Дар шароити ҷаҳонишавии равандҳои илмӣ ва технологӣ рушди устувори ҷомеа бидуни такя ба илм ва истифодаи самараноки иқтидори зеҳнии инсон ғайриимкон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба илм ҳамчун яке аз пояҳои асосии давлатдории миллӣ ва омили муҳими пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Дар ин раванд нақши занон, бахусус бонувони муҳаққиқ, ҳамчун қувваи фаъоли созанда ва неруи пешбарандаи илм торафт бештар мегардад. Бонувони муҳаққиқи илми кимиё дар рушди илми муосири тоҷик, ташаккули мактабҳои илмӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими амалӣ ҷойгоҳи хос дошта, саҳми онҳо дар таърихи илмии кишвар, махсусан дар доираи фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шоистаи таҳлил ва арзёбии илмӣ мебошад.
Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ ба марҳилаи нав ворид гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки “Занон неруи бузурги ҷомеа буда, бе иштироки фаъолонаи онҳо пешрафти давлат ғайриимкон аст”. Ин дидгоҳи стратегӣ ба ташаккули сиёсати давлатии ҳадафманд дар самти ҷалби бонувон ба илм, аз ҷумла ба соҳаҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, заминаи воқеӣ гузошт.
Илми кимиё ҳамчун яке аз самтҳои калидии илмҳои табиатшиносӣ дар рушди иқтисоди миллӣ, саноат, энергетика, тиб, дорусозӣ, кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист аҳамияти ниҳоят калон дорад. Барои кишваре чун Тоҷикистон, ки дорои захираҳои ғании табиӣ мебошад, таҳқиқоти кимиёвӣ дар самти коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, эҷоди маводҳои нав, технологияҳои каммасраф ва экологӣ тоза аҳамияти стратегӣ касб менамояд. Дар ин раванд бонувони муҳаққиқи илми кимиё ҳамчун иштирокчиёни фаъоли равандҳои илмӣ бо заҳмати пайваста ва ҷаҳонбинии илмии худ саҳми арзанда мегузоранд.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи марказии илмии кишвар дар ташаккул ва рушди мактаби кимиёвии тоҷик нақши муҳим бозидааст. Дар доираи фаъолияти институтҳои илмии Академия бонувони муҳаққиқ дар самтҳои гуногуни кимиёи ғайриузвӣ, узвӣ, таҳлилӣ, физикӣ, кимиёи физикӣ, кимиёи моддаҳои табиӣ ва маводшиносӣ тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ анҷом медиҳанд. Фаъолияти илмии онҳо на танҳо ба густариши дониши назариявӣ, балки ба ҳалли масъалаҳои амалии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ равона гардидааст. Маҳз тавассути ин тадқиқот илми кимиё дар Тоҷикистон хусусияти амалӣ гирифта, ба талаботи рушди иқтисоди миллӣ мутобиқ мегардад.
Бонувони муҳаққиқи илми кимиё дар даврони истиқлолият ҳамчун неруи созандаи илмӣ зуҳур намуда, дар ташаккули равишҳои нав ва ворид намудани усулҳои муосири таҳқиқотӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Онҳо дар таҳияи маводҳои нави дорои хосиятҳои физикӣ-кимиёвии баланд, омӯзиши пайвастагиҳои табиӣ, таҳқиқи равандҳои кимиёӣ ва истифодаи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот фаъолона иштирок менамоянд. Ин фаъолият далели равшани он аст, ки занон метавонанд дар соҳаҳои мураккаби илмӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.
Нақши бонувони муҳаққиқ танҳо ба доираи корҳои озмиошӣ маҳдуд намешавад. Онҳо дар тайёр намудани кадрҳои илмии ҷавон, ташаккули фарҳанги илмӣ ва рушди тафаккури таҳлилӣ нақши калидӣ доранд. Ҳамчун омӯзгор ва роҳбари илмӣ бонувони муҳаққиқи кимиё донишҷӯён, магистрантон ва докторантонро ба роҳи илм ҳидоят намуда, дар рушди неруи зеҳнии кишвар саҳм мегузоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “Ояндаи давлат аз сатҳи дониш ва маърифати насли ҷавон вобаста аст”, ва дар амал маҳз чунин олимазанон татбиқкунандаи ин сиёсати хирадмандона мебошанд.
Дастгирии давлатии фаъолияти илмии бонувон дар Тоҷикистон ба яке аз самтҳои афзалиятнок табдил ёфтааст. Ҷудо намудани грантҳои илмӣ, мукофотҳои давлатӣ, фароҳам овардани имкониятҳои таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба фаъол гардидани бонувони муҳаққиқ мусоидат намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд, ки “Давлат барои дастгирии олимон, махсусан занону ҷавонон, тамоми имкониятҳоро фароҳам меорад, зеро онҳо такягоҳи асосии рушди илми миллӣ мебошанд”. Ин сиёсати пайваста боис гардид, ки бонувони муҳаққиқи илми кимиё дар ҳимояи рисолаҳои илмӣ, роҳбарии лоиҳаҳо ва иштирок дар ҳамкориҳои байналмилалӣ фаъол бошанд.
Фаъолияти бонувони муҳаққиқи илми кимиё дар доираи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон инчунин аҳамияти иҷтимоӣ дорад. Онҳо бо фаъолияти худ на танҳо ба рушди илм, балки ба ташаккули симои нави зан дар ҷомеаи муосири тоҷик мусоидат менамоянд. Ин симо занеро ифода мекунад, ки дорои тафаккури илмӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва мавқеи устувор дар ҷомеа мебошад. Ин раванд ба таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани нуфузи илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Ҳамин тариқ, бонувони муҳаққиқи илми кимиё дар даврони истиқлолият ҳамчун неруи созандаи рушди илми муосири тоҷик баромад намуда, дар ташаккули мактабҳои илмӣ, рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва татбиқи сиёсати илмпарваронаи давлат саҳми арзанда мегузоранд. Фаъолияти онҳо ифодагари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илм ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад. Тақвияти минбаъдаи нақши бонувони муҳаққиқ дар илми кимиё ва дигар соҳаҳои илм яке аз омилҳои муҳими пешрафти устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди илми муосири тоҷик ба шумор меравад.
Аминова Нигора Аминовна, н. и. т., мудири Озмоишгоҳи
Маводшиносии Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ.

