат энергияи электрӣ истеҳсол намудааст [1].
Соли 1949 неругоҳи Варзоб-2 ба кор оғоз намудааст. Ин неругоҳ аз ду агрегат иборат буда тавоногии умумиаш ба 14 400 кВт баробар мебошад. Аз рӯзи ба истифода додан то 1 январи соли 2013 дар неругоҳи Варзоб-2 ба миқдори 3 миллиарду 763 миллион кВт·соат энергияи электрӣ истеҳсол карда шудааст.
Соли 1952 неругоҳи Варзоб-3 ба кор оғоз намудааст. Ин неругоҳ низ аз ду агрегат иборат буда тавоногии умумиаш 3520 кВт мебошад. Дар ин неругоҳ то 1 январи 2013 ба миқдори 628,5 миллион кВт·соат энергия истеҳсол шудааст. Силсиланеругоҳҳои электрии дарёи Варзоб дар низоми (системаи) энергетикии Тоҷикистон аввалин мебошад. Алҳол дар ин силсила неругоҳҳои хурди электрии Ҳазора-1 ва Ҳазора-2, ҳар кадомаш бо иқтидори 250 кВт, кор мекунанд.
Дарёи Сир яке аз калонтарин дарёҳои Осиёи Миёна ба шумор меравад, ки пас аз якҷоя шудани шохобҳояш- Норин ва Қародарё дарёи Сир ном гирифтааст. Бо истифода аз захираҳои гидроэнергеткии дарёи Сир дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон 12 нерӯгоҳҳои электрӣ-обӣ бунёд шудаанд.
Неругоҳи “Дӯстии халқҳо” (Қайроқум) дар дарёи Сир дар наздикии ш.Хуҷанд (алҳол ш.Гулистон) солҳои 1956-57 сохта шудааст. Сарбанди неругоҳро гидроэнергетикҳои советӣ соли 1956 сохтаанд. Дарозии обанбори неругоҳ - “Баҳри тоҷик” 65 км, васегиаш аз 8 то 20 км (тағйирёбанда) ва масоҳати сатҳи обанбор 513 км2 мебошад. Ҳаҷми умумии обанбор, тибқи ҳисоби с. 2009, тақрибан 3 млрд.131 млн. м3, ҳаҷми фоиданокаш 2 млрд.390 млн м3 муайян шудааст. Мақсад аз сохтани неругоҳ, аввало танзим ва истифодаи захираи оби дарёи Сир барои киштукор ва дуюм истеҳсоли энергияи электрӣ буд. Сохта ба истифода додани неругоҳи “Дӯстии халқҳо” дар ҳалли бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ дар Шимоли Тоҷикистон мусоидат намудааст.
Неругоҳи “Дӯстии халқҳо” аз шаш гидроагрегати тавоногии ҳар кадоме 21 000 кВт иборат мебошад. Иқтидори умумии неругоҳ 126 000 кВт-ро ташкил медиҳад. Соли 1956 ду агрегат ва соли 1957 чор агрегат ба кор андохта шудааст [1]. Об аз баландии 18 м меафтад. Ҳангоми бо тавоногии пурра кор кардани неругоҳ аз гидроагрегатҳо дар як сония 177 м3 об мегузарад.
Тибқи маълумоти Ширкати саҳомию холдингии “Барқи тоҷик” дар неругоҳи “Дӯстии халқҳо” то 1 январи соли 2013 ба миқдори 32,86 миллиард кВт·соат энергия истеҳсол шудааст.
Неругоҳҳои дарёи Вахш. Дигар силсиланеругоҳҳо дар дарёи Вахш сохта шудаанд. Соли 1954 неругоҳи Марказӣ бо иқтидори 18 400 кВт, соли 1959 неругоҳи Шаршара бо иқтидори 29 950 кВт, ва солҳои 1962-63 неругоҳи электрии Сарбанд бо иқтидори 210 000 кВт сохта ба истифода дода шудааст.
Он солҳо неругоҳи Сарбанд дар Осиёи Миёна пуриқтидортарин неругоҳи электрии обӣ ба ҳисоб мерафт. Бояд тазаккур дод, ки солҳои 2010-13 неругоҳи Сарбанд таҷдид карда шудааст. Дар неругоҳи Сарбанд се агрегати иқтидори ҳар кадомаш 45 000 кВт ва се агрегати тавоногии ҳар кадомаш 35 000 кВт насб карда шудааст. Алҳол иқтидори неругоҳи Сарбанд 240 000 кВт -ро ташкил медиҳад.
Ҳоло бо кӯшиши Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи таҷдиди навбатии неругоҳи Сарбанд бо маблағи 1,3 мллиард сомони идома дорад ва он соли 2021 ба анҷом расонида мешавад. Дар натиҷа иқтидори пурраи неругоҳ ба 290 000 кВт расонида мешавад [3].
Аз оғози фаъолият то 1 январи 2013 дар неругоҳи Марказӣ 1 млрд 596 миллион кВт·соат, дар неругоҳи Шаршара 10 млрд 609 миллион кВт·соат, дар неругоҳи Сарбанд 45 млрд 730 миллион кВт·соат энергияи электрӣ истеҳсол шудааст.
Неругоҳи электрии Норак, алҳол, калонтарин неругоҳи амалкунандаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. ГЭС-и Норак аз 9 агрегати иқтидори ҳар кадомаш 300 ҳазор кВт-и иборат мебошад. Яъне иқтидори лоиҳавии неругоҳи Норак ба 2 миллиону 700 ҳазор кВт баробар аст. Сохтмони ГЭС-и Норак соли 1961 оғоз шудааст. Агрегати аввалини ГЭС-и Норакро 14 ноябри соли 1972 котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов ба кор андохта буд. Ҳамон сол агрегати дуюм ва соли 1973 агрегати сеюми неругоҳи Норак ба кор андохта шуданд. Соли 1976 агрегати чорум ва соли 1977 агрегатҳои 5 ва 6 ба кор оғоз карданд. Ниҳоят соли 1978 агрегатҳои 7 ва 8 ва соли 1979 агрегати 9-ум ба кор андохта шудааст.
Соли 1988 ҳамаи 9 чархаи Норак таҷдид гардида иқтидори ҳар кадом ба 335 ҳазор кВт ва иқтидори умумии неругоҳ ба 3 миллион кВт (3000 МВт) расонида шудааст. Соли 2019 лоиҳаи навбатии таҷдиди неругоҳи Норак оғоз шудааст [3]. Неругоҳи электрии Норак бо ду хати баландшиддати 500 000 В (волт) ва панҷ хати баландшиддати 220 000 В ба системаи энергетикии Тоҷикистон пайваст мебошад.
Аз рӯзи оғози кор то 1 январи 2013 неругоҳи электрии Норак ба миқдори 383,933 млрд. кВт·соат энергияи электрӣ истеҳсол намудааст.
Неругоҳи электрии обии Бойғозӣ панҷумин неругоҳи электрӣ дар дарёи Вахш мебошад, ки дар он чор агрегати иқтидори ҳар кадомаш 150 ҳазор кВт насб шудааст. Иқтидори умумии неругоҳи Бойғозӣ 600 ҳазор кВт мебошад. Се агрегати он соли 1985 ва агрегати чорум соли 1986 ба кор андохта шудааст. Аз оғози фаъолият то 1 январи соли 2013 неругоҳи мазкур ба миқдори 60,096 миллиард кВт·соат энергияи электрӣ истеҳсол намудааст.
Неругоҳи электрии Сангтӯда-1. Неругоҳи электрии Сангтӯда-1 аз аввалин неругоҳи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон (шашумин неругоҳ дар дарёи Вахш) ба ҳисоб меравад. Неругоҳи мазкур пас аз ба итмом расидани сохтмони неругоҳи Бойғозӣ соли 1986 оғоз шуда буд. Лекин бо сабаби пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони он нотамом монд. Пас аз ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, бо ибтикороти Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ба итмом расонидани сохтмони неругоҳи Сангтӯда-1 бо Ҳукумати Федератсияи Россия баррасӣ шуд. Дар натиҷа байни Ҳукумати ФР ва Тоҷикистон Созишнома оиди сохтмони неругоҳи Сангтуда-1 (соли 2004) ба имзо расид. Тибқи ин Созишнома Ҳукумати ФР ба сохтмони Сангтӯда-1 ба миқдори 250 млн доллари ИМА маблағгузор намуд. Сохта ба истифода додани неругоҳро Ширкати “РАО ЕЭС” ба зимма гирифт. Агрегатҳои якум, дуюм ва сеюм соли 2008 ва агрегати чорум соли 2009 ба кор андохта шуданд. Дар ин неругоҳ 25% саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75% саҳми Федератсияи Руссия мебошад.
Дар неругоҳи Сангтӯда-1 чор агрегати иқтидори ҳар кадомаш 167,5 ҳазор кВт насб шудааст. Иқтидори пурраи лоиҳавии неругоҳ 670 000 кВт-ро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Ширкати Барқи тоҷик неругоҳи Сангтӯда-1 аз оғози кор то 1 январи 2013 ба миқдори 8 млрд. 519 миллион кВт·соат энергия истеҳсол намудааст.
Неругоҳи Сангтӯда-2. Ҳафтумин неругоҳи электрӣ дар дарёи Вахш. Лоиҳаи ин неругоҳ ҳанӯз дар давраи Иттиҳоди Шӯрави омода шуда буд, лекин сохтмон оғоз нашуда монд. Соли 2004 байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Эрон оиди сохтани неругоҳи Сангтӯда-2 гуфтушунид оғоз шуда, соли 2005 созишнома оиди сохтмон ба имзо расид. Ҷумҳурии исломии Эрон сохтмони неругоҳи мазкурро ба зимма гирифт. 20 феврали соли 2006 оғози расмии сохтмон эълон карда шуд ва рамзи сохтмон ҳамчун рамзи дӯстии мардумони Тоҷикистон ва Эрон гузошта шуд.
Неругоҳ аз ду гидроагрегати тавоногии ҳар кадомаш 110 000 кВт иборат мебошад. Агрегати якум соли 2011 ва агрегати дуюм соли 2013 ба истифода дода шудааст. Ҳоло неругоҳи Сангтӯда-2 бо иқтидори лоиҳавии 220 000 кВт кор мекунад.
Неругоҳ (ГЭС)и Роғун. Ҳаштумин неругоҳи электрӣ дар дарёи Вахш. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон нарасидани энергияи электрӣ, хусусан дар фасли тирамоҳу зимистон, ҷиддан эҳсос карда мешуд. Аз ин ҳолат иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Чумҳурӣ зарар медид, мардум аз нарасидани электр азоб мекашиданд. Бо назардошти муҳимияти электроэнергетика Ҳукумати Тоҷикистон расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон эълон намуд. Бо баробари ба кор андохтани неругоҳҳои электрии хурди обӣ, тасмим гирифта шуд, ки сохтмони неругоҳи Роғун идома дода шавад. Зеро тибқи лоиҳа иқтидори неругоҳи Роғун ба 3 миллиону 600 000 кВт баробар буда, дар сурати сохта ба истифода додани он кишвари мо на танҳо ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад, балки фасли тобистон як миқдор энергияи электриро ба кишварҳои ҳамсоя содирот хоҳад кард [5].
Аз таърихи сохтмон. Лоиҳаи техникии неругоҳи Роғунро соли 1974 Госстройи Иттиҳоди Шӯравӣ тасдиқ намуда сохтмон соли 1976 оғоз шудааст. Ин лоиҳаро шӯъбаи Осиёи-миёнагии “Гидропроект” воқеъ дар ш.Тошканд таҳия намуда буд. Алҳол, ин лоиҳа, аз тарафи пажӯҳишгоҳи «Гидропроект»-и Федератсияи Руссия амалӣ мешавад [4].
Зимни ҷӯишҳои геологӣ муқаррар карда шудааст, ки дар мавзеи ҷойгиршавии неругоҳи Роғун якчанд мушкилоти геофизикӣ вуҷуд дорад. Аввало, мавзеи интихобшуда аз лиҳози сейсмикӣ фаъол аст ва моҳе як ду заминларзаи ҳисшаванда ҳодисаи маъмулист. Дигар ин, ки ҷинсҳои кӯҳии ин мавзеъ ковок ва бунёди нақбҳо мушкил. Сеюм, дар он мавзее, ки бунёди сарбанд қулай мебошад, зери замин тарқиши калони плитаи тектоникӣ (разлом) ҷойгир ва он бо намаксанг пур мебошад. Бо ба вуҷуд омадани сарбанд об бо фишор ба ин тарқиш ворид шуда намаксангро шустанаш эҳтимол дорад. Барои роҳ надодан ба шусташавии намаксанг мутахасисони советӣ бо қабати семент маҳкам пӯшидани даҳони ин тарқиш ва дигар чораҷӯиҳоро пешбинӣ намудаанд.
Бояд зикр кард, ки ибтикороти Ҳукумати Тоҷикистон оиди оғози корҳои барқароркунӣ ва идомаи сохтмони Неругоҳи электрии Роғун ба муқовимати ҷиддии кишварҳои ҳамсоя дучор шуд. Мухолифони амалишавии лоиҳаи неругоҳи Роғун иддао пеш меоварданд, ки сохта ба истифода додани неругоҳи Роғун таъминоти обро дар кишварҳои поёноб мушкил ва кандашавии сарбанд (бо сабабҳои техникӣ ва табиӣ, аз ҷумла заминларза) ба ҳаёти сокинони ин минтақа хавфи хеле калон пеш меорад. Барои аз байн бурдани ин сару садоҳо Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи сохтмони неругоҳи Роғунро ба экспертизаи байналхалқӣ пешниҳод намуд. Хушбахтон аз тарафи коршиносони ҷаҳонӣ ба лоиҳа экспертиза(хулосаи муҳаққиқӣ)и мусбат дода шуд. Исбот карда шуд, ки дар сурати риоя шудани нуктаҳои техникии дар лоиҳа пешбинишуда Неругоҳи Роғун ба мисли неругоҳи Норак аз ҳар ҷиҳат бехавф ва ба манфиати тамоми минтақа хизмат хоҳад кард.
Инак, сохтмони неругоҳ аз соли 2016 инҷониб дар заминаи ҳуқуқии байналхалқӣ идома дорад. Дар сурати сохта ба истифода додани неругоҳи Роғун сарбанди он бо баландии 335 м баландтарин сарбанд дар ҷаҳон мешавад. Сарбанди неругоҳ бо истифода аз сангу шағал сол ба сол баланд мешавад.
16 ноябри соли 2018 чархаи аввали неругоҳ бо иқтидори 120 000 кВт ба кор дароварда шуд. Чархаи дигари он низ дорои ҳамин иқтидор буда, 9 сентябри соли 2019 ба кор даромадааст. Ҳар ду чархаи Роғун аз тарафи Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки намояндагони кишварҳои хориҷӣ ба кор дароварда шуд. Бояд тазаккур дод, ки ҳар ду чархаҳои ба кор андохташуда муваққатӣ мебошанд ва онҳо тибқи лоиҳа то соли 2021 кор мекунанд ва баъд иваз карда мешавад. Тибқи лоиҳа неругоҳи Роғун аз 6 гидроагрегати тавоноии ҳар яке 600 000 кВт иборат буда, то декабри соли 2029 ҳамаи шаш агрегат ба кор андохта мешавад. Дар сурати пурра ба кор даромадани неругоҳ вай ба ҳисоби миёна соле то 17 млрд кВт соат энергия истеҳсол менамояд ва Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад. Яъне энергияи электрии дар Ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда тамоми талаботи хоҷагии халқи Тоҷикистонро қонеъ менамояд. Ҳамин тавр, захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон заминаи боэътимоди саноатикунонии босуръати кишвари мо мебошад, ки зина ба зина амалӣ мешавад.
Сарбанди неругоҳи электрии Роғун дар дарёи Вахш обанбори ҳаҷмаш тақрибан 13,3 км³ -ро ба вуҷуд меорад, ки ҳаҷми фоиданоки он 10,3 км³ ташкил хоҳад дод. Оби захирашуда бо мақсади ҳосил намудани энергияи электрӣ ва обшор намудани зиёда аз 300 ҳазор гектар заминҳои ташналаб истифода хоҳад шуд. Баландии сатҳи обанбор, тибқи лоиҳа, соли 2032 ба даст оварда мешавад.
Абдуманонова Ф.А - корманди Маркази илмии Хуҷанди АМИТ,
Абдуманонов А.А. доктори илмҳои физика-математика, профессор, мудири лабораторияи физикаи Маркази илмии Хуҷанди АМИТ
АДАБИЁТ
Назаров А. Неругоҳҳои барқӣ обии Тоҷикистон. –Душанбе «ЭР-граф», 2013, - 52 с.
Абдуманонова Ф.А., Абдуманонов А.А. Энергия, гидроэнергетика ва иқтисоди сабз //Маводи конф. илмию амалии ҷумҳуриявии «Муаммоҳои физикаи муосир ва раванди саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон».- Хуҷанд, 29-30 апрели 2020.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ. ш.Душанбе, 26 декабри соли 2019. –Душанбе, «Шарқи озод», 2019, - 48 с.
http://www.news-asia.ru/view/tj/topical/12804.
Тарҳи СASA–1000 унсури калидии бозори энергетикии минтақа мебошад. Суханронии Президенти Тоҷикистон, Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии СASA–1000. ноҳияи Варзоб, 6 июли с.2017// “Ҷумҳурият” аз 7.07.2017.
Дипломатияи об яке аз восита ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои истифодабарии захираҳои обӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам байналмилалӣ мебошад. Махсусан, масъалаҳои мубрам ва калидие, ки дар самти истифодабарии захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷой доранд, имконият медиҳад, ки бо роҳҳои дипломатияи об ҳалли худро ёбанд. Гузашта аз ин, захираҳои обӣ барои рушди ҷомеаи инсонӣ, саломатӣ, некӯаҳволии халқ ва баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори иҷтимоӣ, экологӣ ва иқтисодӣ муҳиманд.
Таърихан дипломатияи об, ин нақши муайянкунандаи омили об дар сиёсати хориҷии кишварҳои соҳилӣ ё гуфтушунидҳои дуҷониба ё бисёрҷониба барои ҳалли мусолиматомези ихтилофҳо оид ба масъалаҳои об мебошад. Дар замони муосир, бо таъсири афзояндаи раванди ҷаҳонишавӣ, мафҳуми дипломатияи об васеъ гардида, он ба муносибатҳои байни кишварҳои соҳилӣ ба ҷалби кишварҳои сеюм ва созмонҳои байналмилалӣ далолат мекунад. Ҳамин тариқ, бо назардошти тамоми меъёрҳои замони муосир дар масъалаи об, дипломатияи об, ин воситаи татбиқи сиёсати хориҷии як давлат дар масъалаи об, ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои махсус барои ҳалли проблемаҳо, фаъолияти расмии сарони давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ё ниҳодҳои махсус мебошад. Ҳамзамон дипломатияи об, дар татбиқи сиёсати хориҷӣ оид ба масъалаҳои об ва ниҳоят ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон оид ба масъалаҳои об дар муносибат бо дигар давлатҳо мебошад.
Масъалаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми муайян қарор дорад. Муносибат ба захираҳои об тағйир ёфта, об ба арзиши миллӣ ва омили асосии рушди Тоҷикистон табдил ёфтааст. Чунки об манбаи асосии истеҳсоли энергияи сабз мебошад. Ҳамзамон нерўи сабз барои баровардани эҳтиёҷоти шаҳрвандон ва хоҷагии халқ зарур буда, барои устувории сиёсии давлат муҳим аст. Бо дарназардошти иқтидори ғании об ва аҳамияти рӯзафзуни захираҳои об дар рушди давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи идоракунӣ, истифода, истеъмол, ҳифзу нигаҳдории захираҳои об пурзӯр намудааст.
Ҳадафи асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили кишвар, муносибати оқилона ба захираҳои об, ҳамчун захираҳои асосии табиии ҷумҳурӣ мебошад. Ин аст, ки тадриҷан бо рушди соҳаи иҷтимоию иқтисодии давлат ва ташаккули суботи сиёсӣ дар кишвар сиёсати об дар Тоҷикистон низ рушд мекунад. Дар баробари ин дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон об ва нерўи сабз аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки дар авлавият қарор доранд. Ин воқеиятро Пешвои муаззами миллат дар Раванди оби Душанбе бори дигар таъкид намуданд: «Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳост, ба мушкилиҳои марбут ба об таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Аз ин лиҳоз, мавзӯи захираҳои об, истифодаи оқилона ва устувори онҳо яке аз авлавиятҳои сиёсати давлати мо муайян гардидааст».[1]
Албатта масъалаи об ва истифодабарии захираҳои об барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Ин масъала ба ҷумлаи масъалаҳои муҳими дохилиминтақавӣ табдил гардидааст. Масъалаҳои ҳалношудаи вобаста ба об дар минтақа, пеш аз ҳама хушкшавии баҳри Арал, истифодабарии мақсадноки захираҳои об, танзим гардидани захираҳои об дар байни давлатҳои болооб ва поёноб ва ғ. мебошанд.
Оқибатҳои давомдори хушкшавии баҳри Арал, ки аз масъалаҳои асосии минтақаи Осиёи Марказӣ дар масъалаи об мебошад. Ҳалли ин масъала бидуни фаъолсозии ҳамкориҳои густурдаи байнидавлатҳо бо СММ, кишварҳои манфиатдор ва сохторҳои байналмилалӣ ғайриимкон аст. Тоҷикистон аз замони таъсиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал (IFAS) яке аз кишварҳои фаъол нақши муҳим бозидааст. Ёдовар мешавем, ки Бунёди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шуда, барои бартараф намудани паёмадҳои буҳрони Арал нақши хосса дорад. Инчунин маблағгузорӣ ба он бо иштирок ва дастгирии фаъолонаи барномаҳои гуногуни СММ, САҲА, ЮНЕСКО, институтҳои бонкии ҷаҳонӣ, инчунин ҳукуматҳои кишварҳои донор амалӣ мегардад.
Албатта, тағйирёбии иқлим, ки онро ҳар як сокини сайёра эҳсос мекунад, офатҳои табиӣ, ифлосшавии системаҳои обии ҷаҳон бо партовҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, обшавии пиряхҳо, паст будани фарҳанги истифодабарии об аз масъалаҳои глобалие мебошанд, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он рӯба рӯаст.
Дар баробари дигар масъалаҳои ҳалношудаи оид ба об дар минтақа, воқеияти дигаре амалӣ гардида истодааст, ки дар оянда шояд ҳамчун аз ҷумлаи «буҳронҳо» дар муносибатҳои байнидавлатии иддае аз кишварҳои минтақа гардад. Шурўъ гардидани сохтмони канали Қуштеппа дар Афғонистон, ки ба он об аз Амударё ҷорӣ мегардад, далели ин гуфтаҳост. Дар асоси нақшаи тарҳрезигардида, дарозии канали мазкур 285 километр, бараш 100 метр ва чуқурии он қариб 8,5 метр хоҳад шуд. Дар назар аст, ки лоиҳа соли 2028 ба анҷом мерасад.[2]
Бояд қайд кард, ки захираҳои обии як кишвар ҳамчун сарвати миллии он ба шумор меравад. Аммо истифодаи самаранок бо дарназардошти меъёрҳои муосири пешбинишуда барои кишварҳои болооб зарур аст. Дар ҳоле, ки аз обҳои Амударё барои обёрӣ ҷумҳуриёрии Узбекистон ва Туркманистон истифода мебаранд ва дар натиҷаи ба истифода додани канали Қуштеппа ба иқтисодиёти кишоварзии ин ду кишвар таъсири манфӣ хоҳад расид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ироа намудани ташаббусҳои худ дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об хоҳони он аст, ки дар ҳалли масъалаҳои об нақши худро гузорад. Пешбурди дипломатияи об дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ бо пешниҳод намудани ташаббусҳо дар сатҳи байналмилалӣ ба монанди - «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ва «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, 2013» далели ин гуфтаҳост. Ҳадаф аз пешниҳоди ин ташаббусҳо ҳалли масъалаҳо вобаста ба об дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ барои таъмини ҳаёти созандаи инсоният дар дастрасӣ ба об мебошад. Тоҷикистон дипломатияи кушоду шаффофи минтақавии обро бо эҳтироми зиёд нисбат ба давлатҳои минтақа пеш мебарад. Ин аст, ки чунин муносибат ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва эътимодбахши кишварҳои минтақа дар истифодаи захираҳои минтақавӣ мусоидат менамояд.
Боиси таъкид аст, ки масъалаҳои вобаста ба об аз ҷумлаи масъалаҳои калидии ҳамкориҳои байни кишварҳои ҷаҳон буда, аз нигоҳи таърихӣ боиси сарзадани низоъҳо низ гардидаанд. Чуноне муҳаққиқон таъкид месозанд: «Аз соли 1948 инҷониб 295 созишномаи байналмилалӣ вобаста ба об ба имзо расидааст, ки дар натиҷа камтар аз 40 ҳодисаи муноқишаи шадид дар масъалаи об дар 71 соли охир ба вуҷуд омадааст. Аммо танҳо 1/3 обҳои рӯизаминии фаромарзӣ (дарёҳо ва кӯлҳо) ва камтар аз 1% обҳои фаромарзӣ механизмҳои ҳамкорӣ доранд».[3]
Дар шароити афзоиши аҳолӣ, рушди иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим, афзоиши норасоии об, ифлосшавии об, ки боиси афзоиши рақобат барои об байни кишварҳо мегардад, зарурати тағйир додан ва васеъ гардидани муносибатҳои байнидавлатҳо воқеият пайдо мекунад. Имрўз об на танҳо барои фароҳам овардани масоили иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли нерўи сабз аст, балки он ба муносибатҳои сиёсӣ ва дипломатӣ низ алоқамандӣ дорад.
Имрўз мушкилоти зиёд дар самти истифодабарии захираҳои обӣ дар минтақа мавҷуд мебошад, аз он ҷумла:
- мутобиқсозии манфиатҳои ирригатсионӣ бо манфиатҳои гидроэнергетикӣ;
- истифодаи технологияи муосири каммасраф дар соҳаи обёрӣ, масалан, гузаштан ба обёрии қатрагӣ;
- татбиқи муштараки лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ барои истеҳсоли нерўи сабз бо истифода аз имкониятҳои молиявии кишварҳои поёноб барои дастгирии кишварҳои болооб;
- алоқамандии масъалаҳои оид ба об ба вазъи демографии кишварҳо, аз он ҷумла зиёд шудани майдонҳои заминҳои обӣ, нарасидани оби нӯшокӣ ва дигар омилҳо бо омили асосӣ – афзоиши аҳолӣ алоқаманд мебошанд;
- ҳал намудани масъалаҳои вобаста ба об дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатӣ ба манфиати тамоми ҷонибҳои манфиатдор ва амнияти экологӣ, инчунин табдил додани об ба “ташаббус”-и ҳамкорӣ ва ҳамгироии кишварҳо ва ғ.
Албатта вазъи ҷаҳони муосир бо назардошти мушкилоти муштараки байни кишварҳо дар соҳаи об, махсусан истифодаи захираҳои обҳои фаромарзӣ, норасоии оби тоза ва мушкилоти худи об дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамкориҳои дастаҷамъона ва комплексии байнидавлатиро талаб менамояд. Ин аст, ки бо раванди ташаккули ҳамкориҳои муосири об, зарурат ба пайдоиши як қатор созишномаҳои байнидавлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи муносибатҳои об алоқаманд аст.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили пешбурди муваффақонаи дипломатияи об, яке аз ҷумҳуриҳои пешсаф мебошад. Масъалаҳои вобаста ба об аз масъалаҳои меҳварӣ ва калидӣ дар муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои минтақа ва ҷаҳонӣ буд ва боқӣ хоҳад монд. Ҳалли масъалаҳои вобаста ба иқлим ва об дар барномаҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва дар рўзномаи конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ баррасӣ ва таҳлил мегарданд, ки он хело ҳам муҳим аст. Баргузории Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки дар таърихи 11-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, айни ҳамин гуфтаҳост. Бо назардошти ин воқеият, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон дар ин конфронс, чунин иброз доштанд: «Конфронси мазкур барои дарки моҳият ва муҳиммияти об дар рушди устувор ва зарурати амалҳои муассиру таъхирнопазир дар ин соҳаи ҳаётан муҳим таҳаввулоти ҷиддиро ба бор овард. Яъне, мо ҳама якҷо тавонистем, ки обро дар меҳвари гуфтушунидҳои глобалӣ оид ба рушд қарор дода, ҷомеаи ҷаҳониро атрофи ин мавзӯи бағоят муҳим муттаҳид созем.
Вале, хотирнишон бояд кард, ки амалу иқдомҳои имрӯзаи мо барои расидан ба ҳадафҳои дар ин самт муайянгардида ҳоло ҳам кофӣ нестанд, зеро хавфу таҳдидҳои муосир нисбатан босуръат ва пуртаъсир гардидаанд».[1]
Нусратулло Зокирзода, номзади илмҳои фалсафа
[1] Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” 11.06.2024. Манбаи электронӣ:
http://president.tj. Рўзи муроҷиат: 14.06.2024.
[2] Азиза Капар кизы. Строительство канала в Афганистане угрожает водной безопасности Центральной Азии. Электронный ресурс: https://economist.kg/mnenie/2024/05/08/stroitielstvo-kanala-v-afghanistanie-ughrozhaiet-vodnoi-biezopasnosti-tsientralnoi-azii-ekspierty/. Дата обращение: 05.06.2024.
[3] Что такое водная дипломатия, и почему она актуальна сегодня? Электронный ресурс: https://www.bluepeace-centralasia.ch/ru/about/hydrodiplomacy/. Дата обращение: 20.05.2024.
[4] Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” 11.06.2024. Манбаи электронї: http://president.tj.
Ҷаҳонишавӣ ки яке аз равандҳои муосири ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад дар асоси он ташкилшавии низомҳои нави иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ба амал омадааст, ки аз доираи давлатҳои алоҳида берун баромадаанд. Ин раванд ба инкишофи нобаробарии иқтисодиёти кишварҳо, аз байн рафтан ва сустгардидани мақоми арзишҳои фарҳангӣ, динӣ ва миллӣ мерасонад. Аз ин рӯ, барои давлатҳо, ки дар маҷмуъ гирдоваранда (муттаҳидкунанда)-и арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ мебошанд, зарурият пеш омада ки барои пойдорӣ ва бақои худ саъю талош кунанд, то дар сели ҳалокатбори ин раванди ҷаҳонӣ намонанд.
Яке аз падидаҳое, ки ба ҷомеаҳои пасошуравӣ аз он ҷумла, ҷомеаи Тоҷикистон таҳдид мекунад ин рушди радикализм дар миёни ҷавонон мебошад. Мафҳуми радикализм ҳамчун истилоҳ дар доираҳои асарҳои илмӣ ва мақолаҳои матбуоти даврӣ ба таври гуногун инъикос мегардад. Барои он ки ин мафҳум дар асоси фаҳмиши ҷаҳонбини ба таври гуногун арзёбӣ мегардад. Аз он ҷумла, дар зери ин мафҳум таҳаммулнопазирӣ, эътироф накардани ҳақиқат ва қонуниятҳои иҷтимоӣ, таассубгароӣ, падидае, ки аз қонуниятҳо ва нормаҳои иҷтимоӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Албатта падидаи радикализм дар ҷомеаи мо падидаи навзуҳур аст ва он дар ҷомеаҳое зуҳур мекунад ки ин ҷомеаҳо давраи гузаришро аз сар мегузаронанд.
Вожаи радикализм аз забони лотинӣ «radix» гирифта шуда ба маънои «реша», «бех» далолат мекунад. Радикализм ҳамчун истилоҳ идеяҳо ва ҳаракатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ аст, ки барои дигаргун сохтан, сарнагун сохтани (аз беху бун, реша) институтҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа мебошад. Яъне дигаргуниҳои фаврӣ ва қатъӣ ворид намудан, ҳатто агар лозим шавад бо тариқи зӯрӣ. Ин мафҳум ҳамчун истилоҳи илми сиёсӣ ҳанӯз дар асри 18 аввалин бор дар Англия истифода гардид, ки он вобаста ба Ислоҳоти интихоботӣ дар соли 1832 буд.
Баъдтар дар ақидаҳои Ҷ. Локк, Ж.Ж. Руссо ва У. Годвин ҳамчун истилоҳ истифода гардид. Мафҳуми радикализмро дар муносибат бо ҷомеашиноси англис Иеремия Бентам (1748- 1832 гг.) – асосгузори фалсафаи утилитаризми англис ва яке аз назарияпардозони либерализми сиёсӣ, истифода мекарданд, ки пайравони ӯро «файласуфони радикал» мегуфтанд.
Дар асри 19 бошад радикализм ҳамчун ҳаракати сиёсӣ, фалсафӣ, динӣ, ислоҳотӣ ва фарҳангӣ рушд намуд. Дар асри 20 радикализм ҳамчун пояи асоси идеологии як қатор қувваҳои сиёсии чап ва рост гардид. Бо ироа намудани ақидаҳои худ радикализм мақсадҳои худро доро мебошанд, ки он иборат аст аз муносибати номатлуб бо режими сиёсии мавҷудбуда ва роҳҳои баромад аз ин вазъият танҳо бо роҳи барҳам додани сохти мавҷуда.
Ҳамин тариқ, радикализм ҳамчун як қувваи фаъоли ҷамъиятӣ дар баробари вориди майдонҳои сиёсӣ ва динӣ шудан ҳадафҳои худро мегузорад. Радикализм ҳаракатест, ки бо сохти мавҷуда ҳама вақт дар мубориза аст, сайъ мекунад, ки авзоъро дар ҷомеа ноором созад ва чунин фаъолиятҳоро дар равандҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ чунин фаъолиятҳо иҷро менамояд:
- огоҳӣ ва иттилоърасонии ҷомеа нисбати бесарусомониҳо дар ҷомеа;
- тақвият додани бӯҳронҳои иҷтимоӣ бо роҳи норозигии мардум фишор овардан нисбати сохти сиёсии мавҷуда;
- майли норозигӣ ба нормаҳои мавҷуда ва кӯшиши навоварӣ ва дигаргунӣ даровардан.
Хамин тариқ радикализм ҳамчун як падидаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба шумор меравад, ки вазифааш дигаргуниҳои қатъӣ ворид кардан мебошад. Дар ҷомеаҳое, ки вазъашон ором аст, ҳукумат метавонад қувваҳои гуногуни иҷтимоиро ба низом дароварад. Аммо дар ҷомеаҳое, ки ба истилоҳ «давраи гузариш»-ро аз сар мегузаронанд зуҳури радикализм меафзояд.
Бояд қайд намуд, ки мувофиқи нишондодҳои оморӣ дар Тоҷикистон нисфи зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Паҳн гардидани ақидаҳои радикализм дар миёни ҷавонон аз чанд сабаб вобастагии зич дорад. Пеш аз ҳама ҷанги шаҳрвандӣ, ки гузашт аз зумраи сабабҳои асосӣ ба шумор меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳадафи асосии қувваҳои радикалӣ ин ҷавонон мебошад, ки бо ҳар роҳу восита тавонанд ҷавононро бо ақидаҳои худ мусаллаҳ намоянд, ки ин дар навбати худ сабабҳои хосро доро мебошад, аз он ҷумла:
«Яке аз омилҳои асосии рушди радикализм дар миёни ҷавонон ин суст будаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ мебошад. Ба ғайр аз ин ин масъала (яъне рушди радикализм – Н.З.) аз мавзуъҳои асосӣ ва актуалӣ то ҳол қарор нагирифтааст. Мутахассисон масъалаи мазкурро танҳо дар доираи мизҳои мудаввар ва конфронсҳо баррасӣ мекунанду халос».
Бояд қайд намуд, ки дар сатҳи давлатӣ барои пешгирии ин падидаи номатлуб чораҳо андешида шуда истодаанд. Барои барҳам додан ва манъ намудани рушди радикализм дар миёни ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналхалқӣ як қатор чорабиниҳо гузаронда шудааст. Дар соли 2010 Форуми «Радикализм ва ҷавонон: роҳҳои бартараф намудани таъсири радикализм ба ҷавони Тоҷикистон» шуда гузашт. Ин форум аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва туризми назди Хукумати ҶТ ва ташкилоти International Alert шуда гузашт. Дар ин форум ва чорабиниҳое, ки гузаштаанд, як қатор роҳу усулҳои барҳам додани таъсири радикализм ба ҷавонон пешниҳод гардидааст. Инчунин роҳҳои манъ намудани ҷавонон аз ин падидаи номатлуб баррасӣ гардидаанд. Дар ин консепсия фикру мулоҳизаҳои худи ҷавонон низ пешниҳод гардидааст.
Дар баробари дигар сабабҳо дохил гардидани ақидаҳои радикализм як қатор сабабҳои объективӣ низ дорад. Ҳамаи қувваҳои радикалӣ кӯшиш мекунанд, ки ҳамон «халои маънавӣ ва фарҳангӣ»-ро, ки ҷомеаҳои пасошӯравиро фаро гирифта буд пур намоянд ва дар баробари он ҷавононро баҳри пиёда сохтани манфиатҳои худ истифода баранд. Вале бояд қайд намуд, ки ҷомеаи мо, ки анъанавӣ аст ва омили динӣ нақши калидӣ дорад, равандҳои радикалӣ дар шакли дин ворид мешаванд.
Роҳҳои воридшавии радикализм дар миёни ҷавонон гуногун аст. Ба монанди таҳсил дар хориҷа, бо воситаи сайтҳои интернетӣ, расонаҳои ахбори омма ва ғайра.
Дар ин ҷо метавон таҳсил дар хориҷаро қайд намуд. Ҷавононе, ки дар хориҷа дар нуқтаҳои гуногуни мамлакатҳои исломӣ таҳсил кардаанд, дар баробари омаданашон ба дохили ҷумҳурӣ бо рӯхониёни суннатӣ бархурди сахт намуданд. Албатта, ин бархурди онҳо, ки бо номи «салафӣ» ва «ваҳҳобӣ» як бархурди дохилидинӣ буд, вале таъсир ва инъикоси худро дар ҷомеа гузошт. Онҳо чунин мепиндоштанд, ки ақидаи мусулмонони кишвар, аз он ҷумла пайравони мазҳаби ҳанафӣ, аз асосҳои ислом дур шудаанд ва ба талаботҳои воқеии ислом ҷавобгӯ нестанд.
Дар миёни ҷавонон намояндагони дигари ақидаҳои радикалӣ дошта мавҷуданд, ки сирф ба сиёсат дахл карда арзишҳои исломиро ҳамчун василаи ақидаҳои худ истифода мебаранд:
«Бино ба ақидаи мутахассисон, ҳаракатҳо ва ташкилотҳои зиёдест, ки аз номи ислом баромад мекунанд, вале дар воқеъ онҳо амаликунандаи он барномаҳои геополитики қувваҳои муайяне ҳастанд, ки барои ноором намудани амнияти минтақа равона шудааасн, ки ҳадафҳои муайяни геостратегӣ доранд. Пойгоҳҳои расонаҳои ҷамъиятӣ, махсусан Фейсбук баёнгари он аст, ки намояндаҳои ҳаракатҳои ғайрирасмии динӣ, ин пойгоҳро ҳамчун минбари паҳнкунандаи ақидаҳои худ ҳисоб менамоянд. Такя намудани ин қувваҳо ба арзишҳои исломӣ аз он сабаб аст, ки дин дар ҷомеаи Тоҷикистон роли муҳим мебозад ва муассисаҳои қавии динӣ вуҷуд надоранд, ки мутахассисони варзидаи илоҳиётшинос тайёр намояд».
Маҳз ҳамин надоштани донишҳои динӣ метавонад заминаи хубе ба рушди ақидаҳои номатлуби радикалӣ дар миёни ҷавонон оварда расонад. Инчунин дар пойгоҳи хабарии Фейсбук ва дигар расонаҳои даврӣ мо шоҳиди муколамаҳои пайравони ақидаҳои динӣ ва дунявӣ мегардем. Ин гуфтугузорҳо баъзан муташанниҷ мегарданд, ки ду қувваи ба ҳам зидро ташкил менамоянд. Дар маҷмӯъ ин ҳамон набардҳои ақидативу идеологиро мемонад, ки асосан аз даврони советӣ ба мо мерос мондааст. Бархе ақида доранд, ки дин ва таълими динӣ кори ҳар як фарди алоҳида аст ва онро наметавон ҳатто дар сатҳи давлатӣ ба низом даровард. Дар баробари нодида гирифтан ин раванд, шояд заминае гардад барои пайдоиши ягон қувваҳои радикалӣ дигар.
Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки як гурӯҳи муташаккили низомёфта дар миёни ҷавонон вуҷуд надорад, балки ақидаҳое вуҷуд доранд, ки ба арзишҳои миллӣ ва динии ҷомеаи мо таҳдид мекунанд. Дар ҳар ҷомеа рушди ин ва ё он падидаи манфӣ ба сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа ва шаҳрвандони он сахт алоқаманд аст. Дар сатҳи паст қарор доштани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ метавонанд ҷавононро ба сафи қувваҳои радикалӣ сафарбар намояд.
Ҳамин тариқ, бино ба ақидаи назарсанҷон ва таҳлилгарон дохил гардидани ақидаҳои радикалистиро дар миёни ҷавонон аз чанд омил медонанд, аз он ҷумла омилҳои демографӣ, маънавӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра.
Дар баробари ин омилҳо метавон гуфт, ки аҳолии Тоҷикистонро аксар ҷавонон ташкил медиҳанд ва ҷои худро дар ҷомеа намеёбанд ва билохир худро дар сафи қувваҳои радикалӣ мебинанд. Инчунин чуноне қайд гардид, ташкилотҳои махсуси радикалии кишварҳое, ки манфиат доранд, метавонанд ақидаҳои худро дар байни ҷавонон ҷоннок намоянд. Дар ин раванд метавонанд, ҷавононе, ки дар мактабҳои махсуси экстремистии хориҷа таҳсил кардаанд саҳмдор бошанд. Дар баробари ин омилҳо метавон омили иқтисодиро бояд ба назар гирифт, ки он як аз омилҳои калидии рушди ақидаҳои радикалӣ дар ҷомеа мебошад. Махсусан, набудани ҷойҳои корӣ дар кишвар сабаби асосии рушди муҳоҷирати меҳнатӣ мегардад. Метавон гуфт, ки муҳоҷират яке аз заминаҳоест барои рушди ақидаҳои радикалӣ.
Барои пешгирӣ намудан аз зуҳур ва хатари радикализм, дар шароити ҳозираи рушди ҷомеаи тоҷикон, низоми таълимӣ (оила, мактаб, мактабҳои олӣ) бояд дар раванди шаклгирии рӯҳияи ҷавонон дар масъалаҳои миллӣ, ватандӯстӣ дошта бошанд, ки он бояд дар сиёсати давлат оиди ҷавонон дарҷ гардад. Яке аз роҳҳои бартараф намудани радикализми динӣ бояд дар дохили ҷумҳурӣ таълими динӣ ва асосҳои диншиносӣ ба таври бояду шояд ба роҳ монда шавад. Имрӯз бояд ҷавонон иттилоъи бештар дошта бошанд доир ба динҳои ислом, яҳудият ва насроният. Баъд аз дониш пайдо кардан онҳо наметавонанд пайравӣ аз ҳаракатҳои номатлуб кунанд.
Сиёсати давлатии ҷавонон ин фаъолити давлатӣ буда, барои фароҳам овардани шароитҳои иқтисодӣ, ҳӯқуқӣ, иҷтимоии ҷавонони мамлакат сафарбар карда шудааст. Ҳамин тариқ, дар асоси барномаҳои давлатӣ бояд ҳисси ватандӯстӣ ва ободкорӣ дар рӯҳияи ҷавонон тарбият карда шавад. Ватандӯстӣ пайвандгари асосии якдилӣ ва муттаҳидии ҷавонон дар ҷомеаи мо ба шумор меравад, ки бар зидди ҳар гунна падидаҳои шовинистии миллатгароӣ, радикалӣ, экстремистӣ нигаронда шудааст.
Ватанпарварӣ, ки яке мафҳумҳои ахлоқӣ ба шумор меравад, дар ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва рафтори фард инъикос меёбад. Ин падида дар фаъолияти шахс зоҳир гардида ба таври дақиқ муҳаббат ба як порчаи азиз Ватанро ифода мекунад, ки рафта–рафта ба як худшиносии умумиватанӣ оварда мерасонад. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки бояд мо заминаҳои хуб дар кишвар муҳаё кунем, ки ҷавонон тавонанд шахсияти худро дарёбанд, арзишҳои фарҳангӣ, миллӣ ва диниро дарк намоянд ва тамоми қувваи худро баҳри ободӣ ва рушди Ватан сафарбар намоянд.
Зокирзода Нусратулло - ходими калони илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини ИФСҲ-и АМИТ
Шаби ялдо ё шаби чилла аз куҳантарин ва муҳимтарин ҷашнҳои мо – тоҷикон ва ақвоми эронӣ буда, шаби 30-юмиозар охирин рӯзи тирамоҳ мусодиф ба 21-уми декабр, дар дарозтарин шаби сол ва 1-уми дай, аввалин рӯзи зимистон фаро мерасад. Ин шаб ба фалсафаи торикии аҳриманӣ ва рушании аҳуромаздоӣ низ гиреҳ хурдааст. Шаби ялдоро барои тақсимбандии рӯзҳои тобистонию зимистонӣ, барои кишту кор ва ҷамъоварии ҳосил истифода мекарданд. Шаби ялдо бо рӯзгори кишоварзон ва офобу рушанӣ, гардиши офтобу замину табиат пайванд мехурад, зеро асоси зиндагии мардумон ба кишту кору замину обу ҳаво вобаста буд. Инчунин шаби ялдоро хур, хуррамрӯз низ гуянд. Тоҷикон ба ин шаб чилла мегӯянд, зеро он оғози чиллаи бузург аст, ки 40 рӯз давом мекунад ва бист руз баъд аз онро чиллаи хурдак мегӯянд.
Шаби ялдо аз ҷашнҳои бостонист, ки қидмати он ба 7000 сол пеш мерасад ва аз соли 502-и пеш аз милод дар замони салтанати Дориюши якум расман ҷашн гирифта мешудааст. Дар бораи маншаи милод ду назари мухталиф ҷой дорад: гурӯҳе онро барҷомонда аз милоди Масеҳ тавассути эрониён донистаанд, ки тибқи он дар қарни 4-и исавиён онро рӯзи таваллуди (25 декабр) Исо қарор додаанд; гуруҳе аз муҳаққиқон онро ба милоди Митро (Меҳр) ё Эзади Меҳр, ки дар аҳди бостон дар кеши меҳрпарастӣ роиҷ буд, рабт медиҳанд.
Донишмандони зиёде бар ин ақидаанд, ки мардуми ориёитабор дар аҳди бостон шаби охирини моҳи озару рӯзи аввали моҳи дайро ҳамчун зодрӯзи Меҳр (ё Митро) ҷашн мегирифтанд. Аз ҷумла, мутафаккири машҳури тоҷик Абурайҳони Берунӣ ба мавҷуд будани ҷашне дар чунин айём ишора кардааст: «Даймоҳ ва онро «хурмоҳ» низ мегӯянд, нахустин рӯзи он Хуррамрӯз аст. Ва ин рӯзу ин моҳ ҳарду ба номи… Ҳурмузд.. номида шуда… Ва гоҳе ин рӯзро «Навадрӯз» мегӯянд ва онро ид мегиранд, зеро миёни он ва Наврӯз навад рӯзи пурра аст.» [Берунӣ 1990, с. 246]. Мусташриқи маъруфи даниягӣ А. Кристенсен “Рӯзи аввали моҳи дайро, ки дар ҳисоби солшумории атиқ ид буда, “Хуррамрӯз” мегуфтаанд. Дар Хуррамрӯз шоҳаншоҳ аз тахт ба зер меомад, либоси сафед мепӯшид ва дар чамане бар фаршҳои сафед менишасту бори омм медод. Ҳар касе метавонист ба ҳузури ӯ дарояд... Он гоҳ шоҳ дар он рӯз чунин мегуфт: Ман имрӯз чун яке аз шумо ҳастам... қавоми ҷаҳон ба ободист, ки дар дасти шумост ва қавоми ободӣ ба подшоҳ аст. Ҳеҷ як аз ин ду аз дигаре бениёз натавонад буд.” [Кристенсен 1393, с. 254]. И.Пурдовуд бо истинод ба китоби “Ойини Митро”-и Б. Кумонт чунин мешуморад, ки дар фарҳанги бостонии мо ду ҷашни Меҳргон (Меҳргони меҳ ва Меҳргони кеҳ) вуҷуд дошт. Меҳргони кеҳро дар Руми қадим рӯзи 25-уми моҳи декабр, ки ҳамчун рӯзи зуҳури хуршед тасаввур мешуд, ҷашн мегирифтанд ва онро рӯзи валодати хуршеди мағлубнашуданӣ (Sol Natals invicti) меномиданд. Ин ҷашн баъди нуфузи дини Исо дар Аврупо ба рӯзи таваллуди Масеҳ табдил меёбад [ниг. Яштҳо 1377, с. 399-400].
Пидром Ҷам бар ин андеша аст, ки дар даврони салтанати Хусрави I ва Хусрави II Сосонӣ дар оғози фасли сармо шаҳривармоҳ (23 август-22 сентябр) маросиме доштанд бо номи Озарҷашн, ки ҳамин шаби ялдост. Ба гуфтаи ӯ тафсири нодурусти тақвими Ҷалолӣ аз ҷониби донишмандони асрҳои миёна боиси сар задани хатову иштибоҳот дар тафсири ҷашну ойинҳои бостонӣ гаштааст. Ба андешаи Пидроми Ҷам “Ҷашни оғози зимистони эрониён на ба милоди ҳазрати Масеҳ иртиботе дошт ва на ба эзади Меҳр ё зоиши хуршед”. Посухи саҳеҳ дар бораи сарчашмаи пайдоиши шаби ялдоро эроншиноси маъруф Раҳом Аша додааст: “Вожаи ялдо аз оромӣ ояд барои зоиш. Ин (яъне шаби чилла) на бо дини масеҳӣ дар пайванд аст, на бо митроӣ. Аз гардиши тобистонӣ, ки ба моҳи июн афтад, хуршед абар дувоздаҳон (дувоздаҳ бурҷ) рӯй ба пойин ояд. Инро ба мироӣ монанд кардаанд, то он ки ба оғози зимистон ба поёнтарин поя афтад, ба нишони марг. Ба гардиши зимистонии хуршед оғозад ба боло шудан абар дувоздаҳон. Инро ба зиндагӣ монанд кардаанд ва он шабонарӯзро замони зоиш хондаанд. Румиён онро “natalis invicti” (милоди шикастнопазир) мехонанд”, ки ҳамон зоиши хур аст. Ба моҳрӯзи румӣ ва низ ба моҳрӯзи шоҳии порсӣ ин рӯз ба 25 декабр меафтад ва ин камубеш оғози меҳрмоҳи шоҳӣ буд. Аз он ҷой, ки тарсоён натавонистанд ин ҷашнро аз миён бардоранд, онро аз садаи панҷум зоиши Исо гирифтанд”. Ин ҷашнро Берунӣ Меҳрмоҳи куҳан (шоҳӣ) хондааст, ки ба оғози зимистон рост меояд, Румиён бо ошноӣ бо порсиён онро гирифтанд ва аз ҳамин рӯ invicti хонанд. Пояи ин ин ҷашн дар оғоз динӣ набуд, ахтарморона (ситорашиносона) буд. Ҳанӯз моҳрӯзҳои румӣ аз садаҳои дувум ва сеюм дар даст дорем, ки сарчашмаи хубе барои баррасиҳоанд”.
Фолклоршинос Р. Раҳмонӣ дар заминаи таҳлилу баррасии ақидаҳои муҳаққиқоне, монанди Ҷ. Фрэзер, А. Кристенсен ва А. Красноволска дар робита ба масъалаи шаби ялдо чунин менигорад, ки мардуми эронитабор шаби аввали зимистонро ҳамчун шаби зоиши хуршеду оғози сол бо бедорӣ ҷашн мегирифтанд ва чунин расму ойин дар байни қавмҳои дигари ориёӣ, аз ҷумла олмониҳо, низ маъмул будааст ва онҳо дар гузаштаи дур таваллуди хуршедро дар саршавии зимистон ҷашн мегиранд. Ин ҷашни бостонӣ бо зуҳури масеҳият бо каме тағйири муҳтаво ба ҳастии худ идома медиҳад. Номбурда баъзе ҷузъиёти ин тағйиротро чунин тавзеҳ медиҳад: “Дар замонҳои қадим кашишҳои (диндорони) англис кӯшиш намуданд, ки солшумории худро (шаби таваллуди Исои Масеҳро ва ё «крисмас»-ро, ки 6-уми январ аст) ба шаби дарозтарин ба таваллуд хуршед (21-22 декабр) баранд. Вале ҳангоми ҳисоб чанд рӯз хато шуд. Дар натиҷа ҳисоби онҳо ба 25-уми декабр (4-уми даймоҳ) рост омад. Ҳамин кӯшиш буд, ки ҳоло соли милодии масеҳиён аз таърихи 25 декабр оғоз мешавад. Дар асл таърихнигорон шаби таваллуди Исои Масеҳро 6-уми январ медонанд, вале дар натиҷаи иштибоҳи руҳониён ҳангоми табдили солшумории ориёӣ ба солшумории масеҳӣ ба ҷои 22-уми декабр онро ба 25-уми декабр интиқол доданд. Ҳоло масеҳиёни дунё шаби 25-уми декбрро чун шаби мавлуди Исо ҷашн мегиранд, ки дар асл он ҳамон шаби ялдои мардуми ориёитабор аст” [ниг. Сайти Институт. Ялдо – шаби зоиши хуршед].
Мутобиқи боварҳои куҳан хуршеди навзод то чил рӯз дар он рӯзҳои сарду кӯтоҳ ва шабҳои торику дарози фасли сармо наметавонист дар муқобили неруҳои аҳриманӣ (торикӣ ва сардӣ) ба тавири мустақил муқовимат кунад. Бинобар ин, мувофиқи ин дидгоҳ мардум вазифадор буданд, ки тавассути амалан анҷом додани расму ойинҳо (монанди оташ афрӯхтан дар шаби торики ялдо ва то субҳ бедор будану дуохониву қиссагӯйӣ ва дигар машғулиятҳои шодибарангез) ба хуршеди навзод нерую тавон бахшанд. Мардум бо анҷоми чунин амалҳо то чилрӯзагӣ хуршеди навзодро муҳофизат мекарданд, зеро тамоми неруи ҳаёту манбаи зиндагии онҳо ба нуру гармии хуршед вобастагӣ дошт. Фолклоршинос Р. Раҳмонӣ муътақид аст, ки расму одатҳои чилланишине (чиллаи кӯдак, чиллагурезон, чиллашинӣ, чиллагӣ, чиллаи арӯс, чиллаи домод), ки то кунун дар зиндагии рӯзмарраи мардуми тоҷик эътибор доранд, ба ин бовари бостонӣ, яъне ба чил рӯзи муроқабату муҳофизати хуршеди навзод (ё Меҳри навзод) иртибот доранд. [ниг. Сайти Институт. Ялдо – шаби зоиши хуршед].
Масъалаи дигаре, ки дар робита ба ин ҷашн диққати донишмандонро ҷалб кардааст, ин мансубияти истилоҳи “ялдо” ба ин ҷашни бостонӣ ба шумор меравад. Дар луғатномаи А. Деҳхудо маънои луғавии калимаи «ялдо» ва моҳияти ҷашни марбут ба онро чунин тавзеҳ додааст: “Луғати суриёнӣ аст, ба маънии милоди арабӣ. Ва чун шаби ялдоро бо милоди Масеҳ татбиқ мекардаанд, аз ин рӯ, бад-ин ном номидаанд. Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ҷашни милоди Масеҳ, ки дар 25-уми десомбар (декабр) тасбит шуда, тибқи таҳқиқи муҳаққиқон, дар асл, ҷашни зуҳури Митро(Меҳр) буда, ки масеҳиён дар қарни чаҳоруми милодӣ онро рӯзи таввалуди Исо қарор доданд.” [Деҳхудо 1380, с. 3220]. Аммо ба андешаи муҳаққиқ Пидром Ҷам ялдо иртиботе ба ин маросими куҳан надорад, “ва ин ном аз мутуни адабӣ ба забони рӯзмарраи мардуми оддӣ роҳ ёфтааст ва дар давраи исломӣ ба маросиме, ки аз даврони куҳан дар вақти инқилоби зимистонӣ баргузор мешавад ва ба номҳое ҳамчун озарҷашн, шаби чилла итлоқ шудааст”. Гап сари он аст, ки дар ёдгориҳои бостон ва тоисломӣ ҷашне бо номи ялдо вуҷуд надорад, инчунин ин вожа дар забону адаби арабӣ истифода намешавад, аз ин ҷо бармеояд, ки вожаи ялдо мустақиман аз забони оромӣ-сурёнӣ ба забони мо роҳ ёфтааст. Аввалин ёддошт аз ин ҷашнро дар “Осор-ул-боқия”-и Берунӣ мебинем, ки он ҳам дар фасле аз аъмоли масеҳиён дар моҳҳои сурёнӣ ва милоди Масеҳ омадааст. Берунӣ онро “милоди акбар” гуфтааст, ки маънии таваллуди офтобро дорад.
Бояд гуфт, ки вожаи “ялдо” аз асри ХI то кунун дар осори адабии адибони зиёде истифода шудааст. Адибони классик вожаи ялдоро дар аксари маврид ҳамчун унсури тавсифӣ барои ифода кардани мафҳуми сиёҳӣ ва дарозии шаб, инчунин барои тавсифи муйи сиёҳу дарози дилбар ба кор бурдаанд ва “зоҳиран маънои луғавии вожа, яъне милод барои онҳо ношинохта буд” (П.Ҷам.). Тавре ки ишора шуд вожаи ялдоро дар ашъори шоирони зиёде, амсоли Унсурӣ, Қатрони Табрезӣ, Манучеҳрӣ, Боботоҳир, Масъуди Саъди Салмон, Саноӣ ва Анварӣ ва дигарон дидан мумкин аст, ки бештар корбурди адабӣ дорад. Танҳо шоироне, монанди Носири Хусрав, Саноии Ғазнавӣ, Хоқонии Ширвонӣ ва Амир Муизӣ ин вожаро ба маънии милод (яъне наздик ба маънои шабе, ки дар он як рӯйдоди муҳим, аз қабили зодрузи Меҳр ё милоди Масеҳ ва амсоли инҳо рух додааст) истифода кардаанд. Масалан дар абёти зери Носири Хусрав, Амир Муизӣ ва Ҳаким Саноӣ робитаи байни Масеҳ ва ялдо мушоҳида мешавад.
Носири Хусрав:
Ӯ бар душанбеву ту бар одина,
Ту лайли қадр дорию ӯ ялдо.
Саноӣ:
Ба соҳибдавлате пайванд, агар номе ҳамеҷӯӣ,
Ки аз як чокари Исо чунон маъруф шуд ялдо.
Муизӣ:
Эзади додор меҳру кин ту гӯӣ,
Аз шаби қадр офариду аз шаби ялдо.
З-он ки ба меҳрат бувад тақарруби муъмин,
З-он ки бо кинат бувад тафохури тарсо.
М. Кадканӣ дар шарҳи муфассали байти мавриди назар аз Ҳаким Саноӣ ба ин нукта ишора мекунад, ки дар баъзе фарҳангҳо (манзур “Бурҳони қотеъ”) ялдо иштибоҳан ба маънии чокар (хидматгор)-и Исо ба кор рафтааст. Ба ақидаи ӯ, вожаи “чокарӣ”, ки дар ин байт омадааст, ба ҷуз аз ифодаи маънои аслӣ (ғуломӣ, хизматгорӣ) мафҳуми мулозимат (ҳамроҳӣ, ҳамнишинӣ)-ро низ мерасонад: “Чокарӣ мулозимат аст, Саноӣ дар ин байт мегӯяд: Аз мулозимату ҳамроҳии номи Масеҳ бо ялдо ин ном маъруф шудааст... Ин ки баъзе аз фарҳангҳо ялдоро номи яке аз мулозимони Исо навиштаанд, бакуллӣ иштибоҳ аст ва маншаи он таъбири ғалат аз ҳамин байти Саноӣ аст (муроҷиа шавад ба “Бурҳони қотеъ” ва ёддошти аллома Қазвинӣ дар ҳошияи ҳамон китоб” [Кадканӣ 1372, с. 256].
Зоҳиран, аз мутолиаи ҷумлаи “Аз мулозимату ҳамроҳии номи Масеҳ бо ялдо ин ном маъруф шудааст” чунин маънӣ бармеояд, ки номи Масеҳ дар асари мулозимат бо ялдо (шаб, як падидаи табиӣ) дар ҷаҳон маъруфу машҳур шудааст. Маъмулан баёни чунин матлаб ризоятбахш ба назар намерасад, зеро падидаҳои табиӣ (рӯзу шабу моҳу сол) дар аслу зоти худ сифати хуб ё бадро надоранд ва танҳо рӯйдодҳои дурахшони иҷтимоӣ, ки дар таърихи миллатҳо нақши созанда доранд, монанди рӯзҳои ҷашни Истиқлолу Озодӣ ё зодрӯзи шахсиятҳои муътабар, метавонанд ба падидаҳои табиӣ муҳтаво ва моҳият бубахшанд. Аз ин рӯ, агар мазмуни мисраи Ҳаким Саноиро бо як забони сода баён кунем, чунин натиҷа ба даст меояд, ки ялдо (як шаби тираву сарди зимистонӣ) дар асари рост омадан бо зодрӯзи Исои Масеҳ (як падидаи муҳимми иҷтимоӣ) дар ҷаҳон машҳур гардид. Идомаи мантиқии баҳсро Амир Муизӣ дар байте аз қасидаи худ ҳакимона баён кардааст. Шоир ҷону шамъро бо ҷисму ҷаҳон ва гетиву шаби ялдо муқоиса карда, арзишмандии ҷону шамъро нишон медиҳад:
Ту ҷони латифию ҷаҳон ҷисми касиф аст,
Ту шамъи фурӯзонию гетӣ шаби ялдо.
Инчунин, байти зери Имомии Ҳиравӣ ба яке вижагиҳои муҳимми шаби ялдо, яъне маросими оташафрӯзӣ дар ин ҷашн ишора мекунад. Муҳаққиқон оташафрӯзиро яке аз нишонаҳои хосси шаби ялдо арзёбӣ кардаанд: “Маросими ялдо асми вижаи ориёиҳост... маросими махсуси пайравони ойини Меҳр аст, мубориз ва зидди торикӣ... Ба ҳамин муносибат дар шабҳо оташ меафрӯхтанд, то омилони Аҳриман бигрезанд. Оташ ҳамчун хуршед дар назди эрониёни бостон тақаддусе вижа дошт ва дар шаби ялдо ё шаби таваллуди хуршед оташ меафрӯхтанду хони вижае мегустурданду аз меваҳои фасл ва меваҳои хушк дар суфра мениҳоданд...” [Халилии Маҳалла 1394, с. 12]
Имомии Ҳиравӣ:
Туӣ, к-аз партави раъйат бибинад дидаи акмаҳ
Фурӯзон дар ниҳоди санг оташ дар шаби ялдо.
Шайх Аттори Нишопурӣ ва Хоқонии Шервонӣ дар абёти зер шаби якдоро ҳамчун “шаби обистан” тасвир кардаанд. Тасвири шаби обистан бунмояи маъноиест, ки зеҳни моро ба боварҳои куҳан, ки дар аҳди бостон дар расму ойинҳои мардуми ориёинажод ҷой доштанд, пайванд медиҳад. Дар китоби “Ойинҳои бостонӣ” шаби ялдо ҳамчун шаби обистану омодаи зоиши Меҳр – Митро арзёбӣ шудааст [ниг. Маҷидзода 1384 ,с. 125].
Аттор:
Ба иззати шаби қадру шаби ҳисоби барот,
Ба ҳурмати шаби обистану шаби ялдо.
Хоқонӣ:
Ҳама шабҳои ғам обистани рӯзи тараб аст,
Юсуфи рӯз ба чоҳи шаби ялдо бинанд.
Нуктаи ҷолиб ин ҷост, ки ойини мазкур маншаъи тақвимӣ дорад ва он дарозтарин шаби сол ва оғози фасли зимистон мебошад, ки мардумони эронитабор ва мардуми Шарқ онро бо номҳои шаби Ялдо ва шаби Чилла ҷашн мегирифтанд ва масеҳиёни тамоми манотиқи олам низ ин рӯзро милоди Масеҳ дониста, онро бо номҳои “Christmas”, “Рождество” ҷашн мегиранд.
Одоб ва русуми шаби ялдо дар манотиқи гуногун аз ҳам фарқ мекунад. Дар Эрон дар шаби ялдо суфра бо анори дона шуда, ки меваи биҳиштӣ маҳсуб меёбад ва аз намоди баракату борварӣ ва ранги сурх паёми рӯзҳои равшан аст, боз мекунанд. Тарбуз рамзи меваи тобистонист, ки нурҳои хуршед, гармову баракатро то оғози зимистон ва хони ялдоӣ меорад. Меваҳои рангаш сурху норинҷӣ аз қабили себу хурмову мандарин инчунин кадуи бо асалу дорчин пухта ва таркибе аз чормағзу пиставу фундуқу бодом ва мева низ мегузоранд. Инчунин ба хони ялдоӣ китобҳои “Шоҳнома” ва ғазалиёти Ҳофизро мегузоранд, зеро бо мурури замон шоҳномахонӣ ва фоли Ҳофиз гирифтан ба русуми ин ҷашн табдил ёфтааст.
Дар Тоҷикистон барои шаби чилла шириниҳое ба шакли ҳайвонот мепазанад ва ба рӯи ҳавлии хонаҳояшон гандум мепошанд. Хонаводаҳо дар шаби чилла ва чиллаи бузург дар гирди сандалӣ нишаста ба нақли афсонаву ривоятҳо мепардохтанд.
Дар Афғонистон низ хони пурғизо ва анвои мева ороста, анорҳоро дар сабад мечинанд, ки ба қавле намоде аз чархаи зиндагиянд. Сипас, дар ин шаби тулонӣ то дами субҳ бо меҳмонҳо ба шунидани достонҳои асотирӣ ва қиссаҳои аз даврони куҳан ба ёдгор монда гӯш медиҳанд. Ҳадя додан ба арусу домод аз суннатҳои қадимии ялдои ин сарзамин аст.
Дар Покистон дар ин шаби тӯлонӣ мардум ба дуо ва ниёиш мепардозанд ва ҳаммом кардан ва оташ афрӯхтану шодиву рақсидан аз суннатҳои ҷашни ин маросим аст.
Ҷашни инқилоби зимистонӣ дар Шарқи Осиё, монанди кишварҳои Чин, Ветнам, Корея, Ҷопон бо фестивалҳои хосе ба ин муносибат баргузор мешаванд. Инчунин Ялдо дар манотиқи мухталифи олам аз ҷумла Амрикои ҷанубӣ, Африқо тибқи маросимҳои сокинони ин манотиқ баргузор мешавад.
Шаби чилла ва ҷашни он аз суннатҳои қадимии мардуми мост. Мусаллам аст, ки тамаддуну фарҳангҳои бузург ва ғанӣ, ки дар муддати хеле тӯлонии таърихӣ ташаккулу такомул ёфтаанд, ҳангоми бархурди тамаддунҳо аз худ муқовимат ва муқобилату устувории матину ҳайратангез нишон додаанд, ҳатто тарафи муқобилу зӯровар аз ин фарҳанг ғанӣ чизҳои арзишмандеро пазируфтааст. Аз ҷумла Наврӯзу шаби Чилла, ки аз умқи таърих то ба имрӯз омада, бино бар устувориву матонати мардуми мо он аз байн нарафт ва ҳатто боиси он шуд, ки ақвоми дигар онро бипазиранд, аммо дар пӯшиши нав. Мутаассифона, дар ҷаҳони муосир бархурдҳои фарҳангӣ шакли зӯровару хушунатомез касб кардаанд. Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа доимо аз пос доштани фарҳангу расму ойину суннатҳои гузашта таъкид мекунанд. Маҳз бо шарофати Истиқлолу озодии сиёсиву фарҳангии кишварамон ва ибтикороти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд”.
Пешниҳод дорем, ки рӯзи 21 декабр– рӯзи оғози фасли зимистону чиллаи бузург ва шаби тӯлонитарини солро, ки ҷанбаи фарҳангиву илмиву таърихӣ дорад, дар радифи ҷашнҳои миллии аҷдодӣ Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада бо номи Шаби чилла (Ялдо) поси хотири фарҳангу суннатҳои қадимӣ дар тақвими Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта ва ҷашн гирифта шавад.
Шарифзода Фарангис - директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ
Бухориев Олим – ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абубдуллоҳ Рӯдакии АМИТ
Адабиёт:
Берунӣ. Осор-ул-боқия.-Душанбе: Ирфон, 1990. – 432 с.
Кристенсен, А. Эрон дар замони Сосониён / А. Кристенсен / Тарҷумаи Р. Ёсамӣ. – Теҳрон: Шобак, 1393 ҳ. – 888 с.
Яштҳо. Иборат аз 2 ҷилд. Ҷ. 1. / Шарҳу тавзеҳоти И. Пуридовуд. – Теҳрон: Асотир, 1377. – 744 с.
Маҷидзода М. Оинҳои бостонӣ / М. Маҷидзода. – Сорӣ: Пажуҳишгоҳи фарҳангӣ.-1384. – 192 с.
Кадканӣ, М. Тозиёнаҳои сулук / М. Кадканӣ. – Теҳрон: Огоҳ, 1372 – 544 с.
Деҳхудо, А. Фарҳанги мутавассити Деҳхудо. Иборат аз 2. Ҷилд. Ҷ.1. / А. Деҳхудо. – Теҳрон: Донишгоҳи Теҳрон, 1380. – 1609 с.
Халилии Маҳалла М. ва ҳамкорон. Ҷашнҳои устураии Эрон намоди фарҳанг ва тамддуни қавми ориёӣ / М. Халилии Маҳалла ва ҳамкорон // Ҳамоиши байналмилалии ҷусторҳои адабӣ, забон ва иртибототи фарҳангӣ.– Теҳрон, 1394, давраи баргузории 1. – С. 1-17.
Ҷам П.- Ялдо//Пажӯҳишҳои эроншиносӣ.-Теҳрон, 1397.
“Обшавии босуръати пиряхҳо, ки яке аз манбаъҳои асосии оби тоза мебошанд, дар баробари зиёдшавии истеъмоли об бар асари афзоиши теъдоди аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ, метавонад боиси оқибатҳои бағоят манфӣ гардад. Возеҳ аст, ки ин масъалаи доғ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ қарор дошта бошад”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Бахшида ба эълон гардидани “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”
Мусаллам аст, ки маҳз натиҷаи саъю кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 14 - уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузории Иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд бо иттифоқи оро қабул кард.
Ҳамин тариқ, иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид якдилона пазируфта шуд.
Лозим ба тазаккур аст, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни баргузории нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътирофи обу иқлим Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла иброз дошта буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо, дар радифи зиёдтар гардидани истеъмоли об, ки аз афзоиши босуръати аҳолӣ ва инчунин рушди иқтисодӣ марбут аст, дар натиҷа метавонад, ки ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.
Маҳз бо дарназардошти ин масъала Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтавои худ зикр карда буданд, ки айни замон обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ марбут аст, дар натиҷа метавонад, ки ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бинобар ин Роҳбари давлати тоҷикон зимни баромади худ пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан дар ин хусус дар сатҳи байналмилалӣ эълон доштан ва таҷлили “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва инчунин ҳамасола баргузор намудани “21-уми март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, бар замми ин дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Хазинаи боварии байналмилалӣ барои саҳмгузории ҳифзи пиряхҳо ва ҳамзамон соли 2025 баргузор намудани Конфаронси сатҳи байналмилалӣ роҷеъ ба масоили ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе ва инчунин дигар чорабиниҳои марбут ба ин масоил баргузор карда шаванд.
Бояд қайд кард, ки қабули чунин Қатъномаи муфид ва саривақтӣ бо ибтикори бевоситаи Роҳбари дурандеш ва хирадпешаву башардӯсти мо њамзамон як платформаеро ба вуљуд овард, ки олимон, муҳаққиқон ва кулли љомеаи љањониро вазифадор менамояд, ки ба масъалаи роњњои омўзиш, таҳқиқ ва њифзи пиряхњои ҳудуди кишварамон боз ҳам љиддитар машѓул гардида, њамзамон ба таври мушаххас ва бо далелҳои илмӣ ва дақиқу асоснок онро дар амал татбиќ намоянд.
Дар раванди эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» тибқи иҷрои дастуру ҳидоятҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 22-юми декабри соли 2017 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 27-уми марти соли 2018 таҳти рақами 162 ва инчунин Қарори махсуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз санаи 23-юми апрели соли 2018 Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин рӯйдоди басо муҳим дар ҳаёти стратегии кишвар, воқеан як воқеаи басо ҳам фараҳбахш ва ниҳоят муфид маҳсуб меёбад.
Маркази мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор бо дарназардошти мавқеи занон дар татбиқи сиёсати давлат ва инчунин бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа бонувонро низ ба масоили омӯзиши пиряхҳои ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз марзи кишвар ба таври мунтазам сафарбар менамояд, ки анъанаи нек маҳсуб меёбад.
Бояд қайд кард, ки бо ин мақсад аз рӯзи таъсисёбии маркази зикршуда ҳамзамон дар назди он Анҷумани “Бонувони пиряхшинос” ташкил карда шуд, ки айни замон дар он беш аз 16 нафар бонувони донишманду далеру шуҷоъи маркази номбурда шомил мебошанд. Барои далел бонувон дар ҳамаи чорабиниҳои марбут ба масоили ҳифзи пиряхҳо саҳми муносиби худро гузошта, ҳамзамон онҳо ҷиҳати ба роҳ мондану ташкили экспедитсияҳои минтақавӣ ба пиряхҳои ҷумҳурӣ ба таври фаъолона ширкат варзида, ҳамзамон дар баландиҳои то 5500 метр аз сатҳи баҳр корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ ба анҷом расониданд.
Ҳамин тариқ, саҳми назарраси бонувон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани омодагиҳо ба баргузории ҷашни дар пеш истодаи “Соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бениҳоят калон аст.
Барои мисол айни замон бо ҳамкории шарикони рушди устувор дар Маркази мазкур озмоишгоҳи изотопӣ амал менамояд, ки дар он дастгоҳи замонавии “ПИКАРО” фаъол буда, ҳамзамон омӯзиши параметрҳои он ба роҳ монда шудааст, ки инчунин бонувони Марказ ҳамарӯза омӯзиши ионии таркибии маводро азхуд менамоянд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ташкил ва гузаронидани дарсҳои кушод, озмунҳо ва конференсияҳо бахшида ба “Соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣва инчунин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ гузаронида шуданд, ки дар рафти баргузории ин чорабиниҳои муфид мактаббачагон фаъолона ширкат варзида дар ҷамъбасти он аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Бар замми ин мунтазам бонувони марказ бо тарзҳои фосилавӣ –зондиронӣ омӯзиши пиряхҳои набзонӣ, пиряхҳои бо морена пӯшидашуда, саҳми пиряхҳо ба иқтидори гидроэнергетикии пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон, вазъи гидрологӣ ва метеорологии ҳавзаи дарёи Ванҷ, омодасозии бюллетенҳо вобаста ба параметрҳои метеорологӣ, радиатсионӣ ва динамикии пиряхҳои калонтарини Тоҷикистонро ба таври доимӣ ба роҳ мондаанд.
Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷроиши иқдомҳои беназири сатҳи байналмилалӣ аз қабили таҷлили “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва инчунин ҳамасола баргузор намудани “21-уми март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби бонувони Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» мунтазам иҷро гардида истодааст ва ҳамзамон занони пиряхшиноси кишвари зебоманзару дорои кӯҳҳои сар ба афлоку соҳибиқболу соҳибистиқлоламон дар ин самт саҳми муносиби хешро мегузоранд.
Адолат ДАВЛЯТОВА, - ходими илмии Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»
Тоҷикистон ҳамчун кишвари осебпазир аз ин раванд ва узви Панели сатҳи баланд оид ба обу иқлим, ҷиҳати эълони “Соли ҳифзи пиряхҳо” ташаббус намуд, ки бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал якдилона қабул гардид.
Эмомалӣ Рахмон
Сиёсати дурбинона ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷолиби диққати ҷомеаи ҷахонӣ мебошад. Гувофи ин гуфтаҳо якдилона қабул гардидани “Даҳсолаи амал барои илмҳои Криосфера дар давраи солҳои 2025–2034” мебошад, ки рӯзи 13 августи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттахид Қатъномаро таҳти рақами 78/321 қабул намуд. Дар навбати худ ин иқдоми беназир барои олимон боз як масъулияти пурарзишро барои солҳои аз 2025 то 2034 ба бор овард.
Асоси заминаи Қатъномаи мазкур аз қатъномаи МУ СММ 77/158 аз 14 декабри соли 2022, дар бораи эълон гардидани “соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 марти ҳар сол (аз соли 2025) рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо сарчашма гирифтааст, ки пешниҳоди беназири Пешвои муаззами миллати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар навбати худ, қатъномаи 77/326 аз 25 августи соли 2023 дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии илм барои рушди устувор», солҳои 2024-2033, Қатъномаи 77/172 аз 14 декабри соли 2022, «Панҷсолаи амал барои рушди минтақаҳои кӯҳӣ» солҳои 2023-2027, Қатъномаи 72/73 аз 5 декабри соли 2017, «Даҳсолаи илмии Созмони Милали Муттаҳид барои рушди устувор» заминаҳои дигари қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера барои солхои 2025–2034» ба шумор мераванд.
Бо дарназардошти он, ки инвентаризатсияи умумиҷаҳонии ҳолати мувозинат, ҳачм ва масоҳати пиряххо ва захираи барф дар Даҳсолаи байналмилалии гидрологӣ, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) барои солҳои 1965–1974 бо ҷалби олимону коршиносони бонуфузи ҷахонӣ гузаронида шудааст, қатъномаи мазкур ба эътибор гирифта шудааст.
Зикр шудааст, ки пиряхҳо ва яхҳои абадӣ ҷузъи муҳими давраи гидрологӣ мебошанд ва обшавии босуръатҳо ва яхҳои абадӣ, ақибнишинии пиряхҳо онхо ба иқлим, баландшавии сатҳи баҳр, муҳити зист, некӯаҳволӣ ва саломатии одамон ва рушди устувор таъсири манфии назаррас доранд.
Криосфера, аз ҷумла пиряхҳо, қабати барф, ва яхбандии абадӣ дар нигоҳдории экосистемаҳо нақши муҳим доранд, ки заминаи рушди устувор ва некӯаҳволии инсоният, махсусан беҳдошти қишри осебпазири аҳолӣ кумак мерасонад.
Натиҷаҳои гузориши Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар соли 2022 ва Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ, пиряхҳои мероси ҷаҳонӣ: World Heritage Glaciers: Sentinels of Climate Change («Ледники на объектах всемирного наследия: защита от изменения климата») омадааст, ки суръатбахшии обшавии пиряхҳо дар объектҳои мероси ҷаҳонӣ: “аз се як ҳиссаи пиряхҳо то соли 2050 аз даст мераванд”.
Натиҷаҳои гузориши Созмони Умумиҷаҳонии ҳавошиносӣ (СУҲ) Вазъи Иқлими Глобалӣ дар соли 2023 State of the Global Climate 2023 («Состояние глобального климата в 2023 году») қайд карда шудааст, ки «тағйироти назаррас дар криосфераи миқёси ҷаҳонӣ тағйирёбии иқлимро нишон медиҳанд».
Бо ёдоварӣ аз он, ки бисёре аз маконҳои мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), мамнӯъгоҳҳои биосфера ва геопаркҳои глобалиро дар бар мегиранд, ки дар ин мазеъҳо пиряхҳо ҷойгир мебошанд ва зарурати арзёбии онҳо, ки то чӣ андоза ин мавзеъҳои аз ҷониби Созмон эътирофшуда, аз ҷумла маҳалхо аз талафоти пиряхҳо ва гуногунии биологӣ тағйир ёфтаанд ва чӣ гуна маълумоти илмӣ ва таҷрибаи маҳаллӣ метавонанд ба фаҳмиши беҳтари таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва экосистемаҳои кӯҳӣ мусоидат намояд.
Маҷмаи Умумии СММ аз мизбонӣ ва ташкил намудани конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон дар мохи майи соли 2025 истиқбол мекунад.
Дар навбати худ Маҷмаи Умумии СММ қарор қабул кардааст, ки давраи аз соли 2025 то 2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал оид ба илмҳои Криосфера” эълон карда шавад, ки он дар доираи сохторҳо ва захираҳои мавҷуда ва саҳмҳои ихтиёрӣ барои ҳалли мушкилоти марбут ба обшавии пиряхҳо ва тағйирот дар криосфера тавассути пешбурди тадқиқоти илмии дахлдор амалӣ карда шавад ва инчунин мониторинг дар доираи ҳадафи умумии пешбурди ҳамкориҳои илмии ҷаҳонӣ ва кӯшишҳо барои рушди устувор, ки дар доираи “Даҳсолаи байналмилалии илм барои рушди устувор” баён шудааст;
Ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ҳамаи ташкилотҳои дахлдори системаи Созмони Милали Муттаҳид, дигар созмонҳои глобалӣ, минтақавӣ ва зерминтақавӣ, мардуми муқимӣ, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла доираҳои илмӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва шахсони алоҳидаро даъват менамояд.
Татбиқи Даҳсолаи амал дар ҳама сатҳҳо тавассути пешбурди фаъолиятҳо, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи Даҳсола ва аҳаммияти пиряхҳо, барфҳо ва яхҳои абадӣ дар системаи иқлим ва давраи гидрологӣ, инчунин оқибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии тағйироти холати криосфераи Замин, мубодилаи таҷриба ва донишҳои беҳтарин дар ин соҳа, аз ҷумла дар соҳаи баланд бардоштани устуворӣ ба хатарҳои дахлдор пешбинӣ шудааст.
Иҷроиши Даҳсолаи амал оид ба илми криосфера ба души Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), дар ҳамкори бо дигар институтҳои СММ, давлатхо, ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ, институтҳои илмӣ ва ҷомеаи ҷахонӣ вогузор карда шудааст.
Дар суханронии худ дар Конференсияи тарафхо (СОР-29) дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа, Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки бо сарпарастии Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (СУО) ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд, дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.
Ба мақсади таҳия ва амалӣ намудани ин иқдомҳои нек мо олимону мутахассион ва кормандони соҳаро зарур аст, ки бо иродаи мустаҳкам, навовариҳои инноватсионӣ ва масъулияти баланд “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера”-ро дар сатҳи миллӣ амалӣ намоем.
Хомидов Анвар - номзади илмҳои географӣ Сарходими илмии МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”
Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 соҳаи энергетика яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳим дар кишвар муайян карда шудааст. Дар давраи истиқлолияти худ, Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳо дар соҳаи энергетика ноил шудааст. Ин дастовардҳо ба беҳтар намудани инфрасохтори энергетикӣ, зиёд кардани иқтидори истеҳсоли энергия ва такмили хизматрасониҳои энергетикӣ равона шудаанд.
Тоҷикистон захираҳои обии калон дошта, ва имкониятҳои зиёде барои рушди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дорад. Яке аз дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар ин самт сохтмони НБО "Роғун" мебошад. Ин нерӯгоҳ бо иқтидори 3600 мегаватт метавонад яке аз бузургтарин НБО дар ҷаҳон бошад. Сохтмони НБО "Роғун" дар давраи истиқлолият оғоз гардид ва соли 2018 аввалин агрегати он ба кор даромад. Ин нерӯгоҳ на танҳо барои таъмин намудани талаботи дохилии кишвар бо нерӯи барқ, балки барои содироти он ба кишварҳои ҳамсоя низ имконият фароҳам меорад.
Ҳамчунин, НБО "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" низ ба шабакаи энергетикии кишвар пайваст гардиданд. НБО "Сангтӯда-1" соли 2009 ба истифода дода шуд ва иқтидори он 670 мегаватт аст. НБО "Сангтӯда-2" бо иқтидори 220 мегаватт соли 2011 ба кор оғоз кард. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ сохта шуданд ва барои беҳтар намудани таъминоти нерӯи барқ дар кишвар нақши муҳим бозиданд.
Дар давраи истиқлолият Тоҷикистон як қатор барномаҳои миллӣ барои рушди соҳаи энергетика қабул кардааст. Ин барномаҳо ба беҳтар намудани инфрасохтори энергетикӣ, кам кардани талафоти нерӯи барқ ва беҳтар намудани хизматрасониҳо ба аҳолӣ равона шудаанд. Яке аз чунин барномаҳо "Барномаи рушди соҳаи энергетикаи ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2020-2030" мебошад. Ин барномаҳо ҳадаф доранд, ки Тоҷикистонро ба кишвари содироткунандаи нерӯи барқ табдил диҳанд.
Дар доираи ин барномаҳо, Тоҷикистон бо кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои шарик лоиҳаҳои гуногуни инфрасохториро амалӣ кардааст. Масалан, лоиҳаи "CASA-1000", ки бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ мешавад, барои интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон равона шудааст. Ин лоиҳа на танҳо ба беҳтар намудани таъминоти нерӯи барқ дар минтақа, балки ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон низ мусоидат мекунад.
Дар баробари рушди НБО Тоҷикистон ба истифодаи манбаъҳои дигари энергия низ аҳамият медиҳад. Дар ин росто, дар кишвар барномаҳои истифодаи энергия аз манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ таҳия шудаанд. Ин ташаббусҳо ба коҳиши вобастагӣ аз манбаъҳои анъанавии энергия ва беҳтар намудани экологияи кишвар мусоидат мекунанд.
Дар солҳои охир, як қатор лоиҳаҳои хурду миёнаи истифодаи энергия аз манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ дар Тоҷикистон амалӣ шудаанд. Масалан, дар Душанбе, вилояти Хатлон якчанд нерӯгоҳҳои хурди офтобӣ сохта шуданд, ки барои таъминоти нерӯи барқ ба деҳаҳои дурдаст ва минтақаҳои кӯҳӣ истифода мешаванд. Ин лоиҳаҳо бо кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои донор амалӣ шуданд ва нишон доданд, ки манбаъҳои алтернативии энергия дар Тоҷикистон имкониятҳои зиёд доранд.
Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воридоти технологияҳои муосир барои истеҳсол ва истеъмоли самараноки нерӯи барқ диққати зарурӣ дода истодааст. Лоиҳаҳои гуногун оид ба автоматикунонӣ ва рақамикунонии шабакаи энергетикӣ амалӣ шудаанд, ки боиси баланд шудани самаранокии фаъолияти шабака ва кам кардани талафот гардидаанд.
Яке аз чунин лоиҳаҳо лоиҳаи "Шабакаи интеллектуалии энергетикӣ" мебошад, ки ба рақамикунонии шабакаи энергетикӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар идоракунии истеҳсол ва истеъмоли нерӯи барқ равона шудааст. Ин лоиҳаҳо имконият медиҳанд, ки фаъолияти шабакаи энергетикӣ самаранок шавад ва талафоти нерӯи барқ коҳиш ёбад.
Дар баробари дастовардҳо, соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо як қатор мушкилот рӯ ба рӯ аст. Яке аз мушкилотҳо маблағгузорӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои калонҳаҷм мебошад. Илова бар ин, баъзе минтақаҳои кишвар бо мушкилоти камбудии нерӯи барқ рӯ ба рӯ ҳастанд, ки талаб мекунад то лоиҳаҳои нав барои истеҳсоли энергия ва беҳтар намудани тақсимоти он таҳия шаванд. Барои ҳалли ин мушкилот, Тоҷикистон фаъолона ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалиро идома медиҳад. Масалан, Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои худ бо Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ лоиҳаҳои гуногуни инфрасохториро амалӣ мекунад. Ин лоиҳаҳо ба беҳтар намудани таъминоти нерӯи барқ дар минтақаҳои дурдаст ва рушди инфрасохтори энергетикӣ мусоидат мекунанд.
Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳо, Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои муҳиме ноил гардид, ки барои рушди устувори соҳа ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд. Дар оянда, кишвар бояд талошҳои худро барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, беҳтар намудани инфрасохтори энергетикӣ ва татбиқи технологияҳои муосир идома диҳад, то ки тавонад талаботи дохилӣ ва эҳтиёҷоти содироти нерӯи барқро пурра қонеъ намояд.
Ботуров Қ. Ходими пешбари илмииМаркази омӯзиш ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ
Бахдавлатов А.Д. Ходими пешбари илмии Лабораторияи спектроскопияи молекулавии Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ
(Ба муносибати сабти ҷашни Меҳргон дар Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО)
Файласуф ва фарҳангшиноси маъруфи тоҷик С.Х.Раҳимов барҳақ қайд дошта, ки “ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз нигоҳи астрономиашон мантиқан ба ҳам пайваст мебошанд, ҳар кадом идомаи якдигаранд, пайвандии ногусастанӣ доранд, ба истилоҳи дигар ҳар кадом ҳалқаи як занҷиранд”. Ба андешаи донишманди эронӣ Меҳрдод Баҳор бошад, ҷашни Меҳргон дар баробари дигар ҷашнҳои миллӣ пеш аз оини зардуштӣ ва ҳатто пеш аз тамаддуни ориёӣ моли фарҳанги таҳҷойӣ буд.
Дар давраи Ислом ва замони шӯравӣ вобаста ба идеологияи ҳукмрони давр таҷлили онҳо дар сатҳи давлатӣ манъ карда шуда буд. Хушбахтона мардуми ориёитабор бо вуҷуди ҳама гуна монеаҳои сунъӣ эҷодшуда онҳоро ё ба таври ошкоро ё ба тариқи пӯшида ҷашн мегирифтанд ва бо ин васила рукнҳои муҳимми онҳоро аз насл ба насл мерос мемонданд. Махсусан, Меҳргон ҳамчун ҷашни миллӣ муаррифгари фарҳанги кишоварзии мутамаддин ва падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар маврди эҳё ва ба ҷашнҳои байналмилалӣ табдил додани онҳо, ё худ ба саволи “Чӣ ҳикмат аст, ки мо ба эҳёи ҷашнвораҳои кӯҳан саҳм мегирем? – С.Раҳимов посухи воқеӣ дода, андешаҳои худро аз ҷанбаи фалсафӣ дар ҳафт нукта ба таври зайл ҷамъбаст намуда буд: “1) Онҳо тақвимианд, зимни онҳо эҳтиром гузоштан ба унсурҳои оташу ҳавою замин ҷилва доранд. 2) Онҳо фарҳанги кишоварзро тарғиб менамоянд. Аҷдодону худи мо бештар аз зоти кишоварзем ва бароямон табиату замин аз шеваи муқаддас аст. 3) Ҳавзаи ин ҷашнвораҳо, бахусус ҳавзаи Наврўз, Меҳргон ҳамчун модели ҳамзистию ҳамкории осоиштаи мамлакатҳо ва халқҳо дар риштаи иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ маъруф аст. 4) Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори тавонои мероси гуманистии гузашта худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Вай аз минбари Созмони Милали Муттаҳидро барои оқилона истифода бурдани неруҳои ҳаётан муҳими обу замин, сулҳу бунёдкорӣ тарғиб менамояд. 5) Ҷашнҳои зикршуда аз хурофот ё дину идеология пайвастагӣ надоранд. 6) Онҳо ба ҳувияту худшиносии миллӣ баҳамоии мардум саҳми бориз мегузоранд. 7) Ҳидояти баҳамоӣ бо аҳли башарро доранд”.
Ҳақиқатан, дар ҳар як нукта як хусусиятгирӣ, як арзиши волои фарҳангӣ, як рукни муҳимми ба ҳамзистию ҳамкорӣ даъват кардани инсоният нуҳуфтааст, ки эҳё ва истифодаи он бе ҳеҷ як шакк раванди муколамаи фарҳангҳоро байни ҷомеаҳои инсонӣ густариш дода, баҳри рафъи ҷангу низоъ ва нобаробариҳои иҷтимоӣ нақши муассир мегузоранд.
Дар фарҳанги гузаштаамон Шаҳриваргонро нишоне аз анҷомёбии тобистон ва оғоз шудани рўзҳои сардӣ мешумориданд. Барои кишоварзон ва боғпарварон арсаи ғун кардани дастоварди ба ранҷ ва заҳмат парварида, ҷашни сари хирман, ки давраи бод кардани коҳ ва ҷудо намудани зироати донагӣ аз он мебошад, маҳсуб меёфт. Ҳосили фаровон табъи кишоварз ва боғбононро болида мегардонид. Ба ин васила ин айём барояшон ҷашн буд, вақти тарабу шодӣ, хурсандӣ. Дигар таомули хос ин ҷашн он буд, ки сарватмандон ба қишри бенавои аҳолӣ кумак мерасониданд, ба онҳо ғизо медоданд то онҳо хушнуд шаванд. Чунки хушнудии раият ин хушнудии шаҳриёрони куҳани мардуми ориёӣ ба ҳисоб мерафт.
Меҳргон низ аз ҷиҳати мазмун ва тамоилгирӣ барои мардумони ориёитабор идомаи мантиқии ҷашни Шаҳриваргон мебошад. Дар баробари «Наврўз» он аз ҷашни бузурге ба ҳисоб мерафт, ки нро бошукуҳ ва дар сатҳи барҷаста таҷлил мекарданд. Яъне, агар ҷашни «Наврўз» барои онҳо паёмовари фасли баҳору сипаришавии мавсими зимистон, ҳамқадаму ҳамрози сарсабзию хуррамӣ маҳсуб меёфт, пас «Меҳргон» дар нимаи дуюми сол, даврае, ки гармои тафсони тобистон ҳарорати худро паст карда, ҳавои мусоид ва файзбахши тирамоҳ ҷойи онро иваз менамуд, таҷлил карда мешуд.
Меҳргон иртибот ба фариштаи меҳр дорад, ки ўро дар китоби муқаддаси «Авесто» Митро меноманд. Мувофиқ ба боварҳои мардумӣ ин ҷашн рўзе барпо карда мешуд, ки подшоҳи пешдодӣ - Фариддун бар парварандаи неруи нопок ва зишти аҳриманӣ - Заҳҳок пирўз омада, дар кўҳи Дамованд ўро ба банд мекашад ва тоҷи шаҳриёрии Эронзаминро бар сар мениҳад. Ё худ ориёитаборон Митроро ба сифати «Худои дӯстӣ, аҳд, ризоият, таҳаммул ва дар асри сеюми қабл аз милод ҳамчун Худои Офтоб шинохтаанд. Ҳаками тавонгари наҷотбахши байни қувваҳои некӣ (Ҳурмузд) ва бадӣ (Аҳриман) медонистаанд».
Вобаста ба тамоилгирӣ ва расму анъанаҳои фарҳанги ориёӣ хусусиятгириҳои хосси ин ҷашни аҷдодӣ - «Меҳргон»-ро месазад дар чанд нуктаи муҳим мушаххас намуд:
1. Таърихан, гузаштагонамон ин ҷашнро рўзи шонздаҳуми моҳи меҳр мутобиқ ба солшумории куҳан ва даҳуми моҳи меҳрмоҳ бо солшумории имрўза (дуюми октябр) таҷлил мекарданд. Файласуфи дақиқназари тоҷик Абурайҳони Берунӣ низ дар китоби худ «Осор-ул-боқия» ин далели таърихиро нисбати баргузории ҷашни мазкур эътироф карда, ироа медорад, ки «Рўзи шонздаҳуми меҳр, ки «рўзи меҳр» аст ҷашни бузург ва баршинохта ба номи «Меҳргон» созвор бо номи он мебошад, ки маънояш «меҳрубонии равон» аст, баргузор карда мешуд». Инчунин, дар сарчашмаҳои маҳфузмонда ин мафҳум синоними вожаи Офтоб фаҳмида мешуд. Маъниҳои меҳр, муҳаббат, самимият, рамзи дўстию бародарӣ, ризоият, ҳамдилӣ ва ғайраро ифода мекард.
2. Меҳргон чун дигар ҷашнҳои суннатӣ, ба вижа «Наврўз» ойин, фарҳанги хосси барпонамоии худро дошт. Таҷлили он шаш рўз давом карда, рўзи аввали онро «Меҳргони омма» ва рўзи охиринашро «Меҳргони хосса» меномиданд.
3. Суннатҳои ҷашни мазкурро бо зикри якчанд таомули хусусияти инсонгароидошта месазад ба таври зайл мушаххас намуд:
- аввалан, мардумон дар ин рўз либоси нав ба бар карда, худро зебову ороста мегардониданд. Бо ин васила на фақат либосҳои миллии худро муаррифӣ менамуданд, балки тавассути ба бар кардани либосҳои миллӣ мардумро аз майл ба фарҳанги бегона, боз медоштанд;
- дуюм, ба хотири амалигардии орзўҳои нек, болидагардонии табъи якдигар ба ҳам ҳадяҳо медоданд, хушнудии якдигарро металабиданд. Ин амал аз тинати соф, ҳамдилӣ ва ҳамдигардўстдории мардум далолат мекард. Зеро кинаву кудурат ва ташвиқи амалҳои зишт хосси ориёиҳо набуд;
- сеюм, хони идона ороста, онро бо ҳафт дона муруд, хушаи ангури сафед, себ, биҳӣ, нилуфар, шакар ва лимў оро медоданд, ки ҳар як анвоъи меваҷот рамз ва хосиятҳои худро дошта, ифодакунандаи арзишҳои фарҳанги ноби ориёӣ буданд.
Ба дигар шакл, рӯзи «Меҳргон» мардум дастархоне аз матоъи сурх ороста мекарданд ва онро бо нонҳои аз зироати ҳамон сол парварида оро медоданд. Аз ҳафт анвоъи зироат: гандум, ҷав, арзан, ҷӯворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё нон мепўхтанд. Гоҳо шумораи навъи зироатҳо ба дувоздаҳ ҳам мерасид.
Рўйи дастурхон гузоштани анвоъи гуногуни шириниҳо, шохаҳои гулу растаниҳо маъноҳои рамзии ҳаётбахш, ҳикмати хосси худро доштанд. Масалан, шакар маънои ширин гузаронидани умри инсонро ифода мекард, хурмо аз серҳосилӣ ва лаззати зиндагӣ баҳраманд гаштани мардум далолат мекард, чормағз – аз сахт будани тан, пурмағзӣ, ки натиҷааш баёни андешаи солим аст, гувоҳӣ медод. Ҷоми тилоӣ таҷассумкунандаи қудрат, покӣ, баракат, анор - серфарзандӣ, равғани зайтун-хушбӯйӣ ва ғайраро тақозо доштанд;
- чаҳорум, агар дар рўзи баргузории ҷашни «Меҳргон» дар хонае аз мардуми ориёитабор тифли навзод чашм ба арсаи ҳаёт мекушод ба хотири эҳтиром ва арҷ гузоштан ба ин ҷашн ба номи ў вожаи меҳрро зам мекарданд. Аз қабили: Меҳрнўш, Меҳрин, Меҳрдод, Меҳрнигор, Меҳрангез, Меҳрбону ва ғайра, ки меҳрашон, муҳаббаташон нисбат ба волидайн, марзу хоки ватан, арзиш ва муқаддасоти миллӣ зиёд шавад. Фарзанди ба обруманд ва содиқи ватан ба камол расида, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ мудом талош варзад.
- панҷум, «Меҳргон» иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ки гармиро мутеи сардӣ мегардонад, ҷашни захиранамоии маҳсули яксолаи парваридаи деҳқон, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилзамкунию ҳосилғундории кишоварз будааст. Аз мероси хаттии ниёкон иттилое аст, ки асосгузори давлати пуриқтидори Сосониён Ардашери Бобакон дар ин рўз тоҷе, ки дар он сурати Офтоб нақш баста буд ба сар мениҳад ва минбаъд ин фарҳанги тоҷгузорӣ ба рамзи шаҳриёрони Аҷам мубаддал мегардад ва ғайра.
Дар давраҳои гуногуни таърихӣ, хусусан дар натиҷаи тохтутози хонҳои саҳронишини чингизию муғулӣ, манғитӣ ва инчунин идеологияи ҳукмрони собиқ шуравӣ таҷлили ин ҷашн шукуҳу шаҳомати худро аз даст дод, ҳатто дар сатҳи давлатӣ баргузорнамоии он манъ карда шуда буд. Аммо дар рагҳои павандкунандаи вуҷуд, тинати мардуми ориёитабор арзишҳои фарҳангӣ ва зиндагиситои он бо вуҷуди бархурдҳо, фишорҳо, таъкибҳо рабуда нагашта, шуълаи оташаш фурўзон нигоҳ дошта шуд. Хушбахтона, имрўз дар ҷомеаи муосир, дар арсаи давлатдории миллии тоҷикон ин шуълаи фурўзоннуҳуфта ба он боис гашт, ки бо шарофатии соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҷлили ин ҷашни суннатӣ аз нав эҳё гардад. Дар баробари дигар ҷашнҳои миллӣ ба риояи рукнҳо ва тамоилгириҳои хосси худ таҷлил карда шавад, бавижа ба қатори ҷашнҳои миллии кишварамон ворид гардад. Дар айёми фасли поиз, фасли ҷамъоварии ҳосили ба ранҷ, вале бо меҳр парварида баргузориаш хусусияти умумимиллӣ касб намояд.
Ҳамин тавр, агар бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 ҷашни миллии ниёкон - Меҳргон дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ эътироф гашта, дар қатори дигар ҷашну идҳо таҷлил он ба ҳукми анъана даромад. 15 сол баъд бо ташаббусу талошҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни суннатии - “Меҳргон” 4 декабри соли 2024 дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Асунсйони Парагвай расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Дар ин росто месазад қайд кард, ки ин рӯйдоди нодир бозгӯи он аст, ки ҳақиқатан тоҷикон мардуми фарҳангофар, ҷомеасоз, таҳаммулгаро ва боҳиммат мебошанд. Бо ақлу саводи худ на танҳо арзиш меофаранд, балки бо дастовардҳои илмиву фарҳангии худ ба ҷаҳониён аз улуми ситорашиносию тиб, ҳандасаю мантиқ, фалсафаву риёзиёт, боғдорию кишоварзӣ ва ғайра сабақ додаанд. Имрӯз низ насли созандаи онҳо пешоҳангии худро дар ҳаллу баррасии масоили хусусияти глобалидошта нишон дода, аз ҷанбаи гумманистӣ доштани идеяи давлатдориашон дигаронро ҳушдор медиҳанд.
Аз ин рӯ, таҷлил ва базмороии Меҳргонро ҳамчун ҷашни байналмилалии Наврӯз бояд ба тариқи карнавалӣ ва ҳам чорабиниҳои театришудаи мутантан баргузор намоем. Дар раванди баргузории ҷашнвора баробари иҷрои ҳунарҳои анъанавӣ, инчунин рамзу аъмоли хоссе, ки Меҳргон дар худ таҷассум доштааст, тавассути иҷрои нақшҳо пешкаши мардум намоем. Вижагиҳои хосси онро илман таҳқиқ карда, мутобиқ ба замони муосир рамзу оинҳои онро тақвият бахшем.
Бобоҷон Самиев - мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи сарнавиштсоз ба фаъолият шурӯъ намуда, ҳадафи асосиаш ваҳдату ягонагӣ, устувориву пойдории сулҳ ва таъмини ояндаи неки шаҳрвандони кишвар аст.
Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфта, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабри соли 1994 таҳти рақами 199 сабти ном шудааст.
Инак, 30 сол аст, ки дар муҳити сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон арзи ҳастӣ дорад ва ин ҳизб, ки маҳсули тафаккури созанда, ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, дар рушди давлатдории миллӣ, сулҳу суботи пойдори ҷомеа, инкишофи босуръат ва устувори иқтисодӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, ки маҳаки фаъолияти ин ҳизб аст, нақши созандаи худро мегузорад.
Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро интихоб намуд, ки яке аз принсипҳои меҳварии бунёди чунин ҷомеа гуногунандешии сиёсӣ аст. Дар асоси талаботи ҷомеаи демократӣташкилоту ҳаракатҳои сиёсӣ одамони ҳамфикру ҳамақидаро бо ҳам муттаҳид менамояд ва онҳо дар чаҳорчўбаи қонунгузории кишвар ҳуқуқ доранд ҳизби сиёсӣ таъсис диҳанд.
Хидматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси ҳизб дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, новобаста аз миллату нажод, забон ва дину ойин сутуданист.
Нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини Истиқлоли давлатӣ, ба даст овардани сулҳу суботи сартосариюВаҳдати миллӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷик дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар бараъло зоҳир мегардад ва дар таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.
Маҳз садоқату самимияти хосса, эҳсоси баланди меҳанпарастию ифтихори ватандорӣ, ғамхорию назари хайрхоҳона ба халқу миллат ва нияти поку қалби саршор аз муҳаббати инсонии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки сол ба сол аъзою ҷонибдорони ҳизб дар кишвар рӯ ба инкишоф аст.
Чуноне, ки Раиси муаззами ҳизб дар баромадҳояшон қайд намудаанд: “Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошад”.
Ҳамин тавр, таъсисёбии Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистонро низ ба сифати дастоварди бузурги сиёсии даврони соҳибистиқлолӣметавон арзёбӣ намуд, зеро фаъолияти ин Ҳизб бо мақсади таҳкими давлатдории навин ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳакам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣва фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.
Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул - Раиси Шӯрои олимони ҷавони Институти фаслафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ
Санаи 10.12.2024 Конгресси нуҳуми байналмилалии "Мероси ҷаҳонии кишварҳои узви ИДМ" тариқи маҷозӣ баргузор карда шуд. Дар Конгресси сатҳи баланд намояндагони кишварҳои ҳудуди ИДМ, аз ҷумла, намояндагон, мутахассисон, коршиносон ва дигар кормандони илмӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларусия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон ва дигар иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Конгресси сатҳи баланд Мирзошариф Абдусаломов - Докторант PhD - и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар ин самт таҳқиқоти илмӣ анҷом медиҳад муаррифӣ намуд. Номбурда, дар мавзӯи "Раванди омоданамоии парвандаҳои номинатсионии Хуттали Қадим ҷиҳати ворид намудан ба Феҳристи мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО" суханронӣ кард.
Лозим ба зикр аст, ки соли 2022 бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби олимону, мутахассисон ва коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ гуруҳи корӣ барои таҳия намудани парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои таърихию фарҳангии "Хуттали Қадим" дар шакли силсиланоминатсия таъсис дода шуд.
Гурӯҳи корӣ аз олимону мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин коршиносон ва мутахассисони байналмилалӣ аз Институти байналмилалии тадқиқотии Осиёи Марказӣ (ИБТОМ) ва ИКОМОС иборат буд.
Бо дарназардошти маълумотҳои илмӣ, археологӣ, бойгониҳо, барномаву стратегияҳои соҳавӣ ва дигар санадҳои дахлдор зиёда аз 200 (дусад) ёдгории таърихию фарҳангӣ рӯйхат карда шуда, ҳайати гуруҳи корӣ тамоми ин дусад ёдгориро як-як аз назар гузаронида, барои таҳияи парвандаи номинатсионии "Хуттали Қадим" корҳои заруриро анҷом доданд.
Чун талаботҳои Кумитаи мероси ҷаҳонӣ ва дар маҷмуъ ЮНЕСКО хеле ҷиддӣ аст аз миёни 200 ёдгории таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон 11 адади он ниҳоятан интихоб карда шуд.
Инҳо ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҳалевард (Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ), Аҷинатеппа (ноҳияи Вахш), Золи Зар, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (ноҳияи Данғара), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа (Ноҳияи Фархор), Шаҳристони Ҳулбук, Қалъаи Ҳулбук, Манзартеппа (ноҳияи Восеъ) ва Хиштеппаи (ноҳияи Ховалинг) мебошанд.
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур бо талошу кӯшиши олимону мутахассисони соҳа санаи 02 июли 2023 ба Рӯйхати пешакии Мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО (Tentative list) ворид карда шуда, дар назар аст, соли 2025 зимни Иҷлосияи навбатии 47 Кумитаи мероси ҷаҳонӣ, ки дар Ҷумҳурии Булғория баргузор мешавад, он ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда мешавад.
Имрӯз, минтақа ва ҷаҳон беш аз ҳар вақти дигар ба ҳамгироии фарҳангӣ ниёз дорад. Албатта, яке аз роҳҳои расидан ба он маҳз тариқи мероси фарҳангӣ бо миёнҷигарӣ ва барномарезиҳои ЮНЕСКО мебошад. Тавре дар Ойинномаи худи созмони ЮНЕСКО омадааст: ЮНЕСКО ба хотири бунёди сулҳ дар ҷаҳон тавассути роҳҳои фарҳангӣ таъсис ёфтааст. Ба ин умедворӣ ва бовар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо ин ниҳоди махсуси Созмони Миллали Муттаҳид тақвият дода истодааст.
10 декабр Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон маҳсуб шуда, мақсад аз он ба ҷомеа ва ҳар фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар фард мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид, ки имсол аз қабули он 76 сол сипарӣ шуд.
Рӯзи ҳуқуқи инсон имкон медиҳад, ки ҳар сол атрофи ҳуқуқу озодиҳои инсон, вазъи риояи онҳо ва нақшаҳои минбаъда барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар самти тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эҳтиром, риоя ва ҳифзи онҳо барномаҳо доир гашта, тавсияҳои дахлдор пешниҳод шаванд.
Имрӯзҳо эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон яке аз мақсадҳои асосии тағйироту дигаргуниҳо дар ҷомеа маҳсуб шуда, ба тағйир додани нақшу ҷойгоҳи инсон, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, дахлнопазирӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлатӣ равона гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии худ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Конститутсия ва дигар қонунҳо, принсипҳои башардӯстӣ ва озодона кору зиндагӣ намудани инсонро дарҷ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани онҳо пайваста кӯшишҳои судманд ба харҷ медиҳад. Дар ин раванд Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худро давра ба давра таъмин менамояд.
Ногуфта намонад, ки маҳз боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҳуқуқ, оздиҳои инсон ва шаҳрвандро дарбар мегирад. Ва ҳамчунин дар боби якум, моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба волоият, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дарҷ гардида аст.
Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу оздиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Маврид ба таъкид аст, ки барои фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як фарди ҷомеа Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 2012 таҳти рақами 678 «Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» ба тасвиб расидааст. Мақсади асосии барномаи мазкур баланд бардоштани маданияти ҳуқуқи инсон, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамкории байни мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷорӣ намудани омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон дар системаи маориф, барномаҳои таълимии судияҳо ва низоми хизмати давлатӣ ва чанде аз ҳадафу мақсадҳои дигарро дар бар мегирад.
Расидан ба мақсаду маромҳои олӣ баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва ҳар як фардро тақозо менамояд, зеро эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон қисми ҷунонашавандаи зиндагӣ, фаъолият ва рафтори ҳар як узви ҷомеа мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардида, заминаи мустаҳкамро барои рушди ҳамкорӣ бо ниҳодҳои оинномавию шартномавии Созмони Милали Муттаҳид ва бо дигар сохторҳои иҷроияи он амали менамояд. Дар ин раванд тибқи маълумоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Тоҷикистон солҳои 2010-2023 се маротиба расмиёти Шарҳи гузоришҳои миллии худро ба мақомоти шартномавии СММ оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод намуд ва ҷиҳати ташрифи 11 мандати мавзуии расмиёти махсус мусоидат намудааст. Дар натиҷа ба Тоҷикистон дар маҷмуъ зиёда аз 1000 тавсияҳо дода шуданд, ки масъалаҳои ҳуқуқи инсонро дар бар мегиранд. Яъне, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва иҷрои бовиҷдононаи уҳдадориҳои байналмилалӣ фаъолият менамояд.
Баҳронов Соҷидхон - мудири шуъбаи таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, иҷозатномадиҳӣ ва чораҳои маҷбурсозии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Дар ташаккул ва пешрафти давлати демократӣ, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ нақши асосӣ дошта, яке аз унсурҳои муҳимтарини системаи сиёсии давлат маҳсуб меёбад. Ҳизбҳои сиёсӣ вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд ва ҳамчун минбаре барои ифодаи ақидаҳои табақаҳои мухталифи ҷомеа хидмат намуда, воситаи пайвастани мардум бо сиёсати давлатӣ мешаванд. Ин раванд имконият медиҳад, ки ғояҳо ва барномаҳои мухталифи шаҳрвандон дар як низом шаклгирӣ гардида, равандҳои сиёсӣ ба танзим дароварда шаванд.
Дар давлатҳои бисёрҳизба, ҳизбҳои сиёсӣ рақобатро ба миён оварда, ба баланд бардоштани сифати идораи давлатӣ мусоидат мекунанд. Ин раванд имкон медиҳад, ки идораи давлатӣ дар асоси барномаҳои самаранок ва хуб таҳияшуда такмил ёфта, роҳҳои ояндадори рушди давлат интихоб карда шаванд.
Муваффақияти як ҳизби сиёсӣ аз якчанд омилҳо вобаста аст, ки муҳимтаринашон инҳоянд: доштани барномаи идеологии мушаххас, ки манфиатҳои мардум ва давлатро дар назар дорад; амал кардан мувофиқи ҳамин барномаи идеологӣ; шахсият ва иродаи роҳбари ҳизб; мутобиқшавии пайваста ба шароити тағйирёбандаи сиёсӣ ва ҷамъиятӣ; ҳамбастагӣ бо мардум; пешниҳоди барномаҳои беҳсозандаи ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум ва таҳкими идораи давлатӣ; тавоноии ҳизб дар ҳалли мушкилоти мавҷуда.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) аз ҷумлаи чунин ҳизбҳо мебошад, ки тӯли се даҳсола дар ташаккул ва рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр нақши калидӣ бозида, дар таъмини субот ва рушди устувори кишвар дар шароити гузариш ва эҳёи баъдиҷангӣ саҳми назаррас гузоштааст. ҲХДТ на танҳо ба муттаҳидсозии ҷомеа мусоидат намуд, балки ба нерӯи пешбарандаи ислоҳоте табдил ёфт, ки ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат нигаронида шудаанд.
Ғояи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соли 1993 аз тарафи Раиси Шурои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ниҳоят 10 декабри соли 1994 бо ташаббуси фаъолони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ин ҳизб таъсис ёфт. Ҳадафи он эҷоди як нерӯи ягонаи сиёсӣ буд, ки тамоми қишрҳои ҷомеаи ҷумҳуриро муттаҳид созад. Таъсиси ҲХДТ ба давраи душвори таърихии Тоҷикистон рост омад, замоне ки кишвар дар остонаи баромадан аз ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Ҳизб ҳамчун минбари муколама, оштӣ ва барқарорсозии сулҳ дар кишвар таъсис ёфт.
Ташкилкунанда ва роҳбари Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Зери роҳбариашон Ҳизб мавқеи худро ҳамчун нерӯи асосии сиёсии ҷумҳурӣ таҳким бахшида, дар давраи ташаккули худ дар ҳалли буҳрони сиёсӣ ва пешбурди раванди оштии миллӣ нақши муҳим бозидааст.
Ҷанбаҳои идеологии ҲХДТ бар пояи ваҳдати миллӣ, адолати иҷтимоӣ ва рушди устувор қарор доранд. Барномаи ҳизб ба таъмини субот, таҳкими соҳибихтиёрии давлатӣ, рушди иқтисоди бозаргонӣ, беҳбудии рӯзгори шаҳрвандон ва боло бурдани сатҳи маърифат ва фарҳанг равона шудааст. ҲХДТ диққати асосиро ба ташаккули ҳокимияти қавии давлатӣ медиҳад, ки тавонад сулҳу субот ва тартиботро дар ҷомеа таъмин намояд. Вазифаҳои муҳимтарини Ҳизб дастгирии иқтисоди миллӣ, рушди инфрасохтор, беҳтар намудани низоми тандурустӣ ва маориф, инчунин ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мебошанд. Ҳизб барои рушди институтҳои демократӣ ва ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон ба идоракунии давлатӣ талош меварзад.
Дастовардҳои муҳимтарини Ҳизб дар тӯли 30 сол инҳоянд:
1. Мустаҳкам намудани вазъияти сиёсӣ: Яке аз дастовардҳои калидии ҲХДТ барқарории сулҳ ва субот пас аз ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Бо кӯшишҳои ҳизб ва роҳбари он замина барои муколамаи сиёсӣ ва оштӣ фароҳам оварда шуд, ки ин ба Тоҷикистон имкон дод, аз идомаи низоъ ҷилавгирӣ кунад.
2. Ислоҳоти иқтисодӣ: Дар тӯли солҳои мавҷудияти худ ҲХДТ дар пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ, ки ба барқарорсозӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат мекарданд, нақши муҳим бозидааст. Гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ асоси рушди иқтисод гардид.
3. Сиёсати иҷтимоӣ: Ҳизб фаъолона ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз қабили мубориза бо камбизоатӣ, эҷоди ҷойҳои нави корӣ, беҳбуди шароити зисти аҳолӣ ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ машғул аст. Таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба масъалаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дода мешавад.
4. Рушди инфрасохтор: Дар тӯли се даҳсолаи охир, Тоҷикистон зери роҳбарии ҲХДТ инфрасохтори худро ба таври назаррас беҳтар намуд. Роҳҳо, пулҳо, иншооти энергетикӣ ва дигар иншооти муҳими инфрасохторӣ сохта ва навсозӣ шуданд, ки ин ба сатҳи зиндагии мардум ва рушди иқтисодиёти кишвар таъсири мусбат расонд.
5. Ҳамкориҳои байналмилалӣ: ҲХДТ ба рушди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо фаъолона мусоидат мекунад. Ҳизб ташаббусҳоеро, ки ба таҳкими амнияти минтақавӣ ва ҳамкориҳо, инчунин пешбурди манфиатҳои кишвар дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудаанд, дастгирӣ мекунад.
Дурнамои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чунин аст, ки он дар остонаи даҳсолаи чаҳорум ҳамчун нерӯи муҳими сиёсӣ боқӣ монда, роҳи рушди ҷумҳуриро муайян мекунад. Дар шароити чолишҳои муосир, аз қабили ҷаҳонишавӣ, тағйирот дар сиёсати байналмилалӣ ва иқтисод, ҳизб бо зарурати мутобиқсозии стратегияҳои худ барои таъмини рушди устувори кишвар рӯбарӯ мешавад.
Самти муҳим ин таҳкими соҳибихтиёрии миллӣ, рушди иқтисоди мустақил ва пешбурди ислоҳоти иҷтимоӣ, ки ба беҳтар кардани шароити зиндагии шаҳрвандон равона шудаанд, боқӣ мемонад. ҲХДТ фаъолияти худро дар беҳтар кардани мавқеи байналмилалии Тоҷикистон, таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, бахусус дар доираи ташкилотҳои минтақавӣ, аз қабили ИДМ, СҲШ ва СПАД идома медиҳад.
Ҳизб дар оянда ба ҷавонон таваҷҷӯҳи хосса медиҳад, ки онҳо ба манбаи асосии татбиқи стратегия ва барномаҳои миллӣ табдил меёбанд. ҲХДТ фаъолона дар ҷалби насли ҷавон ба ҳаёти сиёсӣ кор мекунад, ки ин имкон медиҳад пайвастагии идеяҳо таъмин гардида, рушди минбаъдаи Тоҷикистон идома ёбад.
Дар фарҷом қайд кардан мебояд, ки 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо як санаи муҳими таърихӣ аст, балки сабабе барои таҳлили роҳи тайшуда ва гузоштани ҳадафҳои нав мебошад. ҲХДТ ба рушди ҷумҳурӣ, субот ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузошт. Дар оянда ҳанӯз бисёр мушкилот ва вазифаҳо дар пешанд, аммо таҷрибаи бисёрсолаи Ҳизб ва дастгирии мардум имкон медиҳад бо эътимод ба оянда назар афканем.
Директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.ф.м. Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон