Skip to main content

Шуҳрати шоирии Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (860-941) бартари шоирони Арабу Аҷам, ифтихори шоирони ҷаҳон, соҳибқирони шоирӣ, Одамушшуаро, рӯзгору осори ӯ, ҳунару хислату сифоти ӯ шуруъ аз замони худи ӯ дар тазкираву ашъори адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо омӯхта, таърифу тавсиф шудааст. То имрӯз шуълаи оташи муҳаббати ихлосмандону алоқамандони шеъри Устод Рӯдакӣ фурӯзон аст, аз ҷумла машъалбардорони рӯдакишиносӣ дар Тоҷикистон дар масири қадимии сунани шинохту таҳқиқи Рӯдакӣ гомҳои устуворе мениҳанд. Рӯдакишиносиро дар Тоҷикистон муҳаққиқон ба се давра ҷудо кардаанд: 1) давраи аввал аз замони Рӯдакӣ то ибтидои қарни ХХ; 2) аз солҳои бисти қарни ХХ то соли 1956; 4) аз соли 1956 то имрӯз. Хушбахтона, дар даврони истиқлолу озодии Тоҷикистон рӯдакипажуҳӣ вусъат пайдо карда, таҳқиқоти зиндагиву осори Рӯдакӣ аз нигоҳу равишҳои тоза, берун аз қайду банду маҳдудиятҳои милливу фарҳангиву мазҳабӣ анҷом мешуданд, ки сафаҳоти тозаеро дар рӯдакишиносӣ боз карданд. Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид мегӯянд, ки “Ва танҳо дар шароити соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон мо имкон пайдо кардем, ки ба кору пайкори абармардони илму адаб, таъриху фарҳанги оламшумули гузаштаи худ арҷ гузошта, номашро зинда нигоҳ дорем, ки дар садри онҳо устод Рӯдакӣ қарор дорад” (Чеҳраҳои мондагор,234). Ба ин далел рӯдакишиносии даврони Истиқлолро метавон давраи нав – аз соли 1991 то имрӯз ҳисобид.

1.Нусхашиносӣ ва чопи осори Рӯдакӣ дар Тоҷикистон.

Аз замони ба даст овардани истиқлол дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ҳаёту осори Одамушшуаро бештар гардид. Дар самти рӯдакишиносӣ донишмандони Академияи илмҳо пешсаф буда, корҳои назаррасеро дар ин замина анҷом доданд. Аз ҷумла, китоби “Андарзномаи Рӯдакӣ” (1991), мураттиб Мирзо Муллоаҳмадов аз аввалин меваи даврони озодии фикрӣ, фарҳангиву адабист, ки 210 абёти андарзу ахлоқии парокандаи шоирро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ фаро гирифтааст.

Ба муносибати ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён, соли 1999 маҷмуаи ашъори Рӯдакӣ бо номи “Насими Мӯлиён” мураттиби он Асрори Раҳмонфар бо пешгуфторе дар бораи “тартибу танзими мероси манзуми Рӯдакӣ”, ки онро аз чаҳор марҳала медонад, ба табъ расидааст.

Соли 2000 бо эҳтимоми Сайидрасули Мусавӣ, Масъуди Қосимӣ ва Азиз Мирбобоев “Девони Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ” ба чоп расид, ки мураттибон бисёр иштибоҳоти чопҳои қаблиро ислоҳ кардаанд ва яке аз чопҳои мусаҳҳаҳи ашъори устод Рӯдакӣ мебошад.

Китоби профессор Абдуманнони Насриддин “Рӯдакӣ (нусхашиносӣ ва нақду баррасии ашъори бозмонда)”, ки пажуҳиши чандинсолаи устод доир ба матншиносии осори боқимондаи шоир, мансубияти ашъори ӯ, муқоисаву муқобалаи ашъори ӯ бо шоирони дигар ва бахши дувуми китоб “девони Рӯдакии Самарқандӣ” мебошад, ки бар асоси нусхаи Саъид Нафисӣ ва И.Брагинский таҳия шуда, тамоми ашъори бозмондаи то замони мо расидаро фаро мегирад, ки маъхази ҳар як байт дар он нишон дода шудааст.

“Девон”-и Рӯдакӣ ба истиқболи 1150-солагии Рӯдакӣ дар шаҳри Олмотӣ (2007) бо тасҳеҳу тавзеҳи Қодири Рустам ба чоп расид. “Иқдоми ӯ дар ҳалли масъалаҳои интисоби байтҳо ба Рӯдакӣ ва шоирони дигар, нусхабадалҳо ва ихтилоф дар шарҳи вожаҳои ашъори шоир” сазовори таҳсин аст (7).

Силсилакитоби “Ахтарони адаб” иборат аз 50 ҷилд соли 2007 бо чопи ашъори Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ оғоз ёфт.

Ба муносибати 1150-солагии Рӯдакӣ чандин маҷмуаҳои шеърии Одамушшуаро ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва англисӣ табъ расиданд, ки барои муаррифии Устод Рӯдакӣ ба миллатҳои дигар беҳтарин иқдом аст: 1) бунёди байналмилалии забони тоҷикии форсӣ “Девони Рӯдакӣ”-ро бо кӯшиши Усмон Назир ва паёми табрикии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нашрияҳои пешин ба табъ расонд; 2) бо кӯшиши Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ матни илмиву интиқодии “Девони ашъори Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ” бо ҳуруфи форсӣ ва пешгуфтори Алиасғари Шеърдӯст ва мақолаҳои таҳякунандагони матн доир ба шуҳрати ҷаҳонии Рӯдакӣ, нашри осори бозмондаи шоир ва равиши танзими девони мазкур дар нашриёти “Пайванд”-и сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расид. Ин девон на ҳама абёти бозёфтшудаи осори Рӯдакиро фаро мегирад, бинобар ин “наметавон матни девони мазкурро комил шуморид” (9). Инчунин дар заминаи ин девон китоби “Ашъори мунтахаби Рӯдакӣ” барои дабиристонҳо омода гардид.

Маҷмуаи шеъри Рӯдакӣ иборат аз 257 байти қасоид, маснавӣ, ғазал ва абёти парокандаи шоир, инчунин маҷмуаи ашъори Лоиқ, Камол Насрулло ва Гулназар дар бораи ҷовидонагии Одамушшуаро дар китоби “Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – султони шоирон” бо кӯшиши Халифа Ҷумъазода ва Қ.Афғонов (2007) аз чоп баромад.

Китоби “Андар шинохти Рӯдакӣ”-и (2007) омоданамудаи Ҷамилаи Ҷамол барои хонандагону омӯзгорони мактаб таҳия шудааст. Китоб аз 5 боб иборат буда, 4 боби он зиндагӣ ва осори шоир, намунаи иншо дар бораи Рӯдакӣ ва боби панҷуми он панду андарзҳои бузургон дарҷ гадидаанд.

Бо вуҷуди теъдоди зиёди интишори ашъори Одамушшуаро адабиётшиносон ба ин назаранд, ки “осори Рӯдакӣ ба нашри илмӣ-интиқодии дар асоси манбаъҳои муътамад омода гардида ва бо зикри тафовути нусхаҳо ва таҳқиқи амиқи матншиносӣ зарурат дорад” (7, 48)

2.Асарҳои бадеӣ дар бораи Устод Рӯдакӣ.

Шоиру нависандагони муосири мо суннатҳои нависанда Сотим Улуғзода ва коргардон Борис Кимёгаровро, ки филми “Қисмати шоир”-ро офарида, шукӯҳу шаҳомати Рӯдакиро афзун намудаанд, идома дода, асарҳои бузургҳаҷме эҷод кардаанд. Аз ҷумла, дар романи Равшани Ёрмуҳаммад “Ишқи Рӯдакӣ”, драмаи Ғаюр Растагор “Рӯдакӣ дар Самарқанд ё офтоб омад далели офтоб” лаҳзаҳои муҳимму пурмоҷарои рӯзгори шоир тасвир шудаанд”, ки дар шинохти Одамушшуаро, аҳвол ва осори ӯ саҳми беандоза гузоштаанд (9).

Асари “Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ: Зиндагӣ ва марги дигар”- и Қодири Рустам (2003) қиссаи бадеӣ дар бораи ихтилофоти замони мо дар ҷомеа мебошад, ки аз забони худи Рӯдакӣ бозгӯӣ шудааст.

Силсилаи ашъори шоирон дар васфи Одамушшуаро дар матбуоти даврӣ ва маҷмуаҳои шеърӣ ба табъ расида, бахше аз онҳо аз ҷониби ҳунармандон бо оҳанг суруда шудаанд: аз ҷумла шеърҳои “Дилам ба Рӯдакӣ сӯзад”, “Тулӯи қуллаҳо”, “Ду шеър барои Одамушшуаро”-и Гулназар; ашъори Гулрухсор “Забони Рӯдакӣ”, “Ашки “Ҷӯйи Мӯлиён”; шеъри “Рӯдакӣ бояд, ки ояд бори дигар бар ҷаҳон”-и Камол Насруллоҳ; шеъри Шаҳрияи Аҳтамзод “Давоми Рӯдакӣ”; шеъри “Шикасти Сомониён”-и Ато Мирхоҷа; ашъори Асрори Раҳмонфар “Санои Рӯдакӣ”, Абдураззоқи Раззоқ “Дарди халқ ояд ҳаме”.

Шоир Гулназар мегӯяд:

Ӯ зинда бувад, гӯр макун Рӯдакиро,

Аз обу гилат дур макун Рӯдакиро.

Чашмони туро ба рӯи миллат бикушод,

Бо кӯрии худ кӯр макун Рӯдакиро.

3.Паҳлуҳои мухталифи осори Рӯдакӣ, рӯзгору муҳити зиндагӣ ва аҳволи ӯ дар бахшҳои адабиётшиносиву, забоншиносӣ, таърих, ҳунару мусиқӣ аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик дар даҳаҳои охир пажӯҳиш шудаанд.

Дар бахши адабиётшиносӣ масъалаҳои таърихи шинохту таҳқиқи Рӯдакӣ дар китобҳои Саъид Нафисӣ (1382), Бадеъуззамон Фурӯзонфар (1380, 18-25), Бертелс Е. Э. (1988, 261-300), Мирзоев А. (1958), Брагинский И.С. (1964, 384-441), Афсаҳзод А. (2003), Асрори Раҳмонфар (1999, 3-39), дар муқаддимаҳои чопи ашъори шоир, дар мақолаҳои донишнома (энсиклопедия)-ҳо ва мақолаҳои таҳқиқӣ хеле батафсил баррасӣ шудаанд. “Дар ҳар давраи Рӯдакишиносӣ як ё чанд асари ҷамъбастие офарида шудаанд, ки баррасиҳои муҳаққиқони оламро арзёбӣ менамоянд” (9,15). Асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ бунёдгузори мактаби рӯдакишиносӣ дар Тоҷикистон буда, асари ҷамъбастие бо номи “Устод Рӯдакӣ”-и Садриддин Айнӣ (1944) навиштаанд, ки баъдан ин суннатро донишмандон Саъид Нафисӣ (Рӯдакӣ), А.Мирзоев (Абӯ Абдулло Рӯдакӣ) идома додаанд. Аз асарҳои марҳилаи нав, яъне даврони Истиқлоли Тоҷикистон китоби адабиётшиноси маъруф Аълохон Афсаҳзод “Одамушшуаро Рӯдакӣ” ва тарҷумаи китоби “Рӯдакӣ: рӯзгор ва осор, таърихи таҳқиқ”-и (2008) ховаршиноси Русия А.Тоҳирҷонов аз пажуҳишҳои тозаи даврони истиқлол маҳсуб меёбанд.

Дар даврони Истиқлол равишҳои наве дар рӯдакипажӯҳӣ падид омаданд, монанди озодии фикрӣ дар баёни матлаб, рӯ овардан ба суннатҳои қадимии фарҳангиву мазҳабӣ, таҳлили масъалаҳои инъикоси воқеияти иҷтимоӣ дар ашъори Рӯдакӣ.

Пажуҳиши муфассалу арзишманди ҷамъбастӣ дар атрофи рӯзгор ва осори Рӯдакиро профессор Аълохон Афсаҳзод анҷом додааст, ки бо номи “Одамушшуаро Рӯдакӣ” (2003, 2008) ба табъ расидааст. Китоб аз 4 боб – “Муҳити зисти Рӯдакӣ”, “Зиндагиномаи устод Рӯдакӣ”, “Осори дастраси Устод Рӯдакӣ”, “Бадеиёти осори Устод Рӯдакӣ” иборат аст, ки ба таърихчаи рӯдакишиносӣ як ҷаҳон андешаҳои илмии тоза зам намудааст. Ҳарфи тозае, ки дар ин китоб ироа шудааст, нобинои модарзод набудани Рӯдакӣ ва “саду ҳаштсаду даҳ ҳазор байт сурудани Рӯдакӣ” мебошад. Устод Афсаҳзод дар бораи таълифи ин рисола мегӯяд: “Асосгузор ва сардафтари адабиёт будан аслан маънии қабл аз дигарон асар навиштанро надорад. Рӯдакӣ бо хидматҳои бузургаш ба ин мақоми шоистаи таърихӣ соҳиб шудааст, ки ин рисола барои равшан кардани баъзе ҷиҳатҳои он навишта гардид” (7, 153).

Асари ҷамъбастии дигар дар Рӯдакишиносӣ “Рӯдакӣ: рӯзгор ва осор, таърихи таҳқиқ”-и ховаршиноси Русия Абдуҷаббор Тоҳирҷонов мебошад, ки аз ҷониби Мирзо Муллоаҳмадов (2008) тарҷума шуда, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Эрон ба табъ расид. Асари мазкур аз чанд ҷиҳат ҷолибу арзиши баланди илмӣ дорад: 1) муаллиф манбаъу сарчашмаҳои марбут ба Рӯдакӣ, аз ҷумла адабиёти арабиро гирдоварӣ ва баррасӣ намудааст; 2) ба баҳс кашидани бархе аз масоили норавшан дар бораи Рӯдакӣ, аз ҷумла масъалаи нобиноии Рӯдакӣ ва бо далелҳо собит сохтани тирачашми модарзод будани ӯ ва ҳақиқати таърихӣ надоштани кӯр кардани Рӯдакӣ; 3) масъалаи қарматӣ будани Рӯдакиро муаллиф баррасӣ карда, дар асоси сарчашмаву манобеи зиёди илмӣ ба чунин натиҷа мерасад, ки “Насри 11, Балъамӣ ва Рӯдакӣ ба қарматия ҳеч муносибате надоштанд” (9;15).

Адабиётшинос Саъдоншо Имронов пажуҳишу суханрониҳои худро дар маҷмуаи “Ёдномаи Устод Рӯдакӣ” (2001) ба тартиби таълифашон мураттаб сохтааст, ки дар онҳо сухан аз боби миқдори шеъри Рӯдакӣ, ашъори тозаи Рӯдакӣ дар “Хайрулбаён”, кашфи манбаъи як байти Рӯдакӣ меравад.

Шарифмурод Исрофилниё дар китоби “Хизонаи пурганҷ” (2001) маълумоти мухтасаре доир ба рӯзгор ва осори Рӯдакӣ дода, шеърҳои “Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён”, “Шикоят аз пирӣ” ва “Баҳори хуррам”-ро шарҳу тафсир кардааст.

Китоби “Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон”-и Мирзо Муллоаҳмадовро низ метавон дар ин саф муаррифӣ кард. Он аз ду бахш иборат буда, дар бахши нахуст таҳқиқоти солҳои охир навиштаи Мирзо Муллоаҳмадовро фаро мегирад ва дар бахши дувум муҳаққиқ дар бораи 20 донишманди маъруфи рӯдакишинос иттилооти зиқимат медиҳад.

Аз китобҳои дигари арзишманд дар самти рӯдакишиносӣ рисолаи адабиётшиноси маъруф Абдунабӣ Сатторзода бо номи “Аз Рӯдакӣ то Лоиқ” мебошад, ки дар он мақолаҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф, аз қабили “Қасидаи “Модари май” ва шеъри мадҳия”, “Шеъри ҳолия дар замони Сомониён”, “Рӯдакӣ ва адабиёти замони бостони Ҳинд”, “Рӯдакӣ ва таҳқиқи сабки адабӣ дар шеър”, “Бунёди Рӯдакӣ ва дурнамои рушди рӯдакишиносӣ” ва амсоли инро фаро мегирад.

Соли 2008 китоби шарқшиноси маъруф И. С. Брагинский “Абуабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ” аз ҷониби Шодӣ Шокирзода ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда ,бо муқаддимаи ӯ ба табъ расид.

Субҳони Амир дар асараш “Рӯдакӣ – падидаи нодир ва ҷаҳонии тамаддуни аҳди Сомониён (1999) “аз дидгоҳи тоза ба ҷанбаҳои ноаёни ҳаёти адабии замони шоир амсоли таъсири унсурҳои дини масеҳӣ, зуҳури барҷастаи худшиносиву ифтихори миллӣ дар маҳдудиятҳо нигариста, яке аз омилҳои шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани шоирро дар иртиботи ӯ бо давлати Сомониён ва ифодаи ормонҳои озодихоҳиву истиқлолталабӣ медонад”, сипас соли 2015 ин китобро бо замми 6 мақолаи дигар дар бораи Рӯдакӣ соли 2015 бо номи “Устод Рӯдакӣ – аввалин шоири миллӣ ва ҷаҳонӣ” (2015) ба чоп расонд, ки дар он сухан аз муаммову иштибоҳоте дар шарҳи аҳволу осори шоир меравад ( 9, 208).

Дар рисолаи илмӣ-оммавии Мирзо Муллоаҳмадов ва Сурайё Қурбонова “Абуабдулло Рӯдакӣ” (2006) сухан дар бораи шуҳрати ҷаҳонии шоир, рӯзгору осор ва замони зиндагии ӯ бар асоси сарчашмаву манобеи илмӣ ва абёти худи шоир, таърихчаи гирдоварӣ ва нашри абёти шоир, мазмуну мундариҷаи абёти шоир дар кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Русия меравад.

Мақолаҳои мутааддиде аз ҷониби донишмандони муътабар ва муҳаққиқони дақиқназар Расул Ҳодизода, Аҳрор Мухторов, Аълохон Афсаҳзод, Нуъмон Неъматов, Худоӣ Шарифзода (Мазмунҳои иҷтимоӣ дар шеъри Рӯдакӣ, Диди замонии сабки шеъри Рӯдакӣ, Адабиёти аҳди Сомониён, Рӯдакӣ ва Шаҳиди Балхӣ, Шеъри Рӯдакӣ ва шакли байти Адабиёти классикӣ, Нақди шеъри Рӯдакӣ (аз оғоз то асри XIII)), Абунабӣ Сатторзода, Абдуманнон Насриддин, Носир Салимов, Кароматуллоҳ Олимов, Тоҷиддин Мардонӣ, Аскаралӣ Раҷабов, Матлубаи Мирзоюнус, Умеда Ғаффорова, Замира Ғаффорова, Фахриддин Насриддинов, Абдушакур Абдусаттор, Файзуллоҳ Бобоев, Амрияздон Алимардон (Тарҳрезии ғазал дар замони Оли Сомон, 1998; Озодии андеша, эътиқод ва маънавиёт дар аҳди Сомониён, 2003), Саидумрон Саидов, Валӣ Самад, Аламхон Кӯчаров, Шоҳзамон Раҳмонӣ, Алии Хуросонӣ (Ҷустуҷӯҳои илмӣ дар заминаи намунаҳои тозаи ашъори устод Рӯдакӣ, 2007), Субҳон Амирқулов (Рӯдакӣ – падидаи нодир ва ҷаҳонии тамаддуни аҳди Сомониён,1991) Шодӣ Шокирзода, Вафо Элбойзода (Ба даври адл; Каломи Рӯдакӣ воломақом аст; Забони Рӯдакӣ ҳаргиз намемирад, Илоҳиёт дар ашъори Рӯдакӣ), Саъдуллоҳ Раҳимов дар маҷаллаву маҷмуаҳои илмӣ ва рӯзномаҳо чоп шудаанд.

Дар китоби “Рӯдакӣ: дирӯз ва имрӯз”, ки бо ибтикори Аскаралӣ Раҷабов таҳия шудааст, 30 мақолаи донишмандони рӯдакишиноси маъруфи ҷаҳонӣ гирдоварӣ шуда, соли 2007 дар Душанбе интишор ёфтааст.

Аз корҳои тоза дар самти рӯдакишиносӣ пажӯҳиши зиндаёд профессор Расул Ҳодизода бо номи “Рӯдакӣ дур аз наздик” мебошад, ки бо вероишу бознигории донишманди маъруфи эронӣ Муҳаммадҷаъфар Ёҳақӣ чанде пештар дар чопхонаи “Хирадгон”-и Машҳад ба чоп расид.

Инчунин китоби “Рӯдакӣ”-и Саид Нафисӣ соли 2022 бо кӯшиши Ҷаъфар Ранҷбар ва Масъуд Миршоҳӣ ба хатти сириллик баргардон ва дар Душанбе чоп ва рӯнамоӣ гардид.

Маҷмуаҳо. Ду шумораи фаслномаи адабиву фарҳангии “Рӯдакӣ”-и Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо мақолаҳои Худоӣ Шарифзода, Саҳобуддин Шаҳобуддинов, Амрияздон Алимардонов, Камол Айнӣ, Мирзо Муллоаҳмад, Тоҷиддин Мардонӣ, Абдуманнон Насриддинов, Фахриддин Насриддинов, Алии Хуросонӣ, Тоҷибой Келдиёров ба табъ расиданд, ки ба масъалаҳои тозаи рӯдакишиносӣ бахшида шудаанд (Рӯдакӣ, 8-9, соли 2015). Пажӯҳишҳои муҳаққиқон саҳифаҳои наве дар рӯдакшиносӣ ва кашфи осори ӯ боз карданд, аз ҷумла Саҳобуддин Шаҳобуддинов ду байти тозаи шоирро аз як нусхаи қадимии Қуръони карим, ки дар маркази мероси хаттии АМИТ маҳфуз аст, пайдо кардааст.

Дар ҳафтаномаи Иттифоқи нависандагон “Адабиёт ва санъат” дар даврони истиқлоли Тоҷикистон даҳҳо мақолаи илмӣ интишор ёфтаанд, ки маълумоти тозаеро ба рӯдакишиносӣ зам кардаанд: Қодири Рустам “Як байти мансуб ба Рӯдакӣ дар номи бостонии Мовароуннаҳр” (4.11.2004,№44, саҳ.11), Рӯзӣ Аҳмад “Дар ҷустуҷӯи фолклори диёри Рӯдакӣ” (14.12.2006, №49-50,с.6), Аҳрор Мухторов “Рӯдакӣ ва вазир Ҷайҳонӣ” (01.02.2007, №5, саҳ.11), Абдунабӣ Сатторзода “Рӯдакӣ ва шеъри рӯдакивор” (01.03.2007, №9, саҳ.4-5),

Соли 2014 “Ёдномаи Устод Рӯдакӣ” маҷмуаи мақолаҳои рӯдакишиносони маъруф аз қабили дуктур Асғари Додбеҳ, дуктур Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, Саҳар Ваҳдатии Ҳусайниён, Муҳаммадҳасани Санъатӣ, Абдулқайюми Қавим, Муҳаммадҳусайни Ямин, Партави Нодирӣ, Орифи Навшоҳӣ, Александр Гейзер ва дигарон дар нашрияи академии “Дониш”-и Академияи улуми Тоҷикистон интишор ёфта, паҳлӯҳои наву тозаи рӯдакишиносиро таҳқиқ кардаанд.

Маҷмуаи “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй” (2020) бештар аз 70 мақолаву чакидаҳои суханрониҳои иштирокчиёни анҷуманҳои илмиест, ки ҳамасола 23 сентябр дар Панҷекат ва Панҷрӯд доир мегардад, ки бо ибтикори Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷекат ба табъ расидааст. Мақолаҳо ба забони тоҷикиву русӣ, ӯзбакиву англисӣ буда, масъалаҳои адабиётшиносӣ, матншиносии осори Рӯдакӣ, пайванди адабии шоирони баъдӣ бо Рӯдакӣ, масоили забоншиносӣ, масоили таърихӣ, аз ҷумла давлатдорӣ ва ҳунарро фаро гирифтаанд.

Дар бахши забоншиносӣ пажуҳишҳое дар атрофи ҳунари суханварӣ, бунёди вожагонӣ ва хусусиёти забони осори Устод Рӯдакӣ анҷом шудааст, ки муҳимтарини онҳо асарҳои профессор Мукаррама Қосимова “Сомониён ва анҷоми ташаккули забони адабӣ”, Қ. Мухторӣ “Хусусиятҳои луғавию-услубии ашъори Рӯдакӣ”, Б. Ғаффор “Шоири Хуросон”, Х. Муҳаммадзод “Забони осори Рӯдакӣ”, Ф.Шарифзода “Ҷумлаи байти шеъри Рӯдакӣ”. Таҳқиқоти доманадореро дар боби забон ва услуби калимаҳо, баромади таркиби луғавии осори шоир, хусусиятҳои наҳвии ашъори Рӯдакиро Қ.Мухторӣ анҷом додааст.

Дар бахши мусиқӣ ва ҳунар. Муносибати Рӯдакӣ ба мусиқӣ ва суруд аз ҷониби донишмандон ва пажӯҳишгарон ба ҳар наҳве шарҳу тавзеҳ шудааст. Ҷалоли Холиқии Мутлақ дар китоби «Гули ранҷҳои куҳан» роҷеъ ба ин гуна фаъолиятҳои Рӯдакӣ менависад: «Дар аҳди Сомониён Рӯдакӣ идомадиҳандаи шеваи шоирии дарбори Хусрави Парвиз аст. Рӯдакӣ сароянда ва хонанда ва навозанда, охирин ва шояд муҳимтарин намояндаи суннати шоирии дарбории Эрони қадим аст» (17, 25).

Оҳангсози тоҷик Хайрулло Абдуллоев соли 1998 тарона- композитсияи “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён”-ро эҷод кард, ки онро ҳунарманди мардумии кишвар Қурбоналӣ Раҳмонов бо гурӯҳи овозхонони “Сомон” сурудаанд. Тарона иборат аз аз се бахш буд: мусиқии ҳазин, ки манзараи дурӣ аз ватан пеши назар меорад; бахши дувум оҳанги мутантан, ки баргашт ба ватанро баён мекунад; бахши сеюм садои ором, ифодагари расидан ба ҳаёти боромиш аст.

Лола Азизова ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон суруди оҳангсози маъруфи тоҷик Ф.Солиев “Ушшоқи Рӯдакӣ” (Мушавваш аст дилам аз карашмаи Салмо)-ро бо маҳорати вежа иҷро мекунад. Ҳунарпешаи театри вилояти Хатлон Маҳмадалӣ Айюбов се ғазали Рӯдакӣ – “Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт”(1980), “Дило то кай ҳамеҷӯйӣ манеро”(2008) ва “Эй дар ҳама мирони ҷаҳон ёфта шоҳӣ”-ро оҳанг баста (2008), сурудааст.

Инчунин мақолаҳои С.Ҳамад “Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт”, Ҷ.Обидпур “Ритмикаи ашъори устод Рӯдакӣ” дар атрофи ҳунари навозандагии Одамушшуаро ва ба оҳанг пардохтани шеъри ӯ мебошанд.

Дар бахши таърих. Мақолаҳои мутааддиде дар атрофи таърихи сиёсию фарҳангии замони Сомониён, ҷуғрофиёи таърихии шаҳри Бухоро, муҳити фарҳангии Бухоро ба табъ расиданд, ки марбути рӯдакишиносӣ ҳам ҳастанд, аз ҷумла Аҳрор Мухторов “Рӯдакӣ ва мероси ӯ” (2008), Р.Бойматов: “Девони ҳисаба”, “Девонсолории сомониён”, “Зардуштиёни асри Рӯдакӣ”; Маъруф Исоматов “Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд”, “Устод Рӯдакӣ ва Балъамиён”.

Мақолаи Қаюмова М. “Зеварот ва тазйиноти ороишӣ дар замони Рӯдакӣ” дар радифи баррасии масоили ҳунарӣ, инчунин вобаста ба корбурди вожагони тазйиноту ороиш мулоҳизоти ҷолиб дорад ва ин паҳлуи ашъори Рӯдакӣ таҳқиқи тоза мебошад.

Дар бахши тиббу набототшиносӣ. Муҳаққиқ М. Ҳоҷиматов дар асари худ “Ҳаким Рӯдакӣ” тасвири гулу гиёҳ дар ашъори Рӯдакӣ ва муносибати шоир ба улуми табиатшиносӣ ва тиб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамоишҳо. Ҳамасола рӯзи 22 сентябр (1 меҳр) дар Тоҷикистон рӯзи бузургдошти Одамушшуаро Рӯдакӣ дар тамоми муассисаҳои таълимиву илмии кишвар баргузор мешавад. Илова бар ин, ҳамоишҳои ҷумҳуриявиву байналмилаӣ низ баргузор мешаванд. Ҷашни 1150-солагии Устод Рӯдакӣ бо қарори ЮНЕСКО 6-7-уми сентябри соли 2008 дар Тоҷикистон, 18 июн дар толори Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки 190 кишвари ҷаҳон бо суханронии Дабири кулли созмон Пан Ги Мун бошукӯҳ баргузор шуд, ки аз Тоҷикистон адабиётшиноси маъруф Мирзо Муллоаҳмадов дар он суханронӣ намуданд. Симпозиуми илмии байналмилалӣ ба муносибати “Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон” ба муносибати 1150-умин солгарди зодрӯзи Рӯдакӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо

иштироки муҳаққиқону донишмандони ватаниву хориҷӣ баргузор шуд, ки маҷмуаи мақолоти ин симпозиумро дар даст дорем.

Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ аз 17 марти соли 1932 ҳамчун бахши таъриху забоншиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ оғоз кард. Соли 1951 бо қарори Шурои Вазирони Тоҷикистон бо таъсиси Академияи илмҳои ҶТ Институти забон ва адабиёт таъсис ёфт. Моҳи октябри с.1958 ба муносибати 1100-солагии бузургдошти Асосгузори адабиёти форсии тоҷикӣ Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Институт ба номи ӯ гузошта шуд. Дар Институт дар солҳои гуногун дар робита бо Рӯдакӣ корҳои илмиву пажуҳишӣ анҷом шудаанд, ки китобҳои “Осори Рӯдакӣ”, “Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ”, “Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои Х-ХV”, “Намунаҳои фолклори Рӯдакӣ”, “Абӯ Абдулло Рӯдакӣ”, “Донишномаи Рӯдакӣ” дар 3 ҷилд ва соли 2024 китоби “Ҷӯйи Мӯлиён” бо пешгуфтор ва ашъори баргузидаи шоир ба форсиву хатти сирилик ва англисӣ ва китобчае ба забони инглисӣ бо номи “Султони шоирон” омода ва нашр шуд. Дар Институт ду маркази Рӯдакӣ “Бунёди Рӯдакӣ” ва китобхонаи “Анҷумани Рӯдакӣ” дар шаҳри Порис фаъолиятҳои судманде мебарад.

Рӯдакӣ рафту ҳикмати ӯ ҷовидона монд ва мо итминон дорем қарнҳо сурудаҳои ӯ танинандоз хоҳанд шуд ва осори гаронарзиши дар маърази пажӯҳиш қарор хоҳад монд, зеро ба қавли шоир Рустами Ваҳҳоб:

Аз сухан пайкаре гар ороянд,

Андар он шеъри Рӯдакӣ ҷон аст.

Аз ҳазорон яке аз ӯ монда,

Ҳар яке беш аз ҳазорон аст.

Адабиёт:

1. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – султони шоирон. Мураттибон Ҷумъазода Х., Афғонов Қ.- Душанбе, 2007.

2. Андарзномаи Рӯдакӣ. Мураттиб М.Муллоаҳмадов.- Душанбе, 1991.

3. Амир С. Рӯдакӣ – падидаи нодир ва ҷаҳонии тамаддуни аҳди Сомониён.- Душанбе, 1999.

4. Амир С. Устод Рӯдакӣ – аввалин шоири миллӣ ва ҷаҳонӣ.-Душанбе, 2015.

5. Афсаҳзод А. Одамушшуаро Рӯдакӣ.- Душанбе, 2003.

6. Брагинский И.С. Абуабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ.-Душанбе, 2008.

7. Донишномаи Рӯдакӣ. – Душанбе, 2008.- Ҷ. I.-591с., Ҷ.II.-543с.

8. Муллоаҳмадов М., Қурбонова С. Абӯабдулло Рӯдакӣ.-Душанбе, 2006.

9. Муллоаҳмадов М. Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон.-Душанбе,2012.-248саҳ

10. Насими Мӯлиён (мураттиб А.Раҳмонфар).-Душанбе:Адиб, 1999.

11. Насриддин А. Рӯдакӣ (нусхашиноси ва нақду баррасии ашъори бозмонда).-Хуҷанд,1999.

12. Рустам Қ. Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар.-Олмотӣ, 2003.

13. Рӯдакӣ. Девон. (таҳия, тасҳеҳ ва сарсухану ҳавошии Қодири Рустам) .-Олмотӣ,2007.

14. Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй.Маҷмуаи мақолот.- Душанбе,2020.-456с.

15. Тоҳирҷонов А. Рӯдакӣ: рӯзгор ва осор, таърихи таҳқиқ.-Душанбе, 2008.-227с.

16. Ҷамол Ҷ. Андар шинохти Рӯдакӣ.-Душанбе, 2007.-64с.

17. Ҷалоли Холиқии Мутлақ. Гули ранҷҳои куҳан. Баргузидаи мақолот дар бораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. Ба кӯшиши Алии Деҳбошӣ. – Теҳрон, 1372.

Шарифзода Фарангис – директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ