Skip to main content

Ҳамватанони азиз, муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат

Воқеан, дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳаммият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дошта, барои тамоми инсоният, аз ҷумла барои тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ мебошад. Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шуҳратманд ва фарзандони шуҷоатманди диёри азизамон маҳсуб меёбад.

Бояд ёдрас шуд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ мудҳиштарин ва даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, 1418 шабонарӯз идома кардааст ва зиёда аз 28 миллион мардуми бегуноҳи Иттиҳоди Шуравиро ба коми худ кашидааст. Захмҳои ҷонкоҳи ин ҷанг дар қалби миллионҳо инсонияти тараққипарвари дунё то имрӯз боқӣ мондааст.

22 июни соли 1941 ҳуҷуми аҳдшиканонаи Олмони фашистӣ ба муқобили Иттиҳоди Шуравӣ ва мардуми сулҳдӯсти он оғоз ёфт, ки ин ибтидои Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Гарчанде ки майдони набардҳо ва хунрезиҳо аз диёри мо - Тоҷикистон ҳазорҳо фарсах дур бошад ҳам, акси садои ҷанг дар сар то сари диёрамон паҳн гардида, фарзандони асили халқи тоҷикро барои ҳимояи Модар-Ватан ҳидоят намуд.

Фиристодагони Тоҷикистон дар давоми панҷ сол паҳлӯ ба паҳлӯ бо намояндагони дигар халқу миллатҳои шуравӣ қаҳрамонона марзу буми худро аз душман ҳимоя намуда, ба он зарбаҳои ҳалокатовар заданд ва ҳудуди меҳанро аз неруи аҳримании фашистӣ пок сохтанд. Корнамоиҳои ҷангии ин мардони майдон барои ҷавонони имрӯза ва насли фардо ҳамеша дарси ибрат хоҳад буд. Ба хотири абадӣ гардонидани номи ин қаҳрамонони ҷанг муҳаққиқон, олимону рӯзноманигорон аз корномаҳои ҷангӣ ва меҳнатии онҳо дар асарҳои хеш ёдовар шудаанд. Дар ҳақиқат, меҳнату диловарӣ ва қаҳрамонию шуҷоати мардуми Тоҷикистон бояд барои ҳамешагӣ намунаи ибрат ва боиси ифтихори абадӣ бошад.

Баробари қаҳрамонии ҷанговарони тоҷик мо ба корнамоии мардуми Тоҷикистон дар ақибгоҳ низ бояд арҷгузор бошем. Марду зан ва пиру барно шабу рӯз фидокорона меҳнат карда, барои ёрӣ ба ҷабҳа сару либос, меваи хушк ва дигар чизҳои заруриро мефиристоданд. Зиндагӣ барои онҳо дар ин солҳои мудҳиши ҷанг аз ҷабҳа ҳам душвортар буд, хурду хӯрок ва либос намерасид, аммо иродаи қавӣ доштанду барои ғалаба мардонавор меҳнат мекарданд. Маҳз ҳамин устуворию меҳнатдӯстии онҳо буд, ки халқи шуравӣ дар ин ҷанги мудҳиш ғалаба кард.

Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи башарият аз ҷумлаи фоҷеаҳои бузургтарин маҳсуб меёбад. Дар натиҷаи ин ҷанги қудратталабонаю нажодпарастона кишварҳои зиёде хароб гариданд, бештар аз 50 миллион одамони сайёра қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Тоҷикистон низ дар ин ҷанги даҳшатнок талафоти зиёд дод. Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони он барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳои мубориза шуҷоат ва корнамоиҳои бузург нишон дода, наздики 100 ҳазор нафари онҳо аз ҷабҳа барнагаштанд.

Бигзор, дар фазои орому осуда ва зери осмони софу беғубор парчами соҳибистиқлолӣ ва сулҳи Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад.