“Артиш такягоҳи давлат ва сипари миллат аст. Вазифаи асосии он таъмини амнияти Ватан, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он мебошад. Эътимоди халқ бояд комил бошад, ки Артиши миллии мо ба ҳифзи Истиқлолият ва амнияти мамлакатамон аз ҳама гуна дастдарозӣ ба мо қодир аст. Аз ин рӯ, Артиши мо бояд чунин Артише бошад, ки ба меъёрҳои низоми ҳарбии имрӯзу фардо пурра ҷавоб диҳад. Артише, ки ба манфиати давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд хизмат кунад ва тимсоли муҳаббати бепоён ба Ватани ягона гардад.”
Эмомалӣ РАҲМОН
Мусаллам аст, ки соли 1992 баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ сарфи назар аз он ки кишварамонро вазъи бениҳоят печидаи ҳарбӣ - сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, аммо Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро ҳамчун бунёдгузори Артиши миллӣ ва дигар сохтору воҳидҳои низомии кишварамон муаррифӣ карда тавонистанд, зеро Артиши миллии кишвар маҳз дар замоне таъсис дода шуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар ҳолати вазнину ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ дар кишварамон, қариб ки набуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Артиши миллии мо дар заминаи сифр холӣ ба вуқуъ пайваста аст. Нахустин маротиба дар ин замина интишори Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 24-уми декабри соли 1991 “Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ” буд. Рӯзи 18-уми декабри соли 1992 Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд, ки заминаи ҳуқуқии Артиши миллиро фароҳам овард.
Сипас, танҳо баъди ба сари ҳокимият омадани ҳукумати қонунӣ дар рафти баргузории Иҷлосияи сарнавиштсозу таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили ташкил ва таъсиси Артиши миллӣ ба таври амалӣ сурат гирифт.
Ҳамин тавр, рӯзи 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе нахустин маротиба паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Лозим ба тазаккур аст, ки зимни ташкилу таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1997 дар маҷмуъ се навъи асосии қӯшунҳо, аз қабили: Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва инчунин Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ иборат буданд. Ҳоло бошад, ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар итоати Вазорати мудофиаи кишвари соҳибистиқлоламон қисму воҳидҳои низомии алоҳида ва мухталифи зиёде ва Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва инчунин дигар идораҳои ҳарбӣ мавҷуданд, ки ҳамаи онҳо дар ибтидои таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта марбут ба иҷрои вазифаҳои муҳимми соҳавӣ корҳои зиёдеро дар самти ба худ марбута ба сомон мерасонанд.
Айни замон, мардуми шарифи кишварамон бо тамоми ҳастӣ идрок менамоянд, ки маҳз кулли ҷузъу томҳо ва сохторҳои марбутаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирию ҳидоятҳои Ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллатамон Сардори давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вазъу ҳолат қудрати кофӣ доранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳар гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо муҳофизат менамоянд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва инчунин иқтидори мудофиавии он вазифаи басо ҳам муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Аз ин рӯ, ҳар кадоми мо муваззафем, ки қарзи сарбозии худро ба иҷро расонем ва ҳамзамон ба Ватани ҷоноҷон ва соҳибиқболу соҳибистиқлоламон хизмат намоем.
Лозим ба тазаккур аст, ки маҳз дар замони ҷаҳонишавии босуръат ва инчунин бархурди тамаддунҳо артиши муосирро ҳаёт бо санҷишҳои мудҳише рӯ ба рӯ кардааст. Чунончӣ масоили хавфноке аз қабили терроризм ва экстеремизм барин мафҳумҳо айни замон кулли мамолики оламро ба таҳлука афкандааст. Аз ин рӯ, алайҳи ин гуна падидаҳои носолим тадбирҳои судманду дастаҷамъӣ андешидан лозим аст. Бинобар ин ҳамагонро зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда баҳри решакан кардани ин гуна омилҳои хатарнок тадбирҳои судманд андешидан даркор аст.
Аз мавриди муносиб истифода бурда, кулли сарбозони шуҷою диловари Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ходимони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни 23-юми феврал - Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, барояшон пеш аз ҳама саломатии бардавом ва хидмати хубу содиқона ба нафъи халқу меҳан орзумандам. Ид муборак, сарбозони асили Ватан!
Файзалӣ ҲАКИМОВ - ходими калони илмии Институти
зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
БАРРАСИИ ҲИСОБОТИ ШУРОҲОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ МИЛЛИИ МУАССИСАҲОИ ЗЕРСОХТОРИ АМИТ ДАР СОЛИ 2025
Санаи 19.12.2025 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастии шуроҳои диссертатсионии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи раисони шуроҳои диссертатсионӣ оид ба фаъолият дар соли 2025 шунида шуд.
Дар кори маҷлис ноибони президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода И.Т., Мирзораҳимов А., Саломиён М., сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи (PhD) Қосимзода С.С., раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода С.Х. муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода М.М., раис, котиб ва муовинони шуроҳои диссертатсионӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
- Дар рафти ҷаласа дар ду бахш ҳисоботи раисони шуроҳои диссертатсионии 6D.KOA-009 назди Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ, 6D.КОА-017 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, 6D.КОА-033 Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои АМИТ, 6D.КОА-042 назди институти химияи ба номи в.и. никитини АМИТ ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, 6D.КОА-055 назди Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ, 6D.КОА-059 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, 6D.КОА-067 назди Институти забон ва адабиёти ба номи рӯдакии АМИТ, 6DKOA-076 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи а.баҳоваддинови АМИТ, 6DKOA-079 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, 6D.КОА-080 назди Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ, 6D.КОА-089 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, 6D.КОА-093 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ва 6D.КОА-104 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ баррасӣ гардиданд.
Дар рафти маҷлис қайд гардид, ки соли 2025 бо дастгирии бевоситаи президенти АМИТ узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Давлатзода С.Х. дар назди муассисаҳои зерсохтори АМИТ 3 шурои диссертатсионӣ таъсис дода шуд ва шумораи умумии шуроҳои амалкунанда ба 12 адад расонида шуд, ки дар онҳо баррасии диссертатсияҳоро аз рӯйи 32 ихтисос ба роҳ мондаанд.
Cоли 2025 дар шуроҳои диссертатсионӣ 87 ҳимоя баргузор гардид, ки аз он 13 диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 17 диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа PhD ва 57 диссертатсия барои дарёфти дараҷаи номзади илм мебошанд.
Имрӯз, 17 декабр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо шарикони рушд аз Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин ноиби президенти Донишгоҳи нақлиёти Сиан Бие Чаохун, ноиби иҷроияи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ Шао Цзинью, директори Маркази байналмилалии интиқоли технологияҳои нав Ван Вэнь, муовини директори дафтари байналмилалӣ Мэн Сянли, мушовири перезидент ва сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба амалӣ намудани нақшаҳои таҳрезишуда оид ба сохтмони биноҳои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ ва хобгоҳро барои татбиқи барномаи муштараки омода кардани кадрҳои илмӣ (магистратура ва доктор PhD) баррасӣ намуданд.
Инчунин, дар рафти мулоқот масъалаҳои вусъат додани ҳамкориҳо дар самти лоиҳаҳои илмии байнидавлатӣ ва татбиқи муштараки онҳо бо иштироки олимону муҳаққиқони Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар робита ба ин намояндагони донишгоҳ омодагии ҳамаҷонибаи худро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт изҳор намуданд. Дар ҳошияи сафар дар асоси созишномаи Академияи миллии илмҳо бо Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин, Маркази байналмилалии интиқоли технологияҳои нави Сиан - Тоҷикистон кушода шуд.
Ҳамзамон намояндагони Донишгоҳ аз мавзеи интихобгардида барои сохтмони Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ ва хобгоҳ дидан намуда, ба корҳои сохтмонии иншоотҳои мазкур оғоз бахшиданд.
Паёми Пешво – барномаи нав,
Сароғози саодатномаи нав.
Паёми Пешво – пайки рисолат,
Ба ҷисми бахти миллат ҷомаи нав!
Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми Тоҷикистон сирфан натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи соҳаҳои гуногуни мамлакат ва хулосабарорӣ аз бурду бохтҳои яксолаи кишвар дар арсаи сиёсат, иқтисод, кишоварзӣ, саноат, энергетика, мактабу маориф ва илму фарҳанг набуда, балки он дурнамои рушди кишвар ва ояндабинию оянданигарӣ барои даҳсолаҳои минбаъдаро низ фаро мегирад. Аз ин ҷиҳат, ба қавли мутахассисон Паём як санади муҳиму сарнавиштсози миллӣ ба ҳисоб рафта, аз матни он метавон чандин барномаи мушаххас барои равнақи соҳаҳои гуногуни сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ таҳия ва пешниҳод кард.
Хушбахтона, тибқи омору арқоме, ки аз рушди соҳаҳои бунёдии мамлакат дар Паёми имсола ироа гардид метавон хулоса кард, ки вазъияти иҷтимоию иқтисодӣ кишвар дар ҳолати хуб қарор дошта, кишвар бо ҳидояту тавсеаҳои Пешвои миллат дар масири рушду шукуфоӣ қарор гирифтааст. Оморҳои пешниҳодшуда дар бораи рушди иқтисодии кишвар, содироту воридон, қурби пули миллӣ, даромадҳои молӣ ва андоз, шароити иҷтимоии мардум, паст шудани сатҳи камбизоатӣ, раванди саноатикунонии мамлакат гувоҳи гуфтаҳои боло аст. Аммо таҳлилу арзёбии ҳамаи соҳаҳо дар як матлаб ғайримумкин аст. Бино бар ин, барои зиёиёни кишвар нуктаҳои муҳим таваҷҷуҳотест, ки дар Паём ба соҳаи илму маориф ва фарҳанг дода шудааст. Нуктаҳое, ки дар ин бахш ироа гардид фаротар аз як гузориши оморӣ буда, дар он ба масъалаҳое дахл карда шуд, ки барои даҳсолаҳо метавон аз онҳо дар шакли барнома ва тавсеа истифода кард. Масъалаҳои илму маориф ва фарҳанги миллӣ, мавзуҳои рӯзмарра набуда, балки саргузашту сарнавишти як миллатро фарогир мешаванд. Аз ин рӯ, аз Паёми имсола метавон даҳҳо мавзуъ ва масъалаи нав кашфу дарёфт кард:
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба бахши илму маориф ва фарҳанги миллӣ собиқаи дерина дошта, дар авлавияти сиёсати давлатии ӯ қарор гирифтааст. Чунон чи раҳбари давлат дар Паёми ҷадиди хеш ба дурустӣ ишора карду гуфт: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям.
Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.
Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам”.
Бидуни шак, ду пешниҳоди муҳимму таърихӣ: таъсиси Конуни тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе бо ҳадафи таъмини ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлати миллӣ дар назар гирифта шудааст. Ин раванд аз солҳои аввали ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, бо мурури замон ба як механизми мураттабу муназзам дар ҳоли табдил шудан аст. Гиромидошти ниёкони бузурги миллати тоҷик ва сипас чопу тақсими ройгони китоби “Тоҷикон”-Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ низ дар ҳамин росто сурат гирифтааст.
Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паём ҳадаф ва мафҳуми ин иқдомоти созандаи хешро ба таври равшан чунин тавзеҳ доданд: “Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.
Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.
Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд”.
Тамоми иқдомоти Пешвои миллат ба хотири эҳёи арзишҳои аздастрафта, тақвияти ҳувияти миллӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳии ҷамъӣ равона шудааст, зеро бақои давлатдории миллии мо дар оянда ба ҳамин унсурҳо вобастагӣ дорад. Дар ҷаҳони имрӯза, ки ҷаҳонишавӣ марзҳоро аз байн мебарад ва фазои иттилоотию фарҳангии ягона эҷод мекунад, масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ рӯз аз рӯз бештар матраҳ мегардад. Густариши равобит байни мардум, пешравии фанноварӣ, дастрасии бозорҳои ҷаҳонӣ, инчунин афзоиши ҷараёни муҳоҷират, дарки мутақобил ва мубодилаи идеяҳоро тақвият ва дар баробари ин хатари аз даст додани асолат, ҳувият, решаҳои фарҳангӣ ва сарчашмаҳои маънавиро низ ба миён меорад. Маҳз аз ин сабаб ҳувияти миллӣ ба унвони унсури асосии рушди иҷтимоӣ ва омили муайянкунандаи пойдории давлату муттаҳидии миллат шинохта мешавад. Ҳақ ба ҷониби адабиётшинос ва шоҳномапжуҳи афғонистонӣ доктор Яъқуби Ясно аст, ки дар мавриди хадамоти Пешвои миллати тоҷик дар асри навин менависад: “Пас аз расидани Тоҷикистон ба истиқлолу шаклгирии давлати миллии тоҷикон, дар ҳақиқат, арзишҳои миллию фарҳангӣ ва забони замони Сомониён аз нав эҳё шуд. Пайкараи бошукуҳи Исмоили Сомонӣ дили Душанберо шукуфо намуд ва ба номи Сомонӣ пул сикка зада шуд.
Хушбахтона, дар поёни асри ХХ роҳбарии давлати миллии тоҷиконро шахсияти бузурге бар уҳда гирифт. Ин марди наҷибзода тадбири фавқулода олӣ дораду фарҳангу ҳамосаи тоҷикону ориёиҳоро монанди шоҳони сомонӣ дӯст ва пос медорад. Ин шахсияти миллӣ Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Тавре Сомониён ҳувияти фарҳангӣ, забонӣ, миллию ҳамосии ориёиро пос дошта, шукуҳ бахшиданд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ пас аз ҳазор сол ному осори онҳоро эҳё намуданд”.
Имрӯза чунин иқдомоти созандаи раҳбари тоҷикон на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар миёни равшанфикрони кишварҳои форсизабон ва куллан форсизабонон дар саросари ҷаҳон ҳамовозӣ пайдо карда, тадбирҳои андешидаи Пешвои тоҷикон мавриди ситоиш ва истиқболи гарми ҳамагон қарор гирифтааст. Чунончи, меъмор ва ҳайкалтароши маъруфи муқими Олмон Бараҳна Маъсум эҳсос ва бардоштҳои худро дар мавриди Пешвои тоҷикон ин гуна баён кардааст: “Ман ҳар рӯз шоҳиди роҳбарии ин марди бузург барои наҷоти миллат аз парокандагӣ, наҷоти давлат аз эҳтимоли фурӯпошӣ, наҷоти кишвар аз фақр ва пирӯзӣ бар нобаробарӣ будам ва ҳастам.
Бо ин талошҳои пурсамар дар солҳои душвори муқовимат бо душманони хориҷӣ, Пешвои миллат ва Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ ва ватандӯстии худро ба ҷаҳон исбот кард, ки манбаи ифтихори ҳар яке аз мост!
Ҳамчун муйсафеди пур аз умед ва ҳамчун як шаҳрванд, талошҳо ва заҳматҳои хастанопазири муҳтарам Ҷаноби Олиро эътироф карда, ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистони азизам бо овози баланд мегӯям:
Эй мардуми бо фарҳанг ва шеъру адаб!
Агар чунин шахсияти некӯкор дар санаи 16 ноябр интихоб намешуд, агар чунин конститутсияе, ки имрӯз доред ва ё беҳтар баён намоям, агар чунин ҳокимияти қонун дар кишвар вуҷуд намедошт, ҳаргиз ҷунин сулҳу субот ба монанди имрӯз, ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ, барқарор кардани сулҳи иҷтимоӣ ва фазои орому амн дар кишвар ба даст намеомад!”
Яъне, иқдомоти созандаи раҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо сабаби наҷоти Тоҷикистони азизи шудааст, балки равзанаи умед ва манбаи илҳомбахш барои тамоми форсизабонони ҷаҳон гардидааст. Дастгирӣ ва тасвиби ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон аз тарафи ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ, ба монанди СММ, Маҷмаъи умумӣ, созмони фарҳангии ЮНЕСКО нишондиҳандаи тақвияти нуфузи давлати мо дар арсаи байналмилалӣ буда, заминаро барои густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба ҳамвор кардааст. Зиёиёни мамлакат бояд аз ин фурсати муносиб истифода намуда, фаъолона ҷомеаро барои расидан ба ормонҳои бузурги миллӣ ҳидояту раҳнамоӣ кунанд.
Аз ин рӯ, ҳамаи ходимони илмии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон вазифадоранд, ки дар амри таъсиси Конуни тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе тамоми имконият ва малакаи зеҳнии худро сарф намуда, барои расидан ба ин ормонҳои бузургу таърихӣ, ки ояндаи дурахшони моро таъмин хоҳанд кард, саъю талош намоянд.
Бахти мо аз офтоби давлат аст,
Худшиносӣ инқилоби миллат аст.
Эй амиру сарвари Озодагон,
Ҳар Паёмат як китоби ҳикмат аст!
Беҳрӯзи Забеҳулло, Мудири шуъбаи адабиёти муосири
Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ
16 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум оғоз гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ
16 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум оғоз гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ мекунанд.
Дар толор раёсати ҳарду маҷлиси Парламент, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, тоҷирону соҳибкорони фаъол ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум ҳузур доранд.
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
16 декабри соли ҷорӣ дар бинои Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида истодааст. Паёми сарнавиштсоз ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву барномавӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, илму маориф, амният, ҳифзи муҳити зист ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳимро фаро мегирад.
Бо мақсади шиносоии амиқ бо муҳтавои Паёми Пешвои миллат ва таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ, кормандон, олимон, муҳаққиқон ва ҳайати маъмурии тамоми муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Паёми мазкурро тариқи оинаи нилгун ба таври дастаҷамъона тамошо намуда истодаанд.
МУШОҲИДАИ КОМЕТАИ 3I/ATLAS – МЕҲМОНИ НАВИ БАЙНИСИТОРАГИИ НИЗОМИ ОФТОБӢ ДАР РАСАДХОНАИ АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Боз як кашфиёти нодирро дар соли 2025 ҳаводорони астрономия ва мутахассисони ин соҳа таҷлил карданд. Ин ҳам бошад пайдоиши як ҷирми берун аз Низоми офтобӣ, ки аз фазои байниситорагӣ ба мо ворид шудааст. Номи ин ҷирм кометаи 3I/ATLAS буда, пас аз 1I/ʻOumuamua (2017) ва 2I/Borisov (2019) – сеюмин объекти байниситорагии аз ҷониби инсоният мушоҳида шуда мебошад.
Аммо тибқи баъзе маълумотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма баҳсу ҳангома ба миён оварданд, гӯё як зонди берунизаминӣ ба фазои наздизаминӣ ворид шудааст. Вале таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ин хабарҳо асоси илмӣ надоранд. Ҷирми мушоҳидашуда дар асл як объекти нодири байниситорагӣ – кометаи 3I/ATLAS мебошад, ки ягон хатаре барои Замин эҷод намекунад.
Санаҳои 11–14 ноябри соли 2025 аз ҷониби муҳаққиқони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо истифода аз телескопи Сейсс 1000 (1 метра) - и Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох мушоҳидаи ин ҷирми нодири байниситорагӣ — кометаи 3I/ATLAS, гузаронида шуд.
Кометаи 3I/ATLAS санаи 1 июли соли 2025 тавассути системаи автоматии ATLAS (Asteroid Terrestrial-impact Last Alert System), ки дар Чили фаъолият дорад, ошкор гардид.
Натиҷаҳои аввалини мушоҳидаҳо нишон доданд, ки мадори ҷирм гиперболӣ буда, эксентриситети он аз 6 зиёд аст. Ин маънои онро дорад, ки ҷирм ба таври ҷозибавӣ аз Офтоб вобаста набуда, пас аз он, боз ба фазои байниситорагӣ бармегардад. Пас аз коркарди аксҳои гирифташудаи ин объект маълум гардид, ки он доро кома аст ва чунин хусусият ба кометаҳо хос мебошад.
Комета бо суръати тақрибан 68 километр дар як сония вориди минтақаи дохилии Низоми офтобӣ шуда, масофаи наздиктарини он ба Офтоб дар нимаи моҳи сентябри соли 2025 ба қайд гирифта шуд.
Тибқи таҳқиқоти аввалия бо телескопҳои заминӣ ва кайҳонӣ (аз ҷумла James Webb Space Telescope), дар комаи кометаи 3I/ATLAS миқдори зиёди диоксиди карбон (CO₂) ва оксиди карбон (CO) ошкор шудааст. Ин нишон медиҳад, ки таркиби он аз бисёр кометаҳои дохилии Низоми офтобӣ фарқ мекунад.
Пайдоиши ҷирмҳои байниситорагӣ барои мутахассисони соҳаи астрономия аҳамияти бузург дорад. Онҳо ба олимон имкон медиҳанд, ки модда ва ташкилаи ибтидоии ситораҳо ва сайёраҳои дигарро омӯзанд. Ин гуна ҷирмҳо шояд пораҳои боқимонда аз системаҳое бошанд, ки дар онҳо ташаккули сайёраҳо ба таври дигар сурат гирифтааст.
Кометаи 3I/ATLAS яке аз навтарин ва ҷолибтарин кашфиётҳои астрономӣ дар даҳсолаи охир мебошад. Он ба монанди фиристодае аз олами дури ситораҳо буда, дар хусуси он ки кайҳон то чӣ андоза гуногун ва васеъ аст, ба мо маълумот меорад.
Имрӯз, 12 декабр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ “Куллиёт”- и шашҷилдаи устод Мирзо Турсунзода, кӣ ба тозагӣ аз чоп баромад рӯнамоӣ гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки ба саҳифаҳои таърихи адабиёти муосири тоҷик дар тули қариб 100 сол адибони варзидае ворид гардиданд, кионҳо аксаран дар мактабҳои адабӣ ва эҷодии устодони каломи бадеъ Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ба камол расидаанд.
Таъкид гардид, ки яке аз чунин адибони варзида ва суханвари бузурги миллати тоҷик устод Мирзо Турсунзода аст, ки бо ашъори волои ватандӯстонаву инсонпарварона ва фаъолиятҳои ҷамъиятию давлатии худ дар рушди адабиёт ва ҷомеаи замони худ нақши барҷастае гузоштааст.
Зикр гардид, ки устод Мирзо Турсунзода ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, раиси Кумитаи ҳамдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо, узви Кумитаи шӯравии сулҳ ва садорату котиботи Иттифоқи нависандагони Шӯравӣ, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ ва раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ буда, барои хидматҳои бузургаш бо ордену медалҳои давлатӣ ва байналмилалӣ сарфароз гардидааст.
Гуфта шуд, ки ҳоло аз баракати соҳибистиқлолии мамлакат, тавсияву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси гиромидошти бузургони илму ва кӯшишу заҳмати ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “Куллиёт”-и шашҷилдаи устод Мирзо Турсунзода таҳия, нашр ва дар дастраси хонандагон қарор хоҳад гирифт.
Қайд гардид, ки нашри “Куллиёт”-и шашҷилдаи ходими давлатӣ ва сиёсӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ба воқеияти фарҳангиву адабии кишвари мо саҳми арзишманд мегузорад. Ин маҷмӯа мутолиа ва таҳқиқи мероси пурғановати адабӣ ва фикрии устодро осон мегардонад ва барои хонандагон, донишҷӯён, олимон ва муҳаққиқон манбаи боэътимод маҳсуб меёбад.
Дар идомаи маҳфил, дигар аз олимону муҳаққиқон, инчунин устодон ва коршиносон доир ба нақши устод Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёти миллӣ, таърихи сиёсат ва ташаккули фарҳанги Тоҷикистон сухан гуфтанд. Ҳозирин ба натиҷаҳои азими илмӣ ва эҷодӣ, ки дар “Куллиёт” ҷамъбаст шудаанд, баҳои баланд доданд ва таъкид карданд, ки ин маҷмӯа барои наслҳои оянда манбаи илҳоми созанда хоҳад буд. Дар поёни маҳфил ҳунармандон ашъори устод Мирзо Турсунзодаро бо овози суруду тарона ба мардум тақдим намуда, фазои маҳфилро бо илҳоми фарҳангӣ ва эҷодии ӯ зинда гардониданд.



