
ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН

Устодону омӯзгорони азиз!
Бо фурсати муносиб ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфта, барои дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тарбияи наврасону ҷавонон, омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ба ҳар яки Шумо муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.
Воқеан ҳам дар кишвари соҳибистиқлоли мо Тоҷикистони азиз, маҳз зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устодону омӯзгорон мақому манзалати волоро соҳиб мебошанд. Маҳз ҳамин дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар вохурии хеш 1- уми сентябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ эълом доштанд, ки барои боло бурдани мақоми омӯзгор дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор" қабул карда шавад. Маҳз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони имрӯз қабули қонуни мазкуро зарур донистааст, зеро қабули ин қонун барои боло бурдани нақш ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа ба сифати омили муҳими мусоидаткунанда баромад мекунад.
Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш иброз доштаанд: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд».
Зеро омӯзгор яке аз сутунҳои асосии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Маҳз тавассути омӯзгор шахсият, фарҳанг ва ҷаҳонбинии насли нав ташаккул меёбад. Дар ин замина бояд гуфт, ки омӯзгор он шахсияти бузург ва нобиғае мебошад, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муарифӣ менамояд. Мавриди зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус дода шуда, дар ин самт корҳои муҳим рӯйи кор омаданд. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: «Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».
Бори дигар тамоми омӯзгорон ва ҳампешагонро ба муносибати иди касбиашон табрик таҳният хонда, барояшон тани сиҳат, барори кор ва дар корҳои илмиашон барору муваффақиятҳо хоҳонам.
Ид муборак, устодону омӯзгорони азиз!
Имрӯз, 15 май дар ҳошияи баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Академияҳои илмҳои кишварҳои узви давлатҳои ИДМ баргузор гардид.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмононро барои ташрифашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар форум сатҳи байналмилалӣ хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки ин анҷуман хусусияти анъанавӣ пайдо карда, дар тӯли тақрибан ду даҳсола як минбари доимӣ барои баррасии андешаҳои саривақтӣ ва қабули қарорҳое буд, ки барои кишварҳои мо дар соҳаи ҳамкориҳои башардӯстона бисёр муҳиманд. Воқеан ҳам рӯзи аввали Форум, ки дирӯз дар сатҳи хеле баланд баргузор шуд, як механизми тавонои оғози мубоҳисаҳои муштараки имрӯзаи мо мегардад.
Гуфта шуд, ки муҳити башардӯстона ва созанда ба мушкилоти давраи гузариш дар тамоми давлатҳои мо ҳассостар буд ва мушкилоти муайян танҳо як қисми нигарониҳои ҷиддӣ дар бораи сарнавишти халқҳо, мероси таърихию фарҳангӣ дар фазои бузурги тамаддун буданд.
Зимнан, дар кишварҳои ИДМ имкониятҳои нав ба вуҷуд омадаанд, ки ба донишҳои илмӣ, маориф ва фарҳанг бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Мамлакатҳои иттиҳод маҳз дар ҳамин соҳаҳо захираи асосии навсозӣ ва тараққиёти куллии иқтисодиёти миллирро фароҳам овардаанд
Дар идома таъкид гардид, ки омезиши бартариҳои рақобатие, ки ҳар як кишвари мо дорад, барои ҳама манфиатҳои назаррас хоҳад овард ва аз ин рӯ, ҳамкориҳои нав дар соҳаи гуманитарӣ метавонад яке аз лоиҳаҳои пешрафтаи Иттиҳод гардад, ки қодир ба тамоми равандҳои ҳамгироӣ такони нав бахшида, моделҳои универсалӣ ва саривақтии ҳамкориҳои моро пешниҳод мекунад. Дар ин ҷо, албатта, мо ба муколамаи мустақими эҷодӣ бо “семинарҳо”, доираҳои соҳибкорӣ умед мебандем ва дар ҳамкорӣ бо ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ ба ташаббус ва захираҳои шумо такя мекунем.
Дар идомаи мулоқот роҳбарони муассисаҳои илмии кишварҳои аъзои давлатҳои ИДМ суханронӣ намуда, барои густариши ҳамкориҳои илмӣ дар самтҳои мухталиф пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
ҶАЛАСАИ МУШТАРАКИ ШУРОИ ҲАМКОРИҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ ВА РАЁСАТИ ХАЗИНАИ БАЙНИДАВЛАТИИ БАШАРДӮСТОНА
Имрӯз, 15 май дар ҳошияи баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Шурои ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва раёсати Хазинаи байнидавлатии башардӯстона баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Саториён ва дигар намояндагони кишварҳои ИДМ иштирок намуданд.
Зимни баргузории ҷаласа масъулин масъалаи баланд бардоштани фарҳангу маданияти халқиятҳо, зинда нигоҳ доштани фарҳанг ва тамаддуни башарият дар замони муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд гуфт, ки тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳое мебошанд, ки бо доштани таъриху фарҳанг ва маданияти пурғановат қобили эътирофи ҷаҳониён гардидаанд. Бешак бетавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми фарҳангу мадданияти халқиятҳо иқдомҳои назаррасро роҳандозӣ намудааст.
Ҳамин аст, ки яке аз самтҳои дигари ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ бо кишварҳои аъзои давлатҳои ИДМ ин соҳаи фарҳанг ба ҳисоб меравад, ки дар замони соҳибистқлоли густариш ёфтааст.
ВОХУРИИ РӮЗНОМАНИГОРОНИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМ
Имрӯз, 15 май дар ҳошияи Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзноманигорони кишварҳои узви ИДМ дар майдони мубоҳисавии «Имкониятҳои ВАО дар рушди фазои башардӯстонаи ИДМ» масъалаҳои мубрами соҳаи ВАО-ро баррасӣ намуданд.
Дар баргузории форум олимону муҳаққиқони самти илмҳои журналистикаи иттиҳодияи болозикр бо хушнудии тамом баромад намуда, оид ба нозукиҳои касбияти журналистика, навовариҳо, кор тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, нигоҳ доштани нозукиҳои кор дар самти ВАО, пешрафт ва истифодаи самараноки техникаву технология, ва омоданамооии мутахассисони варзида дар ин самт суханронӣ намуда, бо маърӯзаҳои хеш пешниҳодҳои худро баҳри пешрафти ин соҳа пешниҳод намуданд.
Имрӯз, 15 май идомаи Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки олимону зиёиёни кишварҳои муштаракулманофеъ дар бахши илму маориф баргузор гардид.
Дар бахши илму маорифи Форум намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Маҳмадалӣ Музаффарӣ баромад намуда, оид ба пешрафт ва муваффақ шудани насли оянда дар дар самти илму маориф ибрози ақида намуд.
Гуфта шуд, ки пешрафти тамоми давлатҳои дунё ба соҳаи илму маориф вобастагии амиқ дошта, ояндаи дурахшони халқиятҳо аз ин соҳа маншаъ мегирад ва ҳамин буд, ки Президенти маҳбуби давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро соҳаи калидӣ ва афзалиятнок ном бурда, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд, ҳамаи мову шумо олимону равшанфикронро мебояд баҳри пешрафти ин соҳа ва баланд бардоштани илм, аҳаммияти аввалдараҷа ба илмомӯзии насли нав, бо таври бояду шояд омӯзонидани техникаву технология, ки тақозои замон аст сай намоем.
Дар идома олимону муҳаққиқони хориҷи кишвар баромад намуда, оид ба баромади узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадалӣ Музаффарӣ ибрози ақида намуда, баромадашро саривақтӣ ва мавзуи рӯз ном бурданд.
Имрӯз, 15 май рӯзи дуюм аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида истоддааст. Дар ин рӯз дар толорҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшҳои мубоҳисавии форум бо иштироки васеи олимону зиёиёни кишварҳои ИДМ идома доранд.
Дар ин бахш олимону мутахассисон доир ба анъана ва навовариҳои фарҳанги кишварҳои иттиҳод бо ҳамдигар мубоҳиса намуданд. Дар кори форум узви вобастаи АМИТ Қоҳирова Гулчеҳра ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳамкориҳои фарҳангӣ ва дурнамои рушди техникаву технология дар замони муосир ибрози ақида намуданд.
Дар идома олимону зиёиёни кишварҳои узви ИДМ дар суханрониҳои худ қайд намуданд, ки мо дар асре зиндагӣ дорем, ки техникаву технология бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст ва ин шароит ба фарҳанги навоварии ва рушди кори олимону муҳаққиқон мусоидати бемайлон намуда ва ҳамкориҳо байни олимони аъзои ИДМ низ метавонад ҳамаи мову шуморо муваффақи гардонад.
Нимаи дуюми рӯзи 14 май қисмати дуюми Форуми зиёиёну эҷодкорони илмии аъзои давлатҳои ИДМ бо баррасии мавзуи “Саҳми халқҳои иттиҳод дар ғалабаи бузург” дар як бахш баргузор гардид.
Дар ин бахш пешбарандаи форум доктори илмҳои таърих, узви вобастаи АМИТ Пирумшоев Ҳайдаршо ва Виктор Владимирович – мудири Шуъбаи оид ба робитаҳои байналмилалии ИВИ РАН буданд.
Бояд гуфт, ки дар ин бахш олимону зиёиёни давлатҳои муштаракулманофеъ баромад намуда, оид ба корнамоиҳои халқиятҳои кишварҳои узви иттиҳод дар Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ибрози ақида намуданд. Дар идома байни олимону зиёиён доир ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ муҳокимаҳои илмӣ баргузор гашта, қайд намуданд, ки яке аз сабаби ба даст овардани ғалаба, ин дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ, ба ҳам омадани халқиятҳо ва мубориза ба зидди душман бурдан аст.
Имрӯз, 14 май дар ҳошияи Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши ифтитоҳи оркестри симфонии ҷавонони ИДМ дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар ин намоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Раёсати МФГС Полад Булбулоғлу, ҳамраиси Раёсати МФГС, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой, роҳбарони муассисаҳои илмии кишварҳои ИДМ ва зиёда аз 200 намояндаи кишварҳои муштаракулманофеъ иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Оркестри симфонии ҷавонони ИДМ бо ташаббуси Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ таъсис ёфтааст. Оркестр бори нахуст моҳи ноябри соли 2007 дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона барои ширкат дар консерт бахшида ба Форуми II-и зиёиёни эҷодӣ ва илмии кишварҳои узви ИДМ ҷамъ омада буд. Барномаи консертиро Ҳунарпешаи мардумии Русия, Қазоқистон ва Тотористон Фуат Мансуров роҳбарӣ кард.
Бояд гуфт, ки мавқеъи оркестри симфонии чавонони — Озарбойчону Арманистон, Белоруссия ва Қазокистон, Қирғизистон ва Узбекистон, Туркманистон сол то сол васеъ мешавад. Консертҳои оркестр дар толори Ассамблеяи генералии СММ дар Ню-Йорк ва дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж баргузор шудаанд.
Дар оркестри мазкур дирижёрҳои варзидаи кишварҳои гуногун – Ю.Симонов, М.Горенштейн, В.Спиваков, Р.Осмоналиев, А.Кабдурахмонов, В.Валеев ва бисёр навозандагони барҷастаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кор мекарданд.
Ҳамзамон аз соли 2019 инҷониб оркестрро Ҳунарпешаи мардумии Русия, барандаи ҷоизаи Ситораҳои Иттиҳод Сергей Скрипка раҳбарӣ мекунад. Дар Душанбе ҳамроҳи маэстро роҳбари бадеии Оркестри давлатии симфонии Туркманистон Расул Кличев ва дирижёри оркестри симфонии ба номи Жуковский Константин Науменко ба курсии дирижёрӣ мебароянд. Инчунин бояд гуфт, ки Тоҷикистонро дар оркестр дирижёрҳо Далер Тиллоев ва Алишер Олиев намояндагӣ мекунанд.
Дар ҳайати оркестри симфонӣ аз рӯи анъана навозандагони ҷавони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ғолибони озмунҳои бонуфузи мусиқӣ шомиланд. Дар барномаи консертӣ дар Душанбе асарҳои мусиқии маъруфи классикии бастакорони рус, тоҷик ва хориҷӣ шомиланд.
Қобили зикр аст, ки Оркестри ҷавонон яке аз лоиҳаҳои барҷастаи МФГС мебошад, ки ҳадафи он на танҳо фаъолиятҳои консертӣ, балки ба навозандагони ҷавон имкони беназири муошират бо дирижёрҳои барҷаста ва устодони барҷастаи иҷрои оркестр аз тамоми кишварҳои ИДМ мебошад.
Ғайр аз ин, дар ҳамаи мамлакатҳое, ки оркестр ҳунарнамоӣ мекунад, барои навозандагони ҷавон барномаи гуногуни маданӣ тайёр карда мешавад.
Имрӯз, 14 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои ИДМ ҷоизаи асосии башардӯстонаи ИДМ “Ситораҳои Иттиҳод” ба барандагони ин ҷоиза тақдим карда шуд. Имсол 8 нафар олимони варзида аз кишварҳои муштаракулманофеъ Ситораи фахрӣ мегиранд.
Бояд гуфт, ки ҷоизаи мазкур се номинатсияро дар бар гирифта, дар он олимон аз кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Русия, Узбекистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон байни ҳам рақобат намуданд.
Ҳамзамон барандагони ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” дар бахши “Барои саҳми барҷаста дар фарҳанг ва санъат” Эдуард ТАДЕВОСЯН – ҳунарпешаи халқии Арманистон, профессори Консерваторияи давлатии Ереван, директори Квартети Комитас, Елена АТРАШКЕВИЧ — бастакор, раиси Иттифоқи бастакорони Белоруссия, муаллими Коллеҷи санъати Минск, Айжан БЕККУЛОВА – коршиноси Кумитаи миллии мероси ғайримоддӣ, раиси Иттифоқи ҳунармандони Қазоқистон, Денис МАТСУЕВ – пианинонавоз, Ҳунарпешаи халқии Русия, солисти Филармонияи давлатии Маскав, Рустам САЪДУЛЛОЕВ — Артисти хизматнишондодаи Узбекистон, профессори фахрии филиали Университети умумироссиягии кинематографияи ба номи С.Герасимов дар Тошканд мебошанд.
Барандагони ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” дар номинатсияи «Барои саҳм ва дастовардҳои барҷаста дар соҳаи илму маориф» Муҳаммадюсуфи ИМОМЗОДА – академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессори кафедраи адабиёти форсу тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Азиз АЛИЕВ — профессор, ректори филиали дар Боку будаи Университети якуми тиббии Москва ба номи Сеченов И мебошанд.
Инчунин, Тугелбой КАЗАКОВ — артисти халкии Кирғизистон, раиси комиссия оид ба мукофотҳои давлатӣ, раиси Иттифоқи ходимони мусиқӣ дар номинатсияи «Барои саҳми барҷаста дар фаъолияти башардӯстона» барандаи ҷоиза дониста шуд.
Бояд гуфт, ки ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» ҳамасола ба намояндагони кишварҳои ИДМ барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи фаъолияти башардӯстона, ки ба сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ мувофиқ аст ва дар рушди ҳар як кишвари узви ИДМ ва дар маҷмӯъ саҳм гузоштааст, дода мешавад. Маблағи мукофот 2 миллион рублро ташкил медиҳад. Имсол барои дарёфти ҷоизаи олӣ 15 номзад аз 8 кишвар рақобат карданд.