Skip to main content

Ҷанги шаҳрвандӣ, муқовимати сиёсӣ ва низоъ аз рӯи эътиқод дар таърих падидаи нав нест. Бисёре аз миллатҳо ва халқҳо аз ин озмоишҳо гузаштанд, аммо онҳо одатан ин мушкилотро тавассути силоҳ ва зӯроварӣ ҳал мекарданд. Ба Ҷумҳуриии Тоҷикистон муяссар шуд, ки на танҳо муноқишаи тарафҳои мухолифро бо роҳи гуфтушунид ҳал намояд, балки ба шарофати сарвари хирадманд, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз хатари нобудшавӣ наҷот диҳад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба мо ва ҳамчунин ба ҷаҳониён исбот намуд, ки ҳаргиз ба ихтилофоти дохилӣ, низои дохилӣ, ҳамдигарнофаҳмиҳои дохилии худ дигаронро, халқу миллатҳо ва кишварҳои дуру наздикро набояд ҳамроҳ кард ва дар низоъ зидди якдигар аз имконот ва зӯру қуввати онҳо истифода намуд.

Бояд қайд намуд ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки асосгузори он Пешвои миллат мебошанд, бо мурури замон ба он таваҷуҳи намояндагони минтақа бештар гардида истодааст. Аз ин рӯ омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таҷрибаи сулҳсозии тоҷикон низ дар баробари таҷрибаи сулҳофариниашон яке аз вазифаҳои муҳимми донишмандон ва коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад, то ки он барои кишварҳои минтақа ва дунё ҳамчун намунаи ибрат хидмат намояд.

Сиёсатмадорони хориҷие, ки Тоҷикистонро таҳқиқ мекунанд, аксар вақт таҷрибаи беназири Тоҷикистонро дар ҳалли сулҳомези низоъҳо ва бунёди сулҳи устувор қайд мекунанд. Бисёре аз онҳо ба омилҳое, ба монанди нақши муколамаи байни қавмӣ, иродаи сиёсии роҳбарон ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ диққат медиҳанд. Инчунин пешрафтҳо дар соҳаи ислоҳоти низоми ҳуқуқӣ ва иқтисодиёт, ки ба сулҳ ва субот мусоидат мекунанд, таҳлил карда мешаванд.

Аз ҷумла, Кофи Аннон, собиқ дабири кулли СММ, ки солҳои тӯлонӣ раванди сулҳи Тоҷикистонро мунтазам ва бошуурона назорат мекард, пас аз анҷоми бомуваффақияти он дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои Амнияти СММ таъкид кард:

"Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон сазовори омӯзиши ҳамаҷониба аст". Вай барои чунин изҳорот тамоми асосҳоро дошт, зеро сулҳи Тоҷикистон яке аз амалиёти бомуваффақияти сулҳофарии СММ ба ҳисоб меравад. Муноқишаи сиёсӣ ва низомӣ дар кишвари мо дар муддати кӯтоҳтарин - сеюним сол ё дар 1171 рӯз бо сулҳ ва оштӣ анҷом ёфт. Дар ҳамин ҳол, низоъҳои дигар, ба монанди арабӣ-исроилӣ, бритониеӣ-ирландӣ, покистонӣ-ҳиндӣ, афғонӣ ва ғайра солҳо идома доранд.

Яке аз намояндагони бонуфузи ҳаёти ҷамъиятию фарҳангии Эрон Алиасғар Шеҳрдуст навиштааст: "Дар Тоҷикистон дарёҳои хунин ҷорӣ мешуданд ва ҳоло бо шарофати Президент Эмомалӣ Раҳмон обҳои шаффоф ҷорӣ мешаванд".

Талошҳои шабонарӯзии Президент Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри эҳёи сулҳу субот эътибори бузурге бахшид ва ӯро сиёсатмадори машҳури ҷаҳонӣ гардонид. Соли 2002 Дар конфронси Байналмилалии сулҳпарварӣ Дабири кулли Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ Михаил Кротов қайд кард: "Таҷрибаи Тоҷикистон дар ҳалли низоъ бо усулҳои сиёсӣ беназир аст, Аз ин рӯ Президенти ҷумҳурӣ Э.Раҳмон бояд ба ҷоизаи сулҳи Нобел сазовор шавад".

Ҳамчунин узви Шӯрои Ҷамъиятӣ, Виктор Ким қайд мекунад, ки: "Имрӯз мо ҳама бо итминон мегӯем, ки чӣ гуна ҳалли мушкилоти сулҳро дар Тоҷикистон медонистем, аммо дар он лаҳза танҳо як нафар -Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин бовар мекард. Дар шароити ноустуворӣ, вақте ки тибқи ҳамаи қонунҳои мантиқ танҳо низомиён метавонанд пуштибонии асосӣ бошанд, Сарвари давлат қадами ғайриоддиро пеш гирифт ҷомеаи шаҳрвандиро ба раванди сулҳҷӯӣ ҷалб кард”.

Мо ифтихор дорем, ки фарҳанги сулҳи Тоҷикистон барои тамоми ҷаҳон намунаи ибрат гардида, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи беназир эътироф гардидааст. Таърих кам дар хотир дорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин муддати кӯтоҳ ба охир расида бошад ва ҷонибҳои мухолиф ба ҳамдигар дасти дӯстӣ ва бародарӣ дароз карда, ба хотири пойдории Ватан муттаҳид шуда, тамоми талошҳои худро ба хотири ҳифзи марзҳо ва сарзамини аҷдодӣ, амнияти миллат ва арзишҳои миллӣ, фаъолияти мӯътадили дастгоҳи давлатӣ равона кардаанд.

Давлатова Фарида, ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ