Таҳти унвони «Конститутсия-шиносномаи миллат» дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Имрӯз бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентӣ профессор, Илҳом Мирсаидзода дар мавзӯи «Конститутсия–шиносномаи миллат», маҷлиси тантанавӣ доир гардид, ки дар он ҳайати кормандони дастгоҳи марказӣ, шуъбаву бахшҳо ва Филиалҳои Агентӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро директори Агентӣ Илҳом Мирсаидзода ифтитоҳ бахшида, нахус ҳозиринро ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, зикр намуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун руйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, нақши он ҳамчун роҳнамо дар рушд ва пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон асрҳои аср хидмат хоҳад кард.
Иттиллоъ дода шуд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар меҳвари Конститутсия дар моддаи 5 зикр гардидааст. «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Зикр гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар натиҷаи талошҳои шабонарӯзӣ ва иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 сол муқаддам, яъне дар таърихи 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба қабули ин санади волои миллии худ муяссар гардид ва ормонҳои ҳазорсолаи худро амалӣ намуд.
«Мардуми соҳибтамаддуни тоҷик бо ибтикори Пешвои муаззами худ воқеан сазовори чунин Конститутсияи ифодакунандаи ҳама гуна нияту амалҳои поки миллат ва давлати воқеан соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гардид», афзуд директори Агентӣ ва илова намуд, ки рамзу нишони давлатӣ ва дигар муқаррароти Конститусияи Ҷумҳури Тоҷикистон барои ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён мояи ифтихор ва сарфарозист.
Дар идомаи чорабинӣ, ҳамчунин роҳбарияти Агентӣ ҳамаи кормандони ин ниҳоди махсусан муҳими илмиро дар робита ба ифтитоҳи Озмоишгоҳи наву замонавӣ, ки дар арафаи ҷашни Рӯзи Конститутсия ва 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, самимона шодбош гуфта, миннатдории худро баён намуд.
Илова бар ин, директори Агентӣ ҷиҳати иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, баҳри бунёди ин бинои наву замонавӣ ба ҳар як корманд изҳори сипос намуд.
Дар интиҳои чорабинӣ иштирокчиён перомуни арзишҳои маънавию сиёсӣ ва бунёди Конститутсия андешаронӣ намуданд.
Имрӯз, 30 январ бо мақсади таҷлили бошукуҳи ҷашни бостонии Сада дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши дастовардҳои олимону муҳаққиқони самти илмҳои кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар намоиш намунаҳои дастовардҳои илмӣ, навовариҳо, зироатҳои кишоварзӣ, ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабз, тухмиҳои селексионӣ ва маҳсулоти илмӣ-таҳқиқотӣ муаррифӣ гардида, саҳми олимон дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар баръало нишон дода шуд.
Зимни боздид президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону муҳаққиқон аз гӯшаҳои намоишгоҳ дидан намуда, бо натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, дастовардҳои нав ва самтҳои афзалиятноки рушди илмҳои кишоварзӣ шинос гардиданд. Таъкид гардид, ки таҷлили ҷашни Сада ҳамчун ҷашни меҳнату кишоварзӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои ниёгон нақши муҳим дорад.
Дар намоиш зикр гардид, ки олимону муҳаққиқони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон навъи картошкаи батат — «Сомон» ва дигар навъҳои селексионии ба шароити иқлимии кишвар мутобиқшударо парвариш ва пешниҳод намуданд. Инчунин аз ҷониби онҳо як навъи қаҳваи маҳалӣ муаррифӣ гардид, ки аз ҷониби олимону муҳаққиқон омода гардидааст.
Дар идома дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабзе, ки дар боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб парвариш ёфтаанд, низ ба намоиш гузошта шуданд ва меҳмонон имконият пайдо карданд, ки бо хусусиятҳо ва сифати ин ниҳолҳо шинос шаванд.
Имрӯз, 30 январ дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада Конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи “Ҷашни Сада: таърих, моҳият ва рамзҳои миллии он” баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, дар суханронии худ аз арзиши баланди миллӣ ва фарҳангии ҷашни бостонии Сада ёдовар шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми олимону кормандонро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод буда, бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, ба яке аз ҷашнҳои дустдоштаи миллӣ табдил ёфтааст.
Пешвои миллат дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд, ки "-ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада пояҳои асолати миллии тоҷикон ба шумор мераванд, зеро ҳамаи онҳо маҳз дар марзу буми аҷдодии мо, яъне дар қаламрави таърихии тоҷикон зуҳур карда, ташаккул ёфтаанд”.Аз ин хотир, эҳтиром гузоштан ба суннату ойинҳои миллӣ, бахусус, ҷашни Сада, арҷгузорӣ ба миллату давлат, сарзамини муқаддас ва таъриху фарҳанги куҳанбунёди халқи тамаддунсозамон мебошад.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар қатори дигар ҷашну суннатҳои неки ниёгон Сада бо шукуҳу шаҳомати хосса дар Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин ҷашн ҳазорон сол қидмат дорад ва аз куҳантарин ҷашнҳои ориёӣ (ҳатто қадимитар аз Наврӯз) ба шумор меравад. Сада рамзе аз куҳан будани фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷик аст, ки дар худ маърифат ва шинохти табиату ҷомеаро аз ҷониби ниёгони мо ҳанӯз дар аҳди бостон инъикос кардааст.
Гуфта шуд, ки Сада далели бумӣ, кишоварзу шаҳрнишин ва тамаддунофар будани тоҷикон аст. Ин ҷашн гувоҳи он аст, ки гузаштагони мо кишоварзу муқимӣ буда, дар соҳили дарёҳо ва водиҳои хушманзар ба сар мебурданд. Кишоварзон дар ин айём тибқи анъана бояд ба кандани наҳрҳову заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани пору ба замин, омода намудани тухмӣ, воситаҳои кишоварзии мавриди ниёз, нигоҳубини махсуси ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо чораҳои лозима меандешиданд.
Бояд гуфт, ки Сада ҳам монанди ҷашнҳои дигари суннатии сол аз дидгоҳи ниёгони мо ҷузве аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевоситаи ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро гузошта метавонад. Ин ҷашн тибқи устураҳо дар замони шоҳони қадими пешдодӣ, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазорсола доранд, баргузор мешудааст.
Дар идомаи конференсия як зумра аз олимону муҳаққиқон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, вобаста ба таърих, моҳият ва рамзҳои миллии ҷашни Сада андешаҳои худро баён карданд. Ҳамчунин, мактабачагони Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон доир ба ин ҷашни бостонӣ аз ашъори шоирон порчаҳо қироат намуданд.
29.01.2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд.
Рамз дар шакли мудаввар таркиббандӣ ва бо ранги зарҳалӣ оро дода шуда, дар давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2026» навишта шудаанд.
Дар маркази рамз акси “Маҷмааи Истиқлол”, ки ифодагари эҳёи давлатдории миллӣ, нишона аз озодӣ, истиқлол ва рушди бомароми Тоҷикистон мебошад, ҷой дода шудааст.
Дар пасманзари рамз ҷилои нури офтоб дар осмони соф акс ёфтааст, ки аз рӯшноӣ, сулҳу субот ва ояндаи дурахшони кишвар дарак медиҳад.
Акси кӯҳу пиряхҳо, обу дарахтон ва сабзазоре, ки дар рамз ҷойгир аст, ишора ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо буда, ҳамзамон нишона аз иқлими сабз ва дорои захираҳои бойи табиии Тоҷикистон мебошад.
Аксҳои роҳ, нақб ва нерӯгоҳ, ки рамзро мукаммал гардонидаанд, ифодагари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошанд.
Инчунин, дар паҳлуи рости рамз рақами 35 бо истифода аз рангҳои парчами давлатӣ ҷойгир аст, ки ишора ба соли ҷашн мебошад.
Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода баранд.
https://president.tj/event/news/54712
Имрӯз, 28 январи соли 2026, соати 04:32 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази заминларза дар масофаи 488 км шарқу шимоли шаҳри Душанбе ва 39 км шимолу ғарби ноҳияи Мурғоб қарор дошт. Қувваи заминларза дар марказ 3–4 баллро ташкил дода, дар Мурғоб 3 балл ва дар Душанбе заминларза эҳсос нашуд.
Имрӯз, 27 январ, дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мари Фаверо, доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса барои олимону муҳаққиқони самти илмҳои гуманитарӣ, аз ҷумла забон ва таърих маърузаи илмӣ намуд.
Дар ин чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, олимон ва муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Саломиён Муҳаммаддовуд ифтитоҳ намуда, ҳозиронро хайрамақдам гуфт ва ба аҳамияти тақвияти робитаҳои илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти илмҳои гуманитарӣ таъкид кард.
Дар идома Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон, хонум Элза Пинёл дар суханронии хеш бори дигар аз аҳамияти тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса таъкид намуда, ба дастовардҳои олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар рушди илмҳои гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар маъруза Мари Фаверо ба масоили таърихии Хорди тиллоӣ, таъсири он ба забон ва фарҳангҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин нақши забон ҳамчун воситаи муошират байни халқҳо диққати махсус дод. Ҳозирон имкони иштирок дар муҳокимаи фаъол ва додани саволҳоро пайдо намуданд. Мари Фаверо ҳамзамон доираи васеи корҳои илмии худ, аз ҷумла нашри мақолаҳо ва китобҳо дар мавзӯъҳои таърих ва забонро ба иштирокдорон муаррифӣ кард ва ба аҳамияти омӯзиши таърих ва фарҳангҳои минтақавӣ таъкид намуд.
Чорабинӣ бо суханрониҳои таҳлиливу мубодилаи афкор ва тавсифи аҳамияти ҳамкориҳои илмӣ байни олимони Тоҷикистон ва Франсия анҷом ёфт. Ин маъруза як қадами муҳим дар густариши робитаҳои илмӣ ва рушди дониши академӣ дар самти гуманитарӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз, 27 январ, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл баргузор гардид. Дар мулоқот инчунин хонум Мари Фаверо — доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса иштирок намуд.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар мулоқот ҷонибҳо роҳҳои густариши робитаҳо байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Фаронса, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷрибаи илмӣ ва рушди ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятноки илмро баррасӣ намуданд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти забон ва таърих, гузаронидани омӯзишҳо ва таҳқиқоти илмӣ миёни донишҷӯён ва муҳаққиқон дар мавзеъҳои таърихӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии худ ба аҳамияти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм таъкид намуда, иброз дошт, ки Академия омода аст дар доираи лоиҳаҳои муштарак, баргузории ҳамоишҳои илмӣ, конфронс, симпозиюмҳо, табодули олимону муҳаққиқон ва анҷоми таҳқиқоти муштарак бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Фаронса ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.
Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл ба сатҳи ҳамкориҳои илмии дуҷониба баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Фаронса ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус дар самти забон, таърих ва таҳқиқоти марбут ба Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Дар идомаи мулоқот хонум Мари Фаверо — доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса, ба омӯзиш ва мавзеъҳои таърихии чандинҳазорсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, омодагии худро ҷиҳати гузаронидани таҳқиқотҳои муштарак миёни олимон ва муҳаққиқони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар ин мавзеъҳои таърихӣ изҳор намуд.
Дар анҷом ҷонибҳо чунин мулоқотҳоро заминаи муҳим барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва густариши равобити дуҷониба арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд.
Имрӯз, 26 январ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ноиби президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) Ёшикава Ёшифуми баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳсилот ва омӯзиш, ҳамчунин таҷрибаҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ табодули афкор намуданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва дигар мушкилотҳои глобалиро муҳокима намуда, оид ба гузаронидани таҳқиқотҳои муштараки илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ дар ин самт табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти энергияи сабз, технологияҳои геотермалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар ин бахш мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар мулоқот ҷонибҳо ба омода намудани мутахассисон дар самтҳои энергияи барқароршаванда ва технологияҳои инноватсионӣ аҳамияти махсус доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон, ба аҳамияти тақвияти робитаҳои илмӣ ва ҳамкориҳои стратегӣ таъкид намуд. Ҳамзамон, ӯ истифодаи энергияи сабз ва нақши ҳамкориҳои байналмилалиро дар ҳалли мушкилотҳои глобалӣ махсусан муҳим арзёбӣ кард.
Инчунин, ноиби президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) Ёшикава Ёшифуми ба дастовардҳои академия дар рушди илм ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими экологии Тоҷикистон баҳои баланд дод ва омодагии JICA-ро барои дастгирии лоиҳаҳои нав, таҳқиқотҳои муштарак ва омода намудани мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои энергияи сабз ва технологияҳои геотермалӣ эълон кард.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва рушди соҳаҳои илмӣ ва энергетикии Тоҷикистон дар оянда таъкид намуданд.
