16 сентябри соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" аз рӯйи ҳафт номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география ва технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" Зайнура Азимӣ - муовини Раиси вилояти Суғд, Мадина Набизода - сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳайати комиссияи озмун, ҳакамон ва масъулони озмун ширкат доштанд.
Нахуст, Зайнура Азимӣ - муовини Раиси вилояти Суғд зимни баромади худ қайд намуд, ки бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ҳамасолаи ин озмун иқдоми наҷибест, ки суннати неки ниёгон — омӯзиши илмро эҳё намуда, дар тарбияи ҷавонони хештаншиносу худогоҳ ва ҳамқадами замони муосир нақши муассир мегузорад.
Дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар самти илмҳои дақиқу риёзӣ ва табиӣ дар чунин сатҳ таҷрибаи нахустин буда, баргузорӣ ва сатҳу сифати он давра ба давра ташаккул меёбад.
Аз соли 2021 инҷониб озмуни мазкур баргузор гардида, натиҷаҳо баёнгари онанд, ки он ба ҳадафи асосии худ – ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир расида истодааст. Тайи солҳои охир озмун завқи муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва пажӯҳишгарону муҳаққиқон ва ихтироъкоронро ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бедор намуда, барои ихтироъкориву навоварӣ заминаи мусоид фароҳам сохт. Далели ин гуфтаҳо иштироки фаъолона ва густардаи хонандагону донишҷӯён ва муҳаққиқон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ аст.
Соли ҷорӣ 1266 нафар ба даври сеюм роҳ дода шуданд, ки 1054 хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 181 донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 31 омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.
Барои баҳогузории холисона ва муайян кардани ғолибони даври вилоятӣ ҳайати ҳакамони босалоҳият аз ҳисоби адибон, докторону профессорони донишгоҳҳои қаламрави ҷумҳурӣ, масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доварӣ ва беҳтаринҳоро интихоб ва ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод хоҳанд кард.
Дар идома, аз ҷониби муовини Раиси вилоят ҳайати комиссияи озмун ба иштирокдорон муаррифӣ гардида, ба ҳамаи довталабон дар раванди озмун муваффақиятҳо таманно гардид.
ШАНБЕГӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИЛМИИ “МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН”
02-юми марти соли равон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ободкориву сабзгардонӣ ва ҷиҳати иҷроиши протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 оиди тозагиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву хиёбонҳо дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шанбегии умумӣ гузаронида шуд.
Дар рафти шанбегӣ кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо роҳбарии директори марказ, профессор Абдулҳамид Қаюмов бо мақсади тоза намудани гулгашту роҳравҳо аз барфи навборида ва озод намудани шохаҳои дарахтон аз барф дастаҷамъона саҳми хешро гузоштанд.
Бояд қайд намуд, ки инчунин аъзои Анҷумани “Занони пиряхшинос”-и Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” чун ҳарвақта фаъолона дар шанбегии мазкур иштирок карданд.
Имрӯз (02.03.2024) аҳли кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ниҳодҳои дар тобеияти академиябуда дастаҷамъона барои баргузории шанбегӣ баромаданд, дар баргузории шанбегӣ кормандон барои ҳифзи табиат саҳми босазои худро гузоштанд. Ҳафтаҳои қаблӣ дар баргузории шанбегиҳо кормадон дар нарм намудани бехи дарахтону шинонидани гулу буттаҳо, дарахтон ва умуман корҳои ободгардонӣ саҳмгузоӣ мекарданд.
Бояд гуфт, ки бо иваз шудани обу ҳаво дар тоза намудани дарахтон гулу буттаҳои гирду атрофи академия, ки барф боли онҳо вазни зиёдатӣ бор карда буд ва хатари шикастан аз барфро доштанд, саҳмгузорӣ намуданд, ҳамзамон барои пиёдагардон роҳкушоӣ намуда, роҳҳоро низ аз барф тоза намуданд.
ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академия Қобилҷон Хушвахтзода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён баргузор гардид.
ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академия Қобилҷон Хушвахтзода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, Қобилҷон Хушвахтзода дар робита ба ҳамкории илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Ҷонибҳо эътимоду ҳавасмандиашонро ба тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт иброз намуданд.
Гуфта шуд, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аз соли 1992 барқарор гарида, то ин ҷониб рушду густариш ёфтаанд. Таъкид шуд, ки мо бояд ҳамкорӣ ва созишномаҳоро байни ниҳодҳои илмии ду мамлакат тақвият бахшида, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва рушди соҳаи илми ду мамлакати ҳамфарҳангу ҳамзабон мусоидат намоем. Ҳамкорӣ бояд барои омода намудани олимони ҷавон ва ба самти илм ҷалб намудани магистрантону унвонҷӯён тақвият бахшида шавад.
Дар мулоқот ҷонибҳо ба ҳамкории мутақобилан манфиатбахш изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
28- уми феврали соли равон зери унвони “Саҳми Додхудоева Лариса Назаровна – доктори илмҳои таърих, профессор мудири шӯъбаи этналогия ва антропалогияи таърихии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш дар толори барҳавои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маҳфили эҷодӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат – ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар чорабинӣ ҳайати кормандон аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш ва омузгорон, донишҷуён иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар фарҷом Додхудоева Л.Н., аз ҷониби раёсати Донишкада бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва гулу-гулдастаҳо қадрдонӣ карда шуд.
Додхудоева Л.Н., хатмкардаи факултети ҳунаршиносии Институти рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меъмории ба номи И.Е. Репини Академияи ҳунарҳои СССР дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия мебошад. Номбурда муаллифи зиёда аз 500 китоб, албом, рисола ва мақолаҳои илмӣ мебошад, ки дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар чоп шудаанд.
Нахустин тадқиқотчие, ки расмҳои миниатюраҳои Шарқро аз хазинаи Акадимияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / Tajik National Academy of Sciences пурра омухта, дастраси илми ҷахон гардонидааст. Маданияти Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар аз ҷумла дар Осорхонаи Ҳиндустон (Берлин, с. 2011), Донишкадаи мутараққии тадқиқотҳо (Принстон, Нью Джерси, ИМА с. 2004- 2005), дар Макотиби олии тадқиқотҳои иҷтимои (Париж, с. 2007), Донишгоҳи Ратгерс (ИМА, с.2008), Донишгоҳи Колгейт (ИМА с.2011) фаъолона ташвиқу тарғиб намуда, намоиши ҳунарҳои мардумии Тоҷикистонро ташкил кардааст. Яке аз тадқиқотчиёни асосӣ дар соҳаи ҳунарҳои муосир ва муаллифони китоби тараққиёти ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон шинохта шудааст.
ТАШРИФИ ИШТИРОКДОРОНИ КУРСИ ОМӮЗИШИИ РАИСОНИ КУМИТАҲОИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ БА КУМИТАИ ИБТИДОИИ “ХИРАДМАНДОН”- И АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
28- уми феврали соли равон тибқи нақшаи кории КИМ ҲХДТ иштирокдорони курси омӯзишии раисони Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои дидан намудан аз ҳуҷҷату ҳуҷҷатдории кумитаҳои ибтидоии пешсаф ба АМИТ ташриф оварданд, меҳмононро раиси Кумитаи ибтидоӣ Президенти Академияи миллии илмҳо Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва муовини раиси кумита Қурбонова Ширин ташрифашонро хайру мақдам гуфта, барои аз утоқҳои корӣ ва ҳуҷҷатдории КИ “Хирадмандон” дидан намудан роҳнамоӣ намуданд.
Дар раванди дидан намудани ҳуҷҷатҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар қайд намуданд, ки Кумитаи ибтидоии “Хирадмандон” – и АМИТ яке аз фаъолтарин кумита ба ҳисоб меравад, чун ки мутобиқ ба Оиннома ва Низомномаи ҲХДТ корро ба роҳ монда, дар тамоми чорабиниҳо иштироки фаъолона нишон дода, бо сипоснома, ифтихорнома ва дипломҳои кумитаи иҷроияи ноҳия ва КИМ ҲХДТ сарфароз гардонида шудаанд.
28- уми феврали соли равон Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварда, бо Президенти академия Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мулоқот намуд.
Дар мулоқот аз АМИТ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии АМИТ Мирвайсов Мамурҷон, ва аз намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён, Майсем Закизода – корманди Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Ҷонибҳо эътимоду ҳавасмандии худро барои тавсеи ҳамкориҳо дар ин самт иброз намуданд. Ҳамзамон зикр гардид, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 9-уми январи соли 1992 барқарор гарида, то ин ҷониб рушду густариш ёфтаанд. Зимнан таъкид шуд, ки мо бояд ҳамкориҳо ва созишномаҳоро миёни ниҳодҳои илмии ду кишвар тақвият бахшида, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва рушди соҳаи илми ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон мусоидат намоем. Зикр гардид, ки ҳамкориҳои мо бояд ҷиҳати омода намудани олимони ҷавон ва ба самти илм ҷалб намудани магистрантону унвонҷуён тақвият бахшида шаванд.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён ба Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои истиқболи самимӣ ва маълумоти ҷолиб изҳори сипос ва қаноатмандӣ намуда, мақсади ташрифашро сараввал табрик намудани Хушвахтзода Қ.Х. вобаста ба интихоб шудан ба вазифаи президенти АМИТ изҳор намуда, қайд намуд, ки қаблан бо профессор Хушвахтзода муносибати хуб ва ҳамкориҳои қавӣ дар давраи роҳбарии ДМТ дошта, умедворӣ аз он намуд, ки минбаъд ҳамкориҳо дар самти нав ва дар сатҳу сифати тоза густариш хоҳанд ёфт.
Сипас ҷаноби Сафир роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои судманди дуҷонибаро бо ниҳодҳои илмии тарафайн ва имзои созишномаҳои сифатан навро иброз дошт. Зимнан таъкид дошт, ки мо бояд ҳамкориҳои худро дар ҳамаи самтҳои афзалиятнок, донишҳои илмӣ ва фановариҳои наву ҷадид ба роҳ монем. Ҷаноби Сафир қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон якумин ташрифи хориҷии худро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд, ки ин аз дустиву бародарии роҳбарони ду кишвар шаҳодат медиҳад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ.Х таклифҳои Ҷаноби Сафирро бо хушнудӣ пазируфта, барои ҳамкориҳои мутақобиланд манфитабахш изҳори омодагӣ намуд.
27-уми феврали соли равон дар доираи нақшаи баргузории вохуриҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нимаи дуюми рӯз вохурӣ бо олимону кормандони Институти ботаника физиология ва генетикаи растанӣ ва Маркази инноватсионии геология ва тиб баргузор гардид.
Зимни вохурӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт нахуст аз фаъолияти кори баанҷомрасидаи институт ва марказ натиҷагирӣ намуда, барои дар оянда ноил шудан ба дастовардҳои нав ба нав ва ба таври шоиста муаррифӣ кардани илми тоҷик дастурҳои мушаххас доданд. Зимнан ба олимону кормандони ин ниҳодҳо барои корҳои самараноку назаррасро ба анҷом расониданашон изҳори қаноатмандӣ намуда, онҳоро барои ноил гаштан ба дастовардҳои нав тавсеаҳои муфид доданд.
Ҳамзамон ба роҳбарияти институт ва марказ барои фароҳам овардани шароити мусоид ба кормандон, харидории озмоишгоҳҳои нав бо технологияи ҳозиразамон, фаъол намудани кори китобхонаҳо, дастгирии ҷавонон ва зиёд намудани сафи олимон аз ҳисоби ҷавонон, омӯзиши таҷрибаи бойи олимони соҳибмактаб, пурзур намудани идеологияи ҷавонон, иштироки фаъол дар конференсияҳои байналмилалӣ, иштирок дар озмуну олимпиадаҳои дохилу хориҷ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, дастуру супоришҳо доданд.
23- юми феврали соли равон Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ дидан намуда, бо олимону кормандони ин ниҳод вохӯрю суҳбатҳо анҷом дод.
Зимни вохурӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ.Х. саравал ҷамъомадагонро ба муносибати рӯзи таъсисёбии 31 – умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, аз қаҳрамониҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таърихӣ таъсиси ин ниҳоди бузург ёдовар шуда, ба ҳозирин маълумоти мукаммал доданд.
Ҳамзамон дар бораи пешравию ба муваффақиятҳо ноил гаштани марказ роҳбарияти академия доир ба масъалаҳои баҳтару хубтар гардонидани шароити корӣ, омода намудани олимони ҷавон ва номзадони илм, харидории технологияҳои ҳозиразамон, таъсиси маҳфилҳои инфиродии олимони соҳибмактаб барои омӯхтани таҷрибаи бойи ин олимон, омоданамоии кадрҳои баландихтисоси донандаи технологияи муосир дар сатҳи олӣ, мубориза бар зидди ҷангҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани илми тоҷик, истифодаи оқилонаи технологияи муосир, ҷоннок намудани интизоми меҳнат, навиштанни китобу манаграфияҳои илмӣ ва чопи онҳо дар журналҳои тақризшавандаи дохилу хориҷи кишвар ибрози ақида намуда, ҷиҳати бартарафсозии мушкилотҳои мавҷуда ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд.
