Skip to main content

«Роғун» манбаи нури ҳар хонадон, гармии қалби ҳар фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!».

Эмомалӣ Раҳмон

НБО-и Роғун маҳз бо талошу заҳматҳо, шуҷоат ва истодагарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматкаши тоҷик бунёд шуда истодааст. Дар бунёди ин иншооти бузурги стратегӣ бисёр монеаҳо мавҷуд буданд, ки ҳалли он аз қатъият, далерӣ, шуҷоат ва истодагарии Пешвои миллат вобастагӣ дошт. Баъди ошно гардидан аз нақшаҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барқарор намудани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар дарёи Вахш, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ боздошт карда шуда буд, баҳсу мунозираҳо дар атрофи ин масъала тезу тунд гардиданд.

Агар назаре ба таърих афканем сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳоло дар солҳои 70-уми асри гузашта оғоз ёфта буд. Бинобар 93 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро кӯҳҳои баландтарин ташкил медод, роҳбарияти ҳамонвақтаи ИҶШС бинобар шароити кӯҳсори Тоҷикистон барои истеҳсоли қувваи барқ хеле мусоид буда, аз нигоҳи илмӣ дар ин ҷой сохтани неругоҳҳои барқи обӣ нисбат ба дигар давлатҳо камхароҷот буданаш, Тоҷикистонро ҳамчун тавлидкунандаи нерӯи барқ муайян намуда буд. Сарбанди неругоҳ бо баландии 335 метр баландтарин сарбанд аз санг дар ҷаҳон буда, обанбори «Роғун»-ро бо ҳаҷми умумии 13,3 км3ва ҳаҷми муфиди 10,3 км³ ташкил медиҳад. Неругоҳи «Роғун» ҳамчун маҷмааи гидроэнергетикии гуногунҳадаф, аз ҷумла барои тавлиди неруи барқ, танзими об, коҳиши хатари обхезӣ ва хушксолӣ ба нақша гирифта шудааст. 6 ноябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва корпуси дипломатӣ аввалин агрегати НБО-и Роғун ба истифода дода шуд.

Боиси ифтихормандии бузург аст, ки дар рӯзи ҷашни 28-умин солгарди истиқлоли давлатии кишварамон ва санаи 9-уми сентябри соли 2019 дар рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дороварда шуда ба системаи ягонаи энергетикии кишвар пайваст карда шуд. Дар маросими тантанавии ба кор даровардани ин чорабинии муҳим беш аз 140 нафар рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттлоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Олмон, Россия, Япония, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо иштирок намуда, рафти маросимро инъикос намуданд.

Алҳол дар неругоҳи «Роғун» корҳои сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 60 ташкилоту муассиса, пудратчиёни ватаниву хориҷӣ ва зиёда аз 14,5 ҳазор коргарону муҳандисон ва техникҳо бо суръат идома, мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, зиёда аз 3 ҳазорро ташкил медиҳанд. Сохтмони неругоҳ аз коргарону мутахассисон ва нақбканҳо заҳмат ва матонат тақозо менамояд, чунки 90 фоизи корҳо дар зери замин анҷом дода мешаванд. Бунёди «Роғун» барои коргарон мактаби нодир аст, зеро садҳо нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода менамояд. Ҳазорҳо мутахассисону коргарони маҳаллии бонангу номус бо дасту дили гарм ва азму иродаи қавӣ меҳнат намуда, дар бунёди ин кохи нур саҳми худро гузошта истодаанд.

Хулоса, нақши Пешвои миллат дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ниҳоят бузург мебошад. Зеро маҳз дар чунин давраи мушкилу ҳассос проблемаҳои мавҷударо ба зима гирифта кӯшиш ба харҷ доданд, ки амнияти энергетикии миллатро таъмин намоянд. Фардои дурахшони Тоҷикистон аз бунёди НБО-и «Роғун» вобаста аст. Сохтмони неругоҳи барқии обии «Роғун» корнамоии навбатии ахолии кишвар ва мактаби ваҳдату бародарӣ, меҳнатпарастию бунёдкорист. Неругоҳи барқии обии Роғун манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёти иқтисодиёт мерасонад.

Бобоев К.О – Мудири шуъбаи бехатарӣ ва

амнияти химиявӣ, доктори фалсафа (PhD)

Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Холматзода Т.Б – ходими калони илмии

Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ