Skip to main content
Пиряхи Туейтс дар қитъаи Антарктида пиряхи калонтарин баҳисоб рафта, масоҳаташ 192 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад ва аз масоҳати Британияи Кабир (тақрибан 209 ҳазор километри мураббаъ) каме хурдтар ва дар қисмати ғарбии Антарктида ҷойгир мебошад. Пиряхи мазкур ба шарафи олими пиряхшинос Фредерик Т. Туейтс ( 1883-1961) номгузорӣ шуда, инчунин бо номи “Пиряхи рӯзи қиёмат” низ машҳур мебошад. Қисми дар қад-қади соҳили океан тулкашидаи пирях 120 км дарозӣ дошта, байни ҳамаи пиряхҳои дигар, нишондиҳандаи рекордӣ дорад.

Агар пиряхи мазкур комилан фурӯ рехта об шавад, сатҳи уқюнуси ҷаҳонӣ 0,6 м ва сатҳи оби баҳри Амундсен, ки пирях дар ҳудуди он ҷойгир аст, то 3 метр баланд мешавад. Обшавии ҳозираи ин пирях аллакай сатҳи оби баҳрро 4% боло бурда, ҳар сол аз он ба уқёнус, 50 миллиард тонна ях мерезад. Пажӯҳишҳои соли 2014 аз ҷониби Донишгоҳи Вашингтон, бо истифода аз аксҳои кайҳонӣ ва моделҳои компютерӣ гузаронидашуда нишон доданд, ки пирях айни замон тадриҷан об шуда истода, мумкин аст давоми 200 - 1000 соли оянда бебозгашт аз байн равад. Тибқи маълумотҳои соли 2021 дақиқшуда бошад, қисми шинокунандаи пирях, метавонад дар давоми 5 - 10 соли оянда нобуд шавад.

Қабати яхбандии Антарктидаи Ғарбӣ ба афзоиши ҳарорати миёнаи солона махсусан осебпазир буда, тибқи гузоришҳои иқлимшиносон, сарфи назар аз амалҳои андешидаи одамон, бояд дар садаҳои наздик фурӯ равад. Савол ба миён меояд, ки пиряхи Туейтс ба ин падида чӣ гуна рабт дорад? Гап сари он аст, ки пиряхи мазкур як навъ василаи аз фурӯ рафтан нигоҳ доштани тамоми яхбастагии Антарктидаи Ғарбӣ амал мекунад ва дар натиҷаи нобудшавии он қисми зиёди яхбандӣ метавонад фурӯ рафта, боиси боло рафтани сатҳи уқюнуси ҷаҳонӣ гардад. Мумкин аст, маҳз бо ҳамин сабаб, пиряхи Туейтс номи “Пиряхи рӯзи қиёмат” - ро гирифтааст, чунки гумон меравад ба далели обшавии он ба саёраи мо фалокати ҷаҳонӣ таҳдид мекунад.

Тибқи таҳқиқотҳои давоми соли 2022 дар Европа гузаронидашуда, дар қатори дигар омилҳои муҳими тағирёбии иқлим, аққалан ба 1,5°C афзудани ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво, метавонад боиси пурра аз байн рафтани пиряхи Туейтс гардад. Илова бар ин, дар давоми ин тадқиқотҳо олимон далелҳоеро кашф намуданд, ки мувофиқи онҳо пиряхи Туейтс аллакай наздик ба нобудшавӣ аст. Инро мушоҳидаҳои зериобӣ низ исбот менамоянд, ки мувофиқи натиҷаҳои онҳо пирях тадриҷан аз қаъри баҳр боло шуда, таги онро ҷараёнхои гарми уқюнусӣ шуста бурда истода, обшавии онро тезонида истодаанд.

Тадқиқотҳои соли 2024 гузаронидашуда нишон доданд, ки нобудшавии пиряхи мазкур на дар тули 500 сол, балки шояд барвақттар, дар давоми камтар аз 200 сол, рух диҳад. Бо вуҷуди ин, сарфи назар аз пешгӯиҳои навмедкунанда, ҳоло дақиқ гуфтан барвақт аст, ки пиряхи мазкур аз байн меравад. Масалан, иқлимшиносон, ба он назаранд, ки барои қисман пур кардани талафоти ях метавонад боришоти мунтазам ва шадиди барф дар Антарктида, кӯмак кунад. Гузашта аз ин, ҳар қадаре ҳарорати солонаи ҳаво баландтар шавад, мумкин аст, дар ин минтақа ҳамон қадар барфи зиёд борида, обшавии пиряхро ҷуброн кунад.

Бархе аз олимон бар ин назаранд, ки хатарҳои мавҷударо бо истифода аз усулҳои геоинженерӣ кам кардан мумкин. Онҳо ният доранд, ки барои суст кардани обшавии пирях ин технологияро ҳатто дар сурати тадриҷан боло рафтани ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво низ, истифода баранд.

Усулҳои геоинженерӣ - маҷмӯи тадбирҳои антропогение мебошанд, ки ба тағйир додани ҳолати муҳити зист нигаронида шуда, ҳадафи асосии онҳо мубориза бо оқибатҳои манфии тағирёбии иқлими ҷаҳонӣ мебошад. Яке аз ин тадбирҳо, ҷиҳати зиёд кардани фоизи инъикоси нури офтоб, ба қабати стратосфера илова кардани аэрозол мебошад, ки аз ҷиҳати назариявӣ бояд ба паст шудани ҳарорати миёнаи солонаи сайёра мусоидат кунад.

Гарчанде, лоиҳаҳои геоинженерӣ то ҳол дар амал истифода нашуда бошанд ҳам, аллакай роҳҳое вуҷуд доранд, ки бо истифодаи онҳо одамон метавонанд қабати яхбастаи Антарктидаи Ғарбиро муҳофизат кунанд. Яке аз ин тадбирҳо эҷоди "пардаҳо"-и зериобие мебошад, ки ҳамчун монеа байни асоси ба таги баҳр расидаи пиряхҳо ва ҷараёнҳои гарми уқюнусӣ амал мекунанд.

Бо вуҷуди аз ҷиҳати назариявӣ фоиданок арзёбӣ шудани ин тадбирҳо, айни замон таъсири истифодаи онҳоро пешгӯӣ кардан душвор аст, чунки ҳоло ҳам хатарҳои зиёди оқибаташон манфӣ вуҷуд доранд, ки боиси мушкилоти боз ҳам бештари глобалӣ мегарданд. Илова бар ин, бисёре аз коршиносон бар ин ақидаанд, ки ин гуна тадбирҳо яку якбора ҳама мушкилотро ҳал карда наметавонанд. Бинобар ин стратегияи асосӣ ва воқеан муассир, барои кӯмак ҷиҳати боздошти нобудшавии пиряхҳои Антарктидаи Ғарбӣ ва дигар минтақаҳои яхбандидошта, аз он ҷумла пиряхи Туейтс, ин кам кардани партовҳои гулхонавӣ ба атмосфера ва бад ин васила, ба эътидол овардани тағйирёбии ҳарорати миёнаи солона мебошад.

Алишо Шомаҳмадов – ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои физикаю математика