Чӣ гунае, ки медонем, чанде пеш дар доираи лоиҳаи Артемида 2 (Artemis II) кайҳоннавардон ба мадори Моҳ сафар карданд. Ин сафар аз 1 то 11-уми апрели соли 2026 идома карда, дар доираи он кайҳоннавардон аз фосилаи хеле наздик сатҳи Моҳро мушоҳида намуда, аз минтақаҳои гуногуни он садҳо аксҳои нодиру ҷолиб гирифтанд. Ин яке аз рӯйдодҳои муҳимми солҳои охир дар самти омӯзиши кайҳон ва кайҳоннавардӣ ба шумор меравад, зеро ба шарофати он на танҳо тасвирҳои тоза ва баландсифат, балки маълумоти арзишманд барои шинохти беҳтари хусусиятҳои сатҳи Моҳ ба даст омада, дастгоҳу таҷҳизоти нави кайҳоннавардӣ санҷида шуданд.
Дар раванди сафар аз тарафи кайҳоннавардон ва дастгоҳҳои худкор аксҳои хеле зиёд гирифта шудаанд, ки дар сомонаи НАСА дастраси омма мебошанд. Ин тасвирҳо на танҳо барои муҳаққиқон, балки барои ҳар шахсе, ки ба илми кайҳон, ситорашиносӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ таваҷҷуҳ дорад, манбаи бисёр арзишманд ба ҳисоб мераванд. Дар байни ин аксҳо манзараҳои гуногуни сатҳи Моҳ, аз ҷумла ҳавзаҳо, танӯраҳо, кӯҳсорҳо ва минтақаҳои дорои осори бархӯрдҳои қадима низ дида мешаванд. Барои ман, ҳамчун пажӯҳишгари тоҷик ҷолиб буд, ки оё дар аксҳои кайҳоннавардон танӯраҳое, ки ба номи донишмандони тоҷик номгузорӣ шудаанд ҳастанд ё не. Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд дар акси рақами art002e012261 танӯраи Умари Хайёмро ёфтам, ки бо ранги сурх ишора шудаст. Ин акс тавассути дастгоҳи аксбардории NIKON D5 бо масофаи конунии 185 мм, рӯзи 6 апрел, соати 19:25 гирифта шудааст. Ҳарчанд, ки дар ҷомеаи мо Умари Хайём чун рубоисаро машҳур аст, вале аслан ӯ файласуфи барҷаста, риёзидони беназир ва астрономи бузург аст, ки аксаран дар бораи тақвими ӯ ва дақиқияти он шунидаанд.
Хидматҳои Умари Хайёмро дар соҳаи ахтаршиносӣ ба назар гирифта, Иттиҳоди байналмилалии астрономон соли 1970 танӯраеро дар сатҳи Моҳ ба шарафи ӯ номгузорӣ кардааст. Танӯраи Умари Хайём бо қутри тақрибан 69 километр ва умқи ~2,8 километр дар канори шимолу ғарбии танӯраи калонтари Почобут ҷойгир аст. Илова бар ин, лаби шимолу-ғарбиашро танӯраи нисбатан ҷавонтар – Зигмонди пӯшонда, гӯё пайғом медиҳад, ки ин минтақа аз чанд бархӯрди калони кайҳонӣ ҳосил гаштааст. Дар наздикиҳои танӯраи Хайём танӯраҳои Каннисаро ва Эллисон ҷой доранд. Маркази ин танӯра дар координатаҳои селенографии 58°13′ арзи шимолӣ ва 102°13′ тӯли ғарбӣ қарор дорад. Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки ин танӯра тақрибан 4 млрд сол пештар пайдо шудааст.
Ҳарчанд танӯраи Умари Хайём дар қисмати нонамоёни Моҳ ҷойгир аст, вале аз сабаби ларзиши Моҳ (либратсия) дар баъзе ҳолат онро дар канори доси Моҳ мушоҳида кардан мумкин аст Шояд дар аксҳои дигари миссияи Артемида 2 низ танӯраҳои тоҷикон дида шавад, вале ҷустуҷӯ ва шиносоии онҳо вақту заҳмати зиёд талаб мекунад.
Ризои Баҳромзод
КОНФРОНСИ II-ЮМИ ИЛМӢ-АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗУИ «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РУШДИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ, ТАҲЛИЛ, АУДИТ, АНДОЗБАНДӢ, НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ: ТАҲДИДҲОИ МУОСИР ВА САМТҲОИ РУШД»
30-юми январи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Муассисаи ҷамъиятии муҳосибон ва аудиторҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи пленарии Конфронси II-юми илмӣ-амалии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубрами муҳосибот, аудит, таҳлил, андозбандӣ ва назорати молиявии давлатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ коршиносони пешбар, олимон ва намояндагони соҳибкорӣ аз кишварҳои гуногун иштирок карданд.
Натиҷаҳои асосии конфронс:
Суханрониҳои шодбошӣ:
• Хайрулло Холназар Назарзода, Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор (Ҷумҳурии Тоҷикистон)
• Хушвахтзода Кобилҷон Хушвахт, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор (Ҷумҳурии Тоҷикистон)
• Тулаходжаева Миновара Маҳкамовна, Раиси Ассотсиатсияи миллии муҳосибон ва аудиторҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор (Ҷумҳурии Ӯзбекистон, онлайн)
• Алимбеков Нурлан Оринбосарович, Раиси Шурои директорони Палатаи муҳосибони касбии Ҷумҳурии Қазоқистон (Ҷумҳурии Қазоқистон, онлайн)
Ҷаласаи пленарӣ
Модератор: Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.
Маҷмӯи гузоришҳо:
• Калемуллоев Мунир Воҳидович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Мавзӯъ: "Матрица BCG и возможности её применения при диагностике банкротства" (Ҷумҳурии Тоҷикистон).
• Вахрушина Мария Арамовна, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи таҳлили тиҷоратӣ ва бизнес ва аудит дар Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия. Мавзӯъ: "Интегрированная отчетность и управленческий учет: проблемы взаимосвязи " (Федератсияи Русия, онлайн).
• Давлатзода Дилмурод Ашурбек, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, кафедраи идоракунӣ ва маркетинг дар Донишгоҳи Русия-Тоҷикистон (Славянӣ). Мавзӯъ: "Организационные положения развития государственного аудита" (Ҷумҳурии Тоҷикистон).
• Мирзоалиев Абдумалик Абдунабиевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, САР, директори иҷроии Муассисаи ҷамъиятии муҳосибон ва аудиторҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавзӯъ: "Реформирование бухгалтерского учета и финансовой отчетности в Таджикистане: критический анализ" (Ҷумҳурии Тоҷикистон).
• Кадиров Абдураҳмон Лакимович, доктори илмҳои физика-математикӣ, профессори кафедраи электроникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Мавзӯъ: "Модели анализа образовательных данных с использованием искусственного интеллекта".
Натиҷаҳо ва тавсияҳо: Дар доираи конфронс масъалаҳои асосии рушд ва таҳдидҳои соҳаҳои муҳосибӣ, аудит ва назорати молиявии давлатӣ баррасӣ гардиданд.
Аз ҷониби иштирокчиён тавсияҳо барои беҳтар кардани фаъолияти ин соҳаҳо, аз ҷумла истифодаи технологияҳои рақамӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди барномаҳои таълимӣ пешниҳод карда шуданд. Конфронс як майдони муҳими табодули донишҳо байни коршиносон, олимон ва намояндагони иттиҳоди соҳибкорон гардид.
КУРСИ ХОНИШҲОИ СИЁСИИ “САРВАРОНИ СИЁСӢ” ДАР АМИТ БО ИШТИРОКИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГУЛАҲМАДЗОДА ЗУЛФИҚОР АҲМАД
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба ин, дар таърихи 31 – уми январи соли 2025 бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад нишасти 13-уми курси хонишҳои сиёсии “Сарварони сиёсӣ” баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён оғоз бахшида, ҳузури меҳмонро ба ин курс шодбош намуданд.
Зулфиқор Гулаҳмадзода зимни суҳбат қайд намуданд, ки: “Ҷавонон такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд. Маҳз ба ҳамин хотир аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоиди зисту зиндагонӣ, илмомӯзӣ, ҷисману руҳан солим ба воя расидани ин қишри фаъоли ҷомеа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Фаъолияти ҷавонон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар рушди иқтисоди миллӣ имрӯз назаррас буда, онҳо бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояҳои созанда пешниҳод намудаанд ва бо дастгирии роҳбарияти давлат онҳоро дар амал татбиқ намуда истодаанд. Бо мақсади мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани таълим ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавону наврас дар мамаклат муосиртарин шароиту имконот фароҳам оварда шудааст”.
Тавре, ки иттилоъ дода будем, рӯзҳои 21 - 28 - уми январи соли 2025 сокинони дунё шоҳиди дар як саф қарор гирифтани сайёраҳо хоҳанд шуд.
Дар ин асно кормандони илмии Институти астрофизикаи АМИТ муддати се шаб дар Расадхонаи астрономии Ҳисор ба хонандагони Муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҷиҳати мушоҳидаи сайёраҳо, ки дар як саф қарор гирифтаанд, экскурсия гӯзарониданд.
Ҳоло дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия бо ташаббуси Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) чорабинӣ вобаста ба масъалаҳои истифодаи усулҳои гидрологияи изотопӣ ҳангоми омӯзиши захираҳои обӣ ҷараён дорад.
Чорабинӣ рӯзи 27 январ оғоз шуда, рӯзи 31 январ ба анҷом мерасад.
Дар чорабинии мазкур н.и.т. Кодиров Анвар Саидкулович, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (мутахассиси самти гидрологияи изотопӣ) ширкат варзид.
Ҳадафи асосии чорабинии мазкур аз мубодилаи таҷриба ва баррасии истифодаи усулҳои гидрологияи изотопӣ ҳангоми омӯзиши захираҳои обӣ иборат буда, барои рушди минбаъдаи ин усул номгӯи чорабиниҳо коркард гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, гидрологияи изотопӣ яке соҳаҳои илм маҳсуб меёбад, ки равандҳои гардиши гидрологиро бо истифода аз изотопҳои устувор ва радиоактивӣ меомӯзад. Ин усулҳои беназири омӯзиши манбаъҳои об, синну сол, гардиш, бухоршавӣ ва таъсири мутақобила бо дигар ҷузъҳои муҳити зистро пешниҳод мекунад.
Рӯзи 28 январи соли 2025 Кодиров А.С. дар мавзӯи “Ensuring water availability in Central Asia amid a changing climate” бо забони англисӣ баромад намуданд.
Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ-и АМИТ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, мақоми маркази минтақавиро барои давлатҳои Осиёи Марказӣ расман сазовор шуд
23 январи соли 2025 дар қароргоҳи Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия маросими тантанавии супоридани лавҳа ба маркази минтақавии Тоҷикистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки он сатҳи баланди мутобиқати Маркази минтақавии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядрои (ХБРЯ),-ро ба талаботҳои АБНА инъикос менамояд. Дар асоси ин аккредитатсия, Марказ расман мақоми Маркази минтақавиро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ сазовор шуд.
Маълумоти бештар дар телеграми мо: https://t.me/akademia55
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба ин, санаи 24 январи соли 2025 зимни нишасти дувоздаҳуми ин иқдом дар АМИТ бо иштироки узви вобастаи АМИТ профессор, сиёсатшинос Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар мавзуи “Санъати суханварӣ" хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар раванди чорабинӣ Раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, н.и.ф., Зиёев Субҳиддин оид ба ҷанбаҳои гуногуни баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти баланди миллӣ, дарки хештаншиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба илму олимон сухан гуфта, аз ҳузури меҳмон истиқболи нек намуд.
Аз ҷониби гузоришгар устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз ба олимони ҷавон роҳу усул ва тарзи баён ҳамчун маслиҳату машварат баён карда шуд ва ниҳоят саволу ҷавобҳо баргузор карда шуда дар музокира олимони ҷавон фикру андешаҳои худро оид ба масалаи санъати суханварӣ баён намуданд.
Санаи 23.01.2025 дар Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ маҷлиси умумии кормандони Марказ дар ҳошияи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рузи 17.01.2025 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, бо иштироки Раиси Шуъбаи илмҳои биология, д.и.б., профессор Мирзораҳимзода А.К. гузаронида шуд. Дар маҷлис ҳамаи кормандон ширкат варзиданд.
Дар маҷлис натиҷаҳои асосӣ ва камбудию норасогиҳои фаъолияти илмию ташкилии Марказ дар соли 2024, нақшаи кории фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии зертобеи Шуъба ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2025 муайян карда шуданд.
Инчунин дастуру супоришҳо оид ба ривоҷ додани бахши пахтакорӣ, яхобмони боғу киштзорҳо ва шинонидани дарахту буттаҳо, қаламчакунии гули садбарг ва ғайраҳо дасуру супориш дода шуд.
24 январи соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни Сада Конференсияи илмию – амалӣ таҳти унвони «Ҷашни Сада ва моҳияту арзишҳои миллии он» баргузор гардид.
Зимни суханронии ифтитоҳии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ба ҷашнҳои миллии тоҷикон ва барои аз нав эҳё кардани онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода, мақоми онҳоро то ба сатҳи байналмилалӣ боло бурданд.
Бояд гуфт, ки ҷашну маросими фарҳангию суннатӣ муҳимтарин омили муттаҳидкунандаи умумиятҳои гуногуни башарӣ ба шумор мераванд. Маҳз ба туфайли пуштибонии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мамлакат ҷашнҳои миллӣ, махсусан Наврӯзи оламафрӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон, дар сатҳи хеле баланд таҷлил мегарданд.
Таъкид гардид, ки тоҷикон аз зумраи он миллатҳои куҳанбунёду тамаддунофаранд, ки тавонистанд ҷашнҳои муқаддаси миллиашонро алорағми фишорҳои мафкураҳои ҳоким дар низомҳои гуногуни сиёсӣ беосеб то ба имрӯз бирасонанд.
Зикр гардид, ки Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо сар карда то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маъмул буда, дар дарбор ва байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Баъд аз асрҳои XII-XIII бо таъсири рӯҳониёни мутаассиб таҷлили расмии ҷашни Сада аз тарафи шоҳон қатъ шуда, он ба ҷашни мардумӣ табдил ёфт ва дар шакли сайрҳо то ба рӯзгори мо омада расидааст.
Тасвири баргузории ҷашни Садаро дар замони ҳукмронии Сомониёну Ғазнавиён дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, махсусан дар қасидаҳо, мушоҳида кардан мумкин аст.
Ҳамин аст, ки барои дубора эҳё ва ҳифзи Ҷашни Сада маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон Сада дар кишвари фарҳангпарвари мо расман рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашҳои Меҳргон ва Сада расман рӯзҳои муайяни таҷлил доранд.
Ёдовар мешавем, ки 6 декабр соли 2023 зимни иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки намояндагони муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок доштанд “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Дар идома директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуадуллоҳи Рӯдакӣ Фарангиз Шарифзода дар мавзуи «Сада ҷашни мулуки номдор аст» ва мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш Абувалӣ Шарифзода дар мавзуи «Таърихи ташаккул ва таҳаввули ҷашни Садда», сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов Тоҷинисо Муродова дар мавзуи «Ҷашни Сада омодагӣ ба Наврӯз» маъруза намуданд.
