РӮНАМОИИ КИТОБИ “ЁДНОМА” ВА ГИРОМИДОШТИ ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶШС ТОҶИКИСТОН
Санаи 16 – феврал маҳфили навбатии “Хирад“ - и Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили мазкур ба 100-солагии таъсиси милитсияи тоҷик ва фаъолияти пурсамари собиқ Вазири корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон Қурбонов Исмоил бахшида шуда, ҳамзамон дар доираи он рӯнамоии китоби тозанашри доктори илмҳои таърих Қурбонова Ширин таҳти унвони «Ёднома» баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки китоби «Ёднома» ба фаъолияти пурсамар ва зиндагиномаи шодравон Қурбонов Исмоил бахшида шуда, дар он хизматҳои арзандаи ӯ ҳамчун роҳбари мақомоти корҳои дохилӣ ва шахсияти барҷастаи давлатӣ бозгӯ шудаанд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни баромади худ иброз доштанд, ки ин маҳфил бо ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ташкил гардида, ба ду санаи муҳимми таърихӣ — 100-солагии таъсиси милитсияи тоҷик ва 90-солагии зодрӯзи генерал-майори хизмати дохилӣ, Вазири корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1980–1986 Исмоил Қурбонов бахшида шудааст.
Қайд гардид, ки ин ду сана на танҳо хотираи гузаштаро зинда медоранд, балки барои насли имрӯза ва оянда мактаби бузурги садоқат ба Ватан, масъулиятшиносӣ ва хизмат ба давлат мебошанд. Ба таъкиди суханрон, шахсияти Қурбонов Исмоил дар таърихи мақомоти корҳои дохилӣ бо кордониву ҷасорат, поквиҷдонӣ ва таваҷҷуҳи хос ба тарбияи кадрҳои миллӣ нақши барҷаста гузоштааст.
Дар идомаи маҳфил китоби “Ёднома. Очерки таърихӣ” (Душанбе, 2025), ки муаллифи он доктори илмҳои таърих Ширин Қурбонова — духтари генерал Қурбонов мебошад, муаррифӣ гардид. Таъкид шуд, ки ин асар на танҳо тарҷумаи ҳоли як шахсияти барҷаста, балки бозтоби як давраи муҳими таърихӣ буда, бо такя ба дастхатҳои бойгонӣ, санадҳои расмӣ ва хотироти ҳамсафону шогирдон таҳия шудааст.
Дар китоб хотироти шахсиятҳои шинохта, аз ҷумла генералҳо Шералӣ Хайруллоев, Абдураҳим Қаҳҳоров, Усмон Ҷумаев, Тағоймурод Маҳмадмуродов, ҳамчунин академикон Улмас Мирсаидов, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ, Муҳиба Ёқубова, Талбак Назаров, Юсуф Нуралиев ва дигар чеҳраҳои маъруф гирдоварӣ гардидаанд. Ин хотирот симои инсонии Қурбонов Исмоилро ҳамчун роҳбари кордон, мураббии сахтгир ва ҳамзамон шахси хоксору мардумӣ бозгӯ менамоянд.
Яке аз паҳлӯҳои барҷастаи фаъолияти ӯ сиёсати кадрӣ арзёбӣ гардид. Қурбонов Исмоил ҳамчун вазир ба ҷалби ҷавонони софдил, серғайрат ва донишманд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои тарбия ва пешрафти кадрҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Маҳз чунин сиёсати дурандешона боис гардид, ки шогирдони ӯ баъдан дар вазифаҳои масъули давлатӣ фаъолият намоянд.
Дар идома академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва пайвандону шогирдони Қурбонов Исмоил ибрози ақида намуда, аз кордониву тарбия намудани кадрҳо, ватандӯстиву меҳанпарастии ин марди накуном ёдовар шуданд.

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сафари кории худ ба шаҳри Панҷакент ба китобхонаи марказии шаҳр ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70, деҳаи Порвени Ҷамоати деҳоти Ворӯ беш аз 700 нусха китобҳои бадеӣ, илмӣ ва дастурҳои методӣ тӯҳфа намуд.
Китобҳои арзишманд дар бораи нақши эҳёгарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Фарҳанги тоҷикӣ-русӣ, “Зод-ул- мусофирин”-и Носири Хисрав, рисолаҳои илмӣ дар бораи устод Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, фалсафа, таърих, илмҳои дақиқ, китобҳои бадеӣ аз ҷумлаи ин адабиёти тӯҳфашуда аст.
Аз мутолиаи ин китобҳо хонандагони китобхонаҳои шаҳр ва муҳассилини таълимгоҳи ин деҳаи дурдаст, ки аз оғози соли ҷории хониш дар бинои нав, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр бунёд шудааст, таҳсил мекунанд, баҳраи маънавӣ мебаранд ва ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои чунин тӯҳфаи арзишманд изҳори сипос менамоянд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
11 феврали соли равон дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ таҳти унвони «Аҳамияти синошиносӣ ва муаррифии «Осор»- Ибни Сино» мизи муддавар баргузор гардид.
Мизи мудавваро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд оғоз бахшид. Таъкид гардид, ки Шайхураис Абӯалӣ ибни Сино аз мутафаккирони барҷастаи тоҷик аст, ки бо донишу ҷаҳонбинии фарогираш дар олами тибби ҷаҳон саҳми арзишмандро касб карддаст. Абӯалӣ ибни Сино дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст.
Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18 солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба арабӣ ва хам ба тоҷикӣ эҷод кардааст. Сабаби бисёре аз асарҳои худро ба забони арабӣ навиштани Абӯалӣ он аст, ки забони арабӣ дар он замон ҳамчун забони илму маданият шинохта шуда буд. Ҳамчунин китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд.
Дар идома директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Маҳмадизода Нозим дар суханронии хеш иброз дошт, ки Абӯалӣ ибни Сино парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале қисми зиёди умри вай пас аз фурӯпошии давлати мутамаркази Сомониён, дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндонӣ умр ба сар бурда, гоҳе чун надими хосси подшоҳону маликон низ рӯзгор паси сар кардааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажӯҳиш ва корҳои илмӣ фориғ набудааст.
Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии онҳо маълумоти аниқе дастрас нест, санаҳои зиёде аз рӯзгори Абӯалӣ ибни Сино маълум аст. Рӯзгор ва саргузашти Сино ба дасти шогирди вафодораш Абӯубайд Фақеҳии Ҷузҷонӣ имло шудааст. Воқеаву ҳодисаҳои 25 соли охири умри Синоро Абӯубайд, ки ҳамеша ҳамроҳи устод ва шоҳиди рухдодҳо буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта бо номи «Рисолаи саргузашт» маълум буда, дар асли арабӣ ва тарҷумаҳо ба забонҳои гуногун чандин бор ба табъ расидааст. Падари Абӯалӣ — Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ном дошт ва аслан аз аҳли Балх буд. Вай дар замони Нӯҳ ибни Мансур ба Бухоро омада, дар деҳаи Афшона (Рометани имрӯза) ба кори мулкӣ шуғл варзид. Вай дар деҳаи Афшона бо Ситорабону ном деҳқондухтар хонадор шуд. 18-августи соли 980 дар ин оила писаре ба дунё омад, ки ӯро Ҳусайн ном ниҳоданд.
Соли 985 оилаи Ибни Сино, вақте ки ӯ ба синни панҷсолагӣ мерасад, аз Афшона ба Бухоро кӯчид. Абдуллоҳ, ки аз шахсони фозил ва маърифатдӯст буд, Ҳусайнро ба мактаб монд. Вай аз панҷолагӣ то даҳсолагӣ дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу наҳви забони арабиро омӯхт, илмҳои адабро аз худ кард.
Сипас, олимони Маркази синошиносӣ доир ба осори гаронарзиши ин чеҳраи тобноки олими тибби ҷаҳон Шайхураис Абӯалӣ ибни Сино маъруза намуда, фаъолияти гуногунҷабҳаи ин мутафаккири абадзиндаи форсу тоҷикиро ҷовидона хонданд.
МУАРРИФИИ ТАҲҚИҚОТИ МЕТЕОРҲО ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ “GLOBAL METEOR NETWORK – 2025” ТАРИҚИ МАҶОЗӢ
Мудири Шуъбаи ҷирмҳои байнисайёравии Институти астрофизикаи АМИТ, Узви вобастаи АМИТ д.и.ф.-м. Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна, санаи 8-9 феврали соли 2025 дар Коференсияи байналмиллалии ҳарсолаи “Global Meteor Network – 2025” таъриқи маҷозӣ маърӯза пешниҳод намуд.
Конференсия аз ҷониби роҳбарияти GMN, шаҳри Антариои шарқии Канада баргӯзор гардид. Ҳангоми маъруза маълумотҳо оид ба Институти астрофизикаи АМИТ, дастовардҳо ва комёбиҳои он дар самти таҳқиқоти метеороидҳо ва моддаҳои метеороидӣ дар солҳои қаблӣ, инчунин саҳми академик Бобоҷонов Пулод Бобоҷонович дар ташкил ва рушд, мактаби астрономияи метеорӣ дар Тоҷикистон, ки дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Дар маърӯза далелҳои мушаххас оид ба васл намудани ду адад видиокамераҳо барои мушоҳидаҳои метеорҳо дар ш. Душанбе ва Расадхонаи астрономии байналмиллалии Санглох (июни соли 2024), инчунин натиҷаҳои аввалини назорати доимии метеорҳо дар Тоҷикистон ироа гардид.
Камераҳои мазкур дар шабакаи глобалии метеорҳо (GMN) қайд шуда ворид гардидаанд ва ҳамин тавр ба олимони ҷаҳонии соҳа дастрас мебошанд.
Аз сабаби иқлими мусоиди астрономии Тоҷикистон саҳми назорати метеорӣ назаррас буда, дар оянда таҳқиқотҳои васеи муҳити метеороидии наздизаминӣ дар назар аст.
Имрӯз (06.02.2025) дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия ва наздик ба 32 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳузури намояндагони васоити ахбори оммаро ба Академия хайрамақдам гуфта, бо сухани муқадимавии хеш ба кори нишаст оғоз бахшид.
Зимни нишаст дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мухтасар дар бораи корҳои анҷомёфтаи олимону кормандони Академияи миллии илмҳо дар соли 2025 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.
Гуфта шуд, ки фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар соли 2024 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ва мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30 майи соли 2024), Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи кори АМИТ дар соли 2024 ба роҳ монда, нерӯи илмиро барои тараққӣ додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ дар самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, муайян кардану дастгирӣ намудани муҳаққиқони ҷавони лаёқатманд, мусоидат ба рушди эҷодии олимони ҷавон, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ равона кард ва дар ин муддат ба натиҷаҳои муайян ноил гардид.
Ҳамзамон яке аз санаҳои таърихи ин 29 октябри соли 2024 ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба АМИТ, ин бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Марказ 4 ошёна буда, дорои 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммунологӣ, вирусологӣ, бехатарӣ ва амнияти биологӣ ва криминалистикаи ядроӣ буда, барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамояд. Бо ифтитоҳи озмоишгоҳҳо қадами муҳиме баҳри таҳкими амният ва иқтидори илмӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гузошта мешавад.
Пас аз маросими тантанавии ифтитоҳи озмоишгоҳҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки 3 лоиҳа дар асоси ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯйи кор омадааст; лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ, лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ, лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ, лоиҳаи бинои Маркази байналмилалии омӯзишии муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, лоиҳаи бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар.
Сохта мавриди истифода қарор гирифтани ин муассисаҳои нави илмӣ имкон медиҳад, ки пояи моддию техникии АМИТ хеле устувор гардида, илми академии ватанӣ дар оянда рушд намояд.
Бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ дар соли 2024 Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, 3 озмоишгоҳи нави муҷаҳҳаз бо беш аз 60 номгӯйи асбобу таҷҳизоти муосири илмӣ (дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский) сохта шуда, 3 пойгоҳи нави зилзиласанҷӣ дар Хадамоти геофизикии назди Раёсати АМИТ мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, барои пешбурди корҳои сейсмологӣ дар Тоҷикистон, таввассути Бонки Умумиҷаҳонӣ рушд ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ 32 номгӯи асбобу таҷҳизоти замонавии соҳаи сеймология дастрас карда шуд.
05 феврали соли 2025 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ баргузор гардид, ки дар кори он кормандони муассисаҳои илмии Шуъбаи илмҳои биологияи АМИТ иштирок намуданд. Семинари илмиро ноиби президенти АМИТ Мирзораҳимзода А.К. ҳусни оғоз бахшида, оид ба ҳадафу муҳтавои чорабинии мазкур суханронӣ намуданд.
Сипас узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологӣ, профессор Гулов Сайдалӣ Маъмурович дар мавзуи «Рушди боғу токпарварӣ дар Тоҷикистон ва ҳалли проблемаҳои мавҷудаи он» бо маърӯзаи илмӣ баромад намуд.
Ҳамзамон оид ба мавзуи баррасишуда саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳои илмӣ сурат гирифта, дар муҳокимарониҳо академикҳо Яқубова М.М. ва Ҳисориев Ҳ., узви вобастаи АМИТ Саидов А.С., доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Партоев Қ. баромад намуданд ва фикру андешаҳои худро доир ба ҳалли масъалаҳои мубрами боғу токпарварӣ дар Тоҷикистон баён доштанд.bg