Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои муҳим ва рамзии кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳар сол 24 ноябр мардуми Тоҷикистон ин рӯзро бо шукӯҳ ва эҳтиром таҷлил мекунанд. Парчам барои миллат на танҳо рамзи давлат ва истиқлолият аст, балки баёнгари ваҳдати миллӣ, таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғании тоҷикон мебошад.
Парчами миллии Тоҷикистон аз се ранг — сурх, сафед ва сабз — иборат аст, ки ҳар як ранг маънои рамзӣ ва таърихӣ дорад:
· СУРХ – рамзи озодӣ, ҷасорат ва нерӯи халқ аст;
· САФЕД – рамзи покӣ, сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад;
· САБЗ – рамзи ҳаёт, табиат ва шукуфоии кишвар мебошад.
Дар маркази парчам тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир шудаанд, ки рамзи истиқлолият, ҳокимияти давлат ва фарҳанги таърихии мардуми тоҷик мебошанд. Ҳамзамон, ҳафт ситора рамзи ҳафт минтақаи таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон буда, таҷассуми иттиҳоди мардуми кишвар аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Рахмон борҳо таъкид кардаанд:
«Парчами давлатӣ рамзи озодӣ ва истиқлолият, пайванди гузашта ва ояндаи кишвар мебошад. Ҳар як сокини Тоҷикистон бояд бо ифтихор ва эҳтиром ба ин рамз муносибат кунад ва ҳисси ватандӯстии худро тақвият диҳад.»
Дар ин рӯз дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд. Дар шаҳрҳо ва деҳот, майдонҳо ва кӯчаҳо бо парчамҳои давлатӣ оро дода мешаванд, барномаҳои фарҳангӣ ва консертҳо, намоишҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, велосипедронӣ ва мотопробегҳо ташкил мегарданд. Ин чорабиниҳо барои ташаккули ҳисси ифтихори миллӣ, ваҳдати мардуми Тоҷикистон ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатсозӣ хизмат мекунанд.
Дар баробари ин, пояи парчами бузург дар маркази шаҳри Душанбе, ки баландии он ба 165 метр мерасад ва парчами андозаи 60×30 метр дар он насб шудааст, намунаи таҷассуми ифтихор ва ваҳдати миллӣ гардид. Ин иншоот дар Китоби рекорди Гиннес ба ҳайси баландтарин «Пояи Парчам» (Флагшток) дар ҷаҳон сабт шудааст ва барои мардуми Тоҷикистон рамзи муҳими ифтихор ва ваҳдат ба ҳисоб меравад.
Илова бар ин, Пешвои миллат низ дар яке аз суханрониҳояшон чунин гуфтаанд:
«Ҳар вақте ба парчами давлатӣ нигоҳ мекунем, мо таърих, фарҳанг ва ваҳдати миллати худро мебинем. Ин рамз моро муттаҳид мекунад, моро ба созандагӣ водор месозад ва масъулияти мо дар назди насли оянда нишон медиҳад.»
Рӯзи Парчами Давлатӣ барои ҳар фарди Тоҷикистон имконият аст, ки ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ арҷ гузорад, ҳисси иттиҳод ва ифтихори миллӣ дар дил ва қалб бештар созад. Парчам ҳамчунин воситаи муҳими тарбияи насли ҷавон мебошад. Дар мактабҳо ва муассисаҳои таълимӣ хонандагон бо таърихи парчам, рангу рамз ва аҳамияти он ошно карда мешаванд, то ҳар фарди наврас эҳсоси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатиро аз хурдӣ дарёфт кунад.
Бо таҷлили Рӯзи Парчами Давлатӣ мардуми Тоҷикистон на танҳо рамзи давлатро гиромӣ медоранд, балки ваҳдати миллӣ, дӯстӣ ва ҳамбастагии тамоми халқро таҷассум мекунанд. Ин ҷашн пайванди таърих ва муосир, ваҳдати миллат ва орзуи рушди кишварро дар як рамз таҷассум мекунад.
Юнусова Фарзона - ходими хурди илмии МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ
Имрӯзҳо зери сиёсати илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои ободкоронаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳамкориҳо бо ҳамтоёни хориҷӣ рушд ёфта, барои беҳтарсозии шароити кории олимону муҳаққиқони ҷавон марҳила ба марҳила ниҳодҳои пешбарандаи илмии дар тобеияти академиябуда, бо технологияҳои наву замонавӣ, муҷаҳаз шуда истодаанд.
Имрӯз (23.12.2024) бо мақсади дар амал татбиқ намудани илм дар истеҳсолот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз муҷаҳазгардонии таҷҳизотҳои сейсмикӣ ва озмоишӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ дода шудааст дидан намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2022 дар Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Бонки Умумиҷаҳони “Тақвияти омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва устуворӣ дар Тоҷикистон (PREPARED)” амали шуда истодааст.
Амали гардонидани зербанди 2.4. «Мустахкам намудани база барои таъмини устувории конструктивй ва сейсмикй (Укрепление базы для обеспечения конструкционной и сейсмической устойчивости)» лоихаи мазкур аз тарафи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо идоракунии гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои Вазорати молияи ҶТ иҷро шуда истодааст.
Дар марҳилаи аввали татбиқи зербанди 2.4. лоиҳаи PREPARED мустаҳкамкунии базаи моддию техникии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ташкил намудани мушоҳидаҳои ларзиши замин, бинохо ва иншоотхо ҳангоми заминларзаҳои сахт ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон тамоми таҷҳизоти ҳозиразамони зарури барои иҷрои зербанди 2.4. «Мустахкам намудани база барои таъмини устувории конструктивй ва сейсмикй» аз тарафи муассисаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Институт ворид шудааст.
Умуман, ҳамаи таҷҳизоти ворид шуда аз назари таъиноташ вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд. Таҷҳизоти сейсмики барои васл намудани дар баъзе бино ва иншоотҳои шаҳри Душанбе монанди дар Маҷмааи Истиқлол бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ насбкардашуда, аз он ҷумла дар дар бинои баландошёнаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, 4 бинои иҷтимоӣ дар ҳар ноҳияи шаҳри Душанбе ва дар 4 иншооти нақлиётӣ (пул ва эстакадаҳо) пешбини гардидаанд.
Ҳамзамон дигар аз таҷҳизотҳои сейсмики барои васл намудани дар замини баъзе пойгоҳои сейсмикии Институт дар ҳудуди ҷумҳури ҷойгир шуда, таҷҳизоти сейсмикии сайёри барои муайян кардани хусусиятҳои динамикии ҳар гуна бино ва иншоот ҳам дар шаҳри Душанбе ҷойгир буда, ҳам дар дигар шаҳрҳо, таҷҳизоти санҷиши сифати масолеҳои сохтмони дар сохтмонҳо истифода бурда истода ва истифода шуда, таҷҳизоти идорави барои таъмини интиқоли маълумотҳо аз ҳамаи таҷҳизотҳои сейсмики насб мешуда ба маркази ягонаи маълумотҳо, коркард ва таҳлили маводҳои мушоҳидави ва санҷиши ба даст оварда шуда муҷаҳаз гардонида шуданд.
Инчунин, барои дар сатҳи баланд ва самаранок иҷрои корҳои мушоҳидавӣ ва санҷиши аз тарафи кормандони Институт ба мутахасисон ду автомобили – сабукрав ва боркаш аз тарафи лоиҳа дода шуд.
23 декабри соли равон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар толори Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Соли 2025 - соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи геологияи тоҷик мизи мудаввар баргузор гардид.
Зимни сухаронӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки тайи даҳсолаҳои охир обшавии босуръати пиряхҳо таҳти таъсири тағирёбии иқлим ба таҳдиди глобалии сайёра табдил ёфтааст. Тибқи пешгӯиҳои коршиносон, дар шароити тағйирёбандаи иқлим дар охири асри XXI сеяки пиряхҳои кураи Замин аз байн мераванд. Обшавии пиряхҳо мувозинати экологиро вайрон намуда, ба гардиши об дар сайёраи мо таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ин раванд боиси сар задани офатҳои табиӣ - обхезӣ, фаромадани тарма ва сел мегарданд, ки ҳисороти калони иқтисодӣ меоранд ва боиси талафоти ҷонӣ низ мегарданд.
Таъкид гардид, ки дар тули даҳсолаи охир ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созмони бонуфузи ҷаҳонӣ Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирӣ ёфтани онҳоаз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор мекунад, ки сари ин масъалаҳо андешида, баҳри дар амал татбиқ намудани ин масъалаҳои мубраму саривақтӣ кушиш ба харҷ диҳем.
Гуфта шуд, ки санаи 14 декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатънома дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад Декабрь 21, 2024 08:00
ДУШАНБЕ, 21.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад.
Тибқи иттилои ходими илмии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳабиб Ҳуҷаназаров, инқилоби зимистонаи Офтоб 21 декабри соли 2024, соати 14:21 бо вақти Душанбе ба амал меояд. Ин нуқтае мебошад, ки Офтоб аз бурҷи Қавс ба бурҷи Ҷадӣ таҳвил меёбад. Аз сабаби он ки ин нуқта ба уфуқ наздик аст, шаби дарозтарини сол дида мешавад. Ин ҳодисаи астрономӣ дар байни мардуми сарзамини мо ва мардуми ориёинажод бо номи «Шаби Ялдо» маъруф аст.
Аз сабаби дароз будани шаб мардум машваратҳо ташкил менамуданд ва он ҳамчун ҷашнвора гардид. Бо гузаштани вақт Шаби Ялдо анъанавӣ шуда, бо фарҳанг ва маданияти маҳаллӣ омехта шуд. Ин маросим дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон гузаронида мешавад. Дар Аврупо ин ҷашн эътиқод ба пирӯзии нек ва афзалияти он аз бадиро ифода месозад. Сокинони маҳаллаҳо гурӯҳ-гурӯҳ дар атрофи ҳавлиҳо сайру гашт намуда, таронаҳо месароянд ва дар атрофи гулхан рақс менамоянд. Новобаста аз маданияти халқҳо Шаби Ялдо ҳамчун маросими фарҳангӣ шинохта шудааст.
Ҳодисаи табиии Шаби Ялдо бо чунин омилҳо вобаста аст. Сайёраи Замин доимо дар ҳаракат аст ва дар атрофи меҳвари худу Офтоб давр мезанад. Меҳвари Замин хати мебошад, ки аз қутби шимол ба қутби ҷануб тӯл кашидааст ва ба ҳамвории чархиши Замин дар атрофи Офтоб моил аст. Аз сабаби ин моилӣ дар Замин бисёр ҳодисаҳои аҷоиб, масалан, ивазшавии фаслҳои сол, инқилоби зимистона ва дигар ҳодисаҳои астрономӣ рӯй медиҳанд. Замин ҳангоми ҳаракати солонааш дар осмони ситоразор чор мавқеъгирии хосса дорад, ки ду ҳолати он нуқтаҳои эъдидоли баҳорӣ (20-22 март) ва тирамоҳӣ (22-23 сентябр) буда, ду ҳолати дигари он нуқтаҳои инқилоби тобистона (20-21 июн) ва зимистона (21-22 декабр) мебошанд.
Инқилоби зимистона гуфта, лаҳзаи гузариши Офтобро аз нуқтаи ҷанубтарин ҳамвории ҳаракати Замин меноманд. Ин ҳодиса оғози зимистон дар нимкураи шимолӣ буда, бо кӯтоҳтарин давомнокии рӯз ва пасттарин мавқеи Офтоб нисбат ба уфуқ аён мегардад.
19 декабри соли равон экспертони Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг пас аз таҳлилу баррасии фаъолияти илмии муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот намояндагони Агентии мазкур натиҷаи таҳлилу баррасии фаъолияти илмии муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки самтҳои фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки омода кардани кадрҳои илмиро тавассути барномаҳои таҳсилотӣ дар зинаҳои магистратура ва докторантураи PhD амалӣ менамонд, дар таҷрибаи Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР) камназир буда, ба кормандони илмии Академияи миллии илмҳо имконият медиҳад, то дар оянда ба ҳайси эксперт дар аккредитатсияи муассисаҳои ҷумҳурӣ ва минтақа иштирок ва ба фаъолияти илмии онҳо баҳогузорӣ намоянд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз доштанд, ки аккредитатсияи мазкур роҳи хатмкунандагону унвонҷӯёни муассисаҳои илмии АМИТ-ро ба хориҷи кишвар кушода намуда, қадами устуворест дар қабули муҳаққиқони хориҷӣ ба ҳайси магистрант, докторант, аспирант ва унвонҷӯй дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо. Дипломҳои хатм ва дараҷаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар давлатҳои эътирофнамудаи НААР ба расмият шинохтаю эътироф мешаванд. Навгонӣ ва дастоварди хеле муҳим дар самти муаррифии илми ватанӣ хоҳад шуд.
Имрӯз (1912.2024) дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР)) комиссияи экспертии Агентии мазкур аз озмоишгоҳи Институти зоология ва паразиталогияи ба номи Е.Н. Павловскии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуда, доир фаъолияти илмию таҳқиқотии кормандон аз наздик шинос гардиданд.
Дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар он Раис
Дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ иштирок доранд.
@RustamEmomali
18 декабр дар Кохи Борбад таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1473 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид.
Пас аз тасдиқи реҷаи корӣ ва рӯзномаи анҷуман як қатор масъалаҳо вобаста ба фаъолияти он дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ барои панҷ соли оянда, аз ҷумла омодагӣ ба интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ баррасӣ шуд.
Дар оғози кори Анҷуман Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони анҷуман ва ҳамаи аъзои ҳизбро бо 30-юмин солгарди таъсиси ин ниҳоди бузурги сиёсию иҷтимоӣ табрику таҳният гуфта, фаъолияти панҷсолаи ҳизбро таҳлилу баррасӣ намуданд.
Бо ҷонибдории вакилони Анҷуман муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд. Маликшо Неъматзода – муовини якум, Абдуллозода Умеда Бекмурод ва Каримзода Мирзоқосим муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.
Масъалаи дигари рӯзномаи Анҷуман пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд.
Мувофиқи моддаи 31 банди 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вакилони Анҷуман номзадии 28 нафарро дастгирӣ ва ҷиҳати ширкат дар интихоботи дарпешистода пешбарӣ намуданд. Номзадҳои пешниҳодгардида мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои маҳорату нигоҳи нав ба равандҳои ҷомеа ва ҳам қисмати зиёде аз бонувони соҳибтахассус мебошанд.
Дар анҷуман ҳамчунин ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва дигар мақомоти сохторҳои ҳизбӣ тасдиқ гардиданд.
Дар ҷараёни Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки фарогири муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2025-2030 мебошад, тасдиқ ва Ситоди марказии интихоботии ҳизб таъсис дода шуд.
Имрӯз (18.12.2024) дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР)) комиссияи экспертии Агентии мазкур ба Институти ботаника, физиалогия ва генетикаи растании АМИТ ташриф оварда, аз озмоишгоҳҳои Институт дидан намуданд.
Дар идома намояндагони агентии мазкур бо коргарони озмоишгоҳҳои Институт доир ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ суҳбат намуда, ҳамзамон бо рафти таҷрибаомӯзии магистрантону докторантони PhD аз наздик шинос шуданд.
