Skip to main content

“Рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад”

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” (28.12.2024) ҷиҳати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар панҷсолаи минбаъда иҷрои панҷ вазифаи муҳимро таъкид намуданд, ки банди чоруми он маҳз ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ бахшида шудааст. Аз ҷумла, таъкид намуданд, ки “...бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо баланд бардоштани маърифати илмӣ таъмин намудани рушди сармояи инсонӣ аз омилҳои асоси рушди Тоҷикистон ба шумор меравад”.

Бо ин мақсад дар банди 7 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2024 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, “Таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030 ва дар он таваҷҷуҳи аввалиндараҷа додан ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ...таъкид шудааст”

Ҳамчунин, боби чоруми Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳти унвони “Рушди сармояи инсонӣ” маҳз ба омӯзиши масъалаи инсон ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодии он дар шароити кунунӣ бахшида шудааст. Ин бори дигар водор месозад, ки омӯзиш ва таҳқиқи масъалаи сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон ба зарурати воқеӣ табдил ёфта, он бояд мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷомеаи илмӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қарор гирад.

Маврид ба зикр аст, ки масъалаи сармояи инсонӣ дар илми ҷаҳонӣ масъалаи нав набуда, ҳанӯз дар солҳои 60-70-уми қарни гузашта мавриди омӯзиш ва таҳқиқи олимону коршиносони кишварҳои хориҷӣ қарор гирифта буд. Назарияи сармояи инсонӣ дар нимаи дуюми асри ХХ аз ҷониби намояндагони мактаби неоклассикии Г.Беккер ва Т.Шултс пешниҳод шуда, мафҳуми «сармояи инсонӣ» дар доираи ин назария бо шаклҳои гуногун шарҳ дода шудааст. Баъзе аз намояндагони ин мактаб онро маҷмуи қобилият, донишу маҳорати инсон ва баъзе аз онҳо онро маблағгузорӣ барои гирифтани таҳсилот ва баланд бардоштани савияи донишу маҳорат шарҳ додаанд. Дар шакли пуррааш мафҳуми сармояи инсонӣ ҳамчун маҷмуи дониш, малакаю маҳорат, қобилият ва саломатии инсон шарҳ дода мешавад.

Аз ҷониби муаллифони дигари муосири хориҷӣ – Брукинг Э., Корицкий А.В., Леонтев Б.Б., Михнева С.Г., Эдвинсон Л., Мэлоун М., Ибрагимли З.И., Татаркин А.И., Тугускина Г.Н., Гарипова Ф.Г. ва дигарон дар давраҳои гуногун доир ба масъалаи инсон, сармояи инсонӣ ва захираҳои зеҳнӣ таҳқиқотҳои арзишманд анҷом дода шудаанд.

Дар асоси омӯзиш ва таҳлилҳои воқеӣ масъалаи рушд ва моҳияти инсон, роҳу василаҳои таҳкими сармояи инсонӣ дар шароити имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон, инчунин, нақши он дар рушди устувори кишвар баррасӣ ва арзёбӣ шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки масъалаи мазкур аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик Наврӯзов С., Шоисматуллоев Ш., Қурбонов А.Ш., Бобоев А.А. ва дигарон мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта, аз ҷониби муаллифони номбурда дар ин самт таҳқиқотҳои муҳим анҷом дода шудаанд.

Вале, маврид ба зикр аст, ки доир ба масъалаи сармояи инсонӣ дар ҷумҳурӣ дар шакли фарогир ва бо тамоми вижагиҳояш то ҳанӯз таҳқиқоти мукаммали илмӣ анҷом дода нашудааст. Аз ин рӯ, метавон хулоса намуд, ки масъалаи сармояи инсонӣ ба омӯзиш ва таҳқиқ ниёз дошта, он бояд мавриди таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи олимону коршиносон қарор гирад.

Бояд тазаккур дод, ки шаклҳои сармояи инсониро бо дарназардошти унсурҳои зерини таркибиашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд: сармояи маърифатӣ, сармояи маданӣ ва сармояи тандурустӣ. Дар мақолаи мазкур масъалаи сармояи зеҳнӣ чун ҷузъи таркибии сармояи инсонӣ, ки қабл аз ҳама, хусусияти маърифатӣ дорад, мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор дода шудааст.

Тавре ки маълум аст, мушкилоти соҳаи илм ва захираи зеҳнӣ ҳамчун омили муҳимми ташаккули сармояи инсонӣ дар шароити муосир аз нигоҳи худи олимон ба таври гуногун баррасӣ ва арзёбӣ мешавад. Илм ҳамчун самти махсуси фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир мушкилоти хоси худро дошта, аз ҷомеа таваҷҷуҳи бештар ва аз аҳли илм масъулияти баландро талаб мекунад. Ҳамзамон, ҳолати кунунии илм ва фаъолияти илмӣ дар ҷумҳурӣ водор месозад, ки раванди мазкур мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуда, барои рафъи мушкилоти мавҷуда тадбирҳои муфид ва зарурӣ андешида шавад.

1.Дастгирии молиявӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ. Бояд зикр намуд, ки рушди илм ва фаъолияти самараноки илмӣ-таҳқиқотӣ дар шароити муосир бе маблағгузорӣ ва таъминоти молиявӣ, инчунин, заминаи устувори илмӣ-техникӣ ғайриимкон аст. Худи фаъолияти илмӣ бевосита ба хароҷоти доимӣ – харидани таҷҳизот, масолеҳи зарурии ҳаррӯза, музди меҳнати кормандон, хароҷот барои нашр, сафарҳои хизматӣ ва ғайраҳо алоқаманд мебошад. Ҳамаи ин як қисми хурди хароҷоте мебошад, ки олими касбӣ дар тӯли фаъолияти хеш мунтазам ба он дучор мешавад.

Албатта, пешрафти давлатҳои муосир бидуни илму техникаи пешқадам ва технологияҳои инноватсионӣ, ба роҳ мондани тарзу усулҳои нави идоракунии истеҳсолот ва ҷорӣ намудани дастовардҳои нави илмӣ дар иқтисодиёт тасаввурнопазир аст. Дар шароити шиддат ёфтани ҷаҳонишавии иқтисоди ҷаҳонӣ, раванди рақобати давлатҳо дар соҳаи рушди илму техника низ тақвият меёбад. Ин, қабл аз ҳама, ба он вобастагӣ дорад, ки мамлакатҳои дар ин соҳа пешрафта аз раванди ҷаҳонишавӣ бо тамоми оқибатҳояш аз ҳама бештар ба афзалияти иқтисодӣ ноил мешаванд. Аз ин рӯ, ҳадафи асосӣ аз рақобате, ки имрӯз миёни кишварҳо дар ин самт идома дорад, танҳо ба даст овардани даромадҳои иловагии иқтисодӣ аст. Таҳлили вазъи маблағгузорӣ ба соҳаи илм дар ҷаҳони муосир собит месозад, ки он ҳар сол дар ҳамаи кишварҳо рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва аз муқоисаи рушди иқтисодии кишварҳои олам бармеояд, ки дар ин рақобат ҳамон кишваре ғолиб меояд, ки ба соҳаи илм аз ҳама бештар маблағгузорӣ мекунад.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақом ва нақши илм дар рушду шукуфоии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа беш аз пеш эҳсос гардида, аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ба он эътибори хосса зоҳир мегардад. Ин аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз тарафи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди илми ватанӣ, ташаккул ва такомули тафаккури техникии ҷомеа, ҳамгироии илм ва маориф, ба вуҷуд овардани технологияҳои рақобатпазир, омӯзишу таҳқиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таҳқиқи масъалаҳои иҷтимоӣ, таҳким бахшидани пояи илмӣ-техникии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ фармону амр ва қарору фармоишҳое қабул гардиданд, ки барои фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва дар маҷмуъ, барои рушди илм ва дастгирии олимон дар ҷумҳурӣ нақши муассир гузоштаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар оғози Истиқлолии давлатӣ олимону мутахассисони ҷавон беш аз пеш ба дастгирӣ ва кумакҳои иҷтимоӣ ниёз доштанд. Дар ҳолати мушкил қарор доштани пояи илмӣ-техникии кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ, маош ва стипендияи ночиз, пешбинӣ нашудани маблағ барои нашри рисолаҳои илмӣ, автореферат ва дигар хароҷотҳои зарурӣ ва мавҷуд набудани шароити мусоиди манзилию маишӣ ва таҳсил барои аспирантон ва олимони ҷавон, боиси аз ин соҳа дур шудани ҷавонон гардид. Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо, институтҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳавӣ ва кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз сабаби ба соҳаи илм таваҷҷуҳ надоштани ҷавонон ба мушкилоти шадиди кадрӣ рӯ ба рӯ гардида буданд. Чунончи, соли 2001 қабул барои таҳсил дар аспирантура ба муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 45 нафарро ташкил медод, ки ин нисбат ба талаботи воқеии муассисаҳои мазкур ба кадрҳои ҷавон хеле кам буд. Дар институтҳои математика, физикаю техника, астрофизика, сейсмология, зоология ва паразитология, физиологияи растаниҳо ва генетика, илмҳои гуманитарӣ, Маркази илмии Хуҷанди Академияи илмҳо ягон нафар ба аспирантура қабул нагардида буд ва бояд ёдовар шуд, ки дар дигар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ низ чунин ҳолат мушоҳида мешуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати мавҷударо хуб эҳсос намуда, ба мушкилоти молиявии ҷумҳурӣ нигоҳ накарда, барои беҳбудӣ бахшидан ба ин самти фаъолияти илмӣ дар ҷумҳурӣ чораҳои судманд меандешид. Хусусан, фармону супоришҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантони таҳсили рӯзона», «Дар бораи таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон» ва «Дар бораи таъсиси хобгоҳи ҷумҳуриявии аспирантон» дар ин марҳила хеле бамаврид ва муфид маҳсуб мешуданд. Ҳамчунин, барои аспирантон 15 стипедияи махсус муқаррар карда шуд, ки ин марҳилаи аввали дастгирии аспирантон аз ҷониби Сарвари давлат буд.

Таъмир ва ба истифода додани «Хобгоҳи ҷумҳуриявии аспирантон» дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ барои 300 нафар, маҳз бо дастури Сарвари давлат сурат гирифта, барои таъмир ва таҷҳизонидани он аз Фонди эҳтиётии Президени кишвар 4,5 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд ва он, воқеан, барои олимони ҷавон як туҳфаи шоистае маҳсуб мешуд. Зеро солҳои зиёд олимони ҷавон ва аспирантон аз нарасидани шароити мусоиди моддию маишӣ, аз ҷумла набудани манзили истиқоматӣ, танқисӣ мекашиданд ва дар тӯли мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантону олимони ҷавон таъсиси чунин як хобгоҳ ва бо чунин шароиту таҷҳизот бори аввал буд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар давраи аз соли 1996 то 2000-ум танҳо барои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳавасмандии моддии кормандони соҳаи илми ҷумҳурӣ 9 қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани музди меҳнати баъзе гурӯҳҳои кормандони ташкилотҳои буҷетӣ» (1997), Фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зиёд намудани маблағ барои унвони аъзои ҳақиқии (академик) Академияи илмҳо ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон» (1998), инчунин, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани музд барои аъзои ҳақиқӣ ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1996), «Дар бораи супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника дар соли 1996» (1996) қабул гардиданд, ки дар ин марҳила барои дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии олимон хеле муфид ва саривақтӣ маҳсуб мешуданд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба мусоид гардидани вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ, ҷиҳати ҳавасмандгардонии моддӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи илм давра ба давра чораҳои судманд меандешид. Бояд ёдовар шуд, ки аз соли 2000-ум дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии илм ва ҳифзи иҷтимоии олимон марҳилаи нав ва мусоид оғоз гардид. Фаро расидани сулҳу субот ва оромӣ дар ҷумҳурӣ барои фаъолияти самараноки корхонаю муассисаҳо, хоҷагии қишлоқ ва рушди соҳибкорию тиҷорат мусоидат намуд ва роҳбарияти давлату ҳукумат низ имконият пайдо намуданд, ки ба соҳаи иҷтимоӣ, қабл аз ҳама, ба кормандони соҳаи илму фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвияти сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия» (2003), «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия» (2004), қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии ҳифзи иҷтимоии зиёиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2004) ва ғайра маҳз ба хотири кумак ва дастгирии бевосита ва ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи мазкур равона гардида буданд.

Аз соли 2000-ум маоши кормандони Академияи илмҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ ҳар сол баланд бардошта мешуданд. Чунончи, аз 1 январи соли 2000-ум тибқи амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои дар ин замина қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маошҳои вазифавии кормандони Академияи илмҳо ва ташкилоту муассисаҳои он ба таври зайл баланд бардошта шудаанд:

-аз 1 январи соли 2000 ба андозаи 40%;

-аз 1 апрели соли 2003 ба андозаи 20%;

-аз 1 январи соли 2004 ба андозаи 25%;

-аз 1 июли соли 2004 ба андозаи 30%.

Ҳамагӣ дар ин давра маоши вазифавии кормандони илм ба андозаи 2,7 маротиба баланд бардошта шудааст.

Аз ҳамин давра, яъне аз соли 2000-ум шуруъ гардида, маблағгузорӣ барои иҷрои таҳқиқот ва коркарди илмӣ низ аз ҳисоби буҷети чумҳуриявӣ сол ба сол меафзояд. Чунончи, солҳои 2000 маблағгузорӣ барои соҳаи илм 1 миллиону 155 ҳазор сомонӣ, дар соли 2010 22 миллион сомониро ташкил медод. Дар маҷмуъ, то соли 2010 доир ба дастгирии молиявии соҳаи илм ва ҳифзи иҷтимоии олимони ҷумҳурӣ аз ҷониби Ҳукумат 27 санади меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидааст, ки ин ба фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар самти таҳқиқот ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ нақши муҳим гузошт.

Ҳамин тариқ, ба хотири ташаккул ва рушди сармояи зеҳнии кишвар дар тӯли истиқлолият тадбирҳои муҳим рӯйи кор омада, ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи илм ва таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ давра ба давра дастгирии молиявии соҳаи илм зиёд гардида, то соли 2024 маблағгузорӣ барои соҳаи мазкур ба 235 млн сомонӣ расонида шуд. Ҳамчунин, дар арафаи Рӯзи дониш ва ҷашни Истиқлоли давлатӣ аз 1 сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати тамоми кормандони соҳаи маориф ва илм дар ҳаҷми 20 фоиз зиёд карда мешавад. Рақамҳои болозикр аз он далолат мекунанд, ки соҳаи илм ва маориф дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, барои дар доираи имкониятҳои мавҷудаи молиявӣ зиёд намудани маблағгузории соҳаи илм ва коркардҳои илмӣ ҳамасола тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

2.Тайёр намудани кадрҳои илмӣ. Рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва ворид гардидани технологияҳои гуногуни инноватсионӣ ба ҷумҳурӣ, афзудани талаботи мардум ба дастовардҳои илму техника, тағйир ёфтани фазои таҳсилот ва дигар омилҳои муҳим водор месозанд, ки баҳри тарбияи мутахассисон ва, хусусан, олимони соҳибунвон барои самтҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шаванд.

Ба хотири ҳалли мушкилоте, ки дар самти тайёр намудани кадрҳои илмӣ вуҷуд доштанд, соли 1997 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии тахассуси олӣ» ба тасвиб расид, ки дар заминаи он шуроҳои диссертатсионӣ доир ба самтҳои гуногуни илм таъсис ёфта, ба фаъолият шуруъ намуданд. Бояд зикр намуд, ки ин иқдоми Ҳукумати ҷумҳурӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ шуда, барои ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ дар дохили ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Тавре ки медонем, дар марҳилаи аввали истиқлолият вобаста ба вазъи иҷтимоии кишвар теъдоди муайяни кормандони илмӣ, аз ҷумла, олимони соҳибунвон аз муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олӣ ба соҳаҳои дигари фаъолият гузаштанд, ки ин боиси косташавии иқтидори илмии ин муассисаҳо гардид. Бояд зикр намуд, ки дар ин маврид норасоии кадрҳои илмӣ бараъло эҳсос карда мешуд. Вобаста ба зарурати мавҷуда қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015” қабул гардида, барномаи мазкур дар ин марҳала барои тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ мусоидат намуда, дар таъмини муассисаҳои илмӣ бо кадрҳои илмӣ нақши муҳим гузошт.

Ҳамчунин, бо супориши Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ (18 марти соли 2020) Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 №264 ба тасвиб расид. Бояд зикр намуд, ки қабули ин барномаҳо аз иқдомҳои муҳим ва зарурии Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, давра ба давра дар ҳалли мушкилоти кадрӣ мусоидат намуданд.

Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Роҳбари давлат қарор дошта, аз ҷумла, дар паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2015, 2018, 2021, 2022, 2024) баррасӣ гардида, ҷиҳати рафъи мушкилоти самти мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Таҷриба собит месозад, ки яке аз воситаҳои муҳимми тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ амалӣ намудани тадбирҳо тавассути фаъол намудани кор дар самти магистратура, докторантура ва аспирантура мебошад. Маврид ба зикр аст, ки то солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ низоми тайёр намудани кадрҳои илмӣ тавассути аспирантура, докторантура ва унвонҷӯйи амал мекард. Лекин теъдоди қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳое, ки ҳуқуқи қабул ба аспирантураро доштанд, хеле маҳдуд буд. Масалан, дар соли 1991 ҳамагӣ 10 муассиса барои қабул ба аспирантура ҳуқуқ дошт, вале дар соли 2023 бошад, теъдоди чунин муассисаҳо 24 ададро ташкил медод. Аз ҷумла, аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 1991 ҳамагӣ 4 муассисаи олӣ ҳуқуқи қабул ба аспирантураро дошт. Соли 2024 бошад, дар 19 мактаби олии ҷумҳурӣ таҳсил дар аспирантура роҳандозӣ шуда буд.

Маврид ба зикр аст, ки имрӯз муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ чун неруи бузург ва манбаи тавонои рушди илм, тарбияи мутахассисон ва кадрҳои илмӣ барои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат нақши бесобиқа доранд. Ҳоло теъдоди чунин муассисаҳо ба 49 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст, ки ин рақам, бешубҳа, хушҳолкунанда ва боиси ифтихор мебошад. Тавре ки мебинем, ҳам шумораи муассисаҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо нисбат ба давраи пеш аз истиқлолият қариб чор баробар афзудааст.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чун манбаи асосии тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ мақоми хосса дошта, дар тӯли фаъолияташ барои бо кадрҳои илмӣ таъмин намудани тамоми самтҳои ҳаёти хоҷагии халқи кишвар нақши беназир гузоштааст. Бо ифтихор метавон ёдовар шуд, ки имрӯз шогирдони ин боргоҳи бузурги илм дар тамоми муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар фаъолият менамоянд ва бо итминони комил онро чун макони муҳимтарини ташаккули зеҳнҳо ва рушди сармояи зеҳнии миллат арзёбӣ намуд.

Айни ҳол, дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тарбияи кадрҳои илмӣ дар самтҳои гуногун ба роҳ монда шуда, аз ҷумла, дар соли таҳсили 2024-2025 дар шуъбаи рӯзонаи магистратура 287 нафар магистрантҳо аз рӯйи 53 ихтисос таҳсилро идома дода истодаанд, ки аз ин теъдод 149 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар зинаи докторантураи PhD дар муасссаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 221 нафар докторанти PhD аз рӯйи 44 ихтисос ба фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ фаро гирифта шуда, шумораи докторантҳои анъанавӣ бошад 11 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар соли сипаришуда дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 345 нафар унвонҷӯён ба корҳои илмӣ таҳқиқотӣ машғул буданд.

Рақамҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз дар муқоиса ба замони то истиқлолияти давлатӣ барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои олии кишвар имкониятҳои бештар вуҷуд доранд.

Омили муҳимми дигаре, ки дар марҳилаи кунунии рушди ҷумҳурӣ барои ташаккул ва рушди сармояи зеҳнӣ мусоидат мекунад, ин фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ мебошад. Айни ҳол, дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 шурои диссертатсионӣ аз рӯйи 193 ихтисоси анъанавӣ ва 193 ихтисоси доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсияҳоро ба ҳимоя қабул менамуданд. Дар тӯли фаъолияти КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то декабри соли 2024 дар маҷмуъ 2380 диссертатсия, аз ҷумла 206 кори докторӣ, 1969 кори номзадӣ ва 205 рисолаи доктори фалсафа (PhD) ҳимоя шудааст.

Ҳамчунин, дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 19 шурои дессертатсионӣ, ки дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудаанд, фаъолият менамуданд. Шуроҳои мазкур, бешубҳа, дар самти тайёр намудани кадрҳои соҳибунвон, ташаккул ва таҳкими сармояи зеҳнии мамлакат нақши муҳим мегузоранд.

Тибқи ҳисоботи оморӣ соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ 6250 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-педагогӣ машғул буданд, ки аз ин 950 нафар доктори илм, 5088 нафар номзади илм ва 212 нафар доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Ҳол он ки, то замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3300 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, аз ҷумла 229 нафар докторҳои илм ва 3074 нафар номзадҳои илм фаъолият мекарданд.

Ҳамин тариқ, раванди ташаккули сармояи зеҳнӣ дар ҷумҳурӣ тавассути тарбияи кадрҳои сатҳи баланди илмӣ дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври мақсаднок ва самаранок ба роҳ монда шуда, барои таҳким ва рушди ин арзиши муҳимми маънавӣ ва омили зарурии рушди сармояи инсонии кишвар заминаи устувор гузошта мешавад.

3.Рушди илми бунёдӣ. Тавре ки зикр гардид, масъалаи сармояи инсонӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор дошта, дар ин самт тадбирҳои мушаххас амалӣ мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки сармояи зеҳнӣ ҳамчун маҷмуи донишҳо, малакаҳо, таҷрибаҳо, ғояҳо, технологияҳо ва сарватҳои ғайримоддӣ, қабл аз ҳама, бояд чун масъалаи бунёдӣ мавриди омӯзиш ва таҳлили муҳаққиқон қарор дода шавад. Ин, қабл аз ҳама, маблағгузории соҳаи маориф, таҳсил, таҳқиқотҳои илмӣ ва коркардҳо, ҳамчунин, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои инноватсия ва мубодилаи донишҳоро дар бар мегирад.

Воқеан, дар низоми фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар ҷумҳурӣ илмҳои бунёдӣ мақоми хосса дошта, ба дастгирӣ ва ислоҳоти ҷиддӣ ниёз доранд. Бо ин мақсад ҳанӯз соли 1996 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Фонди президентии таҳқиқотҳои бунёдӣ” аз 24 феврали соли 1996, №422 ба тасвиб расид, ки он дар самти дастгирӣ ва рушди соҳаи мазкур дар кишвар аҳамияти муҳим дошт. Тибқи Низомномаи Фонд дар қатори дигар сарчашмаҳое, ки маблағҳои он ташкил меёбанд, яке аз сарчашмаҳои асосӣ, ин 3% ҳиссаҷудокунӣ аз маблағҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои соҳаи илм пешбинӣ шуданд, ба ҳисоб меравад.

Маврид ба таъкид аст, ки маблағи солонаи Фонд дар соли 2024 аллакай ба 4,2 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин маблағ барои ба анҷом расондани таҳқиқоти муайян ва мақсадноку муфид дар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.

Солҳои рушди илмҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ. Масъалаи дигаре, ки дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм мақоми хосса дошта, барои ташаккул ва рушди сармояи зеҳнӣ мусоидат мекунад, ин омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад. Дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва зиёиёни мамлакат ба масъалаи 20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию дақиқ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ба хотири давра ба давра таъмин намудани иҷрои ин ҳадафҳо «Стратегияи миллии рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» қабул гардида, дар заминаи он санадҳои дигар:

- «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040;

-Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030;

-Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025” ба тасвиб расонида шуданд, ки санадҳои мазкур барои татбиқи ҳадафҳо доир ба рушди илмҳои зикргардида дар ин марҳилаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат аҳамияти муҳим доранд.

Бояд ёдовар шуд, ки рушди илмҳои бунёдӣ бо рушди илмҳои табиатшиносию дақиқ робитаи мустақим дошта, ташаккули донишҳои нав дар самти табиатшиносӣ маҳз тавассути таҳқиқотҳои бунёдӣ муяссар мешавад. Дар ин замина солҳои 2020-2040-ро эълон кардани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ҳамзамон, барои рушди илмҳои бунёдӣ қадами ҷиддие хоҳад буд.

Бо ин мақсад тайи солҳои охир дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баъзе тадбирҳо амалӣ карда шуданд, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди илмҳои табиатшиносию дақиқ ва, инчунин, ба роҳ мондани таҳқиқотҳои бунёдӣ аз ҷониби муҳаққиқони муассисаҳои илмии он мусоидат хоҳад кард. Аз ҷумла, дар доираи чунин ҳамкорӣ бо дастгирии Агентии байналмилалии неруи атомӣ ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастгоҳи PICARRO дастрас карда шуд, ки он як дастгоҳи гаронарзиш ва нодир маҳсуб шуда, истифодаи он имкон медиҳад, ки таҳқиқотҳо дар муҳити саҳроӣ ва лабораторӣ дар муддати кӯтоҳ ва бо дақиқии баланд анҷом дода шаванд.

Ин дастгоҳ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Ташаккули иқтидори миллӣ барои арзёбии ҳолати пиряхҳо ва қабати барф дар шароити тағйирёбии иқлим» (TAD 7004, 2022-2025) бо дастгирии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои ҳамоҳангсози Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) дастрас шудааст.

29 октябри соли 2024 дар шаҳраки академии АМИТ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бинои мазкур аз 4 ошёна иборат буда, 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммунологӣ, вирусологӣ, бехатарӣ ва амнияти биологӣ ва криминалистикаи ядроиро фаро гирифтанд, ки барои муайян сохтани маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамоянд. Озмоишгоҳҳои мазкур бо таҷҳизотҳо ва технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буда, ҷиҳати гузаронидани таҳқиқот, ташхис ва таҳлили мутахассисони соҳа дар асоси стандартҳои байналмилалӣ таъсис ёфтааст.

Ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур бо мақсади амалисозии Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сурат гирифта, барои иҷрои саривақтии таҳқиқотҳои бунёдӣ дар илми ватанӣ замина мегузорад. Бо ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур қадами муҳиме баҳри таҳкими амният ва иқтидори илмӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гузошта мешавад.

Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, барои ба истифода дода шудани он 12 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ва 35 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд хароҷот шудааст.

Ҳамчунин, пас аз маросими тантанавии ифтитоҳ ва шиносоӣ бо озмоишгоҳҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотиро муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ, лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ, Лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ, Маркази байналмилалии омӯзишии муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва лоиҳаи Бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар вилояти Хатлон, ки ба фаъолият шуруъ намудани ин марказҳо барои рушди илмҳои бунёдӣ ва ҳам амалӣ мусоидат хоҳад кард.

Бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» танҳо дар соли 2024 Академияи миллии илмҳо 28 озмоишгоҳҳои замонавӣ таъсис дода шудааст.

Дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ озмоишгоҳи биотехнологӣ муҷаҳҳаз бо асбобу таҷҳизотҳои муосир аз нав таҷдид карда шуд. Бояд қайд намуд, ки дар озмоишгоҳ барои гузаронидани корҳои биотехнологӣ 25 дастгоҳу лавозимоти гуногуни муосири озмоишӣ насб карда шуда, ҳамчунин 25 реактиву моддаҳои химиявии зарурӣ дастрас карда шуданд.

Ҷиҳозонидани озмоишгоҳ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир имконият медиҳад, ки ҳамкориро бо муассисаҳои илмии кишвар, ташкилотҳои байналмилалии таҳқиқотӣ ва хоҷагиҳои деҳқонию инфиродии ҷумҳурӣ таҳким бахшида, дурнамои таҳқиқоти илмии озмоишгоҳ оид ба рушди илмҳои биотехнологияи муосир, ҳалли масъалаҳои таъхирнопазири рушди ҷанбаҳои бунёдӣ ва амалии соҳаи кишоварзӣ, ки ба вуҷуд овардани навъу намунаҳо ва генотипҳои устувору сермаҳсули зироатҳои кишоварзиро дар шароити тағйирёбии иқлим суръат мебахшанд, инчунин, ба татбиқи натиҷаҳо дар истеҳсолот барои ҳалли масъалаҳои амнияти озуқаворӣ равон карда шаванд.

Дар Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский бошад, соли 2024 озмоишгоҳи паразитологӣ таъсис дода шуда, бо асбобу таҷҳизоти муосир (дастгоҳи таҳлили иммуноферментӣ (Биобаза-1000), бокси бехатарии биологӣ, микроскопи дорои монитор ва ғ.) муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ҳадафи таъсиси озмоишгоҳи паразитологӣ вусъат бахшидани таҳқиқотҳо дар соҳаи мазкур буда, барои омӯзиши барангезандагони бемориҳои паразитии ҳайвонот, инчунин, паҳнкунандагони бемориҳои паразитии (бандпоёни хунмак - каннаҳо, хомӯшакҳо, пашшаҳои регзор ва ғ.) ҳайвонот ва одам нигаронида шуда, ҳамзамон, барои баланд бардоштани неруи кадрӣ дар самти пешбурди таҳқиқотҳои илмӣ ва омодасозии мутахассисон дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD аз рӯйи ихтисоси паразитология мусоидат хоҳад кард.

Бояд зикр намуд, ки дар озмоишгоҳ таҷҳизоти замонавии таҳлили иммуноферментӣ (ELISA) мавриди истифода қарор дорад, ки он барои муайян намудани як қатор бемориҳои паразитӣ аз қабили трихинеллёз, эхинококкоз, трипоносомоз, токсокароз, токсоплазмоз ва ғ. хеле муҳим мебошад. Айни замон ҷиҳати дастрас намудани ташхисвораҳои зарурӣ (диагностикумҳо ва тест-системаҳо) ҳамкориҳои Институт бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия идома доранд.

Ҳамзамон, озмоишгоҳи мазкур имкон дорад барои донишҷӯёни факултетҳои биологияи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамчун заминаи хуби таҷрибаомӯзӣ ва таҳкими савияи донишҳои амалӣ мавриди истифода қарор дода шавад.

Моҳи апрели соли 2024 дар заминаи озмоишгоҳи электроникаи квантии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ озмошигоҳи наномаводҳои функсионалӣ таъсис ёфт, ки бо маблағгузории Маркази байналмилалии илмию техникӣ ба он зиёда аз 25 таҷҳизоти муосири илмӣ ворид гардида, барои ҳосилкунӣ ва таҳлили маводҳои функсионалӣ имкониятҳои васеъро фароҳам овард. Аз ҷумла, микроскопи электронии JSM-IT200 бо модули спектрометрии EDS, спектрометрҳои UV-VIS ва инфрасурх, спектрофлуориметр, печҳои баландҳарорат (1700°C ва 1200°C) таҷҳизотҳои муҳимтарин маҳсуб мешаванд. Ин таҷҳизотҳо барои ба роҳ мондани таҳқиқоти муосири сохторӣ, элементӣ, оптикӣ ва спектралӣ мусоидат хоҳанд кард.

Ҳамчунин, моҳи марти соли ҷорӣ озмоишгоҳи спектроскопияи молекулавии пажӯҳишгоҳи номбурда бо 9 адад таҷҳизоти муосир ва навтарин муҷаҳҳаз гардонида шуд. Бояд зикр намуд, ки таҷҳизоти воридгардида имконият медиҳад, ки фаъолияти таҳқиқотии озмоишгоҳ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла:

-омӯзиши сохтор ва таъсири моддаҳои органикию ғайриорганикӣ;

-таҳлили физикӣ ва химиявии макромолекулаҳо (масалан, селлюлозаи пахта);

-таҳқиқи таъсири омилҳои беруна (экологӣ, радиатсионӣ, географӣ) ба хусусиятҳои моддаҳо;

-омӯхтани изомерия, спектрҳои инфрасурх;

-арзёбии маводҳо барои истифодабарӣ дар соҳаи тиб, фармасевтика ва биотехнология роҳандозӣ карда шавад.

Таъмини озмоишгоҳ бо таҷҳизоти муосири илмӣ имконият медиҳад, ки дар соҳаҳои гуногун-аз омӯзиши молекулаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ то таҳлили биологӣ ва фармасевтӣ-биохимиявӣ таҳқиқотҳо гузаронида шуда, бо ҷалби мутахассисони касбияташон баланд ва нерӯи зеҳнӣ, ки дорои таҷрибаи амалӣ дар соҳа мебошанд, метавонад дар солҳои наздик ба як маркази пешсафи соҳаи спектроскопияи молекулавӣ ва таҳлили маводҳои табиию тиббӣ табдил ёфта, дар рушди илми таҳлилӣ, кимиё ва биотехнологияи кишвар нақши калидӣ бозад.

Таҳлилҳо ва рақамҳои болозикр аз он шаҳодат медиҳанд, ки татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини рушди илмҳои соҳаи табиатшиносию дақиқ дар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, хусусан, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамвора идома дошта, барои ташаккул ва рушди сармояи зеҳнӣ заминаи муносиб фароҳам оварда мешавад.

Ҳамин тариқ, омӯзиш ва таҳлили низоми фаъолияти илмӣ дар муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ собит месозад, ки дар марҳилаи кунунии истиқлоли давлатӣ заминаи воқеии ташаккул ва рушди сармояи зеҳнӣ чун ҷузъи сармояи инсонӣ дар ҷумҳурӣ мавҷуд буда, барои тарбияи кадрҳои илмии ҷавобгӯӣ замони муосир, инчунин таъмини рушди устувори ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Маврид ба таъкид аст, ки илм ҳамчун шакли олии ҳаёти маънавӣ дар ҷомеаи муосир бо мушкилоту монеаҳои маъмулӣ, ки олимон дар тӯли фаъолияти худ рӯ ба рӯ мешаванд, арзи ҳастӣ намуда, чун омили муҳимтарини ҳалли мушкилоти сайёра ва воситаи боэътимоди ташаккул ва рушди сармояи инсонӣ нақши муассир ва ҳалкунанда дорад.

Тавре ки мушоҳидаҳо собит месозанд, кору фаъолияти ҳар як корманди соҳаи илм дар назар хеле одӣ ва содда менамояд, аммо дар амал он хеле мураккаб ва мушкил мебошад. Муҳаққиқ бо мушоҳидаю ҷустуҷӯҳои хеш ба масъалаҳое даст мезанад, ки таваҷҷуҳи ӯро ҷалб мекунанд ва ӯ ҷавоби деринтизори ин саволҳоро пайдо намуда, дастраси ҷомеаи илмӣ месозад. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки ташаккул ва рушди захираи зеҳнии ҳар як миллат маҳз тавассути заҳматҳои олимону донишмандон амалӣ шуда, барои пешрафти босуботи ҷомеа заминаи устувор мегузорад.

Вобаста ба ин, соҳаи илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили муҳимтарини ташаккули сармояи инсонӣ ва таъмини рушди устувор мақоми хосса дошта, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30.05.2024) таъкид намуданд, ки рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.

Ҳамин тавр, сармояи инсонӣ, бешубҳа, он муҳаррики пуриқтидорест, ки ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат намуда, барои таҳкими иқтидори ҳарбӣ ва иқтисодии кишварҳо мусоидат мекунад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қ.Х.