Skip to main content

ДУШАНБЕ, 04.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16 декабри соли 2025 масъулияти шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар шароити ҷаҳонишавӣ боз ҳам дучанд намуд. Зеро дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷумҳурӣ ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, гиромидошти таърихи гузаштагон,омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳифзи забони давлатӣ таваҷҷуҳи зиёд нигаронида шудааст.

-Бояд тазаккур дод, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои миллати мо консепсияи стратегии таҳлилию ҷамъбастӣ мебошад. Дар он моҳияти тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии мамлакат бо такя ба рушди иқтисодиёти замони соҳибистиқлолӣ, эҳёи хотираи таърихӣ ва равандҳои таҳкими давлатдории миллӣ таҳлилу баррасӣ гардидаанд.

Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Тоҷикистон масъалаҳои рӯзмарраи ҷаҳони пуртазод, вазъи дохилии ҷумҳурӣ, худшиносӣ ва ҳифзи асолати таърихию арзишҳои миллиро бо далелу роҳнамоиҳои мантиқӣ баён намудаанд, ки боиси дастгирии ҳамаҷониба мебошад. Ҳамзамон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон карда шавад, ки ин барои мо қобили эҳтирому дастгирист.

Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳори андеша намуданд, ки «тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангию тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд».

Дар воқеъ, Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун роҳбалади рушду инкишоф ва барномаи пешрафти замони соҳибистиқлолӣ ҳамеша боиси дастгирӣ ва амалӣ гардонидани нуктаҳои асосии он мебошад. Аз ин рӯ, мо дар мақола бештар ба ду пешниҳод ва дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя менамоем. Якум, барои таъсис додани Маркази тамаддуни ориёӣ. Дуюм, барои таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе.

Зарурати таъсиси чунин марказҳои миллӣ ба андешаи мо, барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва эҳёи хотира гардиши куллии таърихию фарҳангие ба шумор мераванд, ки куҳанбунёд ва соҳибтамаддун будани мардуми моро тақвият мебахшанд.

Дар баробари ин бояд ёдовар шуд, ки дар шинохти давраи муҳоҷирати ориёиҳо, ки ба ҳазораи II пеш аз мелод ва ибтидои ҳазораи I пеш аз мелод алоқаманд аст, дар қаламрави бузурги Осиёи Миёна ва вилоятҳои вобастаи он қавмҳои ориёинажоди махлутшуда (конгломерат) зиндагӣ мекарданд. Ин давраи тӯлоние буд, ки дар ин муддат дини нав-зардуштия рушд намуд ва дар ин қаламрав савдову кишоварзӣ, инчунин забону расму оинҳо тараққӣ ёфта будаанд. Ҳамаи ин ба он оварда расонид, ки гурӯҳҳои этникӣ таназзул ёфта, тамаддунҳои суғдӣ дар шимол ва бохтарӣ дар ҷануб тараққӣ намуданд. Суғдиён дар рушд ва мондагории тамаддун дар Шоҳроҳи Бузурги Абрешим нақши фаъол доштанд ва ин давраро аксари олимону муҳаққиқон давраи Ориёи Бузург номидаанд, ки давраи тиллоии ниёгони мо ба ҳисоб мерафт.

Давраи муосир, яъне замони соҳибистиқлолӣ давраест, ки эҳёи тамаддуни Ориёи Бузург барои давлату миллати мо муҳимияти масъалаи бақодорӣ дар минтақа, ҳифзи марзу бум ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, масъалаи бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ барои миллати мо ва дигар ориёнажодон танҳо падидаи нав нест, балки ин зарурати бузурги таърихиест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд тамаддуни ориёиро бо идеяи муосир ва ҷасорату шуҷоати беҳамто аз нав эҳё намоянд.

Ҳамин аст, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Тоҷикистон ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки барои дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд.

Албатта, ин иқдоми бузурге, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, андешаи бунёдӣ ва фаромиллие мебошад, ки барои миллату Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар наслҳои ориёинажод боиси дастгирӣ ва эҳтирому эътирофи хосса мебошад.

Умуман, дар мадди аввал зарурати ташкил намудани чунин марказҳои бонуфуз, ба андешаи мо, пеш аз ҳама, ба вазъи геополитикии ҷаҳони муосир ва дигаргун шудани муносибатҳои этнополитикии ҳамсоядавлатҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ вобастаю пайваста мебошад.

Зарурати дуюми ташкили чунин марказҳо ҳифзи арзишу суннатҳои таърихию фарҳангӣ ва манфиатҳои ҳаётан муҳиму бақодории миллати тоҷик ва тамаддуни ориёиҳо мебошад.

Дар баробари ин, Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки «бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад. Итминон дорам, ки амалӣ намудани ин иқдом далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон мегардад. Ҳамзамон Сарвари давлат Академияи миллии илмҳо ва дигар муассисаҳои илмию таҳқиқотиро вазифадор намуданд, ки бо ҷалби олимону донишмандон Консепсияи ин марказҳоро дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Бояд гуфт, ки имрӯз шарҳу баёни нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати роҳбалади стратегӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии сокинони ҷумҳурӣ зарурати воқеӣ дошта, ба паст намудани шиддати зуҳуроти номатлуб ва хавфу хатарҳои нави ҷаҳонӣ таъсири амиқ расонида метавонад.

Мо, олимону таҳлилгарони илмҳои ҷомеашиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро дастгирӣ намуда, барои ободию пешравии ҷумҳурии азизамон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем. Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун роҳнамои рушду инкишоф ва барномаи пешрафти Тоҷикистон боиси дастгирии ҳамаҷониба мебошад.

Аз ин рӯ, мо бояд стратегияи рушди махсуси миллӣ дошта бошем, ки ба раванди таҳкими миллату давлат таъсири амиқ расонида тавонад. Бунёди ин марказҳо эҳёи аслу насаб ва тамаддуни ориёӣ аст, ки на танҳо андешаҳои ботил ва азхудкунии асолати таърихиро маҳв мекунад, балки рушд ва эътирофи андешаҳои умумибашарӣ ва таҳаммулпазириро вусъат мебахшад.

Ҳамин тавр, мо, зиёиёну пажӯҳишгарони мамлакат Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои дар амал татбиқ намудани дастуру супориш ва ташаббусҳои судманди Роҳбари давлат барои рушди Тоҷикистон ҳамеша саҳми назаррас мегузорем.

Муҳаммад АБДУРАҲМОН, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор