Skip to main content

Ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи “Иди Ғалаба” бо тантана ва тариқи хосси мардуми тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Зеро тоҷикон аз мардумони ҷанговару фидоӣ буда, ба арзишҳои миллӣ арҷ мегузоранд. Бинобар ин саҳми тоҷикон дар ин Рӯзи Ғалаба бо ёдбуди гузаштагон ва қурбониёну иштироккунандагони миллати худро пос медоранд.

Мо тоҷикон аз хурдсолӣ дар вохӯриҳову ҷашвораҳои ин рӯзи таърихӣ аз нақлҳои падарам, ки бевосита дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намудаанд, иштирок доштем. Баъди аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ падарам борҳо бо мукофоту медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. Ва ҳар сол аз тарафи ҳукуматдории Вилояти Суғд қадршиносӣ карда мешуданд. Дар умум дар вилояти Суғди Тоҷикистон 20 ҳазор нафар собиқадорони ҷанг бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд. Аз ҷумла онҳо дар гурӯҳҳои партизанӣ 49 нафар, дар ботлоқҳои Беларусия 7 нафар, дар ҷанубу ғарбии Россия 3 нафар, Лаҳистон 7, Югославия 4, Италия 2 ва Франсия 4 нафар ширкат варзида буданд.

Махсусан тоҷикон, барои озод намудани кишварҳои аврупоӣ, аз қабили Лаҳистон, Чехия, Словакия, Руминия, Маҷористон, Булгория, Югославия ва Утриш, яъне дар умум 15 ҳазор нафар саҳм гузошта ва бо ордени медал барои шуҷоъат мукофонида шудаанд.

Муаллимони Донишгоҳи Хуҷанд ба номи Бобрҷон Ғафуров зиёиёну устодони Донишгоҳ ва аъзоёни ҳизби коммунистӣ ихтиёран ба комиссариатҳои ҳарбии Тоҷикистон ба сафи Артиши Сурх дохил шуда ба майдони ҷанг сафарбар карда мешуданд. Аз миёни онҳо метавон исми Муҳаммад Осимӣ, Аслиддин Осимӣ ва ду бародари дигарашон ба ҷанг рафта дигар бар нагаштанд, ёдовар шавем. Махсусан падари бузургворам Комилов Абдулвоҳид дар миёни ин набардҳо бештар дар набардҳои Курская Дуга ва набардҳои Сталинград иштироки фаъолона дошта, ҳикояҳои ҳассосро ба мо нақл мекарданд.

Мардумон бо шиорҳои “Зинда бод Сталин, Зинда бод Иттиҳоди Шуравӣ”, барои озодии кишварҳои Иттиҳоди собиқи Шӯравӣ хизмат карда ҷони худро дареғ намедоштанд.

Неъмат Қарабоев аввалин қаҳрамони тоҷик худро бо маводи тарканда ҳамҷун сипар дар муқобили танк душман қурбон карда, ҷони дигаронро наҷот додааст. Ӯ аввалин тоҷикест, ки ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардидааст.

Вақте ки ҷанги Шӯравӣ ва Финляндия оғоз шуд, ӯ дар сафи Артиши Сурх буд, иштирокчии ҷанг шуд. Ба Неъмат Карабоев барои шуҷоати дар муҳорибаҳо нишондодааш дар моҳи марти соли 1941 рутбаи баланд дода шуд. Дар муҳорибаҳо барои Москов ва дигар амалиётҳо иштирок кардааст. Ӯ моҳи январи соли 1943 ҳангоми гузаштан аз дарёи Дон ҳалок гардид.

Сержанти хурд Исмоил Ҳамзаалиев пеш аз ҷанг муаллим шуда кор мекард. Ӯ командири экипажи тирандозии баталиони артиллерии зиддитанкии бригадаи танкии 79-уми фронти марказӣ буд. 8 июли соли 1943 ҳангоми баргардондани ҳуҷуми немисҳо ба Курск, дар шимоли деҳаи Молотичи тупчиён кушта шуд. И. Ҳамзалиев шахсан 3 танки душманро зада нобуд кард. Рӯзи 10 июл дар набард барои баландии стратегии муҳим яке аз снарядҳои душман таппончаи Ҳамзалиевро аз байн бурд. Ӯ дар рафти ҷанг сахт ярадор шуд, вале ҷангро давом дода, тирпарронӣ кард ва боз 2 танки душман, аз ҷумла яке аз навтарин танки «Паланг»-ро корношоям кард. 16 августи соли 1943 аз захмҳо вафот кард. 8 сентябри соли 1943 ба Исмоил Ҳамзаалиев баъди марг унвони Каҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд.

Дар муҳорибаи назди Сталинград тоҷикон ҳам ҳамроҳи тамоми халқи советӣ мардонагӣ ва диловарии бемислу монанд нишон доданд. 7 ҳазор нафар сарбозоне, ки аз Тоҷикистон ба фронт даъват шудаанд, бо медали «Барои мудофиаи Сталинград» мукофотонида шуданд.

Яке аз кӯчаҳои шаҳри Волгоград «Тоҷик» ном дорад ва дар лавҳаи мармарии ба «Хонаи Павлов»-и машҳур гузошташуда номи тоҷик Аҳмад Турдиев навишта шудааст, ки ҳамроҳи хамсафони 11 миллат ба душманон монеъ шуда буд.

Бояд гуфт, ки пирӯзӣ бар фашизм ба ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла фарзандони Тоҷикистон, аҳолии осоиштаи дар минтақаҳои таҳти амалиёти ҷангӣ ва ақибгоҳ қарордошта, маъюб шудани миллионҳо нафари дигар ва гуруснагиву маҳрумиятҳои гӯшношунид ба даст омадааст.

Дар ақибгоҳ ҳам мардум барои дастгирӣ кардани ҷанговарон ду маротиба зиёд кор карда ба ҷангварон либосҳои гарм ва меваҳои хушк омода мекарданд

Дар фабрикаи дӯзандагии 50-солагии октябр занон ва мардони маъюб дар 24 соат кору фаъолият карда ба ҷанговарон либосҳои гарм, ҷуробҳо, мӯзаҳои пашмӣ ва меваҳои хушк мефиристонданд. Ҳамзамон дуредгарон сандуқҳои барои ҷойгир кардани тиру туфанг омода мекарданд. Дар Вилояти Суғди Тоҷикистон барои коркарди металҳои ранга кони Чорух-Дайрон, Такели, Майхура, Адрасман, Такоб ва дигар маводҳои консентратӣ ба артиш мефиристонданд. Ҳамзамон офандагон маводи парашют, абрешими тиббӣ ва дигар лавозимоти ҷангӣ тайёр мекарданд.

Барои сохтани танкҳо занони тоҷик ориоишҳои тиллову нуқраи худро ҳадя мекарданд то, ки аскарони мо пешсафу пирӯз гарданд.

Дар ин рӯзҳои пуртазоди геосиёсиву геостратегии ҷаҳон мо бояд ба қадри сулҳу субот бирасем. Ба маврид ва саривақти будани ташаббуси Пешвои Миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон “Даҳсоли сулҳ барои наслҳои оянда”, ки аз тарафи СММ пазируфта шудааст. Мо тоҷикон имрӯзҳо ба қадри сулҳу суботу оромиши кишвар бирасем ва ба арзишҳои миллӣ арҷгузор бошем, сулҳу суботро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Воҳидова Санавбарбону, мудири шӯъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор