Skip to main content

(Дар мисоли Тоҷикистону Ҳиндустон, Покистон,Чин, Муғулистон) Ба истиқболи сафари расмии Президенти Муғулистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-26 июли 2025

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои истиқлоли давлатӣ ба тавсеаи муносибатҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои бисёрҷониба ва рушди ҳамгироии минтақавию байналмилалӣзаминаи мусоид фароҳам овардааст. Дар ин замина, кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати «Дарҳои боз»-ро ба роҳ мондаст, ки он ҳамчун рукни хирадмандонаи давлатдорӣ ба Тоҷикистон барои эъмори робитаҳои неку дустона бо ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон имконият, фароҳам сохт. Дар шароити имрӯза, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳама кишварҳои минтақа аз ҷумла, бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқ бо шумули Муғулистон рӯз то рӯз таҳким меёбад.

Муғулистон дар Осиёи Шарқӣ ҷойгир буда, дар шимол бо Русия ва дар ҷануб ва ҷанубу шарқ бо Чин ҳамсарҳад аст. Империяи Илхониҳо дар Эрон ва Горгуниҳои муғултабор дар Ҳинд муддати дароз роҳбарӣ доштанд, ки забони фосрӣ-тоҷикӣ аз забонҳои расмии он давраҳо маҳсуб меёфт. Ин кишвар ба низоми сосиалистӣ майл пайдо карда, бо собиқ Иттиҳоди Шуравӣ пайванди наздик дошт. Муғулистон яке аз бузургтарин кишварҳоест, ки қисми зиёди майдони онро даштҳои сералаф фаро гирифта, дар шимолу ғарб кӯҳҳо ва дар ҷануб биёбонҳо дорад. Ин кишвар баъд аз Қазоқистон дуввумин кишвари калонтарин маҳсур бо хушкӣ буда, шаҳри Улан-Батор, пойтахт ва бузургтарин шаҳр буда, тақрибан 95% аҳолӣ муғул ва тақрибан 4% аз ақаллиятҳои қазоқӣ мебошанд. Беш аз 45 фоизи аҳолии мамлакат дар пойтахт зиндагӣ мекунад, ки нисфи аҳолии кишварро ташкил медиҳад. Забони расмии ин кишвар муғулӣ буда, бо хати кирилӣ ва ҳам уйғурӣ навишта мешавад. 53% мардуми муғул тобеи буддои тибетӣ мебошанд. Пули кишвар тугриг буда, ва низоми сиёсии он ҷумҳурии парлумонӣ мебошад.

Иқтисодиёти Муғулистон ба чорводории ҷамъиятӣ, аз ҷумла чорвои калони шохдор, гӯсфанд, буз ва шутур асос ёфтааст. Соҳаи саноат асосан ба саноати хӯрокворӣ ва саноати пӯсту пашм алоқаманд аст. Муғулистон дорои иқтисоди кишоварзӣ буда, ба содироти он: гандум, ҷав, картошка, асп ва чорво дохил мешавад. Захираҳои зеризаминии он нафт, маъдани оҳан, тилло, мис ва руҳ (қалъа) мебошанд. Мис яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ мебошад. Фарҳанги мардуми ин кишвар бо фарҳанги Русу Чин қаробат дошта, аспсаворӣ ва размиданро хеле дӯст медоранд. Мусиқии бумии ин ҷо ба мардуми Осиёи Марказӣ шабоҳатҳои зиёд дорад.

Тибқи манобеи расмӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон бо қароргоҳ дар ш. Нур-Султон) ҷаноби Ибодзода Хайрулло (11.06.2019) ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Муғулистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Нур-Султон) ҷаноби Лувсан Баттулга (21.11.2017) таъйин шуда буданд. 23 марти 2009 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муғулистон баргузор гардида, 11 сентябри 2014 вохӯрии президентҳои Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Шӯрои Сарони давлатҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар заминаи он мавзӯъҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дертар 20 сенятбри 2016 вохӯрии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи 71-ум иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ баргузор шуда, 13 октябри 2018 дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини Сарвазири Муғулистон баргузор гардид. Санаи 15 апрели 2019 дар Душанбе дуюмин давраи машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки 15 июни 2019 дар 5-умин Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе, ҳайати Муғулистон иштирок кард ва заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии миёни кишварҳоро чандин санадҳои дуҷониба ташкил медиҳад.

Кишварҳои Осиё барои таҳкими ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ тавассути эътимоди бештари мутақобила, мусоидат ба ҷаҳонишавии иқтисодӣ тавассути ошкорбаёнӣ ва ҳамҷавориву ҳамгироӣ, ҷустуҷӯи шукуфоӣ ва рушд тавассути манфиати мутақобила ва ҳамкории муфид ва ҳифзи сулҳу субот тавассути ҳамзистии осоишта мебошад.

Тоҷикистони навин бо дарёфти истиқлолият равобиташро бо ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бо шумули Ҳиндустон, Покистон,Чин, Муғулистон оғоз кард. Ҳамин тариқ, бо эҷоди мактаби сулҳофарин ва ташаббусҳои созандааш онро тақвият бахшид. Барои рушд ва тавсияи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат доштани Истиқлолият ва таҳкими робитаҳои байни давлатҳо шарти асосӣ ба шумор меравад. Барои тақвият ва таҳким бахшидан ҳамаи онҳо талош менамоянд, то ки ба мақсади асосии худ ноил гарданд. Дар ин масир ҳар яке аз кишварҳо барномаҳои афзалиятноки худро ба таври ду ҷониба, сеҷониба ё муштарак анҷом дода, амалӣ месозанд. Дар ин мақола талош шудааст, то нигоҳи кутоҳе ба робитаҳо миёни ин кишварҳо дошта бошем, ки сарчашмаи он дар нахустин рӯзҳои Истиқлоли Тоҷикистон оғоз шуда, ин кишварҳо узви фаъол буда, муносибатҳои ҳасана бо Осиёи Марказӣ доранд. Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон бо Чин санаи 4 январи 1992, Ҳиндустон 28 августи соли 1992, Покистон 6 июни соли 1992 ва Муғулистон 24 апрели 1992 барқарор шуданд.

Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон бо кишварҳои дар доираи созмону форумҳои минтақавиву фароминтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ, МҲТБО, АСЕАН ва ғайраҳо низ ҳамкории ҳасана дорад. Ин ҷо бояд қайд кард, ки форуму созмонҳо дар асоси вобастагӣ ба масоили гуногуни сиёсӣ ва ҷӯғрофиву ҳамсоягӣ таъсис ёфта, кишварҳоро дар доираи он дар пайванди ҳамгироӣ қарор медиҳанд. Барои мисол дар Конфронси солонаи Боао барои Осиё 2008 санаи 10-13 апрели соли 2008 баргузор гардид, сарони ҳукуматҳои кишварҳо, аз ҷумла Австралия, Покистон, Норвегия ва Қазоқистон ширкат доштанд[3].

Мавриди зикр аст, ки “Форуми Боао барои Осиё” бо ташаббуси 25 кишвари Осиё ва Австралия соли 2006 таъсис ёфта дар он форумҳои сатҳи баланд аз ҷониби ҳукуматҳо, раҳбарон ва дигар ширкатҳо баргузор шуда, нукоти муҳимро оид ба проблемаҳои муҳимтарини минтақа ва умуман ҷаҳон мубодила мекунанд. Идораи марказии Форум дар музофоти Ҳайнан ва котиботи он дар шаҳри Пекини Чин ҷойгир аст. Форум бо номи "Давоси Осиё" маъруф аст, номи худро аз шаҳри Боао, воқеъ дар музофоти Ҳайнан дар ҷануби Чин гирифтааст. Тибқи маълумоти Форуми Боао барои Осиё (BFA) иқтисоди Осиё дар соли ҷорӣ 4,5 дарсад рушд кардааст. Афзоиши савдои мол тадриҷан барқарор шуда истода, савдои хизматрасонӣ бахусус дар соҳаи сайёҳӣ, нақлиёт ва хидматрасонии рақамӣ бо суръати устувор густариш меёбад. Тиҷорати рақамӣ ва электронӣ чун уҳаррикҳои асосии рушд, бахусус дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ маҳсуб меёбанд. Арзиши умумии тиҷорати электронии кишварҳои АСЕАН сол аз сол 15 дарсад афзоиш ёфта, инъикоскунандаи босуръати иқтисоди рақамӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар соли 1950 роҳбарони кишварҳои Чину Ҳиндустон дар бораи барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ қарори таърихӣ қабул карда, кишвари Ҳиндустон аввалин давлати ғайрисосалистӣ мебошад, ки бо Хитой муносибатҳои дипломатӣ кард. Ҳамин тавр, моҳи октябри соли 2024 дар Қазони Россия мулоқоти раҳбарон баргузор шуд, ки барои муносибатҳо саҳифаи нав фароҳам овард.

Мавриди зикр аст, ки рушду тавсеаи ташаббусҳои нав дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, рушди деҳот ва тиҷорат миёни ду кишвари бузурги минтақаи Осиё ва ҷаҳон буда, Сарфи назар аз фарозу нишебҳои фазои геополикии ҷаҳон, равобит байни мардумони ин ҷо таърихи ҳазорсола дошта, тақвияти ин робитаҳо тавассути ҳамкориҳои амниятӣ, муколамаи раҳбарон, табодули фарҳангӣ, ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва афзоиши сафарҳои дуҷониба таҳкиму тавсеа меёбад.

Ахиран дар Ҷаласаи Осиё ва Аврупо (ASEM) як платформаи нодир ва ғайрирасмии муколама ва ҳамкорӣ миёни Осиё ва Аврупо дар бораи чолишҳои бузурги ҷаҳони зудтағйирёбанда, аз қабили пайвастшавӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ, тағирёбии иқлим, инчунин чолишҳои васеи амниятӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, муҳоҷират, амнияти баҳрӣ ва масъалаҳои киберӣ сурат гирифт. ASEM 53 шарикро аз саросари Аврупо ва Осиё муттаҳид намуда, платформаи асосии бисёрҷониба мебошад, ки Аврупо ва Осиёро бо вазни назарраси ҷаҳонӣ мепайвандад. Шарикии ибтидоии форуми АСЕМ санаи 1-2 марти соли 1996 дар Бангкоки Таиланд ифтитоҳ ёфт, ки ҳамагӣ 15 кишвари узви ИА ва 7 кишвари узви АСЕАН, инчунин Чин, Ҷопон, Корея ва Комиссияи Аврупоро дар бар мегирифт. Дар ҳоли ҳозир аъзоёни АСЕМ 51 кишвари шарик дар бар мегирад, ки 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо, 10 кишвари АСЕАН, инчунин Австралия, Бангладеш, Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Корея, Муғулистон, Зеландияи Нав, Покистон ва Русия буда, ду шарики институтсионалии он Иттиҳоди Аврупо ва Котиботи АСЕАН мебошанд. Тоҷикистон бо доштани ҳамкориҳои шарикӣ бо кишварҳои Осиё ва Аврупо метавонад робитаи ҳасанаи худро бо аъзоёни ASEM ба хусус Чину Муғулситон, Ҳиндустону Покистон хуб ба роҳ монда, ҳамкорӣ намояд. Бояд қайд кард, ки дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон ҷаласаи 12-уми Муколамаи солонаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният дар Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон баргузор шуда, дар заминаи ҳамкориҳои бештари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо, ки 27 баргузор шуда, ҳамоиши нахустини Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки 4 апрели соли 2025 дар Самарқанд баргузор гардид, сурат гирифт, ки муносибатҳои шарикии Осиёро ба сатҳи шарикии Иттиҳоди Аврупо боло бурд.

Шарикони ASEM тақрибан 65% ММД, 60% аҳолии ҷаҳон, 75% сайёҳии ҷаҳонӣ ва 68% савдои ҷаҳониро ташкил дода,ҳадафи асосӣ фароҳам овардани замина барои густариши муколамаи сиёсӣ, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мубориза бо чолишҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ҳамин тариқ, ASEM мусоидат ба табодули ғояҳо ва таҷрибаи пешқадам ва ба ин васила ҳамчун замина барои ғояҳои нави сиёсӣ амал карда, яке аз бонуфузтарин шарикии ҳамаҷониба байни Осиё ва Аврупо мебошад, ки робитаро дар тамоми ҷабҳаҳои он байни ду минтақа афзоиш медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки бо кишварҳои узви ASEM Бунёди Осиё ва Аврупо (ASEF), Шарики порлумонии Осиё ва Аврупо (ASEP), Форуми Халқҳои Осиё ва Аврупо (AEPF) ва Фестивали фарҳангии АСЕМ ҳамкории муштарак сурат гирифта, мусоидат ба равобити фарҳангӣ ва густариши робитаҳои байни мардум байни ҷомеаи шаҳрвандӣ,ҳамкориҳои байни парлумонҳои Аврупо ва Осиё ва Фестивали фарҳангӣ дар ҳошияи нишастҳо ё мулоқотҳои вазирони корҳои хориҷӣ бо мақсади таҳкими муколамаи байнифарҳангӣ байни шарикони АСЕМ баргузор мешавад.

Дар воқеъ кишварҳои ҷаҳон дигаргуниҳои амиқро аз сар гузаронида, ба самти ҷаҳони бисёрқутбӣ равона шудаанд. Таваҷҷуҳи бештар ба сӯи Осиё гузашта, густариши ҳамкорӣ ва саҳм гузоштан ба тартиботи устувор ва осоиштаи ҷаҳон талош мекунанд. Бо ворид шудани кишварҳои Тоҷикистону Чину, Ҳиндустону Покистону Муғулистон дар ин ё он созмону форумҳо муносибатҳо миёни ин кишварҳо хубтар гардида, ҳар мамлакат манфиати байни ҳамдигариро самимона эътироф карда, робитаҳои ба таври бояду шояд идома пайдо карда, ҳар гуна муноқишаву ихтилофҳо заминаи ҷудоӣ нагардида, балки тавассути гуфтугӯ саривақт ҳалу фасл мегарданд.Ҳар як кишварро мебояд манфиатхоҳи умумии сулҳ ва амният риоя карда, барои пешгирии ташаннуҷ ва низоъҳое, ки метавонанд ба пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ халал расонанд, талошҳои пайваста карда, ҳамкориҳои муштарак дошта бошанд.Зеро минтақаи Осиё, дорои зарфиятҳои фаровон буда, ба чаҳорчӯбаи устувори амният бештару беҳтар ниёз дорад. Ҳиндустон ва Чин чун кишварҳои бузурги минтақавӣ муноқишаву нигарониҳо ва ноамниҳоро миёни кишварҳои осиёвӣ дастаҷамъона бо кишварҳои минтақа муштаракона кор карда, дар таҳкими ташаббуси васеътари амнияти Осиё нақши бештару пешбарро хоҳанд бозид.

Дар ин зимн, ташаббуси глобалии амниятӣ миёни кишварҳои Осиё ва ҷаҳон қадами оқилона ва қобили таҳсин буда, ба робитаҳои бештару беҳтар ниёз дорад, то амнияти Осиё таъмин гардида, аз мудохилаҳои беруна озоду орому обод маҳфуз монад.

Зарур меояд то насли ҷавон ва мутахассисони кишварҳо аз пешрафтҳои технологӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, мошинҳои барқӣ ва робототехника ва дигар қувваҳои истеҳсолии босифат худро муҷаҳҳаз намуда, онро хуб истифода кунанд. Ҳамин тариқ, кишварҳои Осиё метавонад ҳамоҳангӣ эҷод фароҳам оварда, ба рушди иқтисодиёти фарогири ҷаҳонӣ мусоидат кунанд.Барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳмондани ҳамкориҳо тавсия мешавад, ки ҳар як кишвар маҳдудиятҳои сафарро сабуктар намуда, рафту омад миёни мардуми якдигар бештар фароҳам оваранд.

Дар ниҳоят бояд таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба идомаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои минтақа, ба хусус Ҳиндустону Покистон, Чину Муғулистон дар чаҳорчубаи СММ, СҲШ, МҲТБО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пайваста тавсеа бахшида, равобиташро бо кишварҳо ба хусус Осиёи Ҷанубу Шарқ, аз ҷумла, Муғулистону Чину Ҳиндустону Покистон муҳим шуморида, дар доираи мактаби сулҳофаринӣ дӯстиву ҳамҷавориву ҳамсоягӣ барои беҳбудии зиндагии мардумони якдигар, рушди сайёҳӣ, саноати пашму ресандагӣ, чорводорӣ ва дигар самтҳо пайваста ба роҳ хоҳад монд.

Мирсаид Раҳмонов - ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ