Имрӯзҳо 80-умин солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) таҷлил мешавад. Қарор дар бораи таъсиси СММ дар Конфронси байналмилалии Сан-Франсиско, ки аз 25 апрел то 26 июни соли 1945 баргузор гардид, қабул карда шуд.
Мақсади асосии СММ дар моддаи 1 Оиннома ба таври зайл баён шудааст: "Муҳофизат намудани сулҳу амнияти байналмилалӣ ва бо ҳамин мақсад андешидани чораҳои самарабахши дастаҷамъона барои пешгирӣ кардан ва бартараф намудани таҳдид ба сулҳ ва саркӯб намудани амалҳои таҷовузкорона ва ё дигар вайронкуниҳои сулҳ, бо воситаҳои осоишта мувофиқи принсипҳои адолат ва ҳуқуқи байналмилалӣ танзим ё ҳалли баҳсҳо ё вазъиятҳои байналмилалӣ, ки метавонанд ба вайрон кардани сулҳ оварда расонанд».
Аз лиҳози сохтор системаи СММ шаш мақомоти асосиро дар бар мегирад. Ба ғайр аз мақомоти асосӣ системаи СММ инчунин аз барномаҳои сершумор, мақомоти ёрирасон ва муассисаҳои махсусгардонидашуда иборат аст, ки фаъолияти худро бо СММ ҳамоҳанг мекунанд.
Ҳама аз вазъи ногувори СММ изҳори нигаронӣ мекунанд ва бисёриҳо онро бӯҳронӣ меноманд.
Моҳи июни соли ҷорӣ нишон дод, яъне пас аз он ки Исроил хиёнаткорона ҷанги зидди Эронро оғоз кард. ИМА узви Шурои Амният дар шарикӣ бо Исроил зидди Эрон таҷовуз кард, яъне 22 июни с.2025 ба объектҳои атомии мамлакат зарба зад. Шурои Амният дар ин робита алайҳи Исроил ҳеҷ гуна таҳримот ҷорӣ накардааст, вале таҳримҳо алайҳи Кореяи Шимолӣ барои нақзи мушобеҳ кайҳо ҷорӣ карда шудааст, ки равиши духӯраи онро нишон медиҳад. Шубҳаҳо вуҷуд доранд, ки СММ баъди 80-солагии худ зинда мемонад ё не. Лигаи Миллатҳо де-юре соли 1919 таъсис ёфта то соли 1946, яъне ҳамагӣ 27 сол вуҷуд дошт. Аммо пас аз сар задани Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар соли 1939 он дар ҳолати фалаҷи комил қарор дошт. Давраи аз соли 1939 то охири соли 1945 замоне буд, ки Лигаи Миллатҳо аллакай фалаҷ шуда буд ва СММ ҳанӯз ба дунё наомада буд.Ҳоло СММ баъди 80-сол дар ҳолати фалаҷӣ қарор дорад.
Чаро вазъ дар чунин ҳолат аст?
Мавзеи баъзе аз аъзоёни СММ-ро таҳлил намоем. Масалан, Д.Трамп иштироки ИМА дар бисёр созмонҳои байналмилалӣ ба Иёлоти Муттаҳида фоидаи ночиз мебахшад ё тамоман нафъ намерасонад. Ӯ иддао дорад, ки созмонҳои байналмилалӣ дасти Иёлоти Муттаҳидаро бастаанд. Амрико дар навбати худ бояд аксари масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва иқтисодиро тавассути гуфтушунид ва созишномаҳои дуҷониба ҳал кунад. Дар рӯзи аввали президентии худ дар Кохи Сафед (20 январи соли 2025) Доналд Трамп фармонеро имзо кард, ки Иёлоти Муттаҳида аз Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) хориҷ мешавад. Вай инчунин фармони иҷроияро дар бораи хуруҷи Иёлоти Муттаҳида аз Шурои ҳуқуқи башари СММ (UNHRC) имзо кард. Ва дар рӯзи аввали худ, ӯ фармонеро имзо кард, ки Иёлоти Муттаҳидаро аз Созишномаи Париж оид ба тағирёбии иқлим хориҷ мекунад. Пас аз ду ҳафта, 4 феврал, президенти ИМА фармони иҷроияро имзо кард, ки дар он иштироки ИМА дар маҷмуъ дар СММ ва аз ҷумла ЮНЕСКО баррасӣ мешавад. ИМА аз созишномаҳо ва конвенсияҳои бисёрҷониба хориҷ шуд. Ӯ зидди гендер ё DEI (Diversity, Equity, and Inclusion - Гуногунӣ, баробарӣ ва фарогирӣ) аст ва ошкоро ба Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ мухолифат мекунад.
Яке аз зуҳуроти бӯҳрони СММ маблағгузории ками созмон аст. То аввали моҳи майи соли 2025 танҳо 108 мамлакат ҳаққулузвияти доимии худро пурра супурдаанд. Дар чор моҳи аввали соли 2025 каме бештар аз нисфи ба нақша гирифташуда аз 3,5 миллиард доллар саҳмҳои мунтазами буҷет - 1,8 миллиард доллар пардохта шуд. То 30 апрели соли 2025, қарзҳои якчанд кишварҳо маблағи умумии 2,4 миллиард долларро ташкил доданд. Қариб аз се ду ҳиссаи қарзҳои боқимонда (1,5 миллиард доллар) ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рост меояд. Чин бо тақрибан 0,6 миллиард доллар (597 миллион) дар ҷои дуюм аст. Аз паси онҳо (бо миллионҳо доллар): Россия—72; Арабистони Саудӣ — 42; Мексика — 38; Венесуэла – 38; кишварҳои дигар – 137.
Бо афзоиши қарз, Антонио Гутерриш ташаббуси ислоҳоти буҷаи худро, ки «Ташаббуси СММ-80» номида мешавад, дар арафаи 80-солагии СММ муаррифӣ кард. Ӯ пешниҳод намуд, ки то соли 2026 аз 15 то 20 дарсади хароҷоти котиботи СММ кам карда шавад ва 20 дарсади мақомҳои СММ барҳам дода шавад. Котиботи СММ ҳар сол буҷети мунтазами тақрибан 3,7 миллиард долларро назорат мекунад ва тақрибан 33,000 кормандро дар бар мегирад.
Пешниҳоди ислоҳоти Антониу Гутерриш ба се қисм тақсим мешавад:
1. Дар зери роҳбарии СММ, пасандозҳоро метавон тавассути ба тартиб даровардани амалиётҳо, қатъ кардани қабули персонали нав, кам кардани сафар ва кӯчонидани кормандон аз Ню Йорк ва Женева ба шаҳрҳои камхарҷ ба даст овард.
2. Баррасии тақрибан 4000 мандате, ки аз ҷониби давлатҳои узв ба СММ дода шудааст, бо мақсади муттаҳидсозӣ ва рафъи такрори онҳо. Давлатҳои аъзо бояд дар бораи чунин тағйирот мувофиқа кунанд.
3. Ниҳоят, ташаббус баррасии ислоҳоти сохтории густурда дар тамоми системаи СММ-ро, ки аз даҳҳо агентиҳо иборат аст, ки рӯз то рӯз беаҳамият мешаванд ва ё кори якхеларо ба мисли дигар ниҳодҳо иҷро мекунанд, тақозо мекунад.
СММ самаранокии худро аз даст медиҳад ва он ба ислоҳоти амиқ ниёз дорад.
Яке аз муҳимтарин ислоҳот тағйир додани нақши Дабири кулл мебошад. «Ислоҳоти Шурои Амният ҳеҷ гоҳ ба даст нахоҳад омад - ҳадди ақалл, то замоне, ки як таҳаввулоти ҷиддие дар ҷаҳон рух надиҳад. Варианти хеле воқеъбинтар ин тағир додани вазифаҳои Дабири кулл аст. Агар мо мехоҳем, ки СММ муассиртар шавад, мо бояд ба Дабири кулл салоҳият ва мустақилияти бештар диҳем. Ин муҳимтарин вазифаи имрӯз аст» - мегӯянд журналистони фаронсавӣ Анн-Сесил Робер и Ромюл Стиора.
В.Чуркин, намояндаи собиқи ФР дар СММ вазъият дар Котиботи СММ-ро чунин арзёби намуда буд: «Инро муқаррарӣ ҳисобидан мумкин нест ки се вазифаи асосӣ — чонишини котиби генералӣ оид ба муҳофизати сулҳ, сиёсӣ ва гуманитарӣ — аз тарафи се мамлакат ИМА, Фаронса ва Британияи Кабир самарабахш ғасб карда шавад. Мо итминон дорем, ки барои нигоҳ доштани таъсирбахшӣ ва қонунӣ будани фаъолияти Котибот ротатсияи ин ва баъзе дигар вазифаҳои баландпояи Котибот байни ҳамаи кишварҳои узви СММ зарур аст. Раванди таъини онҳоро шаффофтар намудан муҳим аст».
Пешниҳодҳои сершумор оид ба азнавташкилдиҳии Шурои Амният садо медиҳанд. Инҳоро метавон дар чаҳор гурӯҳ ҷамъбаст кард:
1) аъзои доимии худро аз ҳуқуқи вето маҳрум мекунанд;
2) қоидаеро муқаррар мекунад, ки ду овози аъзои доимиро барои вето ба лоиҳаи қатъномаи Шурои Амният талаб мекунад;
3) шумораи аъзоёни доимии Шурои Амният зиёд карда шавад, вале онҳо набояд ҳуқуқи вето дошта бошанд;
4) шумораи аъзоёни доимии Шурои Амният бо ҳуқуқи вето зиёд карда шавад.
Тибқи ду варианти охир, номзадҳои бештар пешбаришуда Ҷопон, Олмон, Ҳиндустон ва Бразилия (G-4) буданд. Аммо ба ин номзадҳо баъзе аъзоёни доимии ҳозираи Шурои Амният, инчунин дигар давлатҳои аъзои СММ мукобил буданд ва мебошанд. Масалан, Русия ва Чин ба номзадии Олмон (ҳамчунон Италия ва Испания) мухолифанд. Дар бобати Ҷопон мушкилот вуҷуд дорад: аввалан, миёни Русия ва Ҷопон то ҳол шартномаи сулҳ ба имзо нарасидааст ва ин кишвар бо Русия ва Чин даъвои ҳудудӣ дорад. Бархе аз кишварҳои Амрикои Лотин (Аргентина, Колумбия ва Мексика) ба номзадии Бразилия мухолифанд. Покистон ба номзадии Ҳиндустон мухолиф аст. Ҳиндустон низ бо Чин муносибатҳои хеле печида дорад ва байни онҳо баҳсҳои ҳудудӣ вуҷуд дорад.
«Гурӯҳи 77» ва Чин ҷонибдори беҳбуди идоракунӣ дар СММ буда, аҳамияти намояндагии бештари кишварҳои рӯ ба тараққӣро таъкид мекунанд. Онҳо ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз қабили ислоҳоти меъмории байналмилалии иқтисодӣ ва молиявӣ, решакан кардани камбизоатӣ ва рушди устувор афзалият медиҳанд. Кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз эҳтимоли коҳиши маблағгузории рушд, ки барои онҳо як авлавият ва як бахши хеле ҳассос аст, сахт нигаронанд. Як намояндаи G77 изҳор дошт, «дигарон зиндагии моро дар фақр дарк карда наметавонанд. Барои мо ин воқеият аст: одамон бидуни ғизо ва сарпаноҳ зиндагӣ мекунанд».
Соли 2013 Фаронса пешниҳод кард, ки аъзои Шурои Амнияти СММ дар ҳолатҳое, ки амалҳои ваҳшиёнаи оммавӣ, ба мисли наслкушӣ содир мешаванд, давлатҳои аъзои доимии Шурои Амният аз ҳаққи вето даст кашанд. Дере нагузашта Мексика ва Испания ин пешниҳодро дастгирӣ карданд ва то соли 2018 шумораи ҷонибдорон ба беш аз 100 иёлот расид [3]. Ин пешниҳодро ИМА, Чин ва Русия рад карданд.
Сохторҳои нав дар системаи СММ пайдо шуданд. Комиссияи эҳёи сулҳ (КЭC) соли 2005 таъсис дода шуд. Соли 2006 Хазинаи сулҳи СММ таъсис дода шуд. Соли 2006 Шурои ҳуқуқи башар таъсис дода шуд. Соли 2005 бо пешниҳоди ИМА Хазинаи демократияи СММ (UNDEF) таъсис дода шуд (аммо, давлатҳо зидди Freedom House, Human Rights Watch, Бунёди Миллии Демократия ва Институти Байналмилалии Ҷумҳурихоҳон ҳастанд). Соли 2024 бо пешниҳоди ҶТ Хазинаи ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Мо пешниҳод мекунем, ки Суди умумиҷаҳонӣ оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шавад.
Дар бобати ислоҳоти СММ Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 80-умини Маҷмаи Умумии СММ баромад намуда, мавқеи Тоҷикистонро чунин изҳор намуданд: «Тоҷикистон аз ислоҳоти фарогири низоми СММ зимни ташаббуси “Барномаи Созмони Милали Муттаҳид-80”, "Созмони Милали Муттаҳид-2.0" ва Диди Дабири кулл оид ба низоми муосири Созмони Милал ҷонибдорӣ менамояд. Дар баробари ин, мо аз "Паймон ба хотири оянда" ҳамчун иқдоми муҳимми дастҷамъона дар роҳи пешбурди сулҳ ва рушди устувор истиқбол менамоем. Мо бори дигар зарурати тақвияти нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози СММ-ро дар таъмини сулҳу осоиши фарогир таъкид менамоем. Танҳо бо эътимод, ҳамкорӣ ва иродаи устувор мо метавонем ояндаи одилона, сулҳомез ва устуворро барои кулли инсоният бунёд намоем.
Тоҷикистон дар амри дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва ҳалли дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯзномаи ҷаҳонӣ омодаи ҳамкориҳои муштарак бо кишварҳои шарик ва тамоми кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид мебошад».
Ба андешаи мо Созмони Милали Муттаҳид комил нест, аммо инсоният созмони беҳтаре надорад. СММ платформаи универсалии муколама оид ба офариниши тартиботи нави одилонатари ҷахонӣ мебошад. Потенсиали беназири СММ на ҳамеша амалӣ мешавад. Мушкилот дар майли кишварҳои узв барои истисмори СММ ва сохторҳои он ба манофеи миллии худ, расидан ба ҳадафҳои геополитикӣ, таъсир ва фишор ба рақибон ва муттаҳам кардани онҳо ба рафтори номатлуб нуҳуфта аст.
Муваффақият дар сохтмони бехатар ва одилонаи тартиботи ҷаҳонӣ ва ислоҳоти системаи СММ дар соҳаи ғояҳо ва арзишҳо ҷойгир аст. Пешравӣ дар ин самт аз огоҳӣ ва иродаи сиёсии худи давлатҳои узв, тавоноии онҳо дар амри созиш кардан, аҳду паймони ҳосилшударо якҷоя ба амал баровардан нуҳуфта аст.
Умедворем, ки давлатҳо ҳама ихтилофотро канор гузошта, барои бунёди ҷаҳони беҳтар ба мувофиқа расида, ислоҳоти лозимаро ворид месозанд ва Созмони Милали Муттаҳид вазифаи дар назди худ истода - нигоҳдории сулҳ ва амнияти ҷаҳониро сарбаландона ва боз ҳам самараноктар анҷом хоҳад дод.
Саидумар Раҷабов – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ИФСҲ АМИТ