Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад.
Масъалаи мазкур доимо дар мади назари сарвари давлат қарор дошт чунки обшавии босуръати пиряхҳо дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, нигаронкунанда буда, он сарнавишти миллионҳо нафарро дар Тоҷикистон ва дар саросари Осиёи Марказӣ муайян мекунад чунки тақдири онҳо аз як тараф аз вазъи захираҳои барф, пиряхҳо ва боришот дар кӯҳҳои Тоҷикистон вобаста аст. Ин масъалаҳо доим дар баромадҳо ва суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, борҳо қайд карда шудаанд. Маҳз ба шарофат ва ташаббусҳои сарвари давлати тоҷикон 27 марти соли 2018 Муассисаи давлатии илмии "Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" таъсис дода шуда буд.
Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳо, ин Марказ бо кормандони илмӣ ва таҷҳизоти зарурӣ барои коркарди маҷмӯи калони маълумот, ки барои таҳлили вазъи пиряхҳо дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ва омӯзиши вазъи иқлим дар Тоҷикистон заруранд, муҷаҳҳаз гардид.
Дар баробари омӯзиши ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар назди Маркази таъсисдодашуда инчунин вазифаи тартиб додани Атлас ва Каталоги пиряхҳои Тоҷикистон буд, зеро рақамҳо дар бораи шумораи пиряхҳои Тоҷикистон баҳсбарангезанд. Шумораи пиряхҳое, ки дар Каталоги пиряхҳои ИҶШС номбар шудаанд, метавонанд аз сабаби норасогии андозагириҳои пешин саҳеҳ ва боэътимод нестанд.
Айни замон, дар баробари дигар дастоварҳои Маркази номбурда, Атласи пиряхҳои Тоҷикистон, барои 13 ҳавзаҳои дарёҳои асосии Тоҷикистон омода гардида, барои истифодабарии минбаъда пешниҳод карда мешавад. Дар навбат коркарди Каталоги пиряхҳои Тоҷикистон истодааст, ки айни замон қисматҳои алоҳидаи он таҳия гардидаанд.
Боиси сарфарозии мост, ки заҳматҳои шабонарӯзии кормандони Марказро ба эътибор гирифта, Асосгузори сллҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми ироаи Паёми навбатии худ Маҷлиси миллӣ пешниҳод намуданд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад. Ҳамзамон ба ҳамаи сохторҳои дахлдор даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолияти илмӣ ва амалии худро дар самти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера густариш дода, дастовардҳояшонро дар арсаи байналмилалӣ васеъ муаррифӣ намоянд.
Ташаббуси мазкур давоми иқдомҳои пайгиронаи сарвари давлати тоҷикон оид ба қабул гардидани Қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар робита бо ба эълон гардидани «Соли 2025 чун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 чун «Даҳсолаи илмҳои криосфера» буд ки тавассути онҳо, номи Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошта шуд.
Чун давоми қабул гардидани ташаббусҳои навбатии, 12 декабри солли 2025 Ассамблеяи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕА) зимни анҷоми иҷлосияи ҳафтум дар қароргоҳи ЮНЕП – дар шаҳри Найробии Ҷумҳурии Кения қатъномаро дар бораи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» қабул намуд.
Қатъномаи мазкур аз ҳама давлатҳои аъзо ва шарикони рушд даъват ба амал меорад, ки саъю талошҳоашонро дар самти андешидани тадбирҳои фаврӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим, густариши ҳамкории байналмилалӣ, баланд бардоштани устуворӣ ва ҷалби маблағҳои молиявӣ тақвият бахшанд.
Сафаров М. Шомаҳмадов А. Кормандони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Имрӯз (07.09.2024) дар арафаи таҷлили 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагону фаъолони ноҳия вохурии судманд баргузор гардид.
Дар вохурӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт тамоми аҳли нишастро ба муносибати ҷашни 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки Истиқлол нодиртарин падидаи таърихӣ дар ҳаёти миллату халқиятҳо маҳсуб ёфта, кафолат медиҳад, ки тамоми орзуву ормонҳо амалӣ гарданд. Ҳама халқу миллатҳо аз ибтидо то имрӯз баҳри ба даст овардани истиқлол талош намудаистодаанд.
Гуфта шуд оне ки истиқлол дорад, дар пайи таҳкимаш асту, оне ки аз ин падидаи нодир маҳрум мебошад, баҳри ноил гардидан талош менамояд. Сабаби аксари моҷароҳои сиёсие, ки дар таърихи инсоният ба амал омадаанд маҳз талошҳо баҳри ба даст овардан ва ё ҳифзи истиқлоли миллӣ буданд ва ҳастан
Имрӯз дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, ифтихорномаҳо ба як зумра фаъолони соҳаҳои гуногун баргузор шуд.
Бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ Қобилҷон Хушвақтзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба роҳбари шабакаҳои муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр Насим Бобоев, саргеологи гурӯҳи геологии экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён Ориф Рофиев, директори муассисаи давлатии Колеҷи тиббии шаҳр Маҳмадмурод Сафаров, ноиби ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Фотима Сироҷзода, муовини раиси шаҳр Эркинҷон Хушвақтзода ва табиби беморхонаи марказии шаҳр Муртазо Ҷӯразода, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2024 барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанг, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хидмати давлатӣ ва дигар соҳаҳо ба ифтихори 33-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста” мукофотонида шудаанд, ин мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд.
Ҳамчунин як гурӯҳ пешқадамони соҳаҳои гуногуни шаҳр бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент сарфароз гардонида шуданд.
Доир ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки ҳамакнун тўли 33 аст, бо ба даст омадани он Тоҷикистони азиз ҳамчун давлати мустақил, соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ шинохта гардида, ҳадафҳои созандаи худро, ки на танҳо барои миллати тоҷик, балки барои тамоми мардуми сайёра фоидаовар аст, амалӣ менамояд, метавон садҳо китоб навишт. Зеро ҳарчи тоҷик имрўз дорад аз баракати Истиқлолият аст. Яке аз муҳимтарин дастоварди Истиқлолият баланд гардидани ҳуввияти миллии мардуми мо, ки барои як миллати ободу сарҷамъ будани тоҷик бисёр зарур буду ҳаст. Истиқлолияти давлат барои ҳувияти худро сайқал додан ва ҳифз намудани мардуми тоҷик шароиту фазои созгор ба миён овард. Имконият шуд, ки миллати тамаддунофари тоҷик баъд аз нооромию парокандагиҳои зиёд рў ба фарҳангу худшиносии миллӣ биёрад, таърихи гузаштаи худро дар фазои соҳибихтиёрӣ биёмўзад. Пешвои муаззами миллат дар ин маврид хеле олӣ баён намудаанд: “Омӯхтани таърих танқо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роқи ояндаи миллат ва пешомадқои давлатиро равшан намуда, барои худогоқии миллӣ, вақдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслқои оянда хизмат мекунад”. Аз ин ҷост, ки Истиқлолияти давлатӣ пеш аз ҳама барои аз ҳама чизи муҳим дар ҳаёти мамлакат ташаккули худогоҳии миллӣ, шароит фароҳам овард. Масъалаи ҳувият дар давлатдорӣ ва ҳифзи он нақши калиди дорад. Хусусияти равонии инсон, ҳар як шаҳрванд барои муттаҳидӣ, ҳамватанӣ як марому як ҳадаф доштан, рўҳи як миллат будан бисёр муҳим аст, ки ҳувияти миллӣ ҳамаи ин хусусиятро дорад. Барои дарки масъала,хуб сарфаҳм рафтан ба мазмун ва муҳтавои калимаи «ҳувият», ки дар донишномаҳо дарҷ гардидааст,шояд басанда аст:«Ҳувият - хусусияти равонии инсон аст, ки он тасаввуроти мутамаркази шахсро оиди мутааллиқ будани вай ба гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ нишон дода, дар баробари умумияти забонӣ, касбӣ, мазқабию нажодӣ, сиёсию фарқангӣ доштан, он, инчунин, ташаккули умумияти этникии худогоқеро, ки дар фазои ягонаи иқтисодӣ майли қамдавлатӣ, қамватанӣ, якпорчагӣ ва фаъолияти иҷтимоии дастҷамъона намуданро бақри ба даст овардани неъматқои моддӣ ва некуақволии мардуми кишвар азму субот доранд, зоқир месозанд». Ҳамин ҳувиятро Истиқлолияти деринтизору бо заҳматҳои зиёд ба дастовардаи миллати тоҷик ташаккул медиҳад. Он хиради азалие, ки мардуми соҳибтамаддуни тоҷик дошт, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи иқдомҳои неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар соҳиб гардид. Миллати тоҷик ба мушкилотҳое, ки дучор гардид дар гузашта, ҳамаи онро бо қувваю тавонии худ бартараф намуд, ҳамеша соҳиби тақдири худ дар он давраҳои мушкил буд, ки нишони як миллати бузург буданаш аст. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат иброз дошта буданд: «Тоҷикистони азизи мо қанӯз дар нахустин рӯзқои расиданба ормони қазорсолаи мардум, яъне истиқлолу озодӣ бар асари фитнаву дасисаи хоинону бадхоқони дохиливу хориҷӣ ба зарбаи дақшатбор ва бисёр сахту сангини таърих – ҷанги тақмилии шақрвандӣ, рӯ ба рӯ гардид. Вале мардуми кишвари мо ба шарофати хиради азалии худ ва бо азму иродаи қавӣ аз он имтиқони фоҷиабор гузаштанд ва ба ақли башар нишон доданд, ки метавонанд тақти парчами истиқлол сарҷамъ гардида, давлати худро соқибӣ намоянд, Ватани хешро аз қар гуна мушкилоту озмоишқо рақо бахшанд ва онро ободу пешрафта гардонанд». Воқеан, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастури Пешвои миллат чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ гардиданд, ба монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ…», «Илм-фурўғи маърифат», «Тоҷикон – оинаи тахрихи миллат», «Тоҷикистон ватани азизи ман» ва садҳо чорабиниҳои дигар, ки маҳз файзи Истиқлолият аст ва тоҷиконро ба асли худ ошно месозад.
Ҳамзамон, Истиқлолияти давлатӣ фарҳанги миллати тоҷикро дар ҷаҳон барои муаррифӣ гардидан имконият дод. Вақте ихтиёри инсон дар дасти худаш нест, табиист, ки наметавонад ҷое аз арзишҳои худ садо баланд кунад. Хушбахтона, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба даст омад ва ҷаҳон огоҳ гардид, ки тоҷик чи қадар фарҳанги бою рангин дорад. Чуноне, ки фарҳанги тоҷик дар давраи Сомониён шуҳрат дошт, имрўз бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат бори дигар он шуҳрати ҷаҳонии худро соҳиб гардид. Ҳамасола, бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлкатҳои хориҷа доир гардида, фарҳангу расму оини тоҷикиро муаррифӣ мекунад. Ин ҳафтаҳои фарҳангие, ки доир мегарданд на танҳо мардуми кишварҳои дунёро бо фарҳангу оини миллати таърихии тоҷику Тоҷикистони бузург ошно месозад, балки ҳар тоҷике, ки дар он давлатҳо умр ба сар мебаранд муттаҳид менамояд. Барои ҳар як тоҷик ифтихор аст байни миллатҳои дигар арзишҳои миллии худро дар ҷойгоҳи муносиб дидан. Иззат ва шарафи худро мо тоҷикон бори дигар бо ба даст овардани пурбаҳотарин арзиш Истиқлолият ба даст овардем. Истиқлолияти давлатӣ имконият дод, ки созандатарин пешниҳодҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ эътироф гардад. Пешниҳодҳои созандаи Пешвои муаззами миллат доир ба умдатарин масъалаҳои ҷаҳонӣ «Соли 2025 – соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо», соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 – Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028. Ва эътироф гардидани арзишҳои фарҳангӣ, як қатор мавзеъҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллии тоҷик ба Рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии Юнеско маҳз бо шарофати Истиқлолияти миллӣ ва ваҳдату ягонагие, ки бо талошҳои бевоситаи қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми сарбаланди тоҷик ба даст оварданд, амалӣ гаштааст.
Маврид ба зикр аст, ки чун Истиқлолият ба даст омад, миллат сарҷамъ гардид, робитаҳо бо кулли мамлакатҳои дунё ба роҳ монда шуд, тоҷикони мо ки дар тамоми мамлакатҳои дунё мавҷуданд муттаҳид гардиданд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи мамлакат кору фаъолият менамоянд ва мавқеи намоён низ дар тиҷорат доранд, ба ватани худ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, бо таклифу корнамоиҳои шоистаи Пешвои миллат, ки ҳамаро сарҷамъ намуданд, дар ободии Тоҷикистон онҳо низ саҳмгузор гаштанд. Минбаъд низ аз ин фазои осудаи даврони соҳибистиқлол истифода бурда, кулли тоҷикони дунё робитаҳои фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва дигар муносибатҳоро бо Ватан, бо Тоҷикистони азиз бояд густариш диҳанд. Имрўз, ки Истиқлолияти деринтизор ва пурарзиш дорем, бо шукргузорӣ аз он на танҳо тоҷиконе, ки дар дохили Тоҷикистону кору зиндагӣ мекунанд, балки тамоми тоҷикони ҷаҳон бояд дар паҳлўи Пешвои муаззами миллат бошанд ва баҳри ободии Тоҷикистон саҳм гузоранд. Ватани аҷдодӣ, меконест, як қувваи бузургест, ки барои зистан дар сайёраи замин асоси ҳастӣ аст. Вақте Тоҷикистон соҳибистиқлол аст, тинҷу осуда аст, кулли тоҷикони дунё метавон гуфт, ки осоиш доранд.
Ғурури миллӣ ва худогоқӣ дар вуҷуди инсон меқру муқаббати ватанро парвариш медиқад ва аз ин ҷост, ки шоир фармуда:
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
Лоиқ Шералӣ
Аз ин лиқоз, дар дунёи пурфоҷиаву зидду нақиз мо бояд дар пайи қифзи арзишқои миллӣ ватанамон беш аз пеш талошу кушуш намоем...
Ҷашни Истиқлол ба тамоми тоҷикон қумоюн ва Истиқлоли кишвар поянда бод!
АБДУМУМИНЗОДА СИТОРА, номзади илмҳои педагогӣ Мудири шуъбаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БИНОҲОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ БО МАРКАЗҲОИ ХИДМАТРАСОНИЮ ТИҶОРАТ
Дар шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни бузурги 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазор иншооти таъиноти гуногун бунёд карда мешавад. Дар ин замина ҳоло дар шаҳр сохтмони 37 бинои баландошёна бо марказҳои хидматрасонию тиҷоратӣ идома дорад.
Имрӯз , ба ифтихори 33-юмин солгарди истиқлоли давлатии кишвар бо иштироки намояндаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода, муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Навободи шаҳр ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба истифодаи сокинон пешкаш карда шуд.
Зимни ифтитоҳи бинои 9-қабатаи истиқоматӣ дар хиёбони Рӯдакӣ, ки бо сармоягузории соҳибкор Азамат Шамсиев аз ҷониби пудратчӣ- ширкати бинокории “Панҷакентсоз” бо сифати хуб ва намои зебо бунёд шудааст, гуфта шуд, ки он барои истиқомати 32 оила пешбинӣ шуда, дар қабати аввали бино маркази тиҷорат бо 10 ҷойи корӣ ҷой дода шудааст.
Дар бинои 7 – қабатаи истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Навободи шаҳр бошад имрӯз 24 оила бӯрёкӯбон мекунанд. Он аз ҷониби ҶДММ “Маҳсул” бо маблағгузории соҳибкор Соҷида Ҷалолова бунёд гардида, дар қабати аввали он Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва маркази савдо бо 20 ҷойи кор низ имрӯз мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби ҳунармандони чирадаст ба наврасон дӯзандагӣ, зардӯзӣ,сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва дигар ҳунарҳо омӯзонида мешавад.
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ПУЛИ МОШИНГУЗАР ВА НУҚТАИ ФУРӮШИ СӮЗИШВОРӢ
Дар доираи нақшаи таҷлили 33- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо иштироки намояндаҳои Ҳукумати мамлакат Қобилҷон Хушвахтзода- Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ, Раҳим Бобозода- муовини аввали вазири нақлиёти мамлакат, Даврон Зоҳидзода- муовини раиси вилояти Суғд, Абдухолиқ Холиқзода- раиси шаҳри Панҷакент дар мавзеи Дуобаи шаҳри Панҷакент пули мошингузар мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре дар маросими ифтитоҳи он гуфта шуд, ин пул аз болои Шингдарё бо маблағгузории ҶДММ корхонаи муштараки “Зарафшон” бо дарозии 18 ва паҳноии 8,5 метр сохта шуда, тавассути он маъдан аз кони Таррор барои коркард ба корхона кашонида мешавад.
Дар ин рӯз ҳамчунин бо иштироки намояндаҳои Ҳукумати мамлакат дар шаҳраки Суғдиён нуқтаи таъмини сӯзишворӣ, ки аз ҷониби соҳибкор Анвар Саидов бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ сохта шудааст, ба истифода дода шуд.
Дар ин ҷо ба ҷуз таъмини нақлиёт бо сӯзишворӣ, ҳамчунин нуқтаи таъмири нақлиёт, мағозаи қисмҳои эҳтиётию равғанҳои молиданӣ, маводи ғизоӣ бунёд шуда, барои якчанд нафар ҷойи корӣ ташкил шудааст
Дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент имрӯз ба ифтихори ҷашни 33- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави беморхонаи минтақавӣ ифтитоҳ шуд.
Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони Ҳукумати мамлакат- Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, кормандони соҳаи тандурустии шаҳр иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи бинои нави беморхона ба ташаббуси сокинони деҳа баҳои баланд дода, гуфта шуд, ки он аз ду қабат, шуъбаҳои таваллуд, амрози дарунӣ ва кӯдакон, дар маҷмӯъ 24 ҳуҷраи табобатӣ ва ёрирасон, аз ҷумла ташхисгоҳ ва ҳуҷраи табиатшифоӣ иборат буда, бо таҷҳизоти ташхиси фавқуссадо, ҷиҳози нав таъмин шуда, бо харҷи беш аз 4,8 миллион сомонӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурӣ, саҳмгузории соҳибкорон ва сокинони боҳиммати деҳа сохта шудааст.
Дар ин беморхона ҳоло 20 нафар духтурон ва кормандони миёнаи тиб ба кор фаро гирифта, бо васеъ шудани доираи хидматрасонӣ боз 8 ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад.
Дар ин рӯз ба як гурӯҳ кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд тӯҳфаҳои идонаи хотиравӣ тақдим карда шуд.
ПАНҶАКЕНТ: ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОҲОИ НАВИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
Дар арафаи ҷашни 33-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Ҳукумати мамлакат Қобилҷон Хушвахтзода- Президенти Академияи миллии илмҳо, Равшан Каримзода- муовини вазири маориф ва илм, Даврон Зоҳидзода- муовини раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва омӯзгорону хонандагон се иншооти соҳаи маорифи шаҳр, ки дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ин ҷашни бузург бунёд шудааанд, мавриди истифода қарор дода шуд.
Нахуст дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №109-и деҳаи Некноти нави Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ майдончаи варзишии ҳозиразамон ва тамрингоҳ, ки бо саҳмгузории соҳибкорон ва сокинони деҳа бо маблағи 300 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор гирифт.
Баъдан, дар деҳаи Дашти Ҷамоати деҳоти Сӯҷина бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69, ки аз ду қабат ва 14 синфхонаи барҳаво барои қабули 700 хонанда дар ду баст, ҳуҷраҳои омӯзгорон ва ёрирсон иборат буда, бо харҷи беш аз ду миллион сомонӣ бунёд шудааст, ба истифодаи хонандагону омӯзгорон вогузор шуд.
Ҳамчунин бинои иловагии таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и деҳаи Яккасадаи Ҷамоати деҳоти Саразм, ки иборат аз 10 синфхона барои фарогирии 500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, ба истифода дода шуд.
Биноҳои нав бо мизу курсӣ, тахтаҳои синфӣ, синфҳои компютер ва дигар ҷиҳози таҳсил ва асбобҳои аёнию шиору овезаҳо таҷҳизонида шудаанд.
Дар маросими ифтитоҳи ин биноҳои таълимӣ ва иншооти варзишӣ, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории сокинон бунёд карда шудаанд, ба ташаббуси соҳибкорон ва аҳли ин деҳаҳо баҳои баланд дода, он ҷавоби амалӣ ба ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рӯ овардан ба соҳаи маориф ва рушди таълиму тарбияи насли ҷавон унвон карда, як маҷмӯъ компютер чун тӯҳфаи Пешвои муаззами миллат тақдим карда шуд.
Зимни боздид намояндагони Ҳукумати мамлакат ҳамчунин аз рафти бунёди бинои нави мактаб дар деҳаи Косатарош дидан намуда, ба иқдоми сокинони деҳа баҳои баланд доданд
06-уми сентябри соли 2024 дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.
Дар он масъалаҳои мубрами фаъолияти Институт тибқи нақшаи кории Институт ҳисоботҳои нуҳмоҳаи Шуъба ва озмоишгоҳҳо, мактуби ирсолгардидаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳти №02/671 аз 28.08.204), омодагӣ ба соли нави таҳсили 2024-2025 дар магистратура ва докторантураи PhD-и назди Институт, таҷлили бошукӯҳи Истиқлолияти давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар раванди ободкорӣ дар АМИТ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда гардиданд.
Дар ҷаласа ходими калони илмии Институт Наимов Алишер Сафаралиевич дар мавзуи “Дастовардҳои илмии Озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи растанӣ дар даврони Истиқлолият” маърузаи илмӣ намуд.
Маъмурияти Институт мудири Озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳо, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Қурбоналӣ Партоевро барои сазовор шуданашон ба мукофоти давлатии “Медали хизмати шоиста” аз номи аҳли кормандони Институт табрик намуд. Ҳамчунин оид ба корҳои омодагии ҳайати тадорукот барои гузаронидани Конференсияи байналмилалии “Дастовардҳо ва дурнамои рушди биологияи эксперименталӣ”, бахшида ба 60-солагии таъсисёбии Институти физиология ва биофизикаи растании АИ ҶТ (ҳоло Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ), ки баргузории он санаи1-2 октябри соли 2024 дар назар аст, маълумот дода шуд.
