Агар дар давраҳои аввали ташаккули ҷамъиятҳо рӯ овардан ба илму ҳикмат натиҷаи ҳисси куҷковӣ ва кӯшиши дарки олами атроф бошад, имрӯз, дар асри XXI аз маорифу иқтисодиёту тандурустӣ то амнияти миллӣ, яъне тамоми паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоӣ бо илму техника ва пешрафти он сахт вобастагӣ дорад. Дар ҳамин замина, дар муҳити иттилоотӣ ҳар сари вақт бо мафҳуми “STEM” дучор меоем, ки он ихтисораи калимаҳои Science (Илмҳои табиӣ), Technology (Технология), Engineering (Муҳандисӣ) ва Mathematics (Математика) мебошад. Сиёсати STEM-омӯзиш дар давлатҳои мутараққӣ яке аз усулҳои асосии таҳсилоти муосир эътироф гардида, кафолати рушди устувори иқтисодӣ, навоварӣ ва рақобатпазирии ҷаҳониро таъмин менамояд. Дар системаи маорифи мо низ усули таълими STEM ворид гаридааст, ки ҳадафи асосӣ омӯзиши имлҳои табиатшиносӣ, технология, муҳандисӣ ва математика буда, татбиқи донишҳои гирифтаи назариявӣ дар амалия ҷиҳати рушди соҳаҳои саноат, технологияҳои иттилоотӣ, тиб ва энергетика мебошад.
Бо дарназардошти аҳамияти рӯзафзуни фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, соли 2020 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 ба тавсиб расид. Инак, аз оғози татбиқи ин ташаббуси муҳим панҷ сол сипарӣ шуда, дар ин давра як қатор чорабиниҳо ва иқдомоти муҳими илмӣ, таълимӣ ва ташкилӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, бо мақсади татбиқи босамари он “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021–2030”, “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021–2025”, “Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм барои солҳои 2021–2023”, “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030”, инчунин як қатор барномаҳои соҳавии дигар таҳия гардида, амалӣ шуда истодаанд. Дар ин радиф ҳамасола Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” гузаронида мешавад, ки ҷавононро ба таҳқиқоти илмӣ ҷалб намуда, нерӯи зеҳнии ҷомеаро таҳким мебахшад.
Барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ дар самти рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ анҷом додани як силсила чорабиниҳои муҳиму фарогир зарур мебошад. Агарчӣ дар раванди таълим ва омӯзиши хонандагон мавҷудияти китобҳои дарсӣ ва маводҳои таълимӣ дар маҷмӯъ қаноатбахш арзёбӣ гардад, вале барои таҳрику ташаккули тафаккури техникии хонандагон ва ҷалби онҳо ба фаъолияти созандаву эҷодкорона, муҳайё сохтани лабораторияҳои муҷаҳҳази фаннӣ ва таъсиси марказҳои технологӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Дар ин самт, мутаассифона, то ҳол баъзе мушкилиҳо ва камбудиҳои инфрасохторӣ ба назар мерасанд.
Ҳамагон шоҳидем, баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, махсусан номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” дар ҷалби хонандагону мутахассисони ҷавон ба соҳаҳои техникӣ ва муҳандисӣ нақши муассир дорад. Бо вуҷуди ин, барои ноил шудан ба натиҷаҳои бештару фарогир, таъсиси системавии паркҳои технологӣ дар ҳамаи ноҳияҳо, таҷҳизонидани онҳо бо лавозимоти муосир ва ба роҳ мондани фаъолияти устувори гурӯҳҳои ихтироъкорону муҳандисони ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ аз иқдомҳои зарурии стратегӣ ба ҳисоб мераванд. Амалӣ гаштани чунин чорабиниҳо самаранокии бамаротибро ба бор оварда метавонад.
Масъалаи дигари ҳалталаб дар рушди иқтисодиёти миллӣ, мутаассифаона робитаи сусти илм ва истеҳсолот аст. Дар робита ба ин масъала, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо дар суханрониҳои худ изҳори нигаронӣ намуда, ба зарурати таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот ва баланд бардоштани самаранокии илми ватанӣ таъкид намудаанд. Робитаи нокифояи марказҳои илмӣ бо истеҳсолот ва сарфи назар гаштани ниёзҳои иқтисоди миллӣ аз мушкилоти решадоре мебошад, ки ҳам самаранокии илмро коҳиш медиҳад ва ҳам ба рушди инноватсионӣ ва худтаъминии техникӣ-иҷтимоии кишвар халал мерасонад.
Дар даврони Шӯравӣ пайванди илм ва истеҳсолот дар Тоҷикистон дорои хусусиятҳои хос буд. Аксари донишҷӯён ва хатмкардагони муассисаҳои олии Тоҷикистон барои идомаи таҳсил дар аспирантура ва гузаронидани таҳқиқот ба марказҳои илмии Русия ва Украина равона мешуданд. Пас аз ҳимояи рисолаҳои илмии худ онҳо ба кишвар бармегаштанд, вале самтҳои таҳқиқотиашон на ба эҳтиёҷоти дохилии Тоҷикистон, балки ба истеҳсолоти хориҷи ҷумҳурӣ вобаста буданд.
Дар ин давра, азбаски аз дохили ҷумҳурӣ фармоишҳо намешуданд, ё аҳён-аҳён буданд, аксари марказҳои илмии Тоҷикистон бо муассисаҳои истеҳсолии Русия ва ҷумҳуриҳои дигари шӯравӣ шартномаҳои хоҷагӣ баста, тавассути таҳқиқотҳои илмӣ-амалӣ маблағҳои калон даромад мекарданд. Аммо ин таҳқиқотҳо, бо вуҷуди арзиши баланди илмӣ доштанашон, на ба эҳтиёҷоти воқеии саноат ва иқтисодиёти дохилӣ, балки ба талаботи берунии хориҷ аз ҷумҳурӣ нигаронида шуда буданд. Ин ҳолат пайомади ногувор ба бор оварда, пас аз барҳам хӯрдани низоми марказонидашудаи Шӯравӣ илми ватанӣ бо истеҳсолоти дохилӣ пайваста нагашту ба рушди иқтисоди миллӣ саҳмгузор нашуд.
Таҳлилҳои омории Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия нишон медиҳанд, ки дар самти илмҳои табиатшиносӣ синни миёнаи унвонҷӯён ҳангоми ҳимояи рисолаҳои номзадӣ 33 ва докторӣ 51 мебошад. Аз рӯи ҳамаи самтҳои илмӣ бошад, синни миёнаи унвонҷӯён мавриди ҳимояи рисолаҳои номзадӣ 36 ва докторӣ 49 будааст. Ин маънои онро дорад, ки барои расидан ба дараҷаи номзади илм ҳудуди 10 сол ва дараҷаи доктори илм 15 сол заҳмату омӯзиш лозим мешавад.
Муҳимтар аз ҳама, шахсе, ки дар тӯли ин давра заминаҳои илмию таҷрибавӣ ҳосил намуда, дар самти мушаххас мутахассис мегардад, қобилияти ба осонӣ тағйир додани самти таҳқиқоти худро надорад. Ин ҳолати табиии рушди илм буда, дар ҳамин замина дар муассисаҳои илмӣ ҷиҳати васеътар фарогири масъалаҳои илмӣ шудан озмоишгоҳҳои соҳавӣ дар самтҳои гуногун таъсис дода мешаванд. Ҳамин омилҳо сабаб шуданд, ки гарчанде дар ҷумҳурӣ мутахассисони касбии зиёд мавҷуд буданд, дар даврони истиқлол илми ҷумҳурӣ бо истеҳсолоти дохилӣ қариб ки пайваст нагардид.
Айни замон масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ниҳоят муҳим буда, Президенти кишвар борҳо ҳангоми мулоқоташон бо аҳли зиё даъват ба амал меоранд, ки ҳарчӣ бештар кадрҳои тахассусманд тайёр карда шаванд.
Яке аз омилҳои асосии суст шудани мактабҳои илмӣ набудани механизми самараноки интихоби шогирдони воқеан соҳибистеъдод мебошад. Таҳлилҳои сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки шахсони дорои қобилияти фавқулодаи илмӣ рӯҳияи озод ва мустақил дошта, ҷамъиятӣ нестанд. Агар ҳолномаи шахсони барҷаста ва фавқултабиатро нигарем, онҳо асосан мавқеи иҷтимоии фаъол надошта, ҳамеша хушмуомила набудаанд. Ин омил низ таъсири назарраси худро мерасонад, зеро роҳбарони илмӣ пас аз хатми донишҷӯён асосан интихобро ба шогирдоне медиҳанд, ки қобилияти илмии калон надошта бошанд ҳам, дидадарою мутеъ бошанд. Шояд ҳамин сабаб буд, ки дар давраи пандемияи Ковид-19, вақте ки баъзе устодони барҷастаи соҳаи физика аз байн рафтанд, гарчанде мактаби илмии пешрафта дошта, шогирдони зиёд бароварда буданд, шогирдонашон кори онҳоро идома дода натавониста, таҳқиқотҳо дар ин самт қатъ гардиданд. Ин як нишонаи возеҳи заъфи низоми тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва интихоби нодурусти шогирдон аст.
Ҳамин тариқ, бо дарназардошти аҳамияти стратегӣ ва дурнамои инкишофи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар, зарур аст, ки дар пояи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” тамоми камбудиҳои ҷойдошта мавриди таҳлил ва бартарафсозӣ қарор гирифта, сатҳу сифати таҳқиқоти илмии ватанӣ ба сатҳи талаботи муосир боло бурда шавад. Ҳамзамон, илм бояд бо эҳтиёҷоти воқеии иқтисоди миллӣ ва истеҳсолоти дохилӣ пайваст гардида, натиҷаҳои он рушди устувори ҷомеаро таъмин намояд.
Барои рушди устувори ҳар як давлат, дар баробари қувваи корӣ ва сармояи молиявӣ, омили муҳими стратегии дигар дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию ашёи хоми маҳаллӣ мебошад. Аз ин рӯ, сафарбар намудани нерӯи илмӣ ба самтҳои марбут ба ҷустуҷӯ, коркард ва истифодаи самарабахши канданиҳои фоиданок, сарватҳои табиӣ ва технологияҳои вобаста ба онҳо, на танҳо аҳамияти илмӣ, балки аҳамияти иқтисодиву амниятии давлатӣ дошта, ин раванд худ ба худ робитаи илм ва истеҳсолотро танзим менамояд.
Яке аз омилҳои муҳими рушди илм ва афзоиши иқтидори он мавҷудияти механизми самараноки ҳавасмандгардонию дастгирии молиявии таҳқиқотҳо мебошад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки чунин дастгирӣ асосан тавассути таъсиси фондҳои миллии грантӣ ва барномаҳои рақобатпазир сурат мегирад. Грантҳои илмӣ имконият медиҳанд, ки муҳаққиқон берун аз маҳдудиятҳои буҷавии муассисаҳои худ, лоиҳаҳои инноватсионии таҳқиқотиро роҳандозӣ намуда, натиҷаҳои амалии қаноатмандкунанда ба даст оваранд.
Албатта, олимони тоҷик дар доираи барномаҳои байналмилалӣ грантҳои илмӣ дарёфт карда, таҳқиқотҳои муҳимро амалӣ месозанд. Аммо, зиёд будани вобастагии илм аз сарчашмаҳои хориҷӣ натиҷаи таҳқиқотҳоро бештар ба манфиатҳои донорҳо равона сохта, таъсири мусбати онҳоро ба иқтисоди миллии кишвар маҳдуд месозад. Зеро аксари ин грантҳо ба масъалаҳои бунёдии табиатшиносӣ, экологӣ ё технологияҳои глобалӣ равона буда, на ҳамеша бо ниёзҳои соҳаҳои мушаххаси истеҳсолии Тоҷикистон мутобиқат доранд.
Дар ин замина, Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ, ки дар доираи дастгирии давлатии соҳаи илм таъсис ёфтааст, ҳамчун яке аз василаҳои муҳим ва самараноки миллии дастгирии таҳқиқоти илмӣ дар кишвар хидмат мекунад. Ин фонд бо мақсади рушди илм ва техникаи миллӣ, ҳалли масъалаҳои илмӣ, техникии соҳавӣ, инчунин масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таъсис дода шуда, ҳамасола даҳҳо лоиҳаҳоро дар самтҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ маблағгузорӣ менамояд.
Фаъолияти фонди мазкур барои ташаккули мактабҳои илмии ватанӣ, рушди таҳқиқоти самтноки соҳавӣ ва ҷалби олимони ҷавон ба илм мусоидат менамояд. Агар дар доираи фонд ворид намудани барномаҳои дастгирии таҳқиқотчиёни ҷавон, ташкили мактабҳои илмӣ, конференсияҳо, таъмини таҷҳизоти муосир ва ҷорӣ намудани лоиҳаҳои муштараки илмӣ бо ширкатҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳои саноатӣ амалӣ гардад, онҳо пешбурди фаъолияти фондро боз ҳам мукаммал мегардонанд.
Ҳамин тариқ, ҷиҳати амалӣ гаштани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва таъкидҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама кӯшишҳоро ба беҳдошти сифати таълим ва таҳияи механизмҳои алоқаманд намудани таҳқиқотҳои илмӣ бо истеҳсолот равона сохта, ба он ноил шудан мумкин аст, ки илми ҷумҳурӣ нерӯи асосии таҳрикдиҳандаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар гардад.
Директори Институти физикаю техникаи ба номи
С.У. Умарови АМИТ, д.и.ф.м. Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон