Сипари боэътимоди ҳар давлату миллат ин Қувваҳои Мусаллаҳи он мебошад. Аз умқи таърих то ба ҳол таҷрибаҳо ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳар кишваре, ки неруҳои ҳарбии он муқтадир ва пурқувват аст амният, сулҳу субот ва оромиву шукуфоӣ дар он кишвар побарҷо хоҳад монд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар баробари ҳамон кишварҳое қарор дорад, ки ҷузъу томҳои он дар сатҳи баланди омодабош қарор доранд. Ин ҳама аз баракати сиёсати муваффақ ва оқилонаву одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар замони салтанати хеш кишварҳои тобеи худро мутаҳҳид намуда, дар ин замина неруҳои ҳарбии худро мустаҳкаму устувор гардонида буд, аммо маркази асосии он Маскав ба шумор мерафт. Ба кишварҳое ба мисли Тоҷикистон дар заминаи иқтидори неруҳои ҳарбӣ камтар таваҷҷуҳ дода мешуд. Вақте ин давлати абарқудрат пош хӯрд ва кишварҳои пасошӯравӣ истиқлолияти худро ба даст оварданд, ҳар кадоме ба қатори дигар сохторҳои муҳимми хоҷагии халқ ҷиҳати ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар Қувваҳои Мусаллаҳи хешро таъсис доданд.
Таҳти роҳбарии шахсияти хирадсолор ва дурандешу ҷоннисори Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри сипаришуда давлати навини худро дар арсаи олам ба вуҷуд овард, ки дар он солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон на қувваҳои мусаллаҳ дошт, на артиши миллӣ дошт, на яроқ дошт, на афсару на сарбоз дошт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамон хиради азалӣ ва зиракии сиёсӣ ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлол фикри таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳро намуда, бо ҳар роҳ таъсиси онро амалӣ менамуданд.
Вале дар он солҳо дар ҷумҳурӣ ягон мутахассиси варзидаи соҳаи ҳарбие набуд, ки ин масъулиятро бар дӯш гирад ва барои ҳифзи ин марзу бум роҳу усулу тактикаҳои омодабоширо дар ин самт ба роҳ монад. Роҳбари давлат зарур шумурданд, ки як муддат барои таъсиси ин ниҳоди муҳимми давлат, яъне таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ аз кишварҳои ҳамсоя ва шарикони стратегӣ мутахассисонро даъват намоянд. Дар тӯли 33 соли соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон ба нерӯи қудратманд ва устувор табдил ёфта, имрӯз ин ниҳоди бузурги кишвар ҳифзи боэътимоди марзу буми давлат, таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки бо заҳмату талошҳои зиёд Артиши миллии Тоҷикистон ба таърихи 23 феврали соли 1993 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки ҷавонмардона барои ҳифзи ин марзу бум ва барои оромии ин миллат ва ин давлат омода буданд ва мехостанд, ки ин сарзамини аҷдодиро, ки таърихи ҳазорсолаҳо дорад ҳифз намоянд ва мехостанд, ки ҳукумати конститутсионӣ барқарор гардида, Артиши миллӣ таъсис ёфт ва то имрӯз чун сутунҳои пойбарҷо суботи сиёсии давлатро устувор нигоҳ медорад.
Агар ба таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ дақиқ таваҷҷуҳ намоем дар тӯли 32 соли таъсиси худ се марҳалаи муҳимро аз сар гузаронидааст:
Марҳалаи якум: Дар аввал мақсаду маром ва ҳадафи асосии ба роҳ мондан ё таъсис додани Артиши миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили нерӯи ҳарбие буд, ки он бояд музаффариятҳои истиқлолият, оромӣ дар кишвар, суботи сиёсӣ ва озодии шаҳрвандони мамлакат ва сулҳу оромии кишварро таъмин намоянд. Дар ин замина гурӯҳҳои зудамал ва саривақтӣ ташкил карда шуданд, ки ҳадаф ва мақсад аз ташкили онҳо мубориза ва муқовимат бар зидди қувваҳои иртиҷоӣ ва зиддиҳукуматӣ буд. Зеро ин қувваҳо мехостанд ба ҳар роҳ сохти конститутсиониро дар кишвар аз байн бурда, ҳукуматро ба даст гиранд. Бояд ёдовар шуд, ки ин қувваҳо аз ду гурӯҳ иборат буданд, ки гурӯҳи аввал дар дохили ҷумҳурӣ буд, ки бо кумаку дастгирии гурӯҳи дуюмӣ, яъне “хоҷагони беруна”, ки онҳоро, бо яроқу аслиҳа ва дигар техникаҳои ҷангӣ таъмин мекарданд. Ин гурӯҳи худбохтагони дохилӣ бо истифода аз яроқҳои оташфишон кӯшиш ба харҷ медоданд, ки шахсиятҳои баруманди кишвар, аз ҷумла ходимони давлатӣ ва сиёсӣ ва он нафароне, ки баҳри ободии ин кишвар хизматҳои шоён карда буданд, аз байн баранд ва ин сарзаминро бо ду дасти адаб ба хоҷагонашон бубахшанд. Дар ин марҳала Артиши миллӣ бар зидди онҳо истодагарӣ намуда, саҳми худро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ расонид. Бо ҳазорон ҷоннисориву талошҳову шуҷоату матонат соли 1994 ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа қариб тамоми ҳудуди ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд.
Марҳалаи дуюм: Дар ин марҳала, яъне дар солҳои 1994 то 1996 Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сифатан ташаккул ва такомул ёфт. Дар ин давра аллакай мамлакат дорои як қатор кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассисон гардида буд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони далеру шуҷоъ барои фаро гирифтани таҳсилоти ҳарбӣ ба коллеҷу донишкадаву донишгоҳҳои ҳарбии Федератсияи Русия, Украина, Белорусия ва ғайра фиристода шуданд, ки баъдан ин мутахассисон аз таҷрибаи ҳарбии он кишварҳо бархурдор гардида, дар сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳову шуъбаҳои алоҳида ташкил намуда, ба ин восита иқтидори ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро қавитар намуданд. Инчунин дар ҷумҳурӣ коллеҷи ҳарбӣ таъсис дода шуд, ки барои омода намудани афсарони касбӣ ба фаъолият оғоз бахшид. Баъдан ин коллеҷ ба Донишкадаи ҳарбӣ табдил дода шуда, яке аз муассисаҳои асосии тайёр намудани кадрҳои миллии ҳарбӣ ба ҳисоб мерафт. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар ин марҳала дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Артиши миллии Тоҷикистон “Қӯшунҳои хушкигард”, “Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ”, “Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ” ташкил карда шуданд, ки ҳар яки ин ниҳодҳо дар алоҳидагӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбиашон то имрӯз ҷиҳати суботи сиёсӣ, амнияту оромии кишвар саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.
Марҳалаи сеюм: Дар ин марҳалаи ҳассос, ки баъд аз соли 1997 оғоз гардид, (яъне баъд аз имзои Созишномаи сулҳу истиқрори миллӣ байни Ҳукумати конститутсионӣ ва роҳбарияти мухолифин) таъсиси як қатор сохторҳои Артиши миллии Тоҷикистон оғоз шуд. Бояд ёдовар шуд, ки баъди ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон бо Федератсияи Русия якчанд созишномаву ёддошти тафоҳумҳоро дар соҳаи ҳарбӣ ба роҳ монд дар марҳалаи сеюми рушди Артиши миллӣ ёрии бевоситаи дастгоҳи машваратчиёни Федератсияи Русия намудҳои нави қӯшунҳо таъсис дода шуданд.
Қобил ба зикр аст, ки ин се марҳалае, ки дар боло қайд гардиданд заминаҳои хубе барои рушду густариши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овард.
Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, бо кӯшишу талошу ҷоннисориву заҳматҳои шабонарӯзии афсарону сарбозони шуҷоъи Ватан вазъ дар кишвар муътадил арзёбӣ гардида, ободӣ, пешравӣ, шукуфоӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти аҳолӣ аз талошҳои шабонарӯзии кормандони ин сохторҳо маншаъ мегирад.
Ҷашни Артиши миллӣ ба кулли ҳамватанони азиз муборак бод!
ЗИЁЕВ СУБҲИДДИН НАСРИЕВИЧ,
номзади илмҳои филология, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Санъати ҳарбии аҷдоди қадими тоҷикон
Қадимтарин сарчашмаҳои хаттии қабоили ориёитабор - «Ригведа» ва «Авесто» гувоҳӣ медиҳанд, ки дар давлатҳои қадими Бохтар ва Суғд табақаи низомиён вуҷуд дошт, ки “саворагони дучархаҳои ҷангӣ” унвон дошта, бо вижагиҳои либос ва умуман, намуди зоҳирӣ аз дигар гуруҳҳои ҷамъиятӣ фарқ мекарданд. Бо ташаккулёбии давлатдориҳои мазкур дар сарзамини Осиёи Миёна санъати ҳарбӣ низ рушду такомул меёфт. Агар қаблан ҷангҳо характери байни қабилавӣ дошта бошанд, акнун сипоҳиён рисолати дигар – ҳифзи якпорчагии давлат ва муҳофизати сарҳадҳои онро пайгирӣ мекарданд. Марзҳои давлатҳои мазкур бо истеҳкомҳо иҳота шуда буданд. Артиши давлатҳои қадими Бохтар ва Суғд аз сарбозони савораи мусаллаҳ иборат буд, ки зиреҳ ва кулоҳ ба бар карда буданд. Ин гуна таҷҳизот ва навъҳои аслиҳа баъдтар дар охири асри V пеш аз милод дар Эрон ва Осиёи Ғарбӣ низ паҳн шуда буд.
Яроқу аслиҳа
Дар мавриди яроқу аслиҳаи бохтариён ва суғдиёни қадим бояд иброз дошт, ки онҳо зимни ҳамла ба душман бештар аз ханҷар ва шамшерҳои оҳанин ва баъзан биринҷӣ истифода мебурданд. Сарбозони бохтарӣ ханҷарҳои хешро, ки феълан бо номи корд маъмул аст ва дар сарчашмаҳо бо истилоҳи «акинак» ёд мешавад, дар камарбанди тарафи рости худ нигоҳдорӣ мекарданд. Дарозии шамшерҳои онҳо то 1,2 м. мерасид. Дар набард аксар вақт табарҳои ҷангии оҳанини як ва дудама—сагариҳо истифода мешуданд. Дар набардҳо аз найзаҳо низ, ки хеле дароз буданд, васеъ истифода мебурданд. Воқеан, бояд зикр кард, ки бохтариёни қадим найзаандозони хеле моҳир буданд, ки сарчашмаҳои хаттӣ ва мадракҳои бостоншиносӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд. Тиру камон низ ҳамчун силоҳи дурандоз дар байни бохтариён ва суғдиён хеле маъмул гашта буд. Барои омода кардани тирҳои бохтарӣ, суғдӣ, парфиёнӣ ва хоразмӣ асосан аз най истифода мебурданд.
Тактика ва стратегия. Иншооти мудофиавӣ-ҳарбӣ
Бештар аз дуюним ҳазор сол пеш аз ин аҷдоди тоҷикон усулҳои бурдани чангро коркард намуданд. Хеле моҳирона аз усули ақибнишинии стратегӣ истифода мебурданд.
Ҳанӯз дар асрҳои VII-V пеш аз милод дар Бохтар истеҳкомҳо сохта шуда буданд. Дар Бохтари Шимолӣ, дар поёноби руди Кофарниҳон, дар шаҳраки Қалъаи Мири ноҳияи Қубодиён маҷмуаи истиқоматии хеле харобшудаи замони бохтариёни қадим кашф шудааст, ки гувоҳи гуфтаҳои болост. Дар ин ҷо бисьёр унсурҳои таҷҳизоти ҳарбӣ, тирҳои биринҷӣ, ки ба давраи подшоҳии Бохтар тааллуқ доранд, пайдо гардиданд.
Дар лашкари Ҳахоманишиён бохтариён хеле зиёд буданд. Ба ҷуз аз бохтариҳо, ба ин лашкар суғдиҳо ва ҳиндуҳо низ дохил мешуданд. Савораи вазнини мусаллаҳ, бори аввал дар лашкари Ҳахоманишиҳо дар миёнаҳои асри V пеш аз мелод пайдо мешавад. Бояд зикр кард, ки ғалабаро аз болои юнониҳо маҳз онҳо таъмин намуда буданд.
Санъати чангии Ҳайтолиён
Санъати ҳарбии аҷдоди тоҷикон дар садсолаҳои баъдӣ рушду такомул ёфта, дар ибтидои асрҳои миёна ба авҷи баланд расид. Ҳайтолиён, ки як давраи кутоҳе ҳукмронӣ кардаанд, аз ҷиҳати маҳорати ҳарбӣ аз бисьёр давлатҳои минтақа бартарӣ доштанд. Санъати ҳарбии онҳо, бахусус дар стратегия ва усулҳои гузаронидани набардҳо таҷассум мегардид. Барои мудофиа аз усулҳои гуногуни ҳарбӣ, аз қабили кандани ҳандакҳои чуқур васеъ истифода мебурданд. Артиши Ҳайтолиён хеле пурқувват буда, ба шарофати инфрасохтори пешрафтаи иқтисодӣ, кишоварзӣ ва истеҳсолоти ҳунармандӣ бо яроҳу аслиҳаи беҳтарин мусаллаҳ буданд. Ҳайтолиён ақибгоҳи мустаҳкам доштанд. Дар ҷангҳои ҳалкунанда Ҳайтолиён усули акибнишиниро ба кор бурда, душманро ба доми худ мекашиданд. Ҳайтолиён нишонзанҳои моҳир маҳсуб меёфтанд. Вале аслиҳаи асосии онҳо шамшер буд, ки 94 см дарозӣ дошт.
Ҳолати ҳарбӣ-ҷангии Бармакиён, Тоҳириён ва Саффориён
Дар идораи харбии хилофат яке аз сулолаҳои маҳалӣ бо исми Бармакиён тавонистанд, ки аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ артиши бузурге таъсис диҳанд, ки гӯё ба 500 ҳазор нафар мерасид. Лашкари тавонои Бармакиён ҳатто ба хилофати араб тахдид мекард (ИТН. Т.2. С.321). Дар замони Тоҳириён феодалҳои маҳаллӣ отрядҳои ғозиёнро, ки ба истилоҳ «муборизони эътиқод» ва «ал-мутавул», ки маънояш «ихтиёриён» мебошанд, таъсис доданд.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳо Саффориён дар ибтидо ду ҳазор сарбоз доштанд, вале аллакай дар солҳои 874-75 теъдоди лашкари онҳо ба 15000 аскари савора ба пиёда расида буд. Сарбозони Яқуб ибни Лайси саффор хеле хуб мусаллаҳ шуда буданд. Дар набардҳои ҳалкунанда, махсусан ҳангоми забт кардани калъаҳо, Яъқуб аз 5 ҳазор шутури бохтарӣ ва 10 ҳазор хар истифода мебурд. Илова бар ин, дар ҷангҳо филҳои ҷангӣ низ истифода мешуданд, ки миёни урдуи душман тарсу ваҳм бармеангехтанд.
САНЪАТИ ҲАРБИИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН
Таркиб, сохтор ва навъҳои Артиш дар давлати Сомониён дар замони подшоҳии Исмоили Сомонӣ ва ворисони ӯ асос гузошта шуд. Дар сафи лашкари Сомониён дар баробари тоҷикон, туркҳо, арабҳо, курдҳо, ҳиндуҳо ва намояндагони дигар миллатҳо хизмат мекарданд. Вазифаи ҳиндуҳо аз нигоҳубин ва назорати филҳои ҷангӣ иборат буд. Дар дафтари низомии давлати Сомониён ҳуҷҷати муҳимми нигоҳдории маълумот - китоби баҳисобгирии афсарон мавҷуд буд. Дар он тамоми маълумот дар бораи шахсияти ҳар як сарвари низомӣ, аз ҷумла насаб, ном, миллат ва навъи қушун, инчунин вазъи хизматчиёни ҳарбӣ дар тӯли як сол сабт шудааст. Тибқи иттилоъи ин санад ҷанговарони давлати Сомониён ҳуқуқ надоштанд, ки ба артиши дигар кишварҳо шомил гарданд. Танҳо ҷанговарони доимӣва касбӣ мунтазам маош мегирифтанд. Дар давраи ҷангҳо фармони сафарбаркунии умумӣ содир гардида, аз ҳисоби аҳолии деҳот ҳайати лашкар пурра карда мешуд. Яке аз вижагиҳои лашкари Сомониён дар он буд, ки он ба ду тоифа – посбонони доимӣ ва дастаҳои муваққатӣ тақсим мешуд. Мақоми аз ҳама баландро дар лашкари Сомониён сипаҳсолор - сарлашкар ишғол мекард. Мутаассифона, дар нимаи дуюми асри Х амирони сомонӣ, ки худ бештар ба айшу ишрат дода шуда буданд, зимоми идории лашкарро ба ғуломони турк доданд, ки ин ҳолат, ба ақидаи муҳаққиқон, яке аз сабабҳои инқироз ва парокандашавии давлати бузурги Сомониён маҳсуб меёбад.
ТАКТИКА ВА СТРАТЕГИЯ
Усулҳои гузаронидани набард дар лашкари Сомониён вижагиҳои худро дошт. Яке аз усулҳои маъмул он буд, ки сарбозон дар панҷ сутун саф мекашиданд. Қисмати пеш ё дастаҳои пешгард, қисми қафо, паҳлӯҳои рост ва чап. Қисмати марказ муҳимтарин сутун маҳсуб меёфт. Ҳуҷумро ба урдуи душман дастаҳои савора оғоз мекарданд, аз паси онҳо сарбозони пиёда ва тирандозон ҳуҷумро идома медоданд. Барои ҳуҷуми ногаҳонӣ сарбозон аз ду ҷониб камин мегирифтанд. Бо ин мақсад бештар гузаргоҳҳои куҳӣ дар роҳи душман истифода бурда мешуданд. Дар ин гуна гузаргоҳҳо дастаҳои пешгом аз усули ақибнишинии стратегӣ истифода намуда, душманро ба дарунтари дара мекашиданд. Дар лаҳзаи муносиб дастаҳои камингирифта ногаҳон ба душман ҳуҷум оварда, муҳорибаро ба фоидаи хеш анҷом медоданд.
АРТИШ ВА ХИЗМАТИ ХАРБӢ ДАР АМОРАТИ БУХОРО
Аз асрҳои XIV–XVто замони таъсис ёфтани аморати Бухоро низоми лашкар, стратегияи ҳарбӣ, тактикаи ҷангӣ ва мудофиа, рутбаҳо ва мансабҳои ҳарбӣ, вазифаҳо амалан бетағйир монданд. Қоидаҳои ҳарбӣ дар асоси анъанаҳои муғулҳо ва аҳолии маҳаллӣ тартиб ёфта буданд. Дар низоми лашкардории аморати Бухоро танҳо дар асри XIX таҳаввулот ба амал омада, артиши доимӣтаъсис дода шуд. Марҳалаи якуми ташкил ёфтани артиши мунтазами аморати Бухоро то солҳои 30-юми асри XIX давом кардааст. Марҳалаи дуюми ташаккули идораи лашкар ва низоми ҳарбии аморати Бухоро то солхои 60-уми асри XIX идома кардааст.
Дар замони амир Насрулло (1827—1860) лашкари аморат ба дастаҳои 100-нафарӣ тақсим шуда, ба ҳар як даста як мири сад сардорӣ мекард. Ба дастаи иборат аз 50 нафар панҷбошӣ роҳбарӣ мекард. Дастаҳои даҳнафарӣ низ мавҷуд буданд, ки тахти фармондеҳии даҳбошӣ қарор доштанд.
Дар охири асри ХХ дар аморат баъзе ислоҳот гузаронида шуд. Ислоҳоти низомии соли 1895, ки амир Сайид Абдулаҳадхон анҷом дод, ба шумораи сарбозон дахл дошт. Вай шумораи сарбозонро аз 11.400 то 10.000 нафар кам кард, ки он аз 12 батальон (8200 сарбоз, 52 офицер ва 12 командири дивизия), 2 эскадрильяи савора (600 сарбоз, 5 офицер ва 2 командири артиш) иборат буд. Дар солҳои 1917—1920 артиши аморати Бухоро аз ҳафт дивизия иборат буд.
ДАР АРТИШИ ШУРАВӢ
Артиши ҷавони Шуравӣ дар Тоҷикистон дар давраи муборизаи зидди гуруҳҳои босмачиён ташкил шуда буд. Бояд зикр кард, ки Давлати Шуравӣ дар ҷумҳуриҳои бародарӣ артишҳои миллӣ таъсис надод. Намояндагони ин ҷумҳуриҳо дар сафи Артиши Шуравӣ хизмат карда, маҳорати ҷангии худро баланд мебардоштанд. Аввалин қисми низомии Артиши Сурх аз ҷониби ихтиёриён дар шаҳри Хуҷанд ташкил шуда буд. Дар ин қисми ҳарбӣ аз тоҷикони маҳаллӣ нахустин афсарони сурх Чура Зокиров, Баротбек Хотамбек, Юсуф Маюнус, Ахмад Узбеков, Дадабой Холматов, Абдуғафор Бокибой, Усмон Газиев, Турсун Нурматов, Додо Норматов хизмат мекарданд.
ШУҶОАТИ ТОҶИКОН ДАР ҶБВ
Саҳми ҷанговарони тоҷик, бахусус дар набардҳои ҶБВ хеле назаррас аст. Дар ҶБВ аз Тоҷикистон 290000 нафар сафарбар шуда, зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо аз майдони ҷанг барнагаштанд. 58000 ҷанговарони тоҷик бо ордену медал сарфароз шуданд. 54 нафар унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, 19 нафар ба ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» мушарраф гардиданд.
Дар Тоҷикистон дивизияи 20-уми ордени Лениндори Савораи куҳӣ дар моҳи октябри соли 1941 таъсис ёфта буд. Ин дивизия ба муҳофизати Москва фиристода шуда, баъдтар дар муҳорибаҳои зиёд дар бисьёр фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуд. Моҳи декабри соли 1941 дар Тоҷикистон бригадаҳои алоҳидаи тирандози 98 ва 99 ташкил карда шуданд. Дар солҳои 1941—1942 дивизияҳои 104, 61 ва 63-уми савора ташкил карда шуданд. Баъдан боз якчанд воҳидҳои ҷудогона ба фронт фиристода шуданд, ки дар байни онҳо баталёни 31-уми алоҳидаи тирандози тоҷикон низ буд. Илова бар ин, тоҷикон дар ҳайати 11 воҳиди нави низомӣ, ки дар Тоҷикистон ташкил шуда буданд, меҷангиданд. Дар байни онҳо баталёнҳои 45-уми савораи эҳтиётӣ, 179-уми миномётӣ ва 213-уми гвардиявии артиллерия, полки 106-уми ҳавоии ҳуҷумкунанда фарқ мекарданд. Дар солҳои минбаъдаи ҷанг полки 45-уми савораи эҳтиётӣ ва полки 179-уми миномётчиён ташкил карда шуд. Ҳамаи ин қисмҳои ҳарбӣ, ки дар ҳайати онҳо тоҷикон низ буданд, дар муҳорибаҳои калони такдирсоз ба муқобили истилогарони фашистӣ иштирок доштанд.
Ташаккул ва рушди ҚМ Тоҷикистони соҳибистиқлол
Таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ба се марҳила тақсим кард. Давраи аввал аз соли 1992 – аз таъсис ёфтани Кумитаи дифоъ оғоз гардида, то моҳи июни соли 1997 давом кардааст. Ҳадафи асосии давраи аввал таъсиси Артиши миллӣ– ташкили қувваҳои мусаллаҳи қодир ба таъмини истиқлолият, якпорчагии Ватан ва ҳаёти осоишта буд. Дар ин давра асосҳои меъёрию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда, қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ» ва дигар қонунҳои муҳимми ташкилӣ ва хуҷҷатҳои зарурӣ қабул карда шуданд.
Давраи дуюм аз соли 1997 оғоз шуда, то соли 2005-ро дар бар мегирад. Ин давраи азнавташкилдиҳии сохтории Артиши миллӣ мебошад. Дар ин давра навъҳои асосӣ — қушунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва қувваҳои мудофиаи ҳавоӣ ташкил карда шуданд.
Давраи сеюм, ки аз соли 2005 оғоз гардида, то имрӯз идома карда истодааст, барои бозсозӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии Вазорати мудофиа шароит фароҳам овард. Ҳамин тавр, дар тӯли 32 соли фаъолияташ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои таъсиси ибтидоии қисмҳои ҳарбӣ (1992—1997), ташкили Артиши миллӣ ва ташкили навъҳои гуногуни қӯшунҳо (1997-2005) ва давраи ислоҳот, ки аз 15 октябри соли 2005 оғоз гардида, то имрӯз идома дорад, паси сар кардааст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ марҳилаи ташаккул, рушд, муттаҳидшавӣ ва таҳкими сохторҳои навтаъсисро аз сар гузаронида. дар санъати ҳарбӣ, тактика ва стратегия дар Осиёи Марказӣ яке аз артишҳои пешгом маҳсуб меёбад.
Мирзоев Ҷ.А. - ходими пешбари Шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ
Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам,
Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.
(Ҳабиб Юсуфӣ)
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мунттазам таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат, баҳри ҳифзи Ватани аҷдодиямон, ҳимоя ва таҳкими дастовардҳо дар даврони истиқлолият, пойдору мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, пешгирӣнамудан аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо, гурӯҳҳои мақсади террористию-эктримистӣ дошта ва мубориза бар зидди онҳо, ки вазифаи муқаддасу пуршарафи ҳар як родмардӣ Ватан ба ҳисоб рафта, аз шартҳои асосии таъмини оромию осоиштагии давлат ва ҷомеа маҳсуб дониста мешаванд, устуворона қадам ниҳода истодааст.
Артиши миллии Тоҷикистон, ки ҳеҷ меросе аз собиқ Итиҳоди Шӯравӣ нагирифтааст, ягона артиши Осиёи Марказист, ки аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар муддати кӯтоҳ гузашта, ғолибиятро ба даст овардааст. Дар авҷи ҷанги дохилӣ соли 1993 шурӯъ намудани фаъолияти Артиши Миллӣ баҳри амниятӣВатан, натиҷае аз фидокории родмардони ҷонфидо, дарак медиҳад.
Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1997 пайваста дар тамринҳои ҷангии минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, баҳри ҳифзи Ватан алайҳи душман ва дигар зуҳуроти номатлуби терроризми байналмилалии дохилию марзӣ дошта, саҳми беандозае гузошта истодаанд. Дар назди ҳар як ҷавонмарди боору бономус, ки дӯстори ватананд, адои хизмати Ватан ва содиқ будан ба он ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат аст ҳам қарз асту, ҳам фарз.
Модар-Ватан! Ин ду калима, ки ҳарду аз панҷ ҳарфи иборатанд, дар мазмуну мундариҷа он қадар маънӣ, шукӯҳу шаҳомат доранд, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида шуданду ва боз шеъру таронаҳо сароида хоҳанд шуд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас мебошанд, ки барои ҳифзашон фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд! Тифл баробари ба олами ҳастӣ омадану чашм кушодан аз бӯи онҳо машом муаттар карда, бо ҷону дил дӯсташон медорад ва дар оғӯши Ватан хору зор нашуда зиста ба воя мерасад. Шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шерали ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар донистааст:
Ватан cap мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар,
Ватан cap мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан, зодгоҳ, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд. Беҳӯда нагуфтаанд, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модарӣ мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари дар асл, моро ба дунё оварда бошад, Ватан дар навбати худ, моро навозишкорона дар оғуши гарми худ гузошта, барои идомаи зиндагии рангин роҳнамо гаштааст. Халқи тоҷик миллатест, ки ҷоннисорӣ марзу буми хеш буда, барои дар амон мондани Ватан худро қурбон мекунанд. Таърих гувоҳ аст! Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеь далели гуфтаҳои болост.
Имрӯз, ки Артиши милли Тоҷикистони азизамон ба синни 32-солагӣ қадам мемонад, ҳамаи муҳофизони Ватани азизамон, родмардон, падарон ва фарзандони фарзонаи миллатро бо ин иди бузург табрик менамоям.
Азизуллозода Майсара Нурулло - ходими илмии Шуъбаи таърихи илм ва техникаи ИТБМ ба номи А.Дониши АМИТ
Ҳар кишваре, ки соҳибистиқлол мегардад дорои артиши миллии худ аст, вале Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон замоне таъсис додашуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар ангушт шумор буданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ сиёсӣ ва муноқишаву ҷангҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳу умедбахши худ оғоз намуд. Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки баъди хомӯш шудани ҷанги дохилӣ ба иқтисодиёти мамлакати мо тахминан 10 млрд доллари амрикоӣ зарар расид, аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳаждаҳуми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, бисту сеюми феврали соли 1993 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гашт, ки он рӯз ҳамчун рӯзи гузоштани хишти нахустини пойдевори ин арки боҳашамат, яъне рӯзи таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳукумати мамлакатамон бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таъмин, таҷдид ва азнавсозии инфрасохтор, таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ солҳои (1992-1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандонаву софдилона ва ҳушмандонаву зиракона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои бадхоҳу бадтинат рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври бояду шояд адо мекарданд.
То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се навъи асосӣ ҷудо мешуд : Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ . Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамуданд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ буданд, ки аксарияти онҳо аз солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои бузургеро анҷом медоданд. Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, то ҳанӯз идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд, дар замина Колеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии ходимони ҳарбӣ ғамхориҳои пайваста зоҳир менамояд. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамаи мушкилиҳову маҳрумиятҳои дар пеши роҳбударо бартараф карда, давра бадавра шакл гирифт ва муҷаҳҳазу мусаллаҳ гардид. Ҳоло Артиши миллии мо ҳамчун нерӯи обутоб ёфта, ҷангдида, бошуҷоату ватандӯст ва яке аз муқаддасоти миллӣ–рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад. Мансаби рохбарикунандаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Собирзода Эмомалӣ аст. Имрӯзҳо маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа Артиши миллии Тоҷикистон, бинобар ҷангдида ва корозмуда будан, аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа шуморида мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу суббот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои авали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд. Чунки ҳеҷ як давлату халқият бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат аст. Бояд, ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар абармардони бо нангу номуси миллат бадаст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд. Мо ҷавонон, ки ояндагони ин миллати пурғановат ва ин диёри биҳиштосоем, талош менамоем, ки дар пешрафти Артиши миллӣ саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани худ сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат кунем. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона иҷро намудааст, ифтихори бузург аст. Маҳз ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Сиву ду сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст.
Дар зарфи беш аз се даҳсола Артиши миллии Тоҷикистон ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва меҳнату мардонагӣ табдилёфта, то имрӯз дар сафҳои худ садҳо ҳазор ҷавони обутоб ёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номус хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираҳо истифода мекунад. Зеро дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён аз сарбози қаторӣ тоафсари оли рутба вобаста мебошад. Аз ин хотир, ҳар афсару сарбоз ва ҳар ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ, аз ӯ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият бахалқу Ватанро талаб менамояд. Чун ки ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат бар зимаи хизматчиёни ҳарбӣ, яъне ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзу ҳуқуқ гузошта шудааст ва онҳо вазифадоранд, ки ин неъмати бебаҳо сулҳу суббот ва оромиву осоиши ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд. Ҳар ҷавон бохизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.
Муборак бод, ҷашни нурборат, Артиши миллӣ,
Муборак бод, авҷи ифтихорат, Артиши миллӣ.
Ба миллат, бо Ватан, бо амри Сарфармондеҳи Олӣ,
Муборак бод, аҳди устуворат, Артиши миллӣ.
Магистранти курси 1-уми ихтисоси 1-260101(идораи давлатӣ)-и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич
Абуали Сино — гений веков, просветитель умов, выдающийся философ, поэт и врач, который до сих пор поражает мир науки своим величием знаний, философским мировоззрением и раскрытием тайн человеческого бытия. Он был достойным сыном таджикского народа и родился в благородной Бухаре на земле своих предков. Абуали Сино достиг таких высот в науках своего времени, что был удостоен высоких титулов, таких как Шайхурраис (великий учитель), Раисулуқало (глава мудрецов), Хуччатулхак (доказатель истины), а также «Учитель» и «Наставник». На протяжении веков продолжаются споры о его этнической принадлежности, в которых участвуют арабы, турки и другие народы, что само по себе ,весьма любопытно. Однако из его собственной биографии следует, что его мать, Ситорабону, была таджичкой из Бухары, а отец, Абдулло, был таджиком из Балха. Поэтому дальнейшие дискуссии и попытки присвоить его наследие не имеют смысла.
Он, еще при жизни отвергая подобные споры, говорил:
Будь осторожен и избегай, дабы не настиг тебя,
Либо клинок моих слов, либо слово моего клинка (дос. перев.).
Используя его величие, сегодня кочевые племена, которые во времена его жизни еще не существовали как сформированные народы, пытаются приписать его себе. Почему же все хотят сделать его представителем именно своей нации? Следует отметить, что Сино был уникальной личностью, которая смогла найти ответы на все вопросы своего времени, кроме смерти. Именно поэтому уже более тысячи лет таджики и другие иранские народы гордятся его именем, знанием и умом , выражая к нему глубокое уважение. Даже спустя тысячу лет его стихи не потеряли своей искренности и значения. Сино также был мастером языка, создавшим первый учебник по фонетике.
Академик Мусо Диноршоев отмечает, что заслуга Абуали Сино в познании человеческой природы заключается не только в том, что он с особой тщательностью разработал научную диагностику, теорию профилактики и лечения болезней, но и в тех открытиях и идеях, которые предсказали будущее медицины.[1]
Действительно, вклад Абуали Сино в развитие знаний о человеке, в том числе в области медицины и философии, чрезвычайно велик.
Он разделил предметы науки на две категории. Первая – это темы, связанные с человеком, такие как поведение и поступки. Вторая – это темы, которые рассматривают явления, существующие независимо от человека, то есть практическую философию, включающую вопросы политики, этики и определения обязанностей человека в обществе.
Только медицинских трудов этого мыслителя насчитывается более 40. Следует отметить, что большинство его медицинских произведений написаны на арабском языке, за исключением «Трактата о пульсе», который был создан на его родном языке, что мало кому известно.
Из 276 крупных и малых книг, написанных Ибн Синой, 182 посвящены вопросам философии и точных наук. Среди его самых известных философских трудов – «Книга исцеления», «Книга спасения», «Указания» и «Книга знаний». «Книгу знаний» он написал на родном языке, которые исчитается первым философским произведением, созданным на таджикско-персидском языке.[2]
Медицинские взгляды Сино сыграли важную роль в формировании и развитии теоретических и практических знаний многих ученых и философов. Даже спустя века его идеи порождали многочисленные научные дискуссии среди врачей и мыслителей. О величии и мудрости этого мудреца написаны не только многочисленные книги и статьи, но и выдающиеся мыслители мира оставили о нем возвышенные слова.
Другая сторона величия учения Сино заключается в том, что он в основном опирался на естественные и точные науки, обогащая ими свои педагогические и воспитательные взгляды. Например, в книге «Канон врачебной науки» этот проницательный мыслитель согласовал некоторые элементы науки о спорте с основными законами медицины, представив физическое воспитание как науку, сохраняющую здоровье и благополучие человека.
По этому поводу он пишет в «Уруджуза фи-т-тиб»: «Медицина в своей основе защищает здоровье. Она лечит болезнь, исходя из симптомов, проявляющихся в организме».
Его величайший труд – «Канон врачебной науки», состоящий из пяти томов медицинской энциклопедии, принес ему мировую известность. Он завершил его в 1020 году. «Канон врачебной науки» был написан на арабском языке и впервые переведен на латынь в XII веке. После появления печатного станка, в 1473 году, этот бесценный труд стал распространяться отдельными изданиями по всему миру. Всего через 30 лет «Канон врачебной науки» был опубликован на латыни более 16 раз.
Безусловно, наличие такого гения в истории имеет особое значение, что и сегодня является предметом различных дискуссий. Сам Сино отмечал: «Люди, постигающие истину и сущность мира, чистосердечны, смелы и полны стремлений. Их следует называть мудрецами и учеными». Однако те, кто прибегает ко лжи в науке и присваивает себе великих личностей других народов, остаются далеки от реальности. В этом смысле высказывание Сино: «Интеллектуальное знание не нуждается в существовании отдельных объектов и может описывать их и без этого»[3] — остается актуальным. Из этого следует, что попытки присвоить себе Шайхурраиса Абуали Сино не имеют ни логики, ни смысла. Несмотря на это, попытки чужаков присвоить национальную принадлежность Ибн Сино бессмысленны. Он сам в свое время писал: «Турки и занги – рабы». Какой же смысл сегодня имеют турецкие претензии на него? Из всего сказанного в статье можно сделать следующие выводы:
Во-первых, тем, кто хочет причислить его к своей нации для возвеличивания себя, мы желаем чести, уважения и научного могущества. Конечно, солнце невозможно скрыть в подоле.
Во-вторых, эти действия после обретения независимости направлены на создание национальной идентичности своего молодого народа. Можно ли сегодня гордиться именами жестоких завоевателей, таких как Чингисхан и Тимур? Конечно, нет. Следовательно, присвоение исторических личностей других народов, их книг, традиций и культуры – это лишь способ ложного самовыражения.
В-третьих, присвоение наших великих личностей чужаками несет потенциальные репутационные угрозы, которые в настоящее время используются против нас как инструмент мягкой силы. Поэтому мы должны проявлять политическую и культурную бдительность и уметь защищать свои национальные ценности. Стоит отметить, что попытки присвоить исторические города, культурные достижения и традиции нашего народа чужаками подобны болезни, которая обостряется, но затем снова затихает. Однако осознание и признание этой горькой истины, несмотря на ее негативные последствия, в международной и исторической перспективе лишь дискредитирует и разоблачает самих фальсификаторов.
Таким образом, Абуали Сино – философ, ученый и раскрывающий тайны науки таджиков. Будучи великим сыном таджикского народа, он всегда ставил разум и мудрость выше всего остального. Он утверждал, что человек должен оберегать свое мышление от низости и порочности. Поэтому он считал разум критерием развития общества и личности. В XXI веке, когда человечество уже достигло высот космоса, дискуссии о том, кто, откуда родом и к какому народу принадлежит, утратили смысл. Солнце остается солнцем – пользуйтесь его теплом. Оно не принадлежит ни одной нации или вероисповеданию. И выразите тысячу благодарностей его таджикской матери Ситорабону за то, что она подарила нам и всему миру великого Сино.
Мухаммад Абдурахмон, - член-корреспондент НАНТ, доктор политических наук, профессор.
[1] Диноршоев М. Натурфилософия Ибн Сины. .- С 16
[2] Ниг.: Раҳим Ҳошим. Ибни Сино. -С.
[3] Ниг.: У. Султонов Ақидаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии Абӯалӣ Ибни Сино. - С.77-78.
“Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад. Ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси хешро фаромӯш созад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Ба ифтихори 32 умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикиситон
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Дар яке аз суханрониҳои худ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба садоқати ин неруи тавоно ва сипари боэътимоди давлат қайд намуданд: «Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст»[1].
Агар ба саҳифаҳои таърих назар андозем, мебинем, ки то соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ иборат буд. Акнун дар алоҳидагӣ ба таҳлили онҳо назар мекунем.[2]
Навъи якум: Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1993 ташкил шуда, аз сершумортарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ буд. Қӯшунҳои хушкигард 70 дарсади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар ҳайати Қӯшунҳои хушкигард асосан ҷузъу томҳои низомии савораи тирандоз, танкӣ ва артиллерия фаъолият мекунанд. Ҳамасола қисмҳои низомии ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат машқҳои васеи низомӣ доир намуда, омодагии ҷангии худро пайваста сайқал медиҳанд.
Навъи дуюм: Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоии ҷумҳурӣ аз нахустин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ ба шумор рафта, он ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад.
Навъи сеюм: Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ мебошад, ки соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона соли 2005 ин ду навъи Қувваҳои Мусаллаҳ муттаҳид гардонида, тибқи талаботи меъёрҳои моддаи 5 - уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», алҳол Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ номгузорӣ шудааст.
Бо ҳамин тартиб, аз соли 1999 сар карда то инҷониб тибқи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар дохили кишвар маҷмӯи машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ дар ҳама гарнизонҳо ташкил ва то ҳануз гузаронида мешаванд.
Ба андешаи мо, мақсад аз ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, таъмин намудани амният ва бехатарии миллӣ, таъсис додани қувваҳо ва қисмҳои ҳарбии зудамал, афзоиш додани теъдоди умумии хизматчиёни ҳарбӣ ба шумор меравад.
Бояд зикр намуд, ки дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳарбӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ новобаста аз мавҷудияти мушкилот бо аксар давлатҳои ҷаҳонӣ, махсусан бо Федератсияи Руссия ҳамкории дуҷониба дорад.
Дар самти пешбурди ҳамкориҳо дар соҳаи ҳарбӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои гуногун, ба мисоли Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федералии Олмон, Фаронса ва Амрико таҳсили ҳарбиро идома дода истодаанд.
Лозим ба зикр аст, ки ҳоло Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи обутобёфта, бошуҷоату ватандӯст чун муқаддасоти миллӣ дониста мешавад. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа ба ҳисоб рафта, афсарони ватандусти хеш ҳамеша барои ҳифзи модар-ватан омода мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеотҳо ва таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу суббот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд.
Имрузҳо фазои орому осудаи кишвари соҳибистиқлолу маҳбубамон аз хизматҳои бепоёни афсарону сарбозону шуҷоъи ватан далолат медиҳад, ки ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон содиқ буда, ҳамеша ҳушёру зирак ва матину комронанд.
Илова бар ин, метавон бо камоли хушнудӣ гуфт, ки мардуми Тоҷикистон ва мо ҷавонон, ки давомдиҳандаи ин миллати пурғановат ва ин диёри биҳиштосо ҳастем, бо чунин далерону ҷавонони шуҷоъи ватан ифтихор намуда, бовар дорем, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд.
Достиева Дилафруз - ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Адабиёти истифодашуда:
1.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”. // https://majmilli.tj.
2. Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон https://www.avkd.tj/tg/khabarho/1883-23-fevral-ruzi-artishi-milli-jumhurii-tojikiston.html.
Ба ифтихори 32-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
Тоҷикистон то соҳибистиқлол гаштани кишвар артиши миллӣ ва дигар намуди Қувваҳои Мусаллаҳ надошт. Ҳатто дар ҳайати Ҳукумати он солҳо ягон ниход ё вазорате ба назар гирифта нашуда буд, то корҳои вобаста ба мудофиаро дар ҷумҳурӣ пеш барад. Ҳамаи ин корҳоро Маскав ба ӯҳда дошт ва ҷумҳуриҳои ба ном мустақили собиқ Шӯравӣ танҳо вазифаи таъминкунандаи Артиши Шӯравӣ бо сарбозон ва маводи хӯрокаву пӯшокаро анҷом медоданд, ҳатто корхонаҳои аҳамияти мудофиавӣ дошта, дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ ба нудрат пайдо мешуд, агар пайдо ҳам мешуд, комилан зери назари Маскав ва таҳти идораи намояндагони Кремл ва ё Вазорати мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ қарор доштанд.
Аз ин рӯ, замоне, ки Тоҷикистон Истиқлол ба даст овард, ҷумҳурии мо дорои ягон қуввае набуд, ки ин истиқлолиятро ҳимоя ва ҳифозат намоянд. Набудани қувваҳои мусаллаҳи худӣ он тараф истад, ҳатто надоштани оддитарин намуди яроқу аслиҳаи оташфишон ва худмуҳофизатӣ, набудани афсарони соҳибкасб роҳбарияти олии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро водор кард, то дар як ҷойи холӣ дар кӯтоҳтарин мӯҳлат аз ҳисоби мардум ва бештар аз ҳама аз ҳисоби аъзо ва қисмҳои Ҷабҳаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастаҳои мусаллаҳе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамуданд, ҳамчунин аз ҳисоби даъвати ҷавонон ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис дода шаванд. Ин замоне буд, ки Тоҷикистон дар остонаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт.
Бо ҳамин мақсад, Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эъломияти соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 1992 таҳти рақами №3 қарор мекунад:
1.Дар асоси қисмҳои Ҷабҳаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастаҳои мусаллаҳе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистонро дастгирӣ менамоянд, ҳамчунин аз ҳисоби даъват кардани ҷавонон ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис карда шаванд.
2.Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар бораи ҳайат, сохтори ташкилию штатӣ, таъминоти моддию техникӣ, маҳалҳои ҷойгирии қисмҳои харбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30–декабри соли 1992 таклиф пешниҳод намоянд;
- лоиҳаҳои асноди муҳимтарини қонунгузориро дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад.
3. Кумитаи қонунбарорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи санадҳои қонунгузорӣ оид ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мадад расонад.
Дар асоси қарори мазкур тақрибан тайи ним моҳи декабри соли 1992 ва ду моҳи аввали соли 1993 тамоми асноди лозима омода гардида, дар як вақт ташкили қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳо шурӯъ гардиданд.
Рӯзи 23 феврали соли 1993, бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон дар майдони «Дӯстӣ» - и пойтахт бо иштироки қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои ҳарбии тозатаъсис паради ҳарбӣ баргузор гашт ва ҳамин рӯз, яъне 23 феврал – Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қабул гардид ва ҳар сол 23 феврал дар қаламрави кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Замоне, ки артиши миллӣ таъсис дода шуд, норасойии кадрҳои миллӣ, набудани афсарони касбӣ ва соҳибтаҷриба шадидан эҳсос карда мешуд. Сабаб дар он буд, ки дар замони Шӯравӣ ҳам роҳбарияти Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон ва ҳам Марказ (Москва) дар масъалаи пазириш ба муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва омода кардани кадрҳои маҳаллӣ аҳамияти лозим намедоданд.
Камбуди кадрҳои низомӣ, Ҳукуматро маҷбур кард, ки як теъдод афсарони бегонаро аз хориҷи кишвар, аз Россия, Ӯзбекистон ва дигар ҷумҳуриҳо барои таъсиси қисмҳои ҳарбӣ ва омӯзиши хизматчиёни ҳарбӣ ба ҷумҳурӣдаъват намояд. Ин гурӯҳ дар таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сангҳои аввалро гузошта, то охири солҳои 2005-2006 дар Вазорати мудофиа, Раёсатҳо ва қисмҳои низомӣ ба ҳайси мушовир ва командир ифои вазифа намудаанд. Онҳо дар тули 2-3 сол тавонистанд, ки танҳо нақша ё макети ҚМ-ро ба таври умумӣ созанд.
Бо дарки муҳиммияти масъала ҳам Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам роҳбарияти Вазорати мудофиа аҳамияти аввалиндараҷаро ба омӯзиш ва омода кардани кадрҳои маҳаллӣ ҳам дар хориҷи кашвар ва ҳам дар дохили он ба назар гирифтанд. Дар шаҳриДушанбе аввал курсҳои кӯтоҳмуддат барои омода кардани прапоршикҳо ва баъдан Коллеҷи ҳарбӣ таъсис дода шуд. Баъдтар Колеҷи ҳарбӣ ба Институти ҳарбӣ тағйири ном карда, ҳар сол садҳо афсарони навхатмро ба Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пешкаш менамояд. Ҳамзамон дар хориҷ аз мамлакат: Федератсияи Россия, Қазоқистон, Хитой, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо низ мутахассисони варзидаи соҳаи ҳарбӣ омода карда шуд ва ин раванд ҳануз ҳам идома дорад. Имрӯз камбудии кадрӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ тақрибан аз байн рафтааст.
Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имрӯзҳо бо пуррагӣ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои дар пешашон гузошташуда баромада истодаанд. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадаҳояшон қайд карданд: «Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ба эътидол овардани вазъи мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот, фурӯ нишондани ошӯбҳои исёнгароёна ва зарбаи қатъӣ задан ба ҳамлаҳои берунӣ, несту нобуд кардани гурӯҳ ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, пешгирии табаддулоти ҳарбӣ ва қочоқи маводи мухаддир хизмати беназир кардаанд».
Таърих гувоҳ аст, ки қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ҳанӯз дар замонҳои қадим дорои сипоҳи машқдида будаанд ва аз тарзу усулҳои пешбурди амалиёти ҷангӣ маълумоти кофӣ доштаанд.
Дар китоби «Авасто» омадааст, ки ҷомеаи ориёӣ аз чаҳор табақа- донишмандону сипоҳиён ва ҳунармандону кишоварзон иборат будааст. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки сипоҳиён дар он замон дар ҷомеа дар мақоми дуюм, баъд аз донишмандон қарор доштаанд ва ин дорои эҳтирому нуфузи боло доштани сипоҳиёнро тасдиқ менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Сарфармондеҳи Олии ҚМ дар ҷойи дигар фармудаанд, ки: “Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватанамон мебошад».
Дар ҳақиқат, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ дар мадди назари Пешвои Миллат - Сарфармондеҳи Олӣ қарор дошта, рӯз ба рӯз муҷаҳҳазу мукаммал ва машқдидаву обутобёфта мегарданд.
Ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар машқҳои харбии дар чорчӯби созмону ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ доир гардида, ширкати фаъол намуда, аз худ шуҷоат, донишу малакаи баланди касбӣ нишон дода, борҳо обрӯ ва эътибори Ҷумҳурии Точикистонро баланд бардоштаву ҳифз намуда аз тарафи коршиносони ҳарбӣ баҳои баланд гирифтааст.
Шароити мавҷуд дар минтақа аз мо талаб менамояд, ки барои дар холати омодабош қарор доштани Қувваҳои Мусаллаҳ ва тамоми аҳолии синни даъват ва захираи мамлакат корҳои зиёдеро анҷом дода, чора ва иқдомҳои саривақтӣ бияндешем, то дар ҳолатҳои зарурӣ ғофилгир нашавем.
Бо ин мақсад, иқдоми ҳукумат аз давра ба давра ҷамъ кардани қисме аз аҳолии захираи кишвар дар нуқтаҳои мушаххас ва ба онҳо фаҳмонидани вазифаҳои онҳо, ошно сохтани онҳо бо вазъи мавҷуд, бо баъзе намуди яроқу аслиҳа ва тафтиши омодагии ҷангии ин қисми аҳолӣ аз тадбирҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Баланд бардоштани малакаю омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ аз мустаҳкам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ ва тарбияи маънавию сиёсӣвобастагӣ дорад. Бо ҳамин мақсад 15 октябри соли 2001 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи корҳои тарбиявӣ дар ҚМ ҶТ» интишор гардид.
Дар асоси Консепсияи мазкур дар ҚМ як қатор корҳои судманд, ки ба раванди таъсиррасонии мақсаднок барои тарбияи ҳайати шахсӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба Савганду уҳдадориҳои ҳарбӣравона гардида буд, амалӣ шуданд. Дар чорчӯби ҳамин Консепсия масоили хеле муҳим, аз қабили надик шудан бо аҳолӣ, кушодани почтаи электронӣ ё худ сомонаи Вазири мудофиа, ташкили қуттиҳои арзу шикоят дар ҳудуди қисмҳои ҳарбӣ, ирсоли мактубҳои миннатдорӣ ба падару модарони сарбозони фаъолу пешқадам, ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ ба бозиҳои варзишию фарҳангӣ, ташкили мулоқоти падару модарон бо сарбозон хеле манфиатбахш буданд ва самараи хуб ҳам ба бор оварданд.
Ҳанӯз ҳазор сол пеш сиёсатмадор ва вазири кабири дарбори Салҷуқиён Низомулмулк дар асари безаволи худ «Сиёсатнома» ба масъалаҳои низоми ҳарбӣ диққати ҷиддӣ дода, дувоздаҳ боби асарашро ба санъати ҳарбӣ бахшидааст. Ӯ тамоми бурду бохти лашкар ва ободии мулкро дар ҳамбастагии се омили асосӣ - подшоҳ, лашкар ва раият мебинад.
Маҳз ҳамин мероси пурғановати санъати ҳарбии ниёгон ба мо имконият дод, ки дар ҷойи дар ҳақиқат холӣартиши миллӣ ва дигар рукнҳои давлатдориро таъсис диҳем ва дар як муддати кӯтоҳфаъолияти мунтаззами онҳоро таъмин намоем. Он чӣ низомиёни моро дар роҳи садоқат ба Ватан ва таъмини амнияти кишвар қудрату тавоноӣ мебахшад, ҳамин эҳсоси ирсии аҷдодӣ мебошад.
Мардуми сарбаланд ва сипосгузори Тоҷикистон хотираи неки ҷавонмардонеро, ки ба хотири барқарор намудани сохти конститутсионӣ, истиқрори сулҳу суббот, ҳимояи марзу буми Ватан, хифзи зидагии орому осуда ва меҳнати осоиштаи аҳолии мамлакат ҷони худро қурбон кардаанд, то абад пос медорад.
Холназаров Назар, - ходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Ба ифтихори 32 умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикиситон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар суханрониашон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуда буданд: “Мо ин ниҳоди муҳими давлатиро дар як муддати кутоҳ амалан дар ҷойи холӣ таъсис додем. Мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассисону кадрҳои касбӣ”[1].
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои ташаккулу такомули иқтидори мудофиавии давлат ва Қувваҳои Мусаллаҳи он аз тамоми имкониятҳоро истифода намуда, барои омода намудани ҳайати кадрӣ академияю донишкадаҳо ва литсейю гимназияҳои соҳавӣ кушода гардида, ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо ҳазорҳо афсарону сарбозон таъмин гардиданд. Дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ ҷузъу томҳои гуногун таъсис ёфта, бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардиданд.
Танҳо барои таъмини ҳимояи сарҳади давлатӣ дар радифи раёсату отрядҳо 158 дидбонгоҳи сарҳадӣ ва наздики 190 иншооту биноҳои ёрирасон бунёд карда шуданд. Барои таъминоти ҳаёти маишии ҳарбиён госпиталу биноҳои дигар сохта шуда, садҳо оилаи хизматчиёни ҳарбӣ бо хонаи истиқоматӣ таъмин гардиданд.
Тамрину машқҳои тактикӣ мунтазам баргузор гардида, таҷрибаи ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ба сатҳи зарурӣ расонда мешавад. Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ, машқҳои гуногуни муштарак бо шарикони стратегиямон дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии иштирок кунандагон, ҳамоҳангии сохторҳои низомӣ дар ҳолати ба вуқуъ омадани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиёти тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии руҳиву равонӣ ва қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ мебошад. Инчунин, бояд қайд намуд, ки мо сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, баҳри ҳимояи марзу буми кишварамон бояд ҳамеша омода бошем.
Бояд қайд намуд, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар ба таъсиси Артиши миллӣ заминаи устувор гузошта шуд ва давоми 32 - соли сипаришуда, Қувваҳои Мусаллаҳи мо бо ифтихори баланди ватандорӣ дар таъмини дастовардҳои зиёд ва бехатарии ҷомеа саҳми содиқонаи хешро гузошта истодаанд. Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи аз ҳама лиҳоз омода дар ин ҷода хеле муҳим ва муассир аст.
Қайд намудан ба маврид аст, ки саҳм ва заҳматои шабонарузии Пешвои миллат буд, ки пас аз барҳамхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ба соҳаи мудофия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд. Ҳанӯз 18-уми декабри соли 1992 Қарор “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид, ки он заминаи асосие барои ташкили Артиши миллӣ дар ҷумҳурӣ гардид. Бо бовари комил метавон гуфт, ки натиҷаи чорабинии мазкур, исботгари он аст, ки сокинони тамаддунофари Тоҷикистон дар ҳама ҳолат омодаанд, ҳар як пораи хоки ин сарзаминро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 таъсис ёфтааст. Бинобар, ин тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, 23 феврал ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад[2].
Ҳамин тариқ, Қувваи Мусаллаҳи кишвар аз замони таъсисёбиаш ҳифзи давлату шарҳрвандонро шабонарӯзи таъмин менамояд. Мо шаҳрвандон барои ҷонисариҳои сарбозону афсарони қувваҳои мусаллаҳро қадрдони намуда, ба ҷавонону шахсоне, ки хизмат намуданду хизмат карда истодаанд ва ҷони худро барои ҳимояи кишвар аз даст доданд, ҳамчун ҷовидон дар қалбҳои ҳар як шаҳрванди ватандӯст мемонанд. Аз ин рӯ, бо ҳисси баланд ҷавонони ғаюру далер дар қувваҳои мусаллаҳ адои хизмат намуда истодаанд. Ба ин муносибат ва арҷгузорӣ ҳамасола санаи 23 феврал- рузи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Ибрагимова Мадина - лаборанти калони Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Сарчашмаҳои истифодашуда:
1.Суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ https://tojikfilm.tj/2019/02/.санаи муроҷиат
2. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қонунҳо ва Қарорҳо.
08.02.2025
Ба ифтихори 32 умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикиситон
Дар ҷаҳони муосир, ки бо рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ, таҳдидҳои геополитикӣ ва афзоиши хатари ҷангҳои гибридӣ тавсиф мешавад, артиши миллӣ ба яке аз унсурҳои муҳими давлатдории ҳар як кишвар табдил ёфтааст. Артиши миллӣ на танҳо воситаи дифоъ аз хатарҳои ҷаҳонӣ, балки кафили суботи дохилӣ ва ҳифзи манфиатҳои стратегии давлат мебошад. Дар ин замина, рушди технологияи низомӣ ҳамчун омиле, ки қобилияти дифоии кишварро мустаҳкам месозад, аҳамияти хосса пайдо мекунад.
Чи хеле, ки дар боло қайд карда будем, Артиши миллӣ як унсури асосии давлатдорӣ ва рамзи соҳибихтиёрии кишвар ба шумор меравад. Таърих нишон медиҳад, ки кишварҳои дорои артиши қавӣ қодир буданд, ки истиқлолияти худро ҳифз кунанд ва дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор дошта бошанд. Аз ин ру, доштани нерӯҳои мусаллаҳи пурқудрат имкон медиҳад, ки давлат дар муқобили таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ муқовимати самаранок нишон диҳад.
Мустаҳкам намудани артиши миллӣ на танҳо тавассути афзоиши шумораи нерӯҳои мусаллаҳ, балки тавассути баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтарсозии тактикаи ҷангӣ ва истифодаи технологияи муосири низомӣ ба амал меояд.
Қобили зикр аст, ки нақши артиши миллӣ дар ҳифзи суботи дохилӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеа хеле муҳим аст. Артиши миллӣ на танҳо як сохтори низомӣ, балки як унсури муҳими ҳифзи суботи дохилӣ ва муттаҳидсозии ҷомеа мебошад. Якум ин ки хизмат дар артиш як мактаби ватандӯстӣ ва садоқат ба давлат аст. Ҷавононе, ки дар артиш хидмат мекунанд, на танҳо малакаҳои низомӣ, балки ҳисси масъулият ва садоқат ба ватанро касб менамоянд.
Дуюм дар таъмини амният ва суботи дохилӣ Артиши миллӣ нақши бориз мебозад. Аз қабили ҳолатҳои фавқулода, офатҳои табиӣ, бетартибиҳои дохилӣ ё таҳдидҳои террористӣ ва ғайра..
Бояд қайд намуд, ки рушди технологияи низомӣ ва аҳамияти он дар мустаҳкамсозии артиши миллӣ хеле муҳим аст.
Бо рушди босуръати технология, қудрати ҳарбӣ дигар танҳо бо шумораи сарбозон ё аслиҳаи анъанавӣ чен карда намешавад. Имрӯз, кишварҳое, ки ба рушди технологияи низомӣ сармоягузорӣ мекунанд, метавонанд артиши худро бо усулҳои наву самаранок муҷаҳҳаз гардонанд. Ба воситаи ин технология дронҳо ва системаи бесарнишин барои амалиётҳои махсус, назорати марзҳо ва амнияти дохилӣ идора мекунанд.
Артиши миллӣ ва рушди технологияи низомӣ ду омили калидие мебошанд, ки истиқлолият, суботи миллӣ ва манфиатҳои стратегиро ҳифз мекунанд. Бе доштани артиш ва технологияҳои муосир, таъмини амнияти давлат ва рушди устувор мушкил хоҳад буд.
Аз ин рӯ, кишварҳо бояд барои рушди артиши миллӣ на танҳо ба шумораи нерӯҳои мусаллаҳ, балки ба омилҳои дигар, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи тахассусии сарбозон, истифодаи технологияҳои нав ва ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
Дар ҷаҳони муосир, танҳо кишварҳое метавонанд мавқеи худро устувор нигоҳ доранд, ки артиши қавӣ ва технологияи пешрафтаи низомӣ дошта бошанд. Ҳифзи истиқлолият ва амнияти миллӣ танҳо дар сурати рушди ҳамзамони артиши миллӣ ва саноати мудофиа имконпазир хоҳад буд.
Дар охири мехоҳам ин рӯзи фархунда Рӯзи Артиши Миллиро ба тамоми мардуми шарафманди диёрамон табрик ва таҳният гуфта, орзу менамоям, ки Тоҷикистони азизи мо ҳамеша сарбаланд, орому обод ва нерӯманд бошад. Бигзор Артиши Миллии Тоҷикистон ҳамеша сипари боэътимоди давлат ва халқи худ бошад ва сулҳу субот ва пешрафти ватан поянда монад.
Дороншоева Некбахт Шоқосумовна, - номзади илмҳои сиёсӣ, мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Ҳамасола 23 – феврал дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Артиши миллӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ бо як шукуҳу шаҳомати хосса љашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва боэътимодии ҳар як давлати соҳибистиқлол, Ќувваҳои Мусалаҳаш мебошад.
Ҳеҷ як давлат бе лашкари тавонову разманда вуҷуд дошта наметавонад. Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки давлатдорон барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи марзҳояшон ҷузъу томҳои мухталифи лашкар созмон медоданд. Сарчашмаҳои таърихӣ тасдиқ месозанд, ки давлатҳои Ҳахоманишҳо ва баъдтар Суғду Бохтар, Хоразму Ашкониён дорои чунин лашкари далеру ҷасур буданд. Сулолаи Сомониён низ дар ибтидои ба сари қудрат омадан Артиши миллии хешро бо дастуру оинномаҳои қавии низомӣ созмон дода буданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар адабиёти бою оламгири мо, бахусус дар “Шоҳнома” – и безаволи Фирдавсӣ вожаи “гурд” ба маънии паҳлавон, баҳодур, далеру шуҷоъ, боақлу бохирад, бебоку қаҳрамон, ватанпарвару инсондӯст ва намунаи ибрати ҷавонмардон омадааст. Ба ин маънӣ гурдон сарбозону афсарони намунавию баргузидае мебошанд, ки ба ватани хеш, ба сарвари кишвар ва фармондеҳони олирутбаи низомӣ содиқонаву ҷавонмардона хидмат мекунанд.
Шояд мафҳуми форсии “гурд” баъдан дар Аврупо дар забони итолиёӣ ба пайдо шудани вожаи “гвардия” асосу сабаб гардида бошад. Дар ибтидо мафҳуми “гвардия” муҳофизону посбонони шахсии сарвари давлат ва роҳбарияти олирутбаи ҳарбии онро ифода менамуд. Баъдан қисму воҳидҳои беҳтарину яккачин ва дорои имтиёзҳои хоссабударо “гвардия” номгузорӣ мекарданд.
Мафҳуми гвардия дар италия аз асри XII пайдо гардид. Дар Руссия асосгузори аввалин гвардия Пётри I буд. Аввалин гвардияи миллӣ дар оғози инқилоби бузурги Фаронса аз ҳисоби ихтиёрони мусаллаҳи шаҳрвандӣ таъсис ёфт. Дар баъзе мамлакатҳо нерӯҳои низомии имтиёздори полисро низ гвардия меноманд. Баъдан дар Руссия болшевикон дар нахустин рӯзҳои инқилоби февралии бурджуазӣ-демократӣ аз ҳисоби отрядҳои мусаллаҳи коргарон Гвардияи Сурх таъсис дода буданд, ки он ба ташкиёбии Армияи сурхи давлати ҷавони шӯроҳо асос гузошт. Мафҳуми гвардия дар собиқ Артиши шӯравӣ унвони фахрие гардид, ки қисму воҳидҳо ва киштиҳои ҳарбии дар муҳорибаҳо қаҳрамонӣ нишондода ба он мушарраф мегаштанд.
Баробари соҳибистиқлол гардидани давлати тоҷикон низ зарурати ташкил намудани Артиши миллӣ ба миён омад, зеро акнун ҳимояи марзу бум, шарафу номус ва музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибихтиёр ба дасти фарзандони бонангу номусаш афтода буд.
Артиши ҷавони Точиқистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷиабори ҷанги шаҳрвандї якҷо бо мақомоти ҳифзи хуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлолияти давлатї, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткорї ва хомўш кардани ошўбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузоштаанд.
Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Бинобар ин ҳаряк афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат бадаст омадааст. Мо ҷавонон, ки ояндагони ин миллати пурғановат ва ин диёри биҳиштосоем, талош бар он меварзем, ки дар пешрафти Артиши миллӣ саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани худ сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат кунем. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона иҷронамудааст, ифтихори бузург аст.
Маҳз ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ, дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Мардуми Тоҷикистон хуб дарёд доранд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар солҳои авали соҳибистиқлолӣ дар кадом вазъу шароит қарор дошт, ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои пайвасти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар кадом сатҳ аст. Барои сохторҳои низомӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираҳо истифода мекунад. Аз ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат бармеояд, ки ифтихори миллӣ зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ буда, вазифаи ҷонии ҳар шахси бомаърифат аз он иборат мебошад, ки Ватанамон – Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намоем ва онро азизу муқаддас донем.
Назарова З.К. - лаборанти калони ШҶБ
“Дар ҷаҳони муосир варзиш ба василаи муҳимтарини таъмини сулҳ ва ҳамзистии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, тавассути он давлатҳо ва халқу миллатҳо мақом ва нуфузи байналмилалии худро ҳифз намуда, аз ҳувияту шарафи худ дифоъ менамоянд”.
(Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Санаи 28.12.2024 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” баргузор гардид, ки дар он ҳамаи самтҳои фаъолияти корӣ дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд ва вазифаҳо барои соли 2025 муйян гардиданд. Дар Паём ба ҳамаи самтҳои асосӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид, натиҷаҳои сол хуб арзёбӣ ва дастовардҳои сол беҳтарин эътироф шуд. Боиси хушнудӣ аст, ки дар баробари таваҷҷуҳ намудан ба ҳамаи самтҳо ба соҳаи варзиш ва варзишгарони кишвар, ки парчамбардорон ва муаррификунандаи миллат дар сатҳи байналмилалӣ мебошанд, диққати махсус дода шуд ва тамоми бурду бохти соҳаи мазкур хуб ҷамъбаст гардид.
Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст.
Дар Паём Пешвои миллат қайд карданд, ки соҳаи варзиш зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати кишвар қарор дошта, пайваста барои рушди он чораҳо андешида мешавад.
Бояд ёдовар шуд, ки давраи асосии рушди ин соҳа дар кишвар ба солҳои аввали истиқлоли давлатӣ рост меояд, ки бо таъсису азнавсозии муассисаҳои варзишӣ, ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оғоз ёфта буд. Ҳарчанд дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ норасоии толорҳои варзишӣ ва ба талабот ҷавобгӯ набудани онҳо мушоҳида мегардид, варзишгарон барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ макони муносиб барои машқу тамрин пайдо намекарданд. Вале бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва пайравӣ кардан аз сиёсати хирадмандона ва ободкоронаи Сарвари давлат ҷомеа ба бунёд ва азнавсозии иншооти варзишӣ оғоз намуданд. Давраи авҷи рушди соҳаи варзиш ба солҳои 2010 рост меояд. Дар ин сол Президенти кишвар барои минбаъд рушд додани соҳаи варзиш бо варзишгарони кишвар вохӯрӣ анҷом доданд. Зимни вохӯрӣ фаъолияти варзишгарони кишварро дар даврони истиқлолият мавриди таҳлил қарор дода, барои рушду инкишофи соҳа чораҳои қатъӣ андешида шуд. Ба тамоми вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба рушди соҳаи варзиш дастур дода, аз соҳибкорони ватанӣ даъват карданд, ки дар сохтмони иншооти варзишӣ саҳм гузоранд. Дар ҷамъбаст супориш дода шуд, ки барои қабули “Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2015” чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Дар доираи ин барнома 9 январи соли 2015 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ба тасвиб расид, ки дар ниҳоди варзишгарони бонангу ори кишвар пайваста ғалаба карданро ҷо намуд. Пай дар пай “Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2021”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026” ва “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027” қабул гардиданд, ки дар рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии ҷавонон нақши муҳим доранд. Натиҷаи амалишавии ин Барномаҳо ва дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат буд, ки Роҳбари давлат дар Паёми солона махсус қайд намуданд, ки “...дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10 ҳазор иншооти соҳаи варзиш бунёд карда шуд, ки нисбат ба 70 соли сохти гузашта даҳҳо баробар зиёд мебошад”.
Варзиш дар баробари ташвиқи тарзи ҳаёти солим яке аз василаи асосӣ барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни давлатҳо ва миллатҳо ба ҳисоб меравад. Дар дипломатия варзиш ҳамчун роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстӣ миёни кишварҳо буда, нақши он дар барқарор ва мустаҳкам намудани равобити кишварҳо назаррас аст.
Дипломатияи варзишӣ як навъи махсуси дипломатия мебошад, ки тавассути варзиш муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамкориро пеш мебарад. Ин консепсия нишон медиҳад, ки варзиш на танҳо як шакли рақобат ва тафреҳ аст, балки метавонад ҳамчун абзори муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ барои пайвастани миллатҳо истифода шавад.
Варзиш дар бисёр ҳолат метавонад шиддати муноқишаҳоро коҳиш дода, барои сарҷамъ намудани халқу миллатҳои гуногун мусоидат намояд ва барои расонидани паёмҳои сулҳ ва ҳамкорӣ истифода шавад. Масалан, чорабиниҳои байналмилалӣ, монанди Олимпиада ва Ҷоми Ҷаҳонии ФИФА, имконият медиҳанд, ки кишварҳо бо ҳам робитаҳои хуб барқарор кунанд. Баргузории мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ имконият медиҳад, ки кишвари мизбон фарҳанг, санъат, анъанаҳо, арзишҳо ва ҳувияти миллии худро муаррифӣ намояд.
Соли 2024 барои миллати тоҷик соли фаромӯшнашаванда буд, зеро дар ин сол варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 хуб ҳунарнамоӣ карда соҳиби 3 ҷойи 3-юм – нишони биринҷӣ гардиданд, ки ифтихори тамоми тоҷикон мебошад. Дар ин сол аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул гардид. Ташаббуси мазкур кишвари моро дар сатҳи байналмилалӣ бештар муаррифӣ намуд ва нишон дод, ки дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ба варзиш зиёд аст. Инчунин гӯштини миллӣ мақоми ҷаҳонӣ пайдо кард ва муаррифгари миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳон гардид. Ҳамаи ин дастовардҳо аз мадди назари Пешвои миллат дур намонда дар Паём зикр гардиданд.
Ҳар як фарди кишварро лозим аст, ки аз дастовардҳои миллат ва боло рафтани нуфузи миллат дар сатҳи байналмилалӣ ифтихор намоянд. Кӯшиш кунанд, ки дар рушд ва нумуи давлат саҳмгузор бошанд, ҳамеша дастовардҳои кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ бештар муаррифӣ намоянд.
Ҳамин тавр, варзиш ҳамчун як шакли неруи нарми дипломатия метавонад дар барқарор кардани сулҳ, бунёди фазои ягонаи эътимоднок ва зиёд шудани муносибати байни миллатҳо нақши муҳим бозад. Агар ин раванд дуруст истифода шавад, он барои ҳалли низоъҳо хидмат мекунад.
Дипломатияи варзишӣ як василаи муҳим барои таҳкими сулҳ, ҳамкорӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Тавассути чорабиниҳои варзишӣ, кишварҳо метавонанд ихтилофҳоро коҳиш диҳанд, фарҳангҳои гуногунро наздик созанд ва нуфузи худро дар ҷаҳон тақвият бахшанд. Ин раванд на танҳо барои ҳалли ихтилофҳо, балки барои ташвиқи ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ низ нақши калидӣ мебозад.
Буриев Умед, - магистранти соли 2-юми Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
“Давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни биэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро мебинанд. Ман ба ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва аз онҳо ифтихор мекунам”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҳамасола санаи 23 февралро халқи тоҷик рӯзи таъсисёбии яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ - Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як муҳаббати хоса ҷашн мегиранд. Ин рӯз ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадршиносӣ ба хизматчиён ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳифзи истиқлолият, амният ва тамомияти арзии кишвари азизамон мебошад.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои муҳими давлатӣ мебошад, ки барои ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва таъмини амнияти кишвар хизмат мекунад. Он дар шароити душвори сиёсиву иҷтимоӣ баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, 23 феврали соли 1993 таъсис ёфтааст.
Дар давоми солҳои сипаришуда Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ то кунун се марҳиларо паси сар намудааст. Марҳилаи аввал, ки, аллакай сипарӣ шуд, давраи ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки муваффақона анҷом ёфт. Дуюм, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки ҳоло ҳам давом дорад. Давраи асосӣ – ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳануз ҳам идома дорад.
Чорабинӣ бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ ҳамасола бо иштироки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали артиш мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо хизматчиёни ҳарбӣ гузаронида мешавад.
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо ҷашн барои хизматчиёни ҳарбӣ, балки рамзи Ваҳдат, истиқлолият ва сулҳи мардуми мо мебошад. Артиши миллӣ барои ҳар як шаҳрванд нишондиҳандаи ҳифзи арзишҳои давлатӣ ва таъмини амнияти миллӣ мебошад. Артиши миллӣ вазифаи ҳифзи марзҳои давлатӣ, таъмини амнияти дохилӣ ва омодагӣ ба ҷавобгӯ будан ба таҳдидҳои имконпазирро ба уҳда дорад. Дар ин замина, хизматчиёни ҳарбӣ на танҳо ҳимояи мустақими кишварро ба зимма доранд, балки бо иштироки худ дар корҳои башардӯстона, бартараф намудани офатҳои табиӣ ва таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои гуногун саҳми босазо мегузоранд.
Тайи солҳои охир Артиши миллии Тоҷикистон бо таҷҳизоти муосири ҳарбӣ таъмин гардида, сатҳи омодагии хизматчиёни ҳарбӣ хеле беҳтар шудааст. Омӯзишҳои мунтазам, машқҳои муштараки байналмилалӣ бо артиши кишварҳои ҳамсоя ва ҳамкориҳои низомӣ бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон заминаи устувори инкишофи артиши моро таъмин намудаанд.
Хулоса Артиши миллии Тоҷикистон имрӯз на танҳо як муассисаи муҳими давлатӣ, балки як омили асосии ҳифзи истиқлолият ва амнияти миллӣ мебошад. Мо ҷавонон бо ифтихор ва ҳисси ватандӯстӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайвандем, ки ин нишондиҳандаи эътимод ва меҳри мардум ба артиши миллӣ мебошад.
Мо низ дар баробари дигар шаҳрвндон пас аз хатми донишгоҳ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намуда,қарзи худро дар назди Ватан иҷро кардем ва аз ҷавонони имрӯза даъват менамоем, ки дар сафи Артиши миллӣ хизмат намуда, ҳамчун насли ватандӯст қарзи муқаддаси худро дар назди Ватан - Модари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол сарбаландона иҷро намоянд.
Мо бояд ба хизмати шабонарӯзии хизматчиёни ҳарбӣ - аз сарбозони қаторӣ то афсарони баландрутбаи артиш қадр гузорем ва саҳми арзандаи худро дар рушди ин ниҳоди муҳими давлатӣ бигузорем, зеро артиши миллӣ кафили боэътимоди амнияти кишварамон буда, рамзи ифтихор ва сарбаландии миллии мо мебошад.
Мирзоев Амирҷон - мудири сектори Филиали Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ дар вилояти Суғд
Исматдинов Мӯминҷон – ходими илмии Филиали Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ дар вилояти Суғд