АЗ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАРКИ ВОҚЕӢ ДОШТА БОШЕМ
№72 (4812) 07.06.2024
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз рӯйдодҳои муҳими сол буда, намояндагони касбу кори гуногун доир ба он таассурот ва андешаҳояшонро баён намуда истодаанд.
Дар суҳбат бо директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдарзода кӯшиш ба харҷ дода шуд, то моҳият ва рамзу ҳикмати мулоқоти мавриди назар бозгӯӣ гардад.
- Ба андешаи Шумо сабабу омилҳои баргузории ин мулоқот кадомҳо буданд?
- Баргузории мулоқоти мазкур, пеш аз ҳама, ба ҳаводиси ҷаҳони муосир вобаста аст. Шоҳид ҳастем, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имрӯз амният ва мавҷудияти аксар кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти умумиҷаҳонӣ касб намудааст.
Дар ин робита ҳадафи мулоқоти мавриди назар, ҳамон тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, баррасӣ намудани масъалаҳои вобаста ба ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла маънавиёту маърифати мардуми мамлакат ва муайян намудани вазифаҳо барои бартараф намудани баъзе мушкилоту камбудиҳое, ки дар ин самт ҷой доранд, маҳсуб мешавад.
Муҳимтар аз ҳама, Роҳбари хирадсолори давлатамон доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо, бо истинод ба далелу рақамҳои муътамад андешаҳояшонро баён намуда, дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсоз доданд.
- Ҳаводиси охир собит намуданд, ки пайомади тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, фоҷиабор аст. Ба назари Шумо, ки вобаста ба масъалаҳои сиёсӣ таълифоти зиёд доред, кадом тадбирандешӣ қодир аст моро аз ин раванд эмин нигоҳ дорад?
- Пеш аз ҳама, бояд ба тарбияи кӯдакону наврасон, расму оини ниёгон, меросу ахлоқи гузаштагон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Хусусан, баргузории маҷлисҳои падару модарон дар муассисаҳои таълимӣ, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бояд самаровар бошанд.
Мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дар шароити кунунии ҷомеа вазифаи ҳар як шахс буда, зарур аст, ки дар ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғу ташвиқ густурдатару муассир роҳандозӣ гарданд. Танҳо дар сурати бетараф набудан, пурзӯр намудани кӯшишҳои зиёиён, намояндагони созмонҳои касбӣ ва ҷамъиятӣ, бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, васеъ намудани чорабиниҳои иттилоотӣ -тарғиботӣ ва дар ниҳоди шаҳрвандон бедор намудани ҳисси оштинопазир ба тамоюли экстремизм ва терроризм метавон қотеъона мубориза бурду комёб шуд.
Дар кишвари мо қонунгузорӣ тоату ибодатро манъ накардааст. Вале ибодат набояд ба худнамоӣ табдил ёбад, бо хурофот омезиш ёбаду дар ин замина идеяҳои ифротгароӣ афзалият пайдо намоянд. Ҳаводиси солҳои охири дар кишварҳои Ироқ, Сурия ва Яман бавуқӯъомада нишон дод, ки баъзе ҷавонон фирефтаи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шуда, бо умеди «шаҳид» шудан ва ба «биҳишт» рафтан, ҷонашонро аз даст доданд, ҳамсаронашонро дигар террористон ба занӣ гирифта, фарзандонашон ятим монданд. Маҳз раъиятпарвариву дурандешии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавассути робитаҳои дипломатӣ, занону фарзандони бепарастормондаи онҳо аз минтақаҳои ҷангзада ба Ватан баргардонида, ба ҳаёти осоишта ва таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.
Аз он нигаронам, ки тоифае бидуни хатми мактабу мадраса ё таълимгоҳи расмӣ ва эътирофгаштаи динӣ эътиқоди мазҳабии баъзе шаҳрвандонро суиистифода карда истодаанд. Чунин ба ном муллоҳо, ки дар асл саводи комили динӣ надоранд ва аз фарҳанги ислом фарсахҳо дуранд, бо амалҳои номатлуб ба обрӯи дини мубини ислом латма мезананд. Масъалаи дигари боиси нигаронӣ, ин ба тиҷорат табдил додани дин маҳсуб мешавад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест.
Оид ба мубориза бо ин вабо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017), барҳақ, фармудаанд: «Мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои якдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо мекунад».
- Мо меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастем, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин, ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басо арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд. Бо вуҷуди ин, чӣ боис гардидааст, ки хурофот реша давонад?
- Мушкили асосии як идда ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мусулмоннишин он аст, ки онҳо дар бобати идеологияи аслии ифротгароёни динӣ иттилои комил надоранд. Мувофиқи тафаккур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динӣ ягон давлати мусулмоннишин бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо маҷбуран ишғол ва ба таркиби «хилофати ягонаи исломӣ» дохил карда шуда, ҳамчун як ноҳияи «хилофат» бе чуну чаро ба халифаи ягонаи онҳо итоат кунанд. Ҳамин тавр, ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмоннишинро эътироф намекунанд, балки онҳоро дар тобеияти «хилофат» дидан мехоҳанд.
Хусусиятҳои дигари ифротгароии динӣ он аст, ки ба миллатгароии ифротӣ тавъам намояндаи он буданро имтиёз ва ифтихор ҳисоб мекунад. Дар замони муосир низ ин баҳс дар сатҳи гуногун идома дошта, зери шиорҳои миллӣ, мазҳабӣ ва баъзан сиёсию геополитикӣ сурат мегирад. Барои мисол, омӯзиши муҳит ва рӯҳияи ифротгароёни динӣ дар Ховари Миёна собит кардааст, ки ин тоифа нисбат ба мардуми ориёӣ ва ориётабор назари нек надошта, ҳатто забони онҳоро «забони аҳли дӯзах» меноманд.
«Махсусият»-и дигар он аст, ки аъзои гурӯҳҳои навпайдои ифротии динӣ ба фарҳангу маърифат назари комилан манфӣ доранд. Ин аст, ки пешвоён ва назариясозони чунин равияҳо адабиёту осори ирфониро маҳкум намуда, «бидъат» меноманд.
Мутаассифона, баъзе ҷавонони мо дарк накардаанд, ки зиддият бо мардуми ориёинажод ва нафрат ба фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ-форсӣ «рисолат» — и гурӯҳҳои ифротии динӣ буда, дар баробари мағзшӯӣ, чун неруи аҳриманӣ осори фарҳангию ҳунарию таърихиро нобуд карда истодаанд.
- Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, «ҳолатҳои ифротишавии баъзе шаҳрвандони мо ва гароиши онҳо ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасанд». Сабабҳои асосӣ кадомҳоанд?
- Ба андешаи ман омилҳои асосии густариши ин зуҳуроти номатлуб инҳоянд:
- баланд гардидани сатҳи диндории бо хурофот омезишёфтаи ҷомеа, афзоиши таълимоти ғайриқонунии ибтидоии динӣ дар синни хурдсолӣ, ки мафкураи ҷавононро ба дингароӣ моил месозанд;
- бетафовутиву фориғболии ниҳоду сохторҳои салоҳиятдор дар иҷрои ваколату салоҳият, паст рафтани сатҳу сифати чорабиниҳои фаҳмондадиҳиву тарбиявӣ, бетарафӣ ихтиёр намудани қисме аз аҳли зиё, ки дар натиҷа, дар мафкураи ҷавонон холигоҳи ғоявиро ба вуҷуд оварда, ба пур кардани он бо идеологияи динии ифротӣ мусоидат мекунад;
- бо назардошти истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби насли ҷавон, паҳнкунандагони идеологияи диниву ифротӣ ин имконияти мусоидро ба манфиатҳои худ суиистифода менамоянд;
- муҳоҷирати меҳнатӣ дар баробари доштани паҳлуҳои мусбат боиси он мегардад, ки муҳоҷирон дар муҳити бегона зери таъсири гурӯҳу шабакаҳои ифротӣ қарор гирифта, ба созмонҳои террористӣ ҷалб шаванд;
- новобаста аз татбиқ намудани чорабиниҳои мушаххас, ҳоло ҳам теъдоди муайяни ҷавонон дар кишварҳои исломӣ бо таҳсили ғайрирасмии динӣ фаро гирифта шудаанд, ки барои таблиғгарони созмонҳои террористӣ заминаи муносиб фароҳам месозад;
- ба таври зарурӣ иҷро нагардидани уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд;
- аз тарафи шахсони мансабдор ва шаҳрвандон таъмин нагардидани талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки тибқи муқаррароти он шахсони мансабдор ва шаҳрвандон уҳдадоранд ба мақомоти амнияти давлатӣ ва ё мақомоти корҳои дохилӣ доир ба ҳодисаҳое, ки дар онҳо хусусиятҳои омодагӣ ба терроризм мушоҳида мешаванд ё аллакай содир гардиданд, фавран хабар диҳанд.
- Омили дигаре, ки боиси нигаронии Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид, аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ мебошад. Барои пешгирии чунин ҳолат чӣ пешниҳод доред?
- Шояд, баъзеҳо ин масъаларо ҷузъӣ пиндоранд, вале содир гардидани амалҳои террористӣ аз ҷониби ҳамватанонамон дар 10 кишвари дунё аз ҳар яки мо андешидани тадбирҳои бетаъхирро тақозо менамояд. Пеш аз ҳама, бояд ҷиддӣ андешем, ки кадом омилҳо замина барои зуҳури терроризми «тоҷикӣ» шуданд?
Посухи ин саволро аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дарёфтем: «Ин амалҳо аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯй ва хадамоти махсуси баъзе кишварҳо тарҳрезӣ мешаванд ва онҳо аз бемаърифативу бетаҷрибагӣ ва ноогоҳии баъзе ҷавонони мо истифода мекунанд. Мо аз ҳадафҳои ғаразноки душманони миллати тоҷик огоҳ ҳастем ва ҷиҳати пешгирии онҳо тамоми чораҳои заруриро андешида истодаем».
Дар ҷаҳони муосир ҷавҳари тамаддуни иттилоотиро рушди васоити интернетӣ ва густариши алоқаи моҳвораӣ, коркарду пахши ахбору иттилоот ва зуҳуру инкишофи дипломатияи рақамӣ ташкил медиҳанд. Ба касе пӯшида нест, ки дар ҷаҳони муосир фазои иттилоотӣ ба саҳнаи бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии марказҳои қудрати дунёи муосир ва василаи муассири фароҳам овардани афкори омма ва самт додани он ба нафъи доираҳои муайян табдил ёфтааст. Дар вусъати фазои иттилоотии ҷаҳонӣ дар баробари тамоюлҳои мусбати созанда, ки огоҳиро таъмин мекунанд, ҳамчунин, равандҳои манфии хатарзо барои амнияти иттилоотии кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуҳуфтаанд.
Аз ин лиҳоз, фаъолият бояд дар ин самт тавсеа ва тақвият бахшида шавад. Дастури Президенти мамлакат дар бобати таъсиси ситод оид ба баррасии муроҷиатҳои шахсони барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарордошта дар назди Прокуратураи генералӣ муҳиму саривақтӣ аст.
Илова бар ин, тавассути баргузории чорабиниҳои гуногун аз тариқи воситаҳои ахбори омма шарҳу тавзеҳ дода шавад, ки бо иқдоми Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунгузории ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид шуда, муқаррар гардид, ки дар сурати ихтиёран даст кашидани шаҳрвандон аз иштирок дар фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, инчунин, қатъ кардани иштироки минбаъда дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.
Тавре дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар зикр шуд: «Бо истифода аз ин имконият дар даҳ соли охир 1640 нафар ба Ватан баргаштанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо қатъ карда шуданд. Танҳо соли 2023-юм 328 ва дар ду моҳи соли ҷорӣ 140 нафар шаҳрвандон аз ин имконият истифода кардаанд». Сохторҳои дахлдорро мебояд тавассути ин ашхос ба шаҳрвандон муроҷиат намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна дасисаҳо нагардида, ба номи падару модар, фарзандон, обрӯи давлат ва миллат иснод наоранд.
Дар маҷмӯъ, дарки воқеӣ ва дақиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифӣ ва тарғиби дастовардҳо, мусоидат ба эҷоди воситаҳои самараноки таъсири иттилоотӣ ба афкори ҷамъиятӣ дар дохил ва хориҷ баҳри шинохти мусбати Тоҷикистон бояд сармашқи кори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад.
Мусоҳиб Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»
Мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар дар санаи 30 май соли ҷорӣ баргузор гардид, ки ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, навоварӣ инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад, ки такони ҷиддие дар пешрафти илми тоҷик ба миён меорад.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Воқеан талошҳои пайвастаи Ҳукумати чумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди илм назарас аст. Чунин шароити мусоид, ки бо баракати Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои муазами миллат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ба даст омадааст, ҷавоноро месазад аз онҳо самаранок истифода намуда, роҳи илмро пеш гиранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷаҳони муосир бузургтарин сармояи инсонӣ ин донишҳои дақиқу илмӣ мебошанд, ки барои пешрафти ҷаҳони инсонӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда доранд. Ҷаҳони имрӯзро бе пешрафти илму маориф наметавон тасаввур намуд. Зеро тамоми кишварҳое, ки имрӯз ҷаҳон зери нуфузу қудрати онҳо қарор дорад, бешубҳа, пайвандӣ ба пешрафти илму маориф ва техникаву технологияро доранд. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ таъкид намудаанд, ки «Дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.»
Воқеаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта, ки камари иқтисоди ҷомеаро шикаст, ба таври табиӣ ба маорифи кишвар низ зарба зад. Аз ин ҷост, ки бо барқарор шудани сулҳу субот дар кишвар ва зина ба зина ба эътидол омадани вазъи иқтисоди кишвар давлат масъалаи омӯзишу парваришро яке аз масъалаҳои афзалиятдодашудаи стратегӣ ҳисобида, маблағгузориро дар ин самт аз ҳамаи сарчашмаҳои даромад сол ба сол афзун менамояд.
Чуноне, ки дар мулоқот Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Шумо хуб медонед, ки Ҳукумати мамлакат дар шароити бисёр мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-ум на фақат ҳамаи муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балки дар сохтори онҳо даҳҳо пажӯҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотиро таъсис дод. Мо дар ин марҳала барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намудем, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал гардонидем ва соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил додем.»
Илм равшангари ҳамаи ҷодаҳо буда, ба зулмот хотима медиҳад, ояндаро дурахшон мегардонад. Ҷиҳати бартараф намудани ҳама мушкилот илм нақши калидӣ доранд, ки ҳар фарди ҷомеа онро бояд дарк намояд. В.Г. Белинский фармудааст: Бе илм ҳаёт нест, инкишоф нест, ободиву тозакорӣ нест, пешрафт нест.
Пешвои муаззами миллат низ бо иқдоми созандаи худ ҷавонон ва умуман ҷомеаи Тоҷикистонро талқин менамояд, ки роҳи илм, созандагию бунёдкорӣ ва ихтироъкориро аз китобҳо ҷӯё бошанд. Донишҳои муосирро аз худ намуда, дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд. Бинобар ин, бо мақсади баланд бардоштани тафаккури техникӣ ва аз илмҳои бунёдӣ огоҳ будани ҷавонону наврасон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд. Ҳамчунин бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавонон ва ҳавасманд намудани олимону муҳақиқон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таъсис дода шуд». Озмунҳои дигар ба монанди «Фурӯғи субҳи донои китоб аст», «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» , ки дар рушди илм, тарбияи олимони ҷавон заминаи боэътимод аст, роҳандозӣ намудаанд.
Хамчунин бо мақсади ҳавасмандгардонии олимон ва пешрафти илму маориф дар кишвар ва муаррифии дастовардҳои олимони ҷавон дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шудаанд. Инчунин, даҳҳо ҳазор хонандагону донишҷӯёни кишвар намудҳои гуногуни стипендия, аз стипендияи президентӣ то стипендияҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро мегиранд. Ҳамаи ин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон бо мақсади дастгирии олимони ҷавону ихтирирокор буда, мақсади асосӣ аз илмҳои замони муосир бархудор будани олимони ҷавон мебошад
Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати кишвар мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд.
Дар рафти мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, ба замони муосир мутобиқ сохтани соҳаи таълим ва дигар омилҳои пешбарандаи ҷомеа ба шахсони масъул ва сохторҳои марбута дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин зарур шумурда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Сарвари давлат бо боварӣ изҳор доштанд, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Ҳамин тавр, яке аз вазифаҳои асосии олимон-ин ташаккули ҷомеаи мутамаддини аз нигоҳи иқтисодӣ рушдкарда мебошад. Умедворем, ки доир ба ҳар як дастуру супорише, ки аз тарафи Пешвои муаззами миллат мӯхтарам Эмомали Раҳмон дода шуд, аз тарафи масъулини соҳа дар сатҳи баланд амалӣ мегардида. Бояд тазаккур дод, ки баррасиҳои илмии Сарвари давлат моро водор менамояд масъулияти худро дар назди давлатамон ба субот расонида, ҷиҳати татбиқшавии манфиатҳои миллӣ дар илм ҷаҳду кӯшиши даркориро анҷом диҳем.
Назарова Замира - лаборанти калони Шуъбаи ҷирмҳои байнисайёравии Институти астрофизикаи АМИТ
(Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)
Рушди илму маориф, калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи мамлакат ва фардои дурахшони босаодати кишвар маҳсуб меёбад. Бо назардошти ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат пайваста ҳамаи имконоту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона намуда, ба мактабу омӯзгор эҳтирому арҷ мегузоранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ва илмро аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида, барои рушди он, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии олимон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30.05.2024 масъалаҳои вобаста ба рушди илм ва маорифи кишвар дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Пешвои миллат чуноне қайд намуданд: “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст”.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Сиёсати иҷтимоии огоҳона ва илм меҳвари Пешвои миллат боис гардид, ки дар кишвари мо теъдоди зиёди муассисаҳои таълимӣ дар шаклҳои гуногун бунёд карда шуда, барои ҷомеа пешкаш карда шавад. Ҳамчунин, дар ин замина сифати таълим ва рушди илм таъмин карда шуд. Тавре дар суханронии хеш дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар Пешвои миллат зикр гардид: “Мо ба масъалаи маориф ва илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд кардем. То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст”.
Бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм зиёд гардида, Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Чуноне Пешвои миллат таъкид намуданд: “Агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат (28.12.2023) зикр намуданд, ки: “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад”. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ 24 декабри соли 2022, №1922 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” қабул карда шуд, ки боиси танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ гардида, барои истифодаи самараноки натиҷаҳои фаъолияти мазкур дар раванди истеҳсолот шароит муҳайё намуд.
Мавқеи илм дар иқтисодиёт, барои рушди фаъолияти инноватсионӣ кӯмак мерасонад. Рушди иқтисодиёти ба илму технологияи муосир ва маориф асосёфта омили асосии пешрафти иқтидодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад. Иқтисоди инноватсионӣ аз таъсири донишҳои илмӣ ва технологӣ тағйир меёбад, зеро истеҳсолот дар асоси дониш, ҷустуҷӯҳои илмӣ ва инноватсияҳои нав дар иқтисодиёт сифатан нав гардида, рушд меёбад. Донишҳои нави илмию технологӣ манбаи ғояҳои инноватсиониро ба вуҷуд меоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар изҳори итминон намуданд, ки олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни муҳтарам бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаатон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоред ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоед.
Баргузор намудани мулоқотҳои Пешвои миллат бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар онҳо натиҷагирии фаъолияти соҳа таҳлилу баррасӣ ёфта, дастовардҳо арзёбӣ, камбудиҳо ошкор ва роҳҳои рафъи онҳо нишон дода мешаванд, аз ҷумлаи иқдоми наҷибу шоиста ва ифодакунандаи таваҷҷуҳи давлат ба соҳаи илм мебошад.
Ҷовид АЛИЗОДА, унвонҷӯи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қудрату тавоноӣ ва бо сиёсати ояндасоз ва дурнамои хеш миёни роҳбарони кишварҳои олам мавқеъи муайянро касб мекунад. Маҳз бо шарофати ташаббусҳои ҳалталаби ин марди хирад нуфузи кишвари Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ боло рафта, мавқеъи арзишмандро соҳиб мебошад.
Дар таърихи 19-21 сентябри соли равон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд. Дар баргузории кори ин ҷаласса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмуҳтаво ва забони нобӣ тоҷикӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати масъалаҳои ҳалталаби вазъи имрӯзаи сайёра ибрози андеша намуданд.
Дар кори ин ҷаласса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба масъалаҳои таҳдиду хатарҳои замони муосир вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон ва таъсири онҳо ба иқтисоди кишварҳо, ташаккули "иқтисоди сабз", рушди тавлиди "энергияи сабз" аз ҷумла мушкилоти глобалии сайёра пеш аз ҳама тағйирёбии иқлим, талошҳои муштарак баҳри пешгири аз офатҳои табии ва ташаббусҳои байналхалқии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти обӣ ва иқлими сайёра таваҷҷӯҳи ҳозиринро ҷалб намуд.
Дар ин ҷаласса роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба аҳамияти рушди босуботи ҳамкориҳои байналхалқӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид мавқеъи худро нишон доданд. Маҳз дар ин ҷаласса ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари Тоҷикистон, ки ба ҳалли мушкилоти обӣ ва иқлимии сайёра нигаронида шудаанд, мавриди барасӣ ва ҳамовозӣ қарор гирифтанд. Дар ин ҷаласса тамоми кишварҳои аъзои Созмони Миллали Мутаҳид ба тафоҳум омада, ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки вобаста ба масъалаҳои терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, инчунин авҷ гирифтани "ҷанги сард" ба пойдории сулҳу субот, амният ва рушди байналмилалӣ нигаронида шудаанд, мавриди барасӣ қарор доданд.
Дар ҳамин раванд ҷомеаи ҷаҳон дар робита ба ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти хос дода, барои ҳамрадифи ҳалли мушкилотҳои хатарбори сайёра ҳамкориҳои худро тақвият медиҳанд. Дар ин замина саъю талошҳои муштарак ҷиҳати ҳалли хатару таҳдидҳо ва расидан ба ҳадафҳои Рӯзномаи - 2030 амри ҳатмӣ гардидааст. Ба ин мақсад мавзӯи муҳими ҷалассаи 78- уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳидро зери унвони "Барқарорсозии эътимод ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ: афзудан ба амалҳо оид ба Рӯзнома - 2030 ва Ҳадафҳои Рушди устувор дар самти сулҳ, шукуфоӣ пешрафт ва устуворӣ" яке аз иқдомҳои саривақтии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мёбанд.
Хушбахтона имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳон ба кишвари ташаббускори Тоҷикистон бо назари хос ва аҳамияти байналхалқӣ дошта назарҳои неки худро равона мекунанд. Зеро дар кори ҷалассаҳои Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид ташаббусҳои ҳалталаби кишвари Тоҷикистон мавқеъи муайян дошта, барои ҳалли мушкилотҳои обӣ ва иқлимии сайёра, мусоидат менамояд. Имрӯз кишвари Тоҷикистон зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон аҳамияти байналхалқиро соҳиб буда, ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ имконият фароҳам меоварад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори дипломатияи об буда, чандин ташаббусҳояш дар соҳаи об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ҳамовозӣ ёфтанд. Дар ин росто дар замони соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба ҳалли мушкилоти обии сайёра 4 ташаббуси Сарвари давлат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардидаанд. Масалан, «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ҳамовозӣ ёфтаанд, ки аҳамияти бузурги онҳо дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об дида мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон якчанд конференсияҳои байналмилалии сатҳи баландро вобаста ба ҳалли мушкилоти обии сайёра баргузор менамояд. Дар ҳамин замина бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон 10 июни соли равон дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи байналмилалӣ вобаста ба ҳалли мушкилоти обии сайёра бо иштироки роҳбарони давлатҳо ва намояндагони тамоми кишварҳои ҷаҳон баргузор мегардад. Мизбони баргузории ин конфронси байналмилалӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
МУҲАММАД Аминзод - сардори шуъбаи матбуоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(андешае чанд перомуни Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30-юми майи соли 2024)
Пеш аз он, ки ба умқи маънои суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқоташон бо аҳли илм ва маорифи кишвар фурӯ равем, зарурат ба таъкид аст, ки роҳбарони сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳеҷ ваҷҳ суханашонро ду намекунанд. Манзури банда аз ин таъкид он аст, ки асли масъалаи гуфтори Президенти кишвари мо, ҳамчун яке аз роҳбарони ҷаҳонӣ ва сатҳи олӣ аз нахустин суханрониҳояшон, ки аз минбари Қасри Арбоб оғоз гардида, то ба минбарҳои баланди Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо идома ёфтанд, тағйир накардаст. Ҳар як калимаи ин ҳомии миллат барои таҳкими мафҳумҳои сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, пешрафту рушд, илму амал ва кор гирифтан аз ақлу хирад равона шудааст ва дастури ҳамешагие аст барои пеш рафтани ҷомеа. Ба унвони мисол, банда нуктаҳои асосии мулоқоти чанд сол пеши Пешвои миллат бо аҳли илму маориф, вохӯрӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, паёмҳои се-чор соли охири ба аъзои парлумон ва кулли мардуми Тоҷикистон ироашударо баргашта мулоҳиза намудам, ки онҳо яке тақвиятдиҳандаи дигар ҳастанд. Дар ин замина нуктае фарогири андешаи ман гашт, ки чаро гурӯҳ ё муассисае ба таҳлили ин ҳуҷҷатҳо аз назари пайванди мантиқӣ, андешаронии пайдарпай роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҳаётӣ ва ояндабинии онҳо ба таври алоҳида сари кор нагиранд?! Ин ҳуҷҷатҳо якдафъаина нестанд, балки онҳо набзи саёраро давра ба давра месанҷанд ва ҳаёти мо шаҳрвандони Тоҷикистонро таҳлилу пешбинӣ менамоянд!
Ба фикри инҷониб, танҳо расондани мазмун ва мароми мулоқоту паёмҳои Пешвои муаззами миллат ба мардум ҳанӯз кам аст, балки дар асоси таҳлили амиқи онҳо нақшаҳои воқеъии амалро ба мардум, сохторҳо, муассисаҳо, мактабу донишгоҳҳо ва кулли қишрҳои ҷомеа пешниҳод кардан зарур мебошад. Ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки 30-юми майи соли 2024 дар Кохи Ваҳдат баргузор гардид, низ бояд аз ҳамин нуқтаи назар муроҷиат намуд, яъне муқоисаву таҳлили он бояд бо мулоқотҳои пешина ва дурбиниҳои ироашуда анҷом гардад. Чунин усули таҳлил метавонад моро ба сари он сабабҳое расонад, ки чаро илми муосири тоҷик, бовуҷуди доштани имкониятҳои зарурӣ, ҳанӯз посухгӯйи талаботи ҳаёт нест. Хулосаи охир маҳсули андешаҳои ман нестанд, балки онҳо дар заминаи гуфтаҳои зерини Пешвои миллат, ки нахустин ҷумлаҳои Мулоқот астанд, шакл гирифтаанд:
“Имрӯз тасмим гирифтем, ки натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар баррасӣ намоем”.
Мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз муҳимтарин таҳлилҳо ва дастурот роҷеъ ба имрӯзу фардои илму маориф иборат буд. Дар заминаи таҳлилҳои анҷомшуда аз ҷониби Роҳбари мамлакат ва Сарвари давлат ду ҷанбаи мулоқотро зикр кардан ҷоиз аст, ки бояд ҳар як шахси ба илму маорифи мамлакат иртиботдошта сари онҳо ба таври алоҳида ва холисона андеша ронад.
Ҷанбаи аввали мулоқот таҳлили арқом ва ибтикороти давлат барои пешрафти илми тоҷик дар давоми 25-соли охир ва ҷанбаи дуввуми он чашмандози холисона ба посухи илму маорифи кишвар ба ин ибтикороту имконоти фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон астанд. Мо бо такя бар таҳлилҳои Пешвои миллат роҷеъ ба ин ду масъала чанд андешаи хешро баён хоҳем намуд.
Мусаллам аст ва ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки талоши давлату Ҳукумати Тоҷикистон то соли 2000-ум аслан барои “қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарор кардани сулҳу оромӣ, аз кишварҳои дуру наздики хориҷӣ ба Ватан ва маҳалли зисташон баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ, ташкил кардани шароити зарурии зиндагӣ барои онҳо ва ба роҳ мондани раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ буд”. Ин вазъи собит аст ва бештар аз 80 фоизи аҳли ҷомеа шоҳиди зиндаи он мебошад.
Бовуҷуди ҳамаи ин носозгориҳои рӯзгор, “Ҳукумати мамлакат дар шароити бисёр мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-ум на фақат ҳамаи муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балки дар сохтори онҳо даҳҳо пажӯҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотиро таъсис дод”.
Чунонки зикр намудем, таҳлил ва пешниҳоди арқом роҷеъ ба ибтикорот ва ташаббусҳои давлату Ҳукумат барои баланд бардоштани сатҳи сифтаи зиндагии шаҳрвандони кишвар қисмати аввали мулоқотро фароҳам оварда буд. Бояд иқрор кард, ки на ҳамаи мо аз ин рақамҳо бохабар ҳастем ва ба онҳо диққати ҷиддӣ додаем. Воқеъан, агар даме чашм пӯшида ин рақамҳоро аз тасаввур ба воқеъият кӯчонем, хоҳем дарк кард, ки чӣ кору пайкори азимеро мардум ва Ҳукумати мо таҳти роҳнамоии Сарвари матиниродаву собитқадамашон анҷом додаанд. Агар гӯем, ки ин вазъ аз лиҳози таҳлили имконияти дар ихтиёрдоштаи Ватан ҳайратовар аст, муболиға нахоҳем кард. Ба як таҳлили дар мулоқот омада муроҷиат мекунем, ки роҷеъ ба лоиҳаҳои амалишуда аст:
“Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст”.
Сарвари давлат аз бунёду азнавсозии роҳҳои мамлакат, ки “Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид табдил дод”, аз боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, ки ба дарозумрии онҳо таъсири бевосита гузошт, афзоиши бемайлони теъдоди аҳолии малакат, сармоягузорӣ барои рушди соҳаи алоқа ва ба маротиб зиёд шудани муштариёни алоқаи мобилӣ, таҳким бахшидани системаи интернет, тақвият ва таҳкими низоми бонкӣ ва ташкилотҳои қарзӣ, афзоиши пасандозҳои аҳолӣ, афзудани шумораи меҳмонхонаҳо, тақсими қитъаҳои замин барои кишт ва истиқомат ба аҳолӣ, ташкил ва ба кор андохтани теъдоди зиёди корхонаҳои саноатӣ ва таъмини аҳолӣ аз ҷои кор, таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат ва соири пешравиҳову дастовардҳои хоҷагии халқ маълумоти бо рақамҳо ва далелҳои собитшударо ба аҳли илму маориф ироа намуданд. Дар ин миён, яъне ҳангоми ироаи маълумоти собит доир ба талошҳои давлату Ҳукумат баҳри фароҳам овардани шароити зисти мувофиқ ва мутобиқ ба замони имрӯз, албатта дар доираи имкониятҳои мавҷуда, Пешвои миллат аз хизматҳои давлат барои илм ва маориф низ ёд оварданд. Чунон чи:
“Мо дар ин марҳала барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намудем, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал гардонидем ва соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил додем”.
“Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд”.
“Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст”.
“Мо ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд кардем”.
Аз ин ба баъд Пешвои миллат ба масъалаҳое дар самти илму маориф дахл карданд, ки ҷавобгӯйи талабот нестанд ва онҳоро “омилҳои нигароникунанда” номиданд. Сарвари давлат аз кулли ин омилҳо ва муҳаррикони онҳо ба таври бояду шояд огоҳ ҳастанд ва ба ҳар якашон баҳои “сазовор” доданд. Агар касе гумон кунад, ки майдатарин норасоии ин ё он соҳа аз назари Роҳбари мамлакат дар канор мемонад, хато кардааст. Мо ба бозгӯйии муассисаҳо ва шахсони ба ҳайси “омилҳои нигароникунанда” муаррифишуда намепардозем, зеро дар ҳар як камбудии соҳаи илму маорифи кишвар ҳамаи мо, чӣ олимону донишмандон ва чи падарону модарон “саҳмгузор” ҳастем. Мо аз таҳлилҳои Пешвои миллат танҳо сабабҳоеро дарёфт карданием, ки боиси ба вуҷуд омадани “омилҳои нигароникунанда” дар соҳаи илму маориф гардидаанд, то дар оянда аз онҳо сабақ гирифта тавонем.
Ҳарисӣ. Ҳарисӣ, яъне чашмгуруснагӣ ва тамаъкорӣ. Илм танҳо дар як маврид бо ҳарисӣ дар тавозун аст, агар донишҷӯй ё донишманд ҳариси илм бошад. Дар дигар мавридҳо ҳарисӣ дар илм маънои заволи илмро дорад.
Осонгузорӣ. Маънои аввалияи калимаи “осонгузорӣ” беғамӣ, бепарвоӣ аст, ки дар илм умуман ҷоиз нест. Олими андешаманд нисбати раванду натиҷаҳои илми хеш ва заҳмату ба ҷойе расидани шогирдони худ набояд осонгузору бепарво бошад. Ҳимояи рисола ба хотири дарёфти диплом ва интихоби шогирд ба хотири дарёфти сармоя набояд ҳадафи олим бошад.
Фориғболӣ. Илм чизе нест, ки пас аз дарёфти як сатҳи он хотирҷамъу фориғбол шавӣ. Роҳи илмро дар тӯли умр паймудан зарур меояд то ба мақсад бирасӣ. Аз ҷониби дигар, олими мудаввом дар такопӯ ҳам худ ва ҳам халқу ватанашро аз натиҷҳои илмаш баҳравар месозад.
Вазифаи илмиро чун мансаб қабул кардан. Илм дараҷаи мансабӣ надорад ва ҳар он вазифае, ки дар муассисаҳои илмӣ аст, танҳо ба хотири мудирият (менеҷмент)-и дурусти кор асту халос. Онро чун мансабу мансабдорӣ қабул кардан ва талоши то охири умр аз даст надодан ба заъфи муассисаи илмӣ табдил меёбад ва пеши роҳи илми воқеъиро мегирад. Аз ҷониби дигар, чунин талош чашми мутахассисони ҷавонро бештар на ба илмталошӣ, балки ба мансабталошӣ мекушояд. Набояд фаромӯш кард, ки Пешвои миллат ба қувва ва матонати ҷавонон боварӣ ва эътимоди қавӣ доранд!
Нақзи меъёри ба кор қабул кардан аз рӯи донишу ихтисос. Ҷойгузини меъёри ба кор қабул кардан аз рӯи донишу ихтисос гардидани “меъёри шиносу худӣ” дар бисёре аз соҳаҳои илм теша бар решаи илм аст. Ҳангоме, ки мутахассис бекор, вале номутахассис кордор аст, илм ин заъфро ҳис мекунад ва онро қабул намекунад. Мисоли равшани ин омилро Президенти мамлакат дар ҷалб шудани мутахассисони ғайрисоҳавӣ ба баъзе аз марказҳои илмӣ нишон дода, бидуни адолат ва талабот анҷом гардидани ҷобаҷогузории кадрҳоро дар академияҳои илми кишвар ба таъкид гирифтанд.
Ҷустани роҳи бе заҳмат дар илм. Олими асил медонад, ки расидан ба ҳар як натиҷа ва дараҷаи кучаки илм бидуни заҳмати азим ба даст намеояд. Вале дар илми муосири мо ҳолатҳое ҷой доранд, ки хилофи ин андеша астанд. Бархе аз рисолаҳои илмӣ, ки барои ҳимоя пешниҳод мешаванд, танҳо дар унвонашон дигаргунӣ доранду аксари муҳтаво ва матнҳои онҳо якхела аст. Бар замми ин, плагиат (асардӯздӣ) аз маризиҳои хуруҷкунандаи илми тоҷик гардидааст, ки маҳз аз андешаи ҷустани роҳи безаҳмат дар илм пайдо шудаст.
Саҳлангорӣ дар илм. Аз ҷумла, саҳлангорӣ нисбати фаъолиятҳои “вобаста ба мубрам будан ё набудани мавзуъҳои таҳқиқотӣ, сифати корҳои илмӣ, натиҷаҳои бадастовардашуда ва аҳаммияти амалӣ, яъне татбиқи онҳо дар истеҳсолот”, алоқаманд набудани бархе “аз маводи илмии пешниҳодгардида ба самти фаъолияти озмоишгоҳ ё шуъбае, ки корманд дар он фаъолият менамояд” ва ҳамчунон, фаъолияти баъзе аз олимон дар доираи мавзуъҳое, ки "барои илм ва истеҳсолоти ватанӣ аҳаммияти назариявӣ ё амалӣ надоранд ё таҳқиқоти такрорӣ мебошанд, ҳеҷ алоқамандӣ надорад” ба илми тоҷик таъсири амиқи манфӣ мерсонад.
Ҳунари забондонӣ, аниқтараш надонистани забон ва надоштани ҳунари забондонӣ. “Як камбудии дигари аксари олимони кишвар ин аст, ки онҳо ғайр аз забони русӣ забонҳои дигари илми муосири ҷаҳониро намедонанд ва аз дастовардҳои навтарини олимони дунё сари вақт огоҳ намешаванд”.
Хуллас, заъфу камбудиҳои илми тоҷик, ки аз ҷониби Сарвари даалат ошкор гардиданд, аз реги биёбон зиёдтар аст ва аксари онҳо ба худи олимону муассисаҳои илмӣ иртибот доранд, зеро давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода ва мавҷуднабударо фароҳам овард, то илми миллӣ рушд ёбад ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Ба як сухан, давлат хизматашро барои илм софдилона анҷом дода истодааст, вале илм то ба ҳол посухи ин хизматро ба таври бояду шояд надодааст. Умед ва боварӣ аст, ки нуктаҳои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар ба таври воқеъӣ таҳлилу муқоиса гардида, натиҷаҳояшон дар наздиктарин солҳо дар тамоми муассисаҳои илму маорифи мамлакат мавриди амал қарор хоҳанд гирифт.
Варқа Охонниёзов - доктори илмҳои филологӣ
Муҳимтарин вазифаҳои ҷомеа дар сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ ёфта, барои пешрафти минбаъдаи самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, сиёсату иқтисодиёт, соҳаи тандурустӣ ва илму маориф роҳҳои васеъ кушодаанд.
Солҳои охир бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон олимони тоҷик дар рушди илм нақши бузург бозида, барои пешрафти он ва ворид намудани технологияи инговатсионӣ кору пайкор доранд. Набояд фаромӯш кард, ки илму олим дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи давлату ҷомеа буд.
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф гувоҳи ин гуфтаҳост, ки таваҷҷуҳи хосса ба ин қишри ҷомеа дода шуд: «дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд». Ин гуфтаҳо далолат мекунанд, ки рушду пешрафти кишвар бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир асос ёфтааст. Бе илм наметавон кишварро аз буҳронҳои гуногун наҷот бахшид, миллат низ маҳз бо тамаддуну илми пешрафт ва нобиғаҳояш машҳур буду ҳаст.
Дар ин мулоқот натиҷаҳои мулоқоти қаблии Пешвои миллат бо аҳли зиё,вазъи имрӯзаи илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзишион, ташаккули дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмоннатиҷаҳои кори олимонро дар солҳои охир мавриди таҳлили амиқ қарор дода, роҳҳои ҷавобгӯ сохтани илми ватанӣ ва хизмати онро дар рушду такомули минбаъда нишон доданд, Ба ин хотир назди ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Имрӯз саҳми олимони тоҷик ба илми ҷаҳонӣ кам нест. Махсусан пешрафти илми тиб ва дастовардҳои олимон дар ин соҳа дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҷолиби диққат мебошанд. Ҳамин аст, ки дар амалияи тибби кишвар онҳо рӯз аз рӯз амалӣ гашта истодаанд.
Танҳо ҳаминро қайд кардан бамаврид аст, ки соли равон 44 лоиҳа тасдиқ гардида, кормандони муассисаҳои илмии соҳаи тиб аз рӯи 36 мавзуъҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришавандакорҳои илмӣмебаранд.Инчунин 4 лоиҳаи Фонди Президентии тадқиқотибунёдӣ дар самтҳои гастроэнтерелогия, акушерӣва перинатологӣ, бемориҳои сил ва муҳити зист мавриди амал қарор доранд.
Дар солҳои 2023-2024 дар Шӯрои диссертатсионии МД “Пажуҳишгоҳиакушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” ҳимояи11 рисолаҳои номзадии илмҳои тиб гузаронида шуд, ки 4 рисола дар КОА тасдиқ кардагардида ва дар Шӯрои диссертатсионии МД “Марказии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо» дар ин давра ҳимояи 5 рисолаҳои номзадии илмҳои тиб гузаронида шуд.
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣибни Сино дар соли гузашта 75 ҳимояи рисолаи номзади илмӣ, аз он 7 рисолаи докторӣва дар соли 2024 бошад 32 ҳимояи рисола сурат гирифт.
Дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишондод дар соли 2023 11 рисолаи номзади илмӣва 3 рисолаи докторӣ мебошад.
Миқдори патентҳо дар муассисаҳои илмии соҳаи тиб дар соли 2023 14 адад ва дар соли равон 2 ададро ташкил доданд, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 31 патент ба даст оварда шуд, ки қисман дар амалияи тиббӣмавриди истифода қарор гирифтанд.
Шумораи монография ва китобҳо дар соли 2023 37 ададро ташкил дод.
Дар ин давра дастовардҳои илмии олимони тиб назаррас буд. Аз ҷумлаи онҳо маҳсуб меёбанд:
- Ба феҳристи маҷаллаҳои Scopus ворид гардидани маҷаллаи “Паёми Сино” (Avcenna Bulletin) мебошад, ки Шуъба яке аз муассисони он мебошад. Паёми Сино аввалин маҷалла аз Тоҷикистон ва нахустин маҷаллаи тиббии Осиёи Марказӣ мебошад, ки ба ин феҳрист ворид шудааст;
- Маҷаллаи “Паёми тиббии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, ки нашрияи расмии Шуъба мебошад, аз 15 феврали соли 2023 такроран ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА Федератсияи Россия бо иловаи 7 ихтисос ба қайд гирифта шуд;
- Коркард ва ба таври васеъ истеҳсол ва истифода намудани маводи безараргардонандаи зиддивирусии гипохлорити натрий, ки дар давраи пандемияи коронавируси нави COVID-19 аҳамияти ниҳоят муҳими иқтисодию иҷтимоӣ дошт;
- Коркард ва сохтани намунаи саноатии дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва технологияҳои ватанӣ;
- Таҳияимаҳлули воридотивазкунанда барои гемодиализ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ;
- Дар ҳамкорӣ бо олимони Институи физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТихтироъ ва бори аввал иҷро намудани ҷарроҳии нав – Криохолесистэктомия (бурида гирифтани талхадон бо истифода аз дастгоҳи криоҷарроҳӣ бо истифодаи нитрогени моеъ) бо гирифтани патенти АвруОсиёӣ;
- Кашфи генотипҳои нави ротавирусҳо ва намунаҳои нави канаи табларзаи хунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии сирояти онҳо;
- Муайян намудани омилҳои нави хатари норасогии гурдаи пайвандшуда (бемориҳои ғадуди сипаршакл) ва роҳҳои пешгирии он;
- Омухтани пурраи генотипҳои гепатитҳои вирусии дар Тоҷикистон даврзананда ва таҳияи нақшаҳои нави табобати гепатитҳои вирусии ҳимҷоя- В ва С; В ва Д; С ва Е;
- Пешниҳодисиндроми нав дар гепатологи - норасогии шадиди ҷигардар заминаи норасогии музмини ҷигар;
- Дар асоси таҷрибаи беш аз 20-сола пешниҳоди таснифи нави илман асоснокшудаи «Оризаҳои ҳамҷояи бемории реши рӯдаи дувоздаҳангушта»;
- Пешниҳоди ҷарроҳии думарҳилавии нуқси инкишофи ҷоғи поён ва забон- макрогнатияи поёнӣ бо макроглосия, ки сараввал резексияи қисмии забон, баъд - остеотомияи ҷоғи поён гузаронида мешавад;
- Усули такмилдодашудаи эндопротезгузории буғуми чаккаву ҷоғи поён ҳангомисаратон ва анкилози он;
- Муайянсозии таъсири манфии сирояти COVID-19 ба хунгардиши модар-ҷанин ва ҳамроҳак ва афзудани оризаҳои давраи ҳомиладорӣ, фавти дохилибатнии ҷанин ва таваллуди пеш аз мӯҳлат;
- пешниҳод ва дар амалияи тиббӣ ба таври васеъворид намудани усули нави пешгирии норасогии ҳамроҳак дар занон бо изи кӯҳнаи ҷарроҳӣ дар бачадон;
- аввалин маротиба бо муваффақият ва натиҷаи аъло иҷро шудани ҷарроҳиибартарафсозии алоими Киммерлӣ - фишурдашавии шараёни сутунмӯҳра бо мӯҳраи якумигардан ҳангоми ҳаракати сар;
- таҳияи регламенти фармокопеӣ ва шароити техникӣ оид ба истеҳсолимаводҳои фаъоли биологӣ аз шираи камол “ХОЛАГОН, “ФЕРУЛИН” “МЕВАИ ЗЕЛОЛ”; “Ширинии тути сафед”, маҳлули Ширинбия, субстрат ва хокаи Ҳинги Сайёр
- Дар асоси гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ихтироъи моддаи фаъоли биологии «Гастрофор» барои табобати гастрит ва захми меъда (Патенти ҶТ №1360 TJ аз 31.03.2023с.; муаллифон Мироҷов Ғ.Қ., Авезов С.А., Қукбонов М.Қ. ва ғ.).
- истеҳсолимаводи фаъоли биологии "Асгиман" аз маводҳоидорои селен (Зарбати заравшонӣ, Гинго Билабо);
- пешниҳоди“Композитсияи фарматсевтӣ, ки дорои таъсири иммуномодуляторӣ, гепатопротекторӣ, қандпасткунандагӣва ангиопротекторӣ мебошад”
- таҳияи“Маҷмӯи гиёҳи дорои хосияти зиддимикробӣ, адоптогенӣ ва зиддиилтиҳобӣ” ва “Тарзи тайёр кардани ҷавҳараз сунгулаи шӯр”.
Дар 12 соли охир зиёда амалиётҳои зиёди пайвандсозии гурда, пайванди ҷигар ва пайванди мағзи устухон гузаронида шуд. Олимони трасплантологи ватанӣ дар Федератсияи Россия (Маркази илмии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Красноярск) амали пайвандсозии гурдаро бо натиҷаи хуб анҷом доданд.
Ҷиҳати амалӣ намудани супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тайёр намудани доруворӣ аз растании ватанӣ 28-уми сентябри соли 2019 сехи истеҳсоли маводи доруворӣ аз растаниҳои шифобахш дар Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ кушода шуд ва 12 намуд маводи доруворӣ аз растаниҳои маҳаллӣ истеҳсол карда мешаванд.
Ҳамзамон, мавриди зикр аст, ки корманди Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтии АМИТ Шумилина Ольга Владимировна дар соли 2024 узви вобастаи Академияи илмҳои байналмилалии илмҳои экология ва бехатарии ҳаёт дар самти тандурустӣ ва экопрофилактика интихоб гардид.
Ба андешаи Пешвои миллат имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир ба пешрафту тараққиёти баланд ноил мегарданд. Ҳоло истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо менамояд. ки дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад.
Олимону донишмандон вароҳбарони муассисаҳои илмиро мебояд, ки ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои рисолати худ фаъолият намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва муаррифии илми ватанӣ – саҳми бевосита гузоранд.
Дар мулоқот инчунин масъалаи аз сари нав таъсис додана Академияи илҳои тиб ба миён гузошта шуд. Ин маъни онро дорад, ки пеши кормандони соҳаи тиб, махсусан олимон вазифаҳои нав гузошта мешавад. Таҳқиқи корҳои нави афзалиятноки илмӣ, ҷорӣ намудани технологияи тибби муосир, ҳамоҳангсозии илм бо истеҳсолот ва тарбияи кадрҳои нав аз ҷумлаи ин гуфтаҳост. Бо ин мақсад, аз нигоҳи мо на танҳо фаъолсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ, балкиафзалиятнокии онҳо ва дар амалияи тиббӣ истифодаи онҳо вазифаи асосӣ ба шумор меравад. Ҷорӣ намудани технологияи инноватсионӣниз аз ҷумлаи ин гуфтаҳост.
Мо –кормандони илмии соҳаи тиб бояд вобаста ба ғамхориҳои Пешвои миллат ва пеш рафтани илми ҷаҳонӣ дар соҳаи тиб ҷавоби сазовор гардонему дастовардҳои илмиро бештар намоем. Беҳуда таъкид нагардид, ки : “барои давлат миллати солим даркор аст ва барои миллати солим табибони баландихтисос заруранд».
М. Рустамова, мудири шуъбаи илмҳои тибби клиникии АМИТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар таъкид намуданд, ки “Дар арзёбии фаъолияти илмии ҳар як олим ва махсусан, доктори илм ду меъёр бояд асосӣ ва аслӣ бошад: аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ, ки посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд ва дуюм, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд” ва дар ин росто Пешвои миллат иброз доштанд, ки тарбияи кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманду илмдӯст яке аз масъалаҳои муҳим дар сиёсати пешгирифтаи давлати мо мебошад.
Агар мо мундариҷаи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо аҳли илм ва маорифи кишвар ба самтҳои гуногун тақсим намоем, яке аз самтҳои асосии ин мулоқот ба баррасии масъалаи таъмини сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ равона гардидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ворид гардидан ба фазои байналмилалии таҳсилот ва пайваст шудан ба Эъломияи Болония корҳои назаррасро анҷом дода, шуруъ аз соли 2007 бо мақсади рушду такомули соҳаи илм ва маорифи кишвар бо мақсади татбиқи низоми кредитии таҳсилот муассисаҳои таҳсилоти олиро ба низоми таҳсилоти сезинагӣ гузаронид.
Мутобиқи ин муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, аз ҷумла муассисаҳои илмии тобеи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дорои заминаи илмӣ ва пояи моддию техникӣ буданд, имконият пайдо намуданд то дар зинаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ–тавассути магистратура, аспирантура, докторантураи PhD, докторантураи анъанавӣ ва постдокторантура тайёр кардани мутахассисони ҷавони илмиро ба роҳ монанд.
Вобаста ба ин, дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зинаҳои магистратура ва докторонатураи РhD таъсис дода шуда, тавассути ин зинаҳо тайёр кардани кадрҳои илмӣ ба роҳ монда шудааст. Тайи 10 сол аст, ки дар марказҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳама ихтисосҳо магистрантон ва зиёда аз 5 сол боз докторантони РhD қабул карда мешаванд. Аммо тайёр кардани кадрҳои илмӣ ҳануз ҳам талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври назаррас қонеъ намекунад ва нисбат ба ин ҳолат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда шуд.
Бо мақсади таъмини муассисаҳои илмӣ бо кадрҳои дараҷаю унвони илмидор ва бартараф намудани камбудию норасогии кадрҳои илмӣ як қатор барномаю Стратегияҳо, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030” таҳия ва ба тасвиб расидааст. Дар ин росто муассисаҳои илмӣ дар самти тайёр кардани кадрҳои илмӣ аз барномаҳо бояд самаранок истифода баранд.
Яке аз мушкилиҳои дигар дар ин самт, қаблан набудани Шуроҳои диссертатсионӣ буд, ки ҳоло Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва дар назди он 74 Шурои диссертатсионӣ ва 50 маҷаллаи тақризшаванда фаъолият мекунанд, ки олимони ҷавон аз мавҷудияти ин Шуроҳо метавонанд самаранок истифода баранд.
Новобаста ба ин, чуноне, ки Президенти мамлакат дар мулоқот қайд намуданд ҳоло ҳам дар кишвар вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯйи як қатор ихтисосҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда, имрӯз ба олимону мутахассисони варзидаи баъзе илмҳои замонавӣ ҷумҳурии мо ниёз дорад.
Бо мақсади баланд бардоштани тафаккури техникӣ ва аз илмҳои бунёдӣ огоҳ будани ҷавонону наврасон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуда, нақша ва барномаҳои дахлдор таҳия гардидааст, ки олимони ҷавон бо мақсади бархурдор будан аз илмҳои муосир метавонанд аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи барномаҳои мазкур истифода намоянд.
Ҳамчунин, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва ҳавасманд намудани олимону муҳаққиқон ба омӯзиши ҳарчӣ бештари илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таъсис дода шудааст, ки ҳамасола наврасону ҷавонони зиёде дар он иштирок карда, ғолиб меоянд. Аммо муассисаҳои илмӣ дар оянда бо мақсади ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб намудани ин истеъдодҳо кӯшиш ба харҷ намедиҳанд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии олимон ва пешрафти илму маориф дар кишвар ва муаррифии дастовардҳои олимони ҷавон дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамасола ба 12-13 нафар олимони ҷавон, ки дастовардҳои хуби илмӣ доранд дода мешавад. Ҳамчунин, барои магистрантону докторантоне, ки бо баҳои аъло таҳсил менамоянд Стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияҳои муқаррарӣ аз буҷети ҷумҳурӣ таъйин гардидааст. Ҳамаи ин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии олимони ҷавону ихтороъкор буда, мақсади асосӣ сари вақт ба ҳимоя пешниҳод намудани рисолаҳои илмии онҳо ва аз илмҳои замони муосир бархурдор будани олимони ҷавон мебошад.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат зимни мулоқот қайд намуданд, ки бо дарназардошти чунин вазъ, ҷалби ҷавонон ба илм ва ихтироъкорӣ дар пешбурди сиёсати соҳаи илм дар мамлакат яке аз вазифаҳои асосӣ ва зарурӣ ба шумор меравад.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ин суханони Пешвои миллатро ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ дар ҳама муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сармашқи кори худ қарор дода, корро дар ин самт аз ҳарвақта дида, бештару хубтар намоем ва таваҷҷуҳи бештарро ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ ва соҳиби дараҷаю унвони илмӣ намудани онҳо дар ҳама самтҳо равона созем.
Ҳамчунин, ба масъалаи муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо таҷҳизотҳои техникию реактивҳо диққати махсусро равона созем, то олимони ҷавон ва роҳбарони онҳо дар озмоишгоҳҳои мазкур ба натиҷаҳои илмии назаррас ноил гарданд.
Масъалаи дигаре, ки Пешвои миллат нигаронии худро ба он иброз доштанд, интихоби мавзуъҳои илмии ба талаботи имрӯзаи иқтисодиёти кишвар ҷавобгӯ ва манфиатовар барои ояндаи илми тоҷик аст, ки дар ин самт мо бояд кӯшиши бештарро равона созем.
Масъалаи дигар баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва таҳқиқотҳои илмии кормандони ҷавон, аз ҷумла магистрантону докторантони РhD ба ҳисоб меравад, ки дар ин самт Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиро зарур аст, ки чораҳои дахлдор андешанд. Барои татбиқи дастовардҳои илмии муҳаққиқони ҷавон дар истеҳсолот бо мақсади татбиқи илм дар истеҳсолот кӯшиши бештарро бояд равона созем.
Бо мақсади ташаккули тафаккури техникии олимони ҷавон ва огоҳ будани онҳо аз илмҳои бунёдию таҳияҳои илмии муҳаққиқони хориҷӣ аз ҳарвақта дида бештар муҳаққиқони ҷавонро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ сафарбар намоем. Дар ин самт Раёсати Академияи миллии илмҳо ва институтҳои илмӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Аммо ин масъала низ ҳоло ҳам дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Бо илҳом ва натиҷагирӣ аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи кишвар тавассути таҷдиди назар намудани барнома ва нақшаҳои таълимии магистрантону докторантон ба омӯзиши ҳарчӣ бештари фанҳои тахассусӣ, иштироки мунтазам дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва сафарбар гардидани онҳо ба таҷрибаомӯзиҳои илмӣ-омӯзгорӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ диққати махсусро равона созем.
Бовар дорем, ки иҷрои чорабиниҳои мазкур ба бартараф намудани норасогии кадрӣ, ба рушду такомули мактаби илмии олимон, баланд бурдани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимони ҷавон, интихоби мавзуи мубрами барои иқтисодиёти миллӣ манфиатовар ва сари вақт ба ҳимоя пешниҳод намудани рисолаҳои илмии муҳаққиқони ҷавон мусоидат хоҳад кард.
Қосимзода Солеҳ Салим - сардори раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи РhD-и Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ
Мардуми Тоҷикистон аз мову шумо зиндагии сазовору шоистаро умед доранд ва мутмаинанд, ки Тоҷикистони азизи мо бо фаъолияти созандаву ободгарона ва заҳмати содиқонаву софдилонаи ҳар яки мо минбаъд низ бо қадамҳои устувор пеш меравад ва нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҳар давру замон ва дар ҳар халқу миллатҳо ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи насли ояндагон эътироф шудаанд. Ҷавонеро ватандӯст мегӯянд, ки ӯ номи ватани худро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи баланд мебардорад ва бо ҷаҳонбиниву ақлу заковати хеш барои муаррифии ватанаш ҷойгоҳи вижаро сазовор мегардад, ки дигарон низ аз ӯ ибрат бигиранд.
“Дар ин раванд, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ ва густариши тафаккури илмӣ миёни онҳо, инчунин, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ дар ин самт вазифаи муқаддаси зиёиёни кишвар ва дар навбати аввал, кормандони соҳаи илму маориф мебошад”[1].
Барои ҳар ҷавони ба нангу ор зарур дониста мешавад, ки бо саъйу талош ва ҳаракати ҷавониаш Ватан-Модари худро ҷавон нигоҳ дорад ва бо заковату матонати хеш дар ҳар соҳаи пешбурди тараққиёти кишвар мутахассиси беназир бошад. Ҷавонон бояд зодгоҳ ва марзу буми кишварро аз сарватҳои нотакрор барои худ қабул карда барои фардои оянда давлати имрӯзаи босуботу мустақилро боз ҳам ривоҷу равнақ бидиҳанд, ҳамон тавре, ки дар асрҳои пешин бобоёни мо ба мисли Исмоили Сомонӣ соҳибдавлату соҳибтоҷ буд, зиндакунанда ва посдорандаи мероси ниёгон бошанд. Ибораи дилнишини яке аз ҷавонони фаъоли кишварро инҷо зикр менамоям, ки чунин гуфта: «Мо метавонем бо ин фитрати азалӣ ва иродаи қавӣ беҳтар аз ҷавонони ҷаҳон бошем»[2,184].
Агар ба ашъор ва осори бузургонамон назар афканем ҳатман ба манзумаҳое дучор хоҳем омад, ки моҳияти ватанпарастиву ватандӯстиро дар бар доранд. Шоири бузургвори мо, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мутафаккири ватанпараст ва ватандӯст, ки дар айёми ҷавонӣ бо сабабҳои гуногун аз ватани хеш дур афтод ва умри азизи худро дар ғарибиҳо гузаронидааст ҳама вақт ба ёди ватан будааст. Аммо бо ҳама шикасту рехтҳо, камиву костиҳо, ранҷу машаққатҳо, ҷудоиву дуриҳо нигоҳ накарда барои нигоҳдории забону адаб ва фарҳанги ғании халқи тоҷик дар марзи кишвари бегона, ба тариқи назм ашъори пурғановати хешро эҷод кард, ки саршор аз панду ҳикмат ва андарз барои ҷавонон ва роҳнамоии ҷавонон барои созандагиву ободкорӣ ва ватандӯстӣ раҳсипор карда шудааст. Мавлонои Балхӣ гарчанде аз ватанаш дур ҳам буд вале ҳама вақт ба ёди Ватан-Модар буд. Ӯ барои дурӣ аз ёру дустон ва замине, ки дар он ҷо ба дунё омадааст, дар қисми аввали «Маснавии маънавӣ» Найномае офарид, ки баъдан муҳаққиқон ва пажӯҳишгарон мақсади ӯро пажӯҳиш карданд, ки Найномаро барои дур мондан аз ватани аслиаш эҷод намуда будааст. Ин шоири шӯрида дар қисмати Найномаи хеш дурии худро аз кишвари биҳиштосояш бо дарду ғам иброз медорад:
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад,
К-аз найистон то маро бубридаанд,
Аз нафирам марду зан нолидаанд.
Сина хоҳам шарҳа- шарҳа аз фироқ,
То бигуям шарҳи дарди иштиёқ.
Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Ба монанди ин шоири бузург садҳо шоирону адибон дар мавриди ватандориву ватандӯстиву ватанпарастӣ ашъори пурғановат ва роману достонҳо навиштаанд ва ҳар ҷавон бояд аз ин чакомаҳое, ки барои дустдорони ватан эҷод гардидааст бархурдор бошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон дар ҳар паёму мулоқоташон бо ҷомеаперомуни ҷалбнамудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ баромадҳо мекунад то ки ҷавонони мо одилонаву ҷасурона барои гулгулшукуфоии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд. Ибораи дилнишини Ҷаноби олӣ «Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст», ки бо як умеди комил раҳбари давлат таъкид мекунад, бояд барои ҳар як фарди ҷавон чун ҳалқа бар гуш ва вазифаи аввалиндараҷа бар душ бошад. Яке аз самтҳои аввалиндараҷаву саъйу талош ва ғамхорие, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба назар мерасад ин тарбияи ҷавонон мебошад, ки ҷавонони мо бояд ояндабин ва донишманд ба воя расанд. Аз таълифоти Президенти кишвар ёдоварӣ мекунем, ки бо ҳамин қадар корҳои заҳматталаби идорӣ нигоҳ накарда вақт ҷудо намуда барои аз асли хеш бохабар намудани ҷавонон асарҳои баландмазмун навиштааст. Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» [3] беҳтарин китоб барои худшиносиву худогоҳии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад. Муаллифи ин асари муҳташам кӯшиш ба харҷ дода аз гузаштагон ва аҷдодони мо ёдоварӣ намудааст, ки дар даврони пешин тоҷикон дар миёни халқиятҳои гунонгун мақому мартабаи хоси худро доштанд. Ё асари дигари Сарвари давлат «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» [4] аз беҳтарин сарчашмаҳо барои тарбият ва ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон ба ҳисоб меравад, ки дар он зикри шахсиятҳо ва мардонагиву ҷасорати аҷдодони мо зикр гардидааст, ки ҳар як ҷавони бо нангу номуси кишвар бояд ба мутолеаи он бипардозад ва барои ободии ватанамон саҳмгузор бошад.
Барои ҳар як фарди ҷавони кишвар зарур дониста мешавад, ки хизматҳои шоистаи чунин абармардонро ба дилу чон қабул ва барои равнақу ривоҷи кишвар омодаи хизмат бошанд. Чунин нафарон арзандаи номи нек мебошанд ва сазовори таҳсинанд. Барои чунин абармардон шоире навиштааст:
Ту фардои Ватанро некбинӣ,
Ватан ангуштару онро нигинӣ.
Барои бахти фарзандони миллат,
Амину содиқу сулҳофаринӣ.
Ҷавонон бо нерӯи бузурги хеш бояд созандаи Ватан бошанд ва миллати мо дар ҳар давру замон аз ҷавонони хеш умед дорад, ки ояндаи некро хубтару беҳтар гардонанд.
Бархе аз ҷавонон саъйу кӯшиш менамоянд, ки барои ободии кишвар саҳмгузор бошанд ва барои номи нек ба даст оварданашон дар ҳама соҳаҳои кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Аммо бархе аз ҷавонони дигар шояд бо сабаби бедонишӣ ё камдонишӣ бошад, барои ҷомеаи имрӯзаи мо хатарнок мебошанд. Чигунае, ки барои ҳама маълум аст дар ин рӯзҳо ҳизбу гурӯҳҳои мухолифе ба вуҷуд омадаанд, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле хатарнок ҳастанд.
Масалан, шумораи ҷавононе, ки дар ҷангҳои ба ном ДИИШ (Давлати исломии Ироқ ва Шом) ширкат доштанд зиёда аз 300 нафарро ташкил медод. Шояд онҳо ба роҳи фиребу найранги нафароне ба он мамолик рафтаву ҷанг карданд, ки худ аз амали зишти худ бехабар буданд. Барои тарбият намудани ҷавонон аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон барномаҳои махсусе ба роҳ монда шудааст, ки метавонад ҷавононро аз чунин роҳҳо баргардонад ва боздорад. Аз нигоҳи таҳлилӣ ба хулосае омадан мумкин аст, ки он нафароне, ки дар кишварҳои хориҷӣ шомили чунин гурӯҳҳои ифродгароянд дар натиҷаи бозгашт бо афкори ғаразноки хеш метавонанд, ки ҷомеаи моро ноором гардонанд. Агар он гурӯҳҳои ифродгаро муфид мешуд аз ҷониби худи ҳамон давлатҳо пазируфта мешуд.
Барои он, ки ҷавонони мо ба чунин роҳҳои ифродгароӣ гаравида нашаванд, аввалан онҳо бояд худшиносу худогоҳ бошанд ва ба осори гузаштагони мо рӯй оранд. Чигунае, ки Ҳофизи бузургвор, ки ашъораш саропо панду ҳикмат аст чунин гуфтааст:
Насиҳат гуш кун ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Панди пири доно ҳамин насиҳату машварату масдиҳати Пешвои миллат аст, ки роҳнамову роҳкушои ҷавонон мебошад.
Ҷавононро мебояд шукронаи ин обу хоки Ватани азизро ба ҷой оранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои минтақа аз амнтариш кишвар ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ ҷавонон бояд аз ин неъмати бебаҳо, ки ин суботи сиёсӣ аст баҳраманд гардида, ҷиҳати боз ҳам пешрафти кишвар саҳми арзанда гузоранд.
ҚУРБОНЗОДА ФАРИДА, ходими илмии шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АДАБИЁТ:
1. Эмомалӣ Раҳмон .Суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар.30.05.2024 13:30, ш. Душанбе//www.president.tj/node/33541
2. Бахтовар Қ. Рӯ овардан ба ҷавонон-рӯ овардан ба оянда аст//Ҷавонон ва илми муосир, Душанбе: Тараққиёт 2013, 2014. -376 саҳ.
3. Эмомалӣ Раҳмонов. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. Душанбе: Ирфон, 2006.-С.372
4. Эмомалӣ Раҳмонов. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Душанбе: Ирфон, 2006.-С.259
Масъалаи бегонапарастӣ дар ҷомеаи мо имрӯзҳо яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад. Аҳли ҷомеа бояд нисбат ба ин зуҳурот бетараф набуда, дар якҷогӣ бар зидди паҳн шудани урфу одатҳои бегона мубориза баранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки яке аз зуҳуроти нангин дар ҷомеаи муосир ин бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона ба ҳисоб меравад ва Роҳбари давлат махсус ин нуктаро таъкид намуданд, ки: «Сиёсатмадорону фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд».
Гуфтан ба маврид аст, ки бегонапарастӣ ва тақлиди кӯр-кӯрона, аслан, хоси мардуми тоҷик набуда, дар раванди ҷаҳонишавии фарҳангӣ ба наслҳои оянда таъсири зараровари худро мерасонад. Дар ҷомеаи мо зиёд нафароне дучор омадан мумкин аст, ки дар либоспӯшӣ ба фарҳанги бегона такя намуда, аз доираи арзишҳои миллии худ берун мераванд. Дар воқеъ, ин рафтори онҳоро, агар аз як тараф, ба огоҳ набудан аз анъанаҳои суннатии либоспӯшии гузаштагони мо шарҳ дода шавад, аз тарафи дигар, бемасъулиятии комил зоҳир намудани онҳо дар либоспӯшӣ ба ҳисоб меравад. Ба марҳилаҳои гуногуни таърихи ҳалқамон назар афканем сару либоси занону бонувони тоҷик дар ҳеҷ давру замон тақлиди кӯркӯронаи идеалҳои динҳои гуногун набуд, баръакс либосҳои исломии миллишудаи тоҷикон падидаи арзишманде буданд, ки дар баробари мансубияти диниро таҷассум кардан ҳуввияти миллии моро низ барҷаста нишон медоданд. Бо мақсади омӯхтани сабабу шароитҳои рӯ овардани занону духтарони кишварамон ба либоси ғайримиллӣ таҳқиқоти сотсиологӣ анҷом дода шуд.
Аз таҳлили натиҷаҳои таҳқиқот бар меояд, ки сабаби асосии майли занону духтарони мо ба либоси ғайримиллӣ, тақлидкорӣ (34,8%), муд шудани пӯшидани ин гуна либосҳо ва намоиш доданӣ мазҳабӣ будани худ (6,3%) мебошад. Аз ин ҷо бармеояд, ки пўшидани либослҳои ѓайримиллӣ аз рӯйи эътиқоди динӣ (6,3%) ва ё бароҳат ҳис кардани худ (5,1) нест, яъне пӯшидани ин либосҳо аз рўйи ҳавою ҳавас ва тақлидкорӣ сурат мегирад ва манфиати воқеӣ надоранд. Таъсири волидону хешовандон низ дар интихоби либоси занону духтарон (асосан ҳиҷоб) хеле кам аст, онҳо худашон пўшидани чунин либосҳоро интихоб мекунанд (нигаред ба расм).
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари занон, ки адои ҳаҷ ё умра мекунанд, баъди бозгашт ба хотири фарқ кардан аз дигарон либосҳои бегонаро ба бар карда, василаи тарғиби он мегарданд. Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму оини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангиест, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад.
Имрӯз воқеият баёнгари он аст, ки ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи таърихии худро инъикос намуда, аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад. Модарону бонувони мо – тоҷикон низ тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намуда, муборизаи беамон бар зидди он барем.
Дар ин суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумитаи кор бо занон ва оиларо вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо тарроҳони ватанӣ тарҳҳои зебову гуногуни либоси миллиро мувофиқи ниёзҳои эътиқодиву ахлоқии занону хоҳарон ва модарони мо таҳия ва пешниҳод созанд.
Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба ҳисоб меравад. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз ин хусус меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси миллӣ - атласу адрас, гулбасту чакан, гулдӯзиҳои нотакрор, алочаву шоҳӣ, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ меояд. Либоси миллии мо, ки яке аз нишонаи соҳибфарҳангии мо эътироф шудааст ва ҳар яки моро зарур аст, ки фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонапарастӣ омехта насохта, онро бо тамоми покиву рангорангияш ба насли оянда мерос гузорем.
Либоси миллии тоҷикон яке аз қисматҳои асосии фарҳанги миллии мо ба шумор меравад. Дар замони муосир ҷаҳониён моро ба воситаи фарҳанги миллии қадимаамон мешиносанду эътироф менамоянд. Бояд гуфт, ки либоси миллӣ низ ҷузъе аз фарҳанги миллии мо ба ҳисоб рафта, он таърихи кӯҳани ташаккули худро дорад. Дар тӯли асрҳо новобаста аз таззодҳои нангин, ки аз ҷониби аҷнабиён ба сари миллати мо оварда шуда буд, фарҳанги миллӣ бахусус либосҳои миллии мо зебоиву шукуҳи худро гум накарда, балки боз тобишҳои нав ба навро ба худ гирифт. Бо гузашти садсолаҳо имрўз шаҳомату зебоии либосҳои миллии тоҷикон сарҳадҳоро убур карда, тасхиркунандаи қалби Осиёву Африқо, Амрикову Аврупо гардидааст. Боиси хушбахтӣ ва сарфарозӣ аст, ки Созмони Миллаи Муттаҳид-ЮНЕСКО ва хонаи тамаддуни фарҳанги ҷаҳон Парижи Фаронса бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чакани тоҷикро аз зумраи ёдгориҳои беназири фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф кард.
Барои боз ҳам дар сатҳи баланд муарриф намудани фарҳанги миллӣ бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ “эълон гардиданд.
Ин ташаббусҳо метавонад завқҳои солҳо дар пушти парда ниҳонбудаи миллати тоҷикро бедор намуда, дар замонасозикунониву ҷаҳонтасхирсозии либоси миллии мо заминаи нави рушду инкишофро ба вуҷуд орад.
Ташвишовар аст, ки солҳои охир занону духтарони мо ба фарҳанги бегона рў овардаанд. Хусусан тақлид ба шакли либоспўшии занони Эрону Туркия, ки ба бозорҳои мо ворид шуданд. Мақсади мо решакан кардани ин анъанаҳои бегонаи либоспўшӣ ва роиҷ сохтани тарзи либоспўшии миллии худамон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин масъала зимни як суханронии хеш бахшида ба РўзиМодар чунин таъкид карда буданд:“Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар либоси миллӣ дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспўшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.
Бояд ёдовар шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурамале таҳия шудааст, ки намуди либоси духтарону занонро дар фаслҳои сол, ҷашну идҳо ва дигар маросимҳо дар бар мегирад. Ин дастурамал бо ҷалби тарроҳону донандагони анъанаҳои либоси миллӣ таҳия шуда, ба занону духтарони синни гуногун - аз 7 то 60-сола ва аз он боло пўшидани навъҳои либосҳои миллии муосири тоҷикиро тавсия медиҳад. Дастурамал ба ҷуз аз танзими либоси занон вобаста ба синну сол тартиби пўшидани либоси занонро вобаста ба рўзҳои сол ва макон ҳам танзим мекунад. Дар даҳ қисми аввал намунаи либосҳои бонувоне, ки дар мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ кор мекунанд, оварда шуда, лисбоси занон дар рўзҳои ҷашнҳои миллӣ, давлатӣ, дар рўзҳои истироҳати шанбеву якшанбе ва дар бахшҳои алоҳида муайян шудааст. Имрўз ҳар яки моро зарур аст, ки барои пос доштани фарҳанги миллӣ ва ба насли оянда мерос гузоштани он саҳмгузор бошем ва нагузорем, ки либоси ҳеҷ як миллати бегона ба фарҳанги пурғановати мо воридшуда, боиси аз байн рафтани фарҳанги милии мо тоҷикон гардад.
Насурова Беҳрў Асадуллоевна – н.и.ф., ходими пешбари илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи А.Баҳоввадинови АМИТ
Чилаева Муҳайё Тоҳировна – докторанти доктор PhD – и шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоввадинови АМИТ
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи рушди низоми иқтисоди инноватсиониро пеш гирифтааст. Қобили зикр аст, ки мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф ба ҳукми анъана даромада, дар он ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои мубрами илми муосир, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, масъалаҳои бо сифат ва самаранок тайёр ва тарбия намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар кишвар баррасӣ карда мешаванд.
Мулоқоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф, ки санаи 30 майи соли 2024 дар Кохи пуршукӯҳи Ваҳдат баргузор гардида, аз мулоқотҳои пештара куллан фарқ намуда, фарқияти ин дар он зоҳир мегардид, ки ба масъалаҳои рушди илм ва ҳамгироии он бо иқтисодиёти кишвар, нақши илм дар амалигардонии чор ҳадафи стратегии кишвар, пеш аз ҳама дар саноатикунонии босуръат аҳамияти бештар дода шуд.
Дар самти рушди иқтисодии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд, ки он дар амалишавии чаҳор ҳадафҳои стратегии иқтисодии кишвар ба монанди таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунони босуръат инъикоси худро ёфтааст.
Имрӯз, вақте, ки ҷаҳон дар гирифтори буҳронҳо ва бархӯрдҳои пайдарпайи ҷаҳонӣ қарор дорад. Аз ҷумла гармшавии иқлим, буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ, илм бояд чун васила ё механизми рушди иқтисодиёти кишвар, дар самти “иқтисоди сабз” хизмат кунад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки дар ин самт олимон минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки барои ноил шудан ба ин мақсадҳои олӣ омӯхтани таҷрибаи давлатҳои пешқадам, аз ҷумла давлатҳое, ки даҳсолаҳои охир ба дастовардҳои бузурги иқтисодӣ ноил гаштанд, ба монанди Хитой, Ҳиндустон, Индонезия, Малайзия, Сингапур ва дигарҳо мувофиқи мақсад мебошад. Яке аз омилҳои асосие, ки ба рушди иқтисодии ин кишварҳо мусоидат намуд. Ин ҷидди омӯхтани талаботи бозори ҷаҳонӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илм дар истеҳсолот мебошад. Имрӯз тамоми заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ дар масъалаи татбиқи илм дар истеҳсолот аз ҷониби давлат таъмин карда шудааст. Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паркҳои технологӣ» ва таъсиси сохтори алоҳида – Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад. Аз ин рӯ, зарурати босамар татбиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ва дарёфти механизмҳои татбиқи илм дар истеҳсолот метавонад барои таъмини пай дар пайи рушди истеҳсолоти маҳсулоти ивазкунанда, дар кишвар замина гузошта, ба рушди иқтисодиёти инноватсионии моливазкунанда мусоидат намояд. Дар навбати худ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки татбиқи қонуни зикршуда метавонад вазъи маблағгузории соҳаи илмро бамаротиб беҳтар гардонида, ба ҳарчи бештар амалӣ шудани дастовардҳои илм дар истеҳсолот мусоидат намояд.
Унсури калидии низоми рушди иқтисодии ҷумҳурӣ, захираҳои инсонӣ ё ба истилоҳи дигар сармояи инсонӣ мебошанд, ки барои ташаккул ва идоракунии низоми иқтисодиёти кишвар дар ҳамаи сатҳҳо сафарбар карда мешаванд. Яке аз омилҳои пешравии иқтисод ин захираи инсонии давлат ба ҳисоб меравад. «Захираҳои инсонии кишвар ин боигарии зеҳниву касбии давлат ба ҳисоб меравад. Аз сатҳи баланди донишу касбии захираҳои инсонии кишвар, рушди бевоситаи иқтисодӣ вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ омода намудани мутахассисони баландихтисос, пеш аз ҳама аз ҳисоби олимони ҷавон дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илм, маориф ва фарҳанг сабаби боиси пешрафти кишвар гардад. Ҳамчунин, аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки тарбия намудани наврасону ҷавонони боистеъдодро на фақат тавассути озмуни «Илм – фурӯғи маърифат», балки бо роҳи ташкили дигар озмунҳо, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ҷалби ҷавонон ба илм ва ихтироъкорӣ дар пешбурди сиёсати соҳаи илм дар мамлакат, дарёфти шахсоне, ки таҳқиқоти арзишманди илмӣ анҷом дода метавонанд, идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм низ амалӣ карда шавад».
Дар ҷаҳони муосири босуръат рушдёбанда рушди иқтисодиётро дар давлат бе истифоди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки имрӯз амалан дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти давлат, ҷомеа ва инсон истифода мешаванд, тасаввур кардан имконнопазир аст. Инчунин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла технологияи “зеҳнии сунъӣ”, ки рушди онро бе рушди илми муосир ғайримконпазир аст, истода гузаштанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати таъмин кардани пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дар замони муосир, хусусан, дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим натиҷаҳои самарабахши илмиро дар самтҳои ташаккули «энергияи сабз», «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ», ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ ишора намуда, ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла, аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда шуд, ки саҳми олимони ватанӣ дар татбиқи Стратегияи рушди «зеҳни сунъӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва тибқи он то ба 5 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расонидани даромад дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои «зеҳни сунъӣ» хеле зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Яке аз масъалаҳое, ки дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф дарҷ гардид ин рушди иқтисодиёти сабз дар кишвар мебошад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисодиёт яке самтҳои афзалият дар сиёсати рушди иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Истеҳсоли 90 % - и неруи барқӣ дар кишвар, ин нерӯи сабз ба ҳисоб меравад, инчунин ҷори намудани имтиёзҳои гумрукӣ барои ворид намудан ба кишвар электромобилҳо, бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушд додани инфраструктураи нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе яке аз дастовардҳои беназир дар самти рушди иқтисоди сабз дар кишвари мо ба ҳисоб меравад. Бо назардошти афзалияти низоми иқтисоди сабз дар рушди иқтисоди миллӣ аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки корҳои илмӣ таҳқиқотӣ дар самти рушди устувор, «иқтисоди сабз» густариш дода шаванд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки бо мақсади густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти рушди устувор, «иқтисоди сабз» ва сайёҳиву соҳибкорӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пажӯҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотии «Иқтисоди сабз» ва «Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ» таъсис дода шуданд.
Ҳамин тавр, яке аз вазифаҳои асосии олимон – ин ташаккули ҷомеаи мутамаддини аз нигоҳи иқтисодӣ рушдкарда мебошад. Барои ташаккули чунин ҷомеа, танҳо эъломи он нокифоя аст. Барои амалӣ намудани он моро мебояд тамоми корҳои илмӣ таҳқиқотиро ҷиҳати рушди иқтисоди кишвар, аз ҷумла дар самти рушди иқтисоди инноватсионӣ, истифодаи технологияҳои навтарини муосир, рушди нерӯ, захира ва сармояи инсонӣ, пешбурди корҳои илмӣ таҳқиқотӣ дар самти омӯзиши роҳҳо рушди иқтисоди сабз, дар кишвар ҷонок намуда, ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисоӣ илмӣ, баланд бардоштани маърифати аҳолии кишвар, такмил додани бештари касбияту дониш ва таҷрибаи худ чораҳои заруриро андешем.
Нематова Парвина – номзади илмҳои иқтисодӣ,
Мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти
Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Ватан маконест, ки шахс дар он ҷо ба мақсаду орзуҳои худ мерасад ва озоду осуда зиндагӣ мекунад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун фарзанди содиқу вафодори миллат пайваста ҳам бо сухан ва ҳам бо амалҳои ҷавонмардонаи хеш собит месозанд, ки Ватанро чун гавҳари ноёб ҳифз намуда, барои рушду тараққиёт, баланд бардоштани нуфузу эътибори он тамоми қувваю иродаи худро равона намудан лозим аст. «Фаромӯш набояд кард, ки - таъкид мекунад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад».
Ҷавонон бояд аз хурдӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия карда шаванд, дар тарбияи ватандӯстии насли наврас намояндагони ҳар як қишру табақаи ҷомеа бояд фаъолона иштирок намояд. Бояд созмонҳои ҷавонон барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ бо ҷавонон зуд - зуд вохӯрию семинарҳо гузаронанд, Ватанро на бо сухан, бояд ба рафтору амал дӯст дорем.
Ватандӯстӣ пеш аз ҳама боиси ободии кишвар, ваҳдати миллӣ ва таҳкими давлатдорӣ мегардад. Давлати навини Тоҷикистон дар роҳи таҳкими худ ба ватандӯстии халқи азизаш такя мекунад. Моҳиятан, Тоҷикистон ба сифати давлати миллӣ амал менамояд. Ин давраи муҳимест дар инкишофи давлат. Моҳияти онро ҳамчун асос ба инобат гирифта, урфу одат, анъана ва сунатҳои давлатдории миллӣ ташкил медиҳем. Мо бояд дар марҳилаи тақдирсоз барои миллатамон мафҳуми «Ватан»-ро дуруст дарк намоем.
Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологие, ки аз тарафи шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ гузаронида шудааст, 46,7% мусоҳибон зери мафҳуми “Ватан” маконеро медонанд, ки дар он шахс таваллуд мешавад. Аз чор як ҳиссаи мусоҳибон – 23,5% Ватан кишвареро меноманд, ки дар он зиндагӣ мекунанд. Аз панҷ як ҳиссаи мусоҳибон (19,2%) маҳал ва ноҳияеро ватани худ меҳисобанд, ки дар он ҷо таваллуд шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 10,4% мусоҳибон Ватан меноманд. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки аксарияти мусоҳибон Ватан гуфта, асосан ҷойи таваллудро дар назар доранд (нигаред ба диаграммаи 1).
Шумо зери мафҳуми “Ватан”чиро мефаҳмед? (n=375%)
Мутаасифона ҳанӯз ҳам дар гуфтору кирдору рафторамон ҳиссиёти маҳалгароӣ фарогир аст. Барои манфиати ватани азизамонро ҳифз намудан аз доираи маҳал берун баромадан даркор аст. Ба сифати чунин ѓояи асоси инкишоф тамоюли миллатдустӣ баромад карда метавонад. Аммо миллатдустӣ муносибати хосаро талаб дорад. Мо бояд аз шакли канораи миллатгароӣ, ки хосияти иртиҷоӣ дошта, бар зидди манфиату талаботи умумиятҳои миллию этникии дигар равона шудааст, даст бикашем. Новобаста аз тарзи муносибат ба моҳияти давлатии миллӣ ва ҷавҳари ѓоявии он ҳеҷ каси соҳибақл ва соҳибзавқ аз раванди миллатгароии мусбат ҳазар карда наметавонад.
Масъалаи дигари муҳими инкишофи давлатдорӣ дар доираи муносибатҳои байниҳамдигарии ҳокимият ва оммаи халқ қарор мегирад. Нақши ҷомеаи шаҳрвандиро баланд бардоштан зарур аст. Бояд одамон аз мансубияти давлатӣ, яъне шаҳрвандии сиёсӣ буданашон ифтихор дошта бошанд. Мақоми шаҳрванд бояд дар нисбати навъҳо ва шаклҳои дигари мансубияти одамон хеле баланд бошад. Ҳар як шаҳрванд новобаста аз мансубияти иҷтимоию ҳудудияташ бояд аз Ватани хеш ифтихор намояд.
Ободии ватан, суботи онро ҳифз намудан вазифаи шаҳрвандии ҳар як фард аст. Бинобар ин ҷавонон бояд, дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ ва ватандӯстӣ тарбият ёбанд ва Ватани азизашонро муққадас донанд. Бо фикру андешаҳои бохирадмандонаи худ ба манфиати миллату Ватани азизи худ хизмат намоянд. Тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ин вазифаи муқадаси ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.
Хушбахтона, дар ин масъала натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологие, ки аз тарафи шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ гузаронида шудааст, қаноатмандкунанда мебошад. Аксарияти кулли мусоҳибон– 91,2% худро ватандӯст меҳисобандва 7,5% онҳо ақида доранд, ки ватандӯстии онҳо нав ташаккул меёбад. Қисми ками мусоҳибон, яъне ҳамагӣ 1,1% худро ватандӯст намеҳисобанд (ниг. Диаграммаи 2).
Оё Шумо худатро дӯстдори (ватандӯстӣ) Тоҷикистони соҳибихтиёр меҳисобед? (n=373%)
Мутаассифона, натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологии номбаршуда нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии қисме аз ҷавонон дар сатҳи паст қарор дорад. Бо сабаби паст будани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва носолим будани муҳити иҷтимоӣ ба қадри миллат ва сулҳу ваҳдат намерасанд. Бояд гуфт, ки ватандӯстии ҷавонон то ҷое аз ҳолати иқтисодии онҳо низ вобаста аст. Аммо таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки баъзе аз ҷавонон шароити хуби зиндагӣ доранд, аммо худшиносу ватандӯст нестанд. Сарчашмаи ин зуҳуроти манфӣ ба ҷаҳонбинии маҳдуд, муҳити носолими тарбия ва саводи пасти онҳо вобастагӣ дорад. Сабабҳои паст рафтани сатҳи худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавононро дар таъсири маданияти бегона ва тақлид ба арзишҳои бегона медонанд.
Танҳо худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ ягона роҳе мебошанд, ки майли ҷавононро ба сӯи ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ пешгирӣ мекунад. Аз ин рӯ, бояд дар раванди тарбияи ватанпарастии ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия барои расидан ба як ҳадаф талош варзанд ва танҳо ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад.
Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи созанда ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари маҳбубамон бошанд.
Насурова Б.А., - ходими пешбари илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Бояд гуфт, ки ҳар як мулоқот ва вохӯриҳое, ки Пешвои миллат бо қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор мекунад, паҳлӯҳои мубрам ва зарӯрии ҳаёти иҷтимоии кишварро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Вохӯрӣ бо олимон ва зиёиёни кишвар низ қаблан 4 сол пеш доир гардида буд, аз зумраи мулоқотҳои хоси Пешвои миллат ҳаст, ки ҳамеша ба ин қишри хеле муҳими ҷомеа таваҷҷӯҳ ва такя менамояд. Ин мулоқотро метавонад, дар пасманзари чолишҳои глобалӣ ҳамчун катализатор барои муколама, ҳамкорӣ ва амали дастаҷамъона дар ҳалли масъалаҳои мубрами кишвар хидмат кунад, чун масъалаҳо ва мушкилоти зиёде, ки имрӯз дар соҳаи илму маориф ҷой дорад, ба таври бояду шояд мавриди таҳлил ва бо далоили мавҷуда ба сами иштирокдорон расонда шуд. Президенти кишвар нақши муҳими илм ва технологияро дар ҳалли мушкилоти гуногунҷанбаи Тоҷикистон, аз устувории экологӣ то рушди иҷтимоию иқтисодӣ таъкид карданд.
Ҳангоми суханрониҳояшон Пешвои миллат бо ишораи он, ки : “Мо бояд якҷоя қудрати дониш ва инноватсияро барои бартараф кардани мушкилоти дар пешистода истифода барем. Чун агар печидагиҳои ҷаҳони муосирро пайгирӣ мекунем, таҷриба ва заковати олимони мо дар ҷустуҷӯи пешрафти илми миллӣ сарвати ногузири мо маҳсуб меёбад” ба олимон муроҷиати муайянеро иброз намуданд. Ҳамчунин аҳамияти равишҳои байнисоҳавӣ ва шарикиро дар ҳалли мушкилоти мураккаб зарурати ҳамкории байни таҳқиқотчиён, сиёсатмадорон ва таҷрибаомӯзонро зарур дониста, муттаҳид кардани таҷриба ва захираҳои коллективии худ, муайян кардани роҳи ояндаи дурахшон ва шукуфони кишвар ва мардумро таъкид намуданд. Президенти кишвар зикр намуданд, ки: “Ҳангоме ки мо ба роҳи пешрафту шукуфоӣ қадам мезанем, ҳукумат омода аст, ки олимони моро дар ҳар қадам дастгирӣ ва тавонманд созад. Мо якҷоя аз нерӯи дигаргунсозандаи илм барои бунёди ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва наслҳои оянда истифода хоҳем кард.” Вале чанд масъалаи хосеро, ки Пешвои миллат ба онҳо бештар ишора ва таъкид намуданд, метавон ба таври зайл баррасӣ кард:
Ҳифзи арзишҳои миллӣ:
Дар қалби ҳар як миллат пайвастагӣ бо фарҳанг ва арзишҳои миллии он ҷойгир аст. Арзишҳои миллии мо танҳо осори таърихӣ нестанд, онҳо меъёрҳои зинда мебошанд, ки ахлоқ ва рафтори ҷамъиятии моро роҳбарӣ мекунанд. Ҳифз ва пешбурди ин арзишҳо кори ғайрифаъол нест ва иштироки фаъолона, гуфтушунид ва аз ҳама муҳимаш дар арсаи байналхалқӣ намояндагӣ карданро талаб мекунад. Олимон ва зиёиёни мо нигаҳбони мероси фарҳангии мо ва машъалбардорони асолати миллии мо мебошанд. Тавассути таҳқиқот, нашрияҳо ва ҳамкориҳои худ, онҳо метавонанд сарвати анъанаҳои моро афзун намуда, ҳамзамон фаҳмиш ва қадршиносии байнифарҳангиро инкишоф диҳанд. Маҳз олимон ва зиёиёни кишвар ҳастанд, ки арзишҳои миллиро бояд бештар таҳқиқ намуда, бо далоили илмӣ оро ва пешниҳоди ҷомеа гардонанд.
Пешбурди мубориза бо ифротгароӣ:
Ифротгароӣ дар ҳама шаклаш ба иттиҳоду пешрафти ҷомеаи мо хатари ҷиддӣ дорад. Олимон ва равшанфикрони мо ҳамчун пешсафи ақлу хирад бояд дар муқобили маҷрои ҷаҳолат ва таҳаммулнопазирӣ устувор бошанд. Бо инкор кардани афсонаҳо, пешбурди мубоҳисаҳои ба далелҳо асосёфта ва пешбурди тафаккури интиқодӣ онҳо метавонанд пояҳоеро, ки ифротгароӣ дар он рушд мекунад, нобуд созад.
Пешрафти илмҳои бунёдӣ:
Илмҳои бунёдӣ асоси навовариҳои технологӣ, пешрафти ҷомеа ва фаҳмиши инсон мебошанд. Сармоягузорӣ ба тадқиқоте, ки сарҳади донишро боло мебарад, зарурияти табиӣ аст. Хоҳ кушодани асрори коинот, рӯшан кардани мураккабии майнаи инсон ва хоҳ тадқиқи сарҳадҳои нанотехнология бошад, олимони мо бояд дар сафи пеши чунин ҷустуҷуи нави илмӣ бошанд. Кашфиётҳои онҳо на танҳо фаҳмиши моро дар бораи ҷаҳон ғанӣ мегардонанд, балки инчунин барои татбиқи амалие, ки ҳаётро беҳтар мекунанд ва рушди иқтисодиро пеш мебаранд, роҳ мекушоянд.
Тарбияи зеҳни ҷавонон:
Оянда ба ҷавонон тааллуқ дорад ва масъулияти дастаҷамъонаи мост, ки онҳоро бо донишҳое муҷаҳҳаз созем, ки онҳо дар ҷаҳони доимо тағйирёбанда рушд кунанд. Илму маориф нуқтаи меҳварии ин талош аст ва олимону зиёиёни мо дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, роҳнамоии донишҷӯён ва афрӯхтани шавқу ҳавас ба омӯзиш нақши муҳим доранд. Бо пешниҳоди роҳнамо, илҳом ва таҷрибаи амалӣ, онҳо метавонанд насли ояндаи навоварон, ҳалли мушкилот ва пешгомони идея ва анешаҳоро тарбия кунанд.
Ташаккули худшиносии миллӣ:
Миллате, ки аз гузаштааш канда шудааст, мисли киштии бе қутбнамо аст ва дар баҳри номуайянӣ ғарқ шудааст. Олимон ва зиёиёни мо ҳамчун посбони хотираи миллии мо хидмат карда, анъана ва мероси моро аз як насл ба насли дигар интиқол дода, муаррифӣ мекунанд. Бо омӯзиши таърих, таҳлили муосир ва тасаввур кардани ояндаи мо, онҳо метавонанд ҳисси ҳамбастагии наслҳо ва ҳувияти миллиро, ки аз арзишҳои шахсӣ болотаранд ва моро ҳамчун миллат муттаҳид мекунад, тарбия кунанд.
Бетараф набудан
Таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бетарафии олимон нисбат ба сарнавишти ҷомеа, илм ва миллат боз ҳам васеътар аз эътирофи нақши асосие, ки олимон дар ташаккули масири рушду пешрафти миллат мебозанд, низ зикр гардид. Президент аҳамияти донишмандонро на танҳо ҳамчун саҳмгузор дар дониш ва навоварӣ, балки ҳамчун ҷонибҳои манфиатдор дар гуфтугӯи густурдаи ҷомеа ва миллӣ таъкид кард. Бетарафӣ дар миёни донишмандон ба беғаразӣ ва воқеъбинонае, ки ба кори худ бархӯрд мекунанд ва омодагии онҳо барои даст доштан дар масоиле, ки барои ҷомеа ва миллат асар дорад, ишора мекунад. Гарчанде ки таҳқиқоти илмӣ табиатан аз паи ҳақиқат ва далелҳо асос ёфтааст, олимон аз ғаразҳо ё фишорҳои беруна эмин нестанд, ки метавонанд ба тадқиқот ё таблиғоти оммавии онҳо таъсир расонанд. Таъкиди Президенти кишвар ба зарурати риояи принсипҳои якпорчагии зеҳнӣ, истиқлолият ва рафтори ахлоқиро дар фаъолияти касбии олимон таъкид мекунад. Бо доштани мавқеи бетарафӣ, олимон наметавонанд кафолат диҳанд, ки кори онҳо аз таъсири номатлуб эмин боқӣ мемонад ва ба ин васила эътимод ва эътимоднокии дониш ва таҷрибаи илмиро нигоҳ дошта наметавонанд. Ҳамчун олимон вазифадоранд, ки дар мубоҳисаҳои огоҳонаи ҷамъиятӣ саҳм гузоранд, аз ҳалли мушкилиҳои сиёсӣ ҳимоят кунанд ва фаҳмиши ҷамъиятии илмро пеш баранд. Таъкиди Президент олимонро водор мекунад, ки дар баробари риояи меъёрҳо ва принсипҳои ҷиддии илмӣ бо мушкилоти доғи ҷомеа, аз қабили тағйири иқлим, саломатии аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ фаъолона ширкат варзанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як мулоқоти муҳиме, ки ба рушди зеҳнӣ ва ҳамкориҳо нигаронида шудааст, бо олимони гиромии кишвар ҷамъ омада, аҳамияти аввалиндараҷаи густариши дониш ва фаҳмиши мардумро таъкид кард. Президент бори дигар таъкид карданд, ки ҳукумат барои дастгирии ташаббусҳое, ки ба пешрафти дониш ва маърифати ҷомеа мусоидат мекунанд, ҳамеша омода аст. Вай нақшаҳои афзоиши сармоягузорӣ дар соҳаи маориф, иртибототи илмӣ ва барномаҳои саводнокии рақамиро низ зикр кард, то шаҳрвандон ба маълумоти дақиқ ва имкониятҳои рушди зеҳнӣ дастрасӣ дошта бошанд. “Ҳангоме ки мо барои бунёди ҷомеаи ободтару пойдор саъй менамоем, паҳнкунии дониш барои ҳамаи мо бояд вазифаи аввалиндараҷа бошад. Мо биёед, якҷоя аз нерӯи таълим ва таҳқиқот барои тавонмандсозии ҷомеа, ҳавасмандгардонии инноватсия ва пешбурди тағйироти мусбӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он истифода кунем.”
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ Пешвои миллат ба авлавият додан ба тавсеаи дониш ва ҳамкорӣ дар байни олимон амиқан боварии худро изҳор дошта, ба тааҳҳудоти нав барои тавсеаи ҳудуди фаҳмиш ва пешбурди омӯзиши бештари илмҳои дақиқ ишора карданд. Тоҷикистон бо роҳбарии дурандешонаи Сарвари давлат ва саъю кӯшиши муштарак ба ғанисозии зеҳнӣ омода аст, ки дар арсаи ҷаҳонӣ як макони хуби пажӯҳиш, дониш ва навоварии барои олимон гардад.
Гулҳаё Мадимарова, номзади илмҳои филология, ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон